Фанни Экология

Роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологи

  1. Қонунҳои муносибати байниҳамдигарии одам-табиат

Дар раванди таърихй алоқаи байни табиат ва одам, дар як вақт ба тағйирёбии табиат ва шаклҳои хоҷагидорй оварда мерасонад. Шаклҳои хоҷагидорӣ ба туфайли мушкилиҳои дар табиат боқимонда тагйир меёбанд, ки дар навбати худ таассурҳои пайдарҳамеро дар табиат ба вуҷуд меоранд. Ин алоқаи доимии баръакс, номи қонуни алоқаи баръакси баҳамтаъсиркунии одам — биосфераи П. Дансер (1957) ё ки қонуни бумеранг, ё ки қонуни чоруми Б. Коммонер (1974) «ҳеҷ чиз муфт ба даст намеояд»-ро гирифтааст. Системаи экологии глобалӣ пурра ва ягона буда дар ҳудуди он бурду бохт ғайриимкон аст ва наметавонад объекти беҳбудии ҳамагон бошад. Пардохт аз рӯи ин вексел раҳо ёфта наметавонад, вай танҳо мӯҳлаташ дуру дарозтар карда мешавад. Раҳо наёфтан аз ин пардохт дар қонуни ивазнашаванда будани биосфера инъикос меёбад, ки оидн он як қатор тадқиқотчиён В. И. Вернадский, Д. Г. Марше, Э. Реклю ва диг. заҳмат кашидаанд.

Биосфераи ивазшаванда то вақтҳои наздик аз рӯи принсипи М. Шателе-Браун кор мекард, ки дар ин зинаи такомул, мухтасар дар намуди қонуни баргардандагии биосферии П. Дансер (1957) ифода меёбад: биосфера ба барқароршавии мувозинаи экологй ҳамон қадар з^фтар мекушад, чи қадаре ба ӯ фишори баландтар расонанд. Ин кӯшиш то дараҷаи зинаҳои инкишофи экосистемаҳои климаксовй давом мекунад. Дар як вақт П. Дансер (1957) қонуни баргардандаи баҳам- таъсиркунии одам — биосфераро пешниҳод намуд: захираҳои табиии барқароршаванда дар рафти тагйирёбиҳои ҷидции муҳит, аз меъёр зиёд истифода бурдан ва ғ. метавонанд барқарорнашаванда гарданд.

Дар рафти истифодабарии системаҳои табиӣ аз баъзе ҳудудҳо гузаштан лозим нест, чунки онҳо имконият медиҳанд, то ки хусусияти худташкилкунй ва худидоракунй нигоҳ дошта шаванд. Азбаски хусусият ва худидоракунии системаҳои табий бо ду механизм — яъне таносуби ҷузъҳои дохилии системаҳои экологй ва баҳамдигар таъсиркунии ифодаи фазои зерсистемаҳо, ки ба системаҳои ҳамон дараҷа дохил мешаванд, он гоҳ қоида ба ҳарду механизм мувофиқ мебошад.

Ҳамин тавр, аз меъёрҳои қоидаҳои тағйир додани системаҳои табиӣ ба хулосаҳои зерин баромадан мумкин аст:

  1. Захираҳои барқароршударо, дар баъзе ҳолатхо суръати муайяни амалй кардани системаҳо ва вақт ба даст меорад. Дар ин раванд сарҳадеро, ки тамоми назарияҳои экологиро маҳдуд мекунанд, гузаштан лозим нест.
  2. Ба воситаи зинаҳои пайдарҳами инкишофи системаҳои табиӣ бо иштироки организмҳои зинда, одатан гузаштан гайриимкон аст.
  3. Пурсамар гузаронидани чорабиниҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди баъзе андозҳои иҷтимой, ки гузаштан ба тарафи каму зиёди он самараи хоҷагидориро кам мекунад.
  4. Фаъолияти азнавсозӣ набояд системаҳои табийро аз ҳама мувозинат бо роҳи афзуншавии яке аз ҷузъҳои муҳит ҳосилкунанда барорад.
  5. Азнавсозии табий танҳо дар сатҳи таҳҷойи ё ки минтақавй аз ҳисоби сустшавии ягон нишондод дар мавзеъи омехта ё ки биосфера дар пуррагй нафъ меорад.
  6. Таъсири хоҷагидорй на танҳо он системае, ки ба он равона карда шудааст дахолат мекунад, балки ба системаҳои болотар ҳам аз рӯи Принсипи Ле Шателе-Браун «кушиш мекунад» тағйирёбиҳои баамаломадаро баробар кунад. Барои ҳамин ҳам, сарфи барои азнавсозии табиат маҳз ба сарфи бевоситаи таъсири банақшагирифта махдуд намешавад.
  7. Занҷири таассурҳои табий ҳеҷ гоҳ бо тағйирёбии энергия ва моддаҳо маҳдуд намегарданд, лекин ба равиши сифатии системаҳои табий дахолат мекунад.
  8. Мувозинати экологии дуюмин оҳиста оҳиста ташаккул ёфта, аз рӯи қоида, назар ба якумнн устувортар буда, аммо тавоноии «захираҳои азнавсозй» кам мешаванд.
  9. Номувофиқ омадани «мақсади» идоракунии системавии табий дар табиат ва мақсади хоҷагидорй метавонад ба вайроншавии сисгемаҳои табий орад, яъне қувваи табиат ва азнавсозии хоҷагидорй дар рафти муқобилияти аввал якдигарро «хомуш» мекунанд, баъдтар ҷузъи табий ба вайроншавй огоз мекунад.
  10. Таъсири системаҳои техникй дар вақти дуру дароз назар ба табий самараи хоҷагии камтар доранд.

Азнавсозии ситемаҳои табий ба фаъолияти одам ҳудуди маҳдудияти худро дорад. Аз рӯи қонуни самараи пастшавии А. Гюрго — Т. Малтус бо баланд бардоштани сарфи энергия дар системаҳои кишоварзй ҳосилнокии зироатҳо баланд намешаванд, ки асоси экологияи кишоварзй гардидааст.

Дигар қонун ё ки қоидае, ки ба монанди қонуни бумеранг амал мекунад, ин афзуншавии демографӣ ба ҳисоб меравад. Риоя накардани қоидаи афзуншавии демографй мувозинати системаи муносибати одам — табиатро вайрон мекунад. Дар баробари ин тағйирёбии мувозинати гурӯҳи омилҳои биоэкологй ҳам таъсир мерасонанд, ки аз зичии намуди аҳолӣ вобастаги дорад. Дар ҳолати якҷоя амал кардани ин механизмҳо бӯҳронӣ демографм ба амал меояд.

Албата барои одамони давраи ибтидои ҳудуди саёраи Замин захираи тамомнашаванда ба ҳисоб мерафт, вале имрӯз ба туфайли босуръат афзуншавии аҳолй маълум шуд, ки ягон захираи табиӣ дар рӯи Замин буда беохир нест.

Афзуншавии аҳолӣ ва вусъат ёфтани талаботи ҳамарӯзаи он метавонад бо осони захираҳои табийро ба охир расонад. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки аз рӯи қонуни маҳдудияти (тамомшавандагии) захираҳои табий амал кунем. Маҳдудияти захираҳои табиӣ ба қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ ва ба воситаи он ба муносибати иҷтимоӣ таъснр мерасонад. Бӯҳронҳои экологй ва инқилобҳо хеле зиёд ба амал омадаанд. Яке аз бӯҳронҳои экологии қадима аз меъёр зиёд шикор намудани ҳайвонҳои калонҷусса — консументҳо ба ҳисоб меравад. Бӯҳрони продусентҳо дар давраҳои аз меъёр зиёд истифода бурдани растаниҳо ба амал омад. Бӯҳрони экологии муосир, ин буҳрони редусентҳо ба ҳисоб меравад, чунки онҳо наметавонанд он маводҳое, ки одам истеҳсол мекунад, таҷзия кунанд.

Баландшавии рақобат дар самти истифодабарии системаҳои табиӣ ба онҳо таъсири сахт расонида мешавад. Рақобати истифодаи захираҳои табиӣ ҳам ба ҷузъҳои алоҳида ва ҳам ба самтҳои гуногуни системаҳои табиӣ таъеир мерасонад (расми 139).

Расми 139. Нақшаи захираҳои интегралӣ (аз рӯи Н.Ф. Реймерс, 1994)

Одам хоҳ нохоҳ бояд, ба қонуни кам кардани самараи энергияи истифодаи захираҳои табий итоат намояд, чунки дар рафти инкишофи таърихй барои ба даст даровардани маҳсулоти фоиданок аз системаҳои табиӣ сарфи энергия афзун шуда истодааст. Мисол, дар асри сангин барои як одам сарфи энергия (ккал дар як шабонарӯз) ба 4 ҳазор, дар ҷамъияти аграрӣ 12 ҳазор, дар давраи индустриалӣ-70 ҳазор, дар давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон бошад ба 230-250 ҳазор ё ки 58-62 маротиба аз пешавлодони мо зиёдтар энергия сарф мекунанд (Степановский, 2003).

Сол аз сол барои ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ (8-10 маротиба) ва саноат (10-12 маротиба) микдори энергия сарф мекунем, лекин ҳатто дар давлатҳои пешҳадамтарини дунё самараи энергетршии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ 30 маротиба назар ба зироаткории муқаррари камтар аст. Яъне новобаста аз энергияи зиёд сарф кардан мо самараи хуб ба даст намеорем.

Ба ақидаи Н. Ф. Реймерс (1994) бӯҳрони экологии охири асри XX боз ҳам шадидцтар мегардад, яъне мо бо «зӯрии» техника мехоҳем табиатро идора кунем, ки ин нодуруст аст.

Роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологӣ

Баробаркунии (ба мувозина даровардани) инкишофи аҳолӣ бошад — яке аз роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологии замони муосир ба ҳисоб меравад. Одамон бояд аз оқибатҳои фаъолияти худ, хулоса бароварда нисбати табиат тарзе рафтор кунад, ки пеши роҳи оқибати бӯҳронҳои аз тарафи фаъолияти худ амалйшудаистодаро гирифта тавонанд. Барои ин пеш аз ҳама барномаҳо муҳимеро ба монанди — нигоҳ доштани афзоиши аҳолй, инкишоф додани технологияи нави саноатй, кофтукови сарчашмаҳои «тозаи» энергия, баланд бардоштани истеҳсоли ғизо бе васеъ кардани майдонҳои кишт ва ғайраро ба нақша гирифтан лозим аст.

Идоракуни зоиш. Чор омили асосиро фарқ мекунанд, ки микдори аҳолӣ ва суръати тағйирёбии афзоиши онро муайян мекунанд -фарқи байни коэффисенти зоиш ва мурдан, интиқолёбй, безурётй ва миқдори бошандагони гурӯҳои гуногуни синну — солй. То он даме коэффисенти зоиш аз коэффисенти фавтидан баландтар аст, аҳоли бо суръати фарқи ин бузургиҳо афзун мешавад. Бузургии тағйирёбии аҳолии вилоятҳои алоҳида, шаҳр ё ки мамлакатро дар маҷмӯъ аз таносуби (навзодон + имигрантҳо) — (фавтидагон + эмигрантҳо) муайян мекунанд. Миқдори аҳолии Замин ё ки мамлакатҳои алоҳида он вақт устувор мешавад, ки агар коэффисенти безурётй — ҳисоби миёнаи кӯдакон аз занҳои давраи репродуктивй тавлидшуда ба ҳисоби миёна дараҷаи микдории азнавҳосилкунй ба 2,1 кӯдак ба як зан баробар шавад. Давомнокии ин давра аз микдори занҳои дар синну-соли репродуктивй буда (15-44 сола) ва микдори духтарон аз 15 сола хурдтар, ки баъди чанде ба давраи репродуктивй мегузаранд, вобаста аст.

Фосилаи вақте, ки аҳолии рӯи Замин ё ки давлати алоҳида каму зиёд мешавад, аз сохтори синну-солии аҳоли ҳам вобастагй дорад, яъне аз фоизи таносуби марду зан дар ҳар категорияи синну-солй.

Аз нуқтаи назари як қатор мутахассисон суръати афзоиши аҳоли дуру дароз дар ин ҳолат нигоҳ дошта намешавад.. Мутахассисон тасдиқ мекунанд, ки то миёнаҳои асри XXI саршумори аҳолӣ ба 10 млрд. мерасад ва пешгӯи мекунанд, ки зоиш дар мамлакатҳои рӯ ба тарақиёфга паст мешавад. Имрӯз дар тамоми рӯи Замин идора кардани зоишро лозим медонанд ва дар мамлакатҳои зиёд барномаҳо оиди танзимй тавлидкунй қабул карда шудаанд. Барои баланд бардоштани некуаҳволии халқ паст кардани зоиш ягона роҳи ҳалли ин масъала мебошад.

Рушди иикишоф дар системаи глобалӣ «ҷамият-табиат». Конфронси соли 1972 дар Рио-де-Женейро баргузор шуда консепсияи рушди инкишофи устуворро барои асри XXI ҳамчун раҳнамои худ қабул кард.

Рушди устувор — ин таъминоти талаботи имрӯзаи аҳолии рӯи Замин бе зарарри ҷиддй ба ҷузъҳои биосфера ва ба зери хатар нагузоштани насли оянда барои қонеъ гардонидани талаботи худ равона шудааст.

Дар системаи глобалии «ҷамият-табиат» рушди устувор ин риоя кардани мувозинаи динамикии дараҷаҳои гуногуни экосистемаҳои иҷтимой мебошад. Ҷузъҳои экосистемаҳои иҷтимоии ҷамият (системаҳои иҷтимой) ва муҳити табий (эко- ва геосистемаҳо) ба ҳисоб мераванд.

Пурсамар идора кардани захираҳои табиӣ. Маҳдудияти захираҳои Замин дар асри XXI яке аз масалаҳои муҳими башарият ба ҳисоб меравад. Бинобар дар замони муосир ҳамаи масъалаҳои пурсамар истифодабарии захираҳои табий хеле муҳим мебошанд. Барои ҳалли ин масъала на танҳо дониши васеъи механизмҳои системаҳои экологй лозиманд, балки ташаккулёбии таҳкурсии ахлоқй ҷамиятй, фаҳмиши якҷоя будани одамон ва табиат, ҳамчунин зарурияти азнавсозии системаҳои итеҳсолии ҷамиятӣ ва истеъмолй зарур аст. Барои пурсамар ва беҳтар идора кардани иқтисодиёт ва истифодабарии захираҳои табий лозим аст:

  • муайян кардани мақсади идоракунй;
  • кор карда баромадани барномаҳо барои комёб шудан;
  • кор карда баромадани механизмҳои амалӣ гардонидани мақсадҳои дар назди худ гузошта.

Стратегияи инкишофи саноат, энергетика ва мубориза ба муқобили олудашавиҳо. Мақсади асосии самти инкишофи истеҳсолот ин гузаштан ба ҳосилкардани моддаҳо ва технологияи нав мебошад, то ки имконияти партовҳоро ба муҳити атроф кам кунем. Мо бояд қоидаи пешгири кардани партовҳоро, ки назар ба оқибати онҳоро бартараф кардан мушкилтар аст, риоя кунем. Барои ҳамин ҳам дар саноат системаҳои обтозакунй, обтаъминкунии сарбаста, дастгоҳҳои газнигоҳдоранда, дар системаҳои газпартои нақлиётӣ ҷой кардани полоишҳо истифода мешаванд. Гузариш ба сарчашмаҳои энергияи «тоза» ҳам олудакунии муҳити табийро кам мекунад.

Мисол, ИБГ ба ҷойи ангишт истифодабарии газӣ табиӣро метавонад ба роҳ монанд, ин бошад ба атмосфера интиқолёбии дуоксиди сулфурро чанд маротиба кам мекунад.

Барои тамоми давлатҳои олам сарчашмаи тамомшаванда ва барқароршавандаи энергия нури рӯшноии Офтоб, шамол, обҳои равон, биомасса ва гармии дохилии Замину энергияи геотермалй ба ҳисоб мераванд.

Аз ҳисоби ин сарчашмаҳо дар бисёр мамлакатҳои дунё пурсамар истифода мебаранд, аммо афсӯз, ки дар ҷумҳурии мо ин имкониятҳоро дорему, лекин онҳоро истифода намебарем. Истифодабарии энергияи Офтоб шамол ва ғ. метавонист як қадар масъалаҳои энергетикии кишвари моро ҳал намояд.

Дар болои Замин қариб 15 ҷойе ҳаст, ки амплитудаи мад ва ҷазр то он бузургиҳое мерасад, ки имконияти сохтани сарбандҳоро барои ҳосил кардани энергияи барқй фароҳам меоранд, Дигар сарчашмаи энергия ин истифодаи миқдори энергияи гармие, ки дар оби Уқёнус мафҳуз шудааст, мебошад. Гидроген ҳам сарчашмаи энергия мебошад, ки онро аз об, гази табий ва ангиштсанг ҳосил кардан мумкин аст.

Хулоса одамият на бояд танҳо аз сарчашмаҳои барқии тамомшаванда (гази табий, ангиштсанг ва г.) вобастаги дошта бошад, балки кӯшиш кунад, ки истифодаи дигар сарчашмаҳои доимоамалкунанда ва барқарокунандаи энергияро дарёфт кунад.

Истифодаи пурсамари захираҳои маъданй. Аз рӯи номукамалйи технологияи ба даст овардан ва коркарди захираҳои маъданй, вайроншавии биосенозҳо, олудашавии муҳити атроф, тағйирёбии иқлим ва даври биогеокимиёвй мушоҳида мешавад, ки моро водор месозад ба роҳи пурсамар ба даст овардани онҳо чунин кӯшишҳоро ба харҷ диҳем:

— барқароркунии заминҳо баъди истифодабарии онҳо;

-истифодаи сарфакорона ва бепартови ашёи хом дар истеҳсолот; -тозакунй ва истифодаи партовҳои истеҳсолй аз рӯи технологияи нав;

-аз нав коркарди маводи истифодашуда, баъди истифодаи онҳо; -истифодаи ивазкунандаҳои табиӣ ва сунъии пайвастагиҳои нодири табий;

-коркард ва васеъ истифода бурдани давраҳои сарбастаи истеҳсолй; -истифодабарии технологияи энергия сарфакунанда ва ғ.

Баъзе технолгияҳои истеҳсолии замони муосир ба ин талабот ҷавобгӯянд, лекин онҳо то ҳол меъёри муқаррари истеҳсолот ва пурсамар истифодабарии захираҳои табий дар миқёси ҷаҳон нагаштаанд. Мисол, партовҳои истеҳсолот дар худ микдори зиёди моддаҳои истифоданашударо доранд, ки барои онҳо меҳнати муайян сарф шудааст, барои ҳамин аз таҷзия кардани онҳо ҳамчунин ашёи хом истифода намудан авлотар аст.

Пурра истифодабарии партовҳо дар рафти дуруст ба роҳ мондани ҷараёнҳои технологии сарбаста, истеҳсолоти худро ба комплекси калони истеҳсолӣ табдил дода, як партов метавонад ба дигараш ҳамчун ашёи хом хизмат кунад. Дар ин ҳолат самараи истифодабарии захираҳои табий афзун шуда, олудашавии муҳити табиӣ аз моддаҳои кимиёвӣ хеле кам мешавад.

Стратегияи инкишофи соҳаи кишоварзӣ. Охирҳои асри XX ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳаи кишоварзии ҷахон назар ба афзуншавии аҳолӣ хеле баландтар буд, аммо ҳамаи ин ба туфайли буридани ҷангалҳо барои васеъ кардани майдони киштзорҳо, шӯршавй ва фарсоиши хок, олудашавии муҳит бо поруҳои маъданӣ, пестидсидҳо ва ғ. амалй гардид. Имруз бошад, барои талаботи аҳолии рӯз аз рӯз афзуншудаистодаро қонеъ гардонидан васеъ кардани майдонҳои киштро бояд амалй гардонем, инро танҳо аз ҳисоби васеъкунии обёрикунии заминҳои 1сишт ба даст оварда мешавад.

Барои ин, мо бояд ба усулҳои обёрии қатрагй диққат диҳем ва дуюм парвариши навъҳои нави зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монем. Парвариши навъхои нави зироатҳои ба бемори устувори галлагиҳо дар асри XX ягона сарчашмаи баландшавии маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки ин мувафақияти селексионерхоро «инқилоби сабз» номиданд. Эҳтимол дар асри XXI тарзи хоҷагидории имрӯза нигоҳ дошта мешавад ва инкишофи он имкон медиҳад, ахолии босуръат инкишоф ёфтаистодаи сайёраи Заминро бо гизо таъмин намоем.

Нигоҳ доштани ҷамоаҳои табиӣ. Асоси некуаҳволии инсоният дар оянда — нигоҳ доштани гуногунии табий ба ҳисоб меравад. Устувории биосфераи амалкунанда гуногунии ҷамоаҳои табийро таъмин менамояд.

Хдйвонот дар ҷамоаҳо, дар вақти муайян маҳсулоти нави биомассаро ҳосил мекунанд, ки як қисми онро одамон истифода мекунад. Камшавии маҳсулот аз ҳисоби рақобати байнинамудӣ, дохилинамудй ва омилҳои беруна ҳам ба амал меояд, ки дар баъзе холатҳо ҳатто хеле кам мешавад.

Барои истифодабарии захираҳои биологӣ аз рӯи ақл чунин шартҳоро иҷро кардан лозим аст.

-нигоҳ доштани ҳосилнокии популятсия дар дараҷаи баланд.

-ҷамъкунии ҳосили максимали, ки ба ҳосилкунии маҳсули популятсия наздик аст.

Ин гуна идоракунй аз мо дониши хеле чуқури истифодаи экологии намудҳо, популятсияҳо ва коркарди истифодабарии меъёрҳо ва қоидаҳоро талаб мекунад. Се самти идоракунии ҳосилнокии популятсия маълум аст-тавлидкунй, фавтидан, ва суръати расиши фардҳо, ки онҳо аз як қатор омилҳо вобастагй доранд: захираи ғизой, ҳолати хок, иқлими намнок, рӯшной, гармӣ, зичии популятсия, боҳамтаъсиркуни бо дигар намудҳо, мавҷуд будани бемориҳо, муфтхӯрҳо ва ғ. Тағийр додан ва ба даст овардани биомасса аз тарафи одамон, метавонад мусбат ё ки манфй таъсир расонад.

Дар истеҳсолоти маводҳо одамон фоизи ками намудҳоро истифода мебарад ва мумкин аст дар оянда зиёдтар шаванд, агар онҳо то он вақт нигоҳ дошта шаванд.

Дар замони муосир барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ лозим аст: а) пурра ҳифз кардани манзара ҳамчун комплекси экосистема; б) қис- ман ҳифз кардани объектҳои табиӣ аз рӯи имконияти пурраи нигоҳдории бутун ё ки симои манзара; в) ташкил ва дастгирй намудани манзараҳои антропогенй.

Ду шакли аввалаи ҳифзи манзарахо бо ҳудуди мамнӯъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ алоқаманд аст.

Мамнӯъгоҳҳо — ин шакли олии ҳифзи манзараҳои табий мебошанд, ки як кисми хушкй ё ки фазои обиро дар бар гирифта, дар ҳудуди он тамоми фаъолияти хоҷагидории одамон ба ғайр аз тадқиқотҳои илмй манъ карда шудааст.

Мақсади ташкил кардани мамнӯъгоҳҳо барои он аст, ки мазеъҳои табиӣи аз тарафи одамон вайроншударо дар ҳолати аввалаи худ нигоҳ дорем. Имрӯз, дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳудудҳои гуногуни ҳифзшаванда ташкил карда мешаванд, аз он чумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор мамнуъгоҳ, 13 парваришгоҳ ва. ғ. ташкил карда шудаанд, лекин афсӯз, ки аз тарафи давлат ва сохторхои давлатии ҳифзи муҳит ба онҳо диққати ҷидцй дода намешавад, ки ин боиси ташфиш аст. Майдони умумии манӯънгоҳҳои дар ҶТ ҷойдошта ба 172 286 ҳаз. ға мерасанд.

Боғҳои миллӣ-қисми сарҳади (акваторияи) муайянеро меноманд, ки барои нигохдории ҳолати аввалаи манзараҳои табиӣ бо мақсади зстетикй, саломатй, илмӣ, маъданй ҷудо карда мешаванд. Дар малакатҳои зиёди дунё боғҳои миллӣ шакли асосии ҳифзи манзараҳои табиӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҶТ боғҳои Миллий ташкил карда шудаанд, ки масоҳати умумии онҳо ба 2,65 млн. га мерасад, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна аз ҳама бештар мебошанд.

Бошишгоҳҳо. Бошишгоҳҳо қисми сарҳадй ё ки акваторие мебошанд, ки дар давоми як чанд сол ё ки доимй дар давоми мавсими муайян ё ки давоми сол намуди алоҳидаи ҳайвонот, растанӣ ё ки қисми комплекси табиӣ ҳифз карда мешавад. Бошишгоҳҳо бо мақсади барқароркунӣ ё ки зиёд кардани микдори ҳайвонҳои шикорй ё ки шароити мӯътадил барои лонасозӣ, кӯчиш ва. зимистонгузаронй, ҳифзи тухмгузории моҳиҳо, ҳифзи қитъаҳои алоҳидаи манзараҳо ва ғ. ташкил карда мешаванд.

Дар ҶТ 13 бошишгоҳ мавҷуд аст, ки майдони умумии онҳо 313 330 ҳаз. га-ро ташкил дода ҳар кадоми онҳо бо мақсади ҳифз намудани ин ё он намуди ҳайвонот ва растанй равона карда шудаанд.

Ёдгориҳои табиӣ — объектҳои табий алоҳидаи бебозгаште мебошанд, ки аҳамияти илмй, таърихӣ ва маъданӣ-эстетикӣ доранд, мисол, горҳо, объектҳои полеонтологй, дарахтони алоҳидаи якасра, шаршараҳо ва ғ.. Дар ҶТ миқцори зиёди ёдгориҳои табиӣ мавҷуданд, ки баъзе аз онҳо ба монанди Чилдухтарон, Чилучорчашма ва ғ. дар байни мардум хеле маъруфанд.

Минтақаҳои истироҳатӣ ва муолиҷавии тандурустӣ. Ин минтақаҳо дар ҳудуди ҶТ хеле зиёданд, ки на ҳамаи онҳо пурсамар истифода мешаванд. Аз ҳама машҳуртарини онҳо Гармчашма, Авҷ, Хоҷа- Обигарм, Обигарм, Искандаркӯл, Кӯли Париён, Зумрат ва ғ. мебошанд, ки ҳар сол дар ин ҷойҳо ҳазорҳо одамон аз дохил ва хориҷи кишвар саломатии худро барқарор мекунанд.

Ҳифзи манзараҳои антропогенӣ. Одам дар рафти фаъолияти хоҷагидории худ майдони сарҳадҳои хеле зиёдро тағйир дод манзараҳои навро ба монанди боғҳо, обанборҳо, каналҳо, роҳи оҳан ва г. сохтааст.

Бешубҳа манзараҳои антропогенй ба монанди манзараҳои табий ба ҳифз кардан эҳтиёҷ доранд, хусусан манзараҳои антропогенӣ шаҳракҳо ва шахрҳо. Барои ҳамин ҳам кабудизоркунии шаҳру шаҳракҳо аз нуқтаи назари санитарию — гигиенй ва эстетикй хеле бамаврид аст. Шинондани растаниҳои дарахтӣ ва буттагӣ дар шаҳрҳо бахусус қад қади роҳҳои нақлётӣ ва роҳҳои оҳан барои кам кардани чангу — хок, аэрозолҳо, паст кардани ҳарорат, куштани бактарияҳо, хеле бамаврид аст, чунки дарахтон фитонсидҳоро ҳосил мекунанд. Дарахтон ҳамчунин ҳар гуна садоҳоро ҳам паст мекунанд.

Дар маҷмӯъ барои ҳалли масъалаҳои экологӣ чунин намуди фаъолиятҳоро пешбини кардан мумкин аст.

-мониторинги экологии таҳҷойи ва глобалӣ, яъне муайян кардани моддаҳои заҳрнокӣ дар атмосфера, хок ва об буда;

-барқароркунй ва ҳифзи ҷангалҳо аз сӯхтор, зараррасонандаҳо ва бемориҳо;

-дар оянда васеъ кардани майдонҳои минтақаҳои махсуси ҳифзшавандаи комплексҳои табий;

-ҳифз ва омӯзиши намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонот; -ҳамкориҳои байнанмилалй оиди ҳифзи муҳити зист;

-баланд бардоштани дониш ва маърифатй экологии аҳолӣ.

  1. Ҳамкориҳои байнанмилалӣ

Ҳамкориҳои байнанмиллалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологй дар байни ҷамият ва табиат талаботи объективии давр буда, хастии ҳаёт ва пешрафти башариятро муайян мекунад.

Ҳамкориҳо ва шартномаҳо оиди масъалаҳои экологй аз асри XIX ибтидо гирифта «Конвенсияи оиди шикори садафак» буд, ки соли 1839 байни Фаронса ва Инглистон «Шартномаи оиди ҳифзи гурбаҳои баҳрӣ» байни Россия, ИМА ва Ҷопон соли 1887 қабул шуда буд. Солҳои 20-40- уми асри XX Иттиҳоди Шӯравӣ бо Финляндия оиди шикорӣ моҳӣ дар обҳои сарҳадӣ, бо Авғонистон оиди истифодаи обҳои сарҳадй, шартномаи бисёрҷониба бо Авғонистон ва Эрон оиди ҳифзи растанӣ ва мубориза ба муқобили малах ба имзо расида буд. Баъди ба анҷом расидани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамкориҳои байнанмилалй дар соҳаи экология хеле тез инкишоф ёфтанд. Шакли ҳамкориҳои байнанмиллалӣ гуногун буданд. Онҳоро ба иттиҳодияҳои байнанмиллалии давлатй (ИБД) ва ташкилотҳои байнанмитлалии ғайридавлатӣ (ТБҒД) ҷудо мекарданд. Яке аз ташкилотҳои калонтарини байнанмиллалии байнидавлатӣ ин Созмони Миллал Мутаҳид (СММ) ба ҳисоб меравад, ки дар он оид ба масъалаҳои илм, фарҳанг (ЮНЕСКО), ташкилоти озуқаворӣ ва соҳаи кишоварзй (ФАО), ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустй (ТУТ), ташкилоти умумиҷаҳонии обу ҳавосанҷй (ТУОХ,С), барномаи ТУТ оиди муҳити атроф (ЮНЕП) ва ғ. фаъолият доранд. Соли 1957 агенти байналмиллалй оид ба энергияи атомй (МАГАТЕ) ба кори худ шурӯъ намуд.

Имрӯз як қатор ташкилотҳои байнанмилалии ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки дар ҳалли масъалаҳои экологй корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд, ки бархе аз онҳо дар ҶТ фаъолият мекунанд, мисол, иттиҳодияи байнанмиллалӣ оид ба ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (МСОП), Фонди умумиҷаҳонии ҳифзи табиат (ВФОП), Федератсияи байнанмиллалии ҷавонон (ММФ), Иттифоқи шӯроӣ илмии байнанмиллалиӣ (МСМС), Иттиҳодияи конфедератсияи умумиҷаҳонии муаллимон (ВКОПП) ва ғ. амал карда истодаанд. Дар замони муосир одамият ҳаракат дорад он хатогиҳои дар гузашта кардаи худро нисбат ба муҳити атроф фаҳмида. онҳоро бартараф кунад ва кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар оянда ба он тамоман роҳ надиҳад ё ки то дараҷаи минимали онҳоро кам кунад.

Тарбия ва маьрифатнокии экологй

Тарбия ва маърифати экологй гуфта ин ташакулёбии бошууронаи одамро нисбати муҳити атроф, боэҳтиёт муносибат кардан бо муҳити атроф, аз рӯи ақл истифода намудани бойгариҳои табиӣ ва муҳим будани боз ҳам зиёд кардани захираҳои онро дар назар дорад. Дар замони муосир тарбия ва маърифатнокии экологй яке аз асосҳои ҷараёни муносибатҳои ҳамоҳангсозии ҷамият ва табиат ба ҳисоб меравад.

Мақсади ин тарбия ба он равона карда шудааст, ки дар тафакури ҳар як одам муносибати бошууронаро нисбат ба муҳити атроф ва ҳалли масъалаҳои эклогй аз нигоҳи ҳаётй расонда тавонем.

Бахусус тарбия ва маърифати экологиро новобаста аз сохтори сиёсй ва форматсияи иқтисодии ҷамият дар байни ҷавонон пурзӯр намудан лозим аст. Чунки дониш ва тарбияи экологй на танҳо самаранок балки яке аз усулҳои камасрафи пешгири намудани саддамаҳои экологба ҳисоб меравад.

Тарбия ва маърифати экологии ҷавононро аввал дар оила, баъд дар муассисаҳои томактабй, мактаб ва Донишгоҳҳо давом додан лозим аст.

Тарбияи экологй на танҳо дар дараҷаи сатҳи давлатй, балки дар фаъолиятй як қатор ташкилотҳои байнанмиллалй оиди ҳифзи муҳити атроф ба чашм мерасанд, мисол, МСОП, ЮНЕП ва ғ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *