Фанни Диншиносӣ

Дини бобулиёни қадим

Дини бобулиёни қадим

  1. Ташаккул ва пайдоиши тамаддуни бобулӣ
  2. Иртибот фарҳанги Бобул бо тамаддуни шумерӣ ва аккодӣ
  3. Худоёни бобулиёни қадим

1. Ташаккул ва пайдоиши тамаддуни бобулӣ

Байни солҳои 5300 то 4000-ум т.м. дар водии Байнанаҳрайн (Mesopotamia — байни рӯдҳои бузурги Даҷла ва Фурот), дар сарзамини Ироқи имрӯза оҳиста-оҳиста марказҳои аҳолинишине ба вуҷуд омадаанд. Дар охирҳои ин давра қабилаҳои сомӣ ва охирҳои асри 38 пеш аз мелод ба ин ҷо қабилаҳои эронӣ аз қисмати ҷануби Эрони кунунӣ ворид гардида, муқимӣ шуданд.

Дар ин сарзамини ҳосилхез дар як вақт ду тамаддуни бузург: шумерӣ ва аккодӣ ба вуҷуд омада буд. Шумер ноҳияи ҷанубӣ ё Байнаннаҳрайни поёниро дар ҳамсоягии халиҷи Форс ишғол карда буд. Ин қавм зиёда аз 3 ҳазор сол пеш аз мелод дар он ноҳия сукунат доштаанд ва дорои тамаддуну фарҳанги куҳане будаанд. Дар натиҷаи кофтуковҳо — ҳафриёти бостоншиносон осори гаронбаҳое аз тамаддуни бостонии ин сарзамин ба даст омадааст. Ноҳияи Аккод дар шимоли Байнаннаҳрайн, водии Фурот воқеъ буда, зарфи якчанд садсолаи баъдӣ, дар он ҷо, махсусан дар поёноби Фурот 12 давлатшаҳрҳо ба вуҷуд омаданд, ки байни якдигар равобити мустаҳками тиҷоратӣ, сиёсиву фарҳангӣ доштанд. Дар ҳамин замина «маданияти шумерӣ» дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ба вуҷуд омад.

Бобул («Бобил») аз ду асли умумӣ дар забонҳои сомӣ: «боб»-дар ва

«ил»-худо ба маънии «дар ё дарвозаи худост». Дар адабиёт он гоҳҳо ба шакли Бобил, Бобулистон, Вавилон ёд мешавад ва яке аз марказҳои тамаддуни бостонӣ ба шумор меравад. Дар Миср ва Бобулистон низ меъморӣ, алалхусус сохтмони маъбадҳои азим ба миён омад. Бурҷи Бобул, ки дар Таврот ва Қуръон низ ёдоварӣ мешавад, инчунин қасру маъбадҳои маъруфи зиёде дар ин давра бунёд шуда буданд. Дар қиссаҳои исломӣ тамаддуни бобулӣ ва сохтани бурҷи номбурдаро бо шахсияти Намруд (Нимруд) марбут донистаанд.

Байнаннаҳрайн дар замони подшоҳии Ҳаммурапӣ (1792-1750 т.м.) ба як кишвари ягонаи Бобулистон муттаҳид карда мешавад.

Маъруфтарин ёдгории хаттии давраи ҳокимияти Ҳаммурапӣ «Маҷмӯи қонунҳо»-и ӯст. Аввалҳои асри XX бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт сутуни сангие пайдо карданд, ки ин қонунҳо дар болои он навишта шуда буданд.

2. Иртибот фарҳанги Бобул бо тамаддуни шумерӣ ва аккодӣ

Аз таърихи тамаддун маълум аст, ки дар Шумеру Бобул илм ва фарҳанг дар ниҳояти рушд ва тараққӣ будааст. Шаҳрсозию меъморӣ, суратгарӣ, ҳайкалтарошӣ, таърих-нигориву адабиёт, тибб, риёзиёту ҳандаса, маъданобкунӣ, сохтани дастгоҳҳои бофандагӣ, сохтани плугҳо, чархаробаҳо, асбобҳои мусиқӣ дар Бобулистон тараққӣ карда буд. Дар соҳаи иқтисодӣ рушди кишоварзӣ ва тиҷорат, ба вуҷуд омадани унсурҳои муносибати сармоядорӣ аз муҳимтарин дастовардҳои ин тамаддун аст.

3. Худоёни бобулиёни қадим

Бо вуҷуди ҳамаи ин пештозиҳо навъи парастиши шумерҳо ва бобулиён бисёрхудоӣ буда, бар пояи маросимҳои обшинагӣ бунёд шуда буд. Нахустин маҷмуъ ё анҷуман (пантеон)-и худоёни мутааддид дар тамаддуни шумерӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ном ва шумораи он худоён афзун аз чаҳор ҳазор аст. Ҳар яке аз ин худоён намуде, мазҳаре, таҷассуми ҷузъие аз қувваҳои табиат буданд. Аз ҷумла:

1 – Ану, парвардигори осмон, худои бузурги шаҳри Ерек буд; 2 – Ки – худои замин;

– Энхил (ё Энлил)– парвардигори фазо, ҳавои фавқонӣ ва худои ҷангҷӯву муборизи шаҳри Ниппур;

– Син – Худои моҳ;

— Нанну (ё Зуена) худои шаҳри Ур;

— Инанна — худои муҳофизи шаҳри Урук (ҳазораи IV т.м.), худои ишқ ва ҷанг;

– Боббар, ки баъдан номи Шамас ҳосил кард – худои осмон ва офтоб дар шаҳри Ларса;

– Энки (ба з. аккодӣ — Эа) – худои модда (модари кулл) ва онро худои Иштар ҳам мегуфтанд, худои шаҳри Киш (баъзе гуфтаанд ш. Эреду).

Ин худоён чун дар дигар марказҳои тамаддуни қадим хусусияти антропоморфӣ дошта, бо ҳам мисли одамон муошират намуданд. Дар Бобул ҳеҷ худое ибодати худои дигарро манъ намефармудааст. Баъдан дар ин ҷо низ мисли он чи дар Миср буд, якчанд худоён бо ҳам анбоз намуда, олами вуҷудро байни худ тақсим кардаанд. Масалан, замоне Ану, Энилл ва Эра ба тартиб салтанати осмон, замин ва обҳои зери заминро байни худ тақсим карда буданд. Ин навъ иттиҳоди сегона (таслис) баъдан ҳам, ҳангоми рушду такомули зироат ва кишоварзӣ дар суратҳои дигаре ҷой доштанд. Масалан, иттиҳод ё таркиби худои Шамас — худои Офтоб, Син — худои Моҳ ва Иштар — худои модар, ҳосилхезӣ, боварӣ ва ғайра.

Дар ин марҳала дар байни худоён маъруфтарин худованд Иштар (олиҳаи модар) будааст. Ӯ тақрибан мавриди парастиши омму хос қарор гирифта буд. Ӯро «модари кулл» меномиданд ва дар табиат ӯро Узро ва дӯшиза мешинохтанд. Ақидае ҳаст, ки худои Аноҳита (Ноҳид)-и эронӣ шакли дигаршудаи Иштар ва нафси худи ҳамин худо аст. Барои Иштар дар шаҳри Урук маъбаде (шабеҳ ба маъбади ишқ) бунёд карда буданд, ки занҳои зебо он ҷо ишқбозӣ мекарданд ва дар он маъбад навъе аз фоҳишагарии маъбадӣ расм будааст.

Мардук (ё Мардух) бузургтарин худои Бобул буда, ба Иштар рақиб мебошад. Ин марҳалаи дуввумин, марҳалаи нави таркибёбии худоён аз бисёрхудоӣ ба сӯи яктопарастӣ буд, ҳарчанд онҳо то ба ин дараҷа нарасидаанд. Афзудани мавқеъият ва мақоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданию фарҳангии Бобул сабаби он гардид, ки Мардук ҳамчун худои пойтахт оҳиста-оҳиста ба мақом ва мартабаи аввал дар байни худоён баромада, бузургӣ ва қудрат касб кард. Яъне, Мардук ин худои маҳаллии хурди қаторӣ ба тадриҷ худоёни шаҳрҳои дигар ва кишварҳои зери таъсири Бобулро, ки аз Фаластину Миср то Халиҷи Форс ва аз Шом то Байнаннаҳрайнро фаро мегирифт, зери таъсири худ қарор дода, баъзеро дар худ мунҳал сохт. Оқибат Мардук чун худои Осмон ва Замин шинохта шуд. Мардук инчунин офарандаи ҷаҳон ва одамиён, нигоҳдорандаи назм ва оромиш ба шумор мерафт.

Асли ақоиди динии бобулиён дар ҳамосаҳо ва асотир мундариҷ гардидаанд. Дар ҳамосасароӣ ва асотирпардозӣ бобулиён воқеъан маҳорати фавқулода доштаанд. Омӯхтани ин ҳамосаҳо ва асотир маводи зиёде аз назари фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ ба мо медиҳад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *