Фанни Экология

Муноқишаҳои ҳарби ва таъсири онҳо ба муҳити атроф

  1. Оқибати экологии моҷароҳои калони ядроӣ

Назариявӣ муайян карда шудааст, ки таркиши бомбаи термоядроии тавоноиаш 1 мегатон (тахминан 65 маротиба аз тавоноии бомбаи дар Хиросима соли 1945 партофташуда пурқувваттар аст) ба болои шаҳри аҳолиаш 1 млн. партофта шавад, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Танҳо аз ҳисоби зарбаи мавҷӣ, шуопошиҳои гармӣ ва радиатсия 300 ҳазор нафар фавтида ва қариб 700 ҳазор нафар ҷароҳатҳои гуногун хоҳанд гирифт, ки ин метавонанд сабаби паҳншавии ҳаргуна бемориҳои гузаранда шавад.

Таркиши бомбаи нейтронии тавоноиаш ҳамагӣ 1 килотонна, дар баландии ҳамагй 300-900 метр дар ҷойҳои кушод ба чунин оқибатҳои нохуш оварда мерасонд (ҷадвали 49):

Ҷадвали 49

Оқибатҳои таьсири таркиши бомбаи нейтронй

Майдонҳои ба нести овардашуда ба ҳисоби га

Объектҳои нестшаваида

270

Тамоми одамон дар муддати 5 дақиқа

520

50% одамон дар муддати якчанд руз

490

Тамоми ширхӯрҳо ва хазандаҳо

330

Тамоми дубаҳраҳо ва хазандаҳо

310

Тамоми дарахтони сӯзанбарг

140

Маргзорҳо

110

Ҷангалзорҳои тропикй

100

Ҳашаротҳо

40

Микроорганизмҳо ва бактерияҳо

Агар бомбаи атомии муқарарии тавоноиаш монандро муқоиса кунем вай ҳамаги 50 га майдонро вайрон мекунаду халос.

Дар рафти моҷароҳои атомии Сайёра ба ғайр аз таъсири бевоситаи яроқи атомӣ, боз чор самараи баъдинаи умумисайёравиро ба эътибор гирифтан лозим аст (М. Харауэлл; Н. Н. Моисеев, М. И. Будыко ва диг.).

Яке аз ин самараҳо «шаби ядроӣ» мебошад. Дар натиҷаи зарбаҳои ядрой (ҳатто дар натиҷаи истифодаи сеяки яроқҳои атомии мавҷуда) ба стратосфера миллиардҳо тонна чангу хок, дудғала ва заррачаҳои дигар интиқол меёбанд. Ба акидаи А. Сергеев (1998) нафту газй дар чоҳҳои коркард ва амборҳо то 2,5 млрд. тоннаро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо сӯхта ба ҳавои атмосфера микдори зиёди ҳаргуна моддаҳоро интиқол медиҳанд. Майдони зиёди ҷангалҳо оташ гирифта аз ҳисоби онҳо ба ҳавои атмосфера 1,2млрд. заррачаҳои дуд ва гарду чанг ба ҳаво интиқол меёбанд. Пайдошавии миқцори зиёди абрҳои чангу ғуборй тамоми атмосфераи Заминро фаро гирифта, зичии оптикй зиёд шуда, расиши рӯшнои офтобро то дараҷае паст мекунад, ки аз шаби бемоҳ ҳам пасттар мешавад, ки ин ба «шаби торикӣ бемоҳ» монанд аст.

Ин ҳолат моҳҳои зиёд давом карда, ба пастшавии ҳарорати Замин оварда мерасонад. Дар натиҷа ҳарорати миёнаи солонаи Замин то -15- 20°С паст мешавад, дар қутби шимол бошад то -23°С, ки дар натиҷа обанборҳои зиёд ях карда, «зимистони ядроӣ» оғоз мешавад.

Дар бисёр минтақаҳои ҷанубй ба туфайли оқибатҳои «зимистони ядроӣ» (харорати миёнаи солона пастшуда, тақсимоти боронгариҳо тагйир ёфта, фотосинтез паст мешавад ва ғ.). Ғайр аз ин тағйирёбиҳо, ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии кдшлоқ ҳам кам мешаванд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо на танҳо мамлакатҳои дар моҷаро иштирокдошта, балки дигар мамлакатҳои дар моҷаро иштирок надоштаро ҳам фаро мегиранд, ки оқибат ба пайдошавии самараи асосии оқибати моҷарои ядроӣ «гуруснагии глобалӣ» оварда мерасонад. Пешгуи мекунанд, ки микдори нафарони аз гуруснагӣ фавтида назар ба муҳорибаҳои ҷангй афзунтар мешаванд.

Самараи чоруми оқибати моҷарои ядроӣ саросар олудашавии тамоми сайёра бо радионуклидҳО мебошад, ки ин на танҳо аз ҳисоби яроқи ядроӣ, балки аз ҳисоби вайроншавии ИБА, заводҳои сузишвории ядроӣ, амборҳои партовҳои радиофаьол ва ғ. ҳам ба амал меояд. Ҳамаи ин ба бемории саратон ва тағйирёбии маводҳои наслй (мутатсия) оварда мерасонад, ки микдори онҳо аз даҳҳо то садҳо миллион мерасанд.

Боз як чизи дигарро ба эҳтимол гирифтан лозим аст, ки шуопошиҳои ионӣ ба намудҳои гуногуни ҳайвонот ва паррандаҳо таъсир мерасонад, ки назар ба одамон онҳо қобилияти дарк кардани ин хатарҳоро надоранд ва худро муҳофизат кардан наметавонанд. Як чизро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки ин организмҳо дар ҳастии фаъолияти ҳаётии микроорганизмҳои сирояткунанда иштирок доранд. Гуфтан лозим, ки радиатсия дар тагийрёбии микроорганизмҳо ҳам иштирок дошта рафтор ва тарзи барангезандагии онҳоро метавонад дигар кунад. Ин ба муносибати дар рафти такомул амалй шудаи микроорганизмҳо ба одамон ва ҳайвонот таъсир хоҳад расонд. Дар навбати худ ҳамаи ин ба тағйирёбии доимии ҷамоаҳои табий оварда мерасонад ва муносибатҳои фаъоли касалиовари микроорганизмҳоро ба миён меорад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки намудҳое ҳосил мешаванд, ки аз таъсири уран, плутони ва дигар элементҳои радиофаъол намемиранд. Ин маънои онро дорад, ки бактерияҳои мутантҳо сарчашмаи паҳнкунандаи элементҳои радиофаъол мегарданд. Ин ба окибатҳои нохуш меоранд, ки назар ба бемории тоун, табларзаи асри миёнагй ва СПИД-и асри XX таъсири бештар дорад.

Ҳамин тавр, таъсири глобалии моҷарои ядрой новобаста аз он ки дар кадом минтақа ва аз тарафи, ки оғоз мегардад, ба як натиҷа офати биосферавй оварда мерасонад. Барои ҳамин, пешгирии моҷарои ядроии глобалй фаъолияти олии ҳар як давлат, роҳбарони давлат, роҳбарони ҳарбй ва ҳар шахси соҳибақл мебошад.

Оқибатҳои экологаи истифодабарии яроқҳои бактериолога

Яроқҳои биологй (бактериологй) яроқҳои катли оммавӣ буда, воситаҳои ҷангии биологии (ВҶБ) таъсири хусусияти бемориро ба амал оваранда доранд. Ба сифати сарчашмаи бемориҳо микрорганизмҳои гуногунро истифода мекунанд, ки ба организми одамон, ҳайвонот ва растаниҳо дохил шуда, сабаби бемориҳои оммавӣ мегарданд.

Ба ин микроорганизмҳо вирусҳо, бактерияҳо, занбӯругҳо ва соддатаринҳои сирояткунанда дохил мешаванд. ВҶБ ба марговар ва аз саф баровардани сарбозон ҷудо карда мешаванд. Онҳоро дар шакли моеъ ё ки хушк, ҳамчунин бо ёрии ҳашаротҳо, канаҳо ва хояндаҳо паҳн карда мешаванд. Чунин шаклҳои ВҶБ фарқ карда мешаванд:

  1. аз синфи бактерияҳо — барангезандаи тоун, сибирская язва , сапа, вараҷа, вабо ва ғ. дохил мешаванд.
  2. синфи вирусҳо — барангезандаҳои бемории вараҷаи тропикй, нағзаки асил (натуральной оспы), намудҳои гуногуни омоси майна (энцефолит) ва энсефаломеситҳо, вараҷаи Денге ва ғ.
  3. аз синфи риккетсияҳо — барангезандаи домана, вараҷаи доғдори теғаи кӯҳӣ, вараҷаи сисигамуш ва ғ.
  4. аз синфи занбурӯғҳо — барангезандаи бластомикоз, коксидиоидомикоз, гистоплазмоз ва ғ.

Яроки биологй аз рӯи оқибатҳояш яке аз яроқҳои даҳшатноктарин ба ҳисоб меравад. Аввалин бор яроқи биологиро дар ҷанги якуми ҷаҳон олмониҳо бо роҳи олудагардонии аспҳои рақибони худ бо сапа кӯшиш карданд. Новобаста аз он ки қисми зиёди давлатҳои олам соли 1972 дар Конвенсия оиди манъ кардани коркард, озмоиш ва истеҳсоли яроқи биологй ва заҳрнокро имзо карда бошанд ҳам, дар бисёр давлатхо тадқиқотҳо оиди яроқҳои биологй давом доранд. Аз рӯи маълумотҳои марказй ҷосусии ИМА яроқҳои биологй то кунуну ба давлатҳои сеюмин паҳн гардонида шуда истодааст ва аз эҳтимол дур нест, ки ба дасти одамони тасодуфй ҳам меафтанд. Аз сабаби арзон будан, коркарди хеле сода ва таъсири рӯҳии зӯр доштанаш (ҷадвали 50) бисёр давлатҳо мехоҳанд истеҳсоли онро ба роҳ монанд.

Инкишофи биология ва муҳандисии генй, ҳамчунин тадқиқотҳои биологй ва кимиёвй барои сохтани намуди яроқи нави биокимиёвй замина мегузарад, ки он дар конвенсия оиди манъкунии яроқҳои биологй ва кимиёвй дохил намешавад.

Мутахассисон тасдиқ мекунанд, ки истифодаи яроқҳои бактериологй дар ҳудуди аз дуюм дараҷа то офати калони экологй оварда метавонанд. Истифодаи микроорганизмҳои зарарнок ба барангезиши бемориҳои нав ё ки баргаштан ба бемориҳои кӯхна меоранд, ки микдори фавтидагон аз эпидемияи тоуни асримиёнагӣ ҳам чандин маротиба афзунтар мешаванд. Микроорганизмҳои зараровар дар системаҳои экологии таҳҷои ҷойгир шуда, сарчашмаҳои барангезишӣ доимии бемориҳоро созмон медиҳанд. мисол, батсиляи язваи имбирӣ қобилияти ҳаётии худро дар хок давоми 50-60 сол нигоҳ медорад. Ьахусус паҳн кардани микроорганизмҳо ва вирусҳои нав дар минтақаҳои гарм ва намнок хеле хавфнок мебошад. Мисол, паҳн намудани вируси вараҷаи тропикй дар ҷангалҳои тропикй ба мурдани намудҳои зиёди приматҳо оварда мерасонад.

Ҷадвали 50

Тавсифи таъсири зарароварии ярокҳои қатли оммавӣ
(аз рӯи В. В. Довгуш ва диг., 1995)

Нишондодҳои

асосӣ

Намудҳои ярокҳои қатли оммавй (ЯҚО)

Бомбаи

термоядрой

Яроқи кимиёвй

Яроқи биологи

Мивдори мода- ҳои тарканда

20 мегатонна

20 кг

20 кг

Фавтидагон ё ки беморшави дар ҷойи зарардида

98%

30%

25-75% бемориҳо

Хрдисаҳои

боқимоыда

Паҳншавии заррачаҳои радиофаъол дар давоми 6 моҳ дар май- дони 2500 км3

Аз 3 то 36 соат дар минтақаи аввали заҳрдида

Эҳтимолияти

паҳншавии

эпидемия

Вақти расидани мшғоли сарҳади зараррасида

3-6 моҳ

Агар моддаҳои заҳролуд устувор набошанду баъди истифодаи мод- даҳои заҳрнок

Баъди давраи инкубатсионӣ

Ниҳони исти- фодабарии он

Суст

Мумкин аст

Хеле баланд аст

Тарз ва восита- ҳои муаяйн кардани он

Хеле содда

Мураккаб, вале бо зудӣ амиқ

Мураккаб ва хеле дуру дароз

Арзиши истеҳсоли яроқ

Хеле гарон

Нисбатан гарон

Нисбатан хеле арзон

Воситаҳои

муҳофизатӣ

Кӯчидан, паногоҳ, воситаҳои ҳифзи шахсй

Паноҳгоҳҳои бо ҳавото закунакҳо ҷиҳозонидашуда

Иммуноккунии

аҳоли,

паноҳгоҳҳои бо филтр (полоиш) ҷиҳозонидашуда

г1ҳтимолияти зарбаи ҷавобӣ

ҳа

ҳа

Агар зарба ниҳонӣ амалӣ шавад, нофаҳмо мемонад.

Дар рафти ҷанги Ветнам миқдори зиёди каламушҳои ҷангалӣ, ки барангезандаҳои тоун ба ҳисоб мерафтанд ба ноҳияҳои аҳолинишин интиқол ёфта, калламушҳои хонагӣ ва одамонро заҳролуд карданд, ки дар натиҷа соли 1965 зиёда аз 4 ҳазор нафар одамони маҳаллӣ ва сарбозони амрикоӣ фавтиданд.

Соли 1979 дар натиҷаи ба ҳавои атмосфера интиқол ёфтани вируси язваи сибирй аз лабораторияи ҳарбй дар давоми 24 соат 69 нафар одам ба ҳалокат расид. Моҳи майи соли 1988 дар натиҷаи интиқоли заҳрҳо дар дашти Тургайск зиёда аз 500 ҳазор сайгак фавтиданд. Барои ҳамин хам пурра бартараф кардани коркард ва истеҳсоли яроқи биологй ҳам барои одамон, ҳам табиати зинда хеле муфид аст.

  1. Яроқҳои қатли оммавии биосферавй ва таҷрибаҳои истифодаи онҳо дар моҷароҳои ҳарбӣ

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар як қатор мамлакатҳои ғарб имкониятҳои ба муҳити атроф таъсир расонданро бо мақсади моҷароҳои ҳарбй таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекарданд. Ин бо он вобастааст, ки ҷараёнҳои геофизикӣ, якум захирахои зиёди энергия доранд. Дуюм ба воситаи таъсири ҷараёнҳои табиӣ аз як тараф ба артиши душман ва иқтисодиёти он зарари калон расонида, аз дигар тараф таъсири омилҳои табиӣро ба артиши худ кам мекунанд. Сеюм эҳтимолияти бохти нисбатан хеле содца ва воситаи арзони душман ба даст оварда мешавад, ки оқибати он ба намудҳои ЯҚО қариб якхела аст.

Амрикоиҳо дар рафти муҳорибаҳои ҷанги Ветнам як қатор усулҳои бо роҳи сунъӣ ҳосил кардани селро бо ёрии боришотҳои атмосферавй, бо роҳи вайрон кардани иншоотҳои обй зери об мондани хамвориҳо, баамал овардани сӯхторҳо, тағйир додани иқлим, бо роҳи вайрон кардани релеф ва нест кардани майдони зиёди растаниҳоро хеле хуб истифода карда ба системаҳои экологии Ветнам таъсири ҷиддй расониданд. Маҳз дар ҳамон давра А. Голфсон мафҳуми «экосид» (ҷанги экологи)-ро истифода кард.

Имруз мафҳумҳои зиёд: экосид, террасид, ҷанги иқлимӣ, ҷанги

геофизикӣ ва ғ. истифода мебаранд, аммо азбаски объекти охирон ҳама вақт моддаҳои зиндаи биосфера қарор доранд, истифодаи мафҳуми истилои «ҷанги биосферавӣ» мувофиқтар аст.

Ҷанги биосферавӣ як қисми моҷароҳои ҷанги буда, асоси он касдан бо таъсири фаъол ба ҷузъҳои зинда ва ғайризиндаи муҳити атроф бо роҳи ниҳони истифода бурдани энергияи ҷараёнхои геофизикй ё ки мавҳ кардани фаъолияти объектҳои биологй мебошад.

Барои ба мақсад ноил шудан намудҳои нави ЯҚО биосферавӣ — геофизикӣ, экосидӣ ва техносферавй истифода мешаванд. Ба ақидаи В. К. Бутылкин ва В. И. Думенко чунин намудҳои яроқҳои геофизикиро фарқ кардан мумкин аст.

Яроқҳои метеорологй таъсир расонидан ба ҷараёнҳои атмосферавӣ, истифодаи ҷараёнҳои ҳаракати атмосферавӣ бо мақсади паҳн намудани модцаҳои радиофаъол, кимиёвӣ ва биологӣ, амалӣ гардонии сӯхторҳо, вайрон кардани қабати озонӣ, тағйир додани таркиби газии атмосфера дар ҳаҷми таҳҷойи бо ёрии барқ, таъсир расонидан ба атмосфера.

Яроқҳои гидросферавӣ тағйир додани хосияти кимиёвӣ, табииётӣ ва барқии уқёнус, амалӣгардонии мавҷҳо ба монанди сунамй, олудакунӣ ва заҳролудкунии обхои дохилй, вайрон кардани иншоотҳои обй бо мақсади обхезиҳо; таъсир расонидан ба тундбодҳо (тайфунҳо) ва ғ.

Яроқҳои литосферавӣ бо роҳи сунъи тақвмят бахшидани заминҷунбй ва фаъолгардонии кӯҳҳои оташфишон.

Яроқҳои иқлимӣ тағйир додани ҳарорат дар минтақаҳои муайян ва иқлим дар маҷмӯъ.

Яроқҳои экосидиро барои нест кардани муҳити ҳаётии организмҳои зинда ва пеш аз ҳама одамон истифода мебаранд. Бо онҳо арборисидҳо (моддаҳои кимиёвй барои нест кардани растаниҳои дарахтӣ ва буттаҳо), дефолиантҳо, барои пеш аз муҳлат рехтани барги растаниҳо, дигар модцаҳои кимиёвӣ ва шуопошиҳои табииётй истифода мешаванд.

Заҳрхимикатҳо ва истифодаи онҳо дар ҷангҳои биосферавӣ

Заҳрхимикатҳоро ҳам ба сифати яроқҳои биосферавӣ истифода мекунанд. Онҳоро асосан бо мақсади вайрон ё ки нест кардани экосистемахои дар сарҳади душман буда истифода мебаранд, то ки фаъолияти ҳаётии одамон ва чорабиниҳои ҳарби ғайриимкон гарданд.

Заҳрхимикатҳоро амрикоиён дар рафти амалӣётҳои ҷангии худ дар Ветнам хеле васеъ истифода карданд. Аз рӯи маълумотҳои В. В. Довгуш ва диг. (1995), дар давоми солҳои 1965 — 1970 қариб 50% сарҳади Ветнами ҷанубӣ ва як қисми сарҳади Лаос ва Камбоҷа зери таъсири захрхимикатҳо қарор ёфт. Зиёда аз 100 ҳаз. тонна моддаҳои кимиёвии гуногун цар майдони 2 млн. га пахн карда шуданд.

Мохҳои апрел, майи соли 1969 қариб 1000 км2 сарҳади Камбоҷа бо дефолиантҳо олуда карда шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 36,0 ҳаз. га растаниҳои кишоварзӣ нест шуда, 25,5 ҳаз. км2 майдони ҷангалҳои Ветнами ҷанубй (99%) заҳролуд, 13 ҳаз. км2 кишти шолӣ ва 70% майдони палмаҳо (нахл) — и кокосӣ ва дигар киштзорҳои кишоварзй нест карда шуданд.

Амрикоиҳо дар рафти солҳои 1964-1970 он қадар заҳрхимикатҳо истифода карданд, ки ба ҳар як нафар аҳолии Ветнам ба ҳисоби миёна 3 кг рост меояд. Баъзе аз онҳо дар таркибашон диоксин доштанд, ки ҳатто дар микдори хеле кам ҳам бачапартоӣ, фавти кӯдакон, кӯдакони зиштрӯй ва дигар тағйирёбиҳои насли бемории саратон, сактаи дил, катаракт ва ғайраро ба амал меоранд. Хусусияти диоксин дар он аст, ки дар табиат дуру дароз нигоҳ дошта шуда, хокро даҳсолаҳо беҳосил мегардонад.

Истифодаи заҳрхимикатҳо зиёда аз 2 млн. одамро маҷрӯҳ сохта, аз он ҷумла 60 ҳазор сарбози амрикой заҳролуд шуданд ва дар оқибат аз онҳо даҳҳо ҳазор кӯдаки зиштрӯй таваллуд шуд (баъди ҷанги Ветнам). Ҳисоб шудааст, ки барқароршавии ҷангалҳои тропикии ҳамвориҳои Ветнам 100 соли охир ба амал намоеяд ва дар баладкӯҳҳо бошад, ҳатто бо роҳи сунъй барқарор кардани онҳо ғайриимкон аст.

Таҳлилҳо ва тадқиқотҳо нишон доданд, ки мувозинаи экологй дар Ветнам пурра вайрон карда шудааст, чунки дар ҳама ҷо фарсоиш ва шӯршавии хок, гузаронандаги он хеле паст шудааст. Заҳрхимикатҳо ба таркиби микроорганизмҳои хок таъсири манфӣ расонида, ба тағйирёбии ҷиддии фауна ва флора оварда расониданд. Дар ҳама заминҳо ҳосилнокй паст шуда, аз 150 намуди паррандаҳо ҳамагӣ 18 намуд боқй монд. Қариб тамоми хазандаҳо ва ҳашаротҳо нест шуда, шумораи моҳиҳо дар дарёҳо хеле тагйир ёфт, ки ҳамаи ин оқибати истифодабарии заҳрхимикатҳо мебошад. Оқибати таъсири заҳрхимикатҳо ба муҳити табий ва аҳолии Ветнам то кунун давом дорад.

Моддаҳои заҳролуди сахттаъсир

Инкишофи босуръати саноати кимиё дар ҷаҳон ба истеҳсол ва захирашавии зиёди моддаҳои заҳролуди сахттаъсири (МЗСТ) оварда расонд. Аз рӯи маълумотҳои В. В. Довгуш (1995) дар Давлатҳои Муштарак Манофеъ (ДММ) аз ҳама объектҳои МЗСТ дошта (1987 зиёда аз 50%) дар ҳудуди Федератсияи Россия (ФР) ҷойгиранд.

Захираҳои МЗСТ дар ҳудуди ДММ барои мақсадҳои технологй зиёда аз 1 млн. т аз он ҷумла хлор зиёда аз 50 ҳаз. т аммиак зиёда аз 500 ҳаз. т, дигар МЗСТ қариб 500 ҳаз. т-ро ташкил медиҳанд. Пешгӯи мекунанд, ки агар ҳамаи ин захираҳо ба атмосфера интиқол ёбанд, қариб 7,5 млн. одам дар давлатҳои муштарак манофеъ ва 4,5 млн. дар ФР ба халокат мерасанд.

Қисми зиёди МЗТС ба муҳити табий дар натиҷаи садамаҳо рух медиҳад, ки ин пеш аз ҳама бо вайрон кардани қоидаи пур кардан ва кашондан ба амал меояд. Аз ҳама бештар заҳролудшавии одамон бо аммиак (25%), хлор (20%), ҳомизҳо (15%) ва дуоксиди сулфур (3%) мушоҳида мешавад.

Оқибати садамаҳои объектҳои хатарноки кимиёвӣ хеле нохуш аст, чунки дар рафти таркиш ё ки сӯхтор модцаҳое ҳосил мешавад, ки хеле заҳрнок мебошанд. Таъсири оқибати онҳоро дар бисёр ҳолатҳо ба офатҳои техногенй ва амалӣётҳои ҳарбӣ ташбеҳ медиҳанд. Мисол, дар рафти таркиши бомбаи атомӣ дар Нагасакӣ соли 1945 миқдори ҷароҳатбардоштагон ва фавтидагон 140 ҳазор нафар одамро ташкил мекард, дар рафти садамаи заводи кимиёвй дар Бхопал (Ҳиндустон, 1984) бошад зиёда аз 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Албата ин офат дар натиҷаи рафтори хунукназаронаи коргарони завод ба амал омада буд, лекин дар таърих мисолҳое ҳам ҳастанд, ки еистемаҳои экологй қасдан нест карда мешаванд. Мисол, дар рафти амалӣёти ҳарбӣ гузаронидани ироқиҳо дар Қувайт зиёда аз 1250 нақбҳои нафтй оташ зада шуданд, ки дар натиҷа ба атмосфера зиёда аз 50 ҳаз. т, дуоксиди сулфур (компоненти асосии боронҳои ҳомизӣ), 100 ҳаз. т, карбон дар шакли дудғала ва зиёда аз 80 ҳаз. т карбон дар шакли дуоксиди карбон интиқол ёфт. Дуд дар масофаи 1000 км аз Қувайт дуртар паҳн шуд, ки ҳатто дар давоми рӯз ронандагон бо чароғҳои нақлиётй худ ҳаракат мекарданд. Ҳатто ҳарорати рӯзона дар Ироқ, Қувайт ва Арабистони Саудй то 10°С паст шуда, ба болои зироатҳои кишоварзй, обанборҳо боронҳои ҳомизӣ ва дигар моддаҳои заҳрнок, ба микдори зиёд афтиданд. Аз рӯи олудашавии муҳити зист онро ба олудашавии ҳавои Лондон, соли 1952 дар натиҷаи сӯхтани ангишт ва гумани зичи заҳрнок, ки ба фавтидани 4 ҳаз. одам сабаб шуда буд, шабоҳат медиҳанд.

Пайдошавии заҳрҳои олудакунандаи ҳавои атмосфера (аэрозолҳои турш, озон, моддаҳои узвии консероғении паррон ва г.) сабаби бемориҳои роҳҳои нафаси одамон гардиданд. Муриши ҳамаи гурӯҳҳои синну соли баланд шуд (бахусус кудакону наврасони аз 1 то 14 сола). Аз сӯхтор ва рехтани нафт тамоми ҷамоаҳои мангровӣ, ки ҷузъҳои муҳит ҳосилкунанда дар иқлим ҳосилшавии тропикӣ ба ҳисоб мераванд, нест шуда истодаанд. Оқибатҳои офатй Қувайт на танҳо ба иқлимй таҳҷой, балки ба иқлими минтақаҳои Осиёи Шарқӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамин тавр, моддаҳое, ки ба монанди нафт дар фаъолияти ҳамарузаи худ истифода мебарем, метавонад бо иродаи одамон яроқи биосферавии қатли омма гарданд.

Ҳатто таркондани яроқҳои муқарарй ҳам ба муҳити табиӣ зарари ҷидцӣ мерасонд. Муайян шудааст, ки агар 1 млн. воҳиди яроқҳои ҷангиро аз рӯи шартномаи байналмилали оид ба кам кардани яроқҳо амалӣ кунанд, ба атмосфера микдори зиёди моддаҳои заҳрнок интиқол ёфта, миқдори оксигени ҳаворо дар сарҳади ҳазорҳо км2 хеле кам мекунад.

  1. Яроқҳои нишонрасӣ амиқ ва вазифаи онҳо дар раванди ҷангҳои биосферавӣ

Дар замони ҳозира ҷараёнҳои технологии мураккаб ва дараҷаи зиёди истеҳсолот, ҳатто интихобан зарбаҳои ракетаву мушакӣ ба ҷойҳои (нуқтаҳои) нозуки объектҳои саноатӣ, анборҳои МТСД ва г. метавонанд то он дарачае зарар расонанд. ки он ба оқибати офатхои яроқи ядроӣ ташбеҳ дода мешаванд. Мисол, бомбаборонкунии солҳои 1943-1945 дар шаҳрҳои Дрезден, Гамбург, Токио ба марги зиёдее еабаб шуд, ки аз ҳуҷуми бомбаҳои атомии ба Хиросима ва Нагасаки амалӣ шуда камтар набуд. Садамаҳои калони дар заводҳои коркарди нафт баамал омада, одатан бо сӯхтани миқдори зиёди маҳсулотҳои нафтӣ ва ҷудокунии гармӣ оварда мерасонад, ки ин ба таркиши бомбаи ядрои тавоноиаш 3-5 килотон баробар аст (Л. Малышев. 1994).

Истифодаи яроқҳои нишонраси амиқ ҳам дар майдонҳои начандон калон, ба монанди ракетаҳои «Слэм», бомбаҳои идорашавандаи вазнини «Уоллай» (бо эҳтимолияти аз нуқтаи муайяншуда 5 м дуртар афтидан), хамчунин ярокҳои касетовӣ ба оқибатҳои хеле нохуш меоранд. Ин яроқҳоро дар моҷарои халиҷи Форс соли 1991 озмоиш кард шуданд. На танҳо таъеири ин яроқҳо ба артиш, балки ба ИБА, заводҳои истеҳсоли моддаҳои кимиёвӣ, яроқҳои биологй ва муқаррарӣ, маҳсулотҳои нафтӣ ва анборҳо метавонанд таъсир расонанд. Амалӣёти ҳарбиёни амрикои дар Бағдод; ба он оварда расонд, ки заводи истеҳсоли яроқи бактериологй вайрон шуда, дар шаҳр ва гирду атрофии он бемории номаълум авҷ гирифт, ки то ҳол номаълум буда ҷони садҳо одамонро даррабурдааст.

Аз рӯи маълумотҳои Л. Малышев (1994) тавоноии умумии ИБА то соли 2000 дар минтақаи аврупоии СССР ва мамлакатхои аврупоии НАТО 150 гВт/км2 ва дар дохили ИМА то 200 гВт/км2 ташкил медиҳанд. Барои ҳамин, ҳатто истифодабарии яроқҳои нишонраси амиқи муқаррарй метавонанд ба оқибатҳои глобалии экологӣ оварда расонанд. Дар ҷадвали 51 эҳтимолияти оқибати ҷангҳои биосферавӣ оварда шудаанд.

  1. Моҷароҳои ҷангии ҳозиразамон ва хусусиятҳои хоси онҳо

Новобаста аз оромиҳои солҳои охир дар арсаи байналмилалй. хатари ҷанг дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бокй мондааст. Ҳатто дар баъзе солхо моҷароҳои ҳарбӣ зиёд шуда истодаанд, ки ин бо тагйир ёфтани мувозинаҳои ҳарбй баъди пош хӯрдани иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Охирҳои асри XX дар ҷаҳон ҳар сол зиёда аз 35 моҷароҳои калони задухӯрди ҳарбӣ ба амал омаданд. Аз рӯи омор дар 50 соли охири баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷангҳои хурду калон 40 млн. нафар одам фавтидаанд. Қайд кардан лозим аст, ки дар муҳорибаҳои замони муосир назар ба ҳарбиён, талафёбии аҳолии осоишта хеле зиёд шуда истодаасг. Агар дар ҷанги якуми ҷаҳонй талафоти аҳолии осоишта 20 маротиба аз ҳарбиён камтар бошад, пас дар ҷанги дуюми ҷаҳонй кариб, ки баробар шуд ва дар ҷангҳои таҳҷоии муосир бошад, назар ба ҳарбиён 10-15 ва зиёда аз ин афзудааст.

Хусусияти хоси моҷароҳои муосир

Хусусияти хоси моҷароҳои ҷангии муосир дар он аст, ки ба душман дар масофаи муайян зарба мезананд. Ин бошад фарқияти амиқи тақсимкунии фронт ва ақибгоҳро барҳам медиҳад.

Мутахассисони ҳарби назариявӣ истифодаи яроқи ядроӣ ва дигар ярокҳои қатли оммаро аз эҳтимол дур намекунанд. Вақтҳои охир оид ба ҷангҳои ғайрианъанавй ё ки ҷангҳои гумапни сухан меравад. Дар рафти ин ҷангҳо намуди яроқҳое истифода мешаванд, ки ба марги одамон намеорад, яъне ба объектҳое зарба задашаванда, пешаки ба аҳоли хабар дода мешавад. Албата ҳамаи ин талафи аҳолии осоиштаро кам мекунад, лекин аз дигар тараф элементҳои муҳити зисти онҳоро вайрон мекунад ва дар натиҷа талафоти калон баъдтар рух медиҳад.

Ҷадвали 51

Имкониятҳои усулҳои зкологии амалӣгардонии ҷангҳо (В. В. Довгуш ва диг., 1995)

Омилҳои

экологии

таъсиркунанда

Амалйгардонда

Исгифодабарии ҳарбӣ

Самаранокӣ

Пошхӯрии туман ва абрҳо

Бо осонй амалӣшаванда

Вайроншавии доираи назар дар минтакаҳои ҷангй ва объектҳои ҳарбӣ

Самаранок дар сарҳадҳои маҳ-дуд бо мақсади тактикй

Ҳосилшавии туман ва абрхо

Бо осони амалйшаванда

Мушкил шудани пар- воз ва амалӣёти ҳар-бии душман ҳифз на-мудан аз шуопоши-ҳои таркиши ядроӣ

Самаранок дар сарҳади маҳ-дуд бо мақсади тактики дар обу ҳавои муайян

Жолаҳосилшавй

Бо осони амалйшаванда

Зарарраеонии гаҷҳизотхо, алока, хатти барқй, баъзе лавозимоти ҳарбӣ

Самараи мав- ҷуд будани абрҳои жола- ҳосилшаванда дар ҳудуди маҳдуд

Тағйирёбии иқлим ва пайдарҳам вайрон кардани манзара ва растаниҳо

Мумкин аст

Вайрон намудани истеҳсолоти кишоварзй ва экосисгемаҳо, вайрон кардани иқтисодиёт

Эҳтимолияти

оқибатҳои

бебозгашти

сомнительиый

Бо таври сунъй

Бо осони

Мушкил шудани

Самаранок

ба амал

овардани борон. Ҳосилша-вии боронҳои сахт

амалӣшаванда

ҳаракат ва амалӣёти ҳарбӣ. вайроншавии комм у н икатси я

дар худуди маҳдуд бо максади тактикй

Ба амал овардани тундбодҳо, тағийр додани самти ҳаракати онхо

Назариявӣ имконият дорад

Вайронкунии хатти парвоз, анбори таъ- минот, нест кардани қувваҳои баҳрӣ

Ҳамчун воси- таи стратегй

самаранок аст

Ҳосил кардани майдонҳои барқии магнитӣ ё ки садоӣ

Каме пробле-мавй

мебошад

Мавҳ кардани қувваи зиндаи душман

Самаранок

аст

Бо ёрии барқ ба вуҷуд овардани раду барқ дар атмосфера

Каме проблемави

мебошад

Вайрон кардани ало-қа, сӯхтори хонаҳо ва сӯхторҳо дар ҷоҳҳои коркарди нефту газ

Нофаҳмо

Вайрон кардани қабати озонй

Имконият дорад

Ба аҳолӣ ва соҳаи кишоварзӣ зарар мерасонад

Олудакунии атмосфера бо аэро-золҳо истифодаи равиши атмос- фера. Барои паҳнкунии моддаҳои кимиёвй ва бактериологӣ

Амалӣшаванда

аст

Вайрон кардани ху- сусияти радиатсионин атмосфера. тагйир-ёбии икдим ва обу ҳаво, вайроншавии ҳолати экосистемаҳо

Самаранок

аст

Олудакунии атмосфера бо моддаҳои гуногуни газ- монанд (метан, этилен,озони тропосферавӣ ва ғ.)

Амалйшаванда

аст

Тағйирёбии хусу-сияти радиатсионш! қабатҳои болоии атмосфера, вайрон-шавии қабаги озонӣ. вайроншавии экосис-темаҳо ва ғ.

Ҳамчун

воситаи

стратегияи

самаранок аст

Ба амалории суннами, мавҷҳои маддӣ

Имконият дорад

Талаф додани душман дар назди соҳил

Нест кардани растаниқо

Бо осони амалй карда мешавад (Ҳиндухитой)

Вайронкунии соҳаи кишоварзӣ

Бо мақсади тактики самаранок аст

Нест кардани қабати хокӣ

Бо осони амалй мешавад (Ҳиндухитой)

Вайрон кардани истеҳсолоти кишоварзй. фарсоиш ва фосфории хок

Бо мақсади тактики

самаранок аст

Масъалаи дигаре, ки каме ташвишовар аст, ин терроризм дар сатҳи давлатй ва гурӯҳҳои ғайриконунй мебошад, ки солҳои охир шаклҳои хеле хатарнокро гирифтаанд. Мисол, бомбаборонкунии Дрезден, зарбаҳои ядроии Хиросима ва Нагасакӣ, истифодаи моддаҳои заҳролудкунанда дар метрои Токио, таркондани биноҳои истпқоматии Москов, Волгодонск, воқеаҳои ҷанги шаҳрвандй дар Тоҷикистон ва ғ.

Окибатҳои ҷанг бо кадом воситае амалй нашуда бошанд, пеш аз ҳама ба вайроншавии экологияи муҳит оварда мерасонад. Агар сохторҳои иқтисодиро бо захираҳои пули ва меҳнатй барқарор кунем ҳам, оқибатҳои таъсири ҷанг ба муҳити табиӣ дуру дароз нигоҳ дошта шуда, ба аҳолии маҳалли таъсири манфй мерасонад.

Академик М. Н. Моисеев мафҳуми императивй (талаби) экологиро пешниҳод кардааст. Императивй экологй гуфта сарҳади муайянеро меноманд, ки дар алоқаманди бо табиат, одамият ҳуқуқи онро гузаштан надорад. Яке аз мисолҳои сарҳади манъшуда мумкин аст, якбора истифода бурдани яроқи ядроӣ мебошад. Албата иҷозат додан барои иетифодаи яроқи ядрой ва дигар яроқҳои қатли оммавй ҳукуки роҳбарони давлат мебошад ва ба гайр аз ин бо як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалй хатари онро дар даври. муоссир пешгирй мекунанд. Лекин ба ҳар ҳол ин хатар ба одамият таҳдид мекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *