Фанни Адабиёт

Дар бораи: Мирзо Турсунзода

Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам.

Ч. Айтматов

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар оилаи устои сангтарош, чармгару чармдӯз -Турсун таваллуд ёфтааст. Таваллуди Мирзо барои усто Турсун беҳад хурсандӣ овард. Ӯ писари ягонаи падар буд.

Маҳаллаи онҳо Чармгарон ном дошт ва хонаи усто Турсун дар ҳамин мавзеъ, дар лаби рӯд ҷой гирифта буд. Мирзо солҳои кӯдакиашро ёд карда мегӯяд: «Падарам бисёр мехост, ки ман босавод шавам». Аз ин хотир Мирзо аз 6 – солагиаш ба мактаби кӯҳна меравад ва диққати ӯро аз хурдӣ зебоии манзараҳои гирду атрофи кӯҳсорон, бозиҳои ҳархелаи бачагони деҳ ба худ ҷалб мекард. Аз он ки Мирзо писари ягонаи падар буд, усто Турсун ӯро баъди дарс ҳар ҷое, ки мерафт, ҳамроҳ мебурд.Ӯ бачаи зираку хушзеҳн буда, чизи шунидаашро дар хотираш нигоҳ медошт.Соли 1920 ба сари Мирзои хурдсол мусибати вазнине омад. Модараш аз касалии вабо вафот намуд: «Ин рӯзи ғамангез, — мегӯяд шоир, — як умр дар лавҳаи хотирам нақш баст». Усто Турсун бошад, хонаашро «бехосият» гуфта, соли 1921 ба гузари Шӯробдара кӯчид. Бинобар ин то соли 1925 таҳсили минбаъдаи шоир дар масҷиди Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар ҳамон гузар воқеъ буд, давом мекунад.Мирзо, ки аз мактаби кӯҳна саводи хуб гирифта буд, пас аз барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ ба мактаби нав дохил шуд ва бомуваффақият таҳсилашро давом дод. «Таҳсили ман дар мактаби нав дер давом накард, -мегӯяд ӯ. — Ман ва ду рафиқи шарикдарсам хондан, навиштан ва ҳисоб карданро зуд азхуд намудем. Бинобар ин дигар нишастан ҳамроҳи онҳое, ки нав ба хондани алифбо шурӯъ карда буданд, бароямон дилгиркунанда намуд. Ва мо қарор додем, ки ба Душанбе равем».

Солҳои 1926-1927 таҳсили Мирзо дар интернат ва техникуми педагогии шаҳри Душанбе давом мекунад. Дар ин давра ҷаҳонбинии фикрию сиёсиаш баланд гардида, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Дорулмуаллимини (Институти муаллимтайёркунӣ) шаҳри Тошканд фиристода мешавад.

Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар институт таҳсили илм намуда, соҳиби дониши пурраи омӯзгорӣ мегардад.Соли 1930 Институти муаллимтайёркунии шаҳри Тошкандро хатм намуда, ба Душанбе меояд ва дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба вазифаи мудири шӯъбаи оммавӣ ва баъдтар котиби масъул кор мекунад. Рӯзнома дар мукаммалшавии дониши адиби ҷавон кӯмаки калон мерасонад.Аз соли 1935 дар вазифаҳои сардори мудирияти корҳои санъати Тоҷикистон ва аз соли 1946 то охири умраш вазифаи раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро адо кардааст. Ӯ дар бадали сию як соли фаъолияти кориаш чун арбоби барҷастаи давлатию ҷамъитӣ ба бисёр мамлакатҳо сафар намуда, доир ба дӯстию рафоқат, муҳофизати сулҳ саъю кӯшиши зиёде кардааст.Мирзо Турсунзода моҳи сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар маросими дафни ин марди бузург дӯстон, ҳамкасбон аз ҳар гӯшаю канори дунё иштирок карданд, ашки ҳасрат рехтанд. Адибони тоҷик ва дигар кишварҳои дунё дар вафоти устод Мирзо Турсунзода марсияҳои ҷигарсӯзе эҷод кардаанд, ки дар зер намунаи эҷоди як зани сайёра-шоираи Украин Светлана Йовенкоро бо номи «Ёди шоир» чун муште аз хирвар меорем:

Ҳамин шаб дар замини ту, ки васфаш кардай зебо, Нагашта пайкарат сарду нагашта ғарқи ашк асло —

Калону хурд мегирянду мегирянд шоирҳо.Шавам то зӯру даркорӣ, мадагорам шав, эй Мирзо! Ҳамин шаб дар заминат-кишвари ақлу хирадмандон, Бигиряд дар замин булбул, бигиряд моҳ дар Кайҳон.Чӣ сон аз дард имшабро расонам то саҳар осон.Шавам то ман хирадманде, мададгорам шав, эй Мирзо! Ба пешат омадам шодон, ки бошам шод бо халқат.Вале ҳайҳот бо андӯҳ кашам фарёд бо халқат.Шитобон омадам пешат, ки табрикат кунам аз сар,Валекин менависам «Ширии сум»1 рӯи гулчанбар.Имрӯз марқади Мирзо Турсунзодаро дар Лучоби хушманзар хурду калон ва меҳмонони зиёд зиёрат мекунанд.

Мирзо Турсунзода чун шоир, мутафаккир, фарзанди бовафои халқу миллат тамоми ҳастияшро барои баланд бардоштани маданияту адабиёти тоҷик бахшидааст.Устод Мирзо Турсунзода академики Академияи фанҳои Ҷумхурии Тоҷикистон (аз соли 1951), Раиси комитети якдилии халқҳои Осиё ва Африка, узви комитетҳои Умумиҷаҳонии сулҳ, узви Комитети Умумииттифоқии мукофотҳои Ленинӣ, раиси Комитети мукофоти республикавии ба номи Рӯдакӣ ва ғайраҳо буд. Ба М. Турсунзода унвони Лауреати Мукофоти Давлатии СССР, Лауреати Мукофоти Ленинӣ ва Лауреати Мукофоти респуб-ликавии ба номи Рӯдакӣ дода шудааст.

Соли 1961 аввалин унвони фахрии Шоири Халқии Тоҷикистонро соҳиб гардид. Соли 1967 Мирзо Турсунзода ба гирифтани Лауреати Мукофоти байналхалқии ба номи Неҳрӯ сарфароз мегардад.

Бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967) ва боз бисёр ҷоизаю орденҳои Шӯравӣ мушарраф гардонида шудааст. Билохира Мирзо Турсунзода Қаҳрамони Тоҷикистон аст.Ҳиссаи М. Турсунзода чун муборизи матин дар роҳи муҳофизати сулҳу амнияти халқҳои ҷаҳон калон аст. Ӯ дар чандин конгрессу симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, аз номи халқи тоҷик суханронӣ намудааст. Мавқеи ҷамъиятии ӯ чун паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон машҳур аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *