Фанни Адабиёт

Робиъаи Балхӣ

Дар омад оташе аз ишқ зудаш,

Ба ғорат бурд куллӣ, ҳар чӣ будаш.

Чунон он оташаш дар ҷон асар кард,

Ки он оташ танашро бехабар кард.

Дилаш ошиқ шуду ҷон муттаҳам гашт,

Зи сар то по вуҷуди ӯ адам гашт.

Зи ду наргис чу абре хунфишон кард,

Ба як соат басе тӯфон равон кард…

Чунон аз як назар дар доми ӯ шуд,

Ки шаб хобу ба рӯз ороми ӯ шуд.

Чунон бечора шуд он, чорасоз ӯ,

Ки менашнохт сар аз пой боз ӯ.

Ҳама шаб хунфишону навҳагар буд,

Чу шамъаш ҳар нафас сӯзи дигар буд.

Зи бас оташ, ки дар ҷони вай афтод,

Чу маст аз ҷоми май бехуд биафтод.

Алалҷумла зи дасти ранҷу тимор,

Чу моҳе ба соле гашт бемор.

Табиб овард Ҳорис, суд кай дошт,

Ки он бут дарди бедармон зи пай дошт.

Чунон дарде куҷо дармон пазирад,

Зи ҷон дармон ҳам аз ҷонон пазирад.

Даруни парда духтар дояе дошт,

Ки дар ҳиллатгарӣ сармояе дошт.

Ба сад ҳиллат аз он маҳрӯй дархост,

Ки эй духтар, чӣ афтодат, бигӯ рост!

Намеомад муқир, албатта, он маҳ,

Магар омад, забон бикшод ногаҳ.

Ки ман Бектошро дидам фалон рӯз,

Ба зулфу чеҳра ҷонсӯзу дилафрӯз.

Чу сармасте рубобе дошт дар бар,

Ман аз вай чун рубобе даст бар сар…

Чунон зулфаш парешон кард ҳолам,

Ки омад мулки ҷамъият заволам.

Чунонам ҳалқаи зулфаш камар баст,

Ки дил хун кард, то ҳамчун ҷигар баст.

Чунин бемору саргардон аз онам,

Ки медонам, ки қадраш менадонам…

Кунун, эй доя бархезу равон шав,

Миёни ин ду дилбар дар миён шавд.

Бирав, ин қисса бо ӯ дар миён неҳ,

Асоси ишқи ин ду меҳрубон неҳ.

Бигӯ ин розу гар ӯ хашм гирад,

Ба сад ҷонаш дилам др чашм гирад.

Кунун биншон ба ҳам мо ҳар ду танро,

К-аз он набвад хабар як марду занро.

Бигуфт ину накӯномӣ раҳо кард,

Ба хуни дил яке нома адо кард:

«Ало, эй ғоиби ҳозир куҷоӣ,

Зи чашми ман ҷудо охир чароӣ?!

Ду чашмам рӯшноӣ аз ту дорад,

Дилам низ ошноӣ аз ту дорад.

Биёву чашму дилро меҳмон кун,

Вагарна теғ гиру қасди ҷон кун!

Ба нақд аз неъмати мулки ҷаҳоне,

Даме бинам кунун ҷуз ним ҷоне.

Чаро ин ним ҷон дар ту набозам,

Ки ман бе ту зи сад ҷон бениёзам.

Дилам бурдиву гар бурдӣ ҳазорам,

Набудӣ ҷуз фишондан бар ту корам.

Зи ту як лаҳза з-он дил барнагирам,

Ки ман ҳаргиз дил аз дилбар нагирам.

Ғами ишқи ту дар ҷон мениҳам ман,

Ба куфри зулфат имон медиҳам ман.

Чу ман бе ту на дил дорам, на динам,

Чаро саргашта медорӣ чунинам?!

Манам бе рӯйи ту рӯе чу динор,

Зи ишқи рӯйи ту рӯе ба девор.

Туро дидам, ки ҳамтое надидам,

Назират сарви болое надидам.

Агар ойӣ ба дастам, худ бирастам,

В-агарна медавам ҳар ҷо, ки ҳастам!

Ба ҳар ангушт даргирам чароғе,

Туро меҷӯям аз ҳар дашту боғе.

Агар пешам чу шамъ ойӣ падидор,

Вагарна чун чароғам мурда ангор!»

Навишт ин номаву бингошт он гоҳ,

Яке сурат зи нақши хеш чу моҳ.

Ба доя дод, то доя равон шуд,

Бари он моҳрӯи меҳрубон шуд.

Чу нақши ӯ бидиду шеър бархонд,

Зи лутфи табъу нақши ӯ аҷаб монд.

Ба як соат дил аз дасташ бурун шуд,

Чу ишқ омад дилаш аз ғусса хун шуд.

Наҳанги ишқ дар ҳолаш забун кард,

Канору доманаш дарёи хун кард.

Чунон бе рӯйи ӯ рӯйи ҷаҳон дид,

Ки гуфтӣ не замин, не осмон дид.

Чу гӯӣ бе сару бе пой музтар,

Кулаҳ дар пой карда кафш дар сар.

Ба доя гуфт: — Бархез, эй накӯгӯй,

Бари он бут раву аз ман бад-ӯ гӯй.

Надорам дидаи рӯйи ту дидан,

Надорам сабри бе ту орамидан…

Равон шуд доя то наздики он моҳ,

Зи ишқи он ғуломаш кард огоҳ.

Ки аз ту ӯ басе ошиқтар афтод,

Ки гармии ӯ оташ дарафтод.

Агар гардад дилат аз ишқаш огоҳ,

Дилат з-ӯ дарди ишқ омӯзад он гоҳ!

Дили духтар ба ғоят шодмон шуд,

Зи шодӣ ашк ба рӯяш равон шуд.

Намедонист коре он дилафрӯз,

Ба ҷуз байту ғазал гуфтан шабу рӯз.

Равон мегуфт шеъру мефиристод,

Чунин дар шеър гуфтан гашт устод.

Ғулом он гаҳ ба ҳар шеъре, ки хондӣ,

Шудӣ ошиқтару ҳайрон бимондӣ.

Бад-ин чун муддате бигзашт, як рӯз,

Ба даҳлезе бурун шуд он дилафрӯз.

Бидидаш ногаҳӣ Бектошу бишнохт,

Ки умре ишқ бо нақши рухаш бохт.

Гирифташ доману духтар барошуфт,

Барафшонд остин он гаҳ бад-ӯ гуфт:

Ки ҳон, эй беадаб, ин чӣ далерист,

Ту рӯбоҳӣ, туро чӣ ҷойи шерист!

Наёрад гашт кас пиромани ман,

Кӣ бошӣ ту, ки гирӣ домани ман?!

Ғуломаш гуфт: — Эй ман хоки кӯят,

Чу медорӣ зи ман пӯшида рӯят.

Чаро шеърам фиристодӣ шабу рӯз,

Дилам бурдӣ бад-он нақши дилафрӯз.

Чу дар аввал маро девона кардӣ,

Чаро дар охирам бегона кардӣ.

Ҷавобаш дод он симинбар он гоҳ,

Ки як зарра найӣ з-ин сир ту огоҳ.

Маро дар сина коре уфтодаст,

Валекин аз ту он корам кушодаст.

Чунон коре чӣ ҷойи сад ғулом аст,

Ба ту додам туро, ин худ тамом аст!

Туро ин бас набошад дар замона,

Ки ту ин корро бошӣ баҳона.

Асоси нанг бинҳодӣ аз ин кор,

Ба шаҳватбозӣ афтодӣ аз ин кор.

Бигуфт ину зи пеши ӯ бадар шуд,

Ба сад дил он ғуломаш фитнатар шуд.

Зи лафзи Бусаъиди Маҳна дидам,

Ки ӯ гуфтаст: — Ман он ҷо расидам.

Бипурсидам зи ҳоли духтари Каъб,

Ки ориф буд ӯ ё ошиқи саъб?

Чунини гуфт ӯ, ки маълумам чунон шуд,

Ки он шеъре, ки бар лафзаш равон шуд.

Зи сӯзи ишқи маъшуқи маҷозӣ,

Бинакшояд чунин шеъре ба бозӣ.

Надошт он шеър бо маъшуқ коре,

Ки ӯро буд бо Ҳақ рӯзгоре.

Камоле буд дар маънӣ тамомаш,

Баҳона омада дар раҳ ғуломаш.

Ба охир духтари ошиқ ба он сӯз,

Ба зорӣ шеър мегуфтӣ шабу рӯз.

Магар мегашт рӯзе дар чаманҳо,

Хуше мехонд ин ашъор танҳо:

«- Алло, эй боде, шабгире гузар кун,

Зи ман он турки яғморо хабар кун.

Бигӯ к-аз ташнагӣ хобам бибурдӣ,

Бибурдӣ хобаму хунам бихӯрдӣ».

Магар Ҳорис аз он сӯ дар чаман буд,

Ба гӯши Ҳорис омад он сухан зуд.

Биҷӯшиду бар ӯ зад бонг ногоҳ,

Бад-ӯ гуфто: — Чӣ мегӯӣ ту гумроҳ?!

Ба пешаш духтари ошиқ замин руфт,

Бигардонид он шеъру чунин гуфт:

«- Ало, эй бод, шабгире гузар кун,

Зи ман он сурхсаққоро хабар кун.

Бигӯ, к-аз ташнагӣ хобам бибурдӣ,

Бибурдӣ обаму хунам бихӯрдӣ!»

Яке саққош будӣ сурхрӯе,

Ки ҳар вақт обаш овардӣ сабӯе.

Ба ҷойи «турки яғмо» хоса чун моҳ,

Ниҳод он «сурхсаққо»-ро ҳамон гоҳ.

Бародарро чунон дар тӯҳмат афканд,

Ки бар хоҳар назар беҳурмат афканд.

Чу алқисса аз ин бигзашт моҳе,

Даромад ҳарби Ҳорисро сипоҳе.

Сипоҳеву шумораш аз адад беш,

Чу даврони фалак аз ҳасру ҳад беш.

Сипоҳи мавҷзан аз теғу ҷавшан,

Ҷаҳон аз теғу ҷавшан гашт равшан.

Даромад лашкаре аз кӯҳу шах – дар,

Ки шуд гови замин чу хар ба ях дар.

Зи дигар сӯй Ҳорис бо сипоҳе,

Зи дарвоза бурун омад ба гоҳе.

Чу бахти ӯ ҷавон яксар сипоҳаш,

Чу рояш муртафеъ чатру кулоҳаш.

Зафар мешуд зи як сӯ ҳалқа дар гӯш,

Ба як сӯ фатҳу нусрат дӯш бо дӯш.

Сипаҳ алқисса афтоданд дар ҳам,

Ба куштан даст бикшоданд бар ҳам.

Ғуборе аз ҳама саҳро баромад,

Фиғон то гунбади хазро баромад.

Хурӯши кӯс гӯши чарх кар кард,

Замин чун осмон зеру забар кард.

Замин аз хуни хасмон лолазоре,

Ҳаво аз тираборо лолазоре.

Ҷаҳонро пардае бар ғоб ҷаста,

Зи кушта пеши бурғе боз баста.

Аҷал чангол ба ҷон тез карда,

Қазо бар кина дандон тез карда.

Предыдущая страница 1 2 3 4Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *