Фанни Диншиносӣ

Пайдоиши равия ва шохаҳои дини насронӣ

Пайдоиши равия ва шохаҳои дини насронӣ

  1. Сабаби пайдошавии равияҳои нави насронӣ ва шохаҳои асосии он
  2. Пайдоиши равияи католикӣ ва равияи православӣ
  3. Протестантизм

1. Сабаби пайдошавии равияҳои нави насронӣ ва шохаҳои асосии он

Дини насронӣ, чунон ки гуфта шуд, дар заминаи дини яҳудия ба вуҷуд омад ва асосгузори он Исо аз яҳудиён буд. Аз ин рӯ, дар аввал дар замони худи Исо ва дувоздаҳ шогирди ӯ дини насронӣ ҳамчун як фирқаи яҳудия ба шумор мерафт ва пайравони он тақрибан тамоми маросимҳои яҳудиро иҷро мекарданд. Махсусан, маросими хатна кардан ва риояи ҳарому ҳалоли он дин ҳатмӣ буд. Аммо, дини насронӣ оҳиста-оҳиста берун аз ҳудуди Фаластин ва миллати яҳуд нуфуз кард ва дар қаламрави империяи Рим густариш ёфта, кам-кам сурати дини мустақилро мегирифт.

Садди роҳи асосӣ барои густариши насрония дар байни ақвоми ғайрияҳудӣ маросими хатна ва манъи кашидани сурати худо ва баъзе муқаррароти ҳарому ҳалол дар муоширату хӯрок буд. Шогирдони Исои Масеҳ дар ҷараёни густариши дини насронӣ дар байни ғайри яҳудиён ва халқҳои дигар медиданд, ки бе риояи муҳаррамоти яҳудӣ низ парҳезгору солеҳ будан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳанӯз Пётри ҳавворӣ, шогирди Исо масеҳиёни хатна нашударо низ ғусли таъмид мекард. Баъдан ҳавворӣ Павел зарурати риояи шариати яҳудӣ барои насрониёнро аз байн бурд. Аз ин рӯ, Павелро дуввумин муассиси масеҳият меноманд. Ҷидду ҷаҳди ӯ дар роҳи коркарди илоҳиёти насронӣ ва ислоҳи шариати он имконият дод, ки дини насронӣ дини ҷаҳонӣ гардад.

Ҳамзамон, бо пароканда гардидани империяи Рим, ҷудоӣ дар дохили калисои насронӣ афзудан гирифт ва дар натиҷа он ба чор калисои худмухтор ё автокефалии Константинопол, Искандария, Антиох ва Иерусалим тақсим гардид. Ихтилофи мавҷуда байни калисоҳо пас аз тақсим шудани Империяи Рим ба қисми шарқию қисми ғарбӣ дар соли

395 вусъати воқеӣ пайдо кард. Соли 1054 калисои Ғарбию калисои Шарқӣ расман пурра аз ҳам ҷудо шуда, ҳар кадоми онҳо аз тарафи якдигар маҳкум карда шуданд. Ин ба ташаккули ду равияи бузурги насроният бо номи католикӣ (ё католисизм) ва православӣ (ортодокси шарқӣ) оварда расонд.

2. Пайдоиши равияи католикӣ ва равияи православӣ

Равияи католикӣ (аз калимаи юнонии умумиҷаҳонӣ) яке аз шохаҳои асосии дини насронӣ буда, бештар дар қисмати ғарбии империяи Рим густариш пайдо кард. Калисои католикии Рим аз бузургтарин ва бонуфузтарин калисои насронӣ дар Ғарб ба шумор мерафт. Асосгузори онро худи Апостол Петр меҳисобанд. Дар асрҳои миёна калисои католикӣ қудрати бениҳояти сиёсӣ ва сарвати моддӣ дошт. Калисои католикӣ дар муқоиса бо калисои православӣ дорои як маркази идорӣ мебошад. Аз ин рӯ, калисо ва Поп (Папа) дар асрҳои миёна дар ҳақиқат султони воқеии тамоми кишварҳои мағрибзамин буданд. Масалан, дар соли 800 мелодӣ тақрибан аз се як қисми хоки Фаронса ва ҳамчунин қисмати зиёди кишвари Олмон ва Итолиё дар таҳти қаламрави калисои католикӣ қарор дошт. Дар ин давра интихоб ва аз қудрат дур сохтани император ва шоҳони ин кишварҳо бо дасти попҳои католик сурат мегирифт. Вале ба тадриҷ Папаи Рим ба дастнишондаи ашрофу аъёни итолиёвӣ табдил ёфта, нақшу эътибори рӯҳониву ахлоқии онҳо коста гардонид.

Асоси таълимоти католикҳоро Навиштаҷоти Муқаддас ва Ахбори Муқаддас ташкил мекунанд. Калисои католикӣ ҳамаи китобҳое, ки дар тарҷумаи лотинии Библия ворид шудаанд, қонунӣ мешуморад. Ҳамчунин қарорҳои 21 анҷуман ва муҳокимарониҳои поп дар масъалаҳои калисо ва дунявӣ ба ахбори муқаддас ворид мешаванд. Эътиқодномаи католикҳо эътиқод бар он дорад, ки Рӯҳулқудс натанҳо аз Падар Худо, балки аз Писар Худо низ бармеояд.

Дар пок кардани инсонҳо аз бори нахустгуноҳ католикҳо нақши асосиро ба калисо нисбат медиҳанд. Ин амалро поп (Папа) чун ҷонишини Масеҳ дар замин анҷом медиҳад.

Католикҳо ҳафт муқаддасотро эътироф мекунанд ва зарурӣ мешуморанд: ғусли таъмид, ашои раббонӣ, яъне тановули нону май, тақдис ё қудусият, тавбаву иқрор, равғанмолӣ, никоҳ ва санавбарсӯзӣ.

Дар ин равия дар баробари ҷаннату дӯзах боварӣ бар вуҷуди маҳалли поксозии гуноҳон, парастиши Модари Исо-Марям (Дева- Мария) ва эътиқод ба интиқоли ӯ ба олами лоҳут мавҷуд аст.

Дар бораи нақши иҷтимоии калисои католик дар асрҳои миёна ихтилофи назар ҳаст. Аз як сӯ муҳаққиқон онро таърихан, омили эҷоди ваҳдати фарҳангии Аврупо бо вуҷуди парокандагии сиёсияш медонанд. Аз сӯи дигар, калисои католикӣ бо эҷоди «девони тафтиши ақоид», чун инквизитсия ва ҷангҳои салибии шарқию ғарбӣ аз худ нақши асорати маънавӣ ва сиёсии номатлубе дар сафҳаҳои таърих гузоштааст.

Сарвари асосии калисои католикӣ, ҷонишини Исои Масеҳ, ҳокими олии давлати Ватикан — Папаи Рим мебошад. Мувофиқи қарори анҷумани I Ватикан, аз соли 1870 Папа поку бегуноҳ ба шумор меравад.

Ватикан дар маркази Рим, ки масоҳаташ 44 га ва аҳолиаш зиёда аз 2,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, маркази католикҳои ҷаҳон мебошад. Он дорои тамоми рамзу нишонаҳои давлатӣ аз қабили нишон, парчам, гимн, пул, почта, телевизион, радио, телеграф, матбуот ва ҳатто миқдори

муайяни гвардия, жандарм ва роҳи оҳан мебошад. Ватикан дар созмонҳои ҷаҳонӣ ва мамолики Амрико намояндагӣ ва сафоратхонаҳо дорад. Аз ҷумла дар СММ ва Юнеско нозирон дорад ва сарвари ин давлати кӯчак чунончи қайд намудем, Папа буда, якумра интихоб мешавад.

Оини православӣ (православие) ё Калисои Ортодокси шарқӣ бар хилофи католикҳо дорои як калисои марказӣ намебошад. Вай дар тӯли таърихи таҳаввули худ ба 15 калисои автокефалӣ, яъне мустақиле ба мисли калисоҳои Костантинопол, Искандария, Антокия, Иерусалим, Русия, Гурҷистон, Сербия, Руминия, Қибризия, Элладия, Албания, Булғоря, Лаҳистон, Чехословакия, Амрико тақсим шудааст.

Усули дини православӣ дар анҷумани ҷаҳонии Никей дар соли 325 ва дар Константинопол қабул карда шуда буд, ки сарчашмаи онро навиштаҷоти муқаддас — Библия ва суннатҳои муқаддас ташкил медиҳанд. Православҳо ваҳдат дар таслиси илоҳӣ, худои холиқ ва молики олам, ҳаёти баъдимаргӣ, мукофот ва кайфари пас аз марг, масеҳи наҷотбахш будани Исои Масеҳро, ки имконияти наҷоти инсониятро додааст, қабул доранд. Матни пурраи эътиқодномаи мазкур чунин аст:

«Мо ба Худои Воҳид, Падари қодири мутлақи ҳама чизҳои диданӣ ва ғайри диданӣ ва ба худованди воҳиди Исои Масеҳ Писари Худо, ки аз Падар берун омада, фарзанди ягона ва мавлуд аз ӯ, ки зоти Падар аст, имон дорем. Худо аз Худо, Нур аз Нур, Худои ҳақиқӣ аз Худои ҳақиқӣ мавлуд аст, на махлуқ, аз як Зот бо Падар, ки ба василаи ӯ ҳама чиз вуҷуд ёфтааст. Он ки дар осмон аст ва барои хотири мо одамиён ва барои наҷоти мо нузул кард ва муҷассам шуд ва инсоне гардид ва ранҷ бурд ва рӯзи сеюм бархост ва ба осмон сууд кард ва боз хоҳад омад, то зиндагон ва мурдагонро доварӣ намояд». Инчунин, ҷузви эътиқоди мазҳабии православҳо боварӣ ба нахустгуноҳи инсон мебошад.

Дини насронӣ дар шакли оини православӣ дар кишвари Рус дар асри X, дар шароите паҳн гардид, ки динҳои қадимаи славянӣ дигар таъсиру нуфузи худро аз даст дода буданд, ҷомеа ба як ғояи нав эҳтиёҷ дошт. Сабаби паҳншавии равияи православӣ дар ин кишвар аз он иборат буд, ки робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании давлати Руси Қадим бо маркази Калисои Шарқӣ — Византия хеле ривоҷ гирифта буданд.

3.Протестантизм (эътирозиён) яке аз се равияи бонуфузи дини насронӣ буда, дар асари наҳзати густурдаи ислоҳ (реформатсия), ки алайҳи равияи католикӣ дар асри XVI шурӯъ шуда буд, ба вуҷуд омадааст. Протестантизм аз Олмон бо наҳзат ва таълимоти Мартин Лютер (1483- 1546) оғоз гардида, баъд аз сари ӯ тамоми Аврупоро фаро гирифт. Ин наҳзатро пас аз Лютер Томас Мюнтсер (1490-1525), Улрих Свингли (1484-1531), Жан Калвин (1509-1564) сарварӣ кардаанд. Омили асосии пайдоиши ин ҷараёни нави насронӣ зуҳури табақаи нави иҷтимоӣ бо номи буржуазия ва по ба арсаи вуҷуд ниҳодани сохти нави ҷамъиятӣ, яъне сармоядорӣ буд. Манфиати ин табақаи ҷадид ва системи иқтисодии он зарурати озодии маънавӣ ва соҳибихтиёрии бештари одамонро

тақозо мекард. Аз ин рӯ, онҳо бар зидди қонунҳо ва банду бастҳое, ки сохти феодалӣ ва калисои католикии ҳомии он ба мардуми Аврупо таҳмил карда буданд, бо шиддат мубориза оғоз карданд, ки ба инқилобҳо ва ҷангҳои шаҳрвандии буржуазӣ тамом шуд ва дар ниҳоят омили муҳимтарин навоварии мазҳабию эътиқодӣ протестантизм- диндории инфиродӣ (индивидуалӣ) гардид. Асли ислоҳ иборат аз он буд, ки худои осмониро Лютер на тавассути калисо, балки ба таври мустақим аз тарафи худи инсонҳо ҷӯё шуд ва дар қалби одамон ҷой кард. Ҳаққу ҳуқуқи ҳар фардро дар озодиву соҳибихтиёрӣ дар умури динӣ ва имон тибқи ақли шахсӣ ва ба василаи имони қалбиаш эътироф кард.

Протестантҳо танҳо Библияро сарчашмаи муқаддас донистанд ва алайҳи бидъатҳои калисои католик, ки ҳамчун миёнарав байни Худо ва мардум бозори хариду фурӯши гуноҳон (индулгентсия)-ро роҳ андохта буд, аз назари Библия нораво эълон карданд. Дар назарияи наҷоти протестантӣ ҳеҷ яке аз маросимҳову кӯшишҳое, чун ҳафт асрор, зуҳд ва аъмоли солиҳа, дар муқоиса бо изтироби дохилӣ нисбат ба қурбонӣ — марги наҷотбахши Исои Масеҳ, аҳамияти чандоне надоранд. Ғояи асосии протестантӣ иборат аз он аст, ки ба наҷот танҳо бо як имони комил ба марги Исои Масеҳ ҷиҳати кафорати гуноҳҳои инсоният мушарраф шудан мумкин аст. Ҳар як насронӣ, тибқи эътиқоди протестантҳо, баробари ғусли таъмид ва имон овардан, «огоҳӣ» ё

«шиносоӣ» низ пайдо мекунад ва аз ин рӯ, дар иртиботу муносибат ва муроҷиат ба парвардигори худ эҳтиёҷ ба ҳеҷ миёнраве надорад ва метавонад бевосита худаш ниёишу ибодат кунад. Ин усули протестантизм силсилаи маротиб (иерархия)-и унвонҳои раҳбоният дар мансабҳои калисоро аз байн мебарад. Протестантизм ба муқобили дуо барои мурдагон, саҷдаву ибодати ҷойҳои муқаддас, эътиқоду парастиши турбатҳо ва тимсол (икона)-ҳо баромад мекунад.

Зимнан таваҷҷуҳ кунед, ҳар қадар динҳо аз асрҳои миёна рӯ ба даврони нав меоранд, ҳамон қадар маросим ва тазоҳуроти динӣ ва бидъатҳои асримиёнагӣ моҳияти худро гум мекунанд. Айнан чунин муборизаро алайҳи парастиши ҷойҳои муқаддас, турбатпарастӣ ва ғайра дар асрҳои баъдӣ дар дини ислом низ хоҳем дид. Ин як қонуниятест дар таҳаввули адён.

Хулоса, протестантизм тамоми фасод ва тазоҳурпарастии калисо ва попҳои католикро, ки дар тӯли асрҳои миёна бо таассуби мазҳабӣ, тақлиду тазоҳур ба ҷомеаи аврупоӣ ҳокимият мекард, фош намуд. Сохтори калисои протестантӣ, ҳам дар меъморию ороиш ва ҳам дар русуми ибодат ва қонуни раҳбоният, аз калисои католикӣ фарқи ҷиддӣ дорад.

Илоҳиёти протестантизм нахуст, аз тарафи М. Лютер ва Ж. Калвин кор карда шуда, баъдан онро уламои навпротестантӣ Ф. Шлейермахер, Э. Трёлч, А. Гарнак, К. Барт, П. Тиллих ва дигарон такмил ва ривоҷ доданд. Нахустин иқдоми Лютер дар роҳи ислоҳи дини насронӣ ба забони олмонӣ тарҷума кардани китоби «Аҳди ҷадид» буд, то ибодатҳо ба забонҳои миллӣ сурат бигиранд.

Ҳаракати ислоҳи масеҳият як гардиши бузурге дар таърихи фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Аврупо буд. Пайдоиши ин равия натанҳо ба озодии мазҳабию фикрӣ, балки аз ҳама муҳим, ба рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккули ҷамъияти сармоядорӣ кӯмаки бениҳоят бузурге кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин нақше, ки протестантизм ва наҳзати ислоҳ дар ҳаёти иҷтимоии Ғарб дорад, дар асри XIX дар байни равшанфикрони кишварҳои исломӣ низ наҳзати ислоҳталабӣ дар шуури динии мусулмонон ба вуҷуд омад.

Протестантҳо баъдан ба фирқаҳои зиёде тақсим шудаанд, ки аз маъруфтарини онҳо лютеранҳо, калвинистҳо, баптистҳо, адвентистҳо, иеговистҳо ва методистҳо мебошанд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  4. Народы и религии мира. Энциклопедия. М., 1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *