Фанни Диншиносӣ

Дин ҳамчун падидаи таърихӣ ва иҷтимоӣ — фарҳангӣ

Дин ҳамчун падидаи таърихӣ ва иҷтимоӣ — фарҳангӣ

  1. Марҳилаҳои пайдоиши дин
  2. Эътиқодҳои динӣ ва сабаби пайдоиши он
  3. Хусусияти диндории давраи палеолит

1. Марҳилаҳои пайдоиши дин

Барои шинохти илмии динҳо донистани раванду ҷараёни пайдоиш ва таҳаввулу такомули онҳо зарур аст. Дар мавриди пайдоиши динҳо ихтилофу баҳсу муҷодилаву мубоҳисаҳои илмию динӣ зиёданд. Оё инсон ҳамеша диндор будааст? Дин дар ҷамъияти инсонӣ дар кадом марҳалае аз таърихи башар пайдо шудааст? Аввалин шаклҳои диндории башар чӣ гуна будаанд? Оё инсон аз аввал яктопараст будааст? Агар не, пас яктопарастӣ ( динҳои тавҳидӣ) кай пайдо шуданд? Ин ҳадди ақали он саволҳое мебошанд, ки таърихан инсоният ба миён гузоштааст ва имрӯз низ дар зеҳни як шахси ҷӯянда метавонад пайдо шавад. Ҷавоби илмӣ додан ба ин саволҳо танҳо дар ду садаи охир (XIX-XX) бар асоси кашфиёт ва бозёфтҳои нави илмӣ муяссар гардид. Пешрафти як қатор илмҳо ва бой гардидани маълумоту бозёфтҳои илмӣ ин имконро ба вуҷуд оварданд. Аз ҷумлаи он илмҳое, ки барои таҳқиқу муайян намудани ҷараёни пайдоиши нахустин эътиқодҳо ва парастишҳои одамони ибтидоӣ маълумот медиҳанд: бостоншиносӣ (археология), мардум-шиносӣ (этнография), инсоншиносӣ (антропо-логия), забоншиносии таърихӣ ва инчунин асотиршиносӣ (мифология) мебошанд, ки дар ду асри охир пешрафти бесобиқае доштанд.

Барои омӯзишу таҳлилу таркиби илмии дин ва таърихи он пеш аз ҳама донистани ҷараёни пайдоиш ва таҳаввули динҳои алоҳида муҳим мебошад. Зеро муҳим донистани раванди пайдоиши ҳар кадоми онҳо ва зимнан ошкор кардани заминаҳои иҷтимоии мусоидаткунанда ба ин раванд мебошад. Чунки шинохти чигунагии пайдоиши динҳо муҳимтарин равиши илмӣ барои фаҳмидани моҳияти адён мебошад.

Пайдоиши динҳоро бе шинохти шароити пайдоиши инсон ва зиндагии инсонҳои ибтидоӣ имконнопазир аст.

Мувофиқи маълумоти илмӣ таърихи пайдоиши инсон дар рӯи Замин наздик ба 2,5 то 3 миллион сол пеш муайян шудаст. Вале давраи диндории одамон як ҳиссаи ночизи ин таърихи тӯлониро ташкил мекунад. Дар ибтидои таърихи инсоният давраҳое буданд, ки одамон эҳтиёҷе ба дин надоштаанд, шуури онҳо то ба фаҳмиши моҳияти ҳодисаҳои олами атроф рушд наёфта буд. Унсурҳои эътиқод дар байни онҳо вуҷуд надошт ва ин марҳиларо марҳилаи бединӣ номидаанд.

Олимон ба иттифоқи назар, аксарият, пайдоиши динҳоро ҳадди аксар ҳудуди 30 — 40 ҳазор сол пеш аз ин, дар давраи палеолити поёнӣ (яъне асри сангии барвақт) муайян кардаанд. Пас маълум мешавад, ки зиёда аз 2 миллиону 960 ҳазор сол инсоният бе дин зиндагӣ кардааст. Яъне, то ин давра ҳанӯз шароите барои аз имконият ба воқеият омадани фитрати динии инсон ба вуҷуд наомада буд. Таҳқиқоти нишемангоҳҳо ва қабрҳои қадимтарини одамон (архантропҳо ва авистралопитек)* ба олимон ҳеҷ гуна далелҳое, ки мустақим ё ғайри мустақим ба диндории онҳо далолат кунанд, то ҳол, чизе надодаанд. Дин ҳатто панҷсад ҳазор сол пеш аз ин, дар назди ҷонварони шабеҳи инсон аз қабили

«питекантроп»-ҳо ва «синантроп»-ҳо низ, вуҷуд надоштааст, зеро аз баррасии нишемангоҳҳо ва манзилҳои онҳо далеле, ки камтарин далолат ба диндории онҳо кунад, пайдо нашудааст.

Ба иттифоқи назар олимон инсони неандерталро,* ки дар асри сангини боло зистааст, нахустодами диндор дар рӯи замин мешуморанд, ки мобайни сад то бисту панҷ ҳазор сол пеш аз ин мезистааст. Кофтуковҳои археологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ашёҳое аз қабили олатҳои сангин ва устухонҳои ҳайвонот, ки аз қабрҳои онҳо пайдо кардаанд ба он далолат мекунад, ки дар эътиқодоти онҳо парастиши арвоҳ вуҷуд доштааст. Вале ин ақида низ вуҷуд дорад, ки одамони ин давра чунин мепиндоштанд, ки мурдаҳо як навъ ҳаёти ҷисмонӣ ва номаълуме доштаанд. Баъзе чизҳо ва осоре, ки дар ҷойҳои зист ва қабрҳои ин одамон ёфт шудаанд, далолат аз навъи эътиқод ва бовариҳои онҳо мекунанд. Аз ҷумла, дар қабрҳои мурдагони худ ғизову таом ва ҳамчунин асбоби ҷангу набард ва ғайраро дафн кардаанд, ки бо ин метавон тахмин кард, ки онҳо як навъ боварӣ ба зиндагии баъд аз марг доштаанд.

Чун аз ин марҳилаи таърихӣ бигзарем, ба олитарин сатҳи фарҳанги асри санг (палеолит) мерасем, ки ин давра замони ҳудуди 40-25 ҳазор сол ё 40 -18 ҳазор сол пеш аз инро дар бар мегирад. Дар ин давра одамони шабеҳи мо, ки онҳоро кроманионҳо (Cro-Manions)* номидаанд, зиндагӣ

архантроп — истилоҳест аз юнонӣ барои ифодаи навъҳои одамони қадим аз навъи питекантропҳо (юн. pithekos маймун+antropos одам) ва синантропҳо (Sina Хитой +antropos одам – одами қадимае, ки боқимондааш дар Хитой, наздикии Пекин ёфт шудааст) .

неандертал (номи водии Неандертал дар Олмон — ҷои аввалин бозёфти боқимондаи одамони қадим аст, ки соли 1856 кашф шуда) — навъи одамони ҳафриётии қадим, ки дар таҳаввули инсоният маҳалле байни питекантроп ва одамони ҳозираро ишғол мекардаанд.

кроманионҳо (аз номи ғори Кро-Манион дар Франсия, ки маҳалли аввалин бозёфти боқимондаҳои ҳафриётии одамон аст) — навъи одамони шабеҳи одамони муосир, ки дар Аврупо мезистаанд ва аз неандерталҳо хело фарқ мекардаанд.

мекарданд. Кроманионҳо одамони оқил (Homo Sаpiеns)-и дорои қобилияти тафаккури абстрактӣ доштаро меноманд.

Кроманионҳо дар воқеъ нажоде аз башари ҳақиқии камолёфта, ки косахонаи сари онҳо як миқдор бузургтар назар ба косахонаи сари инсони имрӯза, баландқоматтарин ва танумандтарин нажоди инсонӣ ҳисобида мешаванд. Ба ақидаи баъзе антропологҳо, одамони ин давра ба одамони имрӯза, қаробат доштанд. Онон аз маҳалҳои худ кӯч баста, ба минтақаҳои беҳтар мерафтанд ва маскани асосии онҳо ғорҳо буда, шуғли ягонаашон шикори ҳайвонот будааст.

Одамони ин давраи номбаршуда низ, монанди гузаштагони худ мурдаҳои худро дар назди мағораҳо ва паноҳгоҳҳояшон бо аслиҳа ва хӯрока дафн мекарданд. Ҳангоми дафн намудан як амали аҷиб анҷом медоданд, ки он бо ранги қирмизӣ оро намудани бадани мурдагон буд. Воқеан, ин гурӯҳи одамони қадимаи биёбонӣ пешрафтатар нисбат ба қавмҳои пешина ба ҳисоб мерафтанд, ки дар сангҳои мағораҳои ҷои зисти худ нақшу нигор ва кандакорӣ мекарданд. Мавзӯи нақшу нигори онон бештар ҳайвоноти шикорӣ аз қабили аспҳо, говҳо, хирсҳои азимҷусса ва ғайра буданд. Сурати одамонро низ кандакорӣ мекарданд, ки асосан дар камари кӯҳҳо дида мешуд.

Сабаби кандакорӣ шудани ин расмҳо ва муҷассамаҳо, сирру асрори дар онҳо нуҳуфта, то дер замон барои олимон пӯшида буд. Вале аз рӯи нишондоди имрӯза маълум мегардад, ки дар ин нақшҳои ҳайвонот як сеҳр нуҳуфта аст ва инсони он замона бо воситаи сеҳр он нақшро чизи зинда ҳисоб мекард ва дар навбати худ ғалаба ва пирӯзиашро бар ин ё он ҳайвони ваҳшӣ ифода менамуд. Одамони қадим пеш аз он ки ба шикори ҳайвонот бароянд, дар як гӯшае ҷамъ меомаданд ва бар рӯи ин суратҳо ранг мекашиданд ва сипас ба умеди пирӯзӣ аз мағораҳо берун мебаромаданд.

2.Эътиқодҳои динӣ ва сабаби пайдоиши он

Қабилаҳои ибтидоӣ чунин ақида доштанд, ки тамоми мавҷудот дорои рӯҳе ҳастанд, ки дар ботини онҳо махфӣ мебошад. Одамон низ дорои чунин рӯҳ мебошанд, ки ҳангоми хоб дидан баданро муваққатан тарк мекунад. Инчунин чун марг фаро мерасад, рӯҳ баданро абадан тарк мекунад. Дар тасаввуроти одамони ҷомеаи ибтидоӣ, арвоҳ соҳиби сурат, шакл, эҳсосот, авотиф ва соҳиби қувваи иродаанд, яъне монанди одамони зинда онҳоро метавон раҳнамоӣ ва ё хушнуд намуд. Дар сурате агар онҳо норозӣ ва ғазабнок шаванд, пас метавонанд зарар расонанд.

Ҳамин тариқ, аз маълумоте, ки то ин ҷо ба тарзи фишурда баён гардид, аён мегардад, ки дин дар ҷамъияти инсонӣ аз азал мавҷуд набуда, пайдоишаш чандин омилҳо ва решаҳо дорад, ки онҳоро яке аз қисматҳои дигари илми фанни диншиносӣ — фалсафаи дин таҳқиқ ва баррасӣ мекунад. Ин ҷо ҳаминро бояд таъкид кард, ки имконияти пайдоиши динҳо ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки инсон қобилияти худро аз табиат ҷудо кардан, ақл ва тафаккури абстрактиро дар тинати худ ҳис намуд. Чунин имконият ва қобилият дар инсони таърихӣ танҳо дар

давраи палеолит (25-100 ҳазор сол пеш) шурӯъ гардида, то давраи неолит (асри сангини нав 5-7 ҳазор сол пеш) ташаккул ёфтааст ва ҳамзамон пайдоиши аввалин тасаввуроти соддаи динӣ дар ҳамин давра оғоз гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки инсон дар ин давра он чиро мепарастид, дар навбати худ дар тасаввурот ва ҷаҳонбинии худ онро зинда ва фаъол мепиндошт. Инчунин онро намоянда ва ё рамзи як қувваи фаъол ва махфии дигар медонист.

Ин давраро метавон давраи худшиносии инсон, давраи тазаккуру ёдоварии моҳияти хештан, давраи нашъу намои моҳияти фитриву зотии инсон номид. Ин раванди худшиносии инсон дар давраҳои баъдӣ низ то пайдоиши динҳои тавҳидӣ қатъ нагардид.

3. Хусусияти диндории давраи палеолит

Хусусияти диндории давраи неолит ҳанӯз чандон равшан нест. Танҳо ҳаминро метавон қайд намуд, ки дар ин давра парастиши худо (олиҳа)-и зан, ки шояд олиҳаи ҳосилхезӣ ва ё парастиши моҳ бошад, вуҷуд доштааст. Аз мураккаб шудани маросими дафн маълум мешавад, ки тасаввуроти одамон дар бораи рӯҳ ва ҳаёти пасазмаргӣ инкишоф ёфта будааст. Баъдтар, дар давраи биринҷӣ парастиши офтоб ривоҷ пайдо мекунад.

Хулоса метавон гуфт, ки аввалан, назарияи дар бораи азалӣ (аз оғози вуҷуд) диндору яктопараст (прамонотеист) будани инсон асоси илмӣ надорад. Барои исботи ин назария ҳеҷ далели боварибахши илмӣ наметавон овард. Гарчи таълифоти динӣ эътиқодро азалӣ дониста, онро ба масъалаи офариниши оламу одам пайваст кардаанд. Сониян, фанни диншиносӣ ҳодисаи ҷамъиятӣ будани дин ва вуҷуди давраи тӯлонии бединиро дар таърихи инсоният қабул дорад. Сеюм, ҳодисаи ҷамъиятӣ будани дин, маънии таъсир надоштани омили фитриву зотии инсонро надорад, балки маҷмӯи ин ду омил ва авомили дигар дар якҷоягӣ ба пайдоиши дин сабаб шудаанд. Дар сурати набудани яке аз ин омилҳо, пайдоиши динҳо ғайри имкон мебуд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Ирфон. Душанбе,1985.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *