Фанни Диншиносӣ

Буддоия

Буддоия

  1. Заминаҳои пайдоиши буддоия
  2. Асосгузори дини буддоия
  3. Меҳвари таълимоти буддоия

1.Заминаҳои пайдоиши буддоия.

Буддоия дар қисмати шимолу шарқии Ҳиндустон, дар он ҷое ки давлатҳои қадимаи Магадҳа, Кошала ва Личчхави воқеъ гардида буданд, дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми то милод пайдо шудааст. Дар Ҳинди Қадим, дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми қабл аз милод, оини ведоӣ ба инқирози шадид дучор шуда, як қатор таълимот ва мактабҳои дигари динӣ ба вуҷуд омаданд. Ин таълимотҳоро файласуфону ҳакимон, дарвешон ва дигарон эҷод мекарданд. Яке аз ҳамин гуна таълимотҳо – буддоия буд, ки эҷодгар ва поягузори он шоҳзода Сиддҳартҳа Гаутама мебошад.

Ҳамзамон, дар Ҳинди Қадим раванди таҳкимёбии ҳокимияти давлатӣ шурӯъ шуда, торафт густариш меёфт, ки дар пайомади он нуфузи табақаи кшатриҳо, яъне шоҳон ва сарлашкарон дар ҷомеа хеле баланд шуда, нуфуз ва таъсири тоифаи рӯҳониёни бараҳман бошад, баръакс, хеле коҳиш ёфт. Азбаски таълимоти буддоия хусусияти зиддиведоӣ ва зиддибараҳманӣ дошт, аз ин рӯ шоҳону сарлашкарон онро ҳамчун идеологияи ҳукмрон пазируфта, барои таҳким бахшидан ба пояҳои ҳокимияти давлатӣ истифода мебурданд. Ҳамин тавр, буддоия дар марҳилаи нахустини пайдоиши худ ба шарофати сарпарастии шоҳону сарлашкарон мақоми дини расмӣ ва «шоҳона»-ро касб намуда, оини ведоӣ ва бараҳманиро аз саҳнаи ҷомеа бадар кард. Аммо, дар асрҳои VII-XIII ҳокимони аксарияти давлатҳои ҳиндӣ нисбат ба буддоия дилсард шуда, дигар онро сарпарастӣ ва ҳимоят намекарданд. Дар натиҷа, буддоия дар ҳудуди ин қабил давлатҳо нуфузи худро аз даст дода, гирифтори таназзул шуд. Танҳо дар бархе давлатҳои қораи Ҳинд, масалан, дар давлати Пала, ин дин таҳти ҳимоя ва дастгирии шоҳони сулолаи ҳукмрон монда буд.

Асосгузори дини буддоия

Буддои таърихӣ, яъне Сиддҳартҳа Гаутама пас аз чанд муддати ҳаёт ба сар бурдан дар муҳити пурдабдабаи дарборӣ дарк намуд, ки

чунин муҳит, чунин тарзи ҳаёт хеле сангину тоқатфарсо, моломоли ранҷу азоб ва ғаму дард мебошад. Аз ин рӯ аз ҳаёти дарборӣ рӯ тофта, ба фақру гӯшанишинӣ рӯй оварда, бо дарвешони ҷангалнишине дӯстӣ барқарор кард. Бо мурури замон ӯ ба чунин хулоса омад, ки фақру гӯшанишинии дарвешона низ мисли айшу ишратҷӯийи ашрофона кори ғалат ва носавоб буда, барои камолоти маънавии инсон зиён дорад. Барои ҳамин, инсон бояд барои наҷоти рӯҳи худ аз қайду гирифториҳо ва дарду ғамҳои олам аз ин ду бероҳаи ниёзмандиву бениёзӣ даст кашад ва роҳи дигареро пеш гирад. Мутобиқи анъана ва ривоёти динии буддоӣ, Сиддҳартҳа Гаутама ин роҳро дар синни 35-солагӣ, ҳангоме, ки дар зери дарахти Бодҳа ба сайру сулуки ирфонӣ машғул буд, кашф намуд. Аз ин баъд Сиддҳартҳа Гаутама ба худ тахаллуси «Буддо»-ро гирифт, ки маънояш «бедор, бедоршуда» мебошад. Баъд аз ин рӯйдод, Буддо тамоми 45 соли боқимондаи умри худро барои сайру саёҳат дар Ҳиндустони Марказӣ ва водии Ганг сарф намуда, ойини худро ба муридону шогирдонаш таълим дод.

Пас аз даргузашти Буддо шогирдони ӯ ойини буддоиро ривоҷ доданд. Дар тӯли 400 соли минбаъда таълимоти буддоияи ибтидоӣ ҳамвора таҳаввул ёфта, дар он мазҳабҳои гуногун, аз он ҷумла шохаҳои Ҳинаяна ва Маҳаяна интишор ёфтанд.

3. Меҳвари таълимоти буддоия

Меҳвари таълимоти буддоия кашфи чаҳор ҳақиқат аст, ки он иборат аз:

Даккха — яъне зиндагӣ мусибату ранҷ аст; таввалуд — ранҷу азоб аст, касалӣ — ранҷу азоб аст, марг — азоб аст;

Самудая — яъне сабаби ранҷу мусибатҳо – хоҳишҳо, шаҳватҳост;

Ниродха — яъне роҳи наҷот, хомӯш кардани нафс ва оташи шаҳватҳост;

Марга (ё магга) — яъне роҳи хомӯш ва пахш кардан — ислоҳ ва тазкияи нафс аст.

Аз назари ӯ худи ҳастӣ шарру номатлуб аст, аз ин рӯ шахс бояд бикӯшад, то дубора гирифтори аъмоли бад нашавад.

Аъмоли бад, тибқи таълимоти буддоия, чун соя инсонро дунбол мекунанд. Вобаста ба ҳамин масъала ҳаёт ва тақдиру қисмат дар таълимоти Буддо на он таврест, ки дар динҳои дигар гузошта шудааст. Хулосаи назари ӯ дар ин маврид он аст, ки ҳар чӣ дар ин олам эҳсос мешавад, хоҳ дар афкор бошад, хоҳ дар кирдор, хоҳ дар муҳити олами зоҳир ва хоҳ дар олами замири ботин, ҳамеша дар ҳоли сайру ҳаракати ҷовидонӣ аст. Ҳеҷ як тақдиру офаридгори муқтадире дар осмон нест, ки ҳама мавҷудотро ба якдигар вобаставу муттаҳид гардонад, балки як ваҳдати умумии ниҳонӣ дар худи олами вуҷуд ва ҷаҳони ҳастӣ мавҷуд аст.

Ҳамин тавр, дар таълимоти динии буддоия мафҳуми худо нест, ҳар кас масъули сарнавишти хеш аст. Вале ӯ, вуҷуди худоёнро инкор

намекунад. Ҳамчунин Буддо ба бутпарастӣ, назру ниёз, қурбонӣ кардан эътиное надорад, бузургтарин ибодат дар назди ӯ ҳамин поксозӣ ва тозакунии нафс аст.

Дар таълимоти Буддо мақоми намоёнро ақида дар бораи

«Нирвана», саодат ва оромии абадӣ ташкил мекунад. Нирвана куштани ҳамагуна хоҳиш, чӣ нағзу чӣ бад нест. Аз рӯи маънии ҳақиқӣ нирвана куллан фурӯ нишонидани нафси бад, шаҳват ва ҷаҳолат аст. Ин нукта, ки онро пеш аз Буддо дигар динҳо, масалан, зардуштия низ матраҳ карда буданд, воқеан асли покизасозии нафс, ибтидо ва сарчашмаи покии шуури ахлоқии инсон аст. Наҷот танҳо дар ҷаҳони дарун аст. Наҷот танҳо аз тариқи тағйири равиши афкор аст. Фикру андеша асоси ҳастии маънавии одамист.

Буддо барои раҳоӣ аз афкори баду нопок панҷ дастур додааст: 1- афкори покро ҷойгузини афкори нопок кун;

мардона ба афкори нопок рӯ ба рӯ шав ва онҳоро нопок, зиёновар ва ҳузнангез, чунон ки ҳаст, ҳамон тавр бишнос;

афкори нопокро аз худ дур кун;

афкори нопокро мавриди таҳлилу таҷзия қарор деҳ ва таркиби онро бишнос;

бо тамоми қудрат бо афкори нопок мубориза намо, онро нобуд

соз.

Масъалаи рӯҳ низ дар буддоия чандон рӯшан нест. Албатта

буддоия рӯҳро, чунон ки баъзе муҳаққиқон гуфтаанд, инкор намекунад, вале фаҳмиши рӯҳ дар таълимоти Буддо тафовути куллӣ дорад. Вай ба рӯҳ ҳамчун моҳияти кулливу абадии тағйирнопазир боварӣ надорад. Онро ҳамчун ҷавҳари абадӣ эътироф намекунад.

Ҳамин тариқ, дини буддоия дар таърихи фарҳанги умумибашарӣ мақоми хоса дорад. Нақши мусбии ин дин дар он зоҳир мегардад, ки инсони дар ранҷу машаққат қарордоштаро тасалло медиҳад ва ӯро ба камолоти ҷисмониву равонӣ ҳидоят мекунад. Омӯзиши китобҳо ва аҳкоми ин дин ба зиёд шудани саводнокӣ ва баланд шудани сатҳи маърифату донишҳои хонандагон оварда мерасонад. Вале, аз ҷониби дигар, дар радифи ин гуна таълимоти гуманистӣ дар дини буддоӣ боз як идда таълимоти ифротие низ ҷой доранд, ки инсонро ба пеша кардани сабру таҳаммул дар муқобили мушкилиҳои зиндагӣ ва муқобилият накардан ба зулму бадӣ тарғиб мекунанд ва бо ин роҳ мардумро аз муборизаи фаъолона барои расидан ба ҳаёти беҳтар дур мегардонанд.

Дар хотима баъд аз шиносоӣ бо динҳои ориёии Ҳиндустон метавон гуфт, ки дар ин олами маънавии гуногунранг сармояи гаронбаҳои тамаддуни инсонӣ нуҳуфтаст. Динҳои дар ин сарзамини асил бунёдгардида, аксаран хусусияти ирфонӣ дошта, дар пояи риёзат ва поксозиву софкории нафс асос ёфтаанд. Динҳои ҳиндуориёӣ ҳарчанд аз назари илоҳиёт гуногунанд (бархе бо ширку бисёрхудоӣ олудаанд, бархе бо тавҳид ва ваҳдати вуҷуд), вале муҳимтарин хусусияти адёни ҳиндуориёӣ инсонпарварӣ ва ахлоқмеҳварии онҳост. Яъне, дар маркази таълимоти ин адён масъалаи саодати инсон аз тариқи поксозиву

камолоти нафс қарор гирифта, инсон ва ахлоқи вай аз муҳимтарин масоили фалсафию динӣ ба ҳисоб меравад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Буддизм. Словарь. Под ред. Жуковской Н.Л., Игнатовича А.Н., Корнева В.И. М., 1992.
  4. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  5. Фишер Р. Искуство буддизма. М., 2001.
  6. Народныи религии мира. Энциклопедия. М., 1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *