Фанни Андоз

Муносибатҳои байналхалқии асъор

1.Предмет ва методи фанни МБАМҚ

2.Системаи чаҳонии асъор; заминаҳои барқароршави, элементҳои асосӣ.

1. Предмет ва методи фанни МБАМҚ

Фанни МБАҚ ва молияви- категорияҳои иқтисоди қонуниятҳои тараққиёт принчипҳои асоси ва шаклҳои ташкили ин муносибатҳоро меомӯзад. Вазифаҳои ин фан чунин аст: 1) таҳлил намудани МБАҚ ва М ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои иқтисоди, ки бо ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ робитаи мустақим ва ғайримустақим дорад; 2) тадқиқ намудани сохтор ва принсипҳои ташкили системаи ҷаҳонии асъор, марказҳои ҷаҳонии молиявӣ, амалиётҳои байналхалқии ҳисобу китоб, асъори ва қарзӣ; 3) таҳлили таъсири мутақобили унсурҳои дохилии муносибатҳои асъорию қарзӣ ва молиявӣ дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ.

Вобаста ба ин асосҳои илмии ин фан ба ду принсипҳои методологӣ такя мекунад;

1. Таҳлили мафҳумҳо, категорияҳо ва элементҳои МБАҚ ва М

2.синтези (якҷоя кардан) ҳамаи он мафҳумҳо ва категорияҳои таҳлилкардашуда ва дар асоси онҳо муайян намудани қонуниятҳо ва тамоилҳои тарақиёти ин муносибатҳо дар шароити муосир.

Саволи 2. Системаи чаҳонии асъор; заминаҳои барқароршави, элементҳои асосӣ.

Муносибатҳои байналхалқии асъор-маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятиест, ки ҳангоми истифодаи асъор дар хоҷагии ҷаҳонӣ барқарор гашта ба мубодилаи байни якдигарии натиҷаҳои фаъолияти хоҷагиҳои мили мусоидат менамояд.

Системаи ҷаҳонии асъор аз рӯи нуқтаҳои назари функсионали ва институтсионалӣ муайян карда мешавад.

Аз рӯи нуқтаи функсионалӣ Системаи ҷаҳонии асъор ин маҷмӯи муносибатҳои байналхалқӣ оиди муайян намудани воҳиди пули ҷаҳонӣ, мубодила ва гардишҳои муайян намудани қурби байни ин асъорҳо ва тарзу усулҳои ҳисоббаробаркуниҳои асъорӣ мебошад.

Аз руи нуқтаи назари институтсионалӣ СҶА-ин маҷмӯи институтҳову ташкилотҳои байналхалқӣ ва миллӣ ки дар соҳаҳои муносибатҳои асъорӣ амал мекунанд, ҳисоб меёбад.

СҶА асоси муносибатҳои асъории қарзиро ташкил медиҳад, ки бо қонуниятҳои объективи ташаккул ёфта истодаанд. Ин система бозори ҷаҳонии асъорро ташкил медиҳанд, ки талабот ва пешниҳоди асъори нархи умумии мувозинро ба вуҷуд меорад.

Элементҳои системаи ҷаҳонии асъор чунинанд

  1. Асъори байналхалқӣ (долл. ШМА, ф.с.БК, иени Япония) Онҳоро инчунин асъорҳои захирави меноманд, чунки ҳамчун воситаи пардохти байналхалқӣ ва захираи давлатӣ истифода бурда мешаванд.
  2. Воҳиди байналхалқии асъорӣ барои ҳисоббаробаркуни SDR (special draving rights) Ин воҳиди асъори танҳо барои ҳисоббаробаркуни байни мамлакатҳо истифода бурда мешаванд, ки онро ХБА ба уҳдаи худ гирифтааст.
  3. Паритети асъорӣ-мутаносиби мубодилавии асъорҳоро вобаста ба қобилияти харидории он ва мутаносибе ки аз тарафи давлат муайян карда шудааст.
  4. Режими қурби асор
  5. Маҳдудияти асъор

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *