Фанни Диншиносӣ

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ

Исломи муосир ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои исломӣ

  1. Кишварҳо исломии муосир ва таносуби аҳолии онҳо
  2. Созмонҳои байналмилалӣ, ҳаракатҳо ва фирқаҳои муосири исломӣ
  3. Ҳаракатҳо ва фирқаҳои навзуҳури исломӣ

1. Кишварҳо исломии муосир ва таносуби аҳолии онҳо

Ислом имрӯз яке аз се дини бонуфуз ва аз адёни ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пайравонаш мувофиқи оморҳои созмонҳои исломӣ ҳоло зиёда аз як миллиардро ташкил дода, дар 128 кишвари дунё сукунат доранд. Аз ҷумла, дар зиёда аз 40 кишвар мусулмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақалияти бонуфузро ташкил медиҳанд. Онҳо минтақаи васеъеро дар қитъаҳои Осиёву Африқо, чун Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқои Шимолию Марказӣ ва ғайраро дар ихтиёр доранд. Ақалиятҳои исломӣ дар қитъаҳои Амрико ва Аврупо, дар баъзе ҷойҳо таърихан муқимӣ, чун Албания, Булғористон ва Югословӣ ва дар баъзеи дигар чун тозамуқимии муҳоҷир зиндагӣ мекунанд.

Аз рӯи афзоиши аҳолӣ низ ин кишварҳо дар яке аз ҷойҳои аввал меистанд. Аз ҷиҳати сарватҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои исломӣ аз мавзеъҳои ҷуғрофии хеле бойи олам ба шумор мераванд. Танҳо дар Халиҷи Форс, манотиқи наздибаҳрии кишварҳои Шарқи Наздик ва то ҳудудҳои баҳри Каспий 70% захираҳои нафти ҷаҳонӣ ва зиёдтар аз 40% захираҳои гази табии ҷаҳон ниҳон мебошанд. Аҳолии афзояндаи минтақа бошад, манбаи арзони қувваи корӣ ба шумор меравад. Диққати бисёр кишварҳои абарқудратро маҳз ҳамин сарватҳои табиӣ бештар ба худ ҷалб месозад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама сарватҳои фаровон ва мавқеи афзалиятноки ҷуғрофӣ имрӯз тараққиёти иқтисодию технологии кишварҳои исломӣ дар сатҳи поин қарор дорад. Нишондиҳандаҳои

иқтисодӣ ва истеҳсолии онҳо дар якҷоягӣ ночиз ва барои бозори рақобатноки имрӯза номуҳим ба назар мерасанд. Даромади умумии миллии кишварҳои исломӣ дар маҷмӯъ тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ дар бораи пешрафти иқтисоди ҷаҳон дар соли 2009-ум, тақрибан мувофиқи табодули асъор 2 трлн. доллари амрикоиро ташкил медод. Ин рақам аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳамагӣ 5%-ро дар бар мегирад. Он дар маҷмӯъ баробари даромади умумии миллии солонаи як кишвари Фаронса ва қариб ниммилиард доллар камтар аз давлати Олмон мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти миёнаи дохилии кишварҳои исломӣ бошад, боз ҳам аз ин камтар аст.

Сабаби ин қафомониро муҳаққиқон дар истифода нашудани технологияи нав дар истеҳсолот, набудани ихтироот, набудани навоварии илмӣ, пойбанди таълимотҳои куҳнаи асримиёнагӣ мондани ҷомеа, рушд накардани илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар ин кишварҳо ва ғайраҳо медонанд. Кишварҳои исломиро лозим аст, ки дар ин самт чораҳои муҳим андешанд.

Маркази таърихии кишварҳои исломиро 23 давлати арабӣ ташкил медиҳад ва дар онҳо 320 млн. аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Давлатҳои асосии ин минтақа аз рӯи нуфуси аҳолӣ Миср ва аз ҷиҳати иқтисодӣ Арабистони Саудӣ мебошанд. Ба сифати минтақаи дуюми кишварҳои исломӣ бошад, қисмати осиёии онро ном бурдан мумкин аст, ки ба он 15 давлат аз Туркия то Бруней дохил мешаванд. Ин аз ҳама минтақаи сераҳолитарини кишварҳои исломӣ ба шумор меравад ва дар он қариб 770 млн. аҳолӣ зиндагӣ менамояд. Аз чиҳати иқтисодӣ ин минтақа аз кишварҳои арабӣ дида пешрафтатар аст, ба он 53% даромади миёнаи миллӣ ва 55% табодули молҳои тиҷоратии кишварҳои исломӣ рост меояд. Аз ҳама кишварҳои сераҳолитарини ин минтақа ва умуман олами ислом Индонезия, Покистон ва Бангладеш мебошанд. Кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта Туркия, Эрон ва Индонезия ба шумор мераванд. Аз рӯи табодули молу ашёи тиҷоратӣ бошад, дар байни кишварҳои исломӣ Малайзия дар ҷои аввал меистад.

Қитъаи Африқо низ барои кишварҳои исломӣ минтақаи муҳим ба шумор меравад. Дар ин қитъа 20 кишвари исломӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар онҳо тақрибан 330 млн. аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки ин шумора аз шумораи кишварҳои арабӣ зиёдтар мебошад. Сатҳи тараққиёт ва пешрафти ин кишварҳо аз ҳама поинтар буда, минтақаи нисбатан қафомондаи кишварҳои исломӣ ба шумор мераванд. Дар байни кишварҳои мусулмонии Африқо Нигерия то андозае ҷойгоҳи муайян дорад. Дар дигар манотиқи боқимонда бошад Албанияро дар Аврупо ва ду кишвари дигар дар Амрикои Марказӣ – Суринам ва Таянаро ном бурдан мумкин аст, ки на он қадар аҳолии зиёди мусулмонро дар бар мегиранд.

2. Созмонҳои байналмилалӣ, ҳаракатҳо ва фирқаҳои муосири исломӣ

Ҳамин тариқ, олами ислом ва кишварҳои исломӣ имрӯз таркиби бағоят гуногунранг дошта, муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо низ ҳамин гуна мураккаб ва пуртазод мебошанд.

Дар кишварҳои мусулмонӣ, инчунин созмонҳои зерини байналмилалии исломӣ амал мекунанд:

Созмони ҳамкории исломӣ, қаблан — Созмони конфронси исломӣ, ин созмони байнидавлатии кишварҳои Осиёву Африқо соли 1969 ташкил шуда, 44 давлат ва Созмони озодибахши Фаластинро дар бар мегирад. Органи олии ин созмон Конфронси сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад.

Анҷумани олами исломӣ — ин созмон соли 1926 дар Макка ташкил шуда, дар 67 кишвар намояндагӣ дорад. Созмон мақоми созмони ғайриҳукуматии машваратӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва мақоми нозирро дар Созмони Конфронси Исломӣ дорад.

— Лигаи олами исломӣ — соли 1962 дар Макка ташкил ёфта, созмони ғайриҳукуматии байналхалқии исломӣ мебошад.

Дар шароити ҳозира ғайр аз ин се созмони муътабаре, ки ёд шуд, боз чандин созмону ташкилотҳои байнидавлатӣ, минтақавии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву илмӣ, маданию фарҳангӣ ва ғайра амал мекунанд. Ба ин қатор Бонки исломии рушд, Мухобироти байналхалқии исломӣ, Созмони исломӣ оид ба таълим ва маданият, Маҳкама (Суд)-и адолати исломӣ ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, дар шароити ҳозира, бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва ҳанӯз ҳам ба сатҳи имрӯзаи пешрафти илмию техникӣ нарасидани аксари кишварҳои мусулмонӣ, ислом яке аз динҳо ва идеологияҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда ва кишварҳои исломӣ дорои имконоти азими иқтисодӣ ва захираҳои табиӣ мебошанд. Рушди иқтисодию иҷтимоии як қатор кишварҳои исломӣ, аз қабили Туркия, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувейт, Индонезия, Малайзия ва ғайраҳо далолат бар он мекунанд, ки аз лиҳози илмию фарҳангӣ ва ҳатто технологӣ, кишварҳои исломӣ имкони расидан ба сатҳи имрӯзаи тараққиётро низ доранд ва пайи он бояд кӯшиши пайваста намоянд.

3. Ҳаракатҳо ва фирқаҳои навзуҳури исломӣ .

Тайи солҳои охир дар манотиқи гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоие рӯи кор омадаанд. Аз байни ин равияҳои динии исломӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин дар Тоҷикистон ва манотиқи дигари мусулмоннишини пасошӯравӣ ваҳҳобия, равияи салафия, Ҳизби таҳрир, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ҷамоати Таблиғ, Ансор-ул-лоҳ ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки гоҳе ошкоро ва бисёрии вақт ба таври пинҳонӣ кору фаъолият мебаранд. Доираи асосии фаъолияти ин ҳаракатҳо бештар дар байни ҷавонон ва наврасон буда, аз эҳсоси эътиқодиву маърифати сусти динии онҳо истифода мебаранд. Яке аз чунин ҷунбишҳо ҳаракати ваҳҳобия мебошад.

Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ дар асри XVIII ба вуҷуд омад. Асосгузори ин наҳзат Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1792), яке аз пешвоёни мазҳаби ҳанбалӣ буд. Сарчашмаи ғоявии ваҳҳобия барвақтар аз тарафи яке аз уламои машҳури ҳанбалӣ Ибни Таймийя (1262-1328), дар асри ХIII таҳия шуда буд. Асли таълимоти ваҳҳобияро дар зоҳир гӯё поксозии ислом аз тариқи бозгашт ба исломи ибтидоии даврони паёмбари ислом Муҳаммад ташкил мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бо боқимондаҳои бутпарастиву бисёрхудоӣ, ки баъдан дар ислом ба зиёрати ҷойҳои муқаддас, шайху эшону авлиёҳо ва ғайра ба ақидаи онҳо гӯё ба шакли парастиш роҳ ёфта буданд, аз иқдомот ва таблиғоти аввалии ваҳҳобиён буд. Ваҳҳобиён талаб мекарданд, ки танҳо ба Қуръон эътимод бояд кард, нисбат ба суннат фақат ба он ҳадисҳое эътимод қоил буданд, ки дар давраи чор халифи аввал -хулафои рошидин- маълум ва эътироф шуда буданд. Баргашт ба тавҳиди беолоиш, ба қавли онҳо, асоси худошиносии ваҳҳобиёнро ташкил мекунад. Аз ин нуқтаи назар онҳо хеле ҷиддию қотеъона ба тасаввуф мухолифат ва мубориза бурданд. Нафрати эшон нисбат ба ақоиди суфия ба ҳадде расида буд, ки баъзе дуоҳо ва муноҷоти онҳоро, ки дар рӯи мақбараҳои авлиё хонда мешуд, бидъат шумориданд ва манъ карданд. Мегӯянд, ки парастиши авлиё ва қубури эшон худ навъи дигаре аз ширк аст. (Ҳоло он ки ин тавр нест, дар асл онҳо барои парастиш не, балки ҳамчун авлиё яъне дустони Худо барои зиёрат мераванд). Ба ҳамин сабаб нахустин бор, ки дар соли 1806 ба шаҳри Макка даст ёфтанд, мақбараҳои бузургон ва саҳобаҳоро, ки зиёратгоҳи ҳоҷиён буд, вайрон сохтанд. Чун дуввумин бор дар соли 1924- 1925 султони Ҳиҷозро мағлуб карда, давлати саудии арабӣ бо сардории Абдулазиз ибни Сауд барқарор карданд, ҳатто хонае, ки Муҳаммад (с) таваллуд шуда буд, вайрон карда, осору нишонаҳои хонадони саҳобаҳои Муҳаммад (с)-ро дар қабристони шаҳри Мадина хароб намуданд. Хулоса, назарашон бар он буд, ки ҳар ақида ва мабдае, ки дар ислом мутобиқи матни возеҳи Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ набошад, ба фикри онҳо куфри маҳз аст.

Ваҳҳобия аз назари иҷтимоию сиёсӣ идеологияе буд, ки ҷиҳати барқарор кардани ҳукумати хонадони Саудиён равона шуда буд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аз дастгирии пешвои наҷдиён Муҳаммад ибни Сауд бархурдор буд. Ғояҳои ислоҳотии Абдулваҳҳоб нерӯи муҳаррики аҳдофи сиёсии хонадони Саудиён гардид. Солҳои баъдина иддае аз ҳаракатҳои навбаромади исломӣ ғояҳои ваҳҳобияро дар манотиқи берун аз кишварҳои арабӣ роҳандозӣ карданӣ мешаванд, ки он ба мухолифат бо мазҳабҳои анъанавӣ оварда мерасонад. Зеро, он чӣ ваҳҳобиён талаб мекунанд, фақат хоси фарҳанги арабист ва дар муҳити Арабистон вуҷуд дошт. Дар фарҳанг ва рӯзгори мардумони дигар бошад, чизҳое ҳастанд, ки айнияти онҳоро дар муҳити фарҳангии Арабистон пайдо кардан мумкин нест. Мусаллам аст, ки намунаи онҳо дар Қуръон ва Суннат низ вонамехӯранд ва роҳи ҳалли онҳоро тавассути қиёс, иҷмоъ ва урф пайдо кардан мумкин аст, ки уламои гузаштаи ҳанафӣ ин корро кардаанд.

Ҳаракати дигари навбаромад дар кишварҳои мусулмоннишини Осиёи Миёна ҳаракати с а л а ф и я мебошад. Салафиҳо худро пайравони

«салафи солеҳ» аз калимаи арабии «салафа» «гузаштагони накӯкор» муаррифӣ намуда, аслан (гӯё, ки) ба исломи замони муҳаммадӣ ва давраи саҳобагон баргаштанро иддао доранд. Аслан ин ҳаракат аз рӯи ғоя ва ақидааш идомаи ҳамон ваҳҳобия аст. Ҳадафашон(гӯё, ки) тозагӣ ва покии исломи аввал мебошад. Онҳо дар иҷрои баъзе фароизи динӣ бо исломи суннатӣ ихтилоф варзида, масоили дигаре, аз қабили зиёрат кардани мазорҳо, хондани оятҳои Қуръон дар сари қабрҳо, хайру садақа кардан ба арвоҳи гузаштагон ва ғайраҳоро инкор мекунанд.

Ҳаракати дигари мазҳабие, ки худро ҷунбиши исломӣ медонад, ба фаъолияти ҳизби ифротию сиёсии динӣ – Ҳ и з б и т а ҳ р и р тааллуқ дорад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле фаъол шудааст. Он ҳанӯз дар охирҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба манотиқи мусулмоннишини ин кишвар, махсусан ба Ӯзбекистон роҳ ёфта, баъдтар дар дигар ҳамсоякишварҳо низ паҳн шуда буд. Аз таърихи пайдоиши ин ҳизб маълум мешавад, ки он аз тарафи Тақийуддини Набҳонӣ (1909-1977) ва пайравонаш Абдулқадими Заллум, Раҷаб Биюзӣ ва Асъад Биюзӣ соли 1953 дар Урдун таъсис ёфтааст.

Аз аввали пайдоишаш ин ҳизб худро ташкилоти сиёсии аҳли суннат ва ҷамоат муаррифӣ намуда, баргаштан ба тарзи ҳаёти исломӣ дар асоси меъёрҳои шариатро ҳадафи худ қарор медиҳад. Барои ба ин ҳадаф расидан ташкили хилофати исломиро, ки ҳамаи кишварҳои мусулмониро муттаҳид созад.

Ташкилот ё ҳаракати динии дигаре, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир хеле фаъол шудааст, ҷамоати Таблиғ мебошад. Пайравони ин ҳаракат худро аз фаъолияти сиёсӣ канора гирифта, ҳадафашонро аз таблиғи фазилатҳо ва муқаррароти исломӣ иборат медонанд. Маркази ин ҷамоат дар шаҳри Деҳлӣ қарор гирифтааст. Муассис ва бунёдгузори он Муҳаммад Илёси Кондеҳлавӣ (1886-1946) мебошад.

Ташкилоти дигаре, ки дар Осиёи Миёна баъд аз солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолияти сиёсӣ мебарад, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) мебошад. Ин ташкилоти исломӣ соли 1996 аз тарафи аъзоёни аҳзоби манъшудаи собиқи Ӯзбекистон, аз қабили «Ҷамъияти адолат»,

«Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари ислом» ва ғайраҳо таъсис ёфтааст.

Дар бисёр кишварҳо Ҳизби исломии Ӯзбекистон ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шудааст. Дар худи Ӯзбекистон пайравон ва ҳаводорони ин ҳизб пайгирӣ ва бозҷӯии ҷиддӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо дар хориҷа буда, маркази идории он то шурӯи амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон қарор дошт.

Дар Тоҷикистон ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо бо қарори Суди Олӣ ҳамчун ҳаракати экстремистиву ифротӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо манъ карда шудааст.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо — Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. — Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  4. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  5. Додихудоев Х. Очерки философии исмаилизма. Душанбе: Дониш, 1976.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.
  7. Одинаев Я.К. Коран: философство – этическое учения. Душанбе: 1990.
  8. Рочи Фазуллоҳ. Таърихи ислом. Душанбе, нашр хусусӣ.
  9. Шамолов А.А. Аҳвол, осор ва афкори Имоми Аъзам. – Душанбе, 2009.
  10. Шарль Р. Мусулманьскиое право. М., 1959.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *