Фанни Экология

Экологияи иттиходхои (оила) биотики

Биосеноз

Биосеноз ё оилаи биотикӣ — системаи организмҳо мебошад, ки аз наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳо иборат аст. Қисми набототии биосеноз — фитосеноз, ҳайвонотӣ — зоосеноз, микробӣ — микробиосеноз номида мешавад. Дар пайвастагӣ — биосеноз ва биотоп биогеосенозро ташкил мекунанд, ки сатҳи баланди ташкилотро дорост. Экосистемаҳо иттиҳоди биотикии ҳаҷмаш гуногун — аз ҳавз сар карда то уқёнусси Ҷаҳонӣ, аз кунда сар карда то ҷангалҳои калонро дарбар мегирад. Бинобар ин дараҷаҳои зерини экосистемаҳоро ҷудо намудан мумкин аст: микроэкосистемаҳо ( гулсанг ), мезоэкоэкосистемаҳо ( ҳавс, кӯл, дашт ), макроэкосистемаҳо ( қитъа, уқёнус ), биосфера ё экосистемаи глобалӣ

Экосистемаҳои табиӣ кушода мебошанд: онҳо моддаҳо ва қувваро аз берун аз берун гирифта, ба берун медиҳанд. Масалан, биосфераи Замин як қисми моддаҳоро ба Коинот медиҳад ва инчунин аз Коинот моддаҳоро қабул мекунад. Вале захираи модаҳои истеъмолшаванда беинтиҳо нестанд, бинобар ин моддаҳо дар натиҷаи гардиш чандкарата истифода мешаванд. Агар гардиши абадиӣ намебуд, ҳаёт дар рӯи Замин номумкин мешуд. Муносибатҳои мураккаби биологии экосистемаҳо дар асоси компонентҳои асосии зерин ба вуҷуд меояд:

1.Моддаҳои ғайриорганикӣ , ки дар гардишҳо иштирок менамоянд;

2. Пайвастагиҳои органикӣ, ки қисматҳои биотикӣ ва абиотикиро алоқаманд мекунанд;

3.Муҳити абиотикӣ — обӣ, хокӣ, ҳавоӣ ва ғайра;

4. Продусентҳо — организмҳои автотрофӣ, асосан растаниҳои сабз;

5.Консумментҳо — гетеротрофҳо, асосан ҳайвонотҳо;

6.Редусентҳо ё сапрофҳо, асосан бактерияҳо ва замбуруғҳо.

Организмҳои фотосинтез ва хемосинтезкунанда маҳсулот — моддаҳои органикиро ба миқдори 100 млрд тонна дар як сол ҳосил мекунанд. Ҳамин қадар моддаҳо дар натиҷаи нафаскашиирастаниҳо бояд ба СО2 ё Н2 О табдил меёбанд.

Нафаскашӣ-равандигетеротрофииоксидшавиимоддаиорганикииҷамъшудаҳангоми

Фотосинтезмебошад.Бе раванди нафаскашӣ ва пӯсту ҳаёт дар рӯи Замин номумкин мебуд. Нафаскашӣ се намуд мешавад; нафаскашии аэробӣ – вақте, ки оксигени газшакл гидрогенро пайваст мекунад; нафаскашии анаэробӣ – вақте, ки модаҳои ғайриорганикӣ вазифаи оксидкунандагиро дорканд; туршавӣ — вақте ки моддаҳои органикӣ ба сифати оксидкунандагӣ хизмат мекунанд.

Маҳсулнокии экосистема — ҷониби продусентҳо суръати азхудкунии нури офтоб дар раванди фотосинтез ва пайдоиши моддаи органикӣ, ки минбаъд ҳамчун ғизо истифода мешавад. Моддаҳои органикие, ки продусентҳо ҳосил мекунанд, маҳсулоти аввал номида мешавад, моддаҳои консументиро, ки бар воҳоди вақт илова мешаванд, маҳсулоти дувум меноманд.

Сохти трофикии экосистемаҳо дар шакли пирамидаи экологӣ инъикос мешавад, ки пояи он сатҳи продусент ҳисоб мешавад ва сатҳи ғизоии баъдина ошёнаҳо ва қулаи пирамидаро ташкил медиҳанд .Чунин намудҳои пирамидаҳо вуҷуд доранд:

1. Пирамидаи ададҳо (Элтон)миқдори организмҳоро дар ҳар як дараҷа инъикос менамояд;

2.Пирамидаи маҳсулот ( қувва) , ки дигаргунии маҳсулоти ( энергия), авваларо дар ҳар як миқёси трофикӣ нишон медиҳад;

3.Пирамидаи биёмасса, ки андозаву вазни моддаи зиндаро ифода мекунад.

Пирамидаи ададҳо қонуниятеро инъикос менамояд, ки миқдори ҷинсҳо торафт аз продусентҳо ба консумнетҳо кам шудан мегирад. Қоидаи пирамидаи биёммаса талқин менамояд, ки ҳаҷми умумии растаниҳо аз алафхӯрҳо калонтар аст ва вазни онҳо аз биоммасаи дарандаҳо бештар аст. Қоидаи пирамидаи маҳсулот нишон медиҳад, ки дар ҳар як дарачаи торфикии пешина миқдори биоммаса нисбат ба минбаъд зиёдтар аст.

Гомеостаз — истодагирӣ кардани экосистемаҳо ва таркибҳои онҳо бар дигаргуниҳо ва нигоҳдории мувозинат. Экосистема системаи худтанзимкунанда буда, механизмҳои зиёди идоракунанда доард. Масалан , дар системаи « дарранда — ҷабрдида» робитаи мусбат популятсияи ҷабрдидаро беҳад зиёд мекунад, робитаи манфӣ афзоиши популятсияи қурбониро аз ҳисоби зиёдшавии миқдори популятсияи дарранда маҳдуд месозад.

Сохти намудӣ, фазоӣ ва экологии биосеноз.

Барои мавҷудияти иттиҳод намудҳои, балки гуногунии онҳо низ муҳим аст, ки он асосии гуногунии биологӣ дар табит ҳисоб мешавад. Зери мафхуми биогуногуни гуногунии чинсхо дар чорчубаи намуд, гуногунии намудхо ва экосистемахо дар назар дошта мешавад. Гуногуни асоси устувори дар инкишофи намудхо ва популятсияхо мебошад.

Биосеноз се наиуд сохт дорад: намуди, фазои ва экологи. Сохти наиуди шумораи намудхо мебошад, ки биосеноз ва таносуби микдор ва андозаи онро ташкил иедихад. Нишондодхои мухими хар як намуди алохида дар сохти намудии биосеноз инхоянд:

  • Фаровонии намуд, яъне микдор ва андозаи чинсхои намуди мазкур дар вохиди масохат ё хачми масохати ишголкарда;
  • Суръати вохури таносуби фазоии микдори намудхо нисбати микдори намудхо; Дарачаи хукмфармои _ таносуби микдори чинсхои намуди мазкур нисбати тамоми чинсхои гурухи тахкикшаванда.
  • Гуногунии намудхо — микдори намудхо дар иттиход ё митакаи мазкур. Биосенозхои намудашон доро ё нодоро вучуд доранд. Гуногунии намудхо аз синнусоли оила ( иттиход ) ва некуахволии омилхои асосии экологи вобаста аст. Минтакахои гузариши байни иттиходхоро экотон меноманд, ки ба гуногунии зиёди намудхо фарк мекунад.

Иттиходхо ду намуд мешаванд: намудхои доминанти ( хукмфармо ) ки афзалияти микдори доранд ва намудхои дуюмдарача, ки микдорашон кам аст ё нодир мебошанд. Дар байни доминантхо хусусан эдификатхо ( бинокорон ), яъне намудхон, ки микроиклими тамоми иттиходро муайян мекунанд, фарк карда меистанд.

Сохти фазоии биосеноз — таксимоти организмхои гуногуншакл дар фазо. Сохти фазои, пеш аз хама, бо кисми набототи биосеноз ба вучуд меояд. Ду намуди сохти биосеноз — вертикали ва горизонтали вучуд дорад. Малалан, дар чаганлхои пахнбарг чунин табакахоро иушохида кардан мумкин аст: табакаи аввал — булут, зерфун, ларг; табакаи дуюм — рябина, себ, нок; зерчагали буттави — крушина, бересклет, алафхои баланд; алафхои паст.

Сохти экологи — таносуби организмхои гуруххои экологиашон гуногун. Биосенозхои сохти экологиашон монанд таркиби намудхои гуногун дошта метавонанд. Зеро токчахои экологи бо намудхои экологии ба хам монанд машгуланд ва ин намудхоро намудхои ивазкунанда меноманд.

Хар як популятсия мавкеъ ва токчаи экологии муайян доранд. Чои зист — минтака ё акватория, ки мачмааи омилхои экологиро доранд. Чои зист намуд компоненти токчаи экологии он мебошад. Дар робита бо хайвонхои руизамини чои зисти намуд стстсия ва чои зисти иттиход биотоп номида мешавад.

Токчаи экологи — мавкеи намуд дар табиат ё хамаи омилхои мухит, ки дар микёси он намуд муддати тулони вучуд дошта метавонад. Барои тавсифи токчаи экологи одатан ду нишондоди мухим ба назар гирифта мешавад: васъгии токча ва дарачаи махкамкунии он. Токчахои экологии намудашон гуногун пахноии гуногун доранд ва дар дарачахои гуногун махкам мешаванд, Токчаи экологи фундаментали, ки бо хусусиятхои физиологии организм муайян мешавад ва амалишуда, ки дар худуди он намуд дар хакикат вучуд дорад, мешавад.

Ракобат— муносибатхои манфии организмхо, ки байни худбарои захирахои берунаорганизмхобароизахирахоиғизои, Ҳамҷинсимутақобил , паногоҳ, рушнои ва ғайра боҳамрақобат менамоянд. Ракобати бевосита ва бавосита, байнинамуди ва гайра бо хам ракобат мекунанд. Ракобати бевосита ва бавосита, байнинамуди ва дохилинамуди вучуд дорад. Ракобати бавосита( гайрифаъол) — мубориза барио захирахои мухит, ки барои хамаи намудхо зарур аст. Ракобати бевосита ( фаъол ) фишор овардани як намуд ба намуди дигар. Ракобати дохилинамуди ракобати байни чинсхои як намуд мебошад. Ракобати байнинамуди байни чинсхои як намуд мебошад. Ракобати байнинамуди байни чинсхои гуногуннамуд ба амал меояд. Ракобат дар шакли мубориза барои токчахои экологи ба вучуд меояд ва ба интихоби табии оварда мерасонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *