Фанни Экология

Тавсифи намудхои гуногунии экосистемахо

Экосистемаҳои рӯизаминӣ

Экосистемаи босуботи рӯизаминӣ ҳолати мутаносибаи муносибатҳои байни организмҳои зиндаву муҳити физикии атрофро тавсиф менамояд. Гомеостази умумии чунин система ба он имкон медиҳад, ки ба омилҳои иқлими муқобил истад. Барои Замин минтақанокии экосистемаҳои рӯизаминӣ ба вуҷуд меояд. Минтақанокии горизонтали иқлми Замин ба минтақанокии вертикали системаҳои кӯҳӣ мутобиқат менамояд. Дар доманаи системаҳои кӯҳӣ иқлим бо минтақавияти ҷуғрофии мазкур мувофиқат мекунад, ҳангоми ҳаракат ба боло минтақаҳои иқлимӣ ба монанди ҳаракат аз ҷануб ба шимол иваз шуда меистад ва «ҷануб» иқлимӣ домонаи системаи кӯҳӣ ҳисоб мешавад.

Экоситемаҳои рӯизаминӣ ба биотаҳо тақсим мешавад. Барои тундра шароитҳои душвори сабзиш хос аст. Марҳилаи вегетатсионӣ ҳамагӣ 2-2,5 моҳ, боришот 200-300 дар як сол, шамолҳои сахт ва ҳаракати пасти ҳаво ҳатто дар фасли тобистон, яхбастагии абади. Вале фотомарҳилаи тӯлонӣ ва бухоршавии кам амали меъёрии рутубат ва рӯшноиро паст мекунад . Дар тундра дарахт нест, танҳо ушна ва гулсангҳо мерӯянд. Буттаҳои бисёрсолаи кассиопея, брусника, вероника,растаниҳои майда шакли черника, туси майдашакл дар тундра паҳн шудааст. Маҳсулнокии экосистемаҳои дигар камтар аст, вале дар якҷоягӣ бо уқёнус он метавонад парандаҳо, ҳашарот, гавазнҳои шимолӣ, хирсҳо, гургҳо ва рӯбоҳи шимолиро ғизо диҳад.

Чангалҳои дарахтони сӯзанбарг (тайга) дар қисми шимолии минтақаи иқлимии ҳарораташ нисбатан баландтар паҳн шудаанд. Иттиходҳои тайга аз дарахтони сӯзанбарг тиратоб-арча , пихта, кедр ва дарахтони сӯзанбарги банур-санавбар, кочи баргрез иборатанд. Иттиҳоди ҷангалҳои сӯзанбарги тираранг аз қабатҳои дарахт, ушна, алаф ва бутачаҳои алафи иборат ҳастанд. Ин ҷангалҳо серсоя мебошанд ва рӯи заминро алаф дер мепӯшонад. Дар ин гунна чангалҳо микромуҳити ба худ хос ҳукмфармо аст, яъне ба ин ҷо шамол намерасад, ҳарораташ нисбат ба чойӣои яланги пасттар мебошад, дар фасли зимистон барфи бисёр меборад ва аз ин сабаб ҳайвонҳо ба зимистони хунук тобоваранд. Ҳайвонҳои калони ин ҷангалҳо хирс, гург ва шоҳгавазн мебошад. Тухмии дарахтонро паррандаҳо, санҷобҳо ва дигар хазандаҳои хурд, сӯзанбаргҳоро ҳашаротҳо истеъмол мекунанд.

Ҷангалҳои баргрези минтақаи муътадил (ҷангалҳои паҳнбарг) дар ҷанубтари тайга ҷойгир шудааст. Иқлими ин ҷо мулоим аст, боришот аз 700 то 1500 мм дар як сол , ҳарорати ҳаво муътадил мебошад. Дар ин ҷангалҳо асосан бук ва булут мерӯянд. Дар зери қабати ғафси баргҳои рехта аксари ҳайвонҳои бемуҳра зимистонро мегузаронанд. Сохти ҷангалҳои паҳнбарг то се қабати дарахтон, ду қабати буттаҳо ва ду–се қабати алафро дарбар мегирад. Парандаҳо дар самти гуногун тоқчаҳои экологиро ишғол мекунад. Дар байни ҳашаротҳо зараррасонаш зиёд мебошад, ки ба ҷангалҳо зарари калон мерасонад. Ҳайвонҳои калони ин ҷангалҳо шоҳгавазн, хирс, рӯбоҳ ва силовсин мебошанд.

Даштҳои минтақаи муътадил фазои кушоди байни ҷангалҳо ва биёбонҳо буда, миқдори боришот аз 250 то 750 мм дар як сол мебошад. Даштҳо дар Евразия, Америкаи Шимолӣ (прерия) , дар ҷануби Америка (пампасхо), дар австралия, Зеландияи нав (пусокҳо) масоҳати калонро ишғол менамояд. Дар даштҳо баъзе намуди ғалладона, растаниҳои зуднобуднашаванда, буттаҳо мерӯянд, ки онҳоро ҳайвонҳо мехӯранд. Ҳайвонҳое, ки дар даштҳо зиндагӣ мекунанд, суғур, нормон, муши саҳрои, сайчак мебошад. Алафҳои нобудшудаи даштҳо болои хам ҷамъ шуда, барои рӯидани алафи нав монеа мешаванд, ва дар натиҷа деградатсияи (таназзул) набототи даштҳо ба амал меояд. Қариб ҳамаи растаниҳои бисёрсола нобуд шуда, ҷои онҳоро талхшувок ё дигар алафҳои бадхур иваз менамояд. Қисми зиёди даштҳоро ҳоло коркард намуда, ҳамчун замини кишт ё барои чорводори истифода мебаранд.

Биёбонҳои алафу буттадор асосан дар Осиё, Африко, Австралия, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо дар як сол то 00-250 мм боришот мешавад ва бухоршавӣ аз сатҳи болои об зиёда аз 1000 мм дар як сол мебошад. Дар биёбонҳо алафҳои бурида ва буттаҳо мерӯянд. Пусти ҳайвоноти биёбонҳо бо қабати махсус пушонида шудааст ва он онро дар худ нигоҳ медорад. Шутурҳо низ мутобиқ шудаанд, ки ин ҳолат барои ҳайвонҳои дигар марговар аст. Заминҳои биёбонҳоро бе обёри киштукор кардан номумкин аст. Агар ин заминҳо обёри шаванд , дар натиҷаи фаровонии нури офтоб самаранокиашон низ хеле афзун мешавад.

Чаппарал минтақае мебошад, ки иқлими мулоим ва муътадил дорад. Миқдори боришот дар ин ҷо то 500-700 мм дар як сол аст, вале он танҳо дар вақти зимистон меборад. Зимистони сарборон бо тобистони хушк иваз мешавад. Иттиҳоди чаппараллҳо аз дарахтони гор, булути ҳамешасабз иборат аст. Чапараллҳо дар канори баҳри миёназамин, соҳили ҷанубии Австралия , калифорния ва мексика васеъ паҳн шудаанд.

Даштҳои тропикӣ ва саванаҳо дар африкои Марказӣ ва Шарқӣ, Амрикои чанубӣ ва Австралия паҳн шудаанд. Миқдори боришот аз 900 то 1500 мм дар к сол буда, ҳарорати ҳаво тамоми сол баланд мебошад. Дар ин ҷо аз рӯи тақсимоти боришот мавсимҳо муайян мешавнд ва ин мавсимҳо ба мавсимҳои нам ва хушк ҷудо мешаавад. Дарахтони ин мавзеъҳо пустлохи ғафс доранд, ба мисли баобаб, акатсия, нахл, зарбат ва ғайра. Алаф дар ин чо баланд мерӯяд. Ҳайвоноти ин ҷо бисёр ва гуногунанд. Гизол, заррофа, гурхар, шер, юз, паррандаҳои соҳибҷангал ва ҳатто паррандаи аз ҳама калон – шутурмурғ муқими саваннаҳо мебошад. Аз байни хазандаҳо калтакалосу морҳо дар ин ҷо зиёд мебошанд. Ҳашарот хусусан дар мавсими боронгари зиёд мебошад. Пашшаи хунмак- сесе хеле зарарасон мебошад. Дар Африқои ҷанубӣ ҳашаротҳое ҳастанд, ки ангезандаи бемориҳои системаи марказӣ асаби ҳам инсон, ҳам ҳайвонҳо мебошанд.

Ҷангалҳои нимҳамешасабзӣ мавсими (баргрез) тропикӣ дар қисми тропикӣ Осиё, Америкаи Марказӣ паҳн шудааст. Миқдори боришот ин минтаҳаҳо 800-1300 мм дар як сол буда, чор-шаш моҳ тамоман бориш намешад.

Ҷангалҳои ҳамешасабзи тропикӣ борони қад-қади экватор ҷойгир шудаанд ва миқдори боришоти ин ҷо 2000-2500 мм дар як сол мебошад. Ҷангалҳои борони дар ҳавзаҳои Амазонка ва Оринокои Амрикои Чанубӣ, дар ҳавзаҳои дарёҳои Конго, Нигер ва змбезии Африқо, дар ҷазираи Мадагаскар ва Гвинеяи Нав ҷойгир шудаанд. Ҳарорати ҳаво ҳамеша як хел аст. Дар ин ҷангалҳо дарахтон се қабатро ташкил мекунанд: қабати болои аз дарахтҳои баланд иборат аст, қабати дуюм аз болопӯши ҳамешасабз дар баландии 25-35 м ва қабати поении аз ҷойҳои равшани байнидарахтон ташкил ёфтааст. Бутта ва алаф қариб ки намерӯяд, вале лиана ва эпифитҳо хеле бисёр мебошанд. Аз ҳайвонҳо дар ин ҷо маймунҳо, юзи ало, пума, мурчахӯр, кохилак ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

Экосистемаҳои оби ошомидани

Оби ошомидани сатҳиболоии қитъаҳо дарёҳо, кулҳо, ботлокзор, хавзҳо ва обанборҳои калонро ба вуҷуд меоварад ва ба минтақаҳои зерин ҷудо мешавад: литоралӣ, ки ҳамагӣ 1 % нури офтоб тамоман намерасад. Пастобҳо қитъаҳои камоби тезҷоришаванда буда қаъри онҳо лойқа надорад. Плесҳо минтақаҳои ҷуқуроб буда, маҷрои сустдоранд. Қаъри ин чуқуробҳо лойқадор буда, дар он ҷо чонварони кобанда зиндагӣ мекунанд.

Омилҳои маҳдудкунандаи муҳити об ҳарорат, шаффофӣ, маҷро, шӯрӣ ва ғайра мебошад. Аксари ҳайвонҳое, ки дар об зиндагӣ мекунанд, стенотермӣ мебошанд, аз ин сабаб камтарин ифлосӣ барои онҳо хатарнок аст. Дар обанборҳое барое ҳаёт шаффофиёят муҳим аст, ки он дар обҳои тира то якчанд сантиметр, дар кӯлҳои тозаи кӯҳӣ то 30-40 м мекалавад. Маҷро ба паҳншавии организмҳо ва таркибияти газу намакҳо таъсир мерасонад.

Омили муҳими маҳдудкунанда дар экосистемаи обӣ консентратсияи оксиген мебошад. Намакҳо биогении маҳдуд нитратҳо ва фосфатҳо буда, баъзан норасоии калсий ё дигар элементҳо низ мушоҳида мешавад.

Ба миқдор ва паҳншавии организмҳои обӣ, хусусан моҳиҳо, тақсимоти фазоии обанборҳои гуногун ҳамон як тоқчаи экологиро моҳиҳои намудашон гуногун ишғол мекунанд. Организмҳои обӣ аз рӯи ҷои зисташон дар обанбор ба таври зерин тасниф мешаванд:

Бентос- организмҳое, ки ба қаър вобастаандва дар таҳшинҳои лойқаолуд зиндагӣ мекунанд:

Перифитон ҳайвонот ва растаниҳое, ки ба баргу пояи растаниҳои обӣ ё дунгии болои қаъри обанбор вобаста шудааст.

Планктон организмҳое шинокунанда буда, зеопланктон бошад, худаш фаъолона ҳаракат карда метавонад, вале асосан бо ёрии маҷро ҳаракат менамояд.

Нектон ин организмҳои озод дар об шинокунанда –моҳиҳо, амфибияҳо ва ғайра мебошанд.

Экосистемаҳои лентикӣ дар минтақаи литоралӣ ду намуд продусент дорад: растаниҳои гулдори ба қаър часпанда камиш, лух, савсани обӣ ва растаниҳои сабзи шинокунанда-обсабзҳо. Ҳайвонот ва консулинтҳо назар ба дигар қитъаҳои обанбор дар литоралҳо бештар гуногунанд. Гирифтан моллюскҳо коловратҳо, кирмакҳо ва обсабзҳои ушнамонандро дарбар мегирад. Аксари ҳайвонҳои нектон (қурбоққаҳо, сангпуштҳо, калтакалосҳо ва ғ.) оксиген ҳавоиатмосфераро нафас мекашанд. Моҳиҳо қисми бештари ҳаёти худро дар литералҳо мегузаранд ва дар хамин чо афзоиш меёбанд. Зоопланктон аз харчангшаклон иборат аст.

Кулхо обанборхои табиии оби ошомидани хисоб мешавад ва якчанд даххазорсолахо мукаддам пайдо шудаанд. Пайдоиши баъзеи онхо, масалан Байкал ба миллионхо сол хисоб карда мешавад. Дар кулхои минтакаи муътадил се китъаи хароратиро чудо мекнанд: эпилимнион-то чукурие, ки дар дар он конвнксия ё гардиши об ба амал меояд: термоклина –китъаи мобайни, ки оби он оби китъаи болои омехта намешавад: гиполимнион-минтакаи оби хунук, ки дар он гардиш ба амал намеояд.

Аз нуктаи назари махсулноки кулхо олиготрофи (камгизо) ва эвтрофи (гизои) мешаванд. Инчунин махсулнокии экосистемахои лентики ба микдори моддахои аз хушки ва чукурии кулхо воридшаванда вобастаги дорад.

Хавзхо дар пастихои гуногун пайдо мешаванд, акар вакт дар тобистон ё хушксоли хушк мешаванд. Фаунаи хавзхо дар мавсими хушки пуртокатанд ва метавонанд ба обанборхои дигар куяанд. Хавзхои табии сермахсуланд, дар хавзхои сунъи инсон мохихоро худаш гизо медихад.

Обанборхо ба таври сунъи хангоми сохтмони мачмаахо гидроэнергетики ва гидролишоративи ба вучуд меоянд. Ин системаи табииву техники мебошад. Таксимоти гарми ва биогенхо аз намуди сарбанд вобаста аст. Агар обпарто аз болои сарбанд ояд, он гох гарми истихроч ва биогенхо гунн мешаванд. Агар баръакс бошад, обанбор гармиро гунн ва моддахои биогениро истихроч менамояд. Дар холати аввал оби эпилимнион ва дар холати дуюм оби гаполимнион фароварда мешавад, биогенхо бошанд, эвтрофикатсияи кисматхои дарёхо ба вучуд меоранд.

Экосистемахои лотики (дарёхо) аз обанборхои дар якчоистода бо мачро, бо таксимоти баробар оксиген фарк мекунанд. Суръати мачро ба таксимоти мохихои дарёхо таъсир дорад. Дарё экосистемаи кушода мебошад ва ба он аз махалхои гирду атроф микдори калони моддахои органики ворид мешаванд. Дар дарёхои калони моддахои органики ворид мешаванд. Дар дарёхои калон минтакавияти тулони мушохида мешавад. Минтакавияти тулони ба дигаргуншавии таркиби намудии мохихо фак мекунад. Дар поёнобхо микдори намудхо кам мешавад, вале андозаи мохихо калон мешаванд.Китъахои оби нушокидори ботлокшуда ё ботлокхо паст ё баланд мешаванд: ботлокхои паст чойгиршуда аз обхои зеризамини ва болобхо дар хар пастхами ва хатто дар нишебии куххо ба назар мерасанд, поёнобхо дар натичаи алафпуш шудани кулхо ва рудхонахо пайдо мешаванд. Онхо ба макрофитхои оби, растанихои ботлоки ва буттахо рупуш шудаанд.

Экосистемахои бахри

Мухити бахри нисбат ба хушки ва оби ошомидани бефосила аст ва чукурии укёнус бузург мебошад. Дар укёнус хаёт дар хар гуша вучуд дорадва дар карибии чазираву китъахо гуногунранг аст. Дар укёнус минтакахои абиоти кариб ки вучуд надорад, гарчанде барои харакати хайвонот харорат, шури, чукури монеа мешаванд. Ба шарофати бодхои доими (пассатхо) дар бахру укёнусхо гардиши мунтазами об аз хисоби мачрохои бузург (Голфстрим-гарм, Калифорния-хунук) ба амал меояд, ки норасоии оксигенро дар каъри укёнус бартараф мекунад. Дар мавзеъхои наздисохили вазифаи мадд, к ибо кувваи чозибаи Моху офтоб ба амал меояд, хеле калон аст.

Апвелинг ин раванди болошавии обхои хунук аз каъри укёнус мебошад, ки дар он чо бодхо мунтазам обро аз нишебии материк ба дигар чо равона мекунанд ва ба чои он аз каъри укёнус мебошад, ки дар он чо равона мекунанд ва ба чои он аз каъри укёнус обе, ки аз биогенхо бой мебошад, ба боло мебарояд. Китъахои апвелинг бештар дар укёнуси Чахони сермахсул аст. Обхои резишгоххо низ сермахсул ва аз биогенхо бой мебошанд.

Шурии миёнаи укёнусхо 35 г/л мебошад: кариб 25 % хлориди натрий, бокимондааш намаки калсий, магний ва калий (сулфатхо, карбонатхо, бромитхо ) мебошанд. Барои обанборхои бахри мухити устувори ишкордори рН=8,2 хос аст, вале таносуби намакхо ва худи шури дигар шуда меистанд. Дар оби халичхои намакдори резишгохи дарёхои минтакахои наздисохили микдори намак камтар буда, дар хар мавсим иваз мешавад.

Элементхои биогени дар мухити бахри омили мухими махдудкунанда мебошад. Онхо бидуни организмхо дар об муддати нисбатан кам вучуд дошта метавонад. Элементхои биогени ба занчири трофики организмхо меафтанд ваТо минтақаҳои гетеротрофи (гардиши биологи) намерасанд.

Омили асосие, ки биотаи баҳриро тафриқа меандозад, қаър ва чуқурии баҳр мебошад: тунукоби материкиро якбора нишебии материкӣ иваз мекунал, оҳиста-оҳиста ба доманаи материкӣ мегузарад ва он то ҳамвории абиссалӣ (умқӣ) поён мефарояд. Қитъои уқёнуси кушодаро дур аз тунукоба қитъои уқёнусӣ меноманд. Ҳамаи сокинони уқёнус ба планктон, нектон ва бентос ҷудо мешавад. Планктон ва нектон, яъне қамаи организмҳои, ки дар обҳои кушода зиндаги мекунанд, минтақаи пилагиро ташкил медиҳанд. Қисми аз ҳама болоии уқёнус, ки нури офтобро мегузаронад ва маҳсулоти аввалии дар он ҷо пайдо мешавад, эвфотикӣ ном дорад. Дар уқёнуси кушода иқтидори он то 200 м, дар қисмҳои назди соҳили то 30 м мерасад. Дао қиёс бо чуқуриҳои километри ин минтақа ба таври кофӣ тунук аст ва аз қаъри уқёнус-минтақаи афотӣ бо минтақаи ҷудрони ҷудо карда мешавад.

Қитъаи тунукоби контененталӣқариб 8% майдони уқёнусро (29 мил. Км2) ташкил медиҳад, масоҳати он чуқурии то 200 м лорад ва майдони мазкур фвунаи байтарини уқёнусро доро мебошад. Минтақаи наздисоҳили барои пайдо намудани ғизо ҳеле мусоид аст: ҳатто дар ҷангалҳои боронии тропики ба мисли ин ҷо гуногун рангии ҳаёт дида намешавад. Планктон аз ҳисоби кирмчаҳои фаунаи бентос аз ғизо бой аст.

Минтақаҳои апвеллинг қад-қади соҳилҳои ғарбии қитъаҳои хушкӣҷойгир шудаанд. Вале боивазшавии самти шамол таназуми “шукуфии” планктон рӯймедиҳад ва моҳиҳо дар натиҷаи нарасидани оксиген (эвтрофикатсия)нобуд мешаванд.

Лиманҳо (халиҷ) обанбонҳои нимпӯши сермасхули наздисоҳилӣ мебошанд. Онҳо экотонҳои байни экосистемаҳои оби ошомиданӣ ва баҳрӣ буда, барои моддаҳои биогенӣҳамчун дам ҳисобмешаванд. Тамоми сол ин ҷо автотрафҳо-махрофитҳо (алафҳои баҳрӣ ва ботлоқӣ, обсабзҳо), обсабзҳои қаър, фитопланктон фаъоланнд. Лиманҳо барои ғизодиҳии шайвонот хизмат мекунанд ва аз маҷмӯи пурраи маҳсулоти баҳрӣ (моҳи, харчанги бахрӣ, садафак ва ғайра)бой ҳастанд.

Минтақаҳои уқёнусӣ азэлементҳои биогенӣ бой нест. Бинобар ин минтақаҳои мазкур дар муқоиса бо минтақаҳои наздисоҳилӣ “биёбоп”ҳисоб мешавад. Минтақаҳои арктикӣ ва антрактикӣ нисбатан маҳсулноктаранд, зеро зичии планктон ҳангоми гузориш аз баҳрҳои хунук ба баҳрҳои гарм меафзоянд ва фаунаи моҳиҳо ва наҳангшаклҳои ин ҷо нисбатан боймешанд.

Фитопланктон манбаи ибтидодии қувваи продусентҳо мебошад. Ҳайвонҳои калон ва пеш аз ҳама, моҳиҳо консументҳое мебошанд, ки зоопланктонро истеъмол менамоянд. Барои зоопланктон ҳам фитопланктон ва ҳам кирмакҳои планктонии моллюскаҳо, савсанҳои баҳри продусент ҳисоб меёбад. Чй қадар ки қаъри об чуқур бошад, ҳамунқадар гуногуншакли фауна камтар аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *