Фанни Диншиносӣ

Ҳаракати динӣ-иҷтимоии маздакия

Ҳаракати динӣ-иҷтимоии маздакия

  1. Хувияти Маздак ва асоси таълимоти он
  2. Умумият ва фарқияти маздакия аз монавия
  3. Масъалаҳои иҷтимоӣ дар таълимоти Маздак

Хувияти Маздак ва асоси таълимоти он

Маздакия, метавон гуфт, охирин таълимоти динию фалсафӣ ва иҷтимоии эрониён қабл аз ислом мебошад, ки таъсири амиқе дар афкори иҷтимоию фалсафии халқи тоҷик гузоштааст. Ин мазҳаб низ номи худро аз номи асосгузори он Маздак (460-528) гирифтааст. Дар мавриди ҷои таваллуди ӯ иттифоқи назар вуҷуд надорад, баъзе муаррихон ӯро аз Нишопур, баъзе аз Табрез ва баъзеи дигар аз Ниссо номидаанд. Номи падари Маздак ба паҳлавӣ «Вандидод» ва ба форсии нав «Бомдод» будааст.

Маздак таҳсили хубе карда, ҳанӯз дар ҷавонӣ ба мақоми мӯбади мӯбадон расид ва вазири шоҳаншоҳи вақт, яъне шоҳ Қубод гардид. Фирдавсии бузургвор мегӯяд:

Биёмад яке мард Маздак ба ном Сухангӯю бо донишу рою ком, Фиребанда мардеву донишфурӯш, Қубоди сутуда бад-ӯ дод гӯш…

Ӯ ҳамчун муҳаққиқи фалсафа аз Зардушт писари Хургон пайравӣ ва таълимоти ӯро тафсир мекард. Ҳадафаш ин буд, ки таълимоти Мониро аз назари ҳикмат баррасӣ карда, онро ислоҳ намояд.

Таълимоти Маздак. Монӣ таълим медод, ки ҷаҳон дар натиҷаи асорати нур (равон) дар зиндони зулмат (мода) ба вуҷуд омада ва зулмат боиси ин омезиш ва ихтилоф шудааст. Ин ақида ба он чи Зардушт ва дигар ҳукамо фикр мекарданд ва нурро омили пайдоиши олам медонистанд, шабоҳат дошт. Баҳс ҳам рӯи он буд, ки оё чунин омезиш имконпазир аст? Маздак дар ин баҳс далел пеш меоварад, ки зулмат на ҳуш дорад ва на ирода, қодир нест дар қаламрави нур рахна кунад. Бинобар ин мо бояд боварӣ дошта бошем, ки нур бар зулмат ғалаба хоҳад кард. Вале мо зиндагии дунёвиро нопок ва ғайри рӯҳонӣ мебинем ва ба назар мерасад, ки ҷанбаи нуронӣ /маънавӣ/-и одамӣ заъифтар аз ҷанбаи зулмонӣ /моддӣ/-и ӯ мебошад.

Умумият ва фарқияти маздакия аз монавия

Бинобар ин мо метавонем фарз кунем, ки зиндагии дунёвӣ усулан зулмонӣ аст ва омезиш бо нур, ки Монӣ мепиндорад, ихтиёрӣ набудааст.

Маздак инчунин мепиндошт нуре, ки дар зулмат маҳбус аст, аз ҳуш ва ирода бархурдор аст. Бинобар ин ӯ бояд ба вазъу ҳолати ғайритабиии худ пай бурда, саъй кунад, то худро озод намуда, ба асли худ бипайвандад.

Хулоса, Монӣ нурро дар назди зулмат бе ирода ва ғайрифаъол мешуморид, вале дар омӯзиши Маздак ҳалли ин масъала ба куллӣ дигар аст. Тибқи таълимоти Маздак нур огоҳ, вале зулмат кӯр, ҳаракати нур иродӣ ва ҳаракати зулмат ғайри иродӣ аст. Аз ин рӯ, ғалабаи нур зарурӣ ва қатъӣ ва пирӯзии зулмат тасодуфӣ ва муваққатӣ аст.

Маздак омезиши нуру зулмат ва пайдоиши ҷаҳони моддиро дар асоси ин муқаддима тасодуфӣ мешуморад ва ин баҳамомезиро иборат аз се марҳала медонад. Дар марҳалаи аввал нур ва зулмат аз ҳам ҷудо ва мустақил буданд, марҳалаи дуюм марҳалаи ба ҳам омехтани унсурҳои нуру зулмат ва ниҳоят, марҳалаи сеюм, марҳалаи ҷудошавии нур аз зулмат. Ба вуқуъ пайвастани ин кор ҳатмист ва таҳаққуқи он аз роҳи мусоидату ёрии мардум ба нур ва набарду мубориза бо нерӯҳои зулмонӣ муяссар аст. Вазифаи одамӣ он аст, ки нур — рӯшноиро аз чанги зулмот- торикӣ бираҳонад ва бо ин ба марҳалаи тасодуфии омезиш хотима диҳад ва нурро бар маснади қудрат ва асолати худ бинишонад.

Асоси таълимоти динии Маздак санавият аст. Он дар маздакия ба равшанӣ, чун дар дини монавия баён шудааст. Офаридгори олам дар маздакия аз оғоз ду асл аст: Яздон, ки нур аст, офаридгори хайр ва Аҳриман, ки он зулмат аст, офаридгори шарр. Тамоми сифат, хулқу хӯй ва мавҷудоти хубу бади олам, тавассути ин ду асли аввалин офарида шудаанд. Аъмол ва ҳаводиси нек (хайр) дар асари ангезаи Яздон аст ва аъмолу ҳаводиси бад (шарир) дар асари ангезиши Аҳриман. Оташе, ки сармозадаро гарм кунад, вазидани бод, ки ҳарорати гарморо паст кунад ва об, ки ташнаро сероб кунад ва тамоми ҳайвоноту маъодини судманд ба инсон — ҳама офаридаи Яздонанд аммо сӯзондани ҷонварон бо оташ ё масалан, сӯхтори ҷангал, куштани боди самум ҷондоронро, ғарқ гардидани киштӣ дар об ва ҳамчунин ҳайвону хазандаву ҳашароти муззир — офаридаи Аҳриман мебошанд. Ниҳоят, эзид ҳаётро офарид, Аҳриман марг /мамот/-ро ва ғайра.

Тибқи ҷаҳонбинии Маздак дунёи моддӣ мураккаб аз се унсур яъне: оташ, об ва хок аст. Худо дорои қудрат, ташхис, борвар, парвон, кардан, дастур ва ходим аст ва бо онҳо ҳастиро идора мекунад. Ин ҳафт истиора дар воқеъ ҳафт қудрати табиӣ ҳастанд, ки боиси эҷоди ҷаҳон гардиданд. Дар таҳти ин ҳафт нерӯ дувоздаҳ хосият дар куллияи ашёи ҷондор ҳаст, ки иборатанд аз: хонанда, раҳанда, ситонанда, баранда, хӯранда, даванда, хазанда, кашанда, зананда, ҳафркунанда, раванда ва шунаванда. Тавассути ин сифот ва хосиятҳо одамӣ ҳафт қудрати

номбурдаро пайдо мекунад ва бо даст гирифтани он ҳафт қудрат дорои чаҳор сифати Аҳуромаздо гашта, саранҷом наҷот меёбад.

Таълимоти ӯ мисли таълимоти Монӣ бар пояи зуҳд ва порсоӣ қарор гирифтааст. Маздак парҳезгорӣ ва риёзат меомӯхт, хӯрдани гӯшт, куштани ҷондор, ҷангу хунрезиро манъ мекард.

3. Масъалаҳои иҷтимоӣ дар таълимоти Маздак

Дар таълимоти Маздак аз ҳама муҳим масъалаи иҷтимоист. Муҳаққиқон Маздакро «паёмбари мардумгаро ва ҷомеагаро» номидаанд. Ғояи адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ аз муҳимтарин пояҳои таълимоти иҷтимоии Маздак мебошанд. Ӯ ақида дошт, ки неъматҳои моддиро Аҳуромаздо яксара ба дасти мардум қарор додааст, нобаробарӣ аз он ҷо бархоста, ки касоне аз тариқи зӯрӣ ва ҷабр амволи мансуб ба дигаронро аз худ кардаанд.

Маздакия дар таълимоти худ, зиддияту нобаробариҳои замони худро инъикос кардааст. Вай замоне зуҳур кард, ки шароити зиндагии мардум, алалхусус табақаи заҳматкаши ҷомеаи сосонӣ ниҳоят тоқатфарсо буд. Ин вазъият дар аҳди салтанати шоҳ Қубод (488-498) боз ҳам бадтар мегардад. Аз ҷумла, дар замони шоҳ Қубод қаҳтии бузурге ба Эронзамин рӯй оварда буд. Садҳо нафар аз асари гуруснагӣ ҷон месупориданд, дар ҳоле, ки заминдорон ғалларо дар анборҳои худ пинҳон намуда буданд, то онро бо қиммати гарон ба мардум бифрӯшанд. Ҳеҷ кас эътиное ба ранҷу машаққати фақирон надошт. Ҳокимият дар натиҷаи ҷангҳои дохилию хориҷӣ рӯ ба инқироз оварда буд. Ин аст, ки маздакия дар аввал ҳамчун таълимоти динию ахлоқӣ зуҳур намуда, минбаъд ба ҳаракати иҷтимоии оммавӣ, ба исёни васеи фуқаро алайҳи аъёну ашроф табдил ёфт. Ин наҳзати маздакия ҳудуди сӣ сол, аз соли 493 то 524 мелодӣ идома дошт. Шӯриш доманаи хеле васеъе пайдо кард. Аз ин рӯ, дар аввал, подшоҳи сосонӣ Қубод маҷбур ба созиш бо маздакиён даъват намуд.

Ин аст, ки аз густариши шӯриши пайравони Маздак ашрофу рӯҳониён ба ҳарос омада, бо воситаи писари Қубод Хусрави Анӯшервон ба ҳиллае Маздакро бо тамоми сарварони ҷунбишаш ба дарбор даъват намуда, ҳамаи онҳоро ба қатл мерасонанд. Вале ин куштори Маздак ва сарони ҷунбиши маздакия натавонистааст ин ҷаҳонбинӣ ва ҳаракати сиёсиро билкул аз байн барад. Маздакия таъсири амиқе дар таърихи баъдии халқҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон гузоштааст.

Ҳамин тариқ, ба тарзи фоҷиавӣ кушта шудани Монӣ, Маздак ва пайравони ӯ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷомеаи сосонии Эрони бостон озодии ақида вуҷуд надоштааст.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *