Фанни Экология

Эколгяи инсон ва экологияи ичтимои

  1. Инсон ҳамчун инфироди биоиштимоӣ

Инсон зинаи баланди рушди организмҳои зиндаи Замин буда, бо дигар шаклҳои ҳаёт алоқаи ирсӣ дорад, ваъле аз онҳо бо он фарқ мекунад, ки ӯ олами меҳнат месозад, нутқ ва шуур, фаъолияти эҷодӣ ва тақомули ӯҳамчун инфиранд антрогенет номида мешавад. Қувваи ҳаракатдиҳии антропогенез омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣҳастанд. Омилҳои биологӣ гуфта, ирсият, ивазшавӣ, мубориза барои хастӣ ва интихоби табииро менманд. Омилҳои ичтимоӣ фаъолияти еҳнатӣ, тарзи ҳаёти ҷамъиятӣ, нутқ ва тафаккур мебошад.

Барои инсон мутобиқшавии биологӣ ва иҷтимоӣ ба шароитҳои муҳити атроф ҳос аст. Дар марҳилаҳои аввали антропогенез интиҳоби табиӣ аҳамияти ҳалкунандани дошт. Зери таъсири он ҳусусиятҳои морфологии инсон-мағзи сар, панҷаи даст, рост гаштан ташшакул ёфтанд. Минбъад паст аз он ки инсон сохтани олоти меҳнат, тайёр намудани ғизо, сохтани бошишгохро ёд гирифт, ӯ худро ах омилҳои иқлимии номусоид ҳифз кард ва аз зери назорати интиҳоби табиӣ баромад ва аз зери назорати интиҳоби табиӣ баромад ва то як андоза аз иҷтимои ва тарбия вобаста шуд. Бидуни ҷамъияти инсонӣ ташаккули одам номумкин аст, аз ин ҷост, ки инсон дар баробари дигаргун сохтани муҳити зисти ҳуд системаи экологии худро месозад.

Ҳамин тариқ, инсон зери таъсири ду барнома-биологи ва иҷтимои рушд ва инкишоф меёбад. Барномаи биологӣ сохт ва хусусияти физиологии хусусияти инсонро муайян месозад. Он дар натиҷаи эволятсияи биологӣшаклгирӣ намудааст, ба таври ирсӣ мегузарад ва хомилкунандаи моддии хромасомахо мебошад. Барномаи ичтимои ташоккули шахсияти инсон бо таъсири шароити иҳотакунанда мебошад. Он дар натиҷаи инкишофи ҷамъияти инсони ташшокул ёфтааст ва ба таври ирсӣ намегузарад. Моҳияти ичтимоии инсонро фарханг, маълумот, ахлоқ, виҷдон ва ғайра муайян месозанд.

Илми экологияи инсон қонунҳои умумии муносибатҳои инсону биосфера, таъсири муҳити табиӣ ва ичтимоӣ ба инсонро меомузад. Обам бидуни биосфера ва моддаи муайяни эвалюсионӣ дар шароити табиӣ вуҷуд дошта наметавонад. Мисли дигар намудҳои биологиӣ Замин он гузаронда аст ва “қувваи эвалютсия” намеюошад.

Одами ибтидӣ консументи оддии экосистемаи табиӣҳисоб иешад. Ӯ бо шикор машғул шуда, бошишгоҳҳои начандон калони муваққати месоҳт, дар ҷустуҷуи ҷойҳои серғизо аз ак ҷо ба ҷои дигар мекучид. Аз ҳамин сабаб таъсири ибтидодии инсон ба табиати атроф калон набуд. Умри одамизот 1,5 млн сол пеш аз 20 сол зиёз набуд ва миқдоми популятсияи он қариб 500 ҳазор фард буд. Қӯтоҳ умри ионсон чунин маънидод мешавад, ки ӯ дар муҳиди табиии навсоҳт, ки дар он қуввуҳои худтанзим ҳукмфармо буданд, зиндаги мекард бар муқобили он мисли дигар намудҳои олами ҳайвонот истодагари мекард. Инсон мисли дигар маҳлуқҳо на танҳо аз муҳит вобастагӣ дорад, балки ба он таъсир низ мерасонад. Вале ӯ шуур дорад ва ҳамин чиз ба ӯ имкон дод, ки норасони заҳираҳои ғизоиро бо роҳи ташкили кишоварзӣ-чарводорӣ ва зиораткорӣ ба сомон расонад. Гузориш ба соҳаи кишоварзӣ маънии соҳтмони системаи экологии худро дорад.

Хусусиятҳои таъсири инсон ба муҳиди зист

Қобилияти фикррони ва соҳтани олоти лозимӣ бо инсон имкон дод, ки муваққатан ва қисман таъсири омилҳои муқаррарии абиотӣ ва биотиро бартарф намояд. Вале ӯ барои рафъ намудани омилҳои экологии маҳдудкунанда қодир нест. Инсон қариб ба пуррагӣ аз ҳодисаҳои иқлимӣ вобаста аст.

Ҳамин тариқ, табиат омили табии мавҷудияти инсон буда, қисми ҷудонашавандаи муҳиди атрофи ӯро тартиб медиҳад, ки ба он муҳиди ба таври сунъӣ ташкилёфта, муносибатҳои ҷамияти ва донишкадаҳои иҷтимоӣ доҳил мешавад. Муҳиди зисти сунъӣ ба инсон баръакс таъсир мекунад, вале он ба равндҳои биологӣ ва иҷтимолӣ, ки дар популятсияҳои инсонӣҷорӣ мешавад, таъсир мерасонад.

Барномаи ирсӣ, ки дар раванди ташаккули инсон ба вуҷуд омадааст, ӯро ҳамчун намуди биологӣ муайян мекунад. Он дар малекуляхои ДНК навишта шудааст ва дар байни заҳираҳои табиӣ яке аз муҳимтарин ва пурқиматтарин аст. Аз насл ва насли ДНК-и инсон ба равандҳои гуногун ирсӣ дар шакли мутитсия ҷалб мешавад ва бевосита раванди ДНК-ро иваз менамояд.

Инсон офаридаи ичтимоӣ мебошад ва ба генофонди (фонди ирсӣ) ӯ муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Фонди ирсӣ генҳои муштараки сокинони ҳар кадом намуди биологӣ мебошад, ки дар минтақаи таърихаш ташкилшуда, яъне популятсияи инсонӣ вуҷуд дорад. Шароитҳои гуногуни ичтимоӣ шаклгирии генотипи муайяни одамро ифода мекунад. Вале тақдири минбаъдан ирсҳо аз худи инсон вҷа ҷамъият вобаста аст, ки ба пуррагӣҳаёти инсон ва ирсҳои ӯро идора мекунад. Дар тӯли таъриҳи рушди башарият мавқеи муҳиди табиӣ тадриҷаи паст ва ва мавқеи муҳити сунъӣ дар ҳаёти инсон баланд мешуд. Дар баробари ин бузургӣ ва сифати фишори интиҳоби табиӣ дигар мешад. Бо сабаби дигаргунии иҷтимоӣ ва таркиби тиб дар давлатҳои мутараққӣ фишори интиҳобӣ табиӣ суст шуд. Вале инсон аз таъсири қонуни биологӣ, қи ба ҳамаи мавҷудоти зинда таалуқ дорад, озод нашуд.

Интиҳоби табии кувваи ҳаракаткунандаи эволюқия буда, фишори он дар давлатҳои мутараққӣ суст мебошад. Вале инсон дар муҳити шаҳр низ аз табият ҷудо нест. Шароитҳои минтақавии ҷуғрофи-тропикӣ, биёбонӣ, баландкуҳӣ, континенталӣ, мӯтадил, арктикӣ таъсири ҳудро мерасонад. Инсон чунин ҷойҳоеро шиӯол намуд, ки дар он ҷо таъсири муҳит ба ҳам мухолифаст ва дар натиҷа ӯ намудро ба шароитҳои тоқҷои васеи экологӣ, ки тамоюли умумӣ мутобиқшавиро тавсир медиҳад, гузашт.

Мақсади фаъолияти зисти инсон барои қонеъ намудани талоботҳои худ муносибати ӯро нисбати муҳиди атроф муайян мекунад. Фаъолияти зисти дурусти организми дар холати дастгирии таркиби нисбатан домии муҳити доҳили ҳосил мешавад. Ниёз ба ягон чизи зарурӣҳолати маҳсус-талаботро ба миён меоварад. Талаботт манбаи фаъолнокӣ ё ҳолате мешавад, ки вобастагии инсонро аз шароитҳои мавҷудият ифода менамояд. Ду жараҷаи талобот вуҷуд дорад.

Дараҷаи якум талаботи иҷтимоӣ, виталӣ ва идеалиро дарбармегирад. Талабооти виталӣ бо таъмини фаъолияти организми инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ алоқаманд аст. Яъне ин ихтиёҷ бо оксиген, бо ғизо, гармӣ, хоб, бехатарӣ, идомаи насл, сарфаи қувва мебошад. Талаботи иҷтимоӣ хатти инсонро дар ҷамъият инъикос мнамояд ва талобот ба муҳаббат, таваҷҷуҳ, ӯамҳорӣ, худамалкунӣ, таалуқ доштан ба як гуруҳ ва мавқеи муайян доштан дар гурӯҳ ё ҷамиятро дарбар мегирад. Талаботи идеалӣ бо зуҳуроти шуур дар инсон-эҳтиёҷ ба ҳақиқат, этимод, худшиносӣ, мавқеи хеш дар олам, маънии ҳаёт, ниёз ба зебои, адолат ва ғайра алоқаманд аст. Дараҷаи дуюм талоботҳои ҳудбаҳодиҳанда мебошад, ки бе он қонеъкунии талоботҳои аввалӣ душвор ё номумкин аст. Ин эҳтиёҷ бо мисаллаҳшавӣ, заҳираи қувва ва ашё, бартарф намудани душвориҳо ва ғайра мебошад.

Зарурат барои қонеъкунии ин ё он талобот рафтори инсонро муайян месодаз, ки барои қонеъкунии талаботҳои организм равона шудааст. Рафтори инфиродии инсон, ҳислати ӯ бештар аз таҷрибаи иҷтимоӣ ва камтар аз ирсият вобаста аст.

Тавсифи популлятсиони инсон

Ҳамаи одамони рӯи Замин системаи популятсионӣ-инсониятро ташкил мекунад. Намуди “ одами боақл”, ки ба он одамони ҳозира таалуқ доран, австралӣ ва занги тақсим шудааст. Нажотҳо дар натиҷаи кучидан ва мавҷудияти ҷуғрофии популяқияҳои гуногун, ки дар шароитҳои табииву иқлимии гуногун зиндагӣ кардаанд, пайдо шудаанд. Дар баробари ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ ва сустшавии ва таъсири омилҳои биологӣ суръати эвалюсияи инсон зуд поён фаромад ва ҳуҷ як аз нажотҳо мустақимияти намудиро ба даст наовард.

Фарқияти байни нажотҳо дар ҳусусиятҳои морфологии ранги пӯст, мӯй, чашм, шекли бинӣ, лаб ва ғайра зоҳир мешавад. Ин фарқиятҳо асосан бо мутобиқат ба шароитҳои муҳити атроф алоқаманданд. Ҳамаи нажотҳо дар як сатҳи рушди эвалютсионӣ мебошад. Намояндагони ҳамаи нажотҳо дар ҳудудӣ меъёр барои ба даст овардани камёбиҳо дар рушди фарҳанг ва тамаддун кобилият доранд. Дар бораи ягонагии намудҳо инчунин имкониятҳои номаҳдуди дурагакунӣ шаҳодат медиҳанд.

Популясияҳои инсон хусусиятҳои популясияи ҳайвонотро дорад, вале ҳислат ва шакли зуҳуроти он бо сабаби чунин омилҳо, ба мисли муҳити сунъӣ, шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки бо истилоҳи сосиум муайян шудуааст, зимнан фарқ мекунад. Вусъатёбии популясияи мазкур бо заҳираҳои табиии дастрас ва шароитҳои ҳаёт, меҳанизмҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ирсӣ маҳдуд мешавад.

Дастоварҳо дар тиб, роҳатнокии фаъолият ва маишат, вусъати маҳсулнокии соҳаи кишоварзи аз ҳар ҷиҳат ба афзуншавии давомнокии умр ва афзоиши аҳолии Замин мусоидат менамуданд. Айни замон шумораи аҳолии Замин ба 6,5 млрд. расид. Ддар ак қатор мминтақаҳои ҷаҳон афзоиши аҳоли дар сатҳи баланд боқи мемонад ва бо 1000 одам то 40 ва зиёда одам дар як сол рост меояд. Дараҷаи баланди афзоиши аҳолӣ барои давлатҳои Африко, Америкаи марказӣ Шарқи наздик, ва Миёнд, Осиёи Ҷануби Шаркӣ, Хиндустов ва Ҳитой хос аст.

Якчанд тариқаи пешгӯии дигаргуниҳои имнбаъдан шумораи аҳолии Замин вуҷуд дорад. Тибқи яке аз пешгуиҳо дар оҳири асри XXI тахмин ҳаст, ки шумораи аҳолӣ ба 28-30 млрд. одам мерасад. Бо чунин шароитҳо Замин зимни ҳолати ҳозиразамони технологияҳо аҳолиро ба таври кофӣ бо ғизо ашёҳои зарурӣ таъмин карда намешавад. Аз давраи муайян гуруснагӣ, беморшавӣ, таназули муҳиди зист ва оқибат камшавии шумораи аҳолӣ ва вайроншавии иттиҳоди инсонӣ ба амал меояд. Тибқи вариянти дигар пешгӯӣ шумораи аҳолӣ дар миқосӣ 10 млрд одам бояд танзим ёбад ва он гоҳҷамъият дуруст инкишоф меёбад.

Афзоишӣ шумораи Замин вусъати истеҳсолоти саноатӣ, миқдори насиҳаҳои нақлиёт, истеъмоли заҳираҳои энергетикӣ ва ашёро муназзам месозад. Истеъмоли заҳираҳои модӣ ва энергетикӣ суръати баланди болоравиро дорад, зеро истеъмоли миёнаи он ба ҳар сари аҳолӣ доимо меафзояд.

Аҳолии шаҳрҳо дар даҳсолаҳои оҳир босуръат афзоиш ёфта истодааст ва аз ин сабаб муҳити атрофи аксар шаҳрҳои ҷаҳон талаботҳои бисори биологии одами ҳозиразамонро қонеъ карда наметавонад. Зичии аз ҳад афзини аҳолии шаҳрҳо чунин масъалаҳое, ба мисли ифлосшавии муҳити атроф, ғалоғула, нарасидани хонаи истиқоматӣ, мактаб, беморхонахо, ниҳолҳои сабз, бекорӣ, бесарусомонии ҳаракати нақлиёт, бепарвои ва дилҳунукии ҷавонон, ҷиноят ва ғайраро бо миён меорад.

Заҳираҳои табиӣҳамчун омили маҳдудкунандаи тобоварии инсон

Заҳираҳои табии мавқеъ ва зукуроти табии мебошад, ки инсон онро барои барпо кардани неъматҳои моддие, ки тақвияти мавҷудияти онро ва болоравии тадриҷии сифати зиндагиро таъмин менамояд. Организмҳо, ғайр аз инсон ва хайвоноти хонагӣ заҳираҳои зиндагиро бевосита аз муҳити табиии атроф мегиранд. Ин заҳираҳо ҳам омили экологӣ ва ҳам омили маҳдудкунанда мебошад. Инсон дар натиҷаи талаботҳои моддии афзуншаванда танҳо бо неъматҳои табиат қонеъ шуда метавонад. Аз ин сабаб ӯ заҳираҳои табииро, ки миллиардҳо ва миллионҳо сол дар зери Замин ҷам шудаанд, яъне фулузот, ашёи ашёи ғайрифулузӣ, маҳсулоти ҷангал ва ғайраро истифода мебарад.

Аз рӯи манбаҳои пайдоиш заҳираҳо биологӣ, минералӣ ва энергетикӣ мешаванд. Заҳираҳои биологӣҳамаи қисматҳои зинда муҳитофарандаи биосфера-продусентхо, консументҳо ва редусентҳо дарбар мегиранд. Инҳо заҳираҳои наботот, заҳираҳои олами ҳайвонот ва ғайра мебошанд. Заҳираҳои минералӣ таркибҳои моддии литосфера буда, дар ҳоҷагӣҳамчун ашёи минералӣё манбаи энергия истифода мешавад. Ашёи минералӣ маъдани ё ғайримадани мешавад. Агар ашёи минералӣҳамчун сузишворӣ (ангиш, нафт, газ, тоф, чуб, қувваи атомӣ) истифода шавад, онро заҳираи сӯзишвориву энергетикӣ меноманд. Қувваи офтоб ва Кайҳон, атоми-энергетикӣ, сузишвориву энергетикӣ, термалӣ ва дигар манбаҳои энергияҳо дар якҷоягӣ заҳираҳои энергетикӣ меноанд.

Аз рӯи таъиноташон заҳираҳои табиӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

фонди заминӣ, ки ҳамаи заминҳои кишоварзӣ ва ғайрикишварзӣ, маҳалҳои аҳолинишинро дар бар мегирад;

фонди ҷангалӣ, ки дар заҳираҳои он ҷангал мерӯяд;

заҳираҳои обӣ, ки оби зеризаминӣ ва рӯизаминиро дарбар мегиранд ва барои мақсадҳои гуногун истифода мешаванд;

захираҳои гидроэнергетикӣ, ки кувваи боиқтидор ва серҳаракати дарёхо, мадду ҷазри уқёнусҳоро дар бар мегирад;

заҳираҳои фауна (хайвонот)–бошандагони об, ҷангалҳо, пастобҳо, ки инсон онҳоро бе вайронкунии мувозинатӣ экологӣ истифода мебаранд;

канданиҳои фоиданок-ҷамъоариҳои табиии минералӣ дар қишри Замин, ки истифода мешавад.

Аз ҷиҳати масрафшавӣ заҳираҳои табиӣ сарфшаванда ва сарфшаванда мешаванд. Заҳираҳои сарфшаванда қувваи офтоб ва қувваҳои табииро дарбармегирад, ки онҳо абадӣ ва беандоза мешаванд. Заҳираҳои зарфшаванда маҳдудиятҳои миқдорӣ доранд, вале баъзеи онҳо барқарор мешаванд (софкунии об, ҳаво, баланд бардоштани ҳосилнокии хок, барқарор кардани саршумори ҳайвонҳои ваҳшӣ) ва баъзеашон (кон, ангишт, нафт) аз маҳдудияти заҳира дар литосфера барқарор намешаванд. Ҳамин тариқ, яке аз омилҳои маҳдуди муҳими то ббоварии инсон ҳамчун намуди биологӣ маҳдудият ва масрафнокии заҳираҳои табии барояш муҳим мебошад.

Вале инсон ҳамчунин мавҷудоти иҷтимоӣ мебошад, бинобар ин барои инкишоф ва тобоварии ҷамъияти инсонӣ тарзи истифодаи заҳираҳо ҳеле зарур аст. Таъминоти заҳиравӣ таносуби байни бузургии заҳираҳои табии ва андозаҳои истифодабарии он мешавад. Ба таъминотӣ заҳиравӣ танҳо аз рӯи андозаҳои заҳираҳо баҳо дода намешаванд,бояд шиддатнокии барориш ё истеъмоли ҷамъиятро ба назар гирифт.

Истеъмоли заҳираҳои табии дар ин ифода меёбад, ки инсон барои ба даст овардани ғолибият дар муборизаи рақобатпазирӣ экосистемаи антропогени худро барпо мекунад.

Экология ва саломатии инсон

Аз қадимулайём инсон дар муҳити табиии атроф зиндаги мекард ва аз омилҳои экологии маҳдуд бемуҳофиза буд. Омилҳои асосии маҳдудкунанда гипердинамия ва нимгуруснагӣҳисоб мешуд. Дар байни сабабҳои фавт ҷои аввалро таъсири патогении табиат мегирифт. Бемориҳо сирояткунанда, ки ба воситаи паҳикунандаҳои маҳсус ва ҳайвонҳо-аккумуляторҳо, нигоҳдорандаҳои ангезандаҳо (хояндаҳо, парандаҳо, ҳашоротҳо) паҳн мешаванд, мавқеи маҳмус доштанд. Бемориҳо ва бо тоун, малярия ва монанди инҳо бемориҳои табиии ангезандагӣҳисоб мешаванд.

Тарақиёти тибби пешгиркунандаи бемориҳои вазнин, беҳбудии шароитҳои санитарӣ-гигиени, баланд равии сатҳи фарҳанг ва маърифатнокии инсоният ба камшавии бемориҳои табиии ангезанда оварда расанд ва баъзеи онҳо дар қарни ХХ тамоман аз байн рафтанд. Вале инсон барои мубориза бурдан бо таъсироти омилҳои ӣабиии танзими экосистема заҳираҳои табииро истифода бурд ва барои зиндамондани худ муҳити сунъиро барпо кард.

Муҳити табиат ҳоло дар ҷойҳои боқӣ мондааст, ки бо он ҷо қадами одамизот расидааст. Муҳити шаҳрӣ оламӣ сунъӣ буда, бо дасти инсон соҳта шудааст ва танҳо дар ҳолати таҷдиди доимӣ уҷуд дошта мешаванд. Муҳити иҷтимои бо муҳити иҳотакунандаи инсон бо душворӣ якҷоя мешавад.

Аз ҷабҳои тиббӣ-биологӣ омилҳои экологии муҳити шаҳр ба рушди тамоюлҳои зерин таъсири зиёд мерасонад:

акселиратсия суръатнокии рушди узвҳои алоҳида ё қисмҳои организм дар муқоиса до меъёри биологӣ мебошад ва он боиси калоншавии андозаи ҷисм ва пайдоиши балоғати ҷинсии барвақт мешавад;

вайроншавии низоми биологӣ меҳанизми муҳими танзими функсияҳои системаи биологӣ, ки бо таъсири омилҳои абиёти ташаккул ёфтааст;

алергизатсияи аҳолӣҳасосияти вайрон ё аксуламали организм ба моддаҳое, ки аллерген номида мешаванд ва дар натиҷаи вайроншавии системаи сироятнопазирии инсон зери таъсири ифлоскунандаҳо пайдо мешавад;

бемориҳои анколоогӣ ва фавт, ки дар натиҷаи омос пайдо мешавад ва омос ду намуди безиён ва хабис мешавад;

тавлиди тифлони норасид, ки дар натиҷаи ҳолати номусоиди муҳити зисти инсон ба амал меёбад;

бемориҳои зирояткунанда, ки ҳоло то оҳир маҳв карда нашудаанд ва одамонро ба малярия, генатит ва ғайра гирифта мекунанд, аз ҷумла аксари вирусҳо аз табиат “канда шуда”, ба марҳилаи нав мегузаранд, дар муҳиди зисти инсон мавҷуд буда, бараннезандаҳои зуком, шакли вирусии саратог ва касалиҳои дигар мебошанд;

тамоюлхои абиологӣ дар инкишофи гиподинамия, тамокукашӣ ва нашъамандӣ, ки ҳамчунин боиси касалиҳои зиёд-фарбеҳӣ, саратон, бемориҳои қалб ва ғайоа мебошанд.

Инак, ҳифзи саломатӣ ё пайдошавии беморӣ натиҷаи муносибатҳои мураккаби биосистемаи доҳилии организм ва омилҳои берунаи муҳити атроф меошад. Дарки ин муносибатҳои мураккаб барои пайдоиши тибби профилактикӣ ва фанни илмии он гигиена асос шуд.

Гигиена илм дар бораи тарзи солими ҳабт буда, таъсири омилҳои гуногуни муҳит бо саломатии инсон, коршоямии ӯ ва давомнокии умрро меомузад. Омилҳои табиӣ, шароитҳои маишӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиву истеъҳсолӣ ба он таооллуқ доранд. Вазифаҳои асосии гигиена коркарди асосҳои илмии назорати санитарӣ, асосноккунии чорабиниҳои санитарии беҳдошти нуқтаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои фароғати, ҳифзи тандурустии кӯдакон ва наврасон, коркарди қоидаҳои санитарӣ, экспертизаи санитарии сифати маҳсулоти хӯрока ва ашёву асбоби рузгор мебошанд. Вазифаи муҳимтарини илми мазкур коркарди меъёрҳои гигиёнӣ барои ҳавои ҷойҳои аҳолинишин ва корхонаҳои саноати, об, маҳсулоти хурокава мавод барои либосу пойафзоли инсон бо мақсади ҳифзи саломатии ӯ ва пешгирии бемориҳо ҳисоб мешавад.

Самти асосии стратегӣ дар фаъолиятиву илмиву амалии гигиенистҳо асосноккунии илмии ҳамон оптимуми экологӣҳисоб меёбад, ки ба он муҳиди зисти инсон бояд мутобиқ бошад. Ин оптимум бояд ба инсон инқишофи дуруст, саломатии хуб, коршоямии зиёд ва дарозумрӣ диҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

2 Шарҳҳо

  1. Салом Алейкум ба ман дар бораи экологияи иҷтимоӣ маълумоти бештар фиристед хоҳиш мекунам.

  2. Салом ака манба ёрдам кунед хамсояи ман хонаи ман пешашба теракаш халалдорад кафоша соя кадестац

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *