Фанни Диншиносӣ

Динҳои қадими Ҳиндустон. Дини Ҳиндуия Ведҳо – китобҳои муқаддаси ориёиёни ҳинд

Динҳои қадими Ҳиндустон. Дини Ҳиндуия Ведҳо – китобҳои муқаддаси ориёиёни ҳинд.

  1. Хусусияти тамаддуни Ҳинди Қадим
  2. Давраҳои таърихии динҳои Ҳиндустон
  3. Ведҳо ва қисматҳои он
  4. Дини Браҳманӣ

1. Хусусияти тамаддуни Ҳинди Қадим

Ҳиндустон яке аз сарзаминҳои куҳан ва аз назари тамаддун ғанӣ мебошад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим (ҳазораи III ва II пеш аз милод) дар ин сарзамин рушди илму фарҳанг ба чашм мерасид.

Нахустин тамаддуни ҳиндӣ тамаддуни Моҳенҷо-Даро ва Хараппҳо дар соҳили рӯди Ҳинд ба вуҷуд омадааст. Мо имрӯз далоил аз таърихи эътиқодҳои ҳиндувон то замони вуруди қавмҳои ориёӣ ба ин сарзамин дар даст дорем, вале асосан таърихи адёни ҳиндӣ аз омадани қавмҳои ориёӣ ба Ҳиндустон оғоз мешавад. Таърихи адёни Ҳиндустонро ба чор давра: 1) давраи пайдоиши дини ҳиндуияи қадим, ки худ аз ду давра: ведоӣ ва браҳманя иборат аст; 2) давраи динҳои оппозитсионӣ – мухолиф, ки аз замони пайдоиши динҳои ҷайния ва буддоия оғоз мешавад; 3) давраи таҳаввули ҳиндуия ва ислоҳоти он;

2. Давраҳои таърихии динҳои Ҳиндустон

4) давраи пайдоиши динҳои эклетикӣ: сикхҳия (сикхизм) ва кришна (кришнаизм) тақсим намудаанд.

Парастишҳо ва эътиқодҳои асри ведоӣ. Тақрибан аз нимаи дуюми ҳазораи дуюми қабл аз милод мардуме аз Осиёи Марказӣ, ки худро ориёӣ меномиданд ва бо номи сакоиҳо (ба юнонӣ — скифҳо) маъруфтанд, ба қисматҳои шимолии соҳили рӯди Ҳинд ворид гардида, маънавии ҳаёти моддӣ ва қавму қабилаҳои бумии ин сарзаминро дигаргун месозанд. Дар ҳамин давра асоси аввалин навиштаҷоти хаттии ҳиндувони ориёӣ: ҳамосаҳо ва ҷангномаҳо, ки баъдан дар ду китоб — Рамаяна ва Маҳабҳарата ҷамъоварӣ шудаанд, ба вуҷуд меоянд. Китоби муқаддаси ориёни ҳинд бо номи Ведҳо дар чаҳор китоб: Риг-Веда, Сама-Веда, Яҷур-Веда, Атҳарва- Веда гирдоварӣ шудаанд: Ведҳо чун навиштаҳои муқаддас сарчашмаи дину оин ва фалсафаю фарҳанги ҳамагуна қавмиятҳои Ҳинд ба шумор мераванд.

3. Ведҳо ва қисматҳои он

Маълум нест Ведҳо кай ва аз тарафи ки навишта шудаанд. Дини давраи ведоӣ мисли динҳои ҷаҳонӣ: насронӣ, буддоия ва ислом муассис ё асосгузори ягона надорад. Тибқи баъзе тахмини олимон ин навиштаҳо дар ҳудуди 1500 ва ҳатто 2000 соли то мелодӣ суруда шудаанд.

Ригведа аз ҳама муҳимтарин китоби Ведҳо, маҷмӯае аз ашъори фалсафӣ ва мазҳабӣ буда, дар 10 ҷилд ҳудуди асри VIII-уми то мелод эҷод шудааст. Аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва илмии ин китоб дар он аст, ки мо аз он ҳамчун сарчашмаи забонҳои халқҳои ориёӣ, осори таърихиву адабии ҳиндӣ ва ниҳоят сарчашмаи диниву мазҳабии ориёии қадим маълумоти фаровоне ба даст меорем.

Масалан, аз номҳои худоёни қадимаи халқҳои хинду-аврупоӣ, ки дар Ведҳо омадаанд исми Худо-Падари осмон (Девус-Питар), бо Зевус (+Питер)-и юнонӣ ва Жу-Питери (Юпитери) римӣ аз як реша ва Притива-Матар – худои замин бо Гая-Матар юнонӣ ва худои Митра, ки эрониён низ Митра ё «Меҳр» аз як реша мебошанд, то ба мо омада расидаанд ва дар назди ҳама қавмҳои ориёӣ маъруф будаанд. Митра дар оғоз худои Офтоб ба шумор мерафтааст.

Аммо маҷмуи худоёни ведоӣ, ки дар Ригведа ном бурда шудаанд, иборатанд аз: Агни (оташ), Прихивӣ (замин), Варуно (идоракунанда), Индра (ирода), Суриё (офтоб), Сумо (моҳ), Браҳманаспати (худои ниёиш — намоз), Марутҳо (ё Рудро) — маҷмӯи худоёне, ки тӯфону раъду барқро таҷассум мекунанд. Аз ҳама бештар сурудҳои Ригведа муроҷиат ва ситоиши худоёни Агни ва Индра мебошанд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон дар Ведҳо ҳадди ақал ба 33 навъ худо («33 коти дева») ва олиҳа (11-худои осмон, 11-худои ҳаво, 11-худои замин) муроҷиат шудааст. Ин се навъ ё синф худоён иборат аз: васу, адити ва рудра ҳастанд. Васу — худоёни нек ба сарварии Индра, таҷассуми ашё ва қувваҳои табиат, Апана – об, Рува — ситораи қутб, Сима – моҳ ва ғайра дар бар мегирад. Адити бошад худоёни гунбади осмон: Пушан, Митра, Варуна, Вишнуро дорад. Рудра худои қаҳҳору харобкунанда ва кушанда. Рудра баъдҳо ба сифати худои Шива табдил шудааст. Умуман мегӯянд, ки мафҳуми «33 коти дева» дар баробари маънии «навъ», «шакл» боз маънии ададӣ 10 000 000-ро низ медиҳад. Мувофиқи ин теъдоди худоёни ҳиндуия 330 миллион мешавад. Воқеан ҳам, метавон гуфт, ҳар оилаи ҳиндӣ худои хоси худро дорад.

Бовуҷуди ин баъзе муҳаққиқон вуҷуди як навъ ақидаи ваҳдати вуҷудӣ — ягонагии худо ва табиатро дар Ведаҳо баён кардаанд. Браҳмо номи худои худоёни ведоӣ аст. Сифоти ӯ дар се қувва, яъне офариниш, бақо ва тахриб муҷассам шудааст. Номи дигари ин се нерӯ, «Браҳмо»,

«Вешну» ва «Шиво» аст. «Индра» – олиҳаи осмон ва раъду барқ, «Огни»- олиҳаи оташ ва Ёмо( ё Ямо)- эзиди дӯзах, Суриё- олиҳаи хуршед дар мартабаҳои пасттар қарор доранд. Хусусияти хоси зоҳиршавии тавҳид дар ҳиндуия намоёнгари хусусият ва мароҳили таҳаввули ғояи Худо аз бисёрхудоӣ ба яктопарастӣ аст. Тибқи эътиқоди ҳиндувони давраи ведантӣ «Браҳмо» холиқу офаридагори олам ва ҳамчунин тамоми худоён

аст, Ҳама аз ӯянд ва оқибат низ ба ӯ бозмегарданд. Чунон ки шир ба ҷурғот ва об ба ях табдил мешавад, ҳамин тавр «Браҳмо» шакли худро дигар мекунанд ва ба шакли суратҳои дигаргун дармеояд ё ба ҳамин қиёс Браҳма дар ҳастӣ таҷаллӣ мекунад. Ҳамчунин ваҳдат (монизм) дар муносибати Браҳмо ва нафси нотиқа, ки дар упанишадҳо Атман таъбир шудааст, мушоҳида мешавад. Мобайни Браҳмо ва Атман як ҳувияти муштарак ва ваҳдати комил вуҷуд дорад. Тибқи ин назарияи упанишадҳо нафсу рӯҳи инсонӣ ё худ рӯҳи фардии ҳар инсон ва рӯҳи кайҳонӣ, ки «Ҷони ҷаҳон» низ гӯянд (Параматман) як ваҳдатанд аз ҳам ҷудоӣ надоранд. Дар «Упанишадҳо» ин маънӣ бо ибораи санскритӣ инчунин – «Тот твам асӣ-Tat tvam asi» — «Ту Ӯйӣ» баён шудааст. Ин ваҳдатро «Браҳма Атман» номидаанд.

4. Дини Браҳманӣ

Дар ибтидои ҳазораи якум т. м. ё охирҳои асри 7-и т. м. ориёниҳо саросари дараи Гангро зери итоати худ дароварда, як созмони иҷтимоии хосе ташкил кардаанд. Дар ҳамин давра дар Ҳиндустон ҷомеаи каставӣ ташаккул меёбад. Дар натиҷа ҷомеа ба чаҳор каста: ; бараҳманҳо – табақаи рӯҳониён; кашотрияҳо- табақаи умаро ва шоҳзодагон; васи- табақаи кишоварзон ва косибони ориённажод ва ниҳоят кастаи шудра — табақаи қавмҳои ғайри ориёнӣ. Ин сабаби ба вуҷуд омадани равия наве бо номи «Браҳмания» дар дини ҳиндуия гашт.

Инчунин дар ҳамин давра навиштани яке аз осори ҷовидонии динию фалсафии ҳиндӣ «Упанишадҳо» шурӯъ мешавад ва як давраи тӯлонии 300 ё 400 сол то мелодро дар бар мегирад. «Упанишадҳо», ки ба забони санскрит маънии «Ҳузур дар маҷлиси муаллим»-ро доранд, «роҳи худӣ» ва «ҷаҳони дарунӣ»-ро кашф месозад. «Инсон тибқи таълимоти ин китобҳо як ҷузъи ҳақир аз як кулл аст ва дар зиндагӣ ҳеҷ гуна ҳадафе набояд дошта бошад ба ҷуз ин ки дар кулл маҳву фано гардад.

Таносух ва карма – аз муҳимтарин назариёти бараҳмания мебошад, ки баъдан ҷавҳари фалсафаи ҳиндуия гардид. Таносух ё интиқоли арвоҳ (инкорнатсия) чунин маънӣ дорад, ки рӯҳи инсонӣ дар ҳама маврид ба ҷуз аз ду аз як колбуд (чисм) ба колбуди дигар интиқол меёбад. Ин назарияро худи ҳиндувон сансора меноманд. Он ду мавриди истисноӣ — яке расидани рӯҳ ба мақоми ҷовидонӣ, ба олитарин мартаба, яъне ваҳдат бо Браҳмо ва дигаре сарнагун шудан ба таври абадӣ ба пасттарин мартаба (асфалу софилин) аст. Дар дигар мавридҳо рӯҳи одамӣ таваллуди пайёпайро аз сар мегузаронад. Ин таваллуд метавонад дар як сатҳ не, балки дар сатҳҳои гуногун: наботӣ, ҳайвонӣ, ҳашарот, кастаҳои паст, мутавассит ва боло сурат гирад. Маҳз дар кадом сатҳ аз нав таваллуд шудани рӯҳи инсон аз қонуни карма- дуввумин назарияи бараҳмания вобаста аст. Карма мафҳуми мушкилфаҳмест, чунки ҳар мактаби динию фалсафӣ ба ҳасби худ онро таъбир кардаанд. Карма ҳадди ақал се натиҷаи амалӣ, се давраи ҳаёти наслро дар бар мегирад.

Якум, ҳайти пеш аз ин таваллуд, ки ин таваллуд натиҷаи он аст, дуввум, дар ин таваллуд бояд кӯшиш кунад, ки натиҷаи аъмоли

гузаштаро бартараф кунад ва сеюм, чигунагии амалкарди ӯ дар ин зиндагӣ мебошад, ки аз он, таваллуди баъдии ӯ вобаста аст. Онҳое, ки дар зиндагӣ амали солеҳ анҷом додаанд, дар таваллуди дубора, арвоҳи онҳо метавонанд дар колбуди бараҳманӣ, ё кшатрӣ ё висӣ ҷой гирад ва ҳамчун узви ин каста ба дунё оянд, вале касоне, ки муртакиби аъмоли бад шудаанд, метавонанд дар таваллуди дубора рӯҳи онҳо дар заҳдони саг, гург, хук ё дар раҳми зани табақаи поин ҷойгир шавад.

Дини бараҳмания, метавон гуфт, ки заминаи ғоявии сохти каставии Ҳиндустон буд. Худои асосии бараҳмания Браҳма ҳомиии созмони кастовист. Тибқи асотири ҳиндӣ кастаҳо аз узвҳои алоҳидаи бадани Бараҳма: аз даҳони ӯ – бараҳманҳо, аз дастонаш – кшатриҳо, аз миёнаш

– васӣ ё вайшҳо ва аз пойҳояш шудриҳо ба вуҷуд омадаанд ва ӯ вазифаю мақоми ҳар кадоме аз ин чор костаро муайян кардааст.

Дар давраи ведоӣ маросимҳои ибодатии ориёии Ҳинд бисёр содда будааст ва ҳанӯз ҳеҷ гуна маъбад ва маҳалли хосе барои ибодат надоштаанд. Маросимҳои ибодат дар фазои кушоду марғзорҳо баргузор мегардид. Меҳробе барои худоён месохтанд ва худоёнро ба базми маросимӣ даъват ва навъҳои гуногуни хӯрок: шир, равған, ғалларо дар назди он меҳроб мегузоштанд ва қурбонӣ кардани ҳайвонҳо, алалхусус ҳайвонҳои хонагӣ назди ҳиндувон маъмул набудааст.

Баъдан дар заминаи Ведҳо мазҳаби ҷайния ва буддоия ва инчунин сикхия ба вуҷуд омада, браҳманияро водор ба таҳаввул ва таҷдиди таълимот ҷиҳати муқовимат бо фишори динҳои номбурда кардаанд. Аз ин рӯ, иллати гуногунӣ ва печидагии таълимот ва ақоиди мазҳабии ҳинд низ дар ҳамин аст. Браҳмания дар асари бархӯрд бо Аврупо, таъсири мубаллиғини ислому насрония, пешрафти илмию-техникӣ ва иҷтимоӣ аз асри XIX то имрӯз мунтазам таҳаввул ёфта, худро ба талаботи замона мувофиқ сохтааст. Дар ҷараёни ин таҳаввулот якчанд ҳаракатҳои мазҳабӣ ва фирқаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки муҳимтаринашон: Браҳма- Самаҷ, Ориё-Самаҷ, Рама-Кришна мебошанд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Буддизм. Словарь. Под ред. Жуковской Н.Л., Игнатовича А.Н., Корнева В.И. М., 1992.
  4. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  5. Филонов С.В. Ранний даосизм: поиск методологической целосности
  6. //Религиоведение (журнал). – 2009. — №3. – С. 56-69.
  7. Народныи религии мира. Энциклопедия. М., 1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *