Фанни Диншиносӣ

Дину оинҳои бостонии эронӣ-ориёӣ

Дину оинҳои бостонии эронӣ-ориёӣ

  1. Динҳои бостонии Ориёӣ
  2. Оин ва парастиши ибтидоии халқҳои форсизабон

Динҳои бостонии Ориёӣ

Тоҷикон дар аҳди бостон, ҳамроҳ бо дигар ҳалқҳои форсизабони эронинажод аз назари фарҳанги динию мазҳабӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши арзандае гузоштаанд ва дорои дину оинҳои баркамолу ҷаҳонӣ будаанд.

Халқҳои эронӣ аз нигоҳи динофаринӣ ба зумраи нодиртарин халқиятҳои ҷаҳон тааллуқ доранд. Аз тамаддуни бостонӣ то имрӯз танҳо ду нажодест, ки дар динофаринӣ пештоз будаанд. Он ҳам нажодҳои ҳиндуориёӣ ва сомӣ мебошанд. Дар ҳавзаи тамаддуни ҳиндуориёӣ тоҷикон ва эрониён дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳадди ақал дину ҳаракатҳои мазҳабие аз қабили меҳрпарастӣ (митраизм), зарвония, таълимоти Маздо Ясно, зардуштия, монавия (манихейство), маздакия ва як дини наве дар асри XX- баҳоияро ба вуҷуд овардаанд. Аз ин динҳои эронӣ ду дин: меҳрпарастӣ ва монавия дар таърихи тамаддуни бостон ва баҳоия аз динҳои нав ба зумраи динҳои берун аз марзу буми Эрон интишор ёфтаанд ва аз ин нигоҳ ба қатори динҳои ҷаҳонӣ воридшуда ба шумор мераванд. Гузашта аз ин, таъсири динҳои эронӣ ба динҳои ҳиндӣ, ки бо динҳои эронӣ аз як решаанд ва ба динҳои сомӣ, ки дар ҳамсоягии наздики ҷуғрофиёӣ ва доду гирифту муносибатҳои наздики фарҳангиву сиёсӣ будаанд, хеле зиёд мебошад.

Дину оинҳои бостонии халқҳои эронӣ-тоҷикӣ бо шароити зиндагӣ, вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва маданию фарҳангии қавмҳои ориёӣ-эронӣ робитаи ногусастанӣ доранд.

Дар замонҳои хеле қадим, дар умқи таърих аҷдодони тоҷикон: суғдиҳо, хоразмиҳо, фарғониҳо, бохтариҳо, ҳайтолиҳо, тахориҳо, сакоиҳо бо халқиятҳои Эрони ҷанубӣ, ҳиндуориёӣ ва ҳиндуаврупоиён куллан як гурӯҳи халқиятҳо ва нажоди ориёиро ташкил мекардаанд. Мувофиқи маъхазҳои таърихию бостоншиносӣ халқҳои ҳинду эронӣ ибтидо дар сарзамини васеъ, ки дар Авесто «Айрян Вайеҷаҳ» (ё Иран- вейҷ) номида шуда, доманаи он аз Ҳиндукуш то канораи рӯдхонаи Дон ва аз Урал то халиҷи Форс тӯлу арз дошт, зиндагӣ мекардаанд. Иран- вейҷ, мувофиқи ахбори Вандидод (фар.1, банди 3) нахустин ва беҳтарин сарзаминҳои шонздаҳгонаи офаридаи Аҳуромаздост. Тақрибан дар охири ҳазораҳои сеюми пеш аз милод қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба Ғарб ва

Ҷанубу Ғарб (дар Аврупо — германо-романҳо, дар Балкан -юнониҳо, франкоиҳо, дар Осиёи хурд — хетҳо) ва ҷанубу Шарқ ба Ҳиндустон (- ҳинду ориёиҳо) интишор ёфтаанд.

Аз ин рӯ, дар байни ҳиндуён ва эрониёни қадим ва халқҳои ҳиндуаврупоӣ ба ғайр аз қаробати забонӣ, аз ҷиҳати дину мазҳаб ва тасаввуроти ҳамосавию асотирӣ низ умумият ва шабоҳатҳои зиёде дида мешавад.

Дар аввалҳои ҳазорсолаи I то мелод сарзамини Эрони Шарқию Ғарбӣ мушаххас гардида буд. Эрониёни шарқӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ ва Хуросон қисмате аз Эрону Афғонистони имрӯза, эрониёни ҷанубу ғарбӣ сарзамини имрӯзаи Эрон ва қисмати Ироқро ташкил мекарданд.

Дину оинҳои мардуми бумии Осиёи Марказӣ ва Эрон дар он давраи бостонӣ амалан ҳамон оинҳое будаанд, ки дар китобҳои Ведҳо ва Авесто осори онҳо мушоҳида мешаванд. Сарчашмаи ин оинҳо умумияти ҳиндуаврупоӣ дорад. Масалан, худои юнониён Зевс, калимаи лотини деус (худо) ва ҳиндуӣ дайва ва эронӣ дев ё див аз як асли ҳиндуаврупоӣ – санскритии дайва гирифта шудааст. Ҳамчунин умумият байни мафҳумҳои авестоӣ ва ведоӣ ва забони санскрит чун: қонуни умумӣ, ҷони ҷаҳон — аша (авес, ашо; форсии қадим — арто; санскритӣ — рта) ва мафҳуми қурбонӣ (авест.- йаза; форс. қад.- йаза) истилоҳи мӯъбад (авес. — заутар; санскритӣ. қад. — хотар) ва шираи сархушкунанда (авес. ҳаума; санскритӣ. қад. — сома) дида мешавад, ки ваҳдату хешовандии тамаддуну дину оинҳои ориёиҳои ҳиндӣ, эронию аврупоиро дар ҳолати ибтидоии онҳо нишон медиҳад. Дар ин давра худоёни мавриди эътиқоди халқҳои ҳинду ориёӣ ба ду даста ҷудо мешаванд: як гурӯҳро дайва (санскритӣ. қад. дева) ва гурӯҳи дигарро асура (авест-аҳура; санскритӣ. қад. асура) меномидаанд. Инро низ бояд гуфт, ки имкон доштааст, ки ҳатто як қабила, ҳам ба дайва ва ҳам ба асура эътиқод дошта бошанд, ё якеро парастанд, ибодат кунанд ва ба дигаре хусумат варзанд.

Оин ва парастиши ибтидоии халқҳои форсизабон

Халқҳои эронитабор дар ибтидо нерӯҳои табиӣ монанди офтоб, моҳ, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Дар ин маврид дар китоби «Ригведа» иттилооти зиёде ҳаст. Моҳиятан динҳои ин давраро динҳои ибтидоӣ ва аз назари иҷтимоӣ онро қабилавӣ-авлодӣ номидан равост. Эътиқоди эрониён бисёрхудоӣ (полетизм) ва гоҳе санавӣ (дуалистӣ) будааст. Дар байни ориёиҳои Эрони Бостон ва Осиёи Марказӣ, чунончи пештар низ зикр гардид, ҳамчунин эътиқод ва парастиши Хуршед бо номи Меҳр (Митра) ва Моҳ бо номи Афродита роиҷ будааст. Дар қисматҳои пешин дар бораи оини меҳрпарастӣ (митраизм) маълумот оварда шуда буд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  4. Народныи религии мира. Энциклопедия. М., 1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *