Фанни Экология

Эклогияи шаҳр ва чорабиниҳои ҳифзи он

Дар замони муосир қисми зиёди аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндаги мекунад. Қонуниятхои муносибати одамонро бо муҳити шаҳри илме омӯзиши худ қарор додааст, ки онро экологияи шаҳр меноманд.

Урбонизатсия (афзуншавии аҳолии шаҳр)

Шаҳрҳои аввалин тахминан 8000 сол пеш дар соҳили дарёҳои Тигра ва Евфрат, баъдтар дар соҳилҳои дарёи Нил пайдо шудаанд. Пайдоиши онҳо пеш аз ҳама барои ҳифзи шаҳрвандон аз душманони худ ва ҳамчунин инкишофи коссибӣ ва савдо вобаста аст. Барои ҳамин ҳам муддати дуру дароз шаҳрҳоро ҳамчун истеҳкоми ҳарбӣ дар соҳили баҳру дарёҳо месохтанд. Бо мурури вақт маҳаллаҳои аҳолинишинӣ деҳот инкишоф ёфта ба шаҳраку шаҳрҳо табдил меёфтанд ва аҳолии онҳо босуръат афзун мешуд, ки ин афзуншавии тезро дар забони илмй муосир урбанизатсия меноманд.

Урбанизатсия — ҷараёни афзуншавии босуръати аҳолии шаҳрро меноманд, ки ба расиш ва инкишофи шаҳр оварда мерасонад. Аз ҳама бештар урбонизатсия барои асри XX хос аст. Урбонизатсия яке аз омилҳои тавоной тағйирдиҳандаи манзараҳо, заҳираҳои заминй ва обӣ, сарчашмаи партоваҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Урбанизатсия ҷараёни объективии бебозгашти талаботи ҷамъиятӣ буда, дар он бо афзун шудани аҳолии шаҳр, тамоми муҳити экологии он тағйир меёбад, ки дигар талаботҳои иҷтимоии одамони ҳозиразамонро қонеъ гардонда наметавонад.

Шаҳрҳои калон қариб тамоми ҷузъҳои муҳити табий — атмосфера, растаниҳо, хок, манзараҳо, обҳои зеризаминй ва ҳатто иҷтимоиро ҳам тағйир медиҳанд.

Таърихан якумин шаҳри ахолиаш 1 млн. нафара Рим мебошад, ки дар давраҳои ҳукмронии Юлий Сезар (солҳои 10 — 44-и пеш аз солшумории мо) ташкил ёфта буд. Охири асри 20-ум алакай 34 шаҳрҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки аҳолии онҳо аз 5 млн. бештар аст ва то соли 2025 миқцори онҳо ба 93 адад мерасад.

Дар замони муосир зичии максималии солонаи миёнаи аҳолй дар 1 км2 дар Барселон- 70 ҳазор нафар, Париж 30 ҳазор, Гонконг-25 ҳаз. мушоҳида мешавад. Дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе ҳам солҳои охир микдори аҳоли босуръат зиёд шуда истодааст, ки ба ҳолати экологии он таъсири манфӣ мерасонад.

Микдори умумии ҳудудҳои урбонизатсияшудаи сайёраи Замин соли 1980 ба 4,69 млн. км2 ва пешгӯи шуда буд, ки ин то соли 2070 ба 19 млн. км2 хоҳад расид, яъне 12,8% аз тамоми масоҳати Замин ва 20% аз сарҳади барои ҳаётй мувофиқ будаи хушкй (Н. Ф. Реймерс, 1990) баробар аст.

Шаҳрҳоро вобаста ба микдори аҳолиашон ба шаҳрҳои калонтарит-т, калон, миёна ва хурд ҷудо мекунанд (ҷадвали 52 ).

Ҷадвали 52

Категорияи шаҳр ва шаҳракҳои аҳолинишии вобаста
аз миқдори аҳолӣ (аз Денисов В.В. ва диг., 2008)

Гурӯҳҳо

Шаҳрҳои калони аҳо-

Шаҳракҳои хурди аҳо-

линишин ҳаз. одам

линишин ҳаз. одам

Аз ҳама калонтарин

аз 1000

500-1000 бештар

Хеле калон

250-500

Аз 10 бештар

Калон

100-250

5-10

Мнёна

50-100

3-5

Хурд

то 50

то 3

Дар натиҷаи ба шаҳрҳо ҳамроҳ шудани минтақаҳои кишоварзй ва ҷангалҳо урбанизатсияи босуръати шаҳр ва бо мурури инкишофи аҳолии деҳот ба шаҳрҳо табдил ёфта истодаанд.

Дар замони муосир шаҳрҳои калон шуда ба агломератсия мубаддал шуда истодаанд, яъне ҷойҳои урбанизатсияшудае, ки онҳоро алоқаҳои функсионалӣ ва фазоӣ дар асоси муҳити табиӣ гирд оварда шудаанд,

Агломератсияи шаҳрӣ — ин типи ягонаи аҳолинишинии фазой ва функсионалие мебошад, ки аз системаи умумии иҷтимои — иқтпсодӣ ва ■жологӣ иборат мебошад. Агломератсия дар ҳудуди мамлакат ё ки мттнтақаҳо дар натичаи ташаккулёбии алоқаҳои фаъолияти истеҳсолотй ва муносибагҳои истеҳсолӣ ба амал меояд. Одатан конурбатсия ва мегаполисҳоро фарк мекунанд.

Конурбатсия — гурӯҳҳи шаҳрҳои ба ҳам наздик ҷойгирифтаро, ки иқтисодиётй онҳо ба. ҳам алоқаи зич дорад, меноманд. Мисол, конурбатсияи Лондони калон, Москваи калон ва ғ. шуда метавонанд.

Дар мамлакатҳои тарақикардаи ҷаҳон бо инкишофи шаҳрҳо ва насеъшавии онҳо ноҳияҳои гиперурбанизатсияшуда — мегополисҳо ҳосил шудаанд. Бештари аҳолии мегаполисҳо аз 1 млн. зиёдтар шудааст. Дар ҳудуди ИМА 3 мегаполис мавҷуд аст. Дар шимолу-шарқии ИМА дар патиҷаи якҷояшавии агломератсияи Бостон, Ню-Йорк, Филаделфия, Балтимор ва Вашингтон зиёда аз 40 млн одам дар масоҳати 150 ҳаз. км2 ҳаёт мегузаронанд. Дар дигар мегаполис бошад зиёда аз 30 млн. одам зист мекунанд, ки шаҳрҳои ҷанубии Чикаго, Дейтрот, Кливленд, Питсбургро дар бар мегиранд ва мегаполиси Калифорния, ки Калифорнияи ҷанубӣ — шаҳрҳои Лос-Анҷелес, Сан-диего, ки зиёда аз 11 млн аҳоли ҳаёт мегузаронанд, гирд оварда шудаанд.

Дар Аврупои ғарбӣ бошад мегаполиси гурӯхҳи «Мидленд» дар Ипглистон (Ливерпул, Манчестр, Лиде-Бредфорд, Бирмингем) ва ноҳияи

Рейну-Рур4 (Кёлн, Дюсселдорф, ҳавзаи Рур) дар Олмон ҷудо карда шудаанд, ки аҳолии онҳо зиёда аз 10 млн-ро ташкил медиҳанд

Инкишофи агломератсия бо як қатор дигар давлатҳо ҳам хос аст. Мисол, агломератсияи Буэнос-Айрес, Саун-Паоло, Рио-де-Жанейро, Мехико, Богота, Ҷакарта, Стамбул дар Осиё, Қоҳира, Касабланка дар Африқо шуда метавонанд.

Аз ҳама бештар сарҳадҳои урбанизатсияшуда дар Ҷопон мушоҳида мешаванд. Дар соҳили уқёнуси Ором якҷояшавии шаҳрҳои Токио, Йогана, Киота, Нагои ва Кобе мегаполиси бо аҳолии зиёда аз 60 млн. одамро ташкил медиҳанд, ки зиёда аз 40% аҳолии мамлакат дар майдони ҳамаги 1% ( аз сарҳади умумии мамлакат) ҷойгир шудаанд.

Бе нақша дар шаҳрҳои калон сохтани биноҳои баландошёна, ки бо баландшавии арзиши замин алоқаманд аст, ба ҳосилшавии тундбодҳо оварда расонидааст, ки ба он ҷо нурҳои рӯшноӣ намерасад, ки вазъи шаҳрҳоро боз ҳам ҷиддитар мегардонад. Афзуншавии нақлиёт дар шаҳрҳои калон ба суст шудани ҳаракати онҳо ва монеъаҳои нақлиёти оварда мерасонад, ки ҳаётии шаҳрвандонро мураккаб месозад.

Дар шаҳрҳои калони замони муосир норасоии захираҳои табий — фазоӣ хеле хуб ба чашм мерасад. Барои ҳамин дар рафти лоиҳакашии шаҳрҳо бояд ба ин масъала диққати махсус дода шавад.

Солҳои охир барои пурсамар истифодабарии ҳудуд ва фазои шаҳрҳо барои мақсадҳои гуноун, як самти сохторй (архитектура) экологӣ машгул мебошад. Архитекгураи экологӣ самти нави банақшагирии ноҳия ва шаҳрҳо буда, дар он бештар талаботҳои экологӣ, иҷтимоӣ-экологй шахси алоҳида аз рӯзи таваллуд то гшршавй ба назар гирифта мешавад. Архитектураи экологии одамонро бо табиат наздик мекунад. Аз ин рӯ дар вақти сохтани биноҳо, онҳо бояд сохторй гуногун дошта бошанд, яъне таносуби биноҳои системаи баландошёна ва ошёнаашон паст бояд 7:3 бошад ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин дарахтзорҳо 50%-и фазои маҳалро бояд ташкил диҳанд.

Солҳои 50-уми асри XX илми нави экистика — пайдо шуд, ки мақсади асосии омӯзиши он ташаккулёбй ва такомулй одамони дар шаҳр сукунатдоштаро меомӯзад. Мақсади илми экистика сохтани моделҳои шаҳрҳои бузургиашон гуногун буда, сохтори онҳоро бо муҳити табиӣи атроф мувофиқ мекунад ва ҳамчунин муҳити ҳуҷраҳои зисти одамонро меомузад.

Шаҳрҳои аз нуқтаи назари экологй барои зист мувофиқ буда набояд аз 70-80 ҳаз. одам ё ки бештар аз 150 ҳаз. одам зиёд дошта бошанд. Ин гуна шаҳрҳо дар Россия (ш. Пушкин), Қазон, Кишинёв ва г. шуда метавонанд.

Албата кӯҳистони Тоҷикистони мо ҳам барои сохтани чунин экополисҳо мувофиқ аст, лекин на ҳама вақт мо ба сохтори архитектураи экологии шаҳрҳо диққати ҷиддй медиҳем. Ба мо лозим меояд, ки дар оянда тамоми самтҳои экологиро дар сохтани шаҳрҳо ба назар гирем.

Иқлими шаҳр

Сохтмони шаҳрҳо дар рӯи Замин на танҳо минтақаҳои табийро кам мекунанд, балки онҳо ба иқлими аввала таъсири ҷидди расонида истодаанд. Шароити иқлими шаҳрҳо назар ба ноҳияҳои гирду атрофи онҳо хеле фарқ мекунад, ки инро мо дар тагйирёбии ҳарорат, намнокии нисбӣ, расиши нурҳои Офтоб хеле хуб дарк мекунем.

Ба иқлими шаҳрҳо чунин омилҳо таъсир расонида метавонанд:

тағйирёбии қобилияти инъикоскунии болои сатҳи Замин;

кам шудани бузургии миёнаи буғшавй аз болои сатҳи Замин;

афзуншавии пасту баландиҳои сарҳади шаҳр назар ба майдонҳои берун аз шаҳрӣ;

ҷудошавии гармие, ки дар натиҷаи фаъолияти гуногуни хоҷагидории одамон амалӣ мешаванд;

олудашавии атмосфера бо омехтаҳои гуногуне, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории одамон ба амал меояд.

Яке аз хусусиятҳои хоси тағйирёбии икдими шаҳр ин ҳосилшавии «ҷазираҳои гармӣ» ё ки «нуқтаҳои гармӣ» мебошад, ки назар ба мавзеъҳои беруни шаҳр ҳарорати баландтар доранд. Ба ин обектҳо биноҳои сангин, роҳҳои мумфарш, ва ғ. ба ҳисоб мераванд, ки ҳарорати болоии онҳо дар баъзе ҳолатҳо дар Москов 52°С, Одесса 73°С, Тошканд 80°С назар ба беруни шаҳр баландтар мешавад. Ин «ҷазираҳои ғармй»- ро дар шаҳри Душанбе ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин «ҷазираҳои гармӣ» аз сабаби паст будани бухоршавй дар қитъаҳои сохтмонй, намнокии нисбй ва мутлақй ҳаво кам мешавад.

Олудашавии ҳавои атмосфераи шаҳр бо омехтаҳои гуногуни сахт, моеъ ва газмонанд, ки дар бисёр шаҳрҳо хеле зиёданд ба ҳосилшавии аэрозолҳои антропогенй сабаб мешаванд.

Баландшавии дараҷаи ғилзатй аэрозолҳо расиши нурҳои офтобро ба сатҳи замин хеле паст мекунанд. Дар бисёр шаҳрҳои калон расиши нурҳои рости рӯшноии офтоб қариб 15% ва нурҳои ултрабунафш ба ҳисоби миёна то 30% дар фасли зимистон бошад боз ҳам камтар мешаванд. Давомнокии шуопошии офтоб бошад то 5-15% паст мешавад. Муайян шудааст, ки дар шаҳри Балтимори (ИМА) нурҳои ултрабуафш то 50%, Москва -25-30%, Санкт-Петербург-17-24%, Киев-17% аз ҳисоби олудашавии ҳавои ин шаҳрҳо паст мешавад. Дар пастшавии расиши нурҳои рӯшноии офтоби шаҳрҳо қабатҳои поёнии ҳаво, ки дар он ҷо бештар заррачаҳои аэрозолй мушоҳида мешаванд, вазифаи муҳимро иҷро мекунанд.

Дараҷаи гилзатӣ баланди заррачаҳои аэрозолй дар ҳавои шаҳр эҳтимолияти бавучудомадани туманро ба ҳисоби миёна 2-5 маротиба баланд мекунад, аз он ҷумла тумани губоролуди зарарнокро. Туманҳои шаҳрҳо дар паст кардани расиши нурҳои рӯшноии офтоб ва дурии биниши назар таъсири ҷидци мерасонанд. Аз рӯи тадқиқотҳои дар Инглистон ва ИМА гузаронида дар шаҳрҳои калон қариб аз 10% зиёдтар рӯзҳои аб^нок, ҳамин қадар афзунтар боронҳо, жола ва барф, 30% зиёдтар туманҳо дар тобистон ва 100% дар зимистон назар ба деҳоти наздики шаҳрҳо ҷойгирифта мушоҳида мешавад. Дар бисёр шаҳрҳои калони саноатӣ микдори боришоти даврй ба қайд гирифта шудааст, ки рӯзҳои истироҳатй зиёд мешаванд, ки инро дар баъзе ҳолатҳо дар шаҳри Душанбе ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Инкишофи урбанизатсияи ноҳияхои калони аҳолиашон зич ҷойгирифта метавонад иқлими худро оҳиста оҳиста васеъ намуда садҳо километрро дар бар гирнд. Ин ҳодиса дар агломератсияи ИМА, Ҷопон ва Аврупои ғарбӣ хеле хуб ба чашм мерасад, ки тагйирёбии иқлими таҳҷойи метавонад сарҳадҳои калонро фаро гирад.

Тагйирёбии ҳолати муҳити атрофи шаҳрҳо

Урбанизатсияи табиат, сохтмон, корхонаҳои саноатӣ ба тағйир ёфтани ҷузъҳои муҳити атрофи одамон-ҳавои атмосфера, системаҳои экологии обй, муҳити хокии шаҳр таъсир расонида, онро олуда мекунад.

Дар шаҳрҳои калон сабаби олудашавии ҳавои атмосфера партовҳои нақлиётӣ, металургияи ранга, саноати кимиёвӣ, металургияи сиёҳ, саноати коркарди чӯб ва коғазу-селлюлозй ба ҳисоб мераванд. Партовҳои атмосфераи шаҳр миқцори зиёди дуоксиди сулфур, дуоксиди нитроген, карбон ва заррачаҳои сахти саноатй доранд. Партовҳои нақлётӣ дар худ микдори зиёди сурб ва озон доранд, ки ҳамаи ин ба саломатии шаҳрвандон таъсири манфй мерасонанд.

Мисол, дуоксиди сулфур системаи роҳҳои нафаси одамро вайрон карда сулфа, дарди сина ва роҳи нафасро танг мекунад. Табибони Генуи вобастагии бемории бронхиалиро вобаста аз дараҷаи ғилзатӣ дуоксиди сулфур ба ҳисоби миёна дар як моҳ муайян карданд, ки самараи корелятсияи (алоқамандии) он ба 0,98 баробар буд.

Аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи А. В. Яблокова (1989) дар Иттиҳоди Шӯравй давомнокии умри одамон дар минтақаҳои аз нуқтаи назари экологй вайрон (16% сарҳади иттиҳоди Шӯравй) 10-15 сол камтар буд. Дар бисёр шаҳрҳои калон дараҷаи беморшавии кӯдакон 3-4 маротиба назар ба аҳолии калонсол афзунтар буд.

Таъминоти обй нӯшокӣ дар шаҳрҳо хеле бад аст. Аз рӯи талаботҳои ташкилотҳои байналмилалии тандурустй бояд санҷиши оби нӯшокй аз рӯи 100 нишондод санҷида шавад, лекин дар баъзе шаҳрҳои калон 10-12 нишондод пешбинй мешаваду халос.

Қайд кардан лозим аст, ки оби қубурии барои нӯшидан ва барои маишй — хоҷагидорй лозим бударо ин тавр истифода мебаранд: барои оббозй-37%, барои тоза кардани нишастгоҳи халоҷо-41%, тайёр кардани хӯрок-6%, тозакунии ҳуҷраҳо-3%, шустушуи либос-4%, обдодани боғ-3%, шустани нақлиёт-1%, барои нӯшидан-5%. Барои ҳамин хуб мешуд, ки барои истифодаи обҳои қубурии барои нушидан, васоитҳои гуногунро барои тоза кардани обӣ нӯшокй истифода кунем.

Таъсири фаъолияти одамон сифати заминҳои шаҳрро ҳам вайрон мекунад, ба монанд муҳити ҳавой ва обй. Хок нисбат ба атмосфера қобилияти як дараҷаи худтозакуниро доро аст, аммо вайрон кардани механизмҳои табиӣи худтозакунй ба туфайли таъсирҳои табииётй, кимиёвй ва механикӣ метавонад ба фарсоиши хок оварда расонад.

Хокҳои шаҳр бештар бо партовҳои маишӣ ва саноатӣ, партовҳои кӯчагӣ олуда карда мешаванд. Хокҳои шаҳрро ба табий ва оварда рехтагӣ ҷудо мекунанд, ки дуюмаш аз миқдори зиёди боқимондаи маҳсулоти саноатӣ иборат буда, қобилияти ками намиро нигоҳ доштани намиро дорад. Гарчанде хокҳои оварда дар рафти зич ҷойгир кардан ҳавогузарониашон паст шуда, фаъолияти ҳаётии микроорганизмҳо суст мешавад, ки ин ба ғизогирии растаниҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Шаҳр микдори зиёди моддаҳои узвии аз хок гирифтаро истифода мекунад, яъне месӯзонанд, ба партовгоҳҳо мепартоянд, ба атмосфера таҳвил медиҳанд, ки ҳамаи ин даври биогеокимиёвии элеметҳои хокро вайрон карда, фарсоишй хокро ба амал меорад.

Хок аз ӯхдаи безараргардонии партовҳои заҳрноки моеъ ва сахт баромада наметавонад, барои ҳамин онҳо захира шуда ба организми одам ва ҳайвонот зарари марговар мерасонанд. Ба ин модцаҳо симоб, мис, қургошим ва г. дохил мешаванд, бинобар ҳамин дар атрофи корхонаҳои саноатй минтақаҳои махсус сохта мешаванд. Мисол, дар атрофи корхонаҳои истеҳсолии суперфосфат ва симоб вобаста аз дурй дар 1 кг хок бояд аз 1,3 то 4,6 г симоб мушоҳида шавад. Пайвастагиҳои сулфур хокро турш карда, аммиак, содда ва пайвастагиҳои магний бошад муҳити хокро ишқорӣ мегардонанд. Аз меъёр зиёд ҷамъшавии элементҳои заҳрнок бевосита ва бавосита ба растаниҳо ва ҳосилнокии онҳо таъсири манфй мерасонанд.

25.4. Ба минтақаҳои функсионалӣ ҷудо кардани сарҳади шаҳр

Дар сохтмони ин ё он шаҳр омилҳои гуногун иштирок доранд. Ин омилҳои бевосита ба инкишофи шаҳр таъсир расонандаро, шаҳр ҳосилкунанда меноманд. Ба онҳо корхонаҳои калон (завод, фабрика, ИБГ), хатҳои калони роҳ, фурудгоҳҳо, муассисаҳои давлатй ва илмй, истироҳатгоҳҳо ва г. дохил мешаванд. Муассисаҳо ва корхонаҳои таъминоти маишй- маданиро ба гурӯҳҳи муассисаҳои худ хизматрасонӣ дохил мекунанд.

Сохторӣ ба нақша гирифтани шаҳрҳои муосир хеле мураккаб ва гуногун ҷабҳа мебошанд. Новобаста аз ин дар онҳо чунин минтақаҳои функсионалиро ҷудо кардан мумкин аст: истиқоматй, санитарию- муҳофизатӣ, накдиётии берунӣ, анбору-комуналй ва минтақаҳои истироҳатй.

Минтақаи саноатӣ барои ҷойгиркунии корхонаҳои саноатй ва объектҳои бо он алоқаманд буда ҷудо карда мешавад. Онҳо аз рӯи истеҳсолй — технологй, нақлиётй, санитарии — гигиенй ва талаботи функсионайи ташаккул меёбанд. Барои ҳамин ҳам дар вақти сохтани минтақаҳои саноатй, таснифи санитарии истеҳсолот, ҷудо кардани моддаҳои заҳрнок ва минтақаҳои санитарии — муҳофизатиро вобаста аз меъёрҳои сохтмонй ба эътибор гирифтан лозим аст.

Яке аз қисматҳои функсионалии ҳудуди шаҳр минтақаи санитари- муҳофизатй мебошад, ки барои кам кардани таъсири манфии саноати истеҳсолӣ ва объектҳои нақлиётй ба аҳолии маҳал мебошад. Ин минтақа дар байни корхонаи саноатй ва маҳали зисти аҳоли ҷудо карда мешавад, то ки ба воситаи хаво паҳншавии моддаҳои заҳрнок ва ҷараёнҳои худтозакунии онҳо дар атмосфера беҳтар амалй шуда ба аҳоли зарари камтар расонида шавад. Бояд 40%-и минтақаи санитарй-гиғиенй ва маҳаллаҳои аҳолинишин кабудизор карда шаванд. Барои кабудизорку- нии минтақаи санитарй-гигиенй (МСГ) растаниҳои ба газҳо устуворй заранғи амрикой, сафедори канадагй, садбарги чиндор, бузинаи сурх ва ғ. бояд истифода шаванд. Ба ғайр аз ин растаниҳо ҳамчунин тути сафед, беди сафед, ва ғ. шинондан мумкин аст.

Дар МСГ худ мешуд, ки растаниҳои дарахтй ва буттаҳоро дар як пайдарҳамии муайян бонавбат, барашон 20-30 м баъди ҳар як 50-100-200 м вобаста аз бари МСГ ҷойгир кардан лозим аст. Ташкил намудани МСГ ягон таҷҳизоти тозакуниро талаб намекунад ва танҳо барои ҳифзи муҳити шахри як чорабинии иловаги ба ҳисоб меравад.

Минтақаҳои аҳолинишин, барои ҷойгиркунии маҳалахои аҳолинишин, марказҳои ҷамиятй (маъмурй, илмй, таълимй, тиббй ва ғ.), майдонҳои кабудизоркунй ҷудо карда шуда, дар он ҷо сохтани корхонаҳои саноатй, роҳҳои нақлиётй ва муассисаҳои дигаре, ки муҳити атрофи дар он одам бударо олуда мекунанд манъ аст.

Минтақаи аҳолинишинро дар самте ки шамол камтар мевазад ё ки дар болотари резишгоҳи дарёҳо нисбат ба корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзии сарчашмаи моддаҳои заҳрнок ё ки моддаҳои бӯйнок ҷойгир кардан лозим аст.

Минтақаҳои аҳолинишини шаҳрчаҳо ва шаҳрҳоро тарзе ҷойгир мекунанд, ки дар ҳудуди он сарҳади табий ва сунъӣ (дарёҳо, каналҳо, обанборҳо, майдонҳои кабудизоршуда, роҳҳои оҳан ва ғ.) мувофиқат кунанд. Аммо дар ҳаёти воқеъи на ҳама вақт ба меъёрҳои дар лоиҳаҳои шахрсозй буда диққати лозими медиҳанд, барои ҳамин шаҳракҳо ва шаҳрҳои калон бо як катор камбудиҳои шаҳрсозй сохта мешаванд.

Минтақаҳои анборҳои-комуналй барои ҷойғир кардани амборҳои савдо, барои нигоҳдории сабзавот ва меваҷот, хушкшуйҳо ва ғ. истифода мешаванд. Минтақаҳои анборҳои-комуналиро дар минтақаҳои аҳолинишин нею балки дар минтақаҳои санитарй-муҳофизатии корхонаҳои саноатй ҷойгир мекунанд. Дар ин минтақаҳо ҳамчунин ҷойгир кардани истгоҳҳои нақлиётй роҳҳи оҳани мусофиркашонй ва боркашонй хеле бамаврид мебошад, хусусан дар шаҳрҳои калоне, ки дар шоҳроҳаҳо ҷойгир шудаанд. Инкишофи нақлиёт аз ҳисоби барқ дар шаҳрҳои калон хеле хуб аст, чунки миқцори модцаҳои заҳрнок кам мешаванд.

Минтақаҳои нақлиётии берунй, асосан барои ҷойгир кардаыи истгоҳҳои мусофиркашонӣ ва боркашонии нақлиётӣ роҳи оҳаи, бандаргоҳ ва ғ. лозиманд.

Дар шаҳрҳои калоне, ки дар шоҳроҳҳо ҷогир шудаанд, роҳҳои иловагй барои ҳаракати нақлиёти боркашоый барои кам кардани равиши онҳо бо дохили шаҳр сохта мешаванд. Хонаҳои истиқоматии шаҳр ва шаҳракхои аҳолинишинро аз роҳҳои оҳан бо минтақаи санитарии-ҳимоявӣ то 100 м бояд ҷудо карда шаванд ва 50%-и он кабудизор гардонида шавад.

Бандаргоҳҳои дарё ва баҳр ҳам аз маҳалаҳои аҳолинишин на камаш аз 100 м дуртар ҷойгир кардан лозим аст.

Барои ҳар як шаҳри калон лозим аст, минтақаҳои истирохатӣ ҷудо карда шавад, ки вобаста аз вазифа ба се тип ҷудо мекунанд: боғу- ҷангалй; ҷойи сайру гашт, варзишй ва минтақаӣ ҳифзшаванда. Барои беҳтар намудани ҳолати санитарию-гигиенӣ ва экологии шаҳр лозим аст, ки сарҳадҳои дар рафти фаъолняти одам вайроншуда ва партовгоҳҳоро кабудизор карда минтақаҳои истироҳатиро васеъ гардонем.

Дар биёр шаҳрҳои калони ИМА, Инглистон, Россия аз он ҷумла Душанбе як қатор комплексҳои зеризаминй барои мақсадҳои гуногун истифода карда мешаванд (роҳҳоп зеризаминии одамгузар, нуқтаҳои фурӯш ва г.), ки баъзе масъалаҳои иҷтимоӣ — иқтисодии шаҳрҳо ҳалли худро меёбанд.

Манзараҳои шаҳрӣ

Дарачаи афзуншавии аҳолй одамро аз табиат дур месозад. Манзараҳои шаҳрҳои ҳозиразамон дар натиҷаи фаъолияти одамон он қадар тағйир дода шудаанд, ки назар ба манзараҳои табиӣ дар шаҳрҳо буда бартари пайдо кардаанд ва онҳоро манзараҳои урбанизатсияшуда меноманд.

Аз рӯи дараҷаи манзараҳои урбанизатсияшудаи шаҳрҳо, онҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

манзараҳои муқаррарии шаҳрӣ (ноҳияҳои марказии шаҳрҳои калон);

манзараҳои шаҳрй бо ҷузъҳои табиат дохилкардашуда:

-манзараҳои табиӣе, ки ҷузъҳои корхонаҳои саноатй дохил карда

шудаанд:

манзараҳои табий.

Аз рӯи сохторҳои экологӣ ва вазифаашон тамоми манзараҳои шаҳрро ба 8 гурӯҳ ҷудо мекунанд:

а. урбанизатсияшуда-яъне симои асосии шаҳр, ки аз биноҳои

истиқоматй, сарҳадҳои саноатӣ, роҳҳои нақлиётй, минтакаҳои

кабудизоркардашуда иборат аст;

индустриалй-сарҳадҳои саноатӣ-истеҳсолӣ, ки масоҳати зиёдеро дар бар мегиранд;

хатҳои комуникатсионӣ-ҳосилаҳои антропогение, ки на танҳо барои хатти роҳи оҳан ё ки автомобилй балки сарҳадҳои ба онҳо наздикро ҳам дар бар мегиранд;

б. девастирование-дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидори ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ пайдо мешаванд, ки ба нестшавии растаниҳо, гирифтани қабатҳои болоии хок ва ҳосилшавии чуқуриҳо оварда мерасонад. Ҳамаи ин сарҳадҳо бояд рекултиватсия карда шуда барои кишоварзӣ ё ки объектҳои рекреатсионй истифода шаванд; е. агрокултура-манзараҳои аҳолинишини деҳот, минтақаҳои истеҳсолии савхозу колхозҳо, боғҳо, киштзорҳо ва ғ.;

Г. хоҷагиҳои ҷангал—хоҷагиҳои ҷангали табиӣе, ки дар бисёр ҳолатҳо намуди рекреатсиониро мегиранд;

§. гидроморфӣ- фазои обие, ки вазифаҳои гуногунро ичро мекунанд;

Ь. рекреатсионӣ- типи нави манзараҳо баарои истироҳати шаҳрвандон.

Ҳамаи ин манзараҳо бо фаъолияти хоҷагидории сохаҳои гуногуни истифодабарандаи замин бо ҳам алоқаманд мебошанд.

Масъалаи садо дар шаҳрҳои ҳозиразамон

Яке аз омилҳое, ки дар шаҳрҳои калон ба шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад ин садо мебошад. Садо на танҳо дар вақти шунидан гӯшхарош аст, балки ба ҷараёнҳои физиологии одам таъсири ҷидди мерасонад.

Гӯши одам қобилият дорад, ки лапишҳои садоро дар ҳудуди аз 16 то 20 000 Гр қабул кунад. Ҳамаи садоҳоро ба паст (аз 350 Гр пасттар), миёна (350-800 Гр) ва баланд (аз 800 баландтар) ҷудо мекунанд.

Баландии садо ё ки дараҷаи садо аз дараҷаи фишори садо вобаста аст. Воҳиди ченакии дараҷаи фишори садо детсибел (дБ) ба ҳисоб меравад, ки даҳ ҳиссаи логарифми даҳии таносуби шиддатнокии энергияи садо ба мафҳуми ҳардуи он баробар аст. Шкалаи логарифмӣ барои он истифода мешавад, ки гӯши одам ҳассосии баланд дошта, шидцатнокии энергияи садо дар ҳудуди васеъ тағйир меёбад (Ю10 бор), ки ба тағйирёбии дараҷаи садо ҳамаги аз 20 то 120 дБ аз рӯи ҷадвали логарифмй мувофиқ меояд. Ҳудуди шунидани садои гӯши одам аз 0 то 170 дБ-ро дар бар мегирад (расми 151) ва сарчашмаҳои он хеле гуногунанд.

Садоҳои табий ба саломатии одам таъсири манфӣ намерасонанд: мисол, садои мавҷи баҳрҳо, шибир-шибири баргҳо, ки тахминан ба 20 дБ баробаранд. Садоҳое, ки одамро нороҳат мекунанд, сарчашмаи антропогенӣ доранд ва аз 60 дБ баландтаранд. Дараҷаи садои аз 80 дБ камтар ба узвӣ шунавоӣ хатар надоранд, вале аз 85 дБ баландтар ба узвӣ шунавоӣ таъсири манфӣ мерасонад, садои 90 дБ бошад — ба узвй шунавоӣ зарари ҷидди мерасонад, садои 95 дБ бошад, ба узвӣ шунавой 50% зарар мерасонад ва садои 105 дБ бошад метавонад узви шунавоиро вайрон кунад ва садои аз 130 дБ баландтар бошад узви шунавоиро пурра вайрон мекунад.

Дар як қатор мамлакатҳои Аврупо 50%-и аҳоли дар сарҳадҳое зиндаги мекунанд, ки дараҷаи садо ба 55-65 дБ мерасад: дар Фаронса- 57%, Нидерландия-54%, Юнон-50%, Шветсия-37%, Москва-50-60% ва ғ. Дар шаҳри Душанде ҳам садои нақлиёти заминй ва ҳавоӣ ба 40-60% мерасад.

Садои баланд ва доимӣ ба мондашавии асаб, фаъолнокии системаи асаб, асабонӣ, бемории рагу-дил, пастшавии биниш ва ғ. оварда мерасонад. Мисол, дар Инглистон чор ҳиссаи мардон ва се ҳиссаи занон ба бемории асаб гирифторанд, ки сабаби ин садо мебошад. Дар Ню- Йорк бошад инкишофи сусти акдонии кӯдакон хеле васеъ паҳн шудааст, ки сабаби он садо мебошад.

Дар шаҳрҳои калон садо сабаби кӯтоҳумрии шаҳрвандон мегардад. Аз рӯи омӯзишҳои олимони Австралиёгӣ садо то 30% сабаби пиршавии шаҳрвандон мегардад, яъне дарозии умри шаҳрвандон то 8-12 сол кӯтоҳ мешавад ва ҳамчунин одамонро ба зӯроварй, худкушй меорад. Садо шабона назар ба рӯз ба организми одам таъсири баландтар дорад. Мисол, садои 55 дБ шабона чунин самараи физиологиеро ба амал меорад, ки дараҷаи садои 65 дБ рӯзона ба амал оварда метавонад. Аз ҳама бештар садо ба одамони бо меҳнати акдонй машғул буда назар бо меҳнати ҷисмонӣ машғул буда таъсири сахттар мерасонанд.

Вобаста аз сарчашма садоҳоро ба маишй, истеҳсолй, саноатӣ, накдиётй, кӯчагй ва г. ҷудо мекунанд. Садои маишӣ аз ҳисоби оинаи нилгун, радио ва асбобҳои хонагӣ ба амал меоянд. Садои истеҳсолй аз ҳисоби дастгоҳхои истеҳсолй дар биноҳо ба амал меояд. Садоҳои саноатй бошанд аз ҳисоби корхонаҳои металургӣ, муассисаҳои сохтмонй ва ғ. сарчашма мегиранд, ки дараҷаи онҳо то 90-100 дБ мерасад. Садои нақлиётӣ аз хисоби маркаи автомобилҳо то 75-85 дБ мерасад. Накдиётй роҳи оҳан бошад дараҷаи садояш ба 90-100 дБ мерасад. Аз ҳама бештар садои тайёраҳо гӯшхарош мебошанд, ки дараҷаи садои онҳо 105 дБ-ро ташкил медиҳад.

Барои пешгири кардан ва паст кардани садоҳо дар ҳудуди шаҳр, пеш аз ҳама чунин чораҳоро андешидан лозим аст.

-роҳҳои автомобилии дараҷаи садояшон аз 85-87 дБ ва 80-83 дБ-ро бояд тарзе ба нақша гирфтан лозим аст, ки онҳо аз назди истироҳатгоҳҳо, истироҳатгоҳи мактаббачагон, мактабҳои олӣ ва муассисаҳо ва ғ. дар масофаи аз 500 м то 1 км ҷойгтр шаванд.

корхонаҳои саноатии дараҷаи садояшон аз 80 дБ баландтарро аз биноҳои истиқоматй дуртар сохтан лозим аст.

фурудгоҳҳоро аз шаҳр берун сохтан лозим аст (дар масофаи аз 1 то 30 км) ва ғ.

Барои ҳамин, дар вақти ба нақша гирифтани сохтмони шаҳрҳо иншоотҳои ҳифзиро ҳам ба нақша гирифтан лозим аст, чукуриҳо, нишебиҳо, хоктӯдаҳо, тепаҳо ва г.

Аз ҳама бештар дараҷаи садоро дарахтон ва буттаҳо паст карда метавонанд, ки дар нақшаҳои шаҳрсозй ба ин диққати махсус додан лозим аст.

Аҳамияти майдонҳои сабз дар ҳаёти шаҳр

Майдонҳои сабзи шаҳр дар таркиби маҷмӯъи минтақаҳои сабзи шаҳр дохил шуда яке аз сиетемаҳои ҷузъи алоқаманди манзараҳои шаҳриро ташкил дода, сарҳадҳои азнавсохташудаи масъалаи кабудизоркунӣ, хифзи табиат ва рекреатсиониро барои беҳтар намудани шароити меҳнат, маишат ва истироҳати аҳолии шаҳр кӯмак мекунад.

Дар маҷмӯъ кабудизоркунӣ ба ду минтақа ҷудо карда мешавад: сарҳадҳои марказии сохтмонии шаҳрӣ ва минтақаҳои берунӣ.

Дар сарҳадҳои марказӣ: 1) ноҳияҳои хурд, маҳаллаҳо; 2) майдонҳои сабзи дарахтзорҳо; аз он ҷумла барои истифодаи умуми ва махсус; 3) кӯчаҳо, гулгаштҳо ва майдонҳо; 4) ҳудудҳои саноатӣ дохил карда мешаванд.

Ба минтақаҳои берунй: 1) сохтмонҳои берунишаҳрй ва сарҳадҳои саноатӣ; 2) истироҳатгоҳҳо ва ҷойҳои дамгирӣ; 3) роҳҳо (роҳи оҳан ва автомобилӣ); 4) маҳаллаҳои сабз (ҷангалзорҳои наздишаҳрӣ, боғҳо ва ҷангалҳои ҳифзшавадаи шаҳр ва ғ.); 5) боғҳо ва ангурзорҳо,

парваришхонаҳо; 6) ҳудудҳои кабудизорнашуда (заминҳои кишоварзй ва ғ.); 7) обанборҳо.

Аз рӯи аҳамияташон майдонҳои сабзй дарахтзорӣ шаҳриро ба се гуруҳ чудо мекунанд: 1) барои истифодабарии умуми — боғҳои

умумишаҳрй, фароғатию-истироҳатӣ, боғҳои ноҳиявӣ ва шаҳрй, боғҳои назди биноҳои зист, боғҳои ҷангалй, гулгаштҳо ва ғ.; 2) манзараҳои сабзи дарахтзорӣ шаҳрии истифодаашон махдуд — боғҳои назди биноҳои зист, боғҳои назди боғчаҳои бачагон, мактаб, мактабҳои олй ва миёнаи умумй, муассисаҳои тандурустӣ, анборҳо ва ғ.; 3) истифодаи хос дошта — кабудизорҳои назди роҳҳо ва шоҳроҳаҳои шаҳр, ҳудудҳои ҳифзи санитарй ва минтақаҳои ҳифзшавандаи обӣ, боғҳои растанишиносӣ ва ҳайвонотшиносй, хоҷагиҳои гулкорй, мазорҳо (гӯристонҳо) ва ғ.

Вазифаи асосии майдонҳои сабзи дарахтии шаҳрҳои муосир ба беҳтар шудани вазъи санитарию-гигиенӣ, рекреатсионй, сохторй- банақшагирй ва ороишию-зебой равона шудаанд.

Растаниҳои сабз дар мубодилаи газӣ вазифаи муҳимро иҷро мекунанд, яъне микдори зиёди СОг-ро фурӯ бурда Ог-ро ҷудо мекунанд. Мисол, дарахти андозааш миёна дар 24 соат он қадар Ог-еро ҳосил мекунад, ки барои нафаскашии се одам дар як шабонарӯз мерасад. 1 га ҷангалзор дар рӯзи офтобии гарм аз ҳаво 220-280 кғ СОг-ро фурӯ бурда 180-220 кг Ог-ро ҷудо мекунад.

image171
image172

Тирлароии а? туп

Тпрплрош! а» мнлтих

Пррвози клштии хайхони

Парвозм хлвопаймоп релктпвй. 25м

’»\з> олрк ва огаш.»к

Муснюа! балая д

лклдсгл вданин

Метинп Л1лъдаюсзж

Дохпгщ наклст

Идорлл чопкгнй

Толори кшоо.\онл

3|шпстол дар пангали об\’ хлв-аяш бсшлмол

6\истз сучзк кардан

Шфрас:бдо

шукяда

,Сааои иасг

Миа&дори тадовСби.зЩц-Лъш-: бо 1 ертс

Расми 151. Сарчашмаҳон гуногуни садо (бо Дб)

Меъёри оптималии истифодабарии як одам дар як сол ба 400 кг О2 мерасад, ки ин микдор Ог дар майдони сабзи 0,1-0,3 га дарахтзори шаҳр ҳосил мешавад.

ТБТ тасдиқ мекунад, ки барои ҳар як шаҳрванд 50 м: майдони сабзи дарахтзор ва 300 м2 дарахтзори наздишаҳрӣ бояд мувофиқ ояд.

Растаниҳое, ки каме шаффофанд як қисми энергияи рӯшноии офтобро гузаронида, як қисмашро фурӯ мебаранд ва қисми боқимондаро бошад инъикос мекунанд. Қайд намудан лозим аст, ки инъикоскунии энергияи Офтоб аз болои майдони барги растаниҳо назар ба инъикоскунии болои сатҳи ҷисмҳои сохторҳои шаҳр чандин маротиба баландтар аст. Дар дарозии мавҷҳои инфрасурх ё ки гармиҳосикунанда растаниҳо бузургии баланди албедо доранд, ки ба 98% мерасад.

Соягии дарахтон ва буттаҳо одамро аз таъсири рост ва инъикосшудаи гармии Офтоб ҳифз мекуанд. Дар арзҳои миёна ҳарорати болои минтақаи дарахтзори сабз қариб 12-14°С аз болои деворҳо ва купрукҳо пасттар аст. Дар рӯзҳои гарм ҳарорати зери сояи дарахтҳо 7- 8°С назар ба ҷойҳои кушод пасттар аст.

Муайян карда шудааст, ки шиддатнокии рӯшноии Офтоб дар сарҳадҳои кушоди шаҳр дар рӯзҳои Офтобй ба 4,1 Ҷ/см2 дар як дақиқа мерасад, дар байни дарахтзорҳои сабз бошад ҳамаги 0,5 Ҷ/см2 дар як дақиқаро ташкил медиҳад. Расиши умумии радиатсияи Офтоб дар зери сояи баъзе дарахтон то 9 маротиба назар ба ҷойҳои кушода пасттар аст.

Растаниҳо ҳамчунин намноки нисбии ҳаворо идора мекунанд, ки ин бо шиддатнокии бухоршаии онҳо вобаста аст. 1 м2 сабзазор дар як соат то 200 г обро бухор мекунад, 1 га ҷангал бошад аз 1 то 4,5 ҳазор тонна обро ба атмосфера бухор мекунад.

Растаниҳо ҳамчунин моддаҳои гуногун — аэрозолҳо, заррачаҳои сахт, пайвастагиҳои газӣ ва ғайраро фурӯ мебаранд.

Растаниҳо қобилияти нигоҳ доштани гарду чанги хаворо дороанд. Вақте, ки ҳавои гардолуд аз байни поя, навда ва барг мегузарад, як полоишӣ хосе амалӣ мешавад. Дар вақти боришот бошад онҳо аз болои узвҳои растанй шуста шуда ба хок ва системаҳои қубурӣ интиқол дода мешаванд.

Дарахтзори сузанбарг дар як сол то 40 т/га гарду чангро ва дарахтзори паҳнбарг бошад то 100 т-ро дар як мавсим нигоҳ медоранд. Дар намудҳои гуногуни растаниҳо қобилияти нигохдории гарду чанг якхела нест. Мисол, дар болои баргҳои фарк 3,4 г/м2, дар болои ёс-1,6 ва дар сафедор 0,62 г/м2 гарду чанг мушоҳида мешавад.

Газонҳо хам қобилияти нигоҳ доштани гарду чангро доранд. Сатҳи болоии сафҳаи барги растании алафии баландии 10 см дошта дар майдони газони 1м2-и то 20 м2-ро ташкил медиҳад, ки 3-4 маротиба аз майдонҳои сабзи Замин ва 10 маротиба зиёдтар аз дарахтон нигоҳдории гарду чангро доранд.

Растаниҳои зиёд қобилияти аз худ ҷудо кардани фитонсидҳоро дороанд, яъне моддаҳои пароне, ки қобилияти куштани бакатерияхои сирояткунандаро ё ки нигоҳ доштани инкишофи онҳоро доранд. Дараҷаи фаъолнокии фитонсидҳо аз ҳолати нашуънамоӣ растанй нобастаги доранд. Аз ҳама бештар фаъолнокии фитонсидҳо ба муқобили бактерияҳо дар давраи муғҷабандӣ ва гулкунӣ хеле хуб мушоҳида мешаванд. Фаъолнокии фитонсидҳо ҳамчунин аз обу ҳаво ҳам вобаста аст, яъне дар рӯзҳои абрнок кам шуда дар рӯзҳои офтобии гарм баланд мешаванд.

Растаниҳо чи тавре болотар қайд карда будем дар паст кардани дараҷаи садохо, аз он ҷумла нақлиётй вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Муайян шудаасг, ки тобистон дарахтзорҳои сабз то 7-8 дБ ва зимистон 10 3-4 дБ дараҷаи садоҳоро паст мекунанд. Растаниҳои дарахтӣ 4,5-5,5 дБ садои нақлиётӣ ва буттҳо то 10 дБ паст мекунанд. Чи қадаре, ки бари майдони дарахтзорҳо васеъ бошанд, ҳамон қадар онҳо дараҷаи садоро паст мекнанд. Мисол, майдони бараш 200-250 м қариб то 50% садои пақлиётро паст мекунад.

Дарахтзорҳои сабз ба ҳолати рӯҳию — ҳаяҷонии одам таъсир мерасонанд. Манзараҳои табиӣ, табий ё ки сунъӣ барои барқарор кардани қувваи барқароркунии мувозинатии серҳаракатии байни организми одамон ва муҳити атроф тақвият мебахшанд.

Барои хамин ҳам дар рафти лоиҳакашии сохтмони шаҳрҳои муосир пеш аз ҳама бояд бо тарзи ҷойгиркунии растаниҳои гуногун дар боғҳо, аазди биноҳо, назди обанборҳо ва ғ. диққати махсус додан лозим аст, то ки ҳамаи онҳо бо ҳам тарзе мувофиқат кунанд, ки барои шаҳрвандон диққатҷалбкунанда ва дилпазир бошанд.

Ададҳои калон:

Ҳазор

103

Миллион

10й

Миллиард

109

Триллион

Ю12

Квадриллион

1015

Квинтилион

1018

Сектиллион

1021

Септиллион

Ю24

Октиллион

Ю27

Нониллион

10зо

Воҳидҳои ченакыи майдон:

1 см2 =

100 мм2

1 дм2 =

100 см2

1 м; =

100 дм2

1 км2 =

1 000 000 м2

Воҳидҳои ченакии дарози:

1 нм =

0,00001 мм

1 мм =

1000 мкм

1 см =

100 мм

1 дм =

100 см

1 м =

100 дм

1 км =

1000 м

Вохиди ҳаҷм:

Воҳиди вазн:

1 гр = 1 000 мг 1 кг = 1 000 гр 1 с = 100 кг

1 т = 1 000 кг

1 см3 = 1 000 мм3 1 дм3 = 1 000 см3

1 м3 = 1 000 дм3 ё ки 1 000 000 см3

1 км3 = 1 000 000 000 ё ки 109 м3

1 литр = 1 дм3 1 гектолитр =100 литр

Воҳиди вақт:

1 дақиқа = 60 сония 1 соат = 60 дақиқа = 360 сония 1шабонарӯз = 24

1 сол = 365 рӯзу 6 соат ё ки 366 рӯз

Иловаи II

Ҷузьҳои асосии қабатҳои Замин (аз рӯи Н. Ф. Реймерс, 1980)

‘Нишондодҳо

Атмосфера

Гидросфера

Литосфера

Мантия

Ядро

Чуқурӣ

1000-1300 то

Ба ҳисоби

Ба ҳисоби

То 2900

2900-

(гафсй), км

2000

миёна

миёна-17,

6371

барои

қитъаҳо ба

уқёнус-3,8.

ҳисоби ми-

Максимум-

ёна-35 (дар

11,022 (аз

баъзе ҷой-

рӯи баъзе

ҳо то 70)

маълумотҳо

ва дар

и дигар

қаъри

1 1,034 м)

уқёнусҳо то 5-7 км

Ҳаҷм, 1018м3

1320

1,4

10,2

896,6

175,2

Зичй, г/см;

Дар болои сатҳи Зам- ин !0’3, дар баландии 750 км-Ю-16

0,99-1,03

2,7-3,32

3,32-5,68

9,43-17,2

Масса, 102,г,

Наздики

1455,8

5.Ю4

405. Ю4

188.Ю4

Фоиз аз мас-

5,15-5,9. Ю-6

0,02

0,48

67,2

32,3

саи умумии Замин

Иловаи III

Калонтарин кӯлҳои оби ширии доштаи Ҷаҳон

Кӯлҳо

Қитъа, мамлакат

Майдони

кӯл,км2

Чуқурй,

м

Ҳаҷми об, км3

Ладога

Аврупо, Россия

17 700

230

908

Онега

-!!-

9 630

127

295

Байкал

Осиё, Россия

31 500

1 741

23 000

Виктория

Африқо, Танзания, Кения, Уганда

69 000

92

2 700

Танганьика

Африқо, Танзания, Зоир, Замбия, Руанда, Бурунда

32 900

1 435

18 900

Болой

Амрикои Шимолй, Канада, ИМА

82 680

406

11 600

Гурон

Амрикои Шимолй, ИМА

59 800

229

3 580′

Мичиган

Амрикои Шимолй, Канада, ИМА

58 100

281

4 680

Маракайбо

Амрикои Ҷанубй, Венесуэла

13 300

35

Титикака

Амрикои Ҷанубй, Перу, Боливия

8 110

230

710

Исиқкӯл

Осиё, Қиргизистон

6 280

702

Иловаи IV

Баъзе дарёҳои калонтарини Ҷаҳон

Дарёҳо

Қитъа, мамлакат

Майдони умуми ҳавза, ҳаз. км2

Дарозй, км

Амазонка

Амрикои ҷанубй

6915

6 437

Нил

Африқо

2 870

6 671

Миссисипи

Амрикои Шимолй

3 268

5 971

Янссзи

Осиё

1 808

5 800

Об бо Иртиш

Осиё

2 990

5 410

Амур

Осиё

1 855

4 444

Конго

Африқо

3 820

4 370

Сирдарё бо Нарин

Осиё

219

3 019

Амударё бо Панҷ

Осиё

309

2 540

Калонтарин пиряхҳои Тоҷикистон

Пиряхҳо

Қитъа,

мамлакат

Майдони умуми, км3

Дарози,

км

Баландй аз еатҳи баҳр, м

Федченко

Тоҷикистон

651

77

6280

Грум-Г рижимайло

143

37

6900

Зарафшон

133

28

5200

Гармо

-!!-

115

30

6350

Октябр

-!!-

88

19

6780

Корженевскпй

-!!-

73

22

6220

Ҷамияти географӣ

-!!-

64

24

6590

Танимаси шимолӣ

-Н-

55

18

8920

Саукдараи калон

-!!-

53

21

7120

Ракзо

-И-

47

17

6250

Сугран

-!!-

47

22

6720

Язғулом

-!!-

26

20

6250

Хирсон

-!!-

25

16

4690

Иловаи VI

Баландтарин қуллахои Ҷаҳон

Кӯҳҳо

Қитъа, мамлакат

Баландй,м

Ҷамолунгма

Осиё,

8 848

Чогори

Осиё,

8 611

Дхаулагири

Осиё,

8 167

Нангапарбат

Осиё,

8 126

Тиричмир

Осиё,

7 690

Исмоили

Осиё, Тоҷикистон

7 495

Сомонӣ

Осиё.Тоҷикистон-Қиргисистон

7 134

Лении

Амрикои ҷанубӣ, Аргентина

6 958

Аконкагуа

-!! — , Аргентина-Чили

6 880

Охос-дел-Саладо

-!!- , Аргентина-Чили

6 800

Тупунгато

-!!- , Перу

6 768

Уаскаран

Амрикои шимолй,Аляска,ИМА

6 194

Мак-Кинли

Африқо, Кения

5 199

Кения

Аврупо, Қавқоз

5 642

Элбрус

Аврупо, Қавқоз

5 033

Казбек

Австралия ва Океания

5 030

Джая (Ҷая) Винсон

Антарктида

5 140

Иловаи VII

Захираҳои нафту газии баъзе мамлакатхо

Мамлакат

Нафт, млрд., т

Газ, трлн., т

Ангишт, млрд., т

Арабистони Саудӣ

43,1

5,1

Ироқ

16,7

3,1

Қуваайт

15,7

Эрон

14,9

20,1

Венесуэла

10,7

3,6

Россия

6,7

48,0

200

ИМА

3,8

4,5

445

Хитой

270

Давлатҳои Муштарак Манофеъ

9,5

_

_

Дар ҷаҳон

170

*

Иловаи VIII

Мамлакатҳои бо нишондоди аз ҳама баланд ва пасти ВВП,
ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ (1995)

Мамлакатҳо

ВВП ба ҳисоби доллар

Швейтсария

40 630

Ҷопон

39 640

Норвегия

31 250

Дания

29 890

Олмон

27 510

ИМА

26 980

Фаронса

24 990

Нигер

220

Непал

200

Танзания

120

Мозамбик

80

Тоҷикистон

Сарҳадҳои махсус ҳифзшавандаи (СМҲ) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номгӯи СМҲ

Соли таш- килёби

Майдон ба ҳисоби, га

Ноҳия ва вилояти ҷойгиршавии СМҲ

1

Мамнуъгоҳҳи «Бешаи палангон»

1938

49 786

Хатлон, Ҷиликӯл, Қубодиён, Қумсангир

2

Мамнуъгоҳҳи

«Ромит»

1959

16 100

ш.Ваҳдат, ҷамоати «Ромит»

3

Мамнӯъгоҳҳи

«Дашти-Ҷум»

1983

19 700

Хатлон, Шӯробод, ҷамоати «Сари-

4

Мамнӯъгоҳҳи

«Зоркӯл»

2000

87 700

Чашма»

ВМКБ, Мурғоб

5

Парваришгоҳи

«Искандаркӯл»

1969

30 000

Суғд, Айни

6

Парваришгоҳи

«Сой-Вота»

1970

4 200

Суғд, Айни

7

Парваришгоҳи

«Кусавли-Сой»

1959

19 844

Суғд, Шаҳристон

8

Парваришгоҳи

«Октош»

1977

15 000

Суғд, Ашт

9

Парваришгоҳи

«Зарафшон»

1976

2 300

Суғд, Панҷакент

10

Парваришгоҳи

«Каратав»

1972

14 400

Хатлон, Фархор

11

Парваришгоҳи

«Камаров»

1972

9 000

НТҶ, Навобод

12

Парваришгоҳи

«Сангвор»

1972

50 900

НТҶ, Тавилдара

13

Парваришгоҳи

«Дашти-Ҷум»

1972

50 100

Хатлон, Шӯробод

14

Парваришгоҳи

«Чилдухтарон»

1970

14 500

Хатлон, «Муминобод»

15

Парваришгоҳи

«Алмосй»

1983

6 000

НТҶ, Шаҳринав, Ҳисор

16

Парв аришгоҳи «Музкул»

1972

66 916

ВМКБ, Мурғоб

17

Парваришгоҳи

«Норак»

1984

30 000

ш. Норак

18

Боги миллии Тоҷикистон

2002

2 611 674

ВМКБ, ш.Хоруғ, Ҷиргатол, Тавилдара

19

Боги таърихи- табиӣ «Ширкент»

1991

3 000

ш.Турсунзода, ҷамоати «Работ»

20

Боғи табиӣ «Сари- Хосор»

2003

3 805

Хатлон, Балҷувон, ҷа- моати «Сари-Хосор»

Ҷазираҳои калонтарини Ҷаҳон, ҳаз. км2

Номи ҷазираҳо

Майдон

Номи ҷазираҳо

Майдон

Гренландия

2 176

Нюфаундленд

111

Гвинеяи Нав

829

Куба

107

Калимантан

734

Люсон

105

Мадагаскар

590

Исландия

103

Замини Баффинова

512

Минданао

94

Суматра

435

Замини Нав

82

Бритонияи Кабир

230

Гаити

77

Хонсю

223

Хоккайдо

77

Виктория

212

Сахалин

76

Замини Элсмира

200

Ирландия

70

Сулавеси

179

Тасмания

68

, Ява

126

Шри Ланка

65

Иловаи XI

Оканаи элементҳои кимиёвӣ дар таркиби
растаниҳои рӯизаминӣ (ҳисоби миёна бо фоиз, аз вазни тар)

Элементи

кимиёвӣ

Фоиз бо вазни тар

Элементи.

кимиёвй

Фоиз бо вазни тар

0

70

в

1Л0-з

с

18

2п

зло-4

н

10,5

КЬ

2Л0-4

Са

0,5

Сз

2Л0-4

N

0,3

п

1Л0’4

К

0,3

Си

1Л0-4

81

0,15

Вг

1.10-4

М§

7.10’2

Мо

5.10-5

Р

7.10-2

У

4.10-3

8

5Л0’2

N1

2.10-3

С1

4Л0’2

V

2.10-3

Иа

2Л0’2

РЬ

2.10-5

Ғе

2Л0-2

и

1.10-5

Мп

7Л0’3

и

1.10-5

Ғ

зло-3

Оа

3.10-5

Ва

ЗЛО-з

Со

2.10-6

А1

2Л0-з

Ое

1.10-5

2.10-3

Ка

2.10-12

Иловаи XII

Таркиби газии атмосфера (массаи умуми 5,9.1015т)

Элементхо ва газҳо

Микдор дар қабатҳои поёнии атмосфера

Фоиз аз рӯи ҳаҷм

Фоиз аз рӯи масса

Нитроғен

78,084

75,5

Оксиген

20,946

23,14

Аргон

0,934

1,28

Неон

0,0018

0,0012

Гелий

0,000524

0,00007

Криптон

0,000114

0,0003

Гидроген

0,00005

0,000005

Дуоксиди карбон (ба

0,033-0,045

0,0466

ҳисоби миёна)

Буғи об:

дар арзҳои

0.2

ш.имолй

2,6

дар экватор

Озон:

дар тропосфера

0,000001

дар стратосфера

0,001-0,0001

Метан

0,00016

0,00009

Оксиди нитроген

0,000001

0,0000003

Оксиди карбон

0,000008

0,0000078

Иловаи XIII

Оби дар таркиби организми одам маҳфузбуда (бо %)

Моддаҳо

Фоиз аз вазни бадани одам

Моддаҳо

Фоиз аз вазни бадани одам

Об

60

мағзи сар

85

аз он ҷумла

лимфа

96

дар бофтаҳои:

Сафедаҳо

19

чарбй

20

Липидҳо

1

устухонй

25

Моддаҳои

ҷигар

70

маъданй

5

мушакй

75

Ангиштобҳо

1

хун

79

Ҷадвали Заминҷунби

Балл ё ки

нишон

-дод

Номи

замин-ҷунбй

Тавсифи кӯтоҳи заминҷунбӣ

Ҷойивазкунии тирчаи сейс мометр, мм

1

Маълум

Танҳо бо асбобҳои ҳассоси ченку-нии

(0,0)

нест

заминҷунбй ба қайд гирифта мешавад

2

Хеле суст

Танҳо одамони алоҳидаи дар ошенаҳои болоии дар ҳолати ороми буда онро ҳисс

*

3

мекунанд

4

Суст

Муътадил

Танҳо аҳолии на он қадар зиёд ҳисс мекунанд

Бо ҷунбиши сусти зарфҳо, шишаи тиреза,

0,5

5

Нисбатан

сахт

садои дар, девор дарк карда шудад вале дар ҳавои кушод ҳисс карда намешавад Ҷунбиши биноҳо, пайдошавии тар-қишҳои

0,5-1,0

б

Сахт

гаҷкунӣ ва ҳатто дар ҳавои кушод ҳисс карда шуда, беиггари одамон хонаҳоро тарк мекунанд

1,1-2,0

7

Бисёр сахт

Ҳамагон онро ҳисс мекунанд ва аз хонҳо мебароянд. Гаҷҳои девор афтида, зарфҳо мешикананд

2,1-4,0

8

Вайронкуна

нда

Мебел афтида, дар обанборҳо об мавҷ мезанад, хонаҳои сангин вайрон шуда, хонаҳои чӯбин зарар намебинанд

4,1-8,0

9

Харобиовар

Дар шахҳо тарқишҳо пайдо шуда баъзе дарахтон мешикананд. Дар хонаҳо

8,1-16,0

10

Сахт

вайрон-

кунанда

тарқишҳои зиёд ҳооил шуда баъзеҳо вайрон мешаванд

Зараррасонӣ ва вайронкунии сахти хонаҳои сангин ва каҷшавии хонаҳои чӯби.

16,1-32,0

11

Фалокатова

Таркишҳои калон дар хок, ярч ва чаппашавии кӯх. Каҷшавии хатти рохи оҳан ва трамвай. Хонаҳои сангин пурра ва чӯби

Бештар аз 32,0

12

Р

қисман вайрон мешаванд Тарқишҳои калон дар Замин, Ярч ва чапашавиҳои зиёд. Хонаҳои сангин пурра,

Сейсмографҳ о дар бисёр

Сахт

чӯби бештараш ва купрукҳо вайрон

ҳолатҳо

фалокатова

мешаванд ва ғ.

вайрон

Р

Дар болои Замин тарқишҳои зиёде ҳосил шуда, дар дарёҳо шаршараҳо пайдо мешаванд, маҷрои дарёҳо тағйир меёбанд. I Ҳамаи биноҳо вайрон мешаванд

мешаванд

Оканаи элементҳои кимиёви дар
обҳои уқёнусн Ҷа.уонӣ, ба ҳисобн миёна мг/л

Элемнт

Дараҷаи ғилзат

Элемент

Дараҷаи гилзат

Гидроген

108,000

Нуқра

0,0003

Гелий

0.000007

Кадмий

0,00011

Литий

0,17

Индий

0,000004

Бериллий

0,0000006

Қаълагй

0,0008

Бор

4.6

Сурма

0,0003

Карбон

28

Теллур

Нитроген

15

Йод

0,06

Оксиген

857,000

Ксенон

0,00005

Фтор

1,2

Сезий

0,0003

Неон

0,0001

Барий

0,003

Натрий

10,500

Лантан

0,000012

Магний

1350

Серей

0,0000052

Алюминий

0.01

Празеодим

0,0000026

Кремний

3,0

Неодим

0,0000092

Фосфор

0,07

Прометий

Сулфур

885

Самарий

0,0000017

Хлор

19,000

Европий

0,00000046

Аргон

0,45

Гадоминий

0.0000024

Калнй

380

Тербий

Калсий

400

Диспрозий

0,0000029

Скандий

0,0004

Голмий

0.00000088

Титан

0,001

Эрбий

0,0000024

Ванадий

0,002

Тулий

0,00000052

Хром

0,00005

Иттербий

0,0000020

Марганегс

0,002

Лютетсий

0,00000048

Оҳан

0.01

Гафний

0,000008

Кобалт

0,0004

Тантал

0,000003

Никел

0,007

Волфрам

0,0001

Мисс

0.003

Рений

0,0000084

Руҳ

0,01

Осмий

Галлий

0,00003

Иридий

Германий

0.00006

Платина

Мишяк

0,003

Тилло

0.00001

Селен

0,00009

С’имоб

0,0002

Бром

65

Талий

0,00001

Криптон

0,0002

Сурб

0,00003

Рубидий

0,12

Висмут

0,00002

Стронсий

8,0

Полоний

Иттрий

0.00001

Астат

Сирконий

0,00002

Родон

0,6. ю-15

Ниобий

0,00001

Франсий

Молибден

0,01

Радий

1,0.10-‘°

Технетсий

Актиний

Рутений

0,0000007

Торий

0,000001

Родий

Протактиний

2,0.10-9

Палладий

Уран

0,003

Иловаи XVI

Тағйирёбиҳои биосфера аз гарафи фаъолияти одам

Ҷузъҳои экологй ва таркиби онҳо

Истеҳсолот, тағйирёби,партов ҳо ё ки андозаи истифодабурдаи одам ба ҳисоби т/сол

Исгеҳсолот, тагйирёбй, партовҳо ё ки андозаи истифодабурдаи одам ба ҳисоби фоиз (аз миқцори табиӣашон)

Эзоҳҳо

Атмосфера

Аз 12 то 20 он

Натиҷаи

Оксиген (истеъмол)

2.1010

микдоре, ки

мул-

биосфера кор

лифони

карда мебарояд

гуногун

якхела

Озон (вайроншавӣ)

То 2000 сол то 20

нестанд

Аз ҳисоби

вайронкун

андаҳое, ки

Дуоксиди карбон

7Л010

Аз асри XIX

имрӯз дар

(зиёдшавй)

тоимрӯз 18,

атмосфера

ҳамаги бошад 25

мавҷуданд

Нитроген (зиёдшавӣ)

То 110

Олудашавии

атмосфера

Оксидҳои сулфур

1,5.Ю8

75

Каме

Оксидҳои

5.107

7,1

туршии

нитроген

1,5.107

боришот

Дигар пайвастагиҳои

1,0

ба назар

нитроген

мерасад

Оксидҳои карбон

3,0.Ю8

100

Аэрозолҳо

(960-2615). Ю8

100

Гидросфера

Вайроншавии

Ба

мувозина:

ҳарорати

Истифодаи

9

Замин

бебозгашти об

430 км3

таъсир

мерасонанд

Шоридаҳои

бебозгашт

2135.106

3560 маротиба

Аз ҳисоби обё-рӣ ва

Олудашавӣ бо нафт

Ба ҳисоби миёна

обанборҳо Аз ҳисоби

аз асри ХЕХ то

ба даст

10-15 маротиба

оварани

Олудашавии бо

10п

обҳои чоҳй

металҳои вазнин

Бештар аз 300 аз

1/4 ҳиссаи

ҳаҷми сахти

хмайдони

Литосфера

модаҳое, ки ба

болоии

Ҷинсҳои кӯҳй

гардиши биотии

уқёнусро

хушки дохил

пар-даи

мешаванд

нафти пӯ-

Аз 4-6 то 12 000 маротиба

шонидааст

Суръати вайрон- шавии қабати хокӣ

9115000 км3

6,7

Биёбоншавй дар тамо—ми давраҳои

таърихӣ

Қариб 0,02 аз доимиятии

Нерӯи барқ

Офтоб ва 1,3 аз

Истеҳсоли бевоситаи энергия

8.Ю12 Вт

энергияи

моддаҳои зиндаи

биосфера

Дар

замони

ҳозира аз 10 то 44 га

дар 1 дақ.

Аз ҳисоби баландша- вии С02

Аз ҳисоби чангу

1,6.1012 Вт 6.Ю12 Вт

Андозаи

ғубор-ҳои

тағйи-

антропогенӣ

З.Ю12 Вт

рёбии

Аз ҳисоби сӯхтани

энергияи

растаниҳо

150. Ю12 Вт

сайёра аз

Талафот аз ҳисоби

Қариб 70

тарафи

обё-рй ва буғшавй аз

одам хуб

болои обанборҳо

омухта

Растаниҳо

нашудааст

Тамоми

Аз 75 то 27%-и

10-15

ҷангалзорҳои олам

ҷангалҳои

хушкӣ

Дар зери хатари

(25-30). 105

0,02-0,04

нестшавӣ

намуд

Ҳайвонҳо

226-400 намуд

70

Несг карда шудааст Аз ҳисоби моҳидорӣ ва ғизоҳои баҳрӣ

Ҳар дақиқа

Зиёда аз 70.Ю6

90

Биотаҳо дар

то 20 га

маҷмӯъ

Гуногунии генетики

Зиёда аз 100 маротиба

7-25

бурида

мешавад

моддаҳои зинда

20

(пастшавӣ)

Биомасса (пастшавй аз соли 1850)

30

Ҳосилнокй дар

Дар зери

хата-ри

нестшавй

хушкӣ

Ҳосилнокӣ дар

уқёнус

Натиҷаҳои

муаллифон

и гуногун муво-фиқат

намеку-

нанд

Эҳтимол фоиз каме баланд

нишон

дода

шудааст

Иловаи XVII

Биомассаи системаҳои экологй (вазни хушк)

Типии экосистема

Майдон ба ҳисоби 10б км

Биомасса ба хисоби миё- на, кг/м2

Дар сатҳи сайёра ба ҳисоби 109 т

Ҷангалҳои тропики намнок Ҷангалҳои тропикии

17,0

45

765

мавсимии сабзбуда Ҷангалҳои ҳамешасабзи

7,5

35

260

минтақа-ҳои мӯътадил Ҷангалҳои хазонрезӣ

5,0

35

175

минтақаҳои мӯътадил

7,0

30

210

Тайға

12,0

20

240

Ҷамоахои ҷангалу буттагй

8,5

6

50

Саваннаҳо

15,0

4

60

Даштумарғзор

9,0

1,6

14

Тундра ва баландкӯҳҳо

8,0

0,6

5

Биёбон ва нимбиёбонҳо Биёбонҳои хушк, шахҳо,

18,0

0,7

13

пирях-ҳо ва ғ.

24,0

0,02

0,5

Заминҳои кишт

14,0

1

14

Ботлоқзорҳо

2,0

15

30

Кӯлҳо ва дарёҳо

Экосистемаҳои қитъавӣ

2,0

0,16

0,05

дар маҷмӯъ

149

12,3

1837

Уқёнуси кушод

332,0

0,003

1,0

Минтақаи апвеллингй

0,4

0,02

0,008

Пастобахои қитъавӣ

26,6

0,01

0,27

Обсабзҳо ва рифҳои марҷонй

0,6

2

1,2

Эстуария

Экосистемаҳои уқёнусй

1,4

1

1,4

дар маҷмӯъ

361

0,01

3,9

Биомассаи умумии Замин

510

3,6

1841

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *