Хок қамчун муҳити ҳаётй
Ба омӯзиши илмии хок танҳо охирҳои асри XIX оғоз намудаанд, гарчанде одамон тахминан 7000 сол пеш алакай ба кишту кори замин машғул буданд. Хусусан қабати болоии хок, ки дар он ҳар гуна растаниҳо кишт карда, ҳосили зироатҳои гуногунро мегирифтанд, одамонро аз даврҳои заминдори ба худ ҷалб мекард.
Хок асоси табиати хушкӣ мебошад. Ба саволи чи тавр хок ҳосил мешавад, аввалин бор олими рус М. В. Ломоносов соли 1763 дар асари худ «Оиди қабатҳои Замин» ҷавоб гуфтааст. Ӯ тасдиқ мекунад, ки хок аз пусидаи организми ҳайвонот ва растанӣ дар тӯли зиёд ҳосил шудааст. В. В. Докучаев (1846-1903) нишон дод, ки хок организми мурда набуда, балки оргаяизми зинда аст, ки дар он организмҳои зиёде ҷойгирифтаанд ва таркиби хеле мураккаб дорад.
- А. Качинский дар китоби худ “Хок, хусусияти он ва ҳаёт» навиштааст «Дар зери мафҳуми хок тамоми қабатҳои болоии ҷинсҳои кӯҳй, ки дар якҷоягй бо таъсири омилҳои иқлимй (рӯшной, ҳарорат, ҳаво, об ва ғ.), организми растаниҳо ва ҳайвонот, инчунин дар майдонҳои кишт ва одам фаъолиятдошта қобилияти ҳосилдиҳи дорад, меноманд». Он ҷинсҳои маъдание дар асоси он хок ҳосил мешавад, ҷинсҳои маъданӣ ном доранд.
Ба ақидаи Г. Доброволекий (1979) «хокро қабати болоии кураи Замин номидан мумкин аст, ки қобилияти ҳосилхезй, таркиби маъданию- узвй ва хусусияти сохтории хосеро дорад». Пайдоиш ва инкишофи хок дар натиҷаи маҷмуи таъсирҳои об, ҳаво, энергияи Офтоб, растанй ва ҳайвонот бо ҷинсҳои куҳй амалй шудааст. Хусусияти хок тамоми шароитҳои хоси табиӣ маҳалро инъикос мекунад.
Ба таркиби хок чор : ҷузъи сохтории муҳим дохил мешаванд: моддаҳои маъданй (одатан, 50-60% аз таркиби умумии хок), моддаҳои узвй (то 10%), ҳаво (15-25%) ва об (25-75%).
Сохтори хок аз рӯи таркиби рег ва гилхоки дар он буда муайян меитвад. Хоки хуб бояд дар таркиби худ микдори баробари гил ва рег бо заррачаҳои андозаи мобайни бояд дошта бошад. Дар ин ҳолат сохтори ковок ҳосил шуда ин гуна хокро-гилхок меноманд. Хокҳои сохтори миёна- ва майдадоштаро (гил, гилхок, алевритҳо) ба туфайли микдори зиёди моддаҳои гизоӣ ва қобилияти нигохдории об барои расиши растаниҳо мувофиқанд.
Дар хок 3 қабати (уфуқй) асосиро фарқ мекунанд, ки бо хусусияти морфологй ва кимиёвии худ фарқ мекунанд.
- Қабати болоии захирашудаи пӯсида, ки дар он моддаҳои узвӣ ҷамъ шуда аз нав мубадцал мешаванд ва як қисми онҳо бо ёрии об шуста шуда ба дарёҳо таҳвил дода мешаванд. 2. Қабати шусташавй ё ки иллювиалӣ, ки дар ин ҷо моддаҳо таҳшин шуда ва бо ёрии моддаҳои аз боло шусташуда аз нав мубадал мешаванд. 3. Қабати ҷинсҳои модарӣ.
Дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон 15 типи хок мушоҳида мешавад: регии биёбонӣ, хокистарранги бӯри санглохи биёбонй, хокистаранги бӯри обии санглох, хокистарранг ва ғ..
Дар хок ҷузъҳои зйёде мушоҳида мешаванд, лекин қисми асосии хокро растаниҳо, ҳайвонҳо ва микроорганизмҳо ташкил медиҳанд, чунки онҳо дар хок доимо мушоҲида мешаванд. Агар растанй ва ҳайвонҳоро аз хок ҷудо кунем, он гбҳ ҷараёнҳои хокҳосилкунанда вайрон мешавад. Ҳатто дигар карданй як гурӯҳи растаниҳо ва ҳайвонҳо бо дигарашон, таркиби хокро дигар мёкунад. Барои ҳамин ҳам омӯзиши хокро аз усулҳои биологй сар кардан лозим аст. Агар мухити маъданиро аз растаниҳо ҷудо кунем ва растаниро дар зарфи обдор парвариш карда ба он моддаҳои ғизоӣ илова кунем, растанй даври ҳаётии худро ба охир расонида мемирад, вале боқимондаи растанӣ ба хок омехта намешавад, яъне хок ҳосил намешавад.
Мураккабии фаҳмиши мафҳуми хок дар он аст ки вай омили табиӣ буда аз қисмҳои зиёд ташкил ёфта, дар он ҷараёнҳои зиёде ба ҳам гаъсир карда омилҳои хокҳосилкунандаро ташкил медиҳанд.
Асосгузори илми хокшиносй олим В. В. Докучаев навишта буд, ки хок ин маҳсули маҷмӯи хок, иқлим, организми растанй ва ҳайвонот, синну соли давлат ва тарҳи маҳал мебошад. Яъне ҳосилшавии хок танҳо натиҷаи фаъолияти якҷояи ҳамаи омилҳо амалй шуда метавонад, на ин ки дар алоҳидаги, чи тавре иқлимшиноси ҳамон давра А. И. Воейков ва дигар олимон қайд мекарданд.
Баъдтар ба 5 омили хокҳосилкунанда, ки В. В. Докучаев (ҷинсҳои хокҳосилкунанда, организми растанӣ ва ҳайвонот, икдим, тарҳ, вақт) пешниҳод карда буд, об ва фаъолияти одамонро низ ҳамроҳ карданд, ки бо чунин баробари нишон додан мумкин аст.
Х = Г(Х.Х„ О. Р„ О.Ҳ., Ҷ.И., Т„ О., Ф.О.) в,
ки дар ин ҷо Х-хок, Х.Х.-ҷинсҳои хокҳосилкунанда, О.Р.-организмҳои растанӣ, О.Ҳ.-организми ҳайвонот, Ҷ.И.-ҷузъҳои икдимӣ, Т.-тарҳ, О.-об, Ф.О.-фаъолияти одам, В.-вақт-ро нишон медиҳанд.
Ҷинсҳои хокҳосилкунанда муҳите мебошанд, ки дар он ташаккулёбии хок ба амал омада ҳамчун таҳкурси барои сохторӣ хок хизмат мекунанд. Ҷинсҳои хокҳосилкунанда аз элементҳои гуногуни маъданӣ иборат буда, дар ҳосилкунии хусусияти табйиётии хок ва ҷараёнҳои хокҳосилкунӣ вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Барои ҳамин ҳам таркиб ва сохти ҷинсҳои хокҳосилкунанда ба ҷараёнҳои хокҳосилкунӣ таъсири хеле ҷидци мерасонанд. Мисол дар минтақаҳои ҷангали анбуҳ одатан намуди хоки хокистарранг ташаккул меёбад. Лекин агар дар ҳудуди ин минтақа ҷинсҳои хокҳосилкунанда дар таркиби худ микдори зиёди СаСОз дошта бошанд, он гоҳ ин хок аз хоки Ҳокистарранг бо кулли фарқ мекунад. Новобаста аз муҳим будани ҷинсҳои хокҳосилкунанда, дар ҳосилшавии хок вазифаи асосиро фаъолияти организмҳои зиндаи биологй муайян мекунанд. Бе ҳаёт хок ҳам пайдо намешуд. Хокҳосилшави танҳо баъди пайдошавии ҳаёт дар рӯи Замин оғоз меёбад. Ягон чинси кӯҳй новобаста аз ҷойгиршавиаш наметавонад хок ҳисоб шавад. Танҳо ҷинсҳои кӯҳй баъди бо организмҳои растанӣ ва ҳайвонот мудцати дуру-дароз бо ҳам таъсир кардан дар муҳити муайян иқлими сифати муайянро соҳиб мешавад, ки хок аз ҷинсҳои кӯҳӣ фарқ карда мешавад.
Растаниҳо дар ҷараёни ҳаётии худ микдори зиёди моддаҳои узвиро ҳосил карда онро дар хок дар намуди массаи решаҳо ва баъди мурдани қисмҳои рӯизаминй, дар намуди боқимондаи растанӣ тақсим мекунанд. Боқимондаи растаниҳо дар хок бо фаъолияти микроорганизмҳо таҷзия шуда ба он омехта мешаванд ва оҳиста оҳиста онро аз элементҳои ғизой бой мегардонанд.
Дар ташаккулёбии хок растаниҳои дараҷаи паст ҳам иштирок мекунанд, яъне бо туфайли растаниҳои дараҷаи паст, боқимондаи растаниҳои дараҷаи олӣ таҷзия шуда ба элементҳо ва пайвастагиҳое мубаддал мешаванд, ки барои растаниҳо дастрас мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо растаниҳои дараҷаи олӣ ва пасг дар якҷояги ҷамоаҳоро ташкил мекунанд, ки бо таъсири онҳо типи хокҳои гуногун ҳосил мешаванд. Мисол, дар зери ҷамоаи расганиҳои ҷангалҳои сӯзанбарг ҳеҷ гоҳ сиёҳзамин, ки бо таъсири ҷамоаи растаниҳои даштию марғзор ташаккул меёбад ҳосил намешаванд.
Дар ҳосилшавии хок организми ҳайвонҳо аҳамияти калон доранд. Ҳайвонҳои заминков, хокро кофта онро омехта мекунанд ва барои бо оксиген таъмин шудани қабатҳои поёнии хок ва ҷараёнҳои хокҳосилшавии хок кумак мерасонанд ва инчунин хокро бо маҳсулотҳои узвии фаъолияти худ бой мегардонанд. Ч. Дарвин муайян карда буд, ки ҳар сол дар як гектар замин кирми лойхурак ба воситаи организми худ қариб 20-26 т хокро мегузуронад, ки ин фаъолияти ҳайвонҳоро дар хокҳосилкуни бори дигар нишон медиҳад. Омилҳои иқлимӣ ҳам барои хокҳосилкунӣ аҳамияти хеле муҳим доранд. Омилҳои иқлимӣ ба хок энергия (гарми) ва миқцори зиёди об медиҳанд. Вобаста аз микдори гарми ва оби ба хок дохилшуда ҷараёни хокҳосилшави муайян мешавад. Давраи сардиҳо қабатҳои болоии хок ях карда ҷараёнҳои биологй ва табииётӣ-кимиёвиро нигоҳ медоранд. Ин ҳодиса дар минтақаҳои хушкӣ ҳам мушоҳида мешавад. Шароити иқлимии кураи Замин аз хатти экватор ба қутбҳо ва дар мамлакатҳои куҳӣ аз пасгиҳо ба баландии куллаҳо тагйир меёбад.
Ба хокҳосилшави инчунин обҳои зеризаминй, тарҳ ва вақг ҳам таъсир мерасонанд. Назар ба дигар омилҳо, таъсири одамон, аниқтараш ҷамъияти одамон хеле фарқ мекунад. Агар таъсири дигар омилҳо номуташакилона бошад, одамон дар рафти фаъолияти хоҷагидори хокро барои қонеъ гардонидани талаботҳои ҳамарӯзаи худ дар як самти муайян истифода мебарад. Пешрафти илм ва техника инкишофи муносибатҳои ҷамъиятии истифодабарии хок ва мубадалшавии онро хеле пурзӯр кард.
Муайян карда шудааст, ки бо ҳамтаъсиркунии омилҳои хокҳосилкунанда ба ҳаракати массаи зиёди моддахои дар хокбуда меорад.Дар натиҷаи баҳамтаъсиркунии ҷинсҳои куҳй ва организмҳои зинда тақсимшавии элементҳои кимиёвй ва мубодилаи хоси моддаҳо ба амал меояд. Ҳаракат ва гардиши моддаҳои дар хок буда сарбаста набуда, кушода аст. Ҷараёни гардиши моддаҳое, ки дар ҳосилшавии хок иштирок мекунанд сарбаста набуда, балки дар гардиши элементхои кимиёвии биосфера иштирок мекунанд, ки дар мисоли гардиши як катор элементхо, дар боби «Биосфера ва инсон» нишон дода шудааст.
Замин барои ҳар як халқ ва милат боӣгарии миллй мебошад. Барои ҳамин ҳам дар тамоми рафти инкишофи чамиъяти инсонӣ барои замин ва бойгариҳои табийи он мубориза мерафт. Омузиши хок аҳамияти тачрибавӣ дорад, чунки барои хоҷагии қишлоқ ҳамчун воситаи асоси истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии хок пеш аз ҳама бо фаъолияти одам вобаста аст. Хок манбаи асосии истехсолоти хоҷагии кишоварзӣ барои маҳсулоти ғизоии одамон ва ғизо барои ҳайвонот ва инчунин ҷойи зисти микроорганизмҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳазор км2 масоҳат дорад, ки заминҳои кишти он ташкил медиҳанд. Заминҳои обии республика зиёда аз 700 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд. Новобаста аз кам будани замин ҳар сол як қисми муайяни он ба фарсоишй хокӣ ва бодӣ дучор мешаванд. Ин моро водор месозад, ки нисбат ба ин бойгарии бебаҳо ҷиддитар муносибат кунем ва онро аз вайроншави ҳифз кунем.
Таркиби кимиёвии хок. Бар таркиби хок 4 ҷузъи сохтори асосии муҳит дохил мешавад: асосҳои маъданй (50-60%), моддаҳои узвӣ (10%), ҳаво (15-25%) ва об (25-35%), ки ҳар кадоми онҳо аҳамияти хоси худро доранд. Ба таркиби хок элементҳои кимиёвии калий, калсий, магний, фосфор, сулфур, силитсий, алюминий, оҳан, натри ва микроэлементҳо мис, бор, молибден, йод, бром, сурб ва ғ. дохил мешаванд. Дар хок инчунин пайвастагиҳои оксиди калий, оксиди нитроген, оксиди магний, оксиди калсий мушоҳида мешаванд. Ба гайр аз ин дар таркиби хок булӯри кӯҳй (оксиди силитсий) ва як қатор маъданҳои дигар ҳам мушоҳида мешаванд, ки онҳо қобилияти фурӯбарии хокро баланд мекунанд. Барои мӯътадил инкишоф ёфтани расиши растаниҳо маҳлули кимиёвии хок хеле зарур аст, яъне рН-и хок, ки он аз миқцори туршиҳои карбонатӣ, туршиҳои фулвоновӣ ва ишқорҳои (сода ва намаки)-и дар хок буда вобаста аст. Зиёд будани микдори ионҳои гидроген ё ки алюминий таассури туршиҳоро ва ионҳои натрий таассурҳои ишқориро зиёд мекунанд. Хокҳои ботлоқзорҳо ва хокистарранг муҳити баланди ҳомизй доранд, шӯрзамин бошад муҳити ишқорӣ. Сиёҳзаминҳо бошанд одатан муҳити мобайни (бетараф) доранд. Барои аз хок гизо гирифтани растаниҳо хок миқдори муайяни маҳлули намакҳои элементҳое, ки барои фаъолияти ҳаётии растаниҳо заоруранд, бояд дошта бошад. Барои муътадил гузаштани як қатор ҷараёнҳои физиологии растаниҳо дар хок элементҳои — мис, бор, марганес, рӯҳ, ва ғ. лозиманд. Лекин аз меъёр зиёд шудани намакҳо дар махдули хоки барои растаниҳо заҳрноканд. Мисол, як қатор намакҳои дар об ҳалшавандаи заҳрнок ба монанди хлориди натрий, хлориди магний, хлориди калсий ба осони ба ситоплазма дохил мешаванд.
Дар байни намудҳои гуногуни шӯршавии хок, аз ҳама асоси шӯразаминҳо ва шӯрчазаминро ҷудо мекунанд, ки онҳо таркиби гуногуни об ва намакҳоро доранд. Шуразамин ин хоке мебошад, Ки доимо дар он обҳои шӯри мавҷуд буда, бештар дар атрофии кӯлҳо мушоҳида мешаванд ва микдори намакҳо дар махдули хоки ба даҳҳо фоиз мерасад. Тобистон болои шӯрчазаминҳо хушк шуда, болои онро намакҳо мепӯшанд. Шӯрчазамин аз берун шӯр нестанд, қабати болоиашон ишқорӣ буда сохтори муайян надорад. Қисми поёниаш зич буда аз ионҳои натрий бой аст ва дар вақти хушкшави намуди сутунҳо ва глибиро мегирад.
Моддаҳои узвии хок растаниҳо ва ҳайвонҳое, ки дар болои хок ва даруни хок сукунат доранд доимо бо ҳам таъсир карда аз хок моддаҳои гизоиро мегиранд. Барои ҳамин ҳам ҳар вақт мувозинати кимиёвии барқароршуда дар хок аз нав вайрон мешаванд, ки ин ба ҷараёнҳои таҷзияшавӣ ва бодхӯрдашавӣ таъсир мерасонад, чунин мегузарад. Боқи- мондаҳои барги растаниҳо ба хок афтида аз тарафи микроорғанизмҳо таҷзия карда мешаванд ва бо воситаи организми ҳайвонҳо ё ки бевосита ба қабати ҳосилхезй хок дохил мешаванд. Бо ҳамин роҳ онҳо аз нав ба гардиши маъданҳо ё ки ғизо дохил шуда дар намуди азнавҳосилшуда онҳоро растаниҳо аз худ мекунанд. Ҳар як типи хок олами муайяни ҳайвонот ва растании худро дорад, ки баъди мурдани онҳо дар боло ё ки даруни хок ҷамъ шуда модцаҳои узвиро ҳосил мекунанд. Маҷмуи организмҳое, ки дар хок сукунат доранд эдофон ном гирифтааст (расми 41).
Ҷараёнҳои ҳосилшавии гумус бо фаъолияти ҳайвонҳои мӯҳрадор ва ингтироки ҳатмии занбӯруғҳо ва бактерияҳо ба амал меояд. Ба ин гуна ҳайвонҳо фитофагҳо, ки бофтаҳои зиёди растаниҳоро ба сифати ғизо истифода мебаранд, сапрофагҳо, ки боқимондаи растаниҳои мурдаро истифода мебаранд, некрофагҳо, ки боқимондаи мурдаи ҳайвонҳоро истифода мекунанд, даррандаҳо, ки ҳайвонҳои зиндаро барои ғизо истифода мебаранд, капрофагҳо, ки ҳайвонҳои экспремонтиро нобуд месозанд дохил мешаванд, ки онҳоро маҷмуи ҳайвонҳои сапрофитй меноманд. Дар ҳосилшавии қабати гумусй растаниҳо, ҳайвонҳо ва микроорганизмҳо ҳам иштирок мекунанд (расми 42). Гумус аз рӯи намуд, шакл ва таркиби кимиёвии элементҳои худ фарқ мекунад. Ин элементҳо ба гурӯҳи гуминҳо ё ки моддаҳои ғайригуминй дохил мешаванд.
Модцаҳои ғайригуминӣ аз пайвастагиҳои таркиби расганй ва ҳайвонҳо (сафедаҳо, ангипггобҳо) ҳосил мешаванд. Дар рафти таҷзияи ин моддаҳо СОг, НгО, ва 1ЧНз ҷудо мешавад.
Таҷзияшавии моддаҳои ғайригуминй ба пурра маъданокшавии элементҳои ғизой меорад, ки ҷамъшавии моддаҳои узвии устувори хокро ғайриимкон мегардонад. Модцаҳои гуминй дар рафти фаъолияти микроорганизмҳо ба пайвастагиҳои калонмолекулаи туршиҳои гуминй ё ки ҳомизҳои фулвонй мубаддал мешаванд.
Қабати хуби гумусй дар хок аз ҳосилхез будани он шаҳодат медиҳад. Дар хокҳои хокистарранг миқцори гумус 1-3%, минтақаи ҷангалу даштӣ 4-6%, сиёҳзамин 7-8% ва дар баъзе ҷойҳои сиёҳхоки зӯр то 8-12% мерасад. Намнокӣ ва фарсоиш ҳам барои хок аҳамияти калон доранд, чунки бисёри организмҳои дар хок буда маҳз бо иштироки об ва оксиген дар ин ё он ҷараёнҳои дар хок ба амал омада иштирок мекунанд.
Расми 41. Таркиби умумии болоии қабати хок ва эдофони он
(аз рӯи В.Тишлер, 1955).
Хоке намнокиаш хуб аст, бо осони гарм шуда, оқиста-оҳиста хунук мешавад. Дар ташаккулёбии хок тарҳ ҳам аҳамияти муҳим дорад. Дар ҷойҳое, ки тарҳи он якхела несг дараҷаи обҳои зеризаминй, иқлим, гармй, суръати буғшавй, сатҳи хок ва тақсимшавии боришот гуногун буда, ҳамаи ин ба хусусияти табииётӣ-кимиёвии хок ва организмҳои зиндаи он (растаниҳо ва ҳайвонҳо) таъсир мерасонад. Ба ҳисоби миёна растаниҳо ва ҳайвонҳо дар хок 2-3 кг/м3 ё ки 20-30 т/га-ро ташкил медиҳанд. Дар минтақаҳои муътадил решаи растаниҳо 15 т/га, ҳашаротҳо 1 т/га, нематодҳо 50 кг/га, харчангшаклон 40 кг/га, кирми лойхурак 500 кг/га, актиномитсетҳо 1,5 т/га, соддатаринҳо 100 кг/га, обсабзҳо 100 кг дар як га-ро ташкил медиҳанд.
Вобаста аз дараҷаи алоқа бо хок ҳамчун муҳити зисти ҳайвонҳо онҳоро ба се гурӯҳи экологй ҷудо мекунанд: геобионтҳо, геофилҳо ва геоксенҳо.
Геобионтҳо ҳайвонҳое, ки доимо дар хок сукунат доранд. Тамоми рафти давраи инкишофи онҳо дар хок мегузарад (мисол, кирми лойхурак-ЫтЬп81(1ае), як қатор ҳашаротҳои аввали бебол (АгШгуёоШ).
Геофилҳо ҳайвонҳое мебошанд, ки як қисми давраи афзоиши худро дар хок мегузаронанд. Ба ин гурӯҳ бисёрии ҳашаротҳо дохил мешаванд: саранчаҳо (АспбоМеа), кунғузҳо (81арЬу1шЫае, СагаЬМае, Е1а1епбае), хомӯшаки дарознӯл (ЛриИёае). Кирминаи онҳо дар хок афзоиш меёбанд ва ҳашароти болиг бошад, ҳамчун сокинони руизаминй зист мекунанд.
Геоксенҳо ҳайвонҳое мебошанд, ки дар баъзе ҳолатҳо хокро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мекунанд. Ба геоксенҳо тараканҳо (В1а1ойеа), нимсахтболҳо (НеппрЬега) ва баъзе кунғузҳое, ки дар беруни хок афзоиш меёбанд, дохил мешаванд. Аз рӯи андоза ҳам ҳайвонҳои дар хок зистдоштаро ба микробиота (бактерияҳо, занбӯруғҳо, соддатаринҳо), мезобиота (нематодҳо, канаҳо ва ғр.) ва макробиота (андозаашон аз 2 то 20 мм) ба онҳо кирминаи ҳашаротҳо, бисёрпойҳо, кирми лойхурак ва ғ. дохил мешаванд.
Тузсутдалудук
Мурчаа пус тлоқхӯр
Занбӯругчои
хоки
Бисёрпой Новхуряки ‘ дарахга |
Харчапги
Ьароозрпой ^ .
С оддатариыхЬи Кмпй
дар хок оула н I гаЛ.ус« «хрЛ
хоки
Расми 42. Организмҳои хокӣ (аз рӯи Е.А. Крикунов ва диг., 1995)
Мегабиотаҳо (заминковакҳои калонҷусса аз синфи ширхурҳб); Ба ғайр аз ин ҳайвонҳо дар хок сағур, юрмон, тавушқон, мурчаҳо, бидавҳо, гамбуски саврй ва г. сукунат доранд. Растаниҳоро ҳам вобаста аз талаботашон ба хокҳои ҳосилхез ба эутрофҳо-хокхои микдори моддаҳои ғизоиашон кам, олиготрофҳо ва гуруҳи мобайнй мезотрофҳо ҷудо мекунанд. Растаниҳо инчунин нисбат ба муҳити рН-и хок ҳар хел муносибат мекунанд. Ба растаниҳо шӯрии хок, ҳаракати хок ва дигар омилҳои дар хок буда таъсир карда мутобиқшавии онҳоро ба ин ё он мухити зист муайян мекунанд. Дар паҳншавии растаниҳо ва ҳайвонҳо роли омилҳои эдофикӣ хеле калон аст. Мисол, дар дашти ҷағазию- силугиёҳи мумкин аст, дар як қитаъ ҷағаз бартарӣ ҳосил кунад ва дар дигараш бошад силугиёҳ. Барои ҳамин, типҳои хок омилҳои хеле зӯри паҳншавии растаниҳо мебошанд. Ба ҳайвонҳо омилҳои эдофикй сустар таъсир мерасонанд, лекин аз сабаби он ки ҳайвонҳо бо растаниҳо алоқамандии бевосита доранд (растаниҳо дар паҳншавии ҳайвонҳо вазифаи муҳимро иҷро мекунанд). Дар давоми миллионҳо сол дар рафти ҷараёни фотосинтез моддаҳои таассубӣ истифода шуда, лекин тамом намешаванд, ки ин бо гардиши онҳо дар биосфера вобаста аст. Ҷараёни бодхурдашавӣ (гипергенез) дар сарҳади на он қадар чуқури хок ва қисмҳои болои он ба амал меояд. Бодхурдашавии хок ва қишри он бо ҳам алоқаманд мебошанд. Дар ҷараёнҳои бодхӯрдашавӣ, таркиби элементарӣ ва маъдании ҷинсҳои кӯҳӣ хеле тагйир меёбанд. Ҷинсҳои кӯҳии калон шакли худро тағйир дода, ба гил ё ки сангреза мубаддалшуда ранги хол-хол ва сафедро мегиранд. Ҷараёнҳои аз нав ҳосилшавии ҷинсҳои аввала дар қишри бодхурдашуда бисёр мураккаб буда, ҳодиса ва ҷараёнҳои зиёдро дар бар мегиранд. Вобаста ба микдори оксиген, гази карбон ва моддаҳои узвии хок ва обҳои зеризаминй ба ҳалшавии маъданҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ таъсири гунонун мерарасонанд. Як намуди маъданҳо дар таассурҳои мубодилавии паӣвастагиҳои кимиёвие, ки дар махдуланд дохил шуда, дигарҳо гидролиз ва гидрататсия мешавад, ки дар натиҷаи ин аз нав ҳосил мешаванд. Баъди ин бодхурдашавиҳои табйиётӣ ва кимиёвиии фаъолияти организмҳои зинда сар мешавад, ки ин дар таъсири массаи маъдании растаниҳо ва ҳайвонҳо ё ки таъсири маҳсулоти фаъолияти онҳо мушоҳида мешавад ва аз нав ҷинсҳои кӯҳии аввала ҳосил мешаванд. Тамоми ҷараёнҳои бодхӯрдашавии табйиётй, кимиёвй ва биологй танҳо дар якҷояги амал мекунанд ва таъсири як ҷараёнро аз дигар ҷараёнҳо ҷудо кардан ғайри имкон асз
Фарсоишй хок. Фарсоиш ин аз таъсири шамол ва об хароб шудани қабатҳои ҳосилхези болоии хокро меноманд. Ду шакли фарсоиши хок маълум аст: фарсоиши обӣ — ин шусгашавии қабатҳои ҳосилхезй хок дар натиҷаи обёрй, боришот ё ки сел ва фарсоишй бодй (шамолӣ), ки бо таъсири бод қабатҳои болоии ҳосилхезӣ хок, яъне қабати гумусй вайрон мешавад. Фарсоши обӣ аз тарҳи муҳит вобаста буда, навъҳои фарсоиши сатҳй, тӯлонй, пахлугй ва қаърӣ фарқ карда мешавад. Дар рафти фарсоиши сатҳӣ барфу борон нишебиҳоро шуста ноҳамвориҳои тарҳҳоро шуста ҳамвор месозанд. Фарсоиши тӯлонӣ бошад дар натиҷаи бо оби селу рӯдҳо шуста чуқур кардани тарҳ ба амал меояд, ки сабаби пайдоиши ҷариҳо ва оббурда мегардад. Фарсоиши паҳлугй соҳили дарёҳо, рӯдҳо ва ҷариҳоро вайрон мекунад ва фарсоиши қаърӣ бошад ба боз ҳам чуқуртар шудани таҳти маҷрои об оварда мерасонад. Ҳар сол бо туфайли фарсоиши бодӣ ва обӣ, шусташавии хок ва дигар сабабҳо дар сайёраи Замин қариб 5-7 млн. га майдонҳои хок ва киштҳо вайрон мешаванд. Заминҳои кишти Иттиҳоди Шуравй 236 млн. га-ро ташкил медоданд, ки қариб 140 млн. га ба фарсоиши обӣ ва 50 млн. га ба фарсоиши бодӣ дучор шуда буд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 120 ҳазор га Замин ба фарсоиши обӣ, бодй ва сел дучор шудааст, ки барои барқарор кардани онҳо мабағи хеле зиёд лозим аст. Дар рафти боришотҳои зиёд ё ки якбора баланд шудани ҳарорат ва обшавии бо суръати пиряхҳо, хусусан дар шароити куҳӣ шаклҳои гуногуни фарсоиш ба амал меоянд, ки ба хоҷагии халқ зарари зиёд мерасонанд.
Барои пешгирии фарсоиши хок усулҳои гуногунро истифода мебаранд. Ин пеш аз ҳама дар нишебиҳо ва байни заминҳо шинондани дарахтон, дуруст шудгор кардан ва ҳайвонҳоро дуруст чаронидан, ҳамчунин дуруст истифода бурдани усулҳои агротехникй метавонад, боддесиро хеле кам кунад. Ҳар сол дар рафти бодлесӣ қариб 720 млн. т моддаҳои узвии дар дар хушкии сайёра буда кам мешавад. Шуршавии хок яке аз масъалаҳои муҳими ҳозиразамон гаштааст, ки соҳаи кишоварзиро хеле зарар мерасонад. Пайвастагиҳои кимиёвие, ки асосан сабаби шӯршавии хок мегардад МаС1, N32804, КаНСОз, МагСОз ва СаСОг мебошанд, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро то 60% кам карда ба организмҳои зиндаи таркиби хок зарар мерасонанд. Сабаби асосии туршшавии табиӣи хок ин обҳои зеризаминӣ ва сабаби дигари он аз меъёр зиёд илова кзрдани нуриҳои маъданӣ ба хок мебошад. Шӯршавии хок пеш аз ҳама ба растаниҳо таъсир мерасонад. Таассури растаниҳо ба шӯрии хок гуногун аст, барои ҳамин онҳоро ба галофитқо ва гликофитҳо ҷудо мекуанд. Ба галофитҳо шӯрак, газ, пӯш, намакшёҳ ва гохил мешаванд, ки дар баъзе ҳолатҳо норасоии микдори муайяни намакҳо ба расиши онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Фишори таровишии баланди як гурӯҳ галофитҳо аз ҳисоби модцаҳои узвӣ (мисол, явшон) ва қисми дигарашон бошад аз ҳисоби намакҳои маъданӣ (мисол, солерос) шӯрак ҳосил мещавад.
Гликофигҳо бошанд растаниҳои ҷойҳои бенамакро меноманд, ки микдори 0,5%-и дамакҳо дар хок ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Растаниҳое ҳастанд, ки хусусияти мобайниро зоҳир мекунанд, ки онҳоро галофитҳои факултативӣ меноманд (мисол, пахта, лаблабуи қанд, помидор ва ғ.). Растаниҳое, ки ба шӯрии хок устувор нестанд (ҷави руск, марҷумк ва ғ.) мебошанд. Яке аз усулҳои асосии мубориза ба муқобили шӯршавии хок ин мелиоратсия, яъне шустани хок ва тозакунии он аз намакҳо мебошад. Мумкин аст ҳодисаи шусташави хок ва ҷинсҳои кӯҳии зиёд (сел) ба амал меояд, ки ба қабатҳои гумусии нишебиҳои чариҳои назди соҳили ва заминҳои кишти водиҳо зарари хеле калон мерасонад.
Барои ба шӯрии хок устувор кардани растаниҳо бояд, ки пеш аз кишт тухми онҳоро дар маҳлули 3%-и намаки ош нигоҳ доштан лозим аст. Баъд онҳоро шуста, хушк карда кишт мекунанд. Ин усули коркарди тухмҳо барои мутобиқшави, раванди мубодилаи модцаҳо ва устувории рстаниҳоро нисбат ба шӯрыи хок баланд мекунад. Киштгардрнии зироатҳо ҳам яке аз усулҳои пешгирии шӯршавии хок ба ҳисоб меравад. Солҳои тӯлонӣ аст, ки дар майдонҳои зиёди заминҳои Тоҷикистон танҳо як намуди зироатӣ техники пахтаро кишт мекунанд, ки ин ба коҳишёбии ҳосилхезии заминҳо оварда расонидааст. Чунки барои баданд бардоштани ҳосилнокии пахта ҳар сол микдори зиёди нуриҳон маъданй ва пестисидҳо истифода мешавад, ки сабаби шӯршавй ва нобудшавии организмҳои зиндаи дар хок сукунатдошта мегардад (гарчаде, ки солҳои охир якказироатӣ дар ҷумҳури як қадар кам шудааст). Барои ҳамин оқилона истифода бурдани заминҳои кишти оби, ки сарчашмаи асосии ғизо ва ашёи хоми саноатй ба ҳисоб мераванд, бисёр муҳим аст, ки ҳар яки мо нисбат ба он муносибати ҷиддитар кунем.
Чи тавре дар боло қайд кардем, фарсоиш ин ҷараёни шусташавии қабати ҳосилхезӣ хок бо ёрии об мебошад. Раванди бодлесии шамолро дефлятсия меноманд. Фарсоишй хокро бо ҷоришавии обҳои болоӣ — яъне олудашавии қабатҳои болоии хок ё ки тамоми ҷинсҳои болоии хок ҳамчунин шусташавии хок ва ҷинсҳои болоии хок хаттй ҷудо мекунанд.
Ҷадвали 21
Вобастагии ҳоснлнокии растаниҳои зироатӣ аз шӯрии хок
(В. В. Денисов ва диг., 2002)
Дараҷаи шурнокй |
Ҳолати устувории миёнаи растаниҳо ба шурии хок |
Хоки қариб шӯрнабуда |
Расиш ва инкишофи мӯътадили растаниҳо, ҳосилнокии хуб |
Хоки шӯриаш паст |
Каме таъсир мекунад, Камшавии ҳосилнокии растаниҳо то 10-20% |
Хоки шӯриаш миёна |
Миёна таъсир мекунад. Пастшавии ҳосилноки то 20-50% |
Хоки шӯриаш баланд |
Сахт таъсир мекунад. Па.стшавии хосилнокӣ то 50- ^ 80% |
Шӯразамин |
Яктогӣ растанӣ мушоҳида мешавад. Ҳосил тамоман нест |
Фарсоиши болоӣ дар рафти обшавии барф ва боришот мушоҳида ш^да оҳиста-оҳиста қабатҳои хокро мешуяд. Дар баъзе ҳолатҳо бошад агар замин нишеб бошад ва борони сахт борад мумкин аст, ки то 40-50 см қабати гумусии хок шуста шавад. Дар рафти шусташавии хок оббурдаҳои чуқуриаш аз 0,3 то 1м ва бараш 0,5-5м ҳосил мешавад. Оҳиста-оҳиста бо мурури зиёд шудани об майдони оббурда ба ҷарӣ мубаддал мешавад, ки ин шакли фарсоиши хаттии калон аст. Ба қабатҳои ҳосилхезй хок фарсоиши обдиҳӣ (иригатсионй) ҳам зарар мерасонад ва ин зарар вобаста аз тарҳ ва нишебиҳо гуногун мешавад. Омӯзиши шусташавии хокҳо дар кишвари Ставропол нишон доданд, ки дар боришоти атмосферавй шусташавии қабатҳои ҳосилхезй хок 2-3 т/га ва обёрй дар як мавсим бошад то 4-6 т/га-ро ташкил мекунад. Дар Украина бошад обёрй бо усули ҷӯякй то 15 т/га, дар майдонҳои кишти наздихӯҳии Гурҷистон ва Озарбойҷон бошад 100-120 т/га ва дар баъзе ҳолатҳо 120-160 т/га мушоҳида мешавад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон бошад қариб ҳамин ҳолатҳо мушҳида мешавад. Дефлятсия ё ки фарсоиши шамол, ки ҳар рӯз ба назар мерасад ба қабати ҳосилхезӣ хок зарари зиёд мерасонад. Мисол, соли 1969 дар рафти тӯфонҳои сахт аз қавқози шимолй қариб 25 км3 хок ва ғубор ба минтақаҳои Молдова ва Украинаи ғарбӣ интиқол дода шуд, Ин ҳодиса дар биёр минтақаҳои дигари сайёра хам мушоҳида мешаванд. Дефлятсияҳои антропогенӣ ҳам хеле зарари калон мерасонанд, ки онро дар рафти ба истифода даровардани заминҳои навкорам ба эътибор гирифтан лозим аст. Пастшавии сатҳи баҳри Арал дар давоми 20 соли охир то 12 м ба он оварда рас&нд, ки шамол ғуборҳои намакии онро ба микдори зиёд ба заминҳои ҳосилхезй ҳудуди минтақаҳои Осиёи Миёна интиқол медиҳад. Захираҳои зиёди намаки баҳри хушкшуда истодаи Арал дар оянда ба заминҳои ҳосилхези тамоми навоҳиҳои ҷануби ва шарқии Осиёи Миёна хатари калон дорад. Вайроншавии қабати гумусии хок чунин сабабҳо дорад:
- Микдори ками моддаҳои биогенй, ки ба сифати мавод дар ҷараёнҳои гумусҳосилкуни иштирок мекунанд.
- Бо суръати баланд маъданокшавии моддаҳои узвй дар рафти коркарди тез ва истифодаи нуриҳои маъданй.
- Бо суръати баланд маъданокшавии моддаҳои узвй дар рафти истифодаи баъзе усулҳои обёрии техники ва обёрикунии кимиёвй.
- Талафоти гумус аз ҳисоби фарсоиш ва дефлятсия.
- Вайроншавии қабати гумусй дар рафти коркарди як қатор корҳои кишоварзй.
Баландшавии биомассаи хоки заминхои навкорам ва хокҳои ҷангалзорҳои аз минтақаи табийи онҳо вобаста аст. Мисол дар хоки тундра ҳар сол ба микдори 1 сент/га, дар ҷангали арчазор 45, булутзор 90, марғзорҳои даштй бошад 137 сен/га биомасса дохил мешавад.
Олудашавии хок. Ҳар сол барои баланд бардоштани ҳосилнокии растаниҳои зироатй ба хок миқдори зиёди моддаҳои маъданй илова карда мешавад. Мисол хисоб карда шудааст, ки дар асри XXI меъёри истифодаи нуриҳои маъданӣ то 300 кг/га мерасад, ки 15-20% он дар рафти обёрй шуста мешавад. Дар рафти маъданнокшавии қабати ҳосилхези хок пайвасгагиҳои нитрогенй N02 ба атмосфера ҷудо мешавад, ки ба қабати озони таъсири манфй мерасонанд. Аз меъёр зиёд истифодабарии нуриҳои фосфорй қариб 60-70%-и фосфорй ба обҳо ҳамроҳшударо ташкил медиҳад. Нуриҳои калигй ҳам, хусусан хлориди калий ба ҷамъшавии ионҳои хлор С1 оварда мерасонад, ки барои организми растаниҳо хеле зарарнок аст. Яке аз олудакунандахои хатарноки биосфера ин пестисидхо мебошанд, ки растаниҳоро аз ҳар гуна зараррасонҳо ва баамлорандаи касалихо бо истифодаи онҳо муҳофизат мекунанд, ки онҳоро ба гуруҳҳои зери ҷудо мекунанд:
Гербнсидҳо- барои мубориза бо алафҳои бегона.
Алгосидҳо — барои нобуд сохтани обсабзҳо ва дигар растаниҳои обй.
Арборосидҳо- барои нобуд сохтани растаниҳои дарахтӣ ва буттагй.
Фунгисидҳо- барои мубориза бо касалиҳои занбуруғии растанй.
Бактерисидҳо- мубориза ба муқобили бактарияҳо ва беморҳои бактериявӣ.
Инсектисидҳо- мубориза ба муқобили ҳашаротҳои зараррасон.
Акарасидҳо- мубориза ба муқобили канаҳо.
Зоосидҳо- мубориза ба муқобили ҳайвонотҳо.
Лимосидҳо- мубориза ба муқобили нармбаданҳо.
Немотосидҳо- мубориза ба муқобили кирмҳои ҳалқагй.
Афисидҳо- мубориза ба муқобили канаҳо.
Вобаста аз устуворӣ ба равандҳои таҷзияшавй пестидсидҳоро ба устувориашон суст (дар муҳит аз 1 то 12 ҳафта ниговдошта мешавад), устувориаш миёна (аз 1 то 18 моҳ нигоҳ дошта мешавад) ва бисёр устувор (аз 2 сол ва зиёдтар нигоҳ дошта мешавад) ҷудо мекунанд. Якчанд намудҳои гуногуни пестидсидҳо фарқ карда мешаванд, дефолиантҳое, ки барои баргрезонӣ истифода мешаванд, десикантҳо, ки растаниҳоро хушк мекунанд, дефлорантҳо, ки гул ва ғуракро нобуд месозанд, ретрадантҳо, ки расиши растаниҳоро идора мекунаНд, репеллентҳо, ки ҳашаротҳоро метарсонанд ва г.. Заминҳои кишти кишорварзӣ яке аз захираҳои муҳими табиӣ ба ҳисоб мераванд, ки одамони сайёраро бо ғизо таъмин мекунанд. Барои ҳамин ҳам ҳифзи муҳити хоки ва нигоҳ доштани ҳосилхезии он хеле муҳим аст, ки онро бо роҳи мелиоратсия амалй мекунанд. Мелиоратсия гуфта ин системаи ташкил намудани хоҷаги ва чорабиниҳои техникиро меноманд, ки барои беҳтар кардани замин бо мақсади хубтар истифода бурдани шароитҳои кишоварзӣ равона карда мешаванд. Мелиоратсия на танҳо ҳосилхезии зироатҳои хоҷагии қишлоқро баланд мебардорад балки барои устувор инкишоф ёфтани шароитҳои иқлимии сол дар тамоми минтақаҳо таҳкурси мегузорад. Ба ақидаи В. А. Ковди (1977) бо ёрии мелиоратсия одам худидоракунии системаҳои экологиро дигар карда ба он сохтор ва элементҳои нав илова карда онро ба агросистемаи бисёрҷузаъи идорашаванда табдил медиҳад, ки барои инсон маҳсулоти лозимиро медйҳад. Вобаста аз объект ва усулҳои таъсиркуни ба хок ва растанй мелиоратсияи гидротехникӣ (обёрикунй), агротехникӣ, лесотехникй, кимиёвй ва маданиятии техникй фарқ карда мешавад. Бо усули мелиоратсияи гидротехникӣ (обёрӣ, обзанй ва хушкунй) шароити обу ҳавои хокро тагйир медиҳанд, ки барои ин каналҳои обёрикунӣ ва хушкунй, кубурҳои обӣ, обанборҳо ва сарбандҳо месозанд. Усули мелиоратсияи агротехникии хусусияти табйиётӣ ва кимиёвии хокро, элементҳои ғизоии онро тағйир дода, дар охир ҳосилнокии хокро баланд мекунад (шудгоркунй, беҳтар кардани маргзорҳо ва чарогоҳҳо, нигохдории барф ва ғ.). Усули техникии ҷангал ин беҳтар кардани хок бо роҳи шинондани растаниҳои дарахтй (суст шудани тарҳ, нигоҳ доштани регҳои равон, ташкил кардани хатҳои дарахтон, ҳифзи ҷаналҳо ва г.). Мелиоратсияи кимиёвй бошад, ин бо роҳи илова кардани моддаҳои кимиёвй беҳтар кардани хок мебошад. Мелиоратсияи културо техники бошад ҳолати қисми болоии хокро аз сангҳо, буттаҳо, кундаҳо ва ғ. тоза кардан мебошад. Барои беҳтар кардани таркиби хок дигар усулҳои мелиоратсия рег иловакунй ва хок иловакуниро истифода мекунанд. Барои беҳтар кардани қабати гумусии хок бояд усулҳои зеринро истифода кунанд.
- Илова кардани поруҳои модцаҳои узвии ҳайвонот.
- Илова крдани поруҳои моддаҳои узвии соҳаи парандапарварӣ.
- Илова кардан ҳамчун пору партовҳои захираҳои зеризаминӣ.
- Илова кардани поруҳой’сабз (растанй).
- Илова кардани поруҳои узвии торфй.
- Илойа кардани таҳшинҳои кулҳо (сапропел).
- Илова кардани поруҳои узвии обҳои саноатй ва партовҳои коммуналӣ
Аз рӯи гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки хок ҳамчун муҳити зисти организмҳои зинда дар такомули онҳо роли муҳимро бозидааст. Мисол, гуруҳи зиёди бугумпойҳо дар раванди инкишофи таърихӣ роҳи мураккабро тай намуда аз организмҳои оддии обй ба воситаи бошандагони хок то шакли руизаминии муқаррарй омада расидаанд.