Фанни Диншиносӣ

Истилои Осиёи Миёна ва паҳншавии ислом дар ин минтақа

Истилои Осиёи Миёна ва паҳншавии ислом дар ин минтақа

  1. Шурӯъи истилои Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо
  2. Муборизаи озодихоҳонаи мардумони Бухоро
  3. Хусусияти паҳншавии ислом ҳамчун дини нав дар Минтақа

1. Шурӯъи истилои Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо

Пас аз шикасти шоҳи сосонӣ Яздигурди III ва фирору кушта шудани ӯ соли 654 дар Марв, ҳуҷумҳои алоҳидаи арабҳо ба Мовароуннаҳр дар солҳои 654 ва 667 оғоз гардиданд. Солҳои 673-674 қоиммақоми араб дар Хуросон Убайдуллоҳ ибн Зиёд ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, Рометан ва атрофи Бухороро ба даст овард ва тороҷу хароб намуд. Ниҳоят ӯ ба муқобилияти сахти қувваҳои якҷояи бухориён ва туркҳо дучор омада, ба бастани сулҳ маҷбур гардид.

Лашкаркашии дуюми арабҳо ба Бухоро соли 676 дар давраи қоиммақоми Хуросон будани Саид ибни Усмон сурат мегирад. Ин дафъа низ маликаи Бухоро ба ивази додани сесад ҳазор дирҳам ва ба гарав гузоштани як гурӯҳ ҷавонони ашрофзодаи Бухоро бо арабҳо созиш мекунад. Баъдан ин ҷавонон Саид ибни Усмонро дар қароргоҳаш кушта, худро низ ба куштан медиҳанд.

Чунонки гуфтем, Муҳаммад (с) пайғамбари ислом дар мавриди интишори ислом берун аз қаламрави Арабистон ҳеҷ дастуру васияти аниқе, ба ҷуз ҳамон маъмурияте, ки Усома ибн Зайд барои пешгирӣ аз ҳуҷуми Императории Византия ба сарзамини ислом карда, боқӣ нагузошта буд. Агар ҳатто ҳамин ҳодисаи таъйини Усома ибн Зайдро барои ҷангидан бо кишвари ҳамсоя, ки хатари воқеӣ дар сарҳади қаламрави ислом доштанд ва метавонистанд бо баҳонаи дифоъ аз насрониён ва яҳудиён ба мусулмонон ҳуҷум кунанд, асос бигирем, дар мавриди истилои Омиёи Миёна –Мовароуннаҳр ҳеҷ асосу баҳонае набуд, чунки ин кишвар фарсахҳо аз Нимҷазираи Араб дур буда, ҳеҷ хатаре барои аъроби мусулмон надошат. Аз ин рӯ, бадеҳӣ ва равшан аст, ки истилои Осиёи Миёнаро ба ҷуз забткорӣ барои тороҷу ғорат ва ғанимати ҷангӣ ба даст овардан, бо дигар омиле наметавон тавзеҳ дод.

Чунки ин ҷангҳо ҳатто ҷанг бо мушрикону бутпарастон набуд, чунки ағлаби аҳолии ин сарзамин ба дини зардуштӣ, ки соҳибкитоб буда, ба Худои ягона Аҳуромаздо (ҳамон Аллоҳ)4 ва рӯзи Растохез-ҳамон қиёмат ва ҳаёти пас аз марг ва ҳатто биҳишту дузах, ки халқҳои сомӣ, то ошноӣ бо эрониён ва шоҳаншоҳи маъруф Куруши Кабир хабар надоштанд, боварӣ доштанд. Ислом асосан барои аз байн бурдани бутпарастӣ ва бо худо шарик гирифтан омада буд, на мубориза бо аҳли китоб.

Хулоса давраи аввали истилои араб аз соли 644 то соли 704 тӯл мекашад. Дар ин байн мардуми бумии Осиёи Миёна бо дастгирии туркон дар чандин муҳорибаҳо қаҳрамонона ба муқобили аъроби истилогар ҷангида, ватани худро дифоъ карданд.

Давраи дуюми истилои ҳадафноки Осиёи Миёна аз давраи қоиммақоми Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим дар соли 705 оғоз мешавад. То ин давра ҷангҳои аъроб дар Осиёи Миёна хусусияти парокандаву номуназзам, бештар хусусияти тохтутозӣ ва тороҷгариро доштанд. Қутайба соли 705 ба Балх лашкар кашида, он маҳалҳоеро, ки аз итоати арабҳо сар кашида буданд, аз нав ба итоат даровард.

Муборизаи озодихоҳонаи мардумони Бухоро

Дар соли 706 ҳуҷуми қатъии Қутайба ба хоки Мовароуннаҳр оғоз мешавад. Ӯ пас аз дарёи Омуро гузаштан ба шаҳри Пайканд ҳуҷум овард. Муҳорибаи Пайканд дар таърихи халқи тоҷик аз бузургтарин муҳорибаҳои қаҳрамононаву ҳамосавии суғдиён мебошад. Ҳарчанд, дар ин муҳориба суғдиёни Пайканд бо ёрии ҳамсояҳои худ шуҷоатмандона ҷангида, сипоҳи Қутайбаро ба муҳосира гирифтанд, вале ба Қутайба муяссар шуд, ки бо макр байни ҳокимони маҳаллӣ нифоқ андозад ва бо ҳамин сабаб суғдиён шикаст хӯрданд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо Пайканд фақат баъди 10 моҳи муҳосира аз тарафи арабҳо фатҳ карда мешавад. Вале бо вуҷуди ин, ҳанӯз Қутайба панҷ фарсах дур нарафта буд, ки аҳолии Пайканд шӯриш бардоштанд ва арабҳои дар он ҷо мондаро ба қатл расониданд. Қутайба дубора маҷбур шуд, ки ба Пайканд баргардад ва онро аз сари нав ишғол кунад.

Баъди пахши шӯриш дар Пайканд Қутайба ба Бухоро ҳуҷум карда, ба муқобилияти сахти суғдиён дар маҳалли Ромитан дучор гардид. Дар ин муҳорибаи шадид, ки туркони бодиянишин низ дар паҳлӯи суғдиён мардонавор меҷангиданд, қариб буд қушуни ба муҳосира афтодаи араб нобуд ва торумор шавад. Вале боз ин даъфа ҳам Қутайба роҳи фиребро пеш гирифта, байни подшоҳи Суғд ва туркон нифоқу ихтилоф андохт. Дар натиҷа ин сабаб шуд, ки суғдиён фурсатро аз даст доданд. Чун онҳо қатъӣ ва сареъ амал накарданд, ба Қутайба қувваҳои иловагӣ расиданд

4 Хар қавму миллате номи Худоро ба забони худаш, сомиҳо «Илаҳ», номи хосаш «Илоҳим» ва

«Аллоҳ», ҳиндиҳо «дива» ва номи хосаш «Браҳма» , эронитаборҳо «яздон» номи хосаш

«Аҳуромаздо» меноманд, набояд чунонки Мавлоно гуфта ихтилоф аз ном афтад. Ривояти дарвешони турку арабу форсу юнониро ба ёд оред, ҳама як чиз ангур мехостан вале номҳо, ки дар ин забонҳо

дигар буданд, сабаби низоъу пархош байнашон гардид.

ва ӯ аз муҳосира бадар омад. Вале, чун дар ин ҷанг талафоти зиёде дода буд, аз нақшаи забти Мовароуннаҳр даст кашида, ба Марв баргашт.

Арабҳо аз ибтидои забткориҳояшон то ба ҳол дар ҳеҷ ҷой ба чунин муқовимати шадиде, чун дар Мовароуннаҳр, дучор нашуда буданд. Ҳуҷуми дуюми Қутайба соли 706 низ ба шикасти сахт рӯ ба рӯ шуд. Ҳарчанд ӯ ин дафъа Ромитанро тасхир кард, дар ҷанг барои гирифтани Бухоро талафоти зиёде дода, ҳамон сол маҷбур мешавад, ки ба Хуросон ақибнишинӣ кунад. Муқовимати бухориён ҳокими Ироқ Ҳаҷҷоҷро, ки аз бераҳмтарин ҳокимони хилофат буд, ба ғазаб меорад ва ӯ фармони бетаъхири гирифтани Бухороро содир мекунад.

Соли 709 боз Қутайба бо лашкари пуршумор ба Бухоро метозад. Ин дафъа низ ҳокими Бухоро Варданхудот суғдиёни Самарқанд ва туркони ҳамсояи бодиянишинро ба ёрӣ даъват карда, дар ин муҳорибаи хунин қаҳрамониҳо нишон дод. Дар натиҷаи ин кӯшиш аъроб муваффақ ба ишғоли Бухоро мешаванд. Баъди ин соли 710 Қутайба Шумон (водии Ҳисор ва Сурхандарё)-ро ба итоати худ медарорад.

Дар таърихи халқи тоҷик мудофиаи Самарқанд аз ҳуҷуми аъроб яке аз барҷастатарин саҳифаҳои қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои таърихии суғдиён аст. Соли 711, ҳангоме ки Қутайба дар фикри забти Самарқанд буд, шоҳи Хоразм барои фурӯ нишондани исёни бародараш аз ӯ ёрӣ мепурсад. Баъди бо ёрии Қутайба фурӯ нишондани шӯриш, шоҳи Хоразм бо Қутайба аҳднома имзо намуда, ҳокимияти ӯро дар қаламрави давлати худ эътироф намуд.

Қутайба баъд аз дастёбӣ ба ин муваффақияти сиёсӣ, соли 712 бо қувваи бузурги низомӣ, ки сипоҳи хоразмиёну бухориёнро низ дар бар дошт, ба Самарқанд ҳуҷум намуд. Сокинони шаҳр мардонавор бо шуҷоат қариб як моҳ тамоми шаҳрро мудофиа мекарданд. Қутайба дар ин ҷанг ғайр аз қувваҳои ҳарбии чандин ҳазорнафара боз 300 манҷаниқ ба кор бурд. Ниҳоят дар ин муҳорибаи нобаробар, баъд аз тамом шудани захираҳои ҳарбӣ самарқандиён маҷбур шуданд, аҳдномаи Қутайбаро бо шарту шароити вазнин имзо кунанд.

Баъд аз ин ҳодиса солҳои 713-714 Қутайба ба Хуҷанд, Чоч ва Фарғона юриш карда, муваффақ шуд то сарҳади Кошғар пеш равад. Бо кушта шудани Қутайба марҳилаи дуюми истилои Осиёи Миёна ба поён мерасад.

Марҳилаи сеюми забткориҳои аъроб дар Осиёи Миёна марҳилаи пахши шӯришу исёнҳои зидди ҳокимияти онҳо ва задухӯрдҳо дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистони имрӯзаро дар бар мегирад.

Солҳои 720-722 шӯриши суғдиёни Самарқанд ва атрофи он рух дод. Ҳарчанд ин наҳзати зиддиарабӣ шикаст хӯрда бошад ҳам, мардум аз мубориза даст накашиданд. Фақат соли 725 дар давраи ҳокимияти қоиммақоми араб Асад ибни Абдуллоҳ забти Хатлон оғоз мешавад. Дар ҳуҷуми аввал Асад ибни Абдуллоҳ шармандавор шикаст хӯрда, ба Балх ақибнишинӣ мекунад. Нақл аст, ки мардуми Балх дар хаққи вай ин суруди тамасхуромезро месурудаанд:

Аз Хуталон омадия, Ба рӯ табоҳ омадия, Обор боз омадия,

Хашан низор омадия.

Баъд аз ин шикаст танҳо пас аз даҳ сол дар соли 737 Асад ибни Абдуллоҳ дуюмбора ба Хатлон аз нав ҳуҷум мекунад. Бар асари иштибоҳи тактикии хатлониён арабҳо баъд аз талафоти зиёд бо Ҳоқони турк аз торуморшавӣ наҷот ёфта, ин сарзаминро тасарруф карданд. Вале, ҳамзамон бо ин воқеа шӯришҳову наҳзатҳои зиддиарабӣ маҳз ҳамин давра дар солҳои 736-737 дар Тахористон, Суғд ва дигар манотиқ аз нав авҷ мегирифтанд. Инчунин солҳои 738-739 шӯришҳо дар Самарқанд, Чоч ва Фороб ба вуҷуд меомаданд. Ин сарзамин яке аз беэътимодтарин ва хавфноктарин гӯшаҳои хилофат барои арабҳо ба шумор мерафт.

3. Хусусияти паҳншавии ислом ҳамчун дини нав дар

минтақа

Ҳамин тавр, паҳншавии ислом ҳамчун дини нав дар ин минтақа дар баробари забткориҳо ва тамаъхоҳиҳои иқтисодии арабҳо ҷараён мегирифт. Марҳилаи паҳншавии ислом дар ин сарзамин дар нисбати дигар манотиқ аз ҳама тӯлонитар ва душвортар гузашта буд. Агар арабҳо аз се ду ҳиссаи Империяи Византия чун сарзаминҳои Фаластин, Сурия, Байнаннаҳрайн ва Мисрро дар муддати 10 сол ва ҳудудҳои ғарбии императории Эронро дар муддати 12 сол ба тасарруфи худ дароварда, дар он ҷо исломро паҳн карда бошанд, пас барои фатҳи Бохтар, Суғд ва Хатлон барои онҳо тақрибан 100 сол лозим шудааст. Ҳамзамон, қайд намудан лозим аст, ки омилҳои қабули ислом аз тарафи мардум фақат воситаҳои ҷанг ва зӯрӣ набуданд, гарчи ин омилҳо яке аз усулҳои паҳншавии ислом дар минтақа дониста мешаванд.

Вале омилҳои дигаре низ вуҷуд доштанд, аз қабили зарурати дини нав, ки тавонад талаботи маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеаи тағйирёбандаро таъмин намояд ва ин хеле барвақт эҳсос мешуд. Динҳои пештара бошанд, аз зумраи дини зардуштия, монавия ва ғайра ба бӯҳрони амиқи каставӣ ва маънавиву ахлоқӣ гирифтор шуда, ин рисолатро иҷро карда наметавонистанд. Ҷойи онҳоро ҳанӯз пеш аз ислом кайҳо динҳои насронӣ ва буддоия хеле танг карда буданд. Аз ин рӯ, тибқи бисёр сарчашмаҳо дар тамоми муддати бо роҳи зӯрӣ ва бо шамшер паҳн намудани дини ислом дар байни мардумони Осиёи Миёна ин дин хусусияти оммавӣ ва густурдаро нагирифт ва мардумӣ нашуд. Фақат баъди ошно шудани намояндагони мардум ва фарҳангиёну рӯҳониёни маҳаллӣ бо асосҳои дини ислом ва пайдо намудани умумиятҳое бо зеҳнияти эътиқодияшон қабули ин дин дар сарзаминҳои Осиёи Миёна хусусияти воқеиро пайдо намуд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  4. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991.
  5. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *