Фанни Диншиносӣ

Суннат ва ҳадис чун сарчашмаҳои исломӣ

Суннат ва ҳадис чун сарчашмаҳои исломӣ

  1. Суннат ва ҳадис сарчашмаи исломӣ
  2. Ҳадисшиносӣ
  3. Ҳадисҳои саҳеҳ, ҳасана ва заиф

Суннат ва ҳадис сарчашмаи исломӣ

Дар баробари Қуръон Суннат ва ҳадис низ аз сарчашмаҳои муътамади исломӣ маҳсуб меёбанд. Вале дар мартаба ва дар ҳалли масоили шаръиву ҳуқуқӣ, тавре таъкид шуд, онҳо аз Қуръон поёнтаранд. Суннат аз калимаи арабии -«сунна»- одат, расм ва анъана гирифта шуда, муқарраротест, ки дар асоси гуфтор, рафтору кирдор ва тарзи зиндагии Паёмбари ислом (с) муайян шудаанд.

Дар ибтидо ҷомеаи исломӣ, чун аз дохили Арабистон берун нарафта буд, фақат як сарчашма ва манбаи динию ҳуқуқӣ – Қуръон мавриди истифода қарор дошт. Ҳамаи масоили пешомадаро дар асоси он ҳаллу фасл мекарданд. Вале дар баробари густариш ёфтани доманаи ҷуғрофии ислом, бар асари фатҳу забти кишварҳои ҳамсоя ва дурдаст, байни солҳои 632-751 мелодӣ, алалхусус кишварҳое, ки нисбат ба аъроб дорои тамаддуни пешрафта буданд ва бо пайдоиши масоили иҷтимоию сиёсӣ ва ҳуқуқие, ки пайдо кардани ҷавоб ба онҳо аз Қуръон мумкин набуд, зарурат ба сарчашмаи наве барои ҳалли онҳо ба миён омад. Дар асоси ҳамин заруратҳо Суннат ташаккул меёбад.

Арабҳо дар кишварҳои истилошудаи Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ ва Африқои Шимолӣ бо ҷомеаҳои пешрафта, дорои муносибатҳои хеле мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании нисбатан қадим ва мутараққӣ дучор шуданд. Дар ин кишварҳо, махсусан дар Эрон, Сурия, Миср ва сарзаминҳои дигари собиқ зери императории Рим муносибатҳои заминдорӣ, кишоварзӣ, ҳаёти шаҳрӣ ва умуман қонуни молию иқтисодӣ ва ҳам ташкилоти давлатию сиёсӣ назар ба зиндагии соддаю бадавии аъроб беандоза мураккаб ва пешрафта буданд. Хулоса, мусулмонон ба як қатор масъалаҳо ва мушкилоте дучор шуданд, ки айни онҳо дар Қуръон набуд ва ба онҳо ҷавоби равшан пайдо карда наметавонистанд. Ин аст, ки зарурат ба баррасии гуфтор ва рафтори Паёмбар (с), омӯзиши корномаи ӯ ба миён омад. Ҳамин тавр, тадриҷан зарурати ҳукму қазовати ин ё он масъалаи назарӣ ё амалӣ дар асоси муқоиса ва муқобила бо кору амали Паёмбар (с) ва тариқаи ҳалли масоили шабеҳи он аз тарафи ӯ, яъне Суннати расулуллоҳ ривоҷ пайдо мекунад. Суннат дар заминаи ҳадисҳо вазъ ва ташаккул ёфтааст.

2. Ҳадисшиносӣ

Ҳ а д и с аз калимаи арабии ҳ а д д а с а, яъне ҳикоят кардан, нақл кардани ҳодиса ё воқеъае мебошад ва яке аз сарчашмаҳои хаттии ислом аст. Дар маънии махсуси истилоҳӣ ҳадис ривоят ё ахбори нақлшуда оид ба гуфтор, рафтор ва амали паёмбари ислом Муҳамма (с) аст. Ҳадисҳо дорои мавзӯоти васеъ буда, аз онҳо аҳкоми мазҳабию ибодатӣ, худошиносӣ, аҳкоми ҳуқуқӣ, меъёрҳои маданию маишӣ ва муқаррароти ахлоқӣ ва тарзи зиндагиро метавон дарёфт. Баъзан ин ё он нишондодҳо ва ё аҳкоми Қуръонӣ низ дар асоси ҳадисҳо аниқ карда мешаванд. Ҳадисҳое ҳастанд, ки характери таърихӣ доранд, ё соф масоили фиқҳиро фаро мегиранд. Ҳадисҳои таърихӣ дар бораи ҷузъиёти ҳаёту зиндагии Паёмбар, саҳобаҳо, ҳаводиси садри ислом, шароити нузули ин ё он оёти Қуръонӣ маълумот медиҳанд. Яке аз муҳимтарин мавзӯоти ҳадисҳои набавӣ масоили маънавию ахлоқӣ мебошанд. Метавон гуфт, ки дар онҳо беҳтарин дурдонаҳои маънавию ахлоқии инсоният аз забони Паёмбари ислом (с) баён шудаанд.

3. Ҳадисҳои саҳеҳ, ҳасана ва заиф

Дар заминаи зарурати гирдоварӣ ва шинохти воқеан ба Паёмбар тааллуқ доштан ё надоштани ҳадисҳо илми ҳадис ба вуҷуд омад. Азбаски ҳадисҳои ҷаълӣ (яъне сохта) бисёр шуданд ва фарқ кардани ҳадисҳои воқеӣ аз сохта хело мушкил гардида буд, аз ин рӯ, зарурати эҷоди илми ҳадисшиносӣ ба миён омад. Муҳаддисин ҳадисҳоро ба як чанд мартаба тақсим кардаанд ва боэътимоди онҳоро «с а ҳ е ҳ» номидаанд. Ин гуна ҳадисҳо аз сарчашма ё нақлкунандаи боэътимод, аз ҳамзамонҳо — аҳли хонавода, наздикон, саҳобаҳои Паёмбар (с) ва тамоми силсилаи нақлкунандагон низ шахсони маълум ва маъруф бояд бошанд.

Ба ҷамъоварии ҳадисҳо шахсиятҳои маъруфи зиёде машғул шудаанд, ки онҳоро м у ҳ а д д и с меноманд. Маъруфтарин муҳаддисин ва китобҳои ҳадис инҳоянд:

Муҳаммад Исмоил Ҷаъфар-ал-Бухорӣ (810-870), ки маҷмӯаи ҳадисҳои гирдовардаи ӯро «ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ» ё мухтасар «ас-Саҳеҳи ал- Бухорӣ» меноманд. Маҷмӯаи “ас-Саҳеҳи ал-Бухорӣ» 7275-7397 ҳадисро дар бар мегирад, ки онро Муҳаммад Бухорӣ аз байни 600 ҳазор ҳадис ҷудо ва ҳамчун ҳадисҳои саҳеҳ интихоб кардааст. Агар ҳадисҳои такроршударо ихтисор кунем «ас-Саҳеҳи ал-Бухорӣ» ҳамагӣ 2602 ҳадис дорад. Муҳаммад Исмоили Бухорӣ барои ҷамъоварӣ ва шинохти ҳадисҳо шонздаҳ сол заҳмат кашидааст.

Имом Абулҳасан Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Қушайрии Нишопурӣ (817-875), ки маҷмӯаи ҳадисҳои ӯ бо номи «Саҳеҳи Муслим» (ё «ал- Ҷомеъ-ус-Саҳеҳ») маъруф аст. Ҳамроҳ бо маҷмӯаи Бухорӣ маҷмӯаи номбурдаи Нишопуриро «Саҳеҳайн», яъне ду саҳеҳ меноманд. Миқдори ҳадисҳои «ас-Саҳеҳи ал-Муслим»-ро баъзе 12000, бархе дигар 7275 ҳадис муайян кардаанд. Ӯ ба 625 тан ноқилони ҳадис истинод, яъне муроҷиат ва аз қавли онҳо ҳадисҳо гирдоварӣ кардааст, ки Бухорӣ ба онҳо истинод накардааст.

Абӯ Довуд Сулаймон ибни Ашъаси Аздии Сиистонӣ (817-889), ки маҷмӯаи ҳадисҳои ӯ бо номи «Сунани Абӯ Довуд» маъруф аст.»Сунан»-и

ӯ 4800 ҳадис дорад ва ба қавли худаш онро аз миёни 500 000 ҳадис баргузидааст.

Ибни Моҷа Абдулло Муҳаммад ибни Язиди Рабоъии Қазвинӣ, маҷмӯи саҳеҳи ҳадисҳое бо номи «Сунани ибни Моҷа» гирдоварӣ карда, ки 4000 ҳадис дорад.

Ҳофиз Абӯ Исо Муҳаммад ибни Исо аз-Заҳҳок Тирмизӣ (824- 893), бо номи «Ҷомеъи Тирмизӣ» (ё ал-«Ҷомеъ-ус-Саҳеҳ») маҷмӯаи аҳодисе гирдоварӣ кардааст.

Абӯ Абдураҳмон Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алӣ Насоӣ (вафоташ 303) мебошад, ки маҷмӯае бо номи «Сунани Насоӣ» аз ӯ боқист.

Инҳо мураттибони маҷмӯаҳои шаш саҳеҳи (Сиҳоҳи шашгона)-и аҳли суннат ва ҷамоатанд. Ба ғайр аз ин, боз ҳадисҳое аз тарафи фирқаи шиаи исноашарӣ (дувоздаҳимома) дар «Ахбор»-и онҳо ҷамъоварӣ шудаанд, ки он асосан маҷмӯаҳои зеринро фаро мегирад:

«ал-Кофӣ фи-л-усул ва-л-фурӯъ»-и Шайх Муҳаммад ибни Яъқуб Кулайнии Вароминии Розӣ (вафоташ 940),

«Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ»-и Шайх Саддуқ Муҳаммад ибни Бобвейҳи Қумӣ (вафоташ 991),

«ат-Таҳзиб» ё «Таҳзиб-ул-аҳком» ва

«ал-Истибсор» ҳарду аз шайху Тоифа Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ (ваф. 1068) мебошанд.

Чунон ки гуфтем, ҳадисҳоро дар илми ҳадис табақабандӣ кардаанд ва он маҷмӯаҳое, ки ёд намудем, ҳадисҳои саҳеҳ буданд. Ба ғайр аз ин муҳаддисин боз ду навъ ҳадис — ҳ а с а н ва з а ъ и ф-ро таъйин намудаанд. Саҳеҳ он аст, ки санаду ноқилон (шахсони нақлкунанда) боварибахш, муттасил ва маъруф бошанд. Ҳадиси ҳасан он аст, ки манбаи он маълум бошад ва ровиёти он машҳур. Заъиф он аст, ки шароити саҳеҳ ва ҳасанро надорад. Ин аст мухтасар дар бораи Суннат ва ҳадис.

Ҳадис ва ҳадисшиносӣ барои рушди илми фиқҳ, ахлоқ ва илоҳиёт нақши муассир бозидааст. Донистани ҳадис барои уламои дин, фақеҳон ва онҳое, ки исломро дуруст шинохтан мехоҳанд, ҳатмист. Дар асоси ҳадисҳо доираи суннати ислом муайян карда шудааст.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  4. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  5. Додихудоев Х. Очерки философии исмаилизма. Душанбе: Дониш, 1976.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.
  7. Одинаев Я.К. Коран: философство – этическое учения. Душанбе: 1990.
  8. Рочи Фазуллоҳ. Таърихи ислом. Душанбе, нашр хусусӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *