Фанни Экология

Омилҳои зоогенӣ

Организмҳои зинда дар иҳотаи дигар организмҳо ҳаёт ба сар бурда, ба онҳо муносибати гуногун доранд, яъне ҳам муносибати манфй ва ҳам мусбат дошта баъзе аз онҳо бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Алоқа бо дигар организмҳо барои гизо ва афзоиш, муносибати муҳофизатӣ, мӯътадил гардонидани шароити номусоиди муҳит, аз дигар тараф хатари нестшавӣ ва дар баъзе ҳолатҳо таҳциди нестшавй зарур аст. Иҳотаи бевоситаи ҳаётии организмро муҳити биотии он ташкил медиҳад. Ҳар як намуд танҳо дар чунин муҳосираи биотие зистан метавонад, ки агар дар алоқамандӣ бо дигар организмҳо шароити мӯътадили зистанро таъмин карда тавонад. Барои ҳамин, гуногунии организмҳои зинда дар курраи замин, дар ҳар гуна мувофиқатӣ не, балки ҷамоаҳоро ҳосил мекунанд, ки намудҳои дар он ҷойгиршуда барои якҷоя зист кардан мутобиқ шудаанд.

Баҳамтаъсиркунии фардҳои як намуд байни худ, ки онро таассури гомотипй меноманд, дар самараи гурӯҳӣ ва умумӣ, рақобати дохилинамудй зоҳир мегардад.

Маҳфуми самараи гуруҳиро Гресс Ч. (Огезке СЬаиут, 1944) барои тагийротҳои якҷояшавии ду ва ё зиёда фардҳои гурӯҳи ҳайвонҳо истифода кард. Дар замони муосир мавҷуд будани самараи гурӯҳиро, дар як қатор гурӯҳи ҳашаротҳо ва мӯҳрадорон мушоҳида намудаанд. Натиҷаи муҳими ин расиши босуръати он мебошад.

Самараи гурӯҳии намудҳо он вақт зоҳир мегардад, агар дар ҳамон ҳолат онҳо мӯътадил афзоиш ва ҳаёт гузаронида, танҳо дар он ҳолате ки популятсияҳои калонро ҳосил намоянд. Мисол, барои зинда мондани фили африқоӣ рамаи онҳо бояд аз 25 фард кам набошад, рамаи гавазни шимолй бошад, на камаш аз 300 — 400 фард.

Принсипи минималии андозаи популятсияҳо шарҳ медиҳад, ки барои чй намудҳои нодирро наҷот додан ғайриимкон аст. Чунки ҳаёти якҷояи организмҳо ҷустуҷӯи ғизо ва муборизаю бо душманони худ осон гардонд. Самараи гурӯҳии аз ҳама бештар дар рафти мавҷуд будани даврагй дар ҳайвонҳо зоҳир мегардад, яъне мавҷуд будани намуд якбора дар ду давра (зина): фардҳои алоҳида ва фардҳои дар як рама ҷамъшуда. Мавҷуд будани давра дар намудҳои гуногуни шапалакҳо, гамбусакҳо, ширинчаҳо ва ғ. нишон дода шудаст. Дар ҳама ҳолатҳо тағийрёбиҳо бештар дар зоиш, суръати инкишоф ва хусусияти морфологй ва физиологии ҳайвонҳо мушоҳида мешавад.

Самараи оммавй. Ин маҳфуми аз тарафи Гресс пешниҳод шуда, самараи дар муҳит аз меъёр зиёдшавии фардҳоро нишон медиҳад. Дар байни самараи оммавй ва гурӯҳй дар бисёр ҳолатҳо гузаришҳо мушоҳида мешаванд, ки одатан самараи оммавӣ барои ҳайвонҳо оқибати зараровар дошта, самараи гуруҳӣ бошад ба ҳайвонҳо таъсири мусбат мерасонад. Самараи умумиро дар тадқиқотҳои худ Мак Лаган ва Данном ( аз рӯи Ва1асЬо\узку, 1963) дар мисоли ғалламуси анборй (5>йорЫ1и§ огугае) хеле хуб нишон додаанд. Дар ин намуд микдори тухмҳои ҳаррӯза гузоштагӣ он вақт паст мешавад, ки таносуби микдори фардҳо ( ҷамъи нарина ва модина) ба микдори донаҳо ба 1/200 баробар шавад. Андозаи тухмгузорӣ кам мешавад, агар ба ҳар як модина микдори тухмҳо кам шавад, ин ҳодиса пеш аз ҳама бо «серии» тухмҳо вобаста аст, чунки ҷинси модинаҳое дар, болои тухмҳо бояд тухм гузоранд, аллакай бо дигар тухмҳо ва кирминаҳо машғул шудаанд. Ин бо самараи оммавй алоқаманд аст, чунки ҳашаротҳо якдигарро халал мерасонанд, ки ин ба тухмгузории онҳо ҳам халал мерасонад. Ин гунна ҳодисае, ки самараи умумй ба вуҷуд меорад, номи худмаҳцудкуниро гирифтааст.

Рақобати дохилинамудй. Дар рақобати дохилинамудй байни фардҳо муносибат боқй мемонад, ки онҳо қобилияти афзоиш ва гузаронидани хусусиятҳои наслии худро таъмин менамоянд. Рақобати дохилинамудй дар ҳудуди сарҳади рафторй, вақте ҳайвонҳо хонаи худ ё ки майдони муайяни маълумро муҳофизат мекунад, низ мушоҳида мешавад. Мисол, дар давраи афзоиш, парандаи нарина сарҳади муайянеро муҳофизат мекунад, ки дар он ба гайр аз модина, ягон фарди дигари намуди худ фаъолият надошта бошад. Ин рафторро дар намудҳои моҳиҳои зиёд мушоҳида кардан мумкин аст ( мисол, моҳиҳои хордор).

Пайдошавии рақобати дохилинамудй барои ҳайвонҳо тарзи ҳаёти иерархии иҷтимоӣ буда, тавсифи пайдошавии дар популятсия фардҳои зӯр ва итоаткунандаро нишон медиҳад. Мисол, кирминаи 3-солаи гамбӯсаки майӣ кирминаҳои як ва ду соларо маҳв мекунад, ин ба он вобаста аст, ки парвози гамбусакҳои болиғ танҳо баъди 3-сол мушоҳида мешавад ва ин бо рақобати дохилинамудй вобаста аст.

Рақобати байни фардҳои як намуд барои ғизо дар натиҷаи баланд шудани зичии популятсия хеле шадид мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо рақобати байнинамудй ба дифференсиатсияи намуд ва аз ҳам ҷудошавии онҳо ба якчанд популятсияи сарҳадҳои гуногунро ишголкарда оварда мерасонад. Мисол, ҷави даштй (паррандаи гунҷишкмонанд) (РакзегсиЪиз запб\У1сЬеп81!!) як зернамуди экологиаш дар теппаҳои хушк ва дигар зернамудаш дар дар шӯразорҳои наздисоҳилӣ ҷойгир мешаванд. Рақобат дар баъзе ҳолатҳо як қисми фардҳои популятсияро маҷбур месозад, ки ба дигар ноҳияҳои ҷугрофӣ кӯчанд. Мисол, аз норасогии ғизоии тайга зарғилдоқ, ҷалғузахурак (стенофагҳои тайга), дар баъзе ҳолатҳо ба Аврупои Ғарбӣ парвоз мекунанд.

Муносибати байни фардҳои намудҳои гуногун ё ки таассури гетеротипй дар намуди бетарафй, рақобати байнинамудии мутуализм, ҳамкорӣ, ҳамтабақӣ, муфтхӯрӣ ва даррандагӣ зоҳир мегардад.

Дар муносибати нейтралй, фардҳо бо ҳам бевосита алоқа надоранд ва ба ҳамзистй онҳо дар як сарҳад ба оқибатҳои манфӣ ва мусбат намеорад ва аз ҳолати ҷамоа дар маҷмӯъ вобаста аст. Мисол, шоҳгаваз ва санҷобе дар як ҷангал сукунат доранд бо ҳам, қариб ки рақобат надоранд.

Рақобати байнинамудӣ фаъолона ҷустуҷӯ кардани ду ва зиёда намудҳои якхела захираҳои ғизоиро дар муҳити зист меноманд. Муносибати рақобати байни намудҳо одатан бо талаботи якхелаи экологӣ пайдо мешавад. Дар вақти ҳамзистити якҷоя, ҳар як намуд нисбати намуди дигар барои аз худ кардани гизо, паноҳгоҳ ва дигар воситаҳои ҳаётй дар ҷои зист буда дар ҳолати ногувор мемонад. Муносибатҳои рақобатӣ метавонанд хеле гуногун бошанд: аз муборизаи бевоситаи тан ба тан то осоишта якҷоя ҳаёт гузаронидан, новобаста аз ин ду намуде, ки талаботи якхелаи экологй доранд ва дар ҷамоаанд, ҳамеша рақобат дошта, яке дигарро танг карда мебарорад. Ин қоидаи экологӣ, номи «қонуни истисноии пақобати»-ро гирифтааст, ки онро Г. Ф. Гаузе (1910 — 1986) дар натиҷаи таҷрибаҳои худ бо ду намуди инфузория дар махдуд кардани як хел ғизо мухтасар ифода карда буд (расми 46). Муайян шуд, ки баъди чанд вақт танҳо фардҳои як намуд зинда мемонанд, чунки популятсияи онҳо тезтар дар мубориза барои ғизо, расиш ва афзоиш мекунанд.

Дар муборизаи рақобатй ҳамон намуд голиб мебарояд, ки дар шароити экологии муайян каме бартарӣ дошта, мутобиқшавии он ба шароити муҳити атроф бештар аст. Чӣ қадаре имконияти организмҳо гуногун бошад, ҳамон қадар рақобатӣ онҳо камтар мешавад.

Расми 46. Миқдори расиши инфузорияҳои
Рагатес1шп сап4а(ит (1) ва Р. аигеНа (2):

А-дар кишти омехта. Б-дар кишти алоҳида (аз рӯи Н.М.Чернова, А.М.Былова, 1988)

Даррандагӣ ва муфтхӯрй. Дарранда организмҳоеро меноманд, ки озод ҳаёт ба сар бурда, аз ҳисоби дигар организми ҳайвонҳо ва растаниҳо гизо мегиранд. Муфтхӯр тарзи ҳаёти озод намегузаронад ва дар яке аз зинаҳои инкишофи худ бо болои бадан (эктомуфтхӯр) ё ки узвҳои дохилии (эндомуфтхӯр) дигар организм, ки хӯҷаиии он ба ҳисоб меравад, ҷойгир шуда фаъолият мекунад. Дарранда одатан аввал қурбонии худро дошта, онро мекушад ва баъдан фурӯ мебарад (расми 47).

Қурбонй ҳам як қатор хусусиятҳои муҳофизатиро дар намуди хосиятҳои анатомо-морфологй, физиологй, биокимиёвӣ ва ғ. кор карда баромадаанд. Мисол, сӯзанҳо, хорҳо, ранги муҳофизатй, ғадудҳои заҳрӣ, тез паноҳ бурдан, ҷавшан (зиреҳ) доштан, огоҳкунӣ ва ғ. Дар рафти ин гуна мутобиқшавиҳои дутарафа гурӯҳи организмҳои муайян дар намуди даррандаи хос ва қурбонии хос ташаккул ёфтаанд. Мисол, ғизоӣ асосии силовсин (ГеНх Нпх) заргӯш ва гург (сашз 1ириз) мебошад, барои ҳамин даррандаи оддии ҳамачизхӯр ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди ҳайвонҳои гӯштхур қурбониро кушта даррав истеъмол мекунанд. Чунки бо андоза ва зӯрии худ бартарй доранд. Муфтхӯрон бошанд, роҳи дигарро интихоб кардаанд, онҳо аз хӯҷаини худ тамоми ғизои лозимиро гирифта бо саломатии ӯ зарар мерасонанд.

Муфтхӯрҳоро ба ду гурӯхи асосӣ-микромуфтхӯрҳо ва макромуфт- хӯрҳо ҷудо мекунанд (расми 48).

Расми 47. Одат кардан ба даррандагй (аз рӯи Е.А. Криксуиов ва диг., 1995)

1- осминог; 2- ҷоғи наҳанг; 3- мори печон; 4- шер; 5- брызгун (ТохоПс1ае); 6- тортанак; 7- удалщик (Ьор1г11Гогше8)

Расми 48. Муфтхурони хурд

1- трипоносома; 2- бактерияҳои- муфтхури хурд;

3- ширинча; 4- занбӯруг

Ба микромуфтхӯрҳои хурд онҳое дохил мешаванд, ки бевосита дар дохили бадани хӯҷаини худ афзоиш меёбанд ( вирусҳо, бактерияҳо ва соддатаринҳо). Муфтхӯрҳои хурд дар бадани хӯҷаини худ расиш ёфта, дар он ҷо афзоиш меёбанд ва шаклҳои хосро ҳосил карда як хӯҷаинро тарк карда ба дигараш мегузаранд. Ба муфтхурҳои калон кирмҳои ҳалқашакл ва тасмашакл (макромуфгхӯрҳои ҳайвонҳо), шабушк, кайк, занбӯруғҳо дохил мешаванд.

Дар байни ҳашаротҳо намудҳои муфтхӯрмонанде ҳастанд, ки аз аввал ҳамчун муфтхӯр рафтор карда ба узвҳои муҳими хуҷаин зарар мерасонанд ва дар охири инкишоф хӯҷаини худро хӯрда даррандаи ҳақиқӣ мегарданд. Ҳам дарранда ва муфтхӯрҳо метавонанд аз ҳисоби як ё ки якчанд намуд ҳаёт гузаронанд. Аз ин рӯ чунин намудҳоро фарқ кардан мумкин аст:

Полифагҳо — ба микдори намудҳои зиёд ҳуҷум меоранд. Ба онҳо даррандаҳои зиёди намояндаи ширхӯрҳо ва ҳашаротҳо дохил мешаванд. Ҳашаротҳои фитофагй растаниҳои гуногунро истифода мебаранд. Мисол, кирминаи шапалаки поя Ругаиз1а пиЬИаЫз ба зиёда аз 200 намуди растанӣ зарар мерасонад

Олифагҳо- аз ҳисоби якчанд ё ки бештар аз ҳисоби намудҳои ба ҳам наздик ҳаёт мегузаронанд. Гамбусаки колорадои аз ҳисоби картошка ва дигар растаниҳое, ки асосан ба растаниҳои ҷинси ангури сагак наздиканд, истифода мебаранд. Кирми эхинококк дар одам, хук, ҳайвонҳои гӯштхур ва хоянда муфтхӯрӣ мекунад.

Монофагҳо — танҳо аз ҳисоби як хӯҷаин ҳаёт мегузаронанд. Монофаги одати ҳашаротҳои муфтхӯри зиёд мебошад, мисол афелинус ( АШтиз таН) — дар ширинчаи хунӣ, кирмаки абрешимӣ — дар дарахти тут ва ғ.

Комменсализм ( ҳамтабақӣ ). Муносибате, ки яке аз шарикон ё ки ҳамроҳон фоида гирифта, лекин ба дигараш зарар намерасонад. Комменсализм дар истеъмоли боқимондаи ғизоӣ хӯҷаин асос меёбад, ки онроо тайёрахӯр ҳам меноманд. Мисол, муносибати шер ва кафтар, ё ки наҳанг ва моҳии часпанда, ки боқимондаи ғизои нахӯрдаро истеъмол мекунанд.

Комменсализм дар байни ҳайвонҳои обӣ хеле васеъ паҳн шудааст. Аз ҳама бештар комменсализм дар байни ҳашаротҳо мушоҳида мешавад. Мисол, дар сӯрохии сағури алпикӣ то 40 намуди гамбусакҳо мушоҳида шудааст.

Дар байни комменсалҳо фолеоксенҳо, ки дар сӯрохиҳо ва лонаҳо тасодуфӣ вомехуранд, фолеофилҳо дар ин паноҳгоҳ, назар ба муҳити атроф беиггар ба чашм мерасанд ва фолеобастҳо кадоме тамоми умри худро дар он ҷо мегузаронанд, фарқ карда мешаванд. Комменсализм дар табиат аҳамияти муҳим донгга, имконият медиҳад, ки ҳамзистии намудҳо наздиктар бошанд ва онҳо захираҳои ғизоии муҳитро пурратар истифода кунанд.

Мутуализм, симбиоз. Мисолҳо оид ба муносибати мугуализ, ки барои ҳарду фард фоидаоваранд, хеле зиёданд. Мисол муносибати паррандаҳо ва каркадан. Паррандаҳо ҳашаротҳои муфтхӯри дар пӯсти каркадан бударо хӯрда, парвоз кардани паррандаҳо бошад аз хатар ба ӯ огоҳӣ медиҳанд.

Симбиоз бошад алоқаи фоидаовари ду намуд мебошад, ки ҳамзистии онҳо хеле зич буда, баъзе ҷузҳои муфтхӯриро доранд. Мисол, гидраи сабз бо обсабзи якҳуҷайравӣ.

Обсабзҳои якҳуҷайравй (зоохлорелла) дар протоплазмаи ҳуҷайрае, ки дар ковокии системаи ҳозимаи гидраи сабз ҷойгир аст, ҷойгиранд. Онҳо гидраро бо Ог ва ғизо таъмин мекунанд ва ба ивази ин моддаҳоеро мегиранд, ки барои фотосинтез лозиманд. Ҳамчунин ба сифати паноҳгоҳ онро истифода мебаранд.

Дар олами ҳайвонот аз ҳама ҳамзистии мукаммалшуда дар системаи ҳозимаи термитҳо, ки барои қамчинакдорон ва бактерияҳо ҳамчун паноҳгоҳ хизмат мекунад, мушоҳида кардан мумкин аст. Ба туфайли симбиоз термитҳо метавонанд, селлюлозаро таҷзия кунанд, микроорганизмҳо бошанд паноҳгоҳ ёфтаанд, ки қобилияти берун аз он ҳаёт бурдан надоранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *