Фанни Экология

Асосхои экологии хифзи мухити зист

Принсипҳои асосии ҳифзи табиат

Илми экологии муосир собит намудааст, ки биота rобилияти танзимкунии муҳити табиии атрофро дорад ва онро ба ҳолати аввалааш меорад. Лекин ин имконияти биота ҳадди муайян дорад. Rисми табиии маҳфузмонда дигаргуниҳои аз xониби инсон воридшударо xуброн менамояд, вале ин xуброн барои ба ҳолати аввала овардани муҳити табиӣ камӣ мекунад. марҳилаи робитаи байниҳамдигарии xомеъа ва табиат буҳрони экологӣ ном гирифтааст.

ҳифзи муҳити зист системаи чорабиниҳои давлатӣ ва xамъиятӣ (технологӣ, иrтисодӣ, маъмурӣ-ҳуrуrӣ, маърифатӣ, байналмилалӣ) буда, барои муносибати байниҳамдигарии xомеъа ва табиат, ҳифзи оилаҳои экологии амалкунанда ва зихираҳои табиӣ равона шудааст. Баъзан истилоҳи «ҳифзи биосфера» низ истифода мешавад ва он системаи чорабиниҳоро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, ки барои бартараф намудани таъсири манфии антропогенӣ ба биосфера, дастгирӣ кардани ташакулнокии он равона щудааст, дарбар мегирад.

ҳифзи муҳити бо истифодабарии захираҳои табиат алоrаи зич доард. Истифодаи захираҳои табиат инҳоро дарбар мегирад:

ҳифз, барrароркунӣ ва таxдиди захираҳои табиӣ ба даст овардан ва коркарди он;

истифода ва ҳифзи имконоти табиӣ ба сифати муҳити зисти инсон;

нигоҳдорӣ, барrароркунӣ ва дигаргунии мувозинати экологии систамаҳои табиӣ;

танзими афзоиши инсон ва шумораи одамон.

Истифодабарии захираҳои табиӣ такмилёфта ва такмилнаёфта мешаванд. Истифодабарии захираҳои табии такмилнаёфта нигоҳдории захираҳои табииро таъмин намекунад, мувозинати экологӣ ва экосистемаҳоро вайрон месозад. Истифодабарии захираҳои табиии такмилёфта истифодабарии маxмаавии сарватҳои табииро ифода менамояд. Истифодаи такмилнаёфтаи захираҳои табиӣ ба бeҳрони иrтисодӣ оварда мерасонад, истифодакунии мутаносибаи экологӣ роҳи баромад аз бeҳронро ба вуxуд меорад.

Солҳои охир мафҳуми нав-бехатарии экологӣ пайдо шуд, ки он ҳолати муҳофизавии муҳити табиат ва манфиатҳои экологии ҳаётан муҳими инсонро ифода мекунад. Асоси илмии ҳамаи чорабиниҳои таъмини бехатарии экологии аҳотӣ ва истифодабарии такомулёфтаи захираҳои табиӣ экологияи назариявӣ ҳисоб мешавад, ки принсипҳои муҳими он барои дастгирии гоместази экосистемаҳо нигаронида шудаанд.

Пешгирии бeҳрони глобалии экологӣ масъалии муҳими илмӣ ва амалии муосир ба шумор меравад, ки ҳалли он дар коркарди маxмааи чораҳои зиддибeҳронӣ дида мешавад. Пешгирии бeҳрони экологӣ танҳо дар ҳолати ҳамоҳангии инкишофи табиат ва инсон имконпазир аст. Маrсади умумии ҳифзи муҳити зист аз он иборат аст, ки иrтидори глобалии ибтидоии захираҳои табиӣ дар раванди рушди таърих торафт беrувват мешавад. Бинобар ин инсоният барои ривоxу равнаrи илму техника саъю кeшиш намояд, то ки ин иrтидорро васеъ ва бо пуррагӣ истифода барад. Инчунин ҳамаи rисматҳои муҳити табиат-ҳавои атмосферӣ, об, хок ва uайраро дар алоҳидагӣ неву ба пуррагӣ, чун экосистемаҳои ягонаи табиии биосфера бояд ҳифз намуд. Танҳо дар натиxаи чунин муносибати экологӣ таъмини ҳифзи ландшафтҳо, rаъри замин, генофонди ҳайвонот ва наботот имкон дорад.

Fояи муҳими истифодабарии захираҳои табиӣ мувофиrати манфиатҳои экологиву иrтисодӣ ба шумор меравад ва он ба рeҳияи Конфронси Байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид (соли 1992 дар Рио-де-Жанейро) xавобгeй мебошад.

Бeҳроони экологӣ маxмааи сабабҳои объективӣ ва субъективиро дарбар мегирад, ки дар байни онҳо муносибати истеъмолгароии табиат, беаҳамиятӣ нисбати rонунҳои экологӣ дар xои охир меистад. Маxмeи чорабиниҳое, ки барои пешгирӣ намудани бeҳрони экологӣ равона шудааст, инҳоро дарбар мегирад:

барпо ва ворид намудани технология ва истиrомати тоза ва бепартови экологӣ, таxдиди фондҳои асосӣ;

рушд ва такомули додани механизми иrтисодии ҳифзи муҳити зист;

чораxeии пешгирии маъмурӣ ва ҳуrуrӣ нисбати rонунвайронкуни-ҳои экологӣ;

ҳамоҳангии шуури экологӣ ва муносибатҳои байналмилалии экологӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *