Фанни Экология

Мухофизати хавзаи хавои аз ифлосшави

Усулҳои тозакунии ҳавзаи ҳавоӣ

Ҳифзи ҳавзаи ҳавоӣ аз ифлолсиҳои антропогенӣ бо роҳи экологизатсияи равандҳои технологӣ, тозакунии ихроҷи газ аз омехтаҳои зарарнок, паҳншавии ихроҷи газҳо ба атмосфера, барпо намудани минтақаҳои санитариву муҳофизавӣ, корҳои меъмориву банақшагирӣ ба амал меояд.

Экологизатсияи равандҳои технологӣ яке аз чораҷӯиҳои самараноки ҳифзи ҳавзаи ҳавоӣ аз ифлосиҳо мебошад. Он ивазкунии дастгоҳои буғии маҳаллӣ ба гармитаъминкунии мутамарказ, тозакунии пешакии сӯзишворӣ ва ашё аз омехтаҳои зарарнок, ивазшавии ангиштуц мазут ба гази табиӣ ва монанди инҳоро дарбар мегирад. Яке аз масъалаҳои муҳим сохтани намудҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад. Дар баробари ин барои коркарди сӯзишвории боз ҳам тозатар чораҷӯиҳо карда мешаванд. Ба сифати ивазкунандаи бензинистифодаи сӯзишвории газӣ, спирти метил (метанол), навшодир ва сӯзишвории беҳтарин-гидроген мавриди коркарду озмоиши қарор доранд. Коркарди ивазкунии муҳарикҳои карбюторӣ ба дизелӣ, буғӣ, газотурбинний ва ғайра идома дорад. Айни замон моделҳои таҷрибадори автомобилҳо сохта шудаанд, ки дар дохили шаҳр бо қувваи барқ (акумуляторҳо) кор мекунанд ва берун аз ҳудуди шаҳр ба муҳаррикҳои сӯзиши дохилӣ мегузаранд.

Вале сатҳи имрӯзаи рушди экологизатсияи равандҳои технологӣ, воридкунии давродаври технологии маҳдуд барои пешгирии куллии партовҳои моддаҳои заҳдор ба атмосфера кофи нест. Бинобар ин усулҳои гуногунии тозакунии газҳои ихроҷшаванда аз аэрозолҳо (чанг, хокистар, дуда) ва омехтаҳои газшаклу буғшакли заҳрдор (NOx, SO2,SO3,CO) васеъ истифода мешаванд, барои тозакунии партовҳо аз аэрозолҳо вобаста аз дараҷаи ғуборнокии ҳаво, андозаи заррачаҳои сахт ва сатҳи тозакунӣ мувофиқи талабот шаклҳои гуногуни дастгоҳҳоро истифода мебаранд.

Чангиракҳои хушк-сиклонҳо, камераҳои чангтакшинкунанда барои тозакунии механики партовҳо аз зарраҳои калону вазнини чанг муқаррар шудаанд. Дастгоҳҳои мазкур бо таъсири қувваҳои ҷозиба ва марказгурез аз ҳавои ифлосшуда зарраҳои сахтро ҷудо карда мегирад. Барои самаранокии кор сиклонҳои гурӯҳӣ ва батарядорро истифода мебаранд.

Чангиракҳои тар-скруберҳо, газшӯякҳои турбулентӣ зери таъсири қувваи инертсия ва ҳаракати броуновского зарраҳои чанро дар болои қатраҳо такшин менамояд. Скруберҳои Вентури бештар афзалият доранд ва 99% зараҳои андозаашон бе аз 2 мкм-ро тоза мекунад.

Филтрҳои матлоъдор ва доначадор заррачаҳои парокандаи чанги андозааш то 0,05 мкм-ро дошта мегиранд. Хусусан филтрҳое, ки матои нахаш сунъва ба гармӣ тобовар доран, хеле босифат мебошанд.

Филтрҳои барқӣ барои тозакунии газҳо аз заррачаҳочанги андозааш то 0,01 мкм муқаррар шудаанд ва сифатнокии баланд (99,0-99,5) доранд. Усули кори филтрҳои барқӣ дар заминаи ионикунии селаи ғубору газ, ба воситаи зарраҳои чанг қабулкунии заряди манфӣ, ки ҷониби электродҳои мусбат ҳаракат ва дар он ҷо ҷамъ мешаванд, асос ёфтааст. Ҳангоми афшонидани электродҳо заррачаҳои чанги такшиншуда зери вазнинӣ ба поён, ба ҷои ҷамъшавии чанг меафтанд.

Усулҳои омехтаҳои тозашавӣ аз чанг низ босамар буда, тозакунии газҳои агломератсионӣ дар сиклонҳои батарейдор, сипас тозакунӣ дар скруберҳои Вентури ва филтрҳои барқиро дарбар мегирад.

Усулҳои тозакунии партовҳои саноатӣ

Усулҳои тозакунии партовҳои чангу газ аз омехтаҳои газшаклу буғшакл:

бартараф намудани ифлосиҳо бо истифодаи катализаторҳо;

шустани селаҳои газӣ бо маҳлулҳои фурӯбаранда (усули абсарбеонӣ);

бо ҷисмҳои сахти сохташ ултрамикроковок фурӯбарии омехтагиҳои газшакл (усули адсарбсионӣ).

Бо ёрии усули каталитикии тозакунӣ ҷузъҳои заҳдори париовҳои саноатӣ бо таъсири катализаторҳо ба моддаҳои безарар ё камзарар табдил меёбанд. Бо кӯмаки он сӯзиши католитикии оксиди карбон то диоксид ва диоксиди сулфур то оксид ба амал меояд. Ҳамчунин барқароршавии оксид азот бо навшодир то азоти элементарӣ имкон дорад.

Усули абсарбсионии тозакунӣ дар фурӯбарии омехтаҳои зарарноки газшакл бо фурӯбарандаи моеъ-абсарбент асос ёфтааст. Ба сифати абсарбент об, маҳлули ишқорҳо, навшодир ва ғайра истифода мешаванд. Пайвастагиҳои газшакли сианистиро бо маҳлули 5%-и купороси оҳан абсарбсия мекунанд. Дастгоҳе, ки дар он раванди абсарбсияч ба амал меояд, абсорбер ном дорад.

Усули адсорбсиониитозакунӣ имкон медиҳан, к ибо ёрии адсорбенҳо, яъне ҷисмҳои сахти сохташ ултрамикроковок-ангишти фаъол, гилхок (оксиди алюминий), силикагел, сеолит, хокистари варақсанг ва моддаҳои зарарнок ҷудо карда шаванд. Масалан, дар неругоҳҳои атомӣ усули тозакунии газҳои технологӣ бо роҳи сорбсияи маҳсулоти радиоактивӣ дар филтрҳои ангиштӣ-адсорбентҳо, ки дар ҳамаи реҷаҳои кори неругоҳ ифлосшавии атмосфераро пешгирӣ менамояд, васеъ истифода мешавад. Парокандашавии омехтагиҳои газиро дар аимосфера барои суст кардани консентратсияҳои хатарноки омехтагиҳои газиро дар атмосфера барои суст карданиконсентратсияҳои хатарноки омехтагиҳо то меъёри муайяншуда истифода мебаранд. Чуноне, ки иаҷриба нишон медиҳад, дар қабати наздизаминии атмосфера, дар қарибии корхонаҳои калон консентратсияи моддаҳои зарарнок дар ихроҷҳои газӣ аз меъёр зиёдтар мебошад, гарчанде барои тозакунии газҳо ва экологизатсияи равандҳои технологӣ чораҷуиҳо карда мешаванд. Парокандашавии партовҳои чангу газ бо ёрии дудкашҳои баланд ба амал меояд. Чӣ қадаре ки дудкаш баланд бошад, ҳамон қадар зиёдтар парокандашавӣ ба вуҷуд меояд. Дар аксари корхонаҳо баландии дудкашҳо ба 300-400м мерасад. Парокандакунии ифлосиҳо масъалаи бамиёномадаро ба пкррагӣ ҳал намекунад, зеро масъалаи бориши борони кислотный вуҷуд дорад. Бинобар ин парокандакунии моддаҳои зарарнок чорабинии ноилоҷ мебошад, чунки дастгоҳҳои тозакунандаи вуҷуддошта партовҳоро аз модаҳои зарарнок ба пуррагӣ тоза карда наметавонад.

Ҳифзи ҳавои атмосферӣ аз партовҳои зарарноки корхонаҳо то андозае бо сохтмони митақаҳои санитарӣ-муҳофизавӣ ва меъморӣ-банақшагирӣ алоқаманд аст.

Митақаҳои санитарӣ-муҳофизавӣ митақаҳоест, ки манъбаҳои ифлосиҳои санитариро аз биноҳои истиқоматӣ бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз таъсири омилҳои зарарноки истеҳсолот ҷудо мекунад. Ҳаҷми майдони митақаҳои санитарию муҳофизавиро аз ҳисоби миқдор ва дараҷаи зарарнокии моддаҳои ба атмосфера ихроҷшуда муайян месозанд. Дар минтақаҳои мазкур дарахту бутаҳо шинонида мешаванд. Оид ба самаранокии кабудикунонӣ маълумотҳои зерин шаҳодат медиҳанд: сӯзанбаргҳои як гектар ҷангали ҷангали санавбар 32 тонна чангу ғубор, баргҳои дарахти шамшод 68 тонна чангро дошта мегиранд.

Чорабиниҳои маъмурию банақшагирӣ ҷойгиркунии дурусти манбаи партовҳо ва ҷойҳои аҳолинишинро бо назардошти самти бод, интихоби ҷой барои сохтмони корхонаи саноатӣ ва роҳҳои автомобилгард дарбар мегирад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *