Фанни Андоз

Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ

0 Загрузки

Андоз аз фоида ин андози мустақим буда, бевосита аз фоида (даромад)-и шахсони ҳуқуқӣ дар асоси меъёри муқаррарнамудаи қонун ситонида мешавад. Ҳаҷми воридоти андоз аз фоида ба буҷет аз даромади гирифтаи сохторҳои хоҷагидорӣ вобаста буд. Фоида яке аз нишондиҳандаи асосие мебошад, ки он натиҷаи охирини фаъолияти корхонаро нишон медиҳад. Фоида ин меъёри муҳими самаранокии истеҳсолот дар корхонаҳо шуморида мешавад. Дар ҳар як корхона фоида ҳамчун даромад ҳисоб меёбад, ки як қисми он ҳамчун андоз ба буҷет ворид гардида, қисми дигараш дар ихтиёри корхона боқӣ мемонад ва барои ҳавасманд гардонии коргарони корхона барои ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарин дар фаъолияти худ истифода мешавад.

Дар корхонаҳо чунин намуди фоидаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  • Фоидаи балансӣ
  • Фоидаи умумӣ
  • Фоида аз фурўши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ)
  • Фоида аз фондҳои асосӣ ва дигар моликият
  • Даромад аз амалиётҳои ғайрифурўш

Фоидаи балансӣ ба суммаи фоида аз фурўши маҳсулот ва даромад аз амалиётҳои ғайрифурўш бо фарқи маблағи хароҷотҳо аз рўи ин амалиётҳо баробар аст:

ФБ = Ффм ± ( Дағ – Хағ ).

Фоида ё зарар аз фурўши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) ва молҳо ба фарқи байни даромад аз фурўши маҳсулот, кор, хизматрасониҳо бе ААИ ва дохил карда шудааст, баробар мебошад: аксизҳо, ва дигар андозҳо ва ҷамовариаҳо, ки аз ҳисоби даромад ва хароҷот барои истеҳсол ва фурўши маҳсулот, ки ба арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо

Фф = Дф — Хиф

Ба сохтори даромадҳои ғайрифурўш дохил мешаванд:

  1. Даромад аз иштирок дар ҳиссагузорӣ дар фаъолияти дигар корхонаҳо дар ҳудуди ҶТ ва берун аз он
  2. Даромад аз ба иҷора додани моликият
  3. Даромад (дивиденд, фоиз) аз рўи қоғазҳои қиматноки корхона
  4. Дигар даромадҳо аз мукофотпулиҳо ё ҷоизаҳо, барои вайронкунии шартҳои шартномаи хоҷагӣ ҷарима, пени, товон ва дигар намудҳои раводидҳои аз қарзгиранда ситонидашуда
  5. Даромад аз товони зарари расонидашуда, инчунин доигар даромадҳои ба истеҳсол ва фурўши маҳсулот новобаста

Ба сохтори хароҷотҳои ғайрифурўш дохил мешаванд:

  1. Хароҷотҳо аз ҳисоби бекор кардани фармоиши истеҳсолӣ, инчунин истеҳсолоти маҳсулот надода.
  2. Хароҷотҳо барои хориҷкунии қарзҳои дебиторӣ бо сипарӣ гардидпни мўҳлати мурур ва дигар қарзҳо
  3. Хароҷотҳо аз ҷарима андохтан ва ҷаримаҳои эътиборгардидаи қарздорон, товон ва дигар намудҳои раводид барои вайрон намудани шартҳои шартномаи хоҷагӣ, инчунин хароҷотҳои пардохти товони зарар
  4. Зарари амалиётҳои солҳои пешина
  5. Пардохтҳои андозӣ, ки ба натиҷаи молиявӣ дохл доранд

Аввалан бо воридкунии андоз аз фоида дар соли 1991объекти андозбандӣ фоидаи балансӣ, аз соли 1994 фоидаи умумӣ ва аз соли 1999 даромади умумӣ ҳисобида мешуд.

Фоидаи умумӣ ин маблағи фоида (зарар) аз фурўши фондҳои асосӣ, дигар моликияти корхона ва даромад аз амалиётҳои ғайриистеҳсолӣ ва фарқи он аз маблағи хароҷотҳо аз гузаронидани ин амалиётҳо:

ФУ = Фф + Фа ± ( Дағ – Хағ )

Дар тафовут аз фоидаи балансӣ дар фоидаи умумӣ фоида аз фурўши фондҳои асосӣ ва дигар моликияти корхона инъикос мешавад. Ба даромади умумӣ тамоми намудҳои даромадҳо корхона ба ғайр аз даромадҳои аз андоз озодгардида дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки то қабул намудани Кодекси андози ҶТ объекти андоз аз фоида ин фоидаи умумӣ ба ҳисоб мерафт. Бо қабул намудани Кодекси андоз ва тасдиқ намудани Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва ба буҷет пардохтани андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ» аз 4 феврали 2000 усули ҳисоб кардан ва ба буҷет пардохтани андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин объекти андозбандӣ ба тври пурра тағйир дода шуд.

Андозсупорандагони андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ корхонаҳои резидентӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Бояд қайд намуд, ки Вазорати алоқаи ҶТ, Роҳи Оҳани Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холденги давлатии «Барқи Тоҷик» ва Бонки амонатгузории ҶТ ба буҷети давлатӣ аз рўи андоз аз фоида доир ба фаъолияти асосӣ бо тартиби марказонидашуда, ки Ҳукумати ҶТ муқаррар намудааст, ҳисоббаробаркуниро амалӣ менамояд.

Объекти андозбандии корхонаҳои резидентӣ ин фоидаи он ба ҳисоб меравад. Объекти андозбандии корхонаҳои хориҷии дар ҶТ бо тариқи доимӣ фаъолияткунанда фоидаи он аз ин фаъолият ба ҳисоб меравад, яъне даромади умумии он аз сарчашмаҳои ҶТ мавҷудбуда, ки ба муассисаи доимӣ кам кардани маблағи тарҳкуниҳо алоқаманд мебошад.

Баъзе намудҳои даромади умумии корхонаи хориҷӣ (фоизҳо, дивидендҳо ва ғ.), ки ба муассисаи доимии он алоқаманд мебошад, дар сарчашмаи пардохт бо тарҳкуниҳо андозбандӣ қарор дода мешавад. Дар ҳолати аз корхонаи хориҷӣ аз фурўш ё додани амволи аз муассисаи доимии он дар ҶТ алоқаманд набуда даромад ба даст овардан, объекти андозбандӣ фоидаи он аз ин фаъолият ба ҳисоб меравад, яъне даромади умумии он аз ин аз сарчашмаи дар ҶТ мавҷудбуда дар соли тақвимӣ, кам кунии тарҳкуниҳо.

Ба даромадҳои аз фаъолияти иқтисодӣ дохил мешаванд:

  1. Даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ:
    1. Фоида аз фурўш ё додани дороиҳое, ки барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкорӣ мавриди истифода қарор меёбанд
    2. Даромади ба даст омада аз созиши маҳдуд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ё бастани корхона
    3. Зиёд гардидани маблағи ба даст омада аз фурўши воситаҳои асосии муайян дар давоми сол аз арзиши тавозунии боқимонда дар охири сол
    4. Маблағҳои ҷуброни қаблан тарҳкардаи хароҷот, каср ё қасрҳо ё захираҳои тасодуфӣ ва кам кардани захираҳо
  2. Даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ
    1. Даромади фоизӣ
    2. Дивидендҳо
    3. Даромад аз додани амвол ба иҷора ва кироя
    4. Роялти
    5. Маблағи қарзи фоизӣ ба андозсупоранда аз ҷониби қарздиҳандаи ў
    6. Фоида аз фурўш ё додани дороиҳо
    7. Ҳама гуна даромади дигар, ки зиёд гардидани арзиши софи дороиҳои андозсупорандаро ифода мекунад, бидуни музди меҳнат

Баъди муқарраркунии даромади умумӣ даромади андозбандишаванда муайи ян мегардад. Даромади андозбандишаванда ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва маблағи тарҳкуниҳо ҳисоб карда мешавад, яъне ба воситаи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Даромади андозбандишаванда = Даромади умумӣ – маблағи тарҳкуниҳо

ё ин ки

Даромади андозбандишаванда = Даромади умумӣ–(Т1+Т2+Т3+Т4+Т5+Т6+Т7+Т8+Т9+Т10+Т11)

Т1 – тарҳкуниҳои хароҷотҳое, ки ба гирифтани даромад вобастаанд

Т2 – хароҷотҳо барои хайрия

Т3 – маҳдудкунии хароҷотҳо дар муносабат бо фоизҳо

Т4 – тарҳкуниҳои қарзҳои беэътимод ва шубҳанок, ки бо таҳвили мол (кор, хизматрасониҳо) алоқаманд аст

Т5 – хароҷотҳо барои захираи фонди суғурта

Т6 – тарҳкунии хароҷотҳо барои татқиқотҳои илмӣ, таҳияи лоиҳа ва корҳои таҷрибавӣ — конструкторӣ

Т7 – тарҳкуниҳои хароҷотҳои истеҳлок аз рўи воситаҳои асосӣ, ки дар фаъолияти иқтисодӣ истифода мешаванд

Т8 – ҷудокунии хароҷотҳо барои таъмири воситаҳои асосӣ

Т9 – ҷудокунии хароҷотҳо барои пардохтҳои суғуртавӣ

Т10 – тарҳкунии хароҷотҳо барои геологҳо – корҳои кофтуковӣ ва корҳо барои тайёркунии корҳои коркардабароии захираҳои табиӣ

Т11 – хароҷотҳо барои активҳои ғайримоддӣ

Ҳамин тавр, ҳангоми муайянкунии даромади (фоидаи) андозбандишаванда аз даромади умумӣ системаи тарҳкуниҳо ташкил меёбад. Ин система аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ аз соли 1999 истифода мешавад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми амалинамоии тарҳкунҳо аз даромади умумӣ тамоми хароҷотҳое, ки ба гирифтани даромад алоқаманд мебошанд, тарҳ карда мешаванд. Тарҳи хароҷотро андозсупоранда ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ба таври лозимӣ ба расмият даровардашуда ва тасдиқкунандаи хароҷоти вобаста ба даромади умумии гирифта анҷом медиҳад. Агар ҳамон як хароҷот дар якчанд моддаи хароҷот пешбинӣ шуда бошад, дар ин сурат ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишаванда (даромади андозбандишаванда) ин хароҷот танҳо як маротиба тарҳ карда мешавад. Ҷарима, фоизҳо (пеня), ноустувории ҳисобшуда ё қабулшудаи вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ки бояд аз ҳисоби андозсупоранда пардохта шаванд ё ин ки аллакай шудаанд, ба истиснои онҳое, ки бояд ба буҷет ворид гарданд, тарҳ карда мешаванд.

Ба хароҷотҳое, ки тарҳ карда намешаванд, инҳо дохил карда мешаванд:

  1. Тарҳ нисбати хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, иҷозат дода намешавад.
  2. Тарҳ нисбати хароҷоти вобаста ба сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории объектҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд, амалӣ намегирад.
  3. Ҳеҷ гуна тарҳ нисбати хароҷоти намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳ (гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра) иҷозат дода намешавад.
  4. Тарҳ нисбати ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравӣ анҷом дода мешавад. Шахси вақеӣ наметавонад тарҳи хароҷотро барои истеъмоли шахсӣ ё хароҷоти вобаста бо меҳнати кирояи худ анҷом диҳад. Тарҳ нисбати хароҷоти марбут ба мошинҳои сабукрав, ки дар ҳама давра дар ҷараёни давраи андоз дар ихтиёри кормандон ё саҳҳомон қарор дошт, аз ҷумла истифодаи он барои кашондани кормандон ба ҷои кор ва баръакс, анҷом дода намешавад.

Воситаҳои асосии истеҳлокшаванда вобаста аз меъёри истеҳлок ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

Гурўҳ Намуди амвол Меъёри ниҳоии истеҳлокӣ

(%)

1. Техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу анҷом ва лавозимоти махсус; мошинаҳои электронии ҳисоббарор, дастгоҳу воситаҳои маҳалии коркарди маълумот, таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои алоқа. 20
2. Автомобилҳои боркаш, автобусҳо, автомобилҳои махсус ва автопритсепҳо, нақлиёти ҳавоӣ. Мошинаҳо ва таҷҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти оҳангарию прессҳо; таҷҳизоти сохтмон; мошинаҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ; автомобилҳои сабукрав; мебели идора. 15
3. Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ ва дарёӣ; мошинаҳо ва таҷҳизоти қуввадиҳанда; таҷҳизоти гармидиҳандаи техникӣ, таҷҳизоти турбинӣ, муҳаррикҳои электрикӣ ва генераторҳои дизелӣ. Воситаҳои интиқоли барқ; хатҳои қубур. 8
4. Бино, иншоот ва иморатҳо. 7
5. Активҳои истеҳлокшавандае, ки ба дигар гурўҳ шомил нашудаанд. 10

Ҳангоми амалӣ намудани тарҳкуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ ба активҳое, ки ба истеҳлок дохил намешаванд, инҳо дохил мешаванд: замин, захираҳои моливу моддӣ, амволе, ки нархи он дар соли ҳисоботӣ ҳангоми муайянкунии фоидаи андозбандишаванда пурра тарҳ карда шуда буданд ва дигар активҳое, ки ба тарҳкуниҳои истеҳлокӣ мансуб нестанд.

Аз андозбандӣ аз фоида инҳо озоданд:

1) ташкилотҳои динӣ, эҳсонкорӣ, буҷетӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии ё байналмилалии ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;

2) маблағгузарониҳои ройгон ва амволи ройгон, аъзоҳаққиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд;

3) Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

4) суди саҳмияҳое (дивидендҳое), ки корхонаҳои резидентӣ аз корхонаҳои резидентӣ мегиранд;

5) корхонаҳое, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:

а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, ва

б) на камтар аз 50% маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст;

6) корхонаҳои наве, ки дар соҳаи истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, дар соли бақайдгирии давлатӣ ва аз соле, ки баъди соли бақайдгирии ибтидоии давлатӣ фаро мерасад, ҳангоми аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти ҳаҷмҳои ҳадди ақали инвеститсияхои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи инвеститсияҳо ба мўҳлати:

— 2 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари то 500 ҳазор доллари ИМА бошад;

— 3 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

— 4 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

— 5 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *