Фанни Диншиносӣ

Адёни Чин

Адёни Чин

  1. Робитаи инсон ва табиат дар адёни Чин
  2. Дини Даосия
  3. Таълимот Конфутсия ва масъалаҳои ахлоқии он

1.Робитаи инсон ва табиат дар адёни Чин

Дар андешаи динии мардумони Чин ва умуман кишварҳои Ховари Дур инсон бо табиат пайванди аслӣ ва ҳамешагӣ дорад, ин пайванд тасодуфӣ набуда, хусусияти зотӣ дорад. Масалан, чиниёни қадим пояи муътақидоти худро бар он ниҳодаанд, ки осмону замин ва инсон ончунон ба якдигар омехтаанд, ки ҳар яке муассир бар дигаре аст. Чунончи рафтори ношоиста ва гуноҳкории одамон ё ҳатто император сабаб мешавад, ки табиат масири худро тағйир медиҳад ва осмон ошуфтаву парешон мегардад. Осоишу оромиши замину осмон дар он аст, ки одамӣ ба қонунҳои табиати вуҷуд, яъне Дао таслим шавад. Агар ин шарт иҷро гардад, мувозинат дар олам барқарор хоҳад буд. Ғаллаву дарахтон ҳосили зиёд хоҳанд дод ва одамон ба хушӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Ҷопониҳо бе он ки чунин андешае дошта бошанд, ба гиёҳону дарахтон ва гулҳо ишқ меварзанд ва ба зебоиҳои табиии сарзамини худ ифтихор мекунанд ва ин меҳрварзии бунёдиашонро дар наққошиҳои гуногун, дар ашъори худ ба номи ҳуку ва ғайраҳо намоиш медиҳанд.

Дар ин кишвар ҳамчунин мардум аз дер боз бар он ақидаанд, ки император ва раияти ӯ бо кӯҳу саҳро, дарёву наҳрҳо дар сарзаминашон ва осмони болои сарашон ва замини зери пояшон, ҳама ба якдигар мисли як дастгоҳ пайванд ҳастанд ва ягона мебошанд, онҳо чунон ба ҳам омехтаанд, ки қувваи ҳаётии ҳар кадоме дар дигаре муассир аст ва ба ҳақиқат як навъи имон ба ваҳдати вуҷуд ё «ҳамахудоӣ» ба таври махфӣ дар ботини ҳама динҳои Ховари Дур, аз он ҷумла адёни Чин ҳам ҷой дорад.

Адёни чиниён омехтае аст аз маводи гуногун ва унсурҳои мухталиф, баъзе миллӣ ва бумӣ ва баъзе аҷнабӣ ва бегона, баъзе содда ва баъзе мураккаб, баъзе ақлонӣ ва мантиқӣ ва баъзеи дигар хурофӣ ва мавҳум.

Чиниён бар ин бовар буданд, ки ҷаҳон ба мисли сафҳаест ҳамвору сокин ва осмон чун сарпӯше дар болои он қарор гирифтааст, кишвари онҳо, яъне Чин ва дар он қасри император бошад маркази сатҳи замин аст ва дар атрофи он халқу кишварҳои дигар ҷой гирифтаанд.

Дар замин низ монанди осмон қувваҳои шайтонӣ, яъне кайфари аъмоли башарӣ гоҳе сабабгори беназмию ошуфтагӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҳодисаҳои номатлубе чун селу гирдбодҳо ва зилзилаю хушксолиҳо рӯй медиҳанд, то он ки низоми пешин дубора барқарор шавад ва бадкорон ба ҷазои амали худ бирасанд. Яъне дар ҳама ҷо, чӣ замину чӣ осмон интизом ва таносуб ҳукмфармост.

Ян ва Ин. Тахминан дар ҳудуди солҳои ҳазори то милод баъзе аз мутафаккирони Чин мушоҳида намуданд, ки дар ҳар ашёи табиӣ ду омили ҳаракатдиҳанда ба ҳам омехтаанд. Онҳо якеро Ян ва дигареро Ин ном ниҳоданд ва гуфтанд, ки ҳар мавҷуде, ки дар олами ҳастӣ вуҷуд дорад аз амали мутақобил ва ё ду қувва мураккаб шудаанд. Бинобар ин, дар ҳар мавҷуд аз ҳар яки он ду асар ва зуҳуре падидор аст. Ян, яъне қувваи мардона, дорои марҳилаи фаъолият ва ҳарорату нур аст, ки ҷиҳати мусбати олам аст. Аммо Ин, яъне қувваи занона, дар марҳилаи ибтидои ҳаёт ва боровариву тавлид қарор дорад. Пас ҳар як шайъ дар як ҳол мумкин аст сифоти Ян, дар ҳолати дигар сифоти Ин-ро нишон диҳад.

2. Дини Даосия

Назарияи Дао. Маънои луғавии Дао «роҳ», «тариқ», «сирот» аст. Ба маънои истилоҳӣ иборат аст аз қонуни ҳаракат ва равиши мавҷудоти олам.

Мегӯянд, ки Дао дар олами ҳастӣ (коинот) азалият дорад ва қавонини он асосӣ аст. Аз ин ҷиҳат таркиби олам ва тариқаи неруманди равиши он ду амри мумтозу ҷудогона мебошад. Дар олами офариниш, қабл аз пайдоиши ҷаҳон ин равиш чун қувва вуҷуд дошт ва ба маҳзи ин, ки ҷаҳон офарида шуд, мутобиқи он ин равиш шурӯъ ба ҳаракат кардааст.

Инчунин роҳу равиши ҳаракати олам ба ҳадди комил аст, гӯё пайкараи он дар азал тарҳрезӣ шуда, сипас тамоми мавҷудот бар тариқи он пайдо гардида, ҳаракат ва ҷунбиши худро ба сӯи он оғоз намудаанд.

Асосгузори даосия донишманд ва ҳакими маъруфи Хитои қадим Лао-Тсзи ё Лао-Тан мебошад, ки тибқи ривоятҳо дар иёлати Чу соли 604 пеш аз мелодӣ ба ҷаҳон омадааст. Ӯ дар мансаби хазинадори асноди давлатӣ кор карда, баъдан аз ин шуғл канорагирӣ менамояд ва дар хонаи худ гӯшанишинӣ мекунад. Чун одамон ба дидорбинӣ ва зиёрати ӯ бештар рафтуомад мекунанд, хонаро низ тарк намуда, аз ватани хеш ҳиҷрат мекунад. Мувофиқи ривоятҳо ӯ аз худ китобе бо номи «Дао-де- тзин» ё (Тао-те-тзин) боқӣ мегузорад, ки он то ба мо расидааст.

Даосия дини бисёрхудоии миллӣ, омехтаи ақоиди гуногун (эклектикӣ) мебошад. Хусусияти хоси динҳои чинӣ дар он аст, ки ҳам даосия ва ҳам конфутся, чунон ки гуфтем, ҳамчун системаи фалсафӣ зуҳур карда, дар натиҷаи ҷазбу қабули тасаввурот ва маросими динии омма, ба тадриҷ, шакли динро гирифтаанд. Аз ин рӯ, даосия низ се марҳалаи мухталифро тай кардааст ё худ дар се шакл зоҳир мешавад: а) дар шакли фалсафӣ, ки шомили таълимоти ирфонии қавию нерӯманд; б)

дар шакли сеҳру ҷодугарӣ ё шакли хурофотиву мазҳабии он; в) дар шакли дини расмӣ — ҳамчун мазҳаби расмии хоқонҳои Чин.

Чунон ки гуфтем, даосия эътиқоди ягона набуда, дар худ маросимҳову хурофот, эътиқодҳо, ҳама гуна худоён ва арвоҳи аҷдодон, қаҳрамонон ва ҷовидонро ҷазб кардааст. Дар ин дин худоёни зиёде ҳастанд, аз ҷумла асосгузори сулолаи чиниён императори Чини бостон Хуанди, олиҳаи Ғарб Сиванму, нахустинсон Пан-Ку, худоёни Тайчу (Ибтидои Бузург) ё худ Тайтзӣ (Ниҳояти Азим). Ба ғайр аз ин сарлашкарон, қаҳрамонон, устокорон ва ғайра парастида мешаванд, ба ифтихори онҳо маъбадҳои зиёде бунёд шудааст. Арвоҳи муқаддас ба ақидаи онҳо дар ҳар рӯдхона, саҳро ва кӯҳ, маскани рӯҳиву равонӣ ҷой доранд. Ҳар синф ва ҳар касбу ҳирфа худои муқаддаси худро дорад, ки аз онҳо ҳимоят мекунанд. Ҳамчунин худои тандурустӣ, худои некбахтӣ, худои наботот ва ҳайвоноти гуногунро мепарастанд.

Дини даосия дар ибтидои асри ХХ дар Хитой наздик ба 100 ҳазор рӯҳонӣ дошт. Рӯҳониён ду тарзи зиндагӣ доранд: дар дайрҳо ва оила. Силсиламаротиб (иерархия)-и рӯҳониёнро падари рӯҳонӣ Тян-Ши («муаллими осмонӣ») сарварӣ мекунад, ки сулолаи он аз асри XI-и мелодӣ оғоз мешавад. Охирин (63-ум) Тян-Ши соли 1927, баъд аз ба дасти инқилобиёни сурх гузаштани қароргоҳаш, пинҳон ва нопадид гардидааст. Дини даосия ва буддоия дар муқоиса бо конфутси дар Чин мавқеъ ва мақоми чандон бузурге надоранд.

3. Таълимот Конфутсия ва масъалаҳои ахлоқии он

Таълимоти динӣ-фалсафии Конфутси. Ҳамзамон бо даосия ё аниқтараш таълимоти Лао-тсзи системаи фалсафӣ ва мазҳабии дигаре ба вуҷуд омад, ки моҳиятан баръакси он буд. Он ҳам бошад, системаи фалсафию динии Конфутси аст.

Конфутсигароӣ таълимоти фалсафӣ-ахлоқиест, ки аз ҷониби асосгузори он Конфутси (с. 551-479 пеш аз мелод) тарҳрезӣ гардида, аз ҷониби пайравонаш минбаъд дар шакли динӣ инкишоф пайдо кард ва дар маҷмӯи динии Хитой, Корея, Япония ва баъзе давлатҳои дигар ворид гардид. Конфутсигароӣ ҷаҳонбинӣ, ахлоқи иҷтимоӣ, мафкураи сиёсӣ, анъанаи илмӣ, тарзи ҳаёт буда, баъзан чун фалсафа, гоҳо чун дин дониста мешавад.

Дар Хитой ин таълимот бо исми «мактаби олимон», «мактаби олимони китобӣ» ё «мактаби инсонҳои соҳибмаълумот» ёд мешавад. Сарчашмаҳои асосии динию фалсафии конфутсия дутоанд: яке

«Панҷкитоб» («У-тзин») ва «Чоркитоб» («Сушу»). Дар «Панҷкитоб» на ҳама чиз дорои мазмуни динӣ мебошад, балки қисмати зиёди онро ахбори таърихию тақвимӣ, маҷмӯи осори бадеию классикии чинӣ ташкил кардааст. Қисматҳои ин китоб Шу-тзин (китоби таърих), Ши- тзин (китоби шеър), Ли-ши (китоби шиорҳои маросимӣ), И-тзин (китоби табаддулот) ва ниҳоят Чун-тсю (солномаи баҳору тирамоҳ) ном доранд. Аз ин панҷ китоб чаҳортои аввал маҷмӯе аз мунтахаботи ҳикматҳо ва гуфтаҳои гузаштагон буда ва танҳо панҷумин эҷоди шахсии худи

Конфутси ҳаст. Таълимоти Конфутси асосан масоили ахлоқӣ, сиёсӣ ва тарбияи инсони комилро фаро мегирад. Конфутси пеш аз ҳама муаллими ахлоқ аст. Ӯ дар ахлоқ ва умуман дар ҳеҷ масоиле навоварӣ накардааст, балки риояи дақиқи суннати гузаштагонро талаб кардааст. Усули ахлоқии ӯ бар пояи қоидаи умумӣ «Ли» устувор аст. Ӯ истилоҳи «Ли»-ро ба маънои гуногун истеъмол кардааст. Аз ҷумла, он ба маънии покиву таҳорат, адабу инсоният, ташрифот, расму одатҳои ибодат истифода шудааст.

Тамоми таълимоти ахлоқии Конфутсиро метавон ба наҳви зер хулоса кард:

аввалан, «Ли» — омили асосӣ дар назму тартиби корҳо ва ҳусни робитаи инсонӣ, ки иборат аз панҷто мебошад, ки инҳо робитаи султон бо раият, падар бо фарзанд, шавҳар бо зан, бародари бузург бо бародари хурд, дӯстон бо дӯстон аст;

дуввум, суннатҳои номбурда ҳамон вақт тибқи «Ли» амалӣ мегарданд, ки дар саросари мамлакат эътидол бошад;

сеюм, таъкид аст, ки бояд тамоми одобу ташрифоти ҷамъиятӣ тибқи усули «Ли», мутобиқи расму одатҳо ва суннатҳои гузаштагон анҷом пазирад.

Дар таълимоти ахлоқӣ ва мазҳабии Конфутси парастишу эҳсон нисбат ба волидайн — падару модар ва арвоҳи гузаштагон мақоми хос дорад. Конфутси таълим медиҳад, ки ба волидайн дар давраи ҳаёташон мутобиқи суннатҳову русуми ниёгон хизмат кунанд ва вақте ки ин дунёро падруд мегӯянд, бар асоси анъанаву русум гӯронанд ва мувофиқи нишондодҳои маросимию мазҳабӣ қурбонӣ оранд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Филонов С.В. Ранний даосизм: поиск методологической целосности
  4. //Религиоведение (журнал). – 2009. — №3. – С. 56-69.
  5. Мень Александр. История религии. М., 1994.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *