Фанни Экология

Пайдоиш, таърихи инкишоф,максад ва вазифаи экология

  1. Мафҳуми экология, фанни омӯзиш, вазифахо.

Экология- илм дар бораи муносибатҳои байниҳамдигарии организмҳои зинда бо муҳити зисти онҳо. Он қисми таркибии илми биологӣ буда, бо фанҳои кимиё, физика, геология, хокшиносӣ, математика ва дигар фанҳои дақиқ робитаи зиҷ дорад.

Нахустин бор мафҳуми « Экология »-ро олими олмонӣ Э. Геккель ворид намудааст, ки зери ин мафҳум омӯзиши мутаносибаи мураккаби олами зинда бо муҳити атроф қарор дорад. Ч. Дарвин онро « шароите, ки талоши зиндагиро ба вуҷуд меовард » номидааст.

Мавқеи омӯзиши экология объекти популятсионӣ, ҷинсӣ, биосенотикӣ ва биосфераи сат ҳи ташкили экосистема ва алоқаи байниҳамдигарии он бо муҳити атроф мебошад. Мавриди омӯзиши экология экосистема ё маҷмааҳои табиии ягона, ки аз организмҳои зинда ва муҳити зисташон пайдо шудааст, қарор дорад.

Вазифаи стратегии экология- омӯзиши қонунҳои мутақобилаи табиату ҷамъият ва оптимизацияи ин қонунҳо, ки ҷамъияти инсониро ҳамчун қисми ҷудошавандаи биосфера қабул намудааст, мебошад. Вазифаҳои экология гуногунҷабҳа буда, коркарди назарияи умумии устувории системаҳои экологӣ. Омӯзиши рангорангии биологӣ ва механизми қувватдиҳандаи он, пешгӯӣ ва баҳодиҳии оқибатҳои манфӣ дар муҳити табиии атроф бо таъсири фаъолияти инсн, нигоҳдорӣ, таҷдид ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро дарбар мегирад.

Таърихи рушди экология.

Экология марҳила ба марҳила, аз оғози барпошавиаш ҳамчун илм дар солҳои 60-уми асри 19 то ба расмият даромадани он ҳамчун илм дар ибтидои асри 20 асосан бо заҳматҳои Ч. Адамс ва А. Тенсли ( ИМА), В. Н. Сукачёв и В.И. Вернадский ( Русия), ки оид ба экосистема, биогеосеноз ва биосфера таълимоти фундаменталиро асос гузоштаанд, рушд ёфтааст. Дар марҳилаи барқароршавии экология олимон Ж.Б. Ламарк ва Т. Мальпус инсониятро дар бораи оқибатҳои таъсирии манфии он ба муҳити атроф огоҳонида буданд.

Ч. Дарвин барои рушди асосҳои экология ҳиссаи бебаҳои худро гузоштааст ва қонунҳои асосии эволютсияи олами органикиро барқарор намудааст. Экология раванди идоранашаванда ва муқаррарнашавандаи мутацияи тасодуфӣ ва интихоби табииро ифода менамояд. Назарияи муосири эволютсияи бо дарвинизми классикӣ алоқаманд нест, он бо далелҳои илмии эътимоднок асоснок шудааст.

Қисматҳои асосии экология ҳамчун илм инхоанд:

экологияи умумӣ, ки қонуниятҳои умумии муносибатҳои байниҳамдигарии организмҳои зинда ва муҳити зистро меомӯзад;

экологияи назариявӣ, ки қонунияти умумии ташкили хаётро ифшо менамояд;

экологияи амалӣ, ки механизмҳои вайроншавии биосфера аз ҷониби инсон ва коркардшавии усулҳои пешгирии ин равандҳо ва принсипҳои ҳифзи муҳити атроф ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табииро меомӯзад.

Дар экологияи умумӣ чунин қисматҳо ба мисли экологияи ҷинсҳо ( ё аутоэкология ), экологияи популятсионӣ ( ё синэкология ) фарқ карда мешаванд. Аз рӯи омили вақт экология таърихӣ ва эволютсионӣ мешавад. Инчунин чунин қисматҳо ба мисли экологияи ҳайвонот,экологияи растаниҳо ва экологияи микроорганизмҳо вуҷуд доранд. Вақтҳои охир экологияи глобалӣ, кибо масъалаҳои экологии Замин машғул аст, рушд ёфта истодааст. Ҳамчунин фанҳои махсус ба мисли экологияи иҷтимоӣ, ки муносибатҳои дутарафаи системаи « ҷамъияти инсонӣ- табиат » ва қисмати он- экологияи инсон ( антропоэкология )-ро меомӯзад, пайдо шудаанд ва он муносибати мутақобилаи инсонро ҳамчун махлуқи биоҷтимоӣ бо олами атроф меҳисобад.

Дар экологияи муосир, ки бо сиёсат, иқтисод. ҳуқуқ, психология ва педагогика алоқаи зич дорад, диққати асосӣ ба масъалаҳои байниҳамдигарии инсонбо муҳити табиати атроф дода мешавад. Дар қатори аввал будани ин масъалаҳо бо зиёдшавии таъсири манфии инсон ва муҳити табиат, мавқеи баланди аспектҳои иқтисодӣ бо оқибатҳои нохуши раванди илмӣ-техникӣ равобит дорад. Истилоҳи « экология » низ муфасалтар шарҳ дода шудааст. Бо вуҷуди ин, муносибати экологӣ ҳангоми амолҳои байниҳамдигарии одаму таблат, ки барои амалӣ шудани принсипҳои биосентрикӣ равона шудааст, асосӣ мебошад. Экология таҳкурсии назариявии истифодабарии оқилона ва ҳифзи муҳити атрофии табиат мебошад.

Ҳамин тариқ, экологияи муосир илми маҷмаавӣ мебошад, ки масъалаҳои мураккаби муносибатҳои инсону муҳитро меомӯзад. Ҳалталаб, бисёрҷабҳа ва мураккаб будани ин масъалаҳо ба « экологизатсия »-и илмҳои табиӣ, техникӣ, гуманитарӣ оварда расонд, ки дар натиҷаи он бо якҷояшавии экологияву дигар соҳаҳои илм тамоюлҳои экологияи муҳандисӣ, геокология, экологияи математикӣ, экология кишоварзӣ, экологияи кайҳонӣ ба вуҷуд омадаанд.

Усулҳои тадқиқот дар экология.

Усулҳои асосии тадқиқот дар экология инҳоанд:

Усули мушоҳида ва тасвир,ки барои ҷамъоварӣ ва тасвири омилҳои омӯхташаванда истифода мешавад;

Усули муқоисавӣ, ки бо таҳлили шабеҳият ва фарқияти объектҳои омӯхташаванда асоснок шудааст;

Усули таърихӣ, ки инкишофи объектҳои омӯхташавандаро меомӯзад;

Усули таҷрибавӣ, ки ходисаҳои табиатро дар шароитҳои муайян меомӯзад;

Усули амсиласозӣ ( моделирование ),ки тасвири ҳодисаҳои мураккаби табиатро дар амсилаҳои ( модель) сода меомӯзад.

Экологизатсияи шуури ҷамъиятӣ.

Экологизатсияи шуури ҷамъиятӣ рушди маълумот, маърифат ва тарбияи экологиро бо мақсади азнавсозии шуури экологии ҷамъият, дигаргуншавии тарзи ҳаёти инсон ва маънавиёти ӯ ифода менамояд. Айни замон дар шуури ҷамъият фаҳмиш дар бораи озод будани инсон аз қонунияти экологӣ сахт нақш бастааст. Муносибати инсон нисбати муҳити атроф ба бӯҳрони экологӣ дар тамоми сайёра оварда мерасонад. Шакли шуури экологӣ, ки дар истисноияти инсонӣ асос ёфтааст, антропосентрикӣ номида мешавад. Ба хусусиятҳои асосии антропосентризм таъиноятҳои зерин мансубанд:

фахмиш дар бораи инсон ҳамчун сарвати арзанда ва табиат молинияти инсон;

тасвири иерархии дунё дар шакли аҳром буда, дарқуллаи он инсон истодааст, камее поёнтар- ашёе, ки инсон сохтааст ва ба инсон таалуқ дорад, аз он поёнтар объектҳои гуногуни табиат ҷойгир шудаанд;

қонеъ кардани талаботи прагматии инсон;

хусусияти таъсири мутақобила бо табиат аз рӯи муносибати прагматикӣ муайян мешавад:

он чизе, ки барои инсон ва инсоният муфид аст, дуруст мебошад;

меъёрҳо ва қоидаҳои ахлоқӣ танҳо дар олами одамон амал менамояд ва ба муносибати мутақобила бо олами табиат ҷорӣ нест;

рушди минбаъдаи табиат мисли раванде тассавур меёбад, ки он бояд ба раванди рушди инсон тобеъ бошад.

Ҳамчунин ақидаҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки мутобиқи он инсон ва табиат аз ҳамдигар ҷудонашавандаанд ва онҳоро муқобили якдигар дидан нодуруст аст. Инсон барои дигргун сохтани қонунҳои табиат қодир нест. Ӯ ҳукми худро бар табиат гузаронида наметавонад, зеро инсон ба табиат тааллуқ дорад ва дар дохили он ҷойгир аст. Ҳукмронии инсон бар табиат он ҷойгир аст. Ҳукмронии инсон бар табиат амолиёте мебошад, к ибо истифодабарии қонунҳои он ососнок шудааст.

Ягонагии инсону биосфера ва ногузирии табаддулоти эволютсионии он ба ҳудуди идрок- ноосфера ба вуҷуд меояд, ки мавқеи муайянкунандаи рушди он аз равондҳои табиии муташанниҷ ба рушди мутаносиби табиату ҷамъият мегузарад. Рушди инсону биосфера бо роҳи коэволютсияи ҷамъияти биосфера идома меёбад. Ки дар он на инсон, на табиат ҳукмрон шуда наметавонанд. Ноосфера гуманизатсияи муносибатҳои иҷтимоӣ, муносибати боидрок ба табиат, муносибати ғамхорона ба захираҳои табииро ифода менамояд. Ба табиат танҳо бомақсади истеъмолгар набояд муносибат кард.

Марҳилаи васатии ташаккули шуури нави экологбиосинтризм мебошад, ки принсипҳои асосии зеринро дарбар мегирад:

— рушди мутаносиби инсону табиат арзиши пурқимат дорад: инсон моликияти табиат не, балки узви иттиҳоди табиӣ мебошад;

—даст кашидан аз тасвири иерархии ҷоҳои бар фоидаи инсон;

мақсади муносибати мутақобила бо табиат қонеъкунии талаботи инсон ва тамоми иттиҳоди экологӣ мебошад;

хусусияти муносибати мутақобилаи табиат аз рӯи принсипемуайян мешавад, ки мувозинати экологи дар табиатмавйрон наменамояд;

меъёр ва қоидаҳои ахлоқӣ ба муносибатҳои байни одамон ва олами табиат як хел таъсир мекунад;

инкишофи табиату инсон ҳамчун раванди коэволютсия, ваҳдати мутақобила

ифода мешавад.

Мавқеи асосии « ахлоқи биосферӣ », нисбати мавҷудоти зинда, инсону табиат, яъне биосфера, нисбати кайҳон эҳтиром дорад.

Маълумоти экологӣ— раванди муташаккил ва мунтазами донишандӯзӣ, донистани малакаву маҳорати экологӣ мебошад. Системаи маълумоти экологӣ хусусияти бетаваққуф, маҷмаавӣ, байнифанн ва интегратсияшуда, вобаста ба тамоюли тахассусӣ дифференсиатсия дорад. Марказҳои малумоти экологии аҳолӣ ташкил шудаанд.

Тарбияи экологӣ-ҷабҳаи фаъоли ҳифзи табиатро ба қолаб меандозад ва бо ёрии омӯзиши ҳифзи табиат ва экологӣ, ки маърифати экологии мактабӣ ва муассисаи олӣ, тарғиботи ҷаҳонбинии экологиро дарбар мегирад, ба даст меояд. Мақсадҳои асосии тарбияи экологӣ дар шароити ҳозира бо чунин қоидаҳо мувофиқот мекунанд:

ҳаёт бебаҳо, беҳамто ва такрорнагуванда мебошад ва инсон барои тамоми мавҷудот масъулиятнок мебошад;

табиат абадӣ ва беохир аст, аз ин сабаб он доимо аз инсон пурзӯртар аст: асоси муносибат бо табиат ёрии байниҳамдигарӣ мебошад, на мубориза;

чи қадаре, ки биосфера гуногун бошад, ҳамон қадар устувор мешавад;

инсон ба муҳити табиат таъсири ноустувор мерасонад;

Замин ба инсоният барои нобуд шуданаш метавонад зарбаи раднопазир занад;

шакли шуури антропосентриро бояд шакли шуури экосентрикӣиваз намояд;

одамон бояд ба дигаргунии куллии системаи арзиш ва рафтор, яъне даст кашидан аз истеъмоли зиёд ( барои давлатҳои мутараққи ), аз оилаҳои серфарзанд ( барои давлатҳои рӯ ба тараққи ) ва аз бемасъулиятии экологӣ омода бошанд.

Асоси ҳалли масъалаи экологии глобалӣ дар баҳогузории ҷаҳонбинӣ, бамеъёроварии шумораи аҳоли бо роҳи танзими оила, дар кори татбиқи тамоюли асосии ҳифзи муҳити табиии атроф дида мешавад.

Марҳилаи олии экологикунонии шуур фарҳанги экологӣ мебошад, ки зери ин мафҳум тамоми маҷмӯи малакаҳои ҳастӣ дар робита бо муҳити табиии атроф дар назар дошта шудааст. Ақидаи марказии фарҳанги экологӣ рушди мутаносиби табиату инсон дар якҷоягӣ ва муносибат ба табиат ҳамчун ба сарвати маънавӣ мебошад.Қоидаҳои « зарар нарасон » ва « васеъ фикр намудан, маҳдуд амал намудан » барои ҳар як инсон шарт ва зурур аст. Барои ҳаёт дар рӯи Замин инсоният сарвати асосии фарҳанги экологиро бояд эҳёву ҳифз намояд ва инкишоф диҳад.

Аҳамияти маърифати экологӣ барои мутахассисони

равия ва тахассусҳои гуногун.

Мутахассиси маълумоти олидори чи соҳаи иқтисод, чи соҳаи техникӣ бояд:

моҳияти хусусияти Заминро ҳамчун системаи мураккаб қабул намояд:

робитаи байниҳамдигарии омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар бӯҳрони экологии глобалӣ ва тазоҳуроти алоҳидаи он;

фаҳмидани муносибатҳои омилҳои абиотикӣ ва компонентҳои биотикии экосистема, доштани тасаввурот дар бораи популятсия ва тоқчаи экологӣ ҳамчун шарҳи умумии намуди инфиродии экологӣ;

донистани принсипҳои асосӣ, қонуният ва қонунҳои фазоии муваташкили геосистемаи сатҳи локалӣ ва минтақавӣ;

—донистани асосҳои маҳсулнокии биологии биосфера;

—доштани тасаввурот оиди таъсири системаҳои гуногуни техникӣ ба муҳити табиат ва дар бораи усулҳои баҳогузории хатари экологии баамолоянда, оиди чораҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои хатарноки экологӣ ё садамаҳо;

—донистани вазифа ва таснифи мониторинги муҳити табиат.

Донишу малакаҳои зикршуда ба мутахассис имкон медиҳад, ки ҷабҳаи фаъоли ҳифзи табиатро ба қолаб андозад, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву техникии истеҳсолот шароити муносиб ва барои тақсимоти маҳсулот зимни ба даст овардани вусъати баланди рушди иқтисодии давлат ва болоравии некӯаҳволии аҳолӣ эҷод намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *