Фанни Экология

Таъсири антропогени ба хок ва каъри замин

Намудҳои асосии таъсири антропогенӣ ба хок

Таъсири инсон ба литосфера айни замон ба ҳадуҳудуд наздик шудаистодааст, ки гузариш аз он қариб дар тамоми сатҳи қишри Замин раванди барнагардандаро эҷод менамояд. Дар раванди дигаргуншавии литосфера аз қаърҳо миқдори бениҳоят зиёди канданиҳои фоиданок бароварда мешавад, масоҳати калони заминҳо кишт мешавад, заминҳои бисёр ба ботлоқ мубадал мешаванд ё ба шӯразамин табдил меёбанд, ҷарихои зиёд пайдо мешаванд. Баландии шахтаҳои ангиш ба 300м, шахтаҳои коркарди тилло (Африқои Чанубӣ) аз 4 км зиёд, иншоотҳои нафтбарори ба 6 км расидааст.

Намудҳои асосии таъсири антропогенӣ ба хок эрозия, ифлосшавӣ, шуршавӣ ва ботлокшавӣ, биёбоншавӣ, ҷудо кардани замин барои сохтмони саноатӣ ва камуналӣ мебошад.

Эрозияи (бодлес) хок вайроншавии сатҳи болои ва ҳосилхезии хок ва ҷинсҳо густурдашаванда бо бод (эрозияи боди) ё селоба (эрозияи оби) мебошад.

Эрозияи боди гуфта ба воситаи шамол пошдиҳи ва аз якҷо ба ҷои дигар гузаронидани зарачаҳои хурдтарини худро меноманд. Шидатнокии эрозияи бодӣ аз суръати бод, устувории хок, наботот, хусусиятҳои релеф ва омилҳои дигар вобастагӣ дорад. Ба инкишофи он омилҳои антропогенӣ таъсири калон мерасонанд: нобудкунии наботот, бемуназзам чаронидани чорво, истифодаи нодурусти чорабиниҳои агротехникӣ. Ҳамаи инҳо раванди эрозияро метезонад.

Эрозияи боди маҳали (ҳарӯза) ва чангбод мешавад. Эрозияи маҳали дар шакли сутунҳои чанг ва шамолҳои рӯизаминӣ бо суръати сусти бод пайдо мешавад. Туфонҳо чангӣ ё чангбодҳо дар натиҷаи шамолҳои сахту давомдор, ки суръаташон то 20-30м/с мебошанд, ба вуҷуд меоянд. Туфонҳои чанги дар муддати якчанд соат то 500 т қабати болоии замини ҳосилхезро дар майдони 1га пош медиҳанд. Тӯфонҳои чанги дар нохияҳои хушк- даштҳои хушк, нимбиёбонҳо ва биёбонҳо мушоҳида мешаванд.

Эрозияи обӣ вайроншавии хокро зери таъсири селобаҳо ифода менамояд. Эрозияи обӣ ҳаворшакл, фавракшакл, ҷардор ва соҳили мешавад. Сабаби пайдоиши эрозияи обӣ омилҳои табиӣ ва боиси инкишофи он фаъолияти инсон ҳисоб мешавад. Яке аз сабабҳои фаъолтшавии эрозияи обӣ дар дахсолаи охир истифодаи техникаи наву вазнини коркарди замин, ки сохти хокро вайрон месозад, мебошад. Инчунин барои инкишофи эрозия нобудсозии растаниҳо ва чангалҳо, чаронишии зиёди чорво, чаппаргардон кардани хок мусоидат менамояд.

Ҷариҳо (эрозияи ҷарӣ) заминхои пурқуввати кишоварзиро нобуд месозад, барои шуста бурдани қабати хок муттако мешаванд, дарёчаҳои хурд ва обанборҳоро бо лойқа пур мекунанд, ки дар натиҷа зарари калони экологӣ ба амал меояд.

Қабатҳои болоии хок ба ифлосшавии пуршиддат дучор мешаванд ва дар натиҷа фаъолияти зисти организмҳои хоки суст мешавад, қобилияти худтозакуни аз микроорганизмҳои касалиовар гум мешавад, ки барои инсон, наботот ва ҳайвонот окибатҳои нохуш дорад. Масалан, дар хокҳои хеле ифлосшуда ангезандаҳои касалии домана якуним сол маҳфуз мемонад, ҳол он ки дар заминҳои тоза танҳо ду-се шабонарӯз нигоҳ дошта мешванд.

Ифлоскунандаҳои асосии хок пеститсидҳо (заҳрҳои кимиёвӣ), нуриҳои минералӣ, партовҳои истеҳсолот, партовҳои газиву дудии моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфера, нафт ва маҳсулоти нафти мебошанд.

Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 1млн тонна пеститсидҳо истеҳсол мешаванд. Камтарин миқдори пеститсидҳо дар организм иммунитетро суст мекунад. Собит шудааст, ки ҳангоми истифодаи пеститсидҳо таркиби намудии зараррасонҳо зиёд, сифати ғизои ва нигоҳдорандагии маҳсулот бад, ҳосилхезии табиӣ хок гум мешавад. Пеститсидҳо ба ҳамаи организмҳои зинда таъсир мерасонанд, ҳол он ки инсон онҳоро барои нобудсозии зараррасонҳо истифода мебарад. Дар натиҷа заҳролудшавии миқдори зиёди намудҳои дигари биологӣ (ҳашаротҳои фоидаовар, парандаҳо) ва ҳатто нобудшавии онҳо мушоҳида мешавад. Дар байни пеститсидҳо пайвастагиҳои устувори хлорорганикӣ (ДДТ, ГХБ, ГХСХ) хатарнок мебошанд, зеро онҳо дар таркиби хок якчанд сол маҳфуз мемонанд ва ҳатто миқдори ками онҳо дар натиҷаи ҷамъшавии биологӣ барои организмҳо зарар доранд. Ҳамин тариқ, зарари умумии экологии истифодабарии пеститсидҳо нисбат ба фоидаи онҳо бештар мебошад.

Хок бо нуриҳои минералӣ низ ифлос мешавад, агар онро аз меъёр зиёд истифода баранд. Аз таркиби нуриҳои азотӣ, суперфосфатӣ ва дигар намудҳо ба таркиби хок миқдори калони нитратҳо, сулфатҳо ва хлоридҳо ворид мешаванд: ҳатто дар шароитҳои мусоид растаниҳо танҳо 50-80% — и нуриҳоро аз худ менамоянд ва дар натиҷа вайроншавии гардиши биогеокимиёвии азот, фосфар ва дигар элеменҳо ба амал меояд. Ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани нуриҳои минерали дар таркиби хок миқдори оксиген кам мешавад, ки ин ҳолат барои афканиши гази метан ба атмосфера мусоидат менамояд.

Ба шидатнокии ифлосшавии хок партовҳои истеҳсолот ва истеъмол сабаб мешаванд: масоҳати калони заминҳоро партовҳои маишӣ, хоктудаҳои тилло ва дигар намуди анборҳо ишғол менамоянд. Партовҳои газиву дудии корхонаҳои саноатӣ ба фаъолити дурусти хок зарари калон мерасонанд. Хок кобилияти дар таркиби худ ҷамъ намудани моддаҳои ифлоскунанда, максалан, металҳои вазнинро дорад, ки ба саломатии инсон зарар мерасонад. Ифлоскунандаҳои маъмулии хок сурб, мис, кадмий, радионуклидҳо, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мебошанд. Дар наздикии комбинати симоб дар таркиби хок миқдори симоб садҳо маротиба аз меъёр зиёд мушоҳида мешавад.

Дар раванди фаъолияти хоҷагидори инсон шӯршавии хокро зиёд мекунад. Чунин тазоҳурот шӯршавии дубора номида мешавад ва ҳангоми обёрии зиёди заминҳои корам дар ноҳияҳои хушк ривоҷ меёбад. Дар натиҷа бисёр намудҳои организмҳои руянда нест мешаванд, растаниҳои навгалофитҳо пайдо мешаванд.

Ботлоқшавии хок дар минтақаҳои сернам ва минтақаҳои яхбастагии абади мушоҳида мешавад. Захироти мазкурро таназзули биосеноз, аломатҳои пусиш ва чамъшавии организмҳои мурда ҳамроҳи менамояд. Ботлокшави хусусиятҳои организмии хокро вайрон ва самаранокии чангалҳоро паст менамояд.

Яке падидаҳои пуриқтидори таназзули хок биёбоншавӣ мебошад. Биёбоншавӣ раванди бебозгашти ивазшавии хоку наботот ва пастшавии самаранокии биологӣ буда, дар ҳолатҳои фавқулода иктидори биосфериро ба пуррагӣ вайрон месозад ва қитъаро ба биёбон мубадал медиҳад. Сӯзондани алафи хушки порсола, чаронидани чорво ва камшавии об боиси биёбоншавӣ мегардад. Дар минтақаҳои биёбоншуда хусусиятҳои физикии хок зарар мебинанд, наботот нобуд мегардад, обҳои зеризаминӣ шӯр мешаванд, қобилияти барқароркунандагии экосистемаҳо вайрон мешавад.

Қисмати болоии хок ҳамчунин ҳангоми ҷудо кардани замин барои сохтмони иншоотҳои саноатӣ, шаҳрҳо, роҳҳо, хатҳои алоқа, қубурҳо, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва ғайра вайрон мешавад.

Таъсироти асосии антропогени ба чинсхои кухи

Қаъри Замин гуфта, қисми болои қишри Заминро меноманд, ки дар ҳуддуди он бозёфти канданиҳои фоиданок, хокпӯш кардани моддаҳо зараровар ва партовҳои истеҳсолот, сохтани маҳзанҳои нафту газ ва иншоотҳои ҳифзшавандаи махсус ва ғайра имкон дорад. Захираҳои минераливу ашёи хом сарвати табиии асосии қаъри замин мебошад. Мақсади асосии истифодаи қаъри замин бошад, бозёфт ва коркарди канданиҳои фоиданок мебошад. Қаъри замин манбаъи асосии захираҳои калон энергетикӣ ҳисоб мешавад. Ба ҳисоби миёна аз қаъри замин 32.3*1012 Вт қуваи геотермалӣ ба сатҳи замин интиқол мегардад.

Коркарди қаъри замин ба ҳамаи қисматҳои муҳити табиии атроф ва ҳолати он таъсири манфӣ мерасонад. Саноати истихроҷи маъдан аз рӯи иқтидори таъсири мусбат ба экосистемаҳои табиӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Ба оқибатҳои манфии азхудкунии қаъри замин инҳо дохил мешаванд:

дигаргуншавии релефи маҳал дар натиҷаи пайдоиши чӯкидагиҳои конҳо, хоктудаҳои чинсҳои кӯҳӣ, хвостохранилища ва ғайра:

фаъолшавии равандҳои пурхатари геологӣ, фурӯнишинии сатҳи замин ва ғеҷидани ҷинсҳои кӯҳӣ:

дигаргуншавии майдонҳои физикӣ – гармӣ, электромагнитӣ ва ғайра, хусусан дар манотиқи яхбастагии абадӣ;

камшавӣ ва бад шудани сифати обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, камшавии истихроҷи дарёҳои хурд, аз ҳад зиёд хушкшавии ботлоқҳо, хок ва ҷинсҳои кӯҳӣ;

ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба воситаи партовҳои метан, карбон, оксиди серы ва дар натиҷаи сухтани хоктудаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, сӯхторҳои газиву нафтӣ;

ғубори чанг ҳангоми таркишҳо дар конҳои маъданҳо, вентилятсияи шахтаҳо, амалиётҳои наклиётӣ, тозашавии ашёи хоми минералӣ;

вайроншавии қабати анбӯҳи наботот ҳангоми кандани чуқуриҳо, хокпӯш кардани хокҳои ҳосилхез ва ғайра.

Сарбориҳои статикӣ ва динамикӣ, таъсири гармӣ ва барқӣ ба катори таъсироти асосии антропогенӣ ба ҷинсҳои кӯҳӣ мансубанд. Сарбориҳои статикӣ намуди маъмултарини таъсири антропогенӣ ба ҷинсҳои кӯҳӣ ҳисоб мешавад. Бо таъсири сарбориҳои статикии биноҳо ва иншоот, ки ба 2 мПа ва зиёда аз он мерасанд, минтақаҳои дигаргуншавии фаъоли ҷинсҳои кӯҳӣ ба вуҷуд меоянд, ки чуқуриашон то 70-100 м мебошад. Ба сарбориҳои динамикӣ ларзиш, зарба ва таконхӯрӣ ҳангоми ҳаракати нақлиёт, корҳои таркиши ва ғайра мансуб мебошнд.

Бо таъсири нақлиёти электронидашуда, ЛЭП ё дигар таҷҳизоти барқӣ дар ҷингсҳои кӯҳӣ майдонҳои сунъии барқӣ пайдо мешаванд, ки ҷараён ва майдонҳои парешонро ба вуҷуд меоваранд. Дар натиҷа таъсироти динамикӣ, гармӣ ва барқӣ ба ҷинсҳои кӯҳӣ ифлосшавии физикии муҳити табиии атроф ба вуҷуд меояд.

Зери таъсироти пуриқтидори антропогенӣ дар майдонҳои ҷинсҳои кӯҳӣ равандҳои хатарнок, ба мисли ярч, карст, зери обмондан, равандҳои рахнакушои ва ғайра ба амал меоянд. Хусусан майдонҳои ҷинсҳои яхбастагии абади хеле хатарноканд, зеро ин мавзеъҳо нисбати таъсироти гарми антропогенӣ хеле ҳассосанд.

Ярч лағшиши ҷинсҳои кӯҳӣ буда, бо қувваи ҷозиба ба поён нишеб мешавад. Ярч дар нишебиҳои водиҳо, дарёҳо, ҷариҳо, соҳили баҳрҳо зуд-зуд падид меояд. Ярчҳо устувории маҳалҳои ҷинсҳои кӯҳиро вайрон месозанд, ба қисматҳои дигари муҳити табиат таъсири манфӣ мерасонанд.

Карст зуҳуроти геологӣ буда, бо таҳлилшавии ҷинсҳои кӯҳӣ (доломит, оҳаксанг, гаҷ), пайдоиши ковоки зеризаминӣ (ғорҳо, ковокиҳо) ва фурӯравии сатҳи болоии замин марбут аст. Маҳалҳои ҷинсҳои кӯҳие, ки дар он карст инкишоф меёбад, маҳалҳои карстшуда меноманд. Яке аз равияҳои муҳими ҳифзи табиат муҳофизати ғорҳои карстӣ, яъне ёдгориҳои табиат ҳисоб меёбад. Ҳангоми сайру сайёҳати бешумори саёҳон реҷаи гармӣ ва обии ғорҳои мазкур вайрон мешавад «обшавии» сталактитҳо, сталагмитҳо ва дигаргуниҳои манфии муҳити геологӣ ба назар мерасад.

Обпахшкунӣ баландшавии сатҳи обҳои зеризамини (камтар аз як-ду метр аз саҳи болоии замин) мебошад, ки дар натиҷаи он маҳалҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва хок намнок шуда, ба ботлоқ мубаддал мегарданд. Инчунин фурӯравии заминҳои зардхок ва варамкунии пойгоҳи биноҳо ва иншоот ба вуҷуд меояд. Ин ҳолат вазъияти экологиро дар биноҳои истиқомати ва истеҳсоли бад месозад, ҳосилнокии меҳнатро кам мегардонад ва одамонро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад.Дар минтақаҳои обзеркарда хатари сейсмикӣ ба миён меояд. Ғайр аз ин, дар натиҷаи шӯршавии дубораи хок ҳангоми обзеркунӣ наботот нобуд мешавад, ифлосшавии кимиёвиву бактерияии обҳои зеризаминӣ ба амал меояд, ҳолати санитариву эпидемологӣ бад мешавад.

Дар баъзе манотиқи курви замин (шимоли Аврупо, Амрико ва Осия) қисми болоии қишри замин доимо дар ҳолати яхбанди буда, ҳарорати он он аз 00С поён мебошад. Ин гуна ҷинсҳоро абадях ва ин манотиқро манотиқи яхбастаи абадӣ меноманд. Пайдоиши яхбандии абадӣ бо давраи чорякӣ алоқаманд аст. Таъсири инсон ба яхбандии абадӣ ба вайроншавии қабати набототии хок, дигаршавии релеф, пайдошавии ботлоқ ва робитаи байниҳамдигарии экосистемаҳо оварда мерасонад.

Равандҳои эндогении геодинамикӣ – заминҷунбиҳо ва вулканнизм барои лағжиши ҷинсҳои кӯҳии қишри замин мусоидат менамоянд, ба қурбониҳои зиёд ва оқибатҳои вазнин оварда мерасонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *