Фанни Адабиёт

Шоҳнома ва қисматҳои он

«Шоҳнома» аз муқаддима ва се кисми асосӣ иборат аст. Дар муқаддима монанди достонҳои дигари давраи классикӣ ҳамду наът, гуфтор андар ситоиши хирад, гуфтор дар бораи офариниши ҷаҳон ва мардум, офтоб ва моҳ, ситоиши пайғамбарон ва ёронаш, саргузашти Дақиқӣ бунёд ниҳодани китоб ва ғайра дохил шудааст.

Қисми якуми «Шоднома» аз муборизаи ду қувваи асосии ҷаҳон— Аҳура Маздо — Ҳурмуз ва Аҳриман, ки ҳамеша ба муқобили ҳамдигар мубориза мебурданд, cap мешавад. Ин мубориза то ба вуҷуд омадани одам ва аввалин подшоҳи он — Каю­марс байни некӣ ва бадӣ давом мекунад. Аҳура Маздо дар му­бориза ба муқобили Аҳриман (ба ёрии Яздон) одамизодро офа-рид. Муборизаро баъд аз ин одамон ба муқобили девҳо, ки: лашкари Аҳримананд, давом медиҳанд. Ҳатто, ҷангҳои аввали Каюмарс ҳамчун подшоҳ ба муқобили девҳо равона карда шудааст. Писари Каюмарс—Сиёмак дар ҷанг бо Деви Сиёҳ кушта мешавад. Каюмарс бо кини интиқоми писари худ Деви Сиёҳро дастгир карда мекушад. Баъд аз подшоҳии сисолаи Каю­марс 40 сол Ҳушанг подшоҳӣ мекунад. Дар замони подшоҳии Ҳушанг аввалин асосҳои маданияти инсонӣ гузошта мешавад. Одамон аз санг оҳан баровардан, ҷўй карда обёрӣ намудан, тухм киштан, деҳқонӣ кардан, аз санг оташ баровардан, ром кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ, аз пўсти ҳайвон либос тайёр кар­дан ва дигарҳоро ёд мегиранд. Ҳушанг хонагӣ кардани ҳайвонҳо ва парвариш намудани онҳоро расм мекунад. Аммо дев­ҳо батамом несту нобуд карда нашуда буданд. Онҳо бо назари рашку ҳасад ба ҷамъияти инсонҳо нигоҳ мекарданд, ҳарвақт тайёр буданд, ки онҳоро нест кунанд. Баъд аз он Тамуҳрас подшоҳ шуд. Вай ҳамаи девҳоро банду баст кард. Бинобар, ин, лақаби «девбанд» дорад. Дар замони Тамуҳрас Аҳриман мағлуб шуда буд. Баъд аз вафоти ў Ҷамшед подшоҳ мешавад. Дар муддати 700-сола подшоҳии ў осудагӣ дар cap то сари дунё ҳукмрон мешавад. Вай аз рўи нақшаҳои панҷсола кишвари худро тараққӣ медод. Одамон касал намешуданд, намемурданд, зиндагӣ хурсандона ва осудадолона ҷараён дошт. Ҷамшед бо таъсири Аҳриман аз муваффақиятҳои даврони худ мағрур шуд ва ман-манӣ кард, даъвои ҳудоӣ намуд. Вай ин ҳама комёбиҳоро аз марҳамати Худо Аҳура Маздо надониста, онро ба худаш вобаста мекард. Рўҳониён ва сардорони бузурги мамлакат барои ин даъвояш аз Ҷамшед рў гардонданд ва ба ҷустуҷўи подшоҳи мувофиқе шуданд. Онҳо писари Мардос ном арабӣ чорводор — Заҳҳокро ба худ подшоҳ интихоб карданд. Заҳҳок бо лашкари калони худ мамлакатро забт кар­да гирифт. Ҷамшед чанд муддат дар баҳри Чин пинҳон шуд, вале Заҳҳок ўро ёфта аз миёнаш бо арра бурронд. Ѓалабаи Заҳҳок ғалабаи Аҳриман дар Эрон буд. Вай бо ин ғалабаи худ қаноат накарда, барои боз ҳам зиёд кардани зулми худ бар болои инсондо чораҳои дигар ҷустуҷў мекард. Аҳриман дар ошхонаи Заҳҳок ошпаз шуд, ба вай таомҳои лазиз пухта медод. Заҳҳок барои ин ҳизмат ба Аҳриман ба ивази он аз китфи Заҳҳок ду буса талаб намуд: Аз ҷои бўсакарда ду мор пайдо шуд, ки дар замон ба сари Заҳҳок ҳамла мекарданд. Аҳриман барои халосӣ маслидат дод, ки ҳар рўз мағзи сари ду одамро ба морҳо диданд. Заҳҳок дамин тавр кард, дар мам­лакат зулм ба ҳар тараф реша давонд, норозигии халқ бар зидди Заҳҳок зўр шуд. Аз як тараф, пурзўр шудани шуришҳои ҳалқӣ ва аз дигар тараф, дар як гўшаи саҳро аз авлоди Ҷамшед таваллуд шудани писаре, ки соҳиби таҳту тоҷи Эрон буд, Заҳҳокро ба воҳима андохт. Вай бузургони мамлакатро ҷамъ карда таклиф кард, ки барои тасдиқи садоқати худ ба подшоҳ ба маҳзар — ризоиятнома имзо кунад. Ҳамаи бузургони мамла­кат ба ин таклиф розӣ шуданд. Дар ин асно вакили ҳунармандони шаҳр Кова бо аризаи шикоятӣ ба дарбор омад. Заҳҳок ва дарбориёнаш аз дидани ў ба ларза афтоданд. Кова, ки 17 писарашро ба морони Заҳҳок дода буд, барои халосии охирин омад. Заҳҳок ва вазири вай бо шарти ба маҳзар даст мондан писари Коваро гардонда доданд. Кова писари худро озод кард, вале маҳзарро дарронда ба зери по партофт. Бузургони мамла­катро, ки ба маҳзар даст монда буданд, ба хоинӣ, ватанфурўшӣ, бо золим ҳамкорӣ намудан таъна ва сарзаниш кард ва тантанавор бо писараш аз дарбор баромада рафт. Ў пешгири чармини худро байрақ карда, дар бозор одамонро ба мубориза ба муқобили Заҳҳок даъват намуд. Шўришчиён Фаридунро ба худ подшоҳ эълон карда, Заҳҳокро асир ва дар кўҳи Дамованд чормех карданд. Фаридун ба мамлакати калоне соҳиб шуд. Номи давлати худро ба шарафи Кова «Ковёнӣ» гузошт. Пешгири Кова байрақи муқаддаси давлат шуд. Ҳар подшоҳе, ки ба таҳт мебаромад, нишони худро ба он нақш мебаст. Фаридун дар охири умраш мамлакати худро ба писарони худ — Салм, Тур ва Эраҷ тақсим карда дод. Писарони Фаридун ба духтарони подшоҳи Яман хонадор шуданд. Фаридун тақдири писаронашро аз рўи гуфтаи мунаҷҷимҳо муайян кард. Аз руи афсонаҳо Салм сарқабилаи сомиён (халқдои семит—арабҳо ва яҳудиҳо), Тур сарқабилаи тўрониҳо (сардори кабилаҳои мамлакатҳои Шимол) ва Эраҷ сардори кавмҳои эронӣ таъин шудааст. Писарони Фаридун як муддат дар мамлакатҳои худ подшоҳӣ карданд, аммо ба Эраҷ ҳасад бурда, ба муқобили ў фитна бардоштанд. Эраҷ барои бартараф кардани носозиҳо ба пеши бародаронаш рафт. Онҳо ўро куштанд ва сарашро ба Фаридун фиристоданд. Аз ин ҷо ҷангҳои дохили хонадонӣ cap мешавад. Фаридун барои қассос гирифтан ба хаёли интиқомгирӣ меафтад. Аммо баъд аз мурдаии Эраҷ ҷонишини подшоҳ — валиаҳд, ки соҳиби таҳту тоҷ бошад, набуд. Фаридун мунтазири валиаҳд буд. Дар ин вақт яке аз зандои Эраҷ дуҳтаре таваллуд кард ва баъд аз калон шудани ў ба яке аз хонаводаҳои подшоҳӣ ба шавҳар доданд, аз ў писаре таваллуд шуд, ба ў Мануҷеҳр ном ниҳоданд. Акнун фурсати интиқомгирӣ омада буд. Фаридун ҳамаи феодалҳои Эронро ҷамъ карда, Манучеҳрро ба онҳо тақдим кард. Наримони ҷангӣ ва Соми фархунда, ки бобоҳои Рустам мебошанд, барои ҳимояи таҳту тоҷи Эрон ба саҳнаи таърих мебароянд. Дар ин ҷо қисми якуми «Шоҳнома» ба анҷом мерасад.

Қисми дуюми «Шоҳнома» аз он cap мешавад, ки Фаридун абераи худро ба тарбияи Сом, ки аз феодалҳои бузурги Сиистон буд, месупорад. Манучеҳр дар дасти ҷанговарони моҳир тарбия меёбад ва бо иштироки ҳамаи саркардаҳои Эрон ба интиқоми Эраҷ, таиёрӣ мебинад. Коваи Оҳангар ва писари размдидаи ў Қорун ҳам дар байни интиқомгирандагон буданд. Салму Тур Манучеҳрро бо унвони шоҳи бепадар истеҳзо мекарданд. Аммо вай бо лашкари сиҳазора аввал Тур, баъд Салмро мағлуб карда, сарашонро ба Фаридун фиристод. Ҳамаи саркардаҳои ин мамлакатҳо тобеъ шуданд. Боз мамлакати ягона ва марказонидашуда барқарор гардид.

Дар ин қисми «Шоҳнома» саркашии феодалҳо, қувваҳои марказгурез, ҷангҳои хонадонӣ ва муборизаҳо барои ягонагии дав­лат тасвир ётфтааст. Баъд аз ғалаба Фаридун подшоҳиро ба Манучеҳр дод ва худ вафот кард. Манучеҳр баъд аз маросими мотами ҷаддаш феодалҳои сафарбаршударо иҷозат дод, ки ба вилоятҳои худ раванд. Сом ҳам ба Сиистон рафт. Сом фарзанд надошт. Яке аз занҳояш писар таваллуд кард. Писар аз ҳама ҷиҳат солим, вале муйҳояш сафед буд. Сом аз ин писар шарм дошт. Аз таънаи мардум тарсида бачаи навзодро бар домани кўҳи Албурз бурда партофт. Дар қуллаи баланди ин кўҳ мурғи мўъҷизанок — Симурғ лона дошт. Симурғ ҳангоми шикор бачаро пайдо карда ба ҳонаи худ бурд. Ўро нахўрд, балки ба ҷои шир хуни ҳайвонот дода, бо ҳар роҳ навозиш мекард. Бача калон ва паҳлавони зебосурат гардид. Корвонҳое, ки аз домани ин кўҳ мегузаштанд, дар бораи мурғи муъҷизанок ва корнамоиҳои ин паҳлавон ҳикоятҳо паҳн мекарданд. Сом як шаб ду хоби воҳимаангез дид. Таъбиркунандагони хоб зинда будани писари ўро хабар доданд. Сом ба ҷустуҷўи писараш баромад ва ўро аз пеши Симурғ гирифта овард. Сом, пеш аз ҳама, писараш — Золро гирифта ба пеши Манучеҳр ба салом рафт. Манучеҳр бо дидани ин паҳлавон бисёр хурсанд шуд. Баъд аз ин, Сом ҳукмронии Сиистонро ба Зол мегузорад. Зол барои боздиди мамлакати худ ба сайругашт мебарояд. Аввал ба Кобул рафта меҳмони Меҳробшоҳ мешавад. Дар мулоқоти аввал онҳо ба ҳамдигар дўст мешаванд. Зол ба духтари Меҳробшоҳ, Рудоба ошиқ мешавад. Ин ҳар ду пешакӣ медонистанд, ки падару модарашон ва Манучеҳр ба ин кор розӣ нестанд. Аммо мунаҷҷимҳо пешакӣ муайян карда буданд, ки аз Золу Рудоба писари паҳлавоне таваллуд мешавад, ки мислаш дар ҷаҳон нест. Баъд аз ин Сом розӣ мешавад. Сом аз Манучеҳр авф талаб мекунад ва ў Золро мебахшад. Шўҳрати арўсии бошукўҳи онҳо дар тамоми мамлакат паҳн шуд. Баъд аз тую тамошо ба сукунатгоҳи худ баргаштанд. Таваллуд шудани фарзанд. душвор шуд. Зол ба Симурғ муроҷиат кард. Бо маслиҳати ў шиками модарро бурида фарзандро гирифтанд. Ўро Рустам ном ниҳоданд. Шири даҳ доя вайро сер карда наметавонист. Ҳануз дар гаҳвора истода аломатҳои каҳрамони ва корнамои нишон медод. Дар 9-солагӣ бо гурзи гарон фили бузурги сафедро кушт. Ба вай ҳар навъ асп тоб намеовард. Чўпонҳо аз рўи гуфтаи мунаҷҷимҳо таваллуд шудани каҳрамони мудофиакунандаи халқу ватанро дониста, пешакӣ асп парвариш мекар­данд. Яке аз Чупонҳо Рахш ном тои худро барои Рустам пар­вариш мекард. Рахшро ба раир аз Рустам касе ба худ ром кар­да наметавонист. Рустам дар ҷангҳо бо одамон, бо ҳайвонҳои зур (фил, шер), бо девҳо (Деви Сафед) шуҷоатҳои бемисл ни­шон медод. Шоҳзодагон Кайқубод, Кайквус ва Каихисрав ба к,увват ва ёрдами Рустам муҳтоҷ буданд. Ҷангҳое, ки Рустам бо подшоҳи Чин ва Турон — Афросиёб карда буд, шуҳрату эътибори ўро зиёд кард. Як рўз баъд аз тамом шудани ҷанг, дар вақти саёҳат ва шикор Рустам ба мамлакати Самангон рафт, ў ба дуҳтари шоҳи Самангон Таҳмина ошиқ шуд ва бо ў издивоҷ кард. Таҳмина писаре таваллуд кард, уро Сўҳроб номи-данд. Сўҳроб аз ҳеҷ ҷиҳат аз Рустам камӣ надошт. Вай падарашро надида буд, фақат шунида буд. Афросиёб барои мағлуб кардани Рустам ва забт кардани Эрон аз қувваи Сўҳроб фоида бурдани шуд. Модараш бозубанди падараш ёдгоримондаро ба ў дод. Бо фитнаи Аҳриман ва девҳо Сўҳроб қарор дод, ки салтанати Эронро бардам дидад. Афросиёб Судробро ба ҷанги Рустам фиристод. Падару писар дамдигарро нашиноҳта меҷангиданд. Рустам бо фиреб халос мешавад. Аммо дафъаи дигар Судробро ба замин зада, дарҳол мекушад. Ҷангҳо баъд аз ин ҳам байни Рустам ва Афросиёб давом мекунад. Дар натиҷаи мағлубияти Сўҳроб, давлати Эрон, ки подшоҳи онрўзааш Кайковус буд ва Рустам барои ягонагии он давлат мубориза мебурд, беҳатар монд. Барои ба давлати Эрон халал расонидан Аҳриман фитнаи нав барангехт. Модарандари Сиёвуш (писари Кайковус) Судоба ба вай ошиқ мешавад, вале аз ў коми дил наёфта, ба ў тўҳмат карда, ба шавҳараш шикоят мекунад, ки гўё Сиёвуш ба вай бо назари шаҳватпарастӣ нигоҳ кардааст. Кайковус аз ин хабар дар ғазаб шуда, барои санҷидани покии писари худ фармон медиҳад, ки вай аз даруни оташи муқаддас гузарад. Сиёвуш савора аз байни оташ саломат мегузарад ва покии худро исбот мекунад, вале баъд аз ин, барои нигоҳ доштани шараф ва номуси худ дар ин оила монданро ба худ лозим намедонад. Ба ин тариқ хавфи беворис мондани тахту тоҷи Эрон ба вуҷуд омада, мамлакатро вайронии доҳилӣ таҳдид мекунад. Дар ин вақт Афросиёб бо лашкари азиме ҷангталаб шуда, ба сарҳади Эрон меояд. Кайквус дам, ки кайҳо, барои забти Турон ҷангталаб буд, баҳона меҷуст. Вай лашкари Эронро бо сардории Сиёвуш ва Рустам ба ҷанги Афросиёб мефиристад. Афросиёб бо сардории ин ду паҳлавони номӣ ба ҷанг омадани лашкари Эронро дида, ба ваҳм меафтад ва бо тўҳфаҳои зиёде сулҳ таклиф мекунад. Рустам ва Сиёвуш, ки ҳамчун паҳлавони ҳалқӣ сулҳҷў буданд, ҷангро шарт надонистанд, ба сулҳ розӣ шуданд ва ба подшоҳ Кайквус нома фиристоданд. Подшоҳ Рустамро аз сарлашкарӣ ҳориҷ карда, фармондеҳиро ба писараш Сиёвуш дода, фармон ме­диҳад, ки ҷанг кунад ва Туронро забт намояд. Аз ин ҳол Рус­там каҳр карда бо лашкари худ ба ватанаш — Сиистон бармегардад, Сиёвуш низ аз рўи кинаи пешина ба фармони ҷангҷўёнаи падараш итоат накарда, ба тарафи Афросиёб мегузарад. Афросиёб духтараш Фарангисро ба Сиёвуш дода, доимӣ яке аз кишварҳояш таъин менамояд, аммо Аҳриман, барои ин, ки дар байни Эрону Тўрон ба ин восита сулҳу амният бар-қарор нашавад, дар дили Афросиёб аз ваҷҳи Сиёвуш шубҳа пайдо кунонида, бо туҳмати бародараш Гарсеваз Сиёвушро ба қатл мерасонад. Ба муқобили ин хиёнати Афросиёб Кайхис-рав — писари Сиёвуш ва бобояш Кайковус якҷоя шуда ба му-қобили Афросиёб ҷанг cap мекунанд ва бо ёрдами Рустам Аф­росиёб мағлуб ва мамлакат фатҳ мешавад. Дар замони Кайхисрав мамлакат аз ҷангҳо осуда ва аз ҷиҳати хоҷагӣ тараққӣ мекунад, аммо подшоҳ ногоҳ ғоиб мешавад ва мамлакат бесару сомон мегардад. Рустам бошад, пир шуда буд.

Дар ин вақт марди доно Зардушт ба сифати пайғамбар ба майдон меояд. Таълимоти динии худро ҷорӣ мекунад, ки он таълимот то истилои араб давом кардааст. Баъд аз ин, аз номи дин ва падн кардани он мамлакати парокандашуда боз аз нав муттаҳид кунонида мешавад. Бо ҳамин, қисми дуюми «Шоҳнома» ба охир мерасад. Ин ду кисм давраи мифологӣ ва каҳрамонӣ буд.

Қисми сеюми «Шоҳнома» давраи таърихӣ аст. Дар ин қиём давраи сулолаи Ҳахоманишиҳо ё ки Каёниён, мағлуб шудани: охирин подшоҳи ин сулола Доро ва Эронро забт кардани Искандари Македонӣ тасвир ёфтааст. Баъд аз истилои Искандар ва махсусан, баъд аз вафоти ў Ҳукумати марказӣ барҳам хўрда, ҳукуматҳои майдаи феодалӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар таърих мулукултавоиф ном доранд. Дар ин мобайн аз рўи фактҳои таърихӣ давлатҳои хеле бузурги Юнону Бохарӣ ва давлати Ашкониён ё ки Аршакиҳо ба вуҷуд меояд. Дар охирҳои асри I пеш аз милод Осиёи Миёнаро қабилаҳои бодиянишини Шимол бо номи кўшониҳо ишғол менамоянд. Ин лаҳзаҳои таърихии ватанамон дар «Шоҳнома» хеле кам ва хира тасвир ёфтааст. Ниҳоят, ба муқобили парешонии идоравии Эрону Осиёи Миёна зарурати аз нав ташкил намудани ҳукумати марказӣ пайдо мешавад. Аз соли 224 cap карда. Ардашери Бобакон ном кас силсилаи подшоҳони Сосониро ташкил медидад, ки он то истилои араб — соли 650 давом кардааст. Дар ин қисм Фирдавсӣ амалиёти маздаби бидъати Монӣ (асри III)-ро, ки дар замони Шопури I буд, тасвир кардааст. Аз силсилаи шоҳони зиёде тасвири подшоҳии Баҳроми Гўр ҷолиби диққат аст. Шўриши зиддифеодалии халқи меҳнаткаш ва сардори донои он Маздак баъд аз ин тасвир ёфтааст. Маздак ҳамчун сардори шўриш, ҳамчун пайғамбари дини нав ба Қубод — подшоҳи Сосони таъсири худро гузаронда, вазир таъин мешавад. Дини худро ба подшоҳ қабул мекунонад, подшоҳ бо дастурамали Маздак кор мебарад. Маз­дак дар назди ҳукумат масъалаи барҳам додани моликияти хусусиро мегузорад. Фирдавсӣ, чӣ тавре ки дар бораи Кова ва Зардушт бо ҳурмат ва ҳусни таваҷҷўҳи зиёде сухан ронда буд, дар бораи Маздак низ ҳамон тавр сухан меронад. Шўриши Маздак ва маздакиён ба муқобили зулми ғуломдорон ва зулми феодализми нав пайдошуда бо баҳонаи хушксолӣ, гуруснагӣ, ғалларо анбор кардани феодалҳо ва ҳаннотон ба амал омада буд. Азбаски феодалҳо аз ҳукумати марказӣ саркашӣ мекарданд ва Қубод аз шўриши омма метарсид, хост, ки оммаро ба тарафи худ кашида, феодалдои саркашро ба худ мутеъ намо­яд. Доираи ҳаракати Маздак хеле калон шуд, ба феодалҳою аристократҳо хавфи калон овард. Қубод дар соли 529 талаби аристократҳоро конеъ гардонида, Маздакро аз вазири холӣ кард ва се ҳазор тарафдорони ўро дастгир карда, зинда ба зинда гўронд, Маздакро ба дор кашонд. Интиқоми чунин ҳа­ракати маздакиёнро якбора хобонида натавонист. Дар соли 531 баъди ба сари тахт баромадани писари Қубод Хусрави I Анўшервон ин ҳаракат ба таври қатъӣ нест карда шуд. Анўшервон» бо маслиҳати вазири донишманди худ Бузургмедр кор мекард. Дар вақти ў бозии шатранҷ, нард ва дигар ҳунарҳо ихтироъ шуд. Баъд аз ба ҳукумат омадани писари Нўшервон Ҳурмузд саркашии феодалҳо ва ҳуҷуми ҳориҷиён аз ҳар тараф зур шуд. Ҳурмузд бо ёрии Баҳроми Чўбина ба муқобили феодалҳои саркаш ҷангид. Баҳром бо Ҳурмузд ба зиддиятҳои дохилӣ дучор шуданд. Ҳурмузд Баҳромро ба ҷосусии подшоҳи Чин айбдор мекунад. Баҳром баъд аз ин тудмат худро подшоҳи Эрон эълон мекунад. Ҳурмуздро дарбориён кўр карда буданд. Писараш Ҳисрави Парвез аз Баҳром шикаст хўрда, ба Рум мегурезад. Баҳромро забткунандаи ғайиқонунии давлати Эрон мешумориданд. Ўро вайонкунандаи анъанаи меросӣ будани давлат мешумориданд. Баҳром қарор дод, ки бо хонадор шудан ба яке аз духтарҳои хонадони подшоҳӣ ҳукмронии худро қонунӣ кунад. Аммо ҳеҷ як аз ин чораҳо ўро халос карда наметавонад. Ў аз дасти қотиле кушта мешавад. Охирин подшоҳи нисбатан пурқуввати Сосонӣ Хусрави Парвез қувваҳои боқимондаи мамлакати Худро ҷамъ карда ба муқобили румиҳо ҷангҳои бемуваффақият мебарад. Баъд аз вай сулолаи Сосонӣ ҳеҷ подшоҳи дурустро намебинад. Мамлакат рў ба вайронӣ меорад. Инро тез-тез кушта шудани подшоҳон ва дигар шудани онҳо нишон медидад. Охирин подшоҳи Сосонӣ Яздигурди III («Охирин» дар осиёе наздики Марв аз дасти Моҳу ном ғулом) дар истилои араб кушта ва ҳукуматаш барҳам дода мешавад.

Аз оғози достони Рустам ва Сўҳроб:

Кунун разми Сўҳробу Рустам шунав,

Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.

Яке достон аст пуроби чашм,

Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.

Агар тундбоде барояд зи кунҷ,

Ба хок афканад норасида турунҷ.

Ситамкора хонам-ш, ар додгар,

Ҳунарманд гўям-ш, ар беҳунар?

Агар марг дод аст, бедод чист?

Зи дод ин ҳама бонгу фарёд чист?

Аз ин роз ҷони ту огоҳ нест,

Бад-ин парда-андар туро роҳ нест.

Ҳама то дари оз рафта фароз,

Ба кас во нашуд ин дари оз боз.

Ба рафтан магар беҳтар ояд-т ҷой,

Чу ором гирӣ ба дигар сарой.

Агар оташе гоҳи афрўхтан

Бисўзад, аҷаб нест, з-ў сухтан.

Бисўзад чу дар сўзиш ояд дуруст,

Чу шоҳи нав аз бехи куҳна бируст.

Дами марг чун оташи ҳавлнок,

Надорад зи барнову фартут бок.

Ҷавонро чӣ бояд ба гетӣ тараб,

Не маргро ҳаст пири сабаб.

Дар ин ҷой рафтан на ҷои диранг,

Бар аспи қазо гар кашад марг

Чунон дон, ки дод аст, бедод нест,

Чу дод омадат, бонгу фарьёд чист?!

Ҷавониву пирӣ ба назди аҷал

Яке дон, чу дар дин наҳоди халал.

Дил аз нури имон гар огандаӣ,

Туро хомушӣ беҳ, ки ту бандаӣ.

Парастиш ҳамон пеша кун ё ниёз,

Ҳаме кори рўзи пасинро бисоз.

Бар ин кори Яздон туро роз нест,

Агар дев бо ҷонат анбоз нест.

Ба гетӣ дар он кўш, чун бугзарӣ,

Саранҷоми ислом бо худ барӣ.

Кунун разми Сўҳроб гўям дуруст,

Аз он кин, ки ў бо падар чун биҷуст.

Омадани Рустам ба нахчиргоҳ

Зи гуфтори деҳқон яке достон,

Бипайвандам аз гуфтаи бостон.

Зи мўбад бар он гуна бардошт ёд,

Ки Рустам баророст аз бомдод.

Ѓамӣ буд дилаш, сози нахчир кард,

Камар басту таркаш пур аз тир кард.

Бирафту ба Рахш андаровард пой,

Барангехт он пилпайкар зи ҷой.

Суи марзи Тўрон-ш бинҳод рўй,

Чу шери дижогоҳи нахчирҷўй.

Чу наздикии марзи Тўрон расид,

Биёбон саросар пур аз гўр дид.

Барафрўхт чун гул рухи тоҷбахш,

Бихандиду аз ҷой баркард Рахш.

Ба тиру камону ба гурзу каманд,

Бияфканд бар дашт нахчир чанд.

Зи хору зи хошоку шохи дарахт,

Яке оташе барфурўзид сахт.

Чу оташ пароканда шуд, пилтан

Дараҳте биҷуст аз дари бобзан.

Яке наррагўре бизад бар дарахт,

Ки дар чанги ў парри мурғе насахт.

Чу бирён шуд аз ҳам биканду бих(в)ард,

Зи мағз устухонаш баровард гард.

Бихуфту баросуд аз рўзгор,

Хамону ҷаҳон Рахш дар марғзор.

Саворони туркон тане ҳафт-ҳашт,

Бад-он дашти нахчиргад баргузашт.

Паи Рахш диданд дар марғзор,

Бигаштанд гирди лаби ҷўйбор.

Чу дар дашт мар Рахшро ёфтанд,

Суи бандкардан-ш биштофтанд.

Саворон зи ҳар сў ба ў тохтанд,

Каманди каёнӣ дарандохтанд.

Чу Рахш он каманди саворон бидид,

Чу шери жиён он гаҳо бардамид.

Кушта шудани Сўҳроб aз дасти Рустам

Дигарбора аспон бубастанд сахт,

Ба cap-бар ҳаме гашт бадхоҳ, бахт.

Ҳамон гаҳ, ки хашм оварад бахти шум,

Шавад санги хоро ба кирдори мум.

Ба гўштигирифтан надоданд cap,

Гирифтанд ҳарду дуволи камар.

Сипаҳдор Сўҳроб он зўрдаст,

Ту гуфтӣ, ки чархи баландаш бубаст,

Ѓамин гашт, Рустам биёзид чанг,

Гирифт он сару ёли ҷангӣ паланг.

Хам овард пушти диловар ҷавон,

Замона cap омад, набудаш тавон.

Задаш бар замин бар ба кирдори шер,

Бидонист, к-ў ҳам намонад ба зер,

Сабук теғи тез аз миён баркашид,

Бари пури бедордил бардарид.

Гар он гаҳ ки ту ташна гаштӣ ба хун,

Биёлудӣ ин ханҷари обгун,

Замона ба хуни ту ташна шавад,

Бар андоми ту мўй дашна шавад.

Бупечид аз он пас яке оҳ кард,

Зи неку бад андеша кўтоҳ кард.

Бад-ў гуфт, к-«Ин бар ман аз ман расид,

Замона ба дасти ту додам калид.

Ту з-ин бегуноҳӣ, ки ин кўжпушт

Маро баркашиду ба зудӣ бикушт.

Ба бозӣ бигўянд ҳамсоли ман,

Ба хок андаромад чунин ёли ман.

Нишон дод модар маро аз падар,

Зи меҳр андаромад равонам ба cap.

Ҳаме ҷустамаш то бубинам-ш рўй,

Чунин ҷон бидодам бад-ин орзўй.

Дареғо, ки ранҷам наёмад ба cap,

Надидам, дар ин ҳеҷ рўи падар!

Кунун гар ту дар об моҳӣ шавӣ,

Ва ё чун шаб андар сиёҳӣ шавӣ,

Ва ё чун ситора шавӣ бар сипеҳр,

Бибуррӣ зи рўи замин пок меҳр,

Бихоҳад ҳам аз ту падар кини ман,

Чу бинад, ки хишт аст болини ман.

Аз он номдорони гарданкашон,

Касе ҳам барад назди Рустам нишон,

Ки Сўҳроб куштасту афканда хор,

Ҳаме хост кардан туро хостор».

Чу бишнид Рустам сараш хира гашт,

Ҷаҳон пеши чашм-андараш тира гашт.

Ҳаме бетану тобу бетўш гашт,

Бияфтод аз пою беҳуш гашт.

Бипурсид аз он пас, ки омад ба ҳуш,

Бад-ў гуфт бо нолаву бо хурўш:

«Бигў, то чи дорӣ зи Рустам нишон,

Ки гум бод номаш зи гарданкашон.

Ки Рустам манам, к-ам мамонод ном,

Нишинод бар мотамам пури Сом».

Бизад наъраву хунаш омад ба ҷўш,

Ҳаме канд мўю ҳаме зад хурўш.

Чу Сўҳроб Рустам бад-он сон бидид,

Бияфтоду ҳуш аз сараш барпарид.

Бад-ў гуфт: «Гар з-он ки Рустам туӣ,

Бикуштӣ маро хира бар бадхўӣ.

Зи ҳар гуна будам туро раҳнамой,

На ҷунбид як зарра меҳрат зи ҷой.

Кунун банд букшой аз ҷавшанам,

Бараҳна бубин ин тани равшанам.

Чу бархост овози кус аз дарам,

Биёмад пур аз хун ду рух модарам.

Ҳаме ҷонаш аз рафтани ман бихаст,

Яке мўҳра бар бозўи ман бубаст.

Маро гуфт, к-ин аз падар ёдгор,

Бидору бубин то кай ояд ба кор.

Кунун коргар шуд, ки бекор гашт,

Писар пеши чашми падар хор гашт».

Чу букшод хафтону он мўҳра дид,

Ҳама ҷома бар хештан бардарид.

Ҳаме гуфт, к-«Эй кушта бар дасти ман,

Далеру сутуда ба ҳар анҷуман».

Ҳаме рехт хуну ҳаме канд мўй,

Сараш пур зи хоку пур аз об рўй.

Бад-ў гуфт Сўҳроб к-«Ин бадтарист,

Ба оби ду дида набояд гирист.

Аз ин хештан куштан акнун чӣ суд,

Чунин рафту ин будани кор буд».

Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт,

Таҳамтан наёмад ба лашкар зи дашт.

Зи лашкар биёмад ҳушивор бист,

Ки то андар овардгаҳ кор чист?

Ду асп андар он дашт бар пой буд,

Пур аз гарду Рустам дигар ҷой буд.

Гави пилтанро чу бар пушти зин

Надиданд гурдон бар он дашти кин,

Чунон буд гумоншон, ки ў кушта шуд,

Сари номдорон ҳама гашта шуд.

Ба Ковуси кай тохтанд огаҳӣ,

Ки тахти меҳӣ шуд зи Рустам тиҳӣ.

Зи лашкар баромад саросар хурўш,

Баромад замона яко-як ба ҷўш.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *