Фанни Диншиносӣ

Нақши Президенти Кишвар Эмомали Раҳмон дар барқарории модели нави миллии давлати дунявӣ

  1. Марҳилаҳои ташаккулёбии низоми давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Нақши Президенти Кишвар дар пиёда кардани модели нави давлати дунявӣ.
  3. Муҳимтарин хусусияитҳои модели нави дунявият дар Тоҷикистон.

1. Марҳилаҳои ташаккулёбии низоми давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Кишвари мо барои ин ки ба ин сатҳи муносибати идеалии ташкилоти динӣ ва давлат расад, чанд марҳиларо гузаштааст. Ҳанӯз 31 декабри соли 1992 Эмомали Раҳмон, дар симати Раиси Шӯрои Олии кишвар изҳор медорад, ки «Мо ….тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад.» Ҳанӯз дар ин давра Қунуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декебри соли 1990 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» амал мекард ва танҳо 1 декабри соли 1994 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва танҳо 26 Марти соли 2009 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Оли қабул шуд.

Умуман, давлатҳо аз лиҳози ҷойгоҳи дин дар онҳо ду навъанд: давлатҳое, ки дар онҳо дин қонунан, ҳамчун ниҳоди давлатӣ ба расмият шинохта шудааст ва давлатҳое, ки дар онҳо дин (калисо) ё иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ба истилоҳ хусусияти дунявӣ доранд.

3. Муҳимтарин хусусияитҳои модели нави дунявият дар Тоҷикистон.

Дар навбати худ давлатҳои дунявӣ, ҳадди ақал се тип ҳастанд:

Типи якум, кишварҳое, ки бо вуҷуди эътирофи дини расмии давлатӣ асосан қонунияти дунявӣ дар он кишварҳо амал мекунад, ба ин навъ кишварҳо Британия Кабир, Италия, Испания, Полша ва ғайрад дохиланд.

Типи дуввум, он кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ байни дину давлат ҳамкориву ҳамоҳангӣ, алахусус дар умури тарбияи маънавию ахлоқӣ ва барангехтани рӯҳия миллӣ-ватанхоҳӣ ҳукмрон аст. Мактабҳо расман аз муассисоти динӣ ҷудоянд. Ин типи дунявият дар Франсия, Олмон, ИМА, Россия, Туркия, Ҳиндустон амал мекунад. Дар ин кишварҳо дунявият ба маънии бединӣ ё атеистӣ будан нест ва сарварони ин кишварҳо низ диндории худ ва эҳтироми худро ба дини кишварашон пинҳон намекунанд.

Типи севум- типи собиқ давлати шуравӣ мебошад, ки дар кишвари мо то истиқлолият ҳамин навъ муносибат амал мекард. Агар мо вазъияти имрӯзаро бо он муқоиса кунем аз замин то осмон фарқ дорад. Аз ҷумла дар он:

Дин ҳамчун муҳити муносибатҳои шахсию хусусӣ аз давлат ҷудо буда, байни дин ва давлат, ки бар пояи идеологияи моҳиятан материалистию атеистӣ устувор буд, ҳеҷ гуна муносибати созандае вуҷуд надошт ва бо

идеологияи динӣ, ҳамчун мухолифи дараҷаи аввали ҷаҳонбинӣ ва идеологияи коммунистӣ муборизаву зиддияти оштинопазир вуҷуд дошт;

дар он вақеан дин комилан аз давлат ҷудо буда, дар ҳеҷ умури давлатдорӣ ҳамкорӣ надошт ва танҳо ҳамчун боқимондаи даврони гузаштаи ба идеолҳои ҷомеаи коммунистӣ бегона бояд аз байн бурда мешуд ва ҷои онро ҷаҳонбинии материалистиву атеистӣ мегирифт;

барои аз байн бурдани дин давлат ниҳодҳои гуногуни идеологӣ, сиёсию маъмурӣ ташаккул дода буд, масалан: «Иттиҳоди атеистолни ҷанговар» бо нашрияи «Бехудоён», « Илм ва дин», «Ҷамъияти дониш», «Хонаҳои атеизм», шӯъбаҳои идеология ва таблиғоти ҳизбӣ ва ғ-ра

дин ҳамчун боқимондаи даврони феодалӣ, ҳадди ақал ба ҳоли худ вогузор шуда буд ва мебоист ба таври худноогоҳ (стихиявӣ) ва ҳамчунин аз тариқи таблиғоти зиддидинии атеистӣ аз байн мерафт ва аз тарафи давлат барои тақвият ва рушди он ҳеҷ дастгирие намешуд;

калисо ва ташкилотҳои динӣ ба ҳеҷ умури давлатӣ ва кишвар, ҳатто дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон ҷалб карда намешуданд;

ҳуқуқи юридикии фаъолиятҳои иқтисодӣ, соҳибият ва доштани моликиятро надоштанд;

аз ҳуқӯқи чопу интишори китобҳои динӣ ва нашрияҳои динӣ маҳрум буданд;

ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳуқӯқи таблиғу ташвиқи диниро берун аз калисоро надоштанд;

ҳуқуқи бунёди масоҷиди нав, мадрасаву донишкадаҳои динӣ, ҳатто доштани китобхонаро низ аз ташкилотҳои динӣ гирифта шуда буд;

Президенти кишвар дар мақолае, ки дар рӯзномаи «Сегодня»-и Федератсияи Россия аз 8 апрели соли 1998, чоп шуд, моҳияти давлати дунявиро мавриди баррасӣ қарор дода онро дар муқоиса бо гуногунии шароити иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии олами ислом арзёбӣ менамояд.

«Ҷаҳони ислом, -мефармояд Президент,- хусусиятҳои гуногун дорад, халқҳои гуногуни он маънаван муттиҳид бошанд ҳам, вобаста ба шароити таърихӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷаҳони ислом дорои давлатҳои гуногун мебошанд, ки бисёриашон характери дунявӣ доранд.» Президент зимнан таъкид мекунад, ки «Мамлакатҳои исломӣ дар ҳайати Созмони конфронси исломӣ муттаҳид гардидаанд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф менамояд». Ин такид барои идроки моҳияти дунявияти кишвари мо хеле муҳим аст, чунки яке аз принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эътирофи озодии виҷдон аст. Пас агар Созмони конфронси исломӣ ин Эъломияро қабул дорад, ҳеҷ ихтилофе аз лиҳози мазҳабӣ дар дунявӣ будани давлати мо нест.

Ин аст, ки Президент дар ин мақола боз як бори дигар ёдовар мешавад, ки «Вақте мо дар бораи ҷудо кардани давлат аз ташкилотҳои динӣ сухан меронем, дар амал пиёда кардани принсипи муҳими демократӣ, озодии виҷдон, озодии гуногунандешии идеологӣ, маънавӣ ва сиёсиро дар назар дорем. Ҳамаи ин дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуҷҷатҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ифода ёфтаанд, ки Тоҷикистон низ

онҳоро имзо кардааст. Ба истилоҳи дигар, давлат ва ҳукумат набояд идеология ё дини алоҳидаро ба сари ҳокимият орад. Дар акси ин ҳол ҳокимияти мутлақ, яъне ҳокимияти тоталитарӣ ва теократӣ ба миён меояд, ки ба озодии андеша, сухан ва виҷдон имкон намедиҳад.»

Мадели дунявият дар кишвари мо дорои хусусияти миллӣ мебошад ва он пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки раҳбарияти давлат ҳамеша пайванди таърихию фарҳангии миллати моро бо ислом қабул доранд.

Президент изҳороти аввал соли 1992 таъкид менамояд, ки дар ҷумҳурӣ аксари мардум мусалмон ҳастанд ва меафзояд, ки «Ҳукумат на танҳо дини мубини исломро эҳтиром мекунад, балки ҳамчунин барои ба ҷо овардани эътиқоди динии халқҳои дигар низ дахолат намекунад.»

Дар ҳамин ҷо дуввумин принсипи дунявият дахолат накардани пешвоёни дин ба корҳои давлат ва роҳ надодан ба тақсими мардум ба мусулмону кофир ва низоъ ангехтан, махсус баён гардидааст ва таъкид мешавад, ки

«Эътиқод кори шахсии ҳар як инсон аст.» вале ин маънои тамоман дар канор гузоштаи рӯҳоният аз умури иҷтимоиро надорад, чунки ҳамоно Президент рӯҳониятро «ба ҳамкорӣ ҷиҳати дар партави қонун танзим намудани умури динӣ ва ҳамкориву иштирок ба рушди ҷомеа аз тариқи рушди маънавии мардум даъват мекунад»

Ин севумин принсипи дунявияти типи миллии мо аст, ки маънии ҳамкорӣ дар умури маънивӣ ва ҳифзи оромии ҷомеа ва рушди иҷтимоии онро дорад .

Кӯшиши Президент ҳамеша иборат аз он буд, ки моҳияти давлати дунявии типи миллии моро ба мардум фаҳмонад. «Мо ҷомеаи дунявӣ бунёд намуда, дар айни замон ба эътиқоди динию мазҳабии ҳамватанонамон ягон мамониат нишон намедиҳанд. Бигузор одамон бо кадом дину мазҳабе, ки эътиқод дошта бошанд, ба ҳамон имон оварданд.»

Ӯ зимнан, меафзояд: «ҳарифони сиёсии мо моҳияти дунявӣ доштани давлати Тоҷикистонро ҳамчун атеизми давлатӣ маънидод мекунанд, ки ин ҳама аз рӯи ғараз аст.»

Ин муҳимтарин нукта дар усули дунявияти давлати мост, ки минбаъд амалан густариш ёфта, онро аз дунявияти иҷбории атеистӣ комилан фарқ мекунонад. Чунки дар дунявияти даврони шӯравӣ, чунон ки дар боло ишора шуд, ба дин ва ташкилотҳои динӣ ҳатто умури маънавӣ ва тарбияи ахлоқиро низ бовар намекарданд ва таълимоти ахлоқии динӣ ҳамеша зери тозиёнаи танқиди илеологияи коммунистӣ қарор дошт.

Нақши Президенти Кишвар дар пиёда кардани модели нави давлати

дунявӣ.

Президент дар 8 сентябри с.1996 дар маҷлиси ботантанаи бахшида ба рӯзи истиқлолият иброз медорад: «Мо ба дини мубини ислом, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем.» ва зимни боршуморидани нақши гузаштагони баруманди тоҷик дар ривоҷу

густариши дини мубини ислом меафзояд: «ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мост.»

Аз ҳама муҳим дар сиёсати пешгирифтаи Президент аз аввал он аст, ки дар он динситезию исломситезӣ ҷой надорад ва ин равиш ба тадриҷ густариш ва мазмуну мундариҷаи амиқ пайдо мекунад.

Фарқи асосии сиёсати дунявияти кишвари мо аз даврони шӯравӣ дар он аст, ки давлат ба чигунагии шуури динии шаҳрвандон бепарво нест. Ин аст, ки Президент 19 марти с.1997 дар мулоқот бо зиёиён изҳор медорад:«

…дин ва аҳкоми динӣ бояд барои амалӣ гаштани ормонҳои наҷиби миллӣ, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, инчунин донишу фазилати башардӯстонаи ҷавонон ба давлат мадад расонад. Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани рӯҳияи ҷаҳолат, ҳаромхӯрӣ, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳилаи ҳассос бояд мубориза баранд.» (с59)

Яке аз усули бунёдии ҷомеаи дунявӣ гуногунандешӣ аст.

Президент гуногунандешӣ ва касратгароии мафкуравиро, ки яке аз шартҳои давлати дунявӣ аст, бо ваҳдати миллӣ ва аввалияти ҳифзи манофеъи он тавъам менамояд ва барои «ба вуҷуд овардани чунин фазои сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки барои тавлиду густариши як мафкураи муттаҳидсозанда ваҳдати миллӣ мусоидат намояд.» равона кард.

Эътирофи нақши бунёдии ислом, ҳамчун яке аз аслпояҳои фарҳанги миллии тоҷикон аз тариқи паиҳам баргузор намудани маъракаҳои таҷлилии пешвоёни фарҳангу дин,чун таҷлили соли Имоми Аъзам –пешвои мазҳаби ҳанафия ва уламои маърӯф миллат ва ислом чун: Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Носири Хусрав, Мавлонои Ҷалолуддин Балхӣ …;

Бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ ва кори хусусӣ будани таълимоту маорифи динӣ, аз хусусияти дунявияти давлати мо бармеояд, ки давлат нисбат ба шууру маорифи динии шаҳрвандони худ бетараф буда наметавонад. Ин аст ки Президенти кишвар дар бузургдошти 1310 солагии Имоми Аъзам соли 2009 мефармояд:

«Ҳангоми сафар ба кишварҳои исломӣ, бахусус Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҷараёни мулоқот бо шахсиятҳои маъруфи сиёсиву илмӣ, инчунин донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи маъруфи ал-Азҳар онҳо аз сатҳи малакаву биниши ходимони дин, низоми таълимоти динӣ ва барномаҳои таълимӣ дар мадрасаву мактабҳои динии кишвари мо изҳори нигаронӣ карданд ва ислоҳи онро тақозо намуданд.

Воқеан зиёда аз 90 фоизи пешвоён ва ходимони дини кишварамон маълумоти олӣ ё миёнаи динӣ ва дунявӣ надоранд, аксарияти онҳо дар ҳар гӯшаву канор дар назди домуллоҳо сабақи динӣ гирифтаанд.

Таълиму таҳсилоти динӣ дар кишвари мо комилан ихтиёрӣ буда, ҷузъи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯ озодии эътиқоду виҷдонро ташкил мекунад. Ҳарчанд ки тибқи қонун мактабу мадрасаҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, мустақилона фаъолият мекунанд, вале мо нисбат ба

тақдири ҳазорон нафар ҷавонони наврасе, ки дар донишгоҳи исломӣ ва беш аз бист мадрасаҳои миёна таҳсил менамоянд, бетараф буда наметавонем.

Бинобар ин зарур мешуморам, ки минбаъд таъминоти Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шавад ва таҳсил дар ин муассисаи олӣ ба меъёрҳои муосири таълим мутобиқ гардонида шуда, дар баробари таълими аркон ва аҳкоми дини ислом, ҳамчунин омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, технологияи муосири иттилоотӣ, фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад.»

Ин ҷост, ки яке аз муҳимтари хусусияти дунявият дар кишвари мо бе тараф набудани давлат ба тақдири маорифи динӣ ва чи гунагии шуури динӣ аст. Давлат ҳатто таъмини эҳтиёҷоти Донишгоҳи исломиро ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Иқдом ба бунёди Маркази исломшиносӣ намуда, ба чигунагии таълими динии хориҷ аз кишвар таваҷҷӯҳ дорад.

Дифо аз дини ислом ва муқаддасоти он

Дар аксари суханрониҳо ва мақолаҳои Президент дифоъ аз исломи поку бе олоиш, ифтихор аз тамаддуни исломӣ ва даъват ба ҳифзи ислом аз он падидаҳои номатлубу манфӣ чун экстремизм, терроризм. Аз ҷумла 23-юми октябри соли 2006 дар паёми табрикӣ ба муносибати иди Фитр Президент мефармояд:

«Дини мубини ислом дар зоти худ цамчун як дини барцақ ва маърифату ахлоқ шинохта шудааст, ки бо ҷавцари адолату башардӯстк, сулцпарварк ва ойини покиву озодагк ва накӯхоцк сарчашмаи эътиқод, имон ва рацоиш мебошад.»

Ва 7 декабри соли 2005 дар иҷлосияи Конфронси Исломӣ дар Маккаи мукаррама аз он минбари баланди исломӣ чунин иброз медорад:

«Шумо хуб медонед, ки тамаддуни исломӣ дар рушди тамаддуни умумибашарӣ бо фарҳанг, илму маърифат ва фалсафаи олии худ нақши дурахшон дорад.

Вале имрӯз низоми ҷаҳон дигаргун шудааст ва мо бояд дар такя ба суннатҳои ниёгони худ ҳамқадами замони муосир бошем. Ҷиҳати тавфиқ ёфтан ба талаботи замон арзишҳои бузурги гуманистии дини исломро ба манфиати пешрафт ва инкишофи кишварҳои исломӣ истифода намоем.»

Бо нишон додан нуфӯзи мусулмонон дар оғози қарни XXI-и м. 1 миллиарду сесад м. меафзояд: «аксари кишварцои мусулмонк имрӯз дар ҷацон цамчун давлатцои рӯ ба инкишоф арзёбк мегарданд», зимнан бо тассуф меафзояд «ҳоло ақидаи барғалате дар афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ талқин карда мешавад, ки гӯё сарчашмаи ақибмондагӣ ва қашшоқии мусулмонон дар дини мубини ислом бошад. Вале афроди огоҳ ва соҳибназари ҷаҳон хуб медонанд, ки чунин гумон комилан ботил аст.»

Сипас бо ёдоварии нақши таърихии мусалмонон, дар тамаддуни башар, ки «тақрибан 300- сол амалан сарнавишти минтақаҳои пешрафта ва стратегии ҷаҳонро муайян карданд ва минбаъд низ нерӯи бонуфузи

сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷаҳон буданд.» ва таъкид ба беназирию бесобиқагии тамаддуни исломӣ мекунад. Бо таҳқиқи ҷолиб сабаби ин ҳама шукӯҳи тамаддуни исломиро дар он рӯзгор чунин арзёбӣ мекунад: «Зеро дар тамаддуни исломк фарцанги иҷтимоии цамкорк, цамбастагк ва дӯстк ташаккул ёфта, ба сатци баланд расида буд. Аз баракати он на фақат мусулмонон дар фазои вацдату созандагк зиндагк мекарданд, балки яцудиён, масециён, зардуштиён, буддоиён асолати таърихк, динк ва милливу қавмии худро цифз карда, фаъолияти густурдаи иҷтимок доштанд. Зеро фарцанги исломк моциятан ва хислатан инсондӯстона ва инсонгароёна аст.»

Ва 14-уми марти соли 2008 дар ҷамъомади Созмони Конфронси Исломӣ Президент мефармояд: «Мо имрӯз созгории возеци манфиатцои миллии давлатцои алоцидаи мусулмонк ва манфиатцои умумии мусулмононро мебинем, ки онцо аз пешрафти цақиқк ва цамагонк, камоли фарцангк ва маънавк иборатанд. Дар шароити афзоиши рақобат ва зиддиятцо, муборизаи марказцои ташаккулёбандаи қудрат ва давлатцои бузург барои дастёбк ба захирацои цаётк ва стратегк, пешгирии талошцои дахолат ба корцои дохилии давлатцои мустақил ва бологирии тамоюлоти дигари нигаронкунанда, мо бояд огоцона, санҷида ва масъулона амал намоем ва ба сатци нави цамбастагии исломк ноил шавем….

Дар ин росто истифодаи ғаразнок аз номи поки Ислом ва таҳрифу таҳқири арзишҳои волои дини мубини мо, ба мисоли интишори карикатураҳои Расули Акрам намунаи возеҳи чунин кӯшишҳост.» /,ҷудо кардан аз мо А.Ш,./

Ӯ моҳияти зиддиисломӣ доштани ин падидаро ошкор намуда, мефармояд: «Мо шоциди онем, ки баъзе созмонцо ва ницодцо бо ниқоби исломк фаъолият доранд ва зоциран бо дасти мусулмонон сохта шудаанд, вале хуни мусулмонони бегуноц мерезанд, низоми сиёсии кишварцои исломиро бесубот ва заиф месозанд, василаи бадномсозии исломанд ва аслан ба ацдофи душманон ва бадхоцони ислом кӯмак менамоянд.

Ман комилан мӯътақидам, ки террорист дар асли худ миллат, мазцаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Аз ин лицоз мо бояд муштаракан ниқоби ононро барафканем, аъмоли харобгаронаи онцоро тацти кадом шиор ва даъват набошад, мацкум намоем, симои пок ва муқаддаси исломро цифз намоем.»

Дин ҳамеша поку беолоиш, шаффофу зулол, муқаддасу муназзаҳ бояд бошад, то одамон бидуни ҳеҷ шакку шӯбҳае ба он бигараванд. Инчунин ҳолатро дар ин асри пурталотам, танҳо бо тақво ва парҳезгорӣ, дӯрӣ аз ҷаззобиятҳои сиёсат ва қудратталабӣ будан метавон ҳифз кард. Дар чунин шароит пои динро ба сиёсат кашидан, ниҳоятан бадном ва бе

эътибор кардани динро дорад ва ба маҳбубияти дин ҳаргиз намеафзояд. Дин муносибати яксону бетабъиз барои ҳама инсонҳост вале сиёсату ҳокимият наметавонад барои ҳама яксон бошад. Қувваҳои сиёсӣ, аҳзобу ниҳодҳои дигари дунявӣ, аксаран манофеъи гуруҳию ҳизбӣ, синфию табақотиро доранд. Дар ин талошҳову муборизаҳои сиёсӣ олуда кардани дини мубини ислом бар зарари он хоҳад тамом шуд.

Аз ин рӯ Президент кӯшишаш бар он аст, исломро аз ин хатар маҳфӯз дорад. «Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигари инсониятиро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳаргуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои махз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест.»13

Хулоса дунявияте, ки дар кишвари мо пиёда шуда ва дорад такмилу тақвият меёбад бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ байни дину давлат ҳамкориву ҳамоҳангӣ, алахусус дар он муҳите, ки доираи вазифаҳои дин аст, аз ҷумла дар умури одамият-инсонсозӣ инсонпарварӣ, эҳсону мурувват, саховату каромат, парваридани раҳму шафқат, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва барангехтани рӯҳия миллӣ- ватанхоҳӣ ҳукмрон аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *