Фанни Экология

Таъсироти антропогени ба гидросфер

Намудҳо ва манбаъҳои ифлосшавии иншоотҳои обӣ

Зеро мафҳуми ифлосшавии иншоотҳои обӣ камшавии вазифаҳои биосферии онҳо ва аҳамияти экологӣ дар натиҷаи воридшавии моддаҳои ифлоскунанда дар назар дошта мешавад. Ифлосшавии обҳо дар дигаргуншавии хусусиятҳои физикӣ ва оргонолептикӣ, яъне кам шудани шаффофият, дигар шудани ранг, буй, таъм, зиёдшавии намакҳо, металлҳои вазнин, пайдо шудани элэмэнтҳои радиооактивӣ, бактериаҳои касалиовар зоҳир мешавад. Ифлоскунандаҳо кимиёвӣ, биологӣ ва физикӣ мешаванд.

Ифлоскунандаҳои маъмули кимиёвӣ нафт ва маҳсулоти нафтӣ, моддаҳои синтетикӣ, пестидсидҳо, металлҳои вазнин, диоксидҳо ҳисоб меёбанд. Ифлоскунандаҳои биологӣ, масалан вирусҳо, бактерияҳо ва замбуруғҳо хеле хатарноканд. Ба ифлоскунандаҳои физикӣ моддаҳои радиоактивӣ, гармӣ ва ғайра таалуқ дорад. Ифлоскунандаҳои кимиёвӣ ва бактерявӣ бештар вомехуранд, ифлоскунандаҳои радиоактивӣ ва гармӣ камтар мушоҳида мешавад.

Ифлосшавии механикӣ дар натиҷаи ба об афтодани ҳар гуна омехтаҳо-рег, лойқа ва такшинҳо ҳосил мешаванд. Ифлоскунандаҳои механикӣ сифати об ва нишондодҳои органолептикиро паст мекунанд, ба шароити зисти моҳиҳо ва ҳолати экосистемаҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Ифлосшавии гармӣ бо баландшавии ҳарорати об алоқаманд аст, ки дар натиҷа ивазшавии таркиби газӣ ва кимиёвии об, афзоиши бактерияҳои анаэробӣ, зиёдшавии миқдори гидробионтҳо ва истихроҷи газҳои заҳрдор ба амал меояд. Ҳамчунин «гулкунии» об нашъунамои босуръати микрофлора ва микрофауна ба амал меояд, ки он боиси афзоиши намудҳои дигари ифлосиҳо мегардад.

Манбаъҳои асосии ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ обҳои шорандаи тозанамуда, обҳои бо заҳрҳои кимиёвӣ омехташуда, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мебошад. Обҳои ифлоси саноатӣ бо кампанентҳои гуногун экосистемаҳоро чиркин мекунанд. Дар обҳои олудаи комунналӣ-маишӣ моддаҳои гуногуни органикӣ ва микроорганизмҳо мавҷуд ҳастанд, ки ифлосшавии бактерявиро ба вуҷуд меоранд.

Миқдори зиёди пестидсидҳо, азоти нитрат, фосфор, калий аз қитъаҳои кишоварзӣ ва маҷмааҳои чорводорӣ шуста мешаванд. Павйвастагиҳои газиву дудӣ, ки аз атмосфера ба сатҳи ҳавзу обанборҳо такшин мешаванд, хатари калон дорад. Ифлосиҳои нафтӣ низ барои обҳои табиӣ зарари зиёд доранд: ҳамасола милионҳо тонна нафт экосистемаҳои баҳрӣ ва об ошомиданиро ифлос мекунанд.

Манбаъҳои ифлоскунандаи обҳои минералии зеризаминии ё обҳои бахрӣ мебошанд, ки ҳангоми истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ ба обҳои тозаи ошомидани ворид мешаванд ва ин ифлосшавиҳо дар масофаи 20-30 км тӯл мекашад.

Оқибатҳои экологии ифлосшавии гидросфера

Ифлосшавии экосистемаҳои обӣ барои ҳамаи организмҳои зинда ва хусусан барои инсон зарари бениҳоят калон дорад. Бо таъсири моддаҳои ифлоскунанда дар экосистемаҳои оби ошомидани сустшудани устувори дар натиҷаи вайроншавии пирамидаи ғизо, ифлосшавии микробиологӣ ва дигар равандҳои номусоид мушоҳида мешавад. Онҳо суръати инкишофи гидробионтҳоро суст мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо ба нобудшавӣ оварда мерасонад.

Оқибатҳои экологии ифлосшавии экосистемаҳои баҳрӣ дар вайроншавии устуворӣ, эвтрофикатсия вусъатёбанда, ҷамъшавии заҳрҳои кимиёвӣ дар биота, пайдоиши мутагенез ва кансерогенез дар муҳити баҳрӣ, ифлосшавии микробиологии минтакаҳои наздисоҳилии баҳрҳо ифода меёбад. Экосистемаҳои баҳрӣ то ҳадди муайян ба таъсироти зарарноки заҳрҳои кимиёвӣ истодагарӣ мекунанд. Масалан, моллюскҳои дутабақа қобилияти аккумулятеияи (ҷамъ кардан) пеститеидҳои заҳрнокро доранд ва дар вазъияти мусоид онро аз организм мебароранд. Дар обҳои баҳрӣ биотранефарматеияи бенз (а) пирен ба амал меояд. Микроорганизмҳои обанборҳо нисбати металлҳои вазнин механизми устувор доранд.

Эвтрофишавии обанборҳо раванди табиӣ мебошад ва одатан хеле суст ҷори мешавад. Вале дар даҳсолахои охир бо сабаби зиёдшавии таъсири антропогенӣ суръати инкишофи он як бора афзудааст. Эвтрофикатсияи антропогенӣ бо воридшавии миқдори зиёди моддаҳои биогенӣ-азот, фосфор ва дигар элементҳо ба обанборҳо алоқаманд аст. Эвтрофишавии антропогенӣ ба аз навсозии сохти алоқаҳои трофикии гидробионтҳо, афзоиши биомассаи фитопланктонҳо оварда мерасонад.

Камшавии захираҳои обӣ оқибатҳои нохуши экологӣ дорад, ки робитаҳои экологиро дар системаи «инсон-биосфера» вайрон мекунад. Қариб дар ҳама шаҳрҳои калони саноати ҷаҳон, ки дар он ҷо обҳои зеризаминӣ муддати тӯлонӣ иншоотҳои гидротехникӣ истифода мешуданд, дар радиуси то 20км ва зиёда аз он ҷукуриҳо пайдо шудаанд. Масалан, заҳрбурҳои обҳои зеризаминии шаҳри Маскав даҳанаи депрессионии чуқуриаш то 110 метрро ба вуҷуд овард.

Истифодабарии пуршидати обҳои зеризаминӣ бо иншоотҳои гидротехникӣ робитаи обҳои болои ва зеризаминиро дигаргун месозад, ба маҷрои дарё зарар мерасонад, боиси нобудшавии чашмаҳо, ҷӯйборҳо ва дарёчаҳо мегардад. Инчунин ботлоқзорҳо ва ҷангалзорҳо хушк мешаванд, растаниҳо намидустдор нобуд мешаванд.

Сермаҳсулии дурударози истифодабарии манбаъҳои обҳои зеризаминӣ дар шароитҳои муайяни геологӣ-ҷуғрофӣ фурӯншинӣ ва деформатсияи бетадриҷи сатҳи заминро ба вуҷуд меорад, ки ба ҳолати экосистемаҳо, хусусан минтакаҳои наздисоҳилӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин истифодабарии беназорати обҳои чоҳҳои артезиани сабабгори камшавии обҳои зеризаминӣ мешавад.

Дар ҳудуди Русия резиши оби рӯизаминӣ нобаробар тақсим шудааст: қариб 90% оби ҷори шавандаи умумии солона ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва Ором мерезад. Ҳол он ки ба ҳавзҳои резишгоҳи дохили (баҳрҳои Хазар ва Азов), ки дар атрофи он зиёда аз 65% аҳоли зиндагӣ мекунанд, танҳо 8% аз ҳисоби умуми рост меояд. Маҳз дар ҳамин минтақаҳо камшавии захираҳои оби рӯизаминӣ ва оби ошомиданӣ ба назармерасад. Ин ҳолат бо шаддатнокии фаъолияти инсон сахт марбут мебошад, ки оқибат ба вусъат ёбии ифлосшавии об, харобшавии захираҳои обҳои зеризаминӣ, гумкардани қобилияти худсофкунии обанборҳо оварда мерасонд.

Айни замон барқароркунии обдори ва тозагии дарёҳои хурди дарозиашон камтар аз 100км масъалаи ҳалталаб ҳисоб меёбад. Истифодабарии бемулоҳизаи захираҳои обӣ боиси харобшавӣ, камобшавӣ, ифлосшавӣ ва нобудшавии дарёҳои хурд гардида истодааст.

Бо мақсади хоҷагидори истифода бурдани миқдори зиёди об низ оқибатҳои манфии экологӣ доранд. Масалан, сатҳи баҳри Арал аз солҳои 60-ум саркарда , ба таври фоҷиангез поёншуда истодааст. Ҳамзамон вайроншавии қонуни яклухтии биосфера ба вуҷуд омада истодааст, ки дигаргуншавии яке аз ҷузъҳо дигаргуншавии ҷузъҳои боқимондаро тақозо менамояд. Дар натиҷа хачми баҳри Арал ду маротиба кам, сатҳи баҳр 13мт паст, шурнокии об 2.5 маротиба зиёд шуд. Қаъри хушкшудаи баҳри Арал ба манбаъи бузурги чанг ва намак мубаддал гашт. Дар резишгоҳи Амударё ва Сирдарё ба ҷои тӯқайзоҳхо ва қамишзорҳо заминҳои шӯри беҳосил пайдо шуда истодаанд, кӯлҳо, ботлокқҳо, шохобҳо хушк шуда, обҳои зеризаминӣ чуқуртар рафта истодаанд. Ҳамаи ин зуҳурот боиси ивазшавии экологии ландшафти назди баҳри Арал гардидааст, ки онро ҳамчун биёбоншави бояд тавсиф дод.

Таъсироти дигари инсон ба гидросфера сохтани обанборҳои бузург мебошад, ки он муҳити табиатро дар манотиҳхои наздик ба куллӣ дигаргун месозад. Сохтани обамнборҳои калон ба окибатҳои гуногунҷабҳа оварда мерасонад: зери об мондани заминаҳои ҳосилхез, ивазшудани реҷаи обҳои зеризаминӣ фаъолнокии фаъолияти сейсмикӣ, устуворнокии маҷрои дарёҳо, кам шудани обхезиҳо ва беҳтар шудани шароити об таъминкуни ва ғайра. Ғайр аз ин, сохтани обанборҷои пешгирии маҷрои об барои аксари гидробионтҳо таъсири манфӣ дорад: аз сабаби он ки аксари ҷойҳои тухмонии моҳиҳо ба воситаи сарбандҳо канда мешаванд, афзоиши табиии моҳиҳо суст мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *