Фанни Диншиносӣ

Динҳои ибтидоӣ

Динҳои ибтидоӣ

  1. Замина ва сабабҳои пайдоиши динҳои ибтидоӣ
  2. Хусусияти асосии динҳои ибтидоӣ
  3. Тафовути фетишизм ва анимизм

Замина ва сабабҳои пайдоиши динҳои ибтидоӣ

Динҳои ибтидоӣ аввалин марҳилаи зуҳури фитрати динҷӯӣ ва худоҷӯии инсон тамоюли ӯ ба диндорӣ, ва парастиш мебошанд. Ҳатто дар динҳои ибтидоӣ, бо вуҷуди ҷои асосиро ташкил намудани табиатпарастӣ ва ҳайвонпарастӣ нишонаҳое аз майли фитрии инсон ба яктопарастӣ дар шакли наздик ба динҳои камолотёфта, чун боварӣ ба ғайб, намирандагии рӯҳ, ваҳдати вуҷудӣ бо табиат, ибодат ва ғайраҳо ҷой доранд. Решаи маърифатии дин дар ҷамъияти ибтидоӣ ҷусту ҷӯи асрори зиндагӣ ва вуҷуди худи инсон ва муҳити атрофаш буд. Заминаи иҷтимоии пайдоиши бовариҳову ойинҳои ибтидоӣ вобастагиҳои инсон аз ҳодисаҳои табиат ва нотавонии ӯ дар муқовимат бо қувваҳои мудҳиш ва харобиоварион буданд.

Инсони ибтидоӣ пойбанди ақида ва расму оини ҷомеаи худ буд, ки бо ҳар дигаргунӣ муқобилияти сахт нишон медод. Эътиқодҳо ва расму ойини инсони ибтидоӣ ба ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷисмониву биологии ӯ, ба монанди гуруснагӣ, тарс аз ранҷу беморӣ, марг, майл ба зӯрӣ, таҷовуз ва ғайра сахт алоқаманд буд.

Аз он ҷумла, он боварӣ ва эътиқоде, ки ба қудрати фавқултабии доштани коҳин, ки нақши пизишку табибро низ мебозиданд, мисол шуда метавонад. Одами асри ибтидоӣ агар бемор мешуд, чунин мепиндошт, ки ба ӯ рӯҳи нопоке ҳамроҳ гардидааст ва барои халосӣ ва наҷот аз он ӯ бояд ба коҳин (шаман) ва ё табиб муроҷиат намояд. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки мобайни коҳинон ва рӯҳҳои одамон робитае вуҷуд дорад ва танҳо коҳинон метавонанд сабаби халосии инсон аз беморӣ гарданд. Ҳамин тариқ, маҷмӯи чунин бовариҳо ва эътиқодот фарҳанги ҷомеаи ибтидоиро ташкил дода, ифодакунандаи сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии одамони он замон буд.

Хусусияти асосии динҳои ибтидоӣ

Динҳои ибтидоӣ як маҷмӯи парастишҳои печидаву мураккабро ташкил мекунанд. Дар асл он истилоҳҳо ва номҳое, ки мо барои ташхиси ин динҳо (чун: фетишизм, тотемизм, сеҳру ҷоду (магия), анимизм ва ғайра) ба кор мебарем номи як дини муайяне набуда, балки ифодакунандаи маҷмӯи парастишҳо ва оинҳои ба ҳам наздик, шаклҳои умумии бовариҳои ибтидоӣ ва то андозае хусусияти умумии ин чунин динҳо мебошанд. Дигар он, ки динҳои ибтидоӣ ҳанӯз ба маънои имрӯзаи калима дини комил нестанд, яъне дар онҳо ҳанӯз идеяи Худо, охират, китобҳои муқаддас, паёмбарон ва ғ. вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, дар онҳо ҳамаи унсури асосии дин — боварӣ ба вуҷуди ғайб — фавқуттабиат, маҷмӯи маросимҳои хосе барои таъсиррасонӣ ба қувваҳои табиат алакай ҷой доштанд, ки баъдан ба ин ё он шакл дар динҳои камолёфта ворид шудаанд.

Ҳамин тариқ, яке аз парастишҳои қавмҳои пешини ҷомеаи ибтидоӣ ин ҷонварпарастӣ ё ибодат ба ҳайвонот аст. Дар парастиш ба ҳайвонот низ ақидаҳои гуногун вуҷуд доштанд. Масалан чунин мепиндоштанд, ки инсоне, ки фавт мекунад, рӯҳи вай ба бадани ҳайвоне медарояд ва ё баръакс. Парастиши шер дар Африқо, уқоб, хурӯс ва саги обӣ дар Америкаи шимолӣ, гови нар дар Юнон ва Миср ва гови мода дар Ҳиндустон ва Африқо, говмеш дар ҷануби Ҳиндустон ва кенгуру дар Австралия нишондиҳандаи онанд, ки ин ҳайвонот дар ин кишварҳо сазовори эҳтиром ибодат буданд. Парастиши кабӯтар ва мор дар аксари қавмҳо дида мешавад.

3. Тафовути фетишизм ва анимизм

Тотемизм (аз «тотема» – калимаи ҳиндувони америкоӣ – «авлоди вай»), як навъ эътиқоду боварӣ ва маросимҳои динии одамони ибтидоӣ аст, ки бар пояи боварӣ ба робитаҳои авлодӣ ва хешовандӣ байни инсон ва ҳайвонот (ҳамчунин ҷонварони дигар ва рустаниҳо) устувор аст.

Тотемизм дин нест, балки дар он нишонаҳои дин вуҷуд дорад. Барои одамони қадим ин падида як амри табиӣ будааст, ки бо ҳайвонҳои дар гирду атрофи худ буда, бо як қаробат ва наздикӣ назар мекарданд. Чунин ақида доштанд, ки дар ҳамаи корҳо ин ҳайвон бо ӯ монандӣ дорад, ба монанди ғизо хӯрдан, ҷанг ва ғайра. Инчунин онҳо дар ин ақида буданд, ки яке аз ниёгони онҳо ба сурати ҳамин ҳайвон будааст ва ё бобоҳояшон яке будаанд. Ин омил дар миёни қабилаҳои гуногуни ҷаҳон бо ҳар навъ ва бо ҳар сурат амал менамудааст. Аҳли авлод тотемаи наздики худро хеши наздики худ медонанд, мисоли падар, бародари калонӣ, дӯст, наздик ва ғайра. Ҳайвони мазкурро онҳо намекуштанд, одатан гӯшти онро истеъмол намекарданд. Минбаъд дар натиҷаи афзудани шумори авлодҳо дар қабила, миқдор ва навъи тотемаҳо низ меафзояд.

Анвои тотемаҳо мухталифанд, масалан, ончунон ки олимон мушоҳида кардаанд, тотемизм миёни мардуми бумӣ (аборигенҳо)-и Австралия, Гвинеяи Нав ва ҳиндувони америкоӣ роиҷ буда, ин мардум ба чандин қабила ва ҳар қабила дар навбати худ ба чандин авлод тақсим

мешаванд ва ҳар авлод тотемаи худро дорад. Вобаста ба ин ё он манотиқ тотемаҳо хело гуногунанд, аз ҷумла: кенгуру, кирми абрешим, мор, зоғ, муши саҳроӣ, қурбоққа, хаффош, уқоби шикорӣ, саги ваҳшӣ ва ғайра намунаҳои тотемаҳои онҳо мебошанд. Мувофиқи суннатҳои аборигенҳои ҷануби Австралия ҳар фард тотемаи худро аз дасти модари худ меситонад, чун шаҷара ё насабномаи авлодии ҳар касро аз тариқи модараш нигоҳ медоранд. Гурӯҳи авлодии тотемӣ одатан номи тотемаи худро мегиранд.

Шакли дигари парастишҳои ибтидоии одамон фетишизм аст. Фетишизм (фр. -fetichisme, порт. «фетико» — тумор, сохта, маснуъ), ҳамчун парастиши динӣ эътиқод ба хусусияти фавқуттабиӣ ё мовароуттабиии ашё, чизҳои моддиро ифода мекунад. Ба ибораи дигар нисбат ба ашёи хосе одамони ибтидоӣ эҳтироми наздик ба муқаддасот қоил будаанд ва онҳоро дорои қувваи сеҳрнок мешуморидаанд, аз онҳо мададу ёрӣ мехостаанд. Фетишҳо метавонанд сангрезаҳо, харсангҳои ғайриоддӣ, сангҳои осмонӣ (кометаҳо), устухонҳо, косахонаи сар, чӯбҳои аҷиб, шохи гову гавазн бошанд. Унсурҳои фетишизм дар тамоми динҳои қадима ва ҳама манотиқи ҷаҳон мушоҳида шудаанд. Дар байни олимони диншиноси ғарб оид ба истилоҳи фетишизм ва ба шакли парастиши алоҳида ҷудо кардани он ихтилофи ақида вуҷуд дорад. Бисёриҳо онро яке аз хусусиятҳои умумии анимизм, яъне зинда ва дорои ҷон ва рӯҳ тасаввур кардани ҳама ашёҳо, навъе аз бовариҳои анимистии одамони ибтидоӣ мешуморанд.

Фетишизм натанҳо шакли махсуси дини ибтидоӣ, балки унсурҳои фетишистӣ қариб дар ҳамаи динҳои дигар мавҷуданд. Фетиш бештар дар сохти қабилавӣ мавқеъ дошта, баробари парастиши аҷдоду авлоду қабила ҳамчун бути шахсӣ низ метавонад вуҷуд дошта бошад.

Дар ҳар сурат боварӣ ба фетишҳо – ашёи дорои қувваи ғайбӣ, фавқуттабиӣ ҳамчун яке аз шаклҳои эътиқоди динии ибтидоӣ маълум аст.

Дараҷаи нисбатан баланди парастиш ва муътақидоти одамони ибтидоӣ анимизм (аз лотинӣ anima, animus–рӯҳ ҷон) мебошад. Байни одамони ибтидоӣ, дар марҳилаҳои охири рушди ин ҷамъият, эътиқодҳои анимистӣ ривоҷ пайдо мекунанд, яъне онҳо муътақид буданд, ки тамоми мавҷудот, чӣ мутаҳаррик, чӣ сокин, мурда ё зинда дорои ҷон ва равон ҳастанд, ки даруни он махфӣ ва мастур мебошанд. Махсусан, онҳо боварӣ доштанд, ки афроди инсонӣ ҳар яке дорои рӯҳе ҳастанд, ки ҳангоми хоб ва руъё аз бадани ӯ муваққатан хориҷ мешавад ва ниҳоят дар лаҳзаи вопасин, ҳангоми марг баданро ба таври қатъӣ тарк мекунад.

Онҳо арвоҳро дорои ақлу сурат ва эҳсосоту авотиф, соҳиби қувваи ирода ва қасбу ният мешумориданд. Боварӣ доштанд, ки онҳоро мисли ашхоси зинда метавон идора кард ва роҳнамоӣ намуд ва агар онҳо ба хашму ғазаб оянд, метавонанд ниҳоят зиёновар гарданд, аз ин рӯ, бояд ҳамвора ба ёди онҳо буд. Сабаби пайдоиши анимизмро олимон аксаран дар надонистани якчанд ҳодисаҳои равонӣ-психикии инсон мисли хоббинӣ, руъё, аз ҳуш рафтан ва марг медонанд.

Дар воқеъ, дарки вуҷуди рӯҳ ва парастиши он яке аз зинаҳои идроки фитрат, яъне оғози зуҳури майли зотӣ-табиии инсон ба намирандагӣ ва абадият аст.

Сеҳр (магия) низ яке аз сифатҳои динҳои ибтидоӣ ба шумор мерафт ва он амале буд, ки аз ҷониби одамони махсус ба анҷом мерасид, ки аз дамидан ва ё такрори баъзе калимот ва ё анҷом додани баъзе корҳо, ки гӯё қувваҳои фавқуттабиаро ба нафъи худ истифода мебурда бошанд, иборат буд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *