Фанни Экология

Усулҳо ва муносибат ба партовҳои калонҳаҷм

  1. Коркарди партовқои сахти маишӣ

Масъалаи коркарди партовҳои сахти маишӣ (ПСМ) ва олудашавии шаҳрҳо, бахусус шаҳрҳои калони аҳолиашон бештар аз 1 млн. одам хеле мураккаб аст.

Мисол, дар Москва (аҳолиаш зиёда 10 млн.) ҳар сол 2,5 млн. т партовҳо (ПСМ) ҳосил мешаванд, ки ба ҳар сари аҳолии он тахминан то 200кг рост меояд.

Аз рӯи маърӯзаи давлатӣ (1996) дар таркиби ПСМ ш.Москва, маводҳои зерин дохил мешаванд.

  1. Қоғази картонӣ (37%)
  2. Партовҳои ошхонагӣ (30,6%)
  3. Чӯб (1,9%)
  4. Чарм, резин (0,5%)
  5. Газвор (5,4%)
  6. Маводи полиэтиленй (5,2%)
  7. Устухон (1,1%)
  8. Металҳо (3,8%)
  9. Шиша(3,7%)
  10. Санг ва кошинкорй (0,8%)
  11. Қисмҳои алоҳидаи дигар (9,7%)

Одатан ҷудо кардани ПСМ ба ҷузъҳои алоҳидаи фоиданок ва истифодаи онҳо ҳамчун ашёи хоми дуюм амалй гардонида намешавад. Таҳлили ПСМ нишон медиҳад, ки массаи асоси ба ҷузъҳои узвй рост меоянд, ки 75-80%-ро ташкил медиҳанд. Бештари онҳо қогаз, картон ва полиэтилен мебошанд, ки онҳоро наметавонанд самаранок истифода кунанд. Дар мамлакатҳои Аврупо бо усулҳои биотехнологй биогаз, пору ё ки сӯзишвории биологиро аз чунин партовҳои узвй ҳосил мекунанд.

Дар ҷадвали 48 баъзе натиҷаҳои таносуби технологии коркарди баъзе ПСМ дар давлатҳои тараққикарда пешкаш шудаанд (аз рӯи маърӯзаи давлатй барои ш.Моска, 1996).

Чуноне, ки аз ҷадвали 48 бармеояд танҳо Фаронса ва Ҷопон усули сӯхтанро васеъ истифода мекунанд.

Усули сӯхтан имкон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳоро то 10% кам карда, гармии онро барои гармкунии хонаҳо истифода барем ва бо ҳамин олудашавии об ва хокро камтар кунем. Аммо дар рафти сӯхтан қариб 25% партовҳои хокистарй дажголи ҳосил мешаванд, ки онҳор дар партовгоҳҳо мегӯронанд.

Ҷадвали 48

Таносуби технологии коркарди ПСМ аз руи %

Технологии коркард

ИМА

Инглистон

Фаронса

Олмон

Ҷопон

Ба

ҳисоби

миёна

Партовгоҳҳо

84

90

55

78

57

74,7

Усули термикй (сухтан)

15

9

35

20

40

23,1

Ҳосил кардани пору

1

10

2

2

1,4

Усулҳои дигар

1

1

0,8

Дар манмуъ

100

100

100

100

100

100

Дар мамлакатҳои Аврупо ва Амрико партовгоҳҳоро партовгоҳи санитарй меноманд, ки бо технологияи махсус ҷиҳозонида шудаанд. Таги партовгоҳ бо пленкаи сахти полиэтиленй пӯшонда мешавад. Ҳамаруза партовҳои ба болои пленка рехтаро бо ёрии катка ҷафстар карда, баъд болои он як қабат хок ё ки рег рехта, боз ҷафс мекунанд. Ба болои он боз пленка паҳн мекунанд. Ҳамин тавр, ҳар рӯз то як давраи муайяни пур шудани онҳо давом мекунад. Дар зери партовгоҳ резиш ва ҷамъкунандаи моеъҳо, ки аз партоваҳо ва хок полоиш меёбад ҷамъ шуда, коркард мешаванд. Баъди пуррашавии партовгоҳ то нуқтаи сифр, болои он тарҳкашӣ шуда, растаниҳои алафй, буттагӣ, дарахтӣ шинонида дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд. Бо мурури вақт баъди якчанд сол дар чойи партовгоҳи санитарӣ мумкин, майдони голф (навъи туббозӣ) сохта мешавад ё бо мақсади дигар истифода мешаванд. Солҳои охир, баъди ҷудо кардани ПСМ партовҳоро исканҷа мекунанд, ки ин ҳаҷми онҳоро 5-10 маротиба кам мекунад, ки дар натиҷа мӯҳлати хизматрасонии партовгоҳҳои санитарй 3-5 маротиба зиёд мешавад. Барои сохтани заводҳои коркарди партовҳо бошад 5-6 маротиба назар ба партовгоҳҳои муқаррарй маблағгузории бештар лозим аст.

Ба ақидаи бештари олимон усули беҳтари ояндадори коркарди ПСМ баъди ба навъҳо ҷудо кардани онҳо усули биотехникӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ин лозим меояд, ки усулҳои нави ҳукуқй ва экологию- иқтисодии системаҳои идоракунии партовҳои маишй ва саноатиро кор карда бароем.

  1. Коркарди партовҳои саноати

Дар замони муосир ба ҳар сари аҳолии сайёра тахминан 20 т ашёи хом ба даст меоранд, ки барои он 800 т. об ва 2,5 кВт энергия сарф мешавад, ки 98%-и онро партовҳои саноатӣ ташкил медиҳанд (Хорченко 1995). Аз гуфти Арский Ю. М. ва диг. (1992) ба ҳар сари аҳолии сайёра 45 т ашёи хом рост меояд.

Қайд кардан лозим аст, кй ҳиссаи солонаи партовҳои маишӣ барои як одам ҳамагӣ 0,3-0,6 т-ро ташкил медиҳад. Қнсми боқимондаро бошад иарговҳои саноатӣ ташкил мекунанд. Микдори ашёи хоми дар рафти фаъолияти хоҷагидории худ ба даст овардаи одамон ба 100 Гт дар як сол расидааст, ки ин қариб ба фаъолияти биотаҳо 100 Гт дар як сол наздик буда, аз фаъолияти вулқонҳои сайёра, ки 10 Гт дар як солро ташкил медиҳанд аллакай гузаштааст. Аммо ифроткории ашёи хом ва энергия дар фаъолияти одамон ба ягон ҳудуди акдонӣ рост намеояд, Агар дар давлатҳои тарақикарда 90% партовҳои хоҷагии халқ ва нақлиёт то 98% ва коркарди равон то 90% истифода шаванд, қисми зиёди партовҳои саноатӣ ва сохтмонй, партовҳои корхонаҳои кӯхӣ ва металлургй қариб пурра истифода карда намешаванд. Одам дар рафти фаъолияти худ технологияҳоеро созмон додааст, ки ба нестии ӯ меоранд, Аммо барои коркарди партовҳои фаъолияти худ ҷораҷӯие қариб, ки накардааст. Барои ҳамин сол аз сол майдони партовҳо васеъ шуда, ҳаҷми партовҳо ба миллиардҳо тонна мерасад. Мисол, танҳо дар Федератсияи Россия соли 1996 дар партовгоҳҳои гуногун қариб 1 405 млн. т партовҳо ҷамъ шудаанд, ки як қисми он коркард шудаасту (52,7 млн) халос.

Имруз ҳамагй 20% партовҳои саноатӣ аз ҳаҷми умумиашон коркард мешаванду халос. Технологияи коркарди партовҳои саноатиро чунин тасниф медиҳанд:

  1. Технологияи коркарди термикй (сӯхтан)
  2. Технологияи коркарди табииётӣ — кимиёвӣ
  3. Биотехнологӣ

Аз рӯи имкониятҳои коркарди партовҳо усулҳои зиёде мавҷуданд, ки мо метавонем партвоҳои саноатиро истифода кунем, аммо барои ин сарфи зиёди энергия ва маблағ лозим аст. Барои кам кардани партовҳо ва паст кардани олудакунии биосфера бояд барои як одам сарфи энергияро то 0,8 — 1,0 кВт дар як сол зиёд кунем, ки ин арзиши 1 т партовро аз 0,2 то 10 ҳазор доллар дар як сол афзун мекунад.

Технологияи термикй барои истифодаи тамоми партовҳои сахт, моеъ ва газмонанд истифода мешавад. Усули термикн аз чунин зинаҳо иборат аст:

  • пешаки, яъие коркарди реагентй;
  • коркард дар зери ҳарорати баланд ва безараркуий;
  • тозакунии бисёрзинавии газҳо;
  • истифодаи гармӣ
  • ҳосил кардани маҳсулотҳои иловагӣ (ҳосил кардани газ, сӯзишвории моеь) ё ки маҳсулотҳои маъданӣ (оксидҳо, сорӯҷ, намакҳои маъданӣ ва г.).

Дар рафти истифодаи усули термикӣ ҳамаи пайвастагиҳои узвй ва гайриузвй безарар гардонида мешаванд, ки ин ҷараён дар зери ҳарорати баланд, дар ҷараёни оксиду барқароршавӣ бо таъмин намудани ҳаво, оксиген, гидроген ва дигар газҳо барои безараргардонидани моддаҳои заҳролуд, пестисидҳо, фреонҳо, диоксинҳо ва ғ. имконият пайдо мекунат

Баъзе моддаҳои заҳрнок пестисидҳо, диоксинҳо ва ғ. танҳо бо усули плазмагӣ безарар гардонида мешаванд. Усули плазмокимиёвй бошад, барои безарар гардонидани пайвастагиҳои душворсӯз истифода мешавад, ки ба онҳо хлор-, фтор-, фосфор-, сулфури узвӣ, металоузвй, ғайриузвй ва ғ. дохил мешаванд.

Дар замони муосир мутахассисони МА8А технологияи плазмагии ҳаракаткунандаи коркарди партовҳои заҳрнокро истифода карда истодаанд, ки тавоноии он 0,5 — 1 т /соат мебошаду арзиши он 20 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Технологияи термикии партовҳои сахт имконият медиҳанд, ки гармии ҳосилшуда барои хоҷагии коммуналй истифода шаванд.

Технологияи табииётӣ-кимиёвии коркарди партовҳо гарчанде универсали набошад ҳам имконият медиҳад, ки партовҳоро ҳамчун ашёи хом барои ҳосил кардани маҳсулоти фоидаовар истифода барем. Мисоли ин ҳама партовҳои саноатии резино — техникй шуда метавонад, ки онҳоро барои маводи роҳи оҳан, илова ба битум ва г. истифода мекунанд.

Баъзе партовҳои бо усули табииётӣ — кимиёвй ба даст овардашуда ба сифати пору, маводҳои сохтмонӣ ва роҳсозй, кошинкорӣ ва ғ. истифода мешаванд.

Яке аз усулҳои безараргардонии партовҳо ин коркарди биотехнологӣ ба ҳисоб меравад, чунки вай насли геологии биотехнологии Сайёра мебошад.

Ҷузъҳои зиндаи биотии замин дар миллиард соли мубадцалкунй геосфера, гидросфера ва атмосфераи ғайризиндаро ба биосфера табдил доданд.

Самаранокии коэффисиенти кори фоиданоки (ККФ) ҷузъҳои зинда назар ба системаҳои техникй афзунтар аст.

Мисол, бактерияи ТЫоЬасИ1и8 Гегохудаик оҳан, мис, рӯҳ ва дигар металлҳоро ишқоронида то туршии сулфат оксид мекунад. Микроорганизмҳои СйоЬас1ег зр., 8ои§1оеп гаппдега мис, кадмийро чудо мекунанд. Бактерияҳои Ыосагс11а зр., КЬойососеиз гЬойосЬгоиз барои тоза намудани обҳо шоридаро аз нафт ва махсулотҳои нафтй тоза кардан, истифода мекунанд. Барои аз болои оби баҳрҳо тоза кардани нафт усулҳои паҳн намудани бактерияҳоро коркарда баромада истодаанд. Бо роҳи муҳандисии генӣ штамми псевдоманадро, ки нафти хомро истифода мекунад баровардаанд, ки имконият медиҳад нафти дар болои хок рехташударо бартараф кунад. Ҳамчунин як қатор объектҳои биологиро дар техника барои ҳосил кардани моддаҳои узвӣ ва ғайриузвӣ ба таври васеъ дар саноат истифода мебаранд.

Коркарди 1 тонна ПСМ метавонад то 500 м3 биогаз диҳад, ки ин ҷараён дар ҳарорати 30-50°С дар реакторҳо гузашта, гази ҳосилшуда 60- 70% аз метан ва оксиди карбон иборат буда, қобилияти 4000-6000 ккал/м3 гармй дорад.

Новобаста аз ин пешравиҳо дар самти коркарди ПСМ як қисми моддаҳои заҳрнок ва хеле заҳрнок то ҳол ҳам бо ПСМ гӯронида мешаванд.

  1. Технологияи коркард ва «гуронидан»-и партовҳои радиофаьол (ПРФ)

Талаботи асосии гӯронидани партовҳои радиофаъол (ПРФ) ин бартараф кардани онҳо аз экосфера дар давран хатари тавоноии онҳо ба одамон мебошад.

Партовҳои радиофаъол яке аз сарчашмаҳои радиоэкологии хатарнок буда, масъалаи коркард ва гӯркардани онҳо то ҳол ҳам баҳсталабанд.

Аз ибтидои сохтани яроқи ядроӣ солҳои 1945-1951 партовҳои моеъи корхонаҳои радиокимиёвй ба шабакаи дарёҳо рехта мешуданд, ки дар давоми ин солҳо 2,5 млн. Ки-ро ташкил мекунанд, ки 70% онро таҳшинҳои қаърӣ фурӯ бурдаанд.

Яке аз усулҳои бартараф кардани оқибатҳои сахти партовҳои радиофаъоли баланд ин чуқур гӯронидани онҳо ба ҳисоб меравад.

Барои таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ гӯрхонаҳои зеризаминй якчанд монеъаҳоро амалӣ месозанд. Якум монеъа дар қолиб нигоҳ доштани парговҳо ба ҳисоб меравад, ки боэътимодии ин монеъа аз рӯи суръати ишқоршавии радионуклидҳо ва эҳтимолияти баҳамтаъсиркунии қолиб бо обҳои зеризаминй муайян карда мешавад.

Монеъаи дуюмин зарфи металии дар даруни он партовҳо ҷойгирифта ба ҳисоб меравад, ки вай бояд устувор ва зангназананда бошад. Азбаски фаъолнокии партовҳои радиофаъоли баланд тез паст мешавад, мӯҳлати хизмати зарф бояд омили муҳими бехатарии «гур» ба ҳисоб равад.

Монеъаи сеюм бошад маводи фазои байни зарф ва деворҳои ковокии зеризаминй, ки дар он зарфро ҷойгир мекунад хизмат мекунад. Ин мавод метавонад, бентонит ё ки аз омехтаи маъданҳои махсус тайёркардашуда хизмат кунад.

Барои созмон додани «гӯрхонаи» минтақавӣ маблаги зиёд лозим аст. Мисол, америкоиҳо дар машқгоҳи Якка Мауняки штати Невада лоиҳаи калонеро ба нақша гирифтаанд, ки 40 млрд. доллар баҳо дода мешавад, ки он бояд 87 000 тонна партовҳои радиофаъолро қабул кунад, ки ба талаботҳои зерини ҳифзи муҳити атроф ҷавобгӯ аст:

  1. Тамоми система бояд партовҳоро дар муддати 10 000 сол нигоҳ дошта тавонад;
  2. Бастабанди бояд ҷудокунии партовхоро аз муҳити атроф дар муддати аз 300 то 1000 сол таъмин намояд;
  3. Миқдори радионуклидҳое, ки аз гӯрхона маҷбур шуда мебароянд, бояд аз 0,0001 ҳисса дар як соли баъди «гӯркунй» зиёд набошад;
  4. Суръати резиши обҳои зеризаминӣ аз «гӯрхона» то экосфера бояд, аз 10 км дар 1000 сол зиёд нашавад;
  5. Монеъаи муҳандисӣ бояд тарзе лоиҳакаши шуда бошад, ки партовҳоро дар фосилаи 50 сол барои гирифтан имкон бошад.
  6. Коркарди парговҳои истеҳсоли саноати кӯҳӣ

Аз даҳхо миллиард тонна ҳаҷми ашёи маъдании дар ҷаҳон истеҳсол шуда, танҳо 5-10%-и он истифода мешаваду халос. Микдори боқимондаи он бошад, партовҳои истеҳсолоти саноати кӯҳӣ ва коркарди он мебошад, ки онҳоро ҳоснлаҳои техногеннӣ меноманд.

Ин партовҳо боқимондаи истеҳсолоти комбинатҳои кӯҳӣ, металлургй, энергетикй ва ғ. мебошад, ки қисми зиёди (70-80%) массаи умумии партовҳои сахт, моеъ ва газу чангҳоро ташкил медиҳанд (Ласкорин Б. Н., 1984).

Ҷамъшавии партовҳои саноати кӯҳй ба вайронкунии манзараҳои табиӣ, олудашавии мухити ҳавой ва обӣ, вайроншавии майдонҳои кишоварзӣ ва сарфи зиёди маблағй нигохдории партовҳо сабаб мешавад.

Ба гайр аз партовҳои газй, моеъ ва г. дар саноати куҳӣ бештар массаи сахти маъданй ба чашм мерасад, ки аз рӯи масштаби сарчашмаҳои ашёи фоиданок онхоро ба тавоноии истеҳсолоти асоси баробар кардан мумкин аст. Барои ҳамин ҳам дар зери мафҳумп захнраҳои техногенй маҳз партовҳои сахтро дар назар доранд.

Танҳо дар Россия майдони умумии бо партовҳои техногенй фаро гирифта, бештар аз 500 ҳазор га -ро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди сарҳада Россия ҳар сол қариб 3,5 млрд. т партовҳои техногенй ҷамъ мешаванд, ки сарчашмаи асосии онҳо саноати истеҳсол ва коркарди ангишт, металлургияи сиёҳ ва ранга, истеҳсолоти нуриҳои маъданӣ ва маводҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад.

Гуногунии таркиб ва ҳусусияти захираҳои техногенй имконият медиҳанд. ки ҳар сол ба микдори 218 млн. т онро дар сохтмон, 13 млн. т дар саноати суруҷбарорй, 3 млн. т дар истеҳсолоти шишабарорй, ҳамчунин 61 млн. т аз партовҳои ИБГ истифода бурда мешавад. Имкониятҳои коркард ва истифодаи захираҳои техногенй хеле васеъанд (расми 151).

Дар замони муосир ба коркарди партовҳои истеҳсоли саноати кӯҳӣ диққати махсус дода мешавад. Чунки онҳо на танҳо яке аз захираҳои таъмин намудани саноати кӯҳӣ бо ашёи маъданй, балки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат баҳри сарфи захираҳо ва ҳифзи мухити атроф ҳам ба ҳисоб мераванд.

image170

Расми 150 . Нақшаи имкониятҳои коркарди партовҳои саноати кӯҳӣ (аз В.И. Данилова-Даниляна,1997)

Тоза намудани партовҳои обҳои саноати, хокҳои олудашуда ва лойқаи каьри об

Партовҳои оби саноатй аз системаи мураккаби гетерогении моддаҳои олудакунанда иборат буда, дар ҳолати ҳалшуда, коллоидӣ ва халнашуда мушоҳида мешаванд. Шартан партовҳои обҳои саноатиро ба маишӣ, истеҳсолй ва боришотӣ ҷудо мекунанд. Онҳо аз ҳамдигар бо сарчашмаи ҳосилшавӣ, таркиби кимиёвӣ ва фаъолнокии биологй фарқ мекунанд.

Партовҳои обхои маишӣ дар натиҷаи фаъолияти амалӣ ва ҳаётии одамон ҳосилшуда, сарчашмаҳои олудакунандаи маъданӣ ва узвӣ доранд. Пайвастагиҳои маъданӣ дар таркиби худ намакҳои аммоний, фосфатҳо, хлоридҳо, гидрокарбонатҳо ва ғ. доранд. Моддаҳои маъданӣ дар обҳои маишӣ 5% дар шакли ҳалнашуда, 5% дар шакли суспензия, 2% дар шакли коллоидй ва 30% дар шакли ҳалшуда мушоҳида мешаванд. Моддаҳои узвиро бошад ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: бенитроген ва нитрогендор. Асоси моддаҳои узвии бенитрогениро ангиштобҳо ва чарбҳо ташкил медиҳанд. Асоси моддаҳои нитрогендорро бошад сафедаҳо ва маҳсулоти гидролизии онҳо ташкил медиҳанд. Моддаҳои узвии ҳалшуда 20%, дар шакли суспензия 5%, дар шакли коллоиди 8% ва дар шакли моддаҳои ҳалнашуда 15%-ро ташкил мекунанд. Яке аз шаклҳои олудакунандаи обҳо микроорганизмҳо (бактерияҳо) мебошанд, аз он ҷумла бактерияҳои сирояткунанда.

Шартан партовҳои обҳои истеҳсолиро вобаста аз таркиби омехтаашон ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  1. Партовҳои обии баъзе муассисаҳои дар таркибашон омехтаҳои гайриузвии намакҳои металҳои вазнинро доранд, ки барои гидробионтҳо заҳрноканд.
  2. Обҳои омехтаи ғайриузвӣ доштае, ки қобилияти таъсири заҳрнок надоранд. Ба онҳо партовҳои оби заводҳои суруҷбарорӣ, комбинатҳои хонасозй ва фабрикаҳои маъданбарорӣ дохил мешаванд, ки дар он ҷо омехтаҳо муаллақ мебошаид.
  3. Обҳое, ки дар таркибашон моддаҳои узвии хусусияти заҳрнок доранд, ки сарчашмаи онҳо саноати кимиё, нафтукимиё, муассисаҳои коркарди нефт мебошад ва онҳо аз фенолҳо, атсетон, формалдегид, чарбҳо, хлоридҳо ва г. олудаанд.
  4. Обҳое, ки дар таркибашон омехтаҳои узвии заҳролуд надошта, вале баъди ба обанборҳо резиш ёфтан дараҷаи ғилзати Ог-ро кам карда, оксидшавиро афзун мекунанд.

Таркииби партовҳои обҳои боронй бошад, вобаста аз ҳолати санитарии маҳал, муассисаҳои саноатй ва ғ. метавонад хеле гуногун шавад.

Тамоми партовҳои обҳои саноатиро аз омехтаи моддаҳои заҳрнок бо усулҳои механикӣ, табииётӣ-кимиёвӣ, биокимиёвӣ ва термикӣ тоза мекунанд.

Усули механикии тозакунии обҳо аз омехтаҳои ҳалнашаванда бо ёрии такшонкунй, полоидан соф кардан истифода мешавад. Дар иншоотҳои тозакунии механикй аввал заррачаҳои андозаашон калон, баъд заррачаҳои муаллақӣ вазнин ва дар охир олудакунандаҳои ҳалнашавандаи дисперсионии тунукро ҷудо мекунанд.

Чунин таҷҳизотҳоро барои тозакунии обҳо бо тарзи механикӣ истифода мебаранд.

Панҷара — қариб дар ҳамаи истеҳҳсоли обтозакунӣ васл карда мешаванд. Паҳноии сӯрохиҳаи панҷара ҳамаи заррачаҳои андозаашон аз 16 мм калонро нигоҳ медоранд.

Регқапак — барои ҷудо кардани омехтаҳои вазнин (рег, сангреза), и андозаашон 13,2-24,2 мм аст, истифода мешавад.

Таҳшингоҳ — барои ҷудо кардани омехтаҳои ҳалнашудаи дурушти ҳаҷман хурди зичиашон аз об баланд ё ки паст мебошад, истифода мешавад.

Таҳшингоҳҳои қабати тунукдошта — барои тоза кардани обҳои аз моддаҳои муаллақи таркиби якхела дошта, олудашудаи корхонаҳои металургй, нафтӣ, ангишт ва ғ. истифода мешаванд.

Преаэраторҳо барои беҳтар тозакунӣ ва тайёри дидан ба тозагии биологӣ истифода мешавад.

Биокоагуляторҳо ба ғайр аз азртасияи ҳаво, ҳамчунин лойқаи фаъолро истифода мекунанд, ки самаранокии бартараф кардани моддаҳои муаллақ ба 70-75% мерасад.

Нафтқапак барои тоза кардани обҳои корхонаҳои саноатй аз маҳсулотҳои нафтй, равған, мум, парафин ва ғ. истифода мебаранд.

Гидросиклонҳо — барои тозакунии обҳо аз омехтаҳои дурушти хурд бо таъсири қувваи марказғурез истифода мешаванд.

Полоишҳо — барои тоза кардани обҳо аз омехтаҳои андозаашон хурд, ки бо ёрии дигар усулҳои тозакунӣ ба даст намеояд, истифода мешавад.

Усули тозакунии табииётӣ — кнмиёвӣ барои бартараф кардани омехтаҳои муаллақй сахти дар об буда ва моеъҳои муаллақбуда, ҳамчунин моддаҳои ғайриузвй ва узвй истифода мешаванд.

Ба усулҳои тозакунии онҳо боз коагулятсия, флокулатсия, флотатсия, мубодилаи ионй, адсорбсия, экстраксия, таровиши баракс, ултрафикатсия, кристаллизатсия, дистиллятсия, ректификатсия, электродиализ, дезоратсия дохил мешаванд. Барои истифодаи ин усулҳо реагентҳои қимматбаҳо лозим аст, аммо бо сабаби босамара будани ин усулҳо ва ҳалли гайриимкон бо дигар усулҳо онҳоро дар саноат васеъ истифода мебаранд.

Усули кимиёви тозакунии об он вақте истифода мешавад, ки ҷудокунии олудаҳо танҳо дар натиҷаи таассурҳои кимиёвй байни олудакунандаҳо ва реагентҳои дохилкарда модцаҳои иаве ҳосил мешаванд, ки онҳоро бо осонй аз об ҷудо мекунанд.

Усули тозакунии биокнмиёвии обҳои шоридаро бо ёрии баъзе микроорганизмҳое, ки қобилияти вайрон кардани пайвастагиҳои узвй ва ғайриузвй (сулфидҳо, намакҳои алюминий)-ро доранд, ки онҳо ба маҳсулотҳои безарар об, гази карбон, нитрат ва ғ. мубаддал карданро доранд. Ин усул ба талаботи санитарй-гигиенӣ ва меъёрҳои хоҷагиҳои моҳипарварй ҷавобгӯ аст.

Усулҳои тозакунии обҳо бо тарзи термикй аз рӯи пурра оксидкунии модцаҳои олудакунанда дар зери ҳарорати баланд, ба даст овардани маҳсулотҳои безарар ва боқимондаи сахт асос меёбад.

Дигар тарзи тозакунии обҳои равон ин усули мубодилаи ионӣ мебошад, ки аз обҳои равон пайвастагиҳои фосфор, сианид, марги муш, моддаҳои радиофаъол, намакҳои металлҳои вазнин — хром, никел, рӯҳ, қурғошим, симоб ва ғ. ҷудо карда мешаванд.

Албата новобаста аз истифодабарии усулҳои зиёди тоза кардани обҳои равон, на ҳамаи масъалаҳои тозакунии об ҳалли худро меёбад. Аммо илми муосир бо суръат пеш рафта истодааст ва дар ояндаи наздик усулҳоеро кор карда мебароянд, ки боз ҳам самараи бештар медиҳанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *