Фанни Экология

Замин ва атмосфера

Замин ва мухити ихотакунандаи он дар тули 4,7 млрд сол дар натичаи рушди эволютсионии тамоми системаи Офтоб хамчун кисмати Коинот ташкил ёфтааст. Сайёраи мо кувваро аз Офтоб, ки дар шакли шуои электромагнити сатхи заминро дастрас мешавад, мегирад. Мачрои бузургии гарми аз каъри Замин пайдо мешавад.

Замин сохти нохамвор дошта, аз кишри дохили ва беруни- геосфера иборат аст. Ба сферахои дохили ядро ва мантия, ба сферахои беруни литосфера, гидросфера, атмосфера ва биосфера тааъллук дорад.

Гафсии кишри Замин аз 5 км дар зери укёнусхо то 80 км зери китъахо тагйир меёбад. Мантия байни кишри Замин ва ядро дар чукурии 2900 км чойгир буда, аз О2, Si, Fe, Mg, Ni иборат аст.Ядро аз чукурии 2900 км сар мешавад ва аз Fe ва Ni иборат аст.

Литосфера – кишри сахти берунаи Замин буда, ба тахтасангхои литосфери пора- пора шудааст. Кишри Замин аз чинсхои кухи ташкил ёфтааст, ки аз минералхо иборатанд. Чинсхои кухи дар кишри Замин нобаробар чойгир шудаанд: зиёда аз 70% чинсхои магмави (базалт, габбро, санги хоро), кариб 17% чинсхои кристалли (гнейс, мармар) ва зиёда аз 12% чинсхои тахшини (доломит, гил, рег, бур,намак) мебошанд. Кишри Замин Захирахои барои инсон мухимро дорост: канданихои фоидананоки сузишвори (ангишт,нефт, вараксанги сузанда), конхо (охан . алюминий, мисс, кургошим) ва канданихои фоиданоки гайри маъдани (фосфатидхо. Апатитхо, охаксанг,рег ва кум).

Гидросфера- кишри обии Замин буда, аз кисмхои болои ва зери замини иборат аст. Гидросфераи болои кишри обии сатхи болои Замин буда, ба он оби укёнусхо , бахрхо, кулхо. Дарёхо, обанборхо, ботлокхо, пиряххо дохил мешаванд. Гидросфераи болои сатхо болоии Заминро 70,8% канда-канда руйпуш менамояд.Гидросфераи зеризамини обхои зеризамини, ки дар кисми болои кишри Замин мавчуд аст, дар бар мегирад. Гидросфераи зеризаминиро аз боло кишри болоии Замин махдуд месозад, аз поён бошад, худудхои онро мушохида кардан номумкин аст. Кисми асосии гидросфераро укёнуси чахони (96,53%) ташкил медихад. Аз хачми умумии гидросфера 23,4 млн км2 ё 1,69% -аш обхои зеризамини мебошанд, бокимондааш обхои дарёхо, кулхо ва пиряххо мебошанд. Зиёда аз 98% тамоми захирахои обии Заминро обхои шури укёнусхо ва бахрхо ташкил медиханд. Хачми умумии оби ошомидании Замин 28,25 млн км3 ё қариб 2% ҳаҷми умумии гидросфера баробар аст. Қисми асосии оби ошомиданӣ дар пиряхҳо мавҷуд аст, ки оби он кам истифода мешавад. Қисми боқимондаи об ошмиданӣ 4,2 млн км3 ё 0,3% ҳаҷми гидросфераро ташкил медиҳад.

Атмосфера- қишри газноки Замин буда, аз омехтаҳои гуногуни газҳо, буғи обӣ ва чанг иборат аст. Ҳаҷми умумии атмосфера 5,15*1015т мебошад. Дарбаландии аз 10 то 50 км қабати озон ҷойгир аст ва он Заминро аз нури ултрабунафш, ки миқдори зиёдаш барои организмҳои зинда марговар таст, ҳифз менамояд. Атмосфера ба таври физикӣ, химиявӣ ва механикӣ ба литосфера таъсир мерасонад ва тақсимоти гармиву рутубатро ба танзим меорад. Боду ҳаво ва иқлим дар Замин бо тақсимоти гармӣ, фишор ва таркиби буғи об дар атмосфера вобаста аст. Буғи об радиатсияи офтобро намегузаронад, зичии ҳаворо зиёд мекунад ва манбаи ҳамаи боришот мебошад.Дар шаклгирии муҳити табии Замин мавқеи қабати поёнии атмосфера – тропосфера калон аст ва ғафсии он дар арзҳои қутбӣ 8-10 км, дар арзи муътадил12 км, дар арзи тропикӣ 16-18 км аст. Стратосфера минтақаи хунуки порашудаи ғафсиаш тақрибан 20 км мебошад. Аз дохили стратосфера беист ҷанги метиорит мегузарад ва ба он ҷанги вулқон партофта мешавад. Ба падидаҳои атмосферӣ боришот , абрҳо. Туман, раъду барқ, яхбандӣ, гирдбод, бӯрон,қирав, фаҷри шимолӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Атмосфера , гидросфера ва литосфера байни худ робитаи мустадоранд. Тақрибан ҳамаи равандҳои сатҳи экзогении геологӣ, аз рӯи қоида, дар биосфера мегузаранд.

Биосфера, қисмҳои таркибии он.

Биосфера Кишри мураккабу тунуки берунаи Замин ҳисоб ёфта, дар он организмҳои зиндаи, ки аз моддаҳои зиндаи сайёра таркиб ёфтааст, маскан гирифтаанд. Он қисми поёнии атмосфераро то25-30 км (то қабати озонӣ), қариб тамоми гидросфераро ва қисми литосфераро (то чуқурии 3 км) дар бар мегирад.

Биосфера экосистемаи глобалӣ буда, аз қисмҳои абиотӣ ва биотӣ иборат аст. Қисми абиотӣ хок ва ҷинсҳои густурдашавандаро то чуқурие, ки дар он организми зинда ҳаст; ҳавои атмосфериро то баландие, ки дар он ҷо ҳаёт ҳаст; муҳити обии уқёнусҳо, дарёҳо, кӯлҳоро дарбар мегирад. Уқёнус гаҳвораи зиндагӣ дар Замин ҳисоб меёбад: пайдоиши ҳаёт дар уқёнус беш аз 3 млрд сол пеш барои ибтидои шаклгирии биосфера асос гузошт. Айни замон он зиёда аз 70 % сатҳи Заминро ишғол менамояд ва бо экосистемаҳои қитъавӣ пурагии биосфераи ҳозираро муаян месозад. Қисми биотӣ аз организмҳои зиндаи тамоми намудҳо иборат аст, ки онҳо вазифаи ҳаётан муҳими биосфера- ҷараёни биогении атомҳоро иҷро менамоянд. Организмҳои зинда вазифаи мазкурро ба шарофати нафаскашӣ, ғизогирӣ ва афзоиш, мубодилаи моддаҳо байни дигар қисматҳои биосфера амали мегарданд.

Зери мафҳуми моддаи зиндаи биосфера В.И. Вернадский мутаракии организмҳои зиндаро ҳамчун ягонагии комил мефаҳмид. Таркиби химиявии моддаи зинда ягонагии табиатро тасдиқ менамояд: он аз ҳамон элементҳое таркиб ёфтааст,ки моддаи ғайри зинда низ аз онҳо иборат аст, вале дар таносуб ва сохти молекулавии дигар. Моддаи зинда дар ҳаҷми умумии геосфераи Замин қабати тунуки ночизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми он 2420 млрд. т. Буда, аз қишри сабуктарини Замин-атмосфера ду ҳазор маротиба хурдтар аст. Вале ин ҳаҷми ночизи моддаи зинда дар ҳама ҷо дучор мешавад: Ҳоло моддаҳои зинда танҳо дар минтақаҳои васеи яхбаста ва кратерҳои вулканҳои амалкунанда ҳозир нестанд.

Қонуни яклухтии биосфера.

Яке аз хусусиятҳои умумии биосфера яклухтии онмебошад,кимубодилаи моддаҳо ва қувваи байни қисмҳои асосии онро ифода менамояд. Қонуни яклухти биосфера чунин ифода меёбад: ҷараёни биогении атомҳои байни қисматҳои биосфера онҳоро дар як системаи ягонаи моддӣ пайванд мекунад, ки дигаргуншавии яке аз ҷузъҳо дигар ҷузъҳоро дигаргун месозад. Экосистемаҳо ва ландшафтҳо майдони ягонаи энергетикӣ буда, яклухтии биосфера яклухтии қишри ландшафтии Замин мебошад. Қишри ландшафтии Замин якҷоя бо қишри Замин эволютсия намудааст. Маҳз эволютсияи биосфера боиси рангорангии табиати зинда ва ҳастии инсоният ҳисоб мешавад.

Моҳияти омӯзиши биосфера.

Биосфера қишрии ғайриодии Замин буда, организмҳои зинда ва қисми моддаҳои ғайризиндаро, ки бо ин организмҳои ҳамеша дар мубодила аст, дарбар мегирад. Ё худ ба биосфера моддаи зинда — ҳамаи организмҳои зинда, моддаи биогени — ангишт, оҳаксанг, нафт, моддаи дурушт, ки бо кумаки организмҳои зинда ҳосил мешавад, моддаи кайҳони — метеоритҳо, атомҳои пароканда тааллук доранд. Ба акидаи В.М. Вернадский, моҳияти омузиши биосфера дар эътироф намудани мавкеи муҳими «моддаи зинда» ва тасаввурот оид ба муташаккилии биосфера ифода меёбад.

Эволютсияи биосфера

Биосфераи ҳозира дар натиҷаи эволютсияи тулони дар раванди муносибатҳои ҳамешаги и омилҳои абиоти ва биоти пайдо шудааст. Шаклҳои нахустини ҳаёт бактерияҳои анаэроби буданд. Анаэробҳои оддитарин, ки экосистемаҳои аввалинро дар руи Замин ташкил намудаанд, аз моддаҳои органики зери таъсири шуои пурзури ултрабунафш ба вуҷуд омадаанд. Дар он маврид дар таркиби айни замон барои нурҳои ултрабунафш монеа мебошад, набуд. Дар атмосфераи беоксиген ҳаёт зери қабати об вуҷуд дошта метавонист. ғизои ин организмҳои оддитарин моддаҳои биофили буданд, ки дар оби гарми обанборҳои хурд фаровон вуҷуд доштанд. Хамин тариқ, биосфераи қадимтарин дар гидросфера пайдо шудааст ва дар ҳудуди он вуҷуд доштааст.

Вале мавкеи бунёдкунандаи моддаи зинда 3,5 млрд сол муқаддам бо пайдоиши автотрофхои синтезкунанда — сианобактерияхо ва обсабзҳои кабуди сабзча дар биосфера тадриҷан ташаккул ёфт. сипас тахминан 1,5 — 2 млрд сол пеш аввалин эукаритҳои якҳуҷайра (обсабзҳои ҳақиқи ва растаниҳои руизамини) пайдо шуданд, ки дар натиҷа дар таркиби об оксиген зиёд шуд ва ба атмосфера хориҷ шуд. Аз атмосфераи барқароркунанда ба атмосфераи оксигени гузариш ба вуҷуд омад, ки барои инкишофи организмҳои эукариоти ва пайдоиши организмҳои бисёрҳуҷайра кариб 1,4 млрд сол пеш мусоидат намуд.

Тақрибан 600 млн сол пеш дар ибтидои давраи кембрий миқдори оксиген дар таркиби атмосфера 0,6% буд, сипас боз як таркиши эволютсиони руй дод, яъне шаклҳои нави ҳаёт кирмҳо, моллюскҳо, марҷонҳо, исфанҷҳо пайдо шуданд. Аллакай дар миёнаи давраи полеозой ҳаёт на танҳо дар баҳрҳо, балки дар хушки пайдо шуд. Наботот, микдори басандаи оксиген ва моддахои ғизои минбаъд барои пайдошавии динозаврҳо, ширхурҳо ва ниҳоят инсон шароит муҳайё намуданд.

Дар охири давраи палеозой такрибан 300 млн сол пеш оксиген дар таркиби атмосфера кам шуд ва гази ангидриди карбон зиёд шуд.

Дар натиҷа дигаргуншавии иқлим, сустшавии раванди бошиддати афзоиш, ҷамъшавии моддаҳои органикии мурда ва захирашавии сузишвори (ангиштсанг, нафт) ба амал омад.

Сипас такрибан 100млн сол пеш оксиген дар таркиби атмосфера аз нав зиёд шудан гирифт ва ба таркиби атмосфераи ҳозира наздик шуд. Аз таърихи инкишофи атмосфера бармеояд, ки инсон ба пурраги аз организмҳои дигари муҳити зист вобастаги дорад. Танҳо аз фаъолияти зисти онҳо ва гуногуниашон суботнокии атмосфера ва биосфера вобаста аст. Ба рушди экосистемаҳо ва биосфера омилҳои аллагонӣ (беруна) ва автогенӣ (дохилӣ) таъсир мерасонанд. Ба омилҳои аллогенӣ омилҳои геологӣ ва иқлимӣ, ба омилҳои автогенӣ омилҳои биотӣ таалуқ доранд. Бо таъсири ин омилҳои дар сатҳи дохилинамудӣ, байнинамудӣ ва биосферӣ гуногуншаклии биолгӣ ташакул ёфт. Устувории биосфера аз гуногунии экосистемаҳо вобастаги дорад.

То ҳол, ба 4 млрд- соли эволютсия нигоҳ накарда, гуногуншаклии биологии биосфера аз ҳисоби захираи калони иттиҳодҳо ташаккулёбии худро давом медиҳад.

Эволютсияи вобаста ё коэволютсия бо он фарқ мекунад, ки дар он мубодилаи маълумоти ирсӣ кам аст. Дар сатҳи иттиҳодҳо таъсири селективии байни гурӯҳҳои организмҳоро аз назар гузаронидан мумкин аст: растаниҳо ва ҳайвонҳои растанихӯр , организмҳои калон ва симбионтҳои хурд, паразит- соҳиб, дарранда- қурбонӣ ва ғайра. Интихоби гурӯҳи интихоби табии дар гурӯҳҳои организмҳо аст, вале бо робитаҳои мутуалии зич байни худ алоқаманд нест. Зуҳуроти мураккаб мебошад. Дар он генотипҳои алоҳида не,балки популятсияҳои бутун мемуранд, вале популятсияҳои нав, ки барояшон шароитҳоипайдошуда мусоиданд, инкишоф меёбанд. Интихоби гурӯҳӣ низ гуногунӣ ва устувории иттиҳодҳоро меафзояд.

Эволютсияи вобаста ва интихоби гуруҳӣ гуногунии биологии экосистемаҳо меафзоянд ва муносибатҳои муайяни байни онҳоро барқарор менамоянд. Хамаи ин биосфераро ҳамчун экосистемаи глобали устувор мегардад.

Эволютсияи биосфера шаҳодат медиҳад, ки дар ҳар ҳолат гомеостаз аз ҳисоби нигоҳдори гуногунии биологии таъмин менамояд. Аз ин ҷо бар меояд, ки шароитҳои экологӣ маҳсули муносибати биота ва мухити атроф мебошанд. Биотаи замин ҳамчун механизми ягонаи тақвиятдиандаи шароитҳои ҳаётан муҳими миқёси локалӣ ва глобалӣ ҳисоб меёбад. Дар ҳолати таваққуфи таъсири танзимкунандаи биота муҳити ноустуворӣ атроф ба зуди ( тақрибан дар тули 10 хазор сол ) ба ҳолати устувор, ба мисли Миррих ё Зуҳра, ки дар он ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, мегузарад.

Дар тӯли мавҷудияти хаёт дар рӯи Замин диапазони (фосила) шароитҳои ҳаётан мутобиқ аз миқёси локали шуруъ карда то миқёси глобали дигаргун шудаанд. Ин маънии онро дорад, ки дар ин муддат ҳаёти муҳити атрофро ба самти созгор иваз намуда аст .

Муназзими (регулятсия) биоти мутобиқшавӣ ё адапдатсияро истисно менамояд ва баръакс. Равандҳои мутобиқат бо қобилияти тобоварии организмҳо дар шароити муайян алоқаманд мешаванд. Агар шароити муайян алоқаманд мешаванд. Агар шароит иваз нашавад, мутобиқат низ баамал намеояд. Дар ҳолати набудани мутобиқати биота ва шароити вайроншудаи муҳит вайроншавии танзими биоти ногузир аст.

Ҳамин тариқ танзими биотии муҳити атроф механизми идораи муҳити атроф буда, дар намудҳои интихобии раванди эволютсия, ки дорои маълумоти ирси мебошанд, асоснок шудааст. Имконияти тобоварии инсоният дар барқароркунии биотаи табиӣ замин мебошад ва азхудкунии минбаъдаи биотаи табии уқёнус манъ карда шавад ва биотаи табиии қисми муҳими хушки барқарор ёбад.

Инсон чун омили муқтадири геологӣ ба биосфера аз ҷониби худ ба воситаи қонунҳои экологӣ ба инсон таъсир мерасонад. Шароитҳои муҳайё мешаванд, ки ба эволютсияи вобаста ё коэволютсияи « инсон-биосфера » шабоҳат доранд. Маҳсули эволютсияи мазкур барпошавии ноосфера ё сфераи ( муҳит ) шуур ҳисобида мешавад.

Ноосфера марҳилаи олии инкишофи биосфера мебошад. Он муҳити таъсири байниҳамдигарии табиату ҷамъият мебошад, ки дар ҳудуди он фаъолияти бошуронаи инсон, ки омили рушдро муайян месозад, асоси мебошад. Мафҳуми «ноосфера» дар робита бо баҳои В.И.Вернадский ба мавқеи инсон дар эволютсияи биосфера, ки дар натиҷаи он мавқеи геологии ҳаёт, моддаи зинда дар равандҳои сайёравӣ, барпошавӣ ва рушди биосфера ва ҳамаи махлуқоти зинда мулоқоту инсонро ҳамчун қувваи пуриқтидори геологӣ ҷудо намудааст. Ин қувва қодир аст ба рафти равандҳои дигари таъсирот ба муҳити Замин ва фазои наздизамини асари худро расонад. Ҳамаи ин муҳитро инсон ба шарофати меҳнати худ ба кули дигаргун месозад. Ҳамин тариқ, ноосфера муҳите, ки инсонро иҳота менамояд ва дар он равандҳои табиии мубодилаи моддаҳо ва куквваро ҷамъият назорат мекунад. Инсон як қисми биосфера буда, вазифаи муайян дорад, вале таъсири ҷамъияти инсон ба табиат аз рӯи хусусияташ аз таъсири дигар шаклҳои моддаи зинда ба кули фарқ менамояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *