Фанни Диншиносӣ

Файласуф ва Нубихон

Омузгоре дар қуръон ба овои баланд мехонд:Эй ногаравандагон агар обе, ки менушед ба замин фуру равад ва чашмаи дигар наҷушад чи касе бароятон оби гуворо меоварад?Дар тавони ман аст ки обро дар жарфои хок пинҳон кунам чашмаҳоро бихушконам ва марғзоро ба кавир дигаргун кунам агар бар он бошам ҷуз ман Худои ягона вале ҳамонанд метавонад обро ба чашма бозгардонад?

Дар он ҳангом файласуфи ғутавар дар боварҳои ин ҷаҳони хеш аз баробари дабистон мегузашт чун ин оя ба гушаш хурд дарунамояи он бар дилдаш нишасту гуфт:Мо бо обзорҳои чун бил ва куланд оби зеризаминро бар паҳнаи дашт сарозер мекунем.Шаб ҳангоме хоб дид ки, шермарде бар ӯ тапонча мезанаду ба дунболи ҳарду чашмаш биноиро аз даст дод.Шермард бо ӯ гуфт:Эй кутаҳ нигар агар метавони ки бо каланд аз зери замин об берун биёвари инки аз ин ду чашмаи хушк чашмонат рӯшноӣ берун биёвар.Бомдодон чун аз хоб бархост дарёфт, ки аз ду чашм кур аст ва он рӯшноӣ дидавар аз чашмонаш берун рафта агар ҳамонанди покдилони пушаймон менолид ва ба даргоҳи Худо мегирист ба хосту фармони Худо биноии чашмонашро боз меёфт вале пушаймони низ аз хостгоҳ боло бар дили одами фуруд меояд ва аз ин саршори ҳамаи мастонро баҳрае нест.Кирдори зишт ва он нобовари ва он нобовари даруни нофархунда роҳи пушаймониро кур карда буд.Руйгардони аз пушаймони зарро мис ва оштиро ба набард дигаргун мекунад.Диле ки дар сахти чеҳраи санг пазируфт бо пушаймони шикофта намешавад ва дар он тухми меҳру шифтагиро наметавон кошт, куҷо аст баркашидаи Худои чун Шуъайб ки бо ниёйиш ба даргоҳи Худо куҳи сангиро барои кошт омода кунад ё чун фармонравои Искандария ки паёмбар ба лобаи ӯ санглохиро ба киштзоре дигаргун кард.

Вале он файласуф фарзанди нопокзод аст, ки чун куҳрабои воруна хок омода барои киштро ба санг ва шан дигаргун мекунад.Бар мо фармон надодаанд,ки баробари ҳар кас сар фуруд оварем он ҳам ба поси онки бо дағо ва норости дардгир карди пируз гардида ва аз зебоии зиштофарида даҳши Худо подоши бовару ниёйиш аст вале ба ҳар бовардори ин музд дода намешавад.Сухан аз дастовезҳои пушаймони аст ки агар ба кор бурда нашавад,пушаймони бандаву пузиши ӯ пазируфта намешавад.Ба пуштгарми тобу об ё сузи дил ва ашку дарахш ва абр ё дилу чашми гираванди пушаймони пузишхоҳ аст ки дарёи бахшиши Худо ба хуш меояд.Ҳамчунонки расидани мева ва шодоби он вобаста ба дарёби гармои тобистон ва гирифтани об аз суйи дарахт аст.Оре барои пушаймони сузи дил ва бориши саршак боиста аст.То аз дил дурахши наҷҳаду абри чашмони борон ашк фуру наборад оташи чашми Худо бар гуноҳи одами хомуш намегардад.Сабзаи хуррам пайвастан ба Худо ба ашки раҳрав намеруяд ва чашмаи оби гуворо ба сузи ташнаи дили пушаймон намеҷушад.Агар сузи дил ва ашки чашм набошад гулистон бо гулбаргҳои ғунча рози шукуфоиро дар миён намегузорад ва бунафша канори ҷуйборо зевар намедиҳад.Агар сузи дилу ашки чашм набошад дарахте ба суйи осмон сар намекашад ва шохае барои ниёиш баргҳои худро ба навозиши нармбод намесупорад шукуфаи остин бар намеафшонад то бӯйи хушро дар ҳаво бипароганад,рухсори лола хун бар намефурузад,ҳазор ово канори гул наменишинад то гулро бибуяд ва нолаҳои ҷонсуз сар диҳад куку дигар бонг ку?ку? бар намедораду лак-лак дигар дар ҳар гоме, ки бар медорад нахоҳад гуфт: “Лака,Лака”.Аз они туст эй Худои бахшоянда ҳар чи ҳаст аз они туст.Замин розҳои худро бозхоҳад гуфт ва бустон дар оғуши рӯшноӣ осмон фурӯ нахоҳад рафт.

Аз худ бипурс ин ҳама зебои ва шукуҳ аз куҷо омада?Ҷуз пешгоҳи Худои даҳшаманди фараҳбахш?

Ин зеварҳои пароканда ба рӯйи замин ҷои пойи ниёишгарони Худои осмонҳост нишонаи зебоии он зебои ягона аст.Аз дидани ин нишонаҳо касе шодмон мегардад ва шури Худоро дар даруни хеш дар меёбад, ки бидонад шаҳриёри дар кор аст бар асари равзани ҷамол шаҳриёр ва ин ҳама нигораҳо пур дар як рухи он чамони аст.Он кас ки ба чунин пайванди раҳ набарад ҳаргиз аз хоби нодони бедор нагардаду ба худ наёяд.Ҷони он кас бо ин нишонаҳо ошност ки таровандаи он нишонаҳоро дар оғози офариниш дидаву аз дидори сармаст ҷовидон гардида бӯйи майро касе дар меёбад ва аз роҳ бӯй ба чигунагии он пай мебарад ки бода нушида бошад.

Фарзонагӣ гумшудаи бовардор аст уштари гумгашта, ки агар бозаш ёби ва бар он бинишини ба суйи шаҳриёрат роҳнамои хоҳад кард.Бароят пеш омада ки дар хоб зеборӯйро мебини ва ба ту муждаи дидор медиҳаду нишонаи,нишонаи онки орзуят бароварда хоҳад шуд ва ё ба хонаат хоҳад омад.Нишонаҳо медиҳад нишонае ки ӯ чун фариштаи бар аспи сафед суяд хоҳад тохт ва чун аз асп фуруд ояд дар оғӯшат хоҳад кашид.Нишонае ки бо лабханди меҳрбораш дилатро аз шодмони лабрез хоҳад карду баробар ту даст ба сина ба нишонаи пазириши хостаҳоят хоҳад истод.Нишонае ки чун фардо дар расад хобатро бар ҳеҷ кас фош макун.

Ин нишона ба Закарё ҳам намуда шуд бо ӯ гуфтанд то се рӯз бояд дам даркашиву хомӯш бимони,ки ин нишонаи зоиши Яҳёст.Се рӯз сухан магуй рӯзаи хомӯшии се рузаат гувоҳи баровардан орзӯят аз сӯйи Худост аз он чи бо ту гуфтам сухан бо дигарон магӯй ва ин паёмро чун розӣ осмони дар дил ниҳон кун.

Ин нишонаҳои шодии офаринро он зеборӯйи дар хоб ба дилдодаи тангдил мегӯяд ва садҳо нишонаи дигар, ки ҳар чи аз Худо мехоҳи ҳар хоставу ҳар пойгоҳи ба ту дода хоҳад шуд, агар он чи мехоҳи дар шаби дароз бо гиря бихоҳи ва дар ниёиши пагоҳон бо сӯзи дил орзу куни.

Эй он ки дар набудаш рӯзат чун шаби сиёҳ аст ва дар ҷудои месузиву мегудозиву ҳамаи андомҳоят такида ва назор гардида эй он ки ба шеваи покбозони бедил ҳамаи дору нодоратро дар роҳи дилситон бохтаи хоб-хобро мебини чун муйи борик гашти ва ранги рухсорат парида чун чуб дар оташи шифтагӣ сухтиву чун худ кубаш шамшерҳои сарзанишу ситами ёрро пазиро шуди ва садҳо шиканҷаву ранҷ ки баҳраи шифагон аст бар ту расид чун шаб чунон хобе дидиву сапедам аз умеди он хоби рӯзат хуб гузашт саросар руз бо чашмонат ин суй ва он суйро мекови ки он нишонаҳоро боз бини чун барги бозак дар бархурд бо бод ва ларзиву дилат метапад ки Худоё накунад рӯз ба шаб анҷомаду аз он нишонаҳо нишоне падид наояд.Ноороми ба худ мепечи дар хона ба куй бар зан ҳамонанди касе ки чизи арзишмандро аз даст дода бошад дар ҷустуҷӯйи.Агар касе пеш ояду бо ту бигуяд:Ин ҳама шитобкор барои чист?Дунболи чи мегарди,оё чизе гум кардаи?

Посух медиҳи бале ва ӯ чун бигӯяд:Нишона бидеҳ шояд битавонам туро роҳнамои кунам бо ӯ мегӯи?Агар нишона бидиҳам ӯ аз даст мераваду аз даст додани ӯ бароям бо марг баробар аст.

Ҳар кас савор бар аспи сафед аст шурмандона чунон менигари ки савори пурхошгарона бо ту мегӯяд:Чун девонагон бар ман зира машав.

Ту мегӯи:Дустамро гум кардаам ва дар ҷустуҷӯи ӯям аз нигоҳи шифтаи ҷустуҷӯгарам маранҷ пузиши маро пазир ки шифтагон девонагонанду рафтори девонаворашон бахшидани аст.Чун кушиди ва аз ҷустуҷӯ чашм напушиди ҷӯяндаи ёбанда мегарди ва ба ногоҳ саворе ба суйи ту метозаду чун пиёда мешавад гарм дар оғушат мекашад.

Ту аз ҳуш мерави ба худ мефтиву аз қатори роҳравони Худо мемони ва онон ки шури дарунат ва хобе ки дидаи мегӯянд инро бош чи дуруи тарфанд бози аст.Онон чи медонанд ки ин шур аз куҷост онон чи медонанд ки ин шур аз пайвастан ба кадом дилситоне падид омад.Шури ту бе ҳуш гаштани ту аз худ рафтани ту ҳама нишонаҳое аст вале он нишонаҳо бар касе равшану ошкор аст ки шифтагиро озмун кардаву сузиши давраи аз диситони ҳастиашро гудохтаву бошандагиашро барандохта.

Пурсид яки ошиқи чист Гуфтам чу мо шави бидони

Бар дилдор аз дилситон ҳар дам нишоне мерасаду ҳар нишон ҷони нав бар колбади такидаашт менишонад гуйи ки бар моҳе тапида бар мосаҳои канори дарёи хурушон бо хезобаҳояш об барафшонад.

Нишонаҳое ки паёмбарону баркашидагони Худо бо худ доранд вижаи ҷонҳои ошност.

Суханам норасо монду ба ҷое нарасид маро бубахш шифтаам,девонаам ноорому саргаштаам.Чи касе метавонад чизеро бишуморад ки бешумораст он ҳам ҳангоме ки хирадро дар шифтагӣ бохта бошад.

Бо ин ҳама баргҳои боғистонро мешуморам паёмро аз овои кабкону зоғон фаро меситонам баргҳоро наметавон шумурду паёмҳоро наметавон шунид вале шумурдану шунавидани ман барои роҳнамои роҳравон аст.Шаҳриёрҷон фармон дода аст ки: “Худоро ёд кунед” зеро ки моро табу тоб ёд кард хуяш диду дили моро бо донои Худои равшан кард.Бо мо гуфт:Маро ниёзе ба ёдкарди шумо нест нигораҳое ки ба ангораи худ мепардозед фарохури ман нест.

Вале он кас ки шифтаи нигораҳои бедори аст моро ба намоиши мо дар хоҳад ёфт.

Ёдкард аз Худо чи гуфта шавад ё нигошта гардад норасост.Шаҳриёрҷон аз норасои дур аст.

Агар касе бигӯяд Шаҳриёр ҷувла нист ин чигуна ситоише аст инро ҳамагон медонанд ки шоҳашон бофанда нест.Бозситондан ва ё бар ниҳоди вижагӣ ҳеҷ нигораи рости аз Шаҳриёрҷон ба даст намедиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *