Фанни Адабиёт

Иқболи Лоҳурӣ – нуктасанҷи ховарӣ

Хуш биё, эй нуктасанҷи ховарӣ, Эй, ки мезебад туро ҳарфи дарӣ.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин суханварони форсизабон ва мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд буда , бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондўстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол менамояд. Ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таълифоти гуногуншаклу мухталифмазмуни Иқболи Лоҳурӣ аз дер боз боз мавриди таваҷҷўҳу омўзиш ва таҳқиқи пажўҳишгарони Шарқу Ға рб, ба вижа аҳли таҳқиқи Ҳинду Покистон, Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Онҳо доир ба Муҳаммад Иқбол ва осору афкори ў мақола ва рисолаҳои зиёде навишта, нисбат ба вай унвонҳо, таъбирҳои баланд, суханони тавсифомезе, амсоли шоъири Машриқзамин, ҳакими миллат, лисонулмиллат, тарҷумони ҳақиқат, мутафаккири баландмақом, бузургтарин файласуфи айёми мо, бузургтарин шоъири форсизабони асри мо, файласуфи мумтоз, муҷаддиди адабиёт, Румии аср, мутафаккиру шоъири забардасти Шарқ, яке аз симоҳои дурахшонтарини адабиёти исломии айёми мо, сари суханварони асри ҷадиди забони форсӣ ва монанди инҳоро кор мефармоянд, ки ин бесабаб набуда, як навъ хулоса ва ё на итҷагирии он пажўҳишгарон аз таҳқиқоти доманадорашон мебошад. Таъсир ва шўҳрати назми Муҳа мма д Иқболи Лоҳурӣ дар шуъуру рўҳияи рўшанфикрони мусулмони ҷаҳон, бахусус мусалмонони форсизабон хеле зиёд аст.

Чунон ки ма ълум а ст, за мони зинда гии Муҳаммад

Иқболи Лоҳурӣ ба чаҳоряки охири қарни Х1Х ва нимаи аввали қарни ХХ рост меояд, ки дар ин давра ҷараёни ба зери тасарруфу тасаллути Англия гузаштани нимҷазираи Ҳинд (соли 1856 анҷом меёбад) ва дар тамоми ин сарзамин ҳукмронии империяи Бритонияи Кабир барқарор ва тартибу усули фа рмонфармоии он ҷорӣ мегардад. Пас аз соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ мустамликадорон дар Ҳиндустон низому усули нави идоракунӣ, андозгирӣ, додрасиву қазоӣ ва тарзи англисии таҳсилро татбиқ менамоянд. Истифодаи забони форсӣ дар муассисаҳои қазоӣ, додрасӣ ва мурофеъаҳои додгоҳӣ манъ карда мешавад. Амалӣ намудани чунин тадбирҳо ва баъзе чорабиниҳои дигар боиси торафт а фзуда ни нуфузи за бони а нглисӣ чун забони расмии маъмурӣ ва коргузорию таҳсилот ва дар айни замон коста шудани мақоми дар гузашта баланди забони форсӣ ва рўз то рўз маҳдуд шудани доираи корбасти он мегардад. Агар то вақти ба мустамликаи Англия табдил ёфтани нимҷазираи Ҳинд нишонаи маълумотнокии олӣ ва зиёии мутамаддину замонавӣ будан донистани ду забон: — санскрит (ҳиндии қадим) ва форсӣ (ки чун забони муъоширату иртиботи байни халқҳо истифода бурда мешуд) дониста мешуд, пас аз тасаллути истеъморгарони аҷнабӣ забони англисӣ ҳамчун забони ра смии ин муста млика рўз то рўз доира и истифода и забони форсиро маҳдудтар месохт.

Британия барои суст кардани таъсир ва нуфузи дини мубини Ислом дар ҷомеъаи нимҷазираи Ҳинд зарбаи сахт ва ҳалокатоварро ба пайкари забони форсии дарӣ зад ва соли 1836 милодӣ ин забони муқтадир ва малакутиро аз мақоми забони давлатӣ ва илму адаб барандохт ва забонҳои англисӣ ва ҳиндиро ҷонишини он сохт. Аз ҳамин ҷо буд, ки мақом ва манзалати забони форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ суст гардид ва аз ривоҷу равнақ монд. Ин фоҷиъа ва ҷинояти бузургест, ки аз ҷониби истеъморгарони англис дар ин сарзамини бостонӣ содир га рдид. Да р ин бора донишманди покистонӣ, доктор Сайид Муҳаммади Акрам бо надомат ва оҳу фиғон гуфтааст:

«Забоне, ки барои аъсори мутаволӣ (асрҳои тўлонӣ) забони расмии кишвар буд, забоне, ки ёд гирифтани он муҷиби ифтихор ва мубоҳот шуморида мешуд, забоне, ки азизтар аз забони мазҳабӣ ба шумор мерафт, забоне, ки аз забони модарӣ ҳам ширинтар пиндошта мешуд, забоне, ки забони шеър буд, забони завқ буд, забони дил буд, забони рўҳ буд, дар диёри худ ғариб, аҷнабӣ ва ношинос гардид. Ин достонест ғамангез ва риққатафзое, ки қалам бар он мегиряд».

Тибқи маълумоти таърихнигорон ҳукумати Британия ва истеъморгарони англис дар давраҳои аввали ҳукмронии худ дар нимҷа зира и ма зкур нисба т ба мусулмонон, ки охирин сулолаи ҳукмрони онҳо Темуриёни Ҳинд буд ва мавҷудияти ҳокимияти он расма н соли 1 8 0 3м илодӣ қатъ гардид, муносибати душманона доштанд ва онҳоро душмани ашадии худ мешумориданд. Бинобар ин онҳо ҳамчунин нисбат ба ойину забони расмӣ ва эътиқоди мусулмонон ва сулолаи Темуриёни Ҳинд, яъне дини Ислом ва забони форси дарӣ ҳам мутанаффиру бадбин буданд. Истеъморгарони англис, чуноне ки қайд кардем, бо мақсади маҳдуд сохтани нуфузи дини мубини Ислом ва доираи истеъмоли забони форсӣ ба эҳёю ривоҷи расму ойини дини ҳиндуӣ ва равнақу инкишофи забонҳои нави Ҳиндустон мадад мерасонанд ва мусоида т мекуна нд. Яке а з чунин за бонҳои на в — забони урду мебошад, ки дар охирҳои қарни ҳаждаҳуми милодӣ дар заминаи забони форсӣ арзи зуҳур намуда, дар нимаи аввали қарни нуздаҳум ба сифа ти за бони мустақилу давлатӣ шинохта мешавад. Муҳаммад Иқбол як қисми осори худ, махсусан осори давраи аввали эҷодиёташро ба ҳамин забони тоза бунёд на вишта, да р роҳи ривоҷу ра внақи адабиёти урдузабон саҳми назаррас гузошта, дар таърихи ин адабиёт мақоми баландро ишғол кардааст.

Бо вуҷуди ҷой дошта ни чунин ва зъи ногувор сунна ти бисёр ға ниву пойдор ва қадимиву доманадори забону адабиёти форсии дарӣ да р нимҷазираи Ҳинд имконият надод, ки онҳо ба зудӣ аз байн бираванд. Аз ин ҷост, ки сарфи назар аз танг гардидани доираи истифодааш забони форсӣ дар ин давра ҳам дар миёни адибону донишмандон ҳамчунон барқарор мемонад ва иддае аз адибон дар радифи забони модариашон бо забони форсӣ низ осори пурарзиши манзум офарида, суннатҳои наҷиби асрҳои пешинро идома додаанд. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо баландии мақому аҳамияти бузурги осораш аз зумраи ҳамин адибон ба шумор меравад, ки да р ҷодаи эҳё ва пос дошта ни за бони форсии дарӣ хидматҳои бузургеро анҷом дод.

Бояд ёдовар шуд, ки Муҳаммад Иқбол ба вазъи номусоид ва шароиту аҳволи номувофиқу номатлуби охирҳои қарни Х1Х ва нимаи аввали қарни ХХ дар сарзамини Ҳиндустон мавҷудбуда нигоҳ накарда, қисми зиёди осори манзуми шомили афкори муҳиму арзишманди иҷтимоию сиёсӣ ва фа лса фиашро бо забони форси да рӣ таълиф кард. Ин асарҳои шоъири шаҳир аз маснавиҳои «Асрори худӣ», «Румузи беҳудӣ», маҷмўъа ё девони ашъори «Паёми

Машриқ», маҷмўъаи «Забури Аҷам», манзумаи

«Ҷовиднома», маснавии «Мусофир», маснавии «Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?» , маҷмўъаи «Армуғони Ҳиҷоз» ва амсоли ин иборат буда, масъалаҳои муҳиму рўзмарраи иҷтимоию сиёсӣ, тарбиявию ахлоқӣ, фалсафию маънавӣ ва ҳаётии ҷомеъаи замони муъаллифро инъикос менамоянд.

Ка й ба омўхта ни за бони форсӣ шуғл варзидани Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки за бони аслии мода риаш панҷобӣ буд, равшан маълум нест. Эҳтимол дорад, ки он аз муҳити хонаводаи ў оғоз гардида бошад. Зеро падари шоир аз ҷумла и мўътақидон ва дўстдорони осори шоъирони бузурги порсигў, амсоли Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар суханварони мутасаввиф буда, пайваста дар вақтҳои холигиаш а з кори тиҷорат ашъори онҳоро мутолиъа мекардааст. Муҳаққиқон ва пажўҳишгарони шарҳи ҳоли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ навиштаанд, ки шоъир ҳангоми дар мадрасаи ибтидоӣ таҳсил на муда на ш да р бароба ри за бонҳои а ра биву урду забони форсиро аз донишманди маъруфи он айём Мавлавӣ Мир Ҳаса н меомўза д ва бо та швиқ ва раҳна моии ў ба суруда ни шеър ба за бони урду шурўъ мекуна д. Шояд Муҳаммад Иқбол ба ъди соли 1895 милодӣ ба Коллеҷи Лоҳур барои фарогирии маълумоти олӣ ворид гардиданаш, бо забони форсӣ шеър гуфта бошад. Аз ин давра аз шоъир а бёти па рока нда ба за бони форси да рӣ боқӣ мондааст. Ошноӣ бо фа ъолият ва омўзиши осори а ллома Иқболи

Лоҳурӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди дар байни солҳои 1904 – 1914 милодӣ бештари вақти худро ба омўзиши тадрис ва таҳқиқи осори мутафаккирони машҳурии исломии Шарқ: Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ибни

Рушд, Маҳмуди Шабистарӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таърихи адабиёти форсӣ, афкори фалсафии Ға рб ва эҷоди а шъор ба за бони урду са рф кардан, ў сари ҳар чанд вақт ба забони форсӣ ҳам ашъори диловезу дилнишин сурудааст. Ин суханвари тозахаёлу дурандеш ҳанўз дар шеърҳои дар ҳамин давра навиштааш ба мардуми мусалмони Шарқ хитоб менамояд, ки бедор шаванду ба таҳаввулоти ҳаёт бо дидаи ибрат нигаранд ва аз сиёсати золимонаи истеъморгарону беадолатиҳои онҳо огоҳ гардида, хулосаи зарурӣ бароранд. Ў аз ситаму истисмори мустамликадорони ситамгар ва мақому мартабаи бузурги дар ҳаёту ҷомеъа доштаи халқҳои зердасту заҳматкаши Машриқза мин ва аҳамияту зарурати аз озодиву истиқлолият воқиф сохта ни ма рдумони кишварҳои Шарқро а з ҷумлаи вазифаҳои асосии шеър ва рисолати шоъир медонад. Аз ин

нуқтаи назар ва таҷассуми чунин ҳадафҳову матолиб нахустин маснавиҳои нисбатан муфассали форсии фалсафии Муҳаммад Иқбол «Асрори худӣ» (таълифаш соли 1915) ва «Румузи бехудӣ» (таълифаш соли 1917) ҷолиби диққат ва дорои аҳамияти бузург мебошад.

Азбаски «Асрори худӣ» аввалин маснавии калонҳаҷми аллома Иқболи Лоҳурӣ дар мавзўъи барои ў тоза ва ба забони форсиии ғайри забони модарии вай, ки забони панҷобӣ буд, бинобар ин шоъир дар қисмати даромади маснавӣ аз робитаи маънавии худ бо Ҷалолуддини Румиву Аттори Нишопурӣ, баландии ҳиммат ва ҷасорату далерии хеш дар бораи ба забони форсӣ дар чунин як мавзўъи фалсафаи мураккаб асар навиштани худ сухан ба миён оварда, ба таври бисёр хоксорона ва узрхоҳона изҳор мекунад, ки матлаб ва мақсади ў аз таълифи ин маснавӣ на ҷилвагар сохтани маҳорати суханварию ҳунари шоирӣ, балки ба забон гуворои форсии барои ў бегона, вале дархўри баёни афкори баланди вай тасвир намудани андешаю ақидаҳои шоири адолатҷўю инсонпарвар мебошад:

…Ҳиндиям, аз порсӣ бегонаам, Моҳи нав бошам, тиҳипаймонаам. Ҳусни андози баён аз ман маҷў, Хонсору Исфаҳон аз ман маҷў. Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст, Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. Фикри ман аз ҷилвааш масҳур гашт, Хомаи ман шохи нахли Тур гашт. Порсӣ аз рифъати андешаам, Дархўрад бо фитрати андешаам. Хурда бар мино магир, эй ҳушманд, Дил ба завқи хўрдаи мино бубанд.

Чунон ки мебинем, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин ҷо аз хусуси дар сароидани ашъори порсӣ навмашқ (моҳи нав ) будани худ ва дар ин маснавӣ ба таври хеле кам истифода бурда шудани обу ранги бадеъӣ ва ороиши сухан изҳори ақида намуда, таъкид мекунад, ки бо назардошти чунин вазъ аз эрод гирифтан ба назми маснавии ў сарфи назар бояд кард.

Ага р мо суха нони да р боби за бони форсӣ гуфтаи аллома Иқболи Лоҳуриро бо диққат аз назар гузаронем, хоҳем дид, ки яке аз сабабҳои ба забони форсӣ рў ова рдану бо ин за бон навишта шудани муҳимтарин асарҳои шоир ин ба осори дар тайи қарнҳо бо ин забон офаридашуда дилбастагӣ доштану аз он матолиби дилхоҳи хешро пайдо карда тавонистан ва бо суннату анъанаҳои адабиёти оламгири форсӣ содиқ будани ў мебошад. Муҳаммад Иқбол дар номаи дар таърихи 26 августи соли 1932 ба унвони донишманди маъруфи эронӣ, профессор Саъид Нафисӣ навиштааш ба мақоми забони форсӣ чунин баҳои баланд додааст: «Ягона маҳсули зарранамои вуҷудро сухани форсӣ медонам» (Ниг. Иқбол аз назари эрониён, мураттиб Хоҷа Абдуҳамиди Ирфонӣ, Қарочӣ, 1957, саҳ. 106).

Сабаби дигари ба забони форси дарӣ дар таълифи осори фалсафии худ муроҷиъат намудани Муҳаммад Иқбол дар он аст, ки имкониятҳои ин забони малакутӣ барои баёни матолиби ривоҷдошта и он рўзгор фа сеҳтару ширинтар ва барои дар навъҳои гуногуни назм инъикос намудани ҳар гуна мавзўъ мувофиқтару муносибтар буд. Сайид Муҳаммадалии Фахри Доиюисломи Гелонӣ, ки на хустин муҳаққиқи осори форси Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар Ҳиндустон буд, роҷеъ ба сабаби ба забони форсӣ бештар таълиф ёфтани асарҳои Муҳаммад Иқбол ва ба ин забон таваҷўҳи махсус зоҳир сохтани шоъир чунин навиштааст:

«Доктор Иқбол охир эҳсос намуд, ки қолаби урду барои ифодаи афкори васеъи ў танг аст ва фақат форсӣ, ки забони оми Осиё ва забони илмии қадимии дунё буда, метавонад хизонаи ганҷи тасаввуроти ў бошад. Аз ин ҷиҳат чанд сол аст, ки афкори олияи худро дар қолаби форсӣ мерезад ва тўтии шаккаршикан шуда ё булбули Шероз гаштааст». (Ниг.

Иқбол аз назари эрониён, саҳ. 106).

Дар ҳақиқа ,т шоъир ва мута фа ири бузурги исломӣ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ният ва бовар дошт, ки тавассути асарҳои форсиаш на танҳо ба дили халқҳои Ҳинду Покистон, балки ба дили мардумони мусалмони дигар кишварҳои Аҷам, аз қабили Афғонистон, Эрон ва Туркия роҳ ёфта, онҳоро ба муқобили истеъморгарони Ғарб муттаҳид менамояд ва барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлолият раҳнамун месозад: Аҷам аз нағмаам оташ ба ҷон аст, Садои ман дарои корвон аст.

Худоро тезтар хонам чу Урфӣ, Ки раҳ хобидаю маҳмил гарон аст.

Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Иқбол мехост ва ба чунин хулосае ҳам омада буд, ки забонии форсии аз истифода бароварда ва маҳдудсохтаи истеъморгарони англисро аз вартаи ҳалокат кашида, бар зиддди сиёсати ғайриинсонии пешгирифтаи онҳо нигаронад ва дар айни замон мардумони мустамликаҳоро аз макру найранги истеъморгарон огоҳ созад. Илова бар ин, Муҳаммад Иқбол нисбат ба забони форсӣ ҳамчун ба забони тамаддуни қадимию доманадори саршори афкори умумиинсонӣ ва забони интишори дини мубини Ислом ва дуввумин забони расмии тамаддуни исломӣ эҳтироми фаровон мегузошт ва арзишу аҳамияти зиёд қоил буд.

Агарчи Муҳаммад Иқбол дар маснавии «Асрори худӣ» ба таври хеле хоксорона аз забони форсӣ огоҳиии комил надоштан ва аз воситаҳои тасвири бадеъӣ ба таври зарурӣ истифода набурданашро ёдоварӣ мекунад, аммо дар ҳақиқат, дар ашъори диловезу гирои ў ягон лафзе ё таркибе ба назар намерасад, ки аз доираи қоидаи сарфу наҳви забони адабии форси дарӣ каме ҳам берун бошад. Мутолиъаи осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ нишон медиҳа д, ки ў бештар ба ба ёни ма ънӣ ва фикрҳои баланду бикр диққати зарурӣ дода, ба истифодаи санъатҳои шеърӣ ва воситаҳои тасвири бадеъӣ эътибори махсус намедиҳад. Дар ҳар сурат, ба тавассути осори Муҳаммад Иқбол дар муҳити Ҳинд ба қолаби забони форсӣ рўҳи тоза медамад ва он ба шакли забони адабӣ аз нав зинда мегардад. Донишманди маъруфи эронӣ Муҳаммад Ҳусайн Машоихи Фариданӣ ба ҳамин хидмати шоистаи ситоиши Муҳаммад Иқбол ишора намуда, навиштааст: «Иқбол забони форсиро, ки дар он аср фақат барои навиштани лавҳи қабр ва кутуби мазор ё нусхаи ҳакимони юнонӣ ба кор мерафт, дубора ба шакли як забони адабӣ зинда кард» (Ниг. Иқбол аз назари эрониён, саҳ.

28).

Бо мурури замон бар асари саъю кўшиш ва омўзиши пайваста забондонии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ такмил ёфта, мукаммалтар мегардад ва маҳорати суханварии ў бештар инкишофу рушд меёбад. Адабиётшиноси покистонӣ Манзурулҳақ роҷеъ ба саҳми Муҳаммад Иқбол дар ривоҷу равнақи шеъри форсӣ дар Ҳинду Покистон чунин мегўяд:

«Шеъри порсӣ дар Ҳинду Покистон ба вуҷуди марҳум Муҳаммад Иқбол музайян ва ороста шуд. Вай на танҳо яке аз бузургтарин шуъарои порсигўйи Покистон маҳсуб мешавад, балки бояд ўро беҳтарини шуъарои порсигўйи асри ҳозир шумурд. Вай на танҳо забону адабиёти порсиро дар Ҳинду Покистон зинда нигоҳ дошта ва онро тарвиҷу равнақ дода, балки шеъри порсиро ба мунтаҳои камол расонидааст» (Ниг. Манзуррулҳақ. Шеъри форсӣ дар аҳди ҳозир, маҷаллаи «Ҳилол», моҳи ноябри соли 1953, саҳ. 48).

Худи Муҳаммад Иқбол дар манзумаи «Ҷовиднома» (таълифаш солҳои 1929-1932), дар бораи ба ҳадди камолот расидани маҳорати суханварӣ ва забондонии худ ишорае дорад. Мувофиқи тасвири ин асар шоъир ҳангоми бо ҳамроҳии рўҳи Ҷалолуддини Румӣ сайру гашт намуданаш дар «Кохи салотини Машриқ» бо шоҳи бузурги Эрон Нодиршоҳи Афшор дучор меояд, ки ў Муҳаммад Иқболро бо чунин суханон хайра мақдам мегўяд:

Хуш биё, эй нуктасанҷи ховарӣ Эй, ки мезебад туро ҳарфи дарӣ. Маҳрами розем, бо мо роз гўй, Он чӣ медонӣ зи Эрон боз гўй.

Ин ишора а з он гувоҳӣ медиҳад, ки каломи форсии Муҳаммад Иқбол мисли суханварони бузурги забони форсии дарӣ пухта, гуворо ва пурмўҳтаво мебошад ва нозукию зебоӣ ва ширинию хушоҳангии ин забонро ҷилвагар месозад.

Ў дар маснавии қаблан ёдоваршудааш дар бораи дар фалаки Миррих бо мунаҷҷими донишманди порсигў ҳамсўҳбат гардидани худ таваққуф намуда, забони осмониву фариштагон, забони сокинони Миррих будани порсии дариро зикр мекунад:

Ошнои расму роҳи ҳар тариқ, Ошкор аз чашми ў фикри амиқ. Одамиро диду чун гул баршукуфт, Дар забони Тўсиву Хайём гуфт.

Нутқи идрокаш равон чун оби ҷў, Маҳви ҳайрат будам аз гуфтори ў. Ин ҳама хоб аст ё афсунгарӣ, Бар лаби миррихиён ҳарфи дарӣ.

Муҳаммад Иқбол нисбат ба забони форсӣ, ки онро тавассути осори гаронбаҳои худ а з нестӣ ва доира и танг наҷот ва раҳоӣ бахшида, болу пари тоза ато намуд, меҳру муҳаббати фаровон дошт ва бузургтарин дарёфтҳои зеҳнӣ, фикрӣ ва ақлонии худро ба василаи он баён кард ва аҳли илму адаб ва ҳаводорони каломи хешро аз онҳо огоҳ сохт. Бинобар ин, забони форсӣ барои ў ба манзалаи забони модарӣ хизмат мекард ва азизу мўҳтарам буд. Беҳуда нест, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҳатто ҳангоми ин ҷаҳонро падруд намудани худ (ним соат пеш аз фавташ) бо забони ширини форсӣ ин пора шеъри ҳасратомез ва пурарзишро сурудааст:

Суруди рафта боз ояд, ки н-ояд, Насиме аз Ҳиҷоз ояд, ки н-ояд. Саромад рўзгори ин фақире, Дигар донои роз ояд , ки н-ояд.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар боби эҳё ва ривоҷу равнақи забони форсӣ ва нигоҳдошту густариши адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон хидма ти бузург ва шоиста и таҳсинеро анҷом додааст. Донишманди маъруфи эронӣ, профессор Саъид Нафисӣ ба хидматҳои бузурги дар ҳаққи забону адабиёти форсӣ анҷомдодаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ баҳои баланду сазовор дода, барҳақ фармудааст:

«Сухансароёни форсизабон таъбироти чанд, монанди «Масеҳонафас», «Масеҳодам», «Исонафас» ва назири онҳо ҳамвора дар бораи пизишкони ҳозиқ, ки мурдаро зинда мекунанд, ба кор бурдаанд. Дар замони мо ин гуна таъбирот дар бораи аллома Муҳаммад Иқбол — сароянда ва ҳакими бузург муносибтар аст. Зеро ки вай адаби форсӣ ва забони форсиро, ки дар Ҳинду Покистон беш аз сад сол мурда буд, бо дами масеҳоии худ зинда кард ва чунон зиндагӣ бахшид, ки аз даврони пеш аз марг ҳам нурўмандтару бурўмандтар шуд. Ин корро камтар касе тавонистааст дар ҷаҳон бикунад. Иқбол муассиси ҷадиде дар адабиёти милали исломӣ ва махсусан порсизабон метавонад ба шумор ояд. Эъҷози вай дар ин аст, ки мардуми Ховарзаминро чунон аз хоби гарони чандсола барангехт, ки мояи шигифтагии ҷаҳониён шуд» (Ниг. Иқбол аз назари эрониён, саҳ. 110-111) .

Оре, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ эҳёгари забон ва адаби форсии дарӣ дар сарзамини Ҳинду Покистон аст ва бо ин лафзи ширини малакутӣ осори арзишманде сурудааст ва ба таъбири Ҳаким Фирдавсӣ кохи бузургеро аз назм пай афкандааст, ки аз ҳеҷ боду борони ҳаводиси рўзгор газанде намеёбад ва ҳамеша то оламу одам аст, ҷовидон боқӣ мемонад. Вале аҷобати кор дар ин а ст, ки бино ба ақидаи пажўҳишгарон Муҳаммад Иқбол ба форсӣ асар эҷод мекард, вале бо ин забон равону фасеҳ гуфтугў карда наметавонист. Ин нуктаро писари ў – доктор Ҷовид Иқбол низ ҳангоми ташрифаш оварданаш ба Тоҷикистон дар яке сўҳбатҳояш бо шоъири тоҷик Гулназар низ тасдиқ намудааст, ки дар мабуъоти кишварамон нашр гардид. Адиб ва донишманди эронӣ Эраҷи Афшор низ дар ёдоштҳои худ таҳти унвони «Иқбол ба форсӣ сухансаро буд, вале сўҳбат намекард», дар ин бора чунин фармудааст:

«Кушёр, фарзандам дар интернет ба хабаре таваҷҷўҳ кардааст, ки дар Пешовар интишор ёфта буд ва марбут мешуд ба маросими адабӣ дар хонаи фарҳанги Эрон ва суханони Зуҳур Аҳмад дар он ҷо. Матлаб ба ин иборат оғоз мешуд, ки сурудаҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба форсии саҳеҳ устувор аст ва медонем, ки рисолаи докторияш ҳам дар бораи фалсафа дар Эрон буд.

Доктор Зуҳур Аҳмад дар маҷлис (11 июли соли 2002) гуфтааст, ки Иқбол ва Сайид Сулаймон дар октябри соли 1933 ба Афғонистон рафтанд ва бо Нодиршоҳ дидор карданд. Сафари онҳо барои таҳияи барномаи дарсии донишҷўёни риштаи адабии Донишгоҳи Кобул буд. Дар ин сафар Иқбол дар чандин маҳал суханронӣ кард, вале ҳамвора ба забони инглисӣ ё урду. Сайид Сулаймон суханони ўро ба форсӣ барои ҳозирон тарҷума мекард.

Дар шеъри сеҳромези форсӣ сирре нуҳуфтааст, ки ҷавҳарвор дар ҷони одамӣ хона мекунад. Намуна — тавоноии Муҳаммад Иқбол дар офаридани қитъаҳои форсии мондагори ўст. Ў форсӣ ҳарф намезад, вале форсӣ фикр мекард ва сувари хаёли ў ба форсӣ нақш мегирифт»

(Ниг. Эраҷи Афшор. Аз ёддоштҳо. Садои Шарқ, 2006, №3, саҳ. 141)

Боиси шигифт аст, ки ў ба форсӣ сўҳбат намекард, вале вақте ки қалам ба даст мегирифт, афкори баландпарвози ў дар қолиби забони форсӣ рўйи сафҳа мерехт. Дар ҳақиқат, андешаи баланд сухани оливу мувофиқро тақозо дорад. Маҳз каломи диловези форсӣ бо вусъат ва тавоноии худ ба баландӣ ва фитрати андешаву афкори нотакрори вай созгор омада буд. Худи аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ин нуктаро таъкид карда, фармудааст:

Порсӣ аз рифъати андешаам, Бархўрад бар фитрати андешаам.

Дар мавриди мақому манзалати аллома Муҳаммад Иқбол чун андешаманд, файласуфи бузург, олими варзида, суханвари тавоно ва пайванди ногустании ў бо тамаддун ва фарҳанги мардуми форсизабон донишманди тоҷик, профессор Расул Ҳодизода чунин барҳақ изҳори назар намудааст:

«Муҳамад Иқбол шоъири миллии Покистон, ифтихор ва рамзи маънавии Покистон, яке аз меъморони Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад ва баробари ҳамин, Иқбол имрўз ба тамоми инсонияти мутамаддини ҷаҳон мутаъаллиқ аст, вай мутафаккир ва файласуфи умумибашарист. Дар айни замон Муҳаммад Иқбол шоъир ва мутафаккири мардуми форсизабони Машриқзамин: халқҳои Тоҷикистон, Эрону Афғонистон мебошад. Ин на танҳо барои он аст, ки Иқбол қисми зиёди мероси манзуми худ, яъне шоҳкорҳои эҷодиёташро ба забони форсӣ офаридааст. Муҳаммад Иқбол дар осори форсии худ бисёр масъалаҳои муҳим ва рўзмарраи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавию фарҳангии халқҳои форсинажодро акс кунонидааст. Гузашта аз ин, Иқбол дар осори форсӣ суннат ва анъанаҳои назми ҳазорсолаи порсӣ, роҳи эҷодии намояндагони баргузидаи адабиёти форсизабони сарзамини Ҳиндустонро бомуваффақият давом дод…

Вай ҳам мисли он бузургон ҷараёни таърихии адабиёти форсизабони Машриқзаминро як воқеъаи том ва муштарак медонист ва дар эҷодиёти худ на танҳо давомдиҳандаи анъанаҳои Хусраву Бедил, Калиму Ғолиб буд, балки он ҳама беҳтарин ганҷҳое, ки дар адабиёти форсӣ дар давоми зиёда аз ҳазор сол дар хазинаи таърих гирд оварда буд, маншаъ ва чашмаи ҷонбахши эҷодии худ қарор дод. Аз ин сабаб фахр мекард, ки ў ғаввоси ҳамин баҳри бузурги шеъри Аҷам аст» (Ниг. Р. Ҳодизода. Иқбол ва ҷаҳони имрўз. Иқболнома. Мураттиб ва муҳаррир Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ. Академияи Иқболи

Покистон, Лоҳур, 1999, саҳ. 11-12)

Боиси сарфарозӣ ва хушба хтии мо, тоҷикон аст, ки осори пурарзиши Иқболи Лоҳуриро ба забони модариамон мехонем ва лаззати маънавӣ меба рем. Аз за моне ки устоди зиндаёд Мирсаид Миршакар соли 1958 ба Ҳиндустон сафар кард ва тасодуфан бо осори пурарзиш ва каломи ҷовидонаи Муҳаммад Иқбол ошно гардид ва дар бозгашт китоби ўро бо худ овард ва намунаи ашъори вайро ба табъ расонид ва дастраси хонандагони тоҷик гардонид ва бо ин хидмати худ бозори шеъри дарборӣ ва хасакиро дар Тоҷикистон касод кард. Ҳаводорон ва дўстдорони шеъри асили форсӣ нахустин бор аз чашмаи софу зулоли ашъори ноби Муҳаммад Иқбол ташнагӣ шикастанд ва минбаъд беш аз пеш иштиёқманд ва шефтаи суханони малакутӣ ва нағзу пурмағзи Муҳаммад Иқбол гардиданд. Афроди хештаншинос ва худогоҳи Тоҷикистон бо даъвати ў аз хоби ғафлати чандинасра бархостанд ва барои озодиву истиқлолияти кишварамон, ҳимоят аз арзишҳои милливу мазҳабӣ, расму ойин ва забони ширини модарӣ талош варзиданд. Шеъри ҷовидонаи Иқболи Лоҳурӣ чун таронаи худшиносии ватандўстон ва ҷавонони ҷоннисору фидокори тоҷик садо медод ва имрўз ҳам чун пайки озодии озодагон танинандоз аст:

Эй ғунчаи хобида, чун наргис нигарон хез,

Кошонаи мо рафт ба тороҷи ғамон хез, Аз нолаи мурғи чаман, аз бонги азон хез, Аз гармии ҳангомаи оташнафасон хез,

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез, аз хоби гарон хез!

Бояд гуфт, ки Иқболи Лоҳурӣ ба мардуми тоҷик ва диёри адабпарвари Мовароуннаҳр ихлосу самимияти хос ва эҳтироми бузург дошт ва фурўғи чашми худро аз хоки поки Бухоро дар радифи Кобул (Афғонистон) ва Табрез (Эрон) медонист. Қобили қайд аст, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ се кишвари форсизабонро аз ҳам ҷудо накарда, ҳамеша як сарзамини дорои тамаддун ва забони муштарак эътироф мекард, вале диёри Бухороро дар ин росто муқаддам медонист:

Агарчи зодаи Ҳиндам, фурўғи чашми ман аст, Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табрез.

Ў борҳо аз тамадуни ғании мардуми Мовароуннаҳру Хуросон, бузургони илму адаб ва сарватҳои моддиву маънавии ин диёри бостонӣ, ба вижа ла ъли Ба да хшон да р ашъори диловези худ ёд кардааст. Аллома Иқболи Лоҳурӣ ба ҷавонони ғаюр ва озодихоҳи Аҷам, яъне Эронзамини таърихӣ эътиқоди самимӣ дошт ва онҳоро даъват мекард, ки гирди вай халқа зананд, то ки ў бо оташи ниёконашон пайкарони аз обу гил сиришташудаи онҳоро чун сафоли кўзаҳо бипазаду истеҳком бахшад ва ишонро дар ҷодаи худшиносӣ ва худошиносӣ раҳнамоӣ кунад. Вай аз равзани девори зиндон дид, ки марде мерасад ва занҷири ғуломони Аҷамро мешиканад ва озодиву истиқлол, бахту саъодат ба онҳо меорад:

Чун чароғи лола сўзам дар хиёбони шумо, Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!… Халқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил, Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо.

Ба қавли собиқ сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Амирхон: «ҳама орзуву умеди ў навҷавонони миллат буданд. Шоъир бовар дошт, ки ҷавонон имрўзу ояндааанд ва хитоби зиёди ў барои ҷавонон, бахусус ҷавонони Шарқ дар ашъораш аз боварии комил бар ишон аст. Ҷавонон барои Муҳаммад Иқбол оғози баҳор, дамидани субҳ умеди фардо, шоҳини баландпарвозанд. Ў аз ҷавонони Аҷам навмед намешавад ва бо боварии комил фардои рўшанро ба дасти онҳо месупорад, ки ин андешаҳо дар мағз андар мағзи эҷодиёти аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ решаи амиқ давонидаанд (Ниг. Холид Амирхон. Фарзанди номбардори Ховарзамин,

Иқболнома, саҳ. 9).

Вай бо ашъори диловез ва афкори баландмазмуни худ дар пайравии бузургони адабиёти оламгири форсӣ, бахусус пир ва муршиди бузургаш — Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ оташ дар дили ҳамагон зад ва ба андешаи донишманди тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ: «Муҳаммад Иқбол дар эҷоди бадеъӣ ва рўҳи созандагӣ дар тарбияи Инсони комил ба ҳар паҳлўе, ки мегардад, ба ҳар дурие, ки назар меафканад, ба ҳар самту тарафе, ки мавриди наззора баҳри кашфи асроре қарор медиҳад, ба Ҷалолуддини Румӣ рўй меорад ва бо ҷозибаи даруни шўрҳо дар ниҳоди хеш дарк мекунад, ки худ бо истифода аз санъати талмеҳ гуфтаааст:

Аз найи он найвози покзод, Боз шўре дар ниҳоди ман фитод. Гуфт: — Ҷонҳо маҳрами асрор шуд, Ховар аз хоби гарон бедор шуд.

Ҳамин такони дарунии Мавлоно ба Иқбол сабаб мешавад, ки вай вобаста ба равиш ва тақозои замон, овоз баланд менамояд, то ки Шарқи дар хобро аз ғафлат бедор созад. Ва овози ў овози инқилобҳои ҳамон давру замон ва гусастани занҷиру озодӣ аз зери юғи истеъморгарони Ғарб буд. Ҳамин аст, ки Муҳаммад Иқбол аз як тараф бо оҳанги омиронаи ватандўстонаву миҳанпарастона, аз ҷониби дигар хайрхонаву мададгорона илтиҷо менамояд, ки баҳри озодиву ободии Шарқ бо дили гарму дидаи бедор бошем» (Ниг. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Мавлоно Румӣ, аллома Иқбол ва Халилуллоҳи Халилӣ. Алманахи «Боргоҳи сухан», китоби 9, Маскав,

2007, саҳ. 7).

Хулосаи калом, Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи шоирони раддаи аввали адабиёти оламгири форсӣ мебошад, ки бо истеъдоди фитрӣ ва эъҷози сухани хеш шеъри Аҷамро нафаси тоза бахшида, забони форсии дариро дар сарзамини Ҳинду Покистон аз сари нав зинда гардонид ва ба мусалмонон ва умуман ба мардуми ситамдидаи ҷаҳон паёми озодиро расонид ва ба василаи ин корномаи бузург номи хешро дар ҷаридаи олам ҷовидон сабт намуд. Дар ситоиши бузургӣ ва мақому манзалати аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ донишманди маъруфи эронӣ, доктор Қосим Расо барҳақ фармуда:

Сар зад аз Лоҳур рахшон ахтаре, Он ки Покистон ҳаменозад бад — ў. Худ на Покистон, ки хоки Ҳиндро, Хомаи Иқбол бахшид обрў.

Шона зад аз хома бар зулфи сухан, То ки бигўяд рози пинҳон мў ба мў. Дар «Паёми Машриқ» он доно чу кард, Бо Гуте, донои Мағриб гуфтўгў.

Дар сухан аз шоъири Мағрибзамин, Шоъири Машриқзамин бирбуд гў.

Ҳар кӣ чун ў зинда гардонад сухан, Дар ҷаҳон ҳаргиз намирад номи ў.

Қиёмиддин

Сатторӣ,

Амрияздони Алимардон

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *