Фанни Экология

Экологияи омилхо

1. Робитахои гизои ( трофики), топики, форики ва фабрикави

Таксимоти токчахои экологии байни намудхо аз хисоби мутобикати намудхои гуногун ба чои зист, гизои ва вакти гуногуни истифодаи танхо як чои зист ба амал меояд. Ходисаи чудошавии экологии намудхои монанд принсипи истиснои ракобати ё пинсипи Гаузе номида мешавад, ки он чунин аст: Агар талботи экологии ду намуд айнан якхела бошад, он гох ин намудхо дар як мавзеъ мавчуд, буда намеавонад. ЧУнин намудхо бояд дар фазо ё вакт аз хам чудо бошанд.

Гилдияхо — гурухи намудхо ва иттиходхо, ки вазифа ва токчахои якхелаи монанд доранд, яъне мавкеи онхо дар иттиходхо якхела мебошад. Байни намудхои дохили гилдия ракобати зур мушохида мешавад.

Организмхои зинда бани худ алокаманди доранд. Робитаи байни намудхо трофики, топики, форики ва фабрикави мешаванд.

Робитахои трофики байни намудхо ба амал меоянд, яъне як намуд намудхои дигарчинсхои зинда, бокимондаи часадхо, махсулоти фаъолияти зистро истеъмол менамояд. Робитаи трофики бевосита ва бавосита мешаванд. РОбитаи бевосита чунин ба амал меояд: шер гизоли зинда кафтор часади гурхар, гамбусаки гелон саргини калонро истеъмол мекунад.. Ракобати бавосиита хангоми ракобати намудхои гуногун барои якто захираи гизои ба вучуд меояд. Ракобатхои топики дар дигаргунсозии шароити зисти як намуд бо наиуди дигар ифода меёбад. Масалан, дар зери чангалхои дарахтони сузанбарг алаф меруяд. Ракобати форики хангоме лайдо мешавад, ки як намуд дар пахншавии намуди дигар иштирок менамояд. Воситаи Хайвонот пахкунии тухми, гарди гул растанихоро зоохория, пахнкунии чинсхои худро форезия меноманд.Робитаи фабрикави гуфта робитаеро меноманд, ки дар он як намуд барои иншооти худ махсулоти чудокунанда, часад ё чинси зиндаи намуди дигарро истифода мебарад. Масалан, паррандагон барои сохани лонахо шохи дарахтон, алаф, пари паррандахои дигарро ба кор мебаранд.

Муносибати байнихамдигарии организмхо.

Холатхои зиёде вучуд доранд,ки дар он намудхои гуногун зимни нигохдории таъсири байнихамдигарии намудхои гуногун вучуд дошта метавонад. Таъсири як намуд ба намуди дигар мусбат, манфи ва беасар мешавад. Инчунин омезишхои гуногуни намуди таъсирот вучуд доранд: нейтрализм, протокооператсия, мутуализм, комменсализм, даррандаги, паразитизм, ракобат, аменсализм.

Нейтрализм — зист якчоя ду намуд дар як минтака, ки на окибати мусбат дораду на манфи ( масъалан зисти санчоб ва шохгавазн). Протокооператсия — мавчудияти муфид, вале гайрихатмии организмхо, ки аз он хамаи иштирокчиен судманд мешаванд ( масалан, харчангхо ва актиниятхо).

Мутуализм — хамзисти манфиатноки организмхо, ки яке аз хамчуфтон ё харду бехамчуфт вучуд дошта наметавонад Масалан, хайвонотхои сумдори алафхур ва бактерияхои селлюлозавайронкунанда, ки дар меъда ва рудахои хайвоноти алафхур вучуд доранд. Комменсализм — муносибатхои дутарафа, ки яке аз хамчуфтон аз хамзисти бахра мебаранд ва дигари нисбати хамчуфташ беэътино аст. Комменсализм ду хел мешавад: синойкия ё ичорадории яке аз намудхо дар байни намудхои дигар; трофобиоз ё тайёрхур ( масалан, кафтархо, шаголхо, лошахурхо бокимондаи часади хайвоноти кушташударо мехуранд.

Даррандаги — муносибати дутарафа, ки яке аз иштирокчиён ( дарранда ) иштирокчии дигарро ба катл мерасонад ва онро хамчун гизо истифода мебарад ( масалан, гург ва харгуш ) . Холати папулятсияи дарранда ва чабрдида сахт алокаманд аст. Дар халати кам шудани микдори популятсияи яке аз намудхои чабрдидахо даранда ба шикори намуди дигар мегузарад. Масалан гург ба сифати гизо харгуш, муш, хуки ёбои, курбокка, оху, хашаротхоро истеъмол мкунад.

Паразитизм — муносибати дутарафа, ки дар он паразит сохиби худро намекушад, балки муддати дудудароз онро хамчун мухити зист ва ва манбаи гизо истифода мебарад. Ба паразитхо вирусхо, бактерияхои патогени, замбуругхо, кирмхои паразити тааллук доранд.

Аменсализм — таъсири дутарафа, ки ки дар он як организм ба оргонизми дигар таъсир мерасонад ва фаъолияти зисти онро таъсир мерасонад ва фаъолияти систи онро фишор меорад, вале худаш аз чониби мутакобил ягон таъсири манфи намебинад ( масалан, арча ва растанихои зери он) . Дар зери сояи гафси арча растани нури офтобро кабул карда наметавонад ва сояи арча барои инкишофи он фишор меорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *