Фанни Диншиносӣ

Пайдоиши дини ислом ва густариши он дар нимҷазираи Арабистон

Пайдоиши дини ислом ва густариши он дар нимҷазираи Арабистон

Зиндагиномаи Муҳаммад (с)

  1. Оғози нубувват
  2. Ҳиҷрати паёмбар ба Мадина
  3. Моҳияти табаддулоти динии Муҳаммад пайғамбари Ислом

Зиндагиномаи Муҳаммад. Дар пайдоиши динҳо чунон ки дидем, нақши ин ё он шахси баргузида муассир будааст. Дар пайдоиши дини ислом нақши асосгузори он Муҳаммад пайғамбар (с) калон аст. Сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ низ чун манобеи динӣ шахсияти таърихӣ будани Муҳаммад пайғамбар (с)-ро тасдиқ мекунанд.

Шаҷараи авлодии Муҳаммад пайғамбари ислом (с) пайванд бо қабилаи Қурайш, авлоди Бани Ҳошим, яке аз ашрофони шаҳри Макка дорад. Падари Муҳаммад (с) Абдуллоҳ савдогари камбизоат буд.

Муҳаммад (с) 12-уми моҳи Рабиъ-ул-аввали қамарӣ, рӯзи душанбеи соли 570-и мелодӣ таваллуд ёфтааст. Ин тифли навзод аввал аз падар, қабл аз таваллуд ва сипас аз модар дар синни шашсолагӣ ятим мемонад. Дар тарбия ва нигоҳубини Муҳаммади пайғамбари хурдсол нахуст бобояш Абдулмуталлиб ва амакаш Абутолиб нақши асосӣ бозидаанд. Авлоди Бани Ҳошим нигаҳбон ва ходими хонаи Каъба ва масъули хизматрасонии ҳоҷиён буданд. Мувофиқи ривоятҳо дар овони ҷавонӣ Муҳаммад пайғамбар (с) аввал, ба чаронидани бузу гӯсфандони амакаш Абутолиб машғул буд ва сипас, дар як сафари тиҷоратиаш ӯро ҳамроҳӣ кардааст.

Баъдтар, амакаш Муҳаммад пайғамбар (с)-ро ба бевазани бой Хадича муаррифӣ мекунад ва чанде баъд вай ба намояндагӣ аз Хадича корвони тиҷоратии ӯро ба Шом (Сурия) мебарад. Муҳаммад пайғамбар (с), пас аз ин сафар ба чашму дили Хадича маҳбубият пайдо кард ва саранҷом бо вай издивоҷ кард. Хадича барои рушду камол ва ҷустуҷӯҳои мазҳабии Муҳаммад пайғамбар (с) нақши муассире бозид аст. Ӯ ки аз Муҳаммад пайғамбар (с) понздаҳ сол калон буд, ба ақидаҳои мазҳабии ӯ ҷиддӣ ва хайрхоҳона менигарист ва ин худ ба Муҳаммад пайғамбар (с) рӯҳи тоза ва субот мебахшид.

Муҳаммад пайғамбар (с) чун аз кӯдакӣ бутҳои беҷону берӯҳро медид ва мушоҳида мекард, ки чӣ гуна аҳли Қурайш аз парастишҳои хурофотии ҷоҳилия суъиистифода мекарданд. Ҳамчунин ривоҷи фисқу фасод, мастӣ, судхӯрӣ, қасосҳои хунин, одати куштани фарзанди духтари навзод ва дигар одатҳо ва русуми бутпарастӣ ҷомеаи онрӯзаи араб ба рӯҳияи Муҳаммад пайғамбар (с) бетаъсир набуд.

Дар асари ҳамин омилҳо буданд, ки дар ин давра дар гӯшаву канори нимҷазираи Арабистон ҳаракати пайғамбарӣ ба вуҷуд меомад. Таърих номи чанд тан аз мудаъиёни пайғамбарӣ дар ин давраро сабт кардааст, ки аз ҷумла номи Мусайлама ва Саҷҷоҳ то ба мо расидааст. Ҳамчунин дар байни арабҳо тамоюл ба дини тавҳидӣ-дини “ҳаниф” низ мушоҳида мешуд, масалан бародари Хадича Варқа ибни Навфал аз ҷумлаи онҳо будааст. Онҳо ҳама тарғиби дини нав мекарданд, шояд маҳз дини ислом набошад, вале тарғиби яктопарастӣ — тавҳид дар онҳо ҷой дошт ва онҳоро, чунончи ишора шуд, «ҳаниф» меномидаанд.

Оғози нубувват. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Муҳаммад пайғамбар (с) соли 610 ба тарғиби дини нав оғоз кардааст. Муҳаммад пайғамбар (с) низ дар аввал дини худро «дини ҳаниф» меномид ва ин сифат баъдҳо низ ҳамрадифи «ислом», «мубин» ва ғайра дар Қуръон ба кор рафтааст.

Хулоса, дар синни чилсолагӣ Муҳаммад (с) пайғамбари ислом эълони дини нав ва рисолати пайғамбарии худро мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо дар яке аз рӯзҳои моҳи Рамазон ҳангоми гӯшанишиниаш дар ғори Ҳиро ба Муҳаммад пайғамбар (с) аввалин ояти Қуръон аз сураи 96 — «ал-Алақ» нозил шудааст.

Дар ибтидо таблиғи ислом се соли аввал сиррӣ (пинҳонӣ) буд. Пас аз эълон ва ошкоро шудани даъват низ пайравони Паёмбар (с) дар аввал зиёд набудаанд. Нахуст, таълимоти Муҳаммад пайғамбар (с)-ро хешовандонаш, аввал занаш Хадича, духтарҳояш Руқия, Умми Қулсум, Фотима, амакбача ва домодаш Алӣ-шавҳари Фотима, писарамакаш Абутолиб қабул кардаанд. Баъдтар писархондаш Зайд ибн Ҳорис ва каме баъдтар чанд тан аз обрӯмандони Макка: Абубакри Сиддиқ ва Усмон ибни Аффон, Муҳаммад аз-Зубайр, Талҳа ва Абдураҳмон ибн Авф ва дигарон ба ӯ пайвастанд, вале ба ҳар ҳол қабули даъвати Муҳаммад пайғамбар (с) бо душворӣ пеш мерафт ва ҳатто дар муддати чаҳор сол адади асҳоби паёмбар бо занон ва ғуломони эшон аз чиҳил тан бештар набуд.

Ашрофони Макка дар аввал ба даъватҳои Муҳаммад пайғамбар (с) эътибор надода бошанд ҳам, баъди ҳамлаҳои ӯ ба дину оин ва худоёни онҳо роҳи душманӣ ва таъқибро бо ӯ пеш гирифтанд, чунки амали ӯро барои cубот ва манофеи сиёсии Макка хавфнок мешумориданд. Душманони сарсахт ва хавфноки Муҳаммад пайғамбар (с) сарватманди авлоди Умавӣ ва ҳатто амакаш Абд-ул-Уззо ибн Абдумуталлиб буданд, ки ӯро Муҳаммад пайғамбар Абулаҳаб (яъне дӯзахӣ) номида аст.

Хулоса, даъват ба дини ислом хеле ба мушкилӣ пеш мерафт, пайравони Муҳаммад пайғамбар (с) ҳанӯз хеле кам ва аксарият аз табақоти поёнӣ аз фақирону ғуломон ва оилаҳои камбизоат буданд.

Аввалҳо ибодат ва таблиғ, чунон ки гуфтем, пинҳонӣ дар хонаи яке аз мусулмонон бо номи ал-Акрама баргузор мешуд. Таъқиб ва шиканҷаи мусулмонон рӯз аз рӯз бештар мешуд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба кишвари Ҳабашия ҳиҷрат кунанд. Ин ҳиҷрати аввал дар соли чаҳоруми беъсати паёмбарӣ ба вуқӯъ пайваст.

Аз матни Қуръон бармеояд, ки бутпарастон ба ӯ бовар намекарданд. Аз ӯ барои исботи пайғамбарияш тақозои ғайбгӯӣ ва муъҷиза менамуданд. Муҳаммад (с) бошад, худро як инсон, мисли ҳамаи одамон муаррифӣ мекард, донандаи ғайб танҳо Худо мегуфт.

Аз мубоҳисоти қуръонӣ маълум мешавад, ки аъроб аз парастиши дини падарони худ даст кашидан намехостанд. Онҳо боварӣ надоштанд, ки Худо як марди оддие мисли Муҳаммад пайғамбар (с)-ро дар муқобили он ҳама аъёну ашрофи Макка мавриди иноят қарор дода, ба симати пайғамбарӣ интихоб карда бошад. Арабҳо баъзе таълимоти ӯро, масалан, рӯзи қиёмат-растохез ё эҳёи дубора, рӯзи ҳисобу довариро асотир ва афсонае беш намешумориданд.

Ҳадафи асосии Муҳаммад пайғамбар (с) ба тавҳид хондани бутпарастон, беэътибор сохтани худоёни онҳо буд. Қурайшиён бо ҳар роҳ хостанд Муҳаммад пайғамбар (с)-ро аз ин кор боз доранд. Онҳо аввал даст ба фишору зӯрӣ ба мусулмонҳо ва ба сарони авлоди Пайғамбар (с) заданд, Ниҳоят онҳо паймоне бо номи «Паймони саҳифа» имзо карданд, ки тибқи он бо хонаводаи бани Ҳошим издивоҷ ва хариду фурӯшро манъ ва авлоди бани Ҳошим ҳуқуқи аз шиаб (маҳал)-и худ берун омаданро надоштанд. Ин муҳосира се сол давом кард, вале бенатиҷа буд.

Душманони Муҳаммад пайғамбар (с) дар ибтидо ба куштани ӯ ҷуръат накарданд, чунки аввалан амакаш Абутолиб ва амакони дигари ӯ мардони обрӯманд буданд ва ӯро ҳимоя мекарданд, занаш Хадича низ пуштибони ӯ буд. Сониян, одати арабҳои ҷоҳилия, қасоси хунин монеае дигаре буд. Бо гузашти айём бо вуҷуди фишор ва пешгириҳо пайравони Муҳаммад пайғамбар (с) рӯз аз рӯз меафзуд.

Аммо дар соли дувоздаҳуми беъсат Муҳаммад пайғамбар (с) дар муддати кӯтоҳ ҳар ду пуштибони асосиаш: аввал, амакаш Абутолиб ва баъди як моҳ занаш Хадича вафот мекунанд. Баъди ин воқеа вазъияти Муҳаммад пайғамбар (с) ва пайравонаш сахт мушкил гардид. Амакаш Абулаҳаб, ки сардори авлод гардида буд, ӯро пуштибонӣ намекард.

Дар чунин вазъияти вазнин ногоҳ дари умед ба рӯи ӯ кушода мешавад. Дар мавсими ҳаҷҷи соли 620 мелодӣ дар бозори Укоз иттифоқан Муҳаммад пайғамбар (с) бо шаш тан мардони шаҳри Ясриб (ки баъдан Мадинатуннабӣ номида шуд) суҳбат мекунад ва онҳо ба чунин андеша афтоданд, ки ӯро ба пешвоӣ ё ҳаками худ баргузинанд. Зеро дар Мадина онҳо мушкилот дар муносибатҳои байниқабилавиро доштанд.

Ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина. Шаҳри Ясриб (Мадина) дар чорсаду панҷоҳ километрии шаҳри Макка ҷой гирифта буд. Аҳолии онро асосан ду қабилаи арабӣ ва се қабилаи яҳудӣ ташкил мекард. Он ду

қабилаи араб Хазраҷ ва Авс, се қабилаи яҳудӣ бошад: Бани Қурайза, Бани Қайноқа ва Бани Назир ном доштанд. Ихтилофу зиддият то ҳадди душманӣ, ҳам байни худи он ду қабилаи арабӣ ва ҳам бо се қабилаи яҳудӣ зиёд буд. Онҳо бисёр вақт дар ҳолати ҷанг ва қасоси хунӣ қарор доштанд. Зарурати шахси беғаразе, ки тавонад байни онҳо доварӣ кунад ва осоишу амниятро дар он шаҳр барқарор созад, сахт эҳсос мешуд. Ин сабаб шуд, ки дар мавсими ҳаҷҷи соли баъдӣ ҷамоати зиёде аз мардуми Ясриб ба Муҳаммад пайғамбар (с) байъат карданд ва паймоне бо номи

«Паймони Ақаба» (номи маҳалли имзои ин паймон) бо Ӯ баста шуд. Пас аз ин паймон Муҳаммад пайғамбар (с) аввал пайравони худро ба Ясриб фиристод ва сипас худ низ рахти сафар баст.

Муҳаммад пайғамбар (с) шабона аз Макка ҳамроҳи Абубакр берун омада, дар ғоре дар доманаи кӯҳи Савр пинҳон мешаванд ва сипас савори шутур роҳи Ясрибро пеш мегиранд. Ниҳоят Ӯ ва 70 нафар пайравонаш, ки муҳоҷирон номида шуданд, ба Ясриб омад. Ин воқеъа дар таърихи ислом бо номи «Ҳиҷрати Пайғамбар» маъруф аст ва он мутобиқ бо 4 сентябри соли 622 мелодӣ буда, аз ҳамин рӯз солшумории ҳиҷрии мусулмонон оғоз мешавад.

Пас аз имзои «Паймони Ақаба» даъват ба ислом ва рисолати паёмбарии ӯ хусусияти нав касб кард. Тамоми сездаҳ соли даъват дар Макка аз тариқи мавъизаву таблиғу насиҳату огоҳонидан буд.

Аммо бо баста шудани «Паймони Ақаба» ва ҳиҷрати пайғамбар (с) ба Мадина дигаргунии куллие дар рисолати ӯ ба вуҷуд омад. Муҳаммад пайғамбар (с) дар баробари пайғамбарӣ, масъулияту рисолати миёнравӣ дар муноқишаҳои байниқабилавӣ ва инчунин роҳбарии ҷамоатро низ дарёфт.

Бо вуҷуди кам шудани хатар пас аз ҳиҷрат ба Мадина, дар ин шаҳр низ таблиғи ислом ва муносибатҳои иҷтмоии дохили шаҳр алалхусус, бо яҳудиён ва шайхони собиқи қабилаи Авс ва Хазраҷ хеле мушкил ва печида буд. Дар соли аввал, нахустин коре, ки паёмбар (с) кард, бастани паймон бо тамоми аҳолии Мадина ва бунёди масҷид бо номи «Масҷиди Қубо» дар Мадина буд.

Маккагиҳо бо муваффақ нашудан дар куштани Муҳаммад пайғамбар (с) ором нашуданд ва барои мубориза бо Ӯ тадорук медиданд. Муҳаммад пайғамбар (с) низ эълом кард, ки ба Вай ваҳйи Худоро дар бораи ҷанг бо бутпарастони Макка дарёфта аст. Ин аст ки аз соли дуюм сар кард, паи ҳам байни мусулмонон бо роҳбарии Муҳаммад пайғамбар (с) ва аҳли Макка бо сардории Абусуфиён ҷангҳое сар мезаданд, ки онҳо бо номҳои «ғазоҳо» ва «сарияҳо» маъруфанд. Дар натиҷаи маъруфтарин ғазоҳои ислом, ҷанги «Бадр»,«Уҳуд»,«Хандақ» ва чандин бархурдҳои дигар мувозинати қувваҳоро тағйир дода, бартарияти мусулмононро таъмин намуданд.

Соли 628 мусулмонон бо сардории Муҳаммад пайғамбар (с) ба мақсади адои ҳаҷҷи умра роҳи Маккаро пеш гирифтанд ва чун ба он наздик шуданд дар наздикии маҳалли ал-Ҳудайбия Муҳаммад пайғамбар (с) бо намояндагони Макка ба гуфтушунид даромад. Дар

натиҷаи ин гуфтушунид аҳдномае бо номи «Аҳдномаи Ҳудайбия» баста шуд, ки мувофиқи он Муҳаммад пайғамбар (с) аз ҳаҷҷи он сол даст кашид. Ин паймон барои мусулмонон паймони нобаробар буд, вале ба вуҷуди ин, он як пирӯзии ислом ва эътирофи қудрати Муҳаммад пайғамбар (с) ҳамчун пешвои ислом буд. Соли дигар, пас аз ҳаҷҷи умра ва амал кардани аҳли Макка тибқи он аҳднома, дурустии пешбинии Муҳаммад пайғамбар (с) собит шуд. Пас аз ҳаҷҷи умра ҳеҷ гуна шубҳа намонд, ки дасти Муҳаммад пайғамбар (с) боло гирифтааст. Ин буд, ки шахсони намоёни Макка чун Амр ибни Ос (баъдан фотеҳи Миср) ва сарлашкари маъруф Холид ибни Валид ба Мадина омада, худро ба ихтиёри Муҳаммад пайғамбар (с) супориданд. Абусуфиён, маъруфтарин марди Макка низ ба тарафи Муҳаммад пайғамбар (с) гузашт. Амаки паёмбар (с), баъдан асосгузори сулолаи Аббосиён ал-Аббос низ тақрибан дар ҳамин давраҳо исломро қабул мекунад.

Дар зимистони соли 630 мелодӣ, соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, Муҳаммад пайғамбар (с) бо ҳазор нафар лашкари ислом ба тарафи Макка рӯй овард. Аҳли Макка ибтидо мухтасар муқовимат нишон доданд, ки бе заҳмате шикаста шуд. 23-юми январ Муҳаммад пайғамбар (с) ба Макка дохил гашт. Тасарруфи Макка хеле ором гузашт. Нуктаи ҷолиб он аст, ки ишғоли ин шаҳре, ки солҳои дароз бо Муҳаммад пайғамбар (с) душманӣ дошт, ба хилофи чашмдошти он рӯз ва рафтори «исломиён»-и имрӯзаи асри 21 бе ҳеҷ куштору хунрезӣ ва қассосгирӣ анҷомид. Шаҳр тороҷ нагардид, хонаҳо вайрону хароб нашуданд, танҳо бутҳо шикаста шуда, бутхонаҳои берун аз Макка вайрон карда шуданд.

Пас аз фатҳи Макка ду ҷанг- ғазои дигар дар «Ҳунайн» ва «Тоиф» рух дод, ки аввалӣ ба осонӣ торумор ва дуввумин баъди муҳосираи тӯлонӣ бе ҷанг худ таслим гардид.

Таслим гардидани Макка ғалабаи қатъии Муҳаммад пайғамбар (с) буд. Пас аз ин яке пас аз дигар қабоили араб баъзе бо роҳи ҷанг ва баъзе бо роҳи осоишта ба дини нав таслим шуданд.

Соли 631 Муҳаммад пайғамбар (с) ба сарфармодеҳии сипоҳи азиме ба сӯи сарҳади арабу Византия (Сурияи имрӯза) ҳаракат мекунад. Вале ӯ, чунон ки аз сарчашмаҳо маълум аст, пас аз даҳ рӯз дар водии сарҳадии Табук таваққуф кардан, амалиёти ҳарбие оғоз накарда, бармегардад. Натиҷаи ин сафар танҳо ба зери ҳимояти Муҳаммад пайғамбар (с) гузаштани аҳли бошишгоҳҳои насронияи араб буд. Яҳудиён низ пас аз ин даст аз мубориза бардоштанд.

Соли 632-и мелодӣ (баробар ба соли 10-уми ҳиҷрӣ) Муҳаммад пайғамбар (с) озими охирин зиёрат, ҳаҷҷи исломии «Хонаи худо» — Каъба мешавад. Ин ҳаҷ баъдан «ҳаҷҷи видоъ» номида шуд. Баъд аз анҷоми ҳаҷҷ Муҳаммад пайғамбар (с) бо ҳамроҳонаш ба Мадина бармегардад ва баъд аз се моҳи ҳамон сол дар сини 63-солагӣ вафот мекунад.

Асоси даъвати Ӯро барқарории дӯстию бародарӣ байни мусулмонон ташкил мекунад на нифоқҳои мазҳабӣ, чунон ки имрӯзҳо мебинем. Муҳаммад пайғамбар (с) андаке қабл аз вафоташ, мувофиқи ахбору ривоёти муътамад, хитобае эрод фармуд, ки дар он нуқтаи

марказӣ аз даъвати ислом дарҷ гардидааст: «Эй мардум, сухани маро бишнавед ва ба дил биспоред, ки ҳар мусулмон бо мусулмони дигар бародар аст ва акнун дар байни ҳамаи шумо ойини бародарӣ барқарор гардидааст». Худи Муҳаммад пайғамбари ислом низ, тибқи маълумоти мавҷуда ҳамеша кӯшиш намудааст, ҳама мушкилоту мавқеъгириҳоро аз тариқи гуфтушуниду музокира ҳаллу фасл намояд.

Моҳияти табаддулоти динии Муҳаммад (с) пайғамбари ислом. Муҳаммад (с) пайғамбари ислом табаддулоти динию маънавие дар таърихи қавми араб ба вуҷуд овард, ки аслаш:

1-гузаштан аз бутпарастӣ ба парастиши Худои ягона (тавҳид) буд. Дар ислом яктопарастӣ ба камоли ниҳоии худ расид ва аз ҳамагуна олоишҳои бисёрхудоӣ, ки ҳатто дар дини яҳудию масеҳӣ мушоҳида мешавад пок гардида, мафҳуми Худо як мафҳуми таҷридӣ-абстрактии холис гардид, ки шабоҳат ба ҳеҷ чизе надорад;

тасаввурот дар бораи охират низ дар шакли мукаммал ва бо фалсафаи нав ироа гардид;

ислом аз тариқи Қуръон шариати наве ба аъроб ва мусулмонон арза кард ва эълом дошт, ки ин шариат ва Муҳаммад пайғамбар (с) пайғамбари охирин аст.

Асли таълимоти динии ислом дар боби ақида ва усули дин баён шудааст. Он иборат аз имон овардан ба ягонагии Худо (Аллоҳ), пайғамбарии Муҳаммад ва пайғамбарони пешгузашта аз Ӯ , боварӣ ба китобҳои Худо, вуҷуди малоик, ҳаёти пас аз марг –маод, ҳаққонияти ҷаннату дузах буда, дар баробари ин таълимоти ислом аҳкоми шариатро низ дар бар мегирад, ки иборат аз аҳкоми ибодат, муомилот –доду гирифти шаҳрвандӣ ё ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳудуд-ҳуқуқи ҷиноӣ мебошад. Муфассал нигар ба китоби “Маърифати ислом” боби “Асосҳои таълимоти ислом.”3 Дар Қуръон омадааст: “Некӯкорӣ он нест, ки рӯйи худро ба тарафи машриқу мағриб бигардонед; балки некӯкорӣ он аст, ки кас Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва Китоб ва пайғамбаронро бовар дорад….” то охир /2:177/; Дар ин оят ҳамчунин дар бораи аз моли худ ба хешовандон, ятимон, мусофирон ва талабкунандагон-бенавоён хайр кардан, намозгузоштан ва закот додан, ба аҳду паймон вафо кардан, сабру таҳаммул доштан, ростгӯю парҳезгор будан ҳамчун аҳкоми ахлокӣ ва некӯкорӣ тавсия шудааст.

Дар воқеъ, пайдоиши ислом ва таълимоти он як зинаи муҳиме дар такомули маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоии аъроб ва башар мебошад. Дар мавриди хислатҳои инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавии Муҳаммад пайғамбар (с) қайд намудан лозим аст, ки сарчашмаҳои ҳам динӣ ва ҳам илмӣ аз ӯ ҳамчун шахси бо ҳиммату тавозӯъ, бо ақлу дониш, бо раҳму шафқат ва содиқ ба ваъдаву амонат ёд кардаанд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  4. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991.
  5. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *