Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Сохти кишоварзи (аграри) дар Византия дар асрхои III – V

РУШДИ НЕРӮҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ КИШОВАРЗИИ ВИЗАНТИЯ БАЪДИ БӮҲРОНИ АСРИ III

Бӯҳрони асри III гарчанде мисли Ғарб набошад ҳам, бо вуҷуди ин, ба соҳаи кишоварзии он вилоятҳое, ки ба ҳайати Византия дохил шуда буданд, таъсири манфӣ расонид. Иншоотҳои обёрӣ рӯ ба таназзул ниҳоданд, маданияти заминдорӣ ва технологияи истифодаи он ақиб монд, бо сабаби нарасидани қувваи корӣ масоҳати калони васеи заминҳо аз истифода берун монданд. Истифодаи заминҳои бекорхобида барои давлат яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мерафт. Ба ҳукумат муяссар нашуд, ки онро на дар асри IV ва на асри V пурра ҳал кунад. Дуруст аст,ки дар Византияоқибатҳои бӯҳрони асри III қисман бартараф карда шуданд. Аксарияти иншоотҳои обёрикунанда барқарор карда шуданд. Қисми зиёди заминҳои бекорхобида ба истифода дода шуданд (асосан ҳамон заминҳое, ки дар онҳо варварҳо сокин шуданд).

Дар асрҳои IV ва V барои обёрии заминҳо ба таври васеъ аз муҳаррикҳо (механизмҳо) ва дар корҳои саҳроии вилоятҳои алоҳида аз плуги чархдори такмилёфта, истифода мебурданд. Чунин плугро, ки ҷуфти гов мекашид, дар алафдаравию ҷамъоварии ғалладона низ ба кор мебурданд. Плуг, алафдаравак, гандумдаравак ва гандумкубак технологияи асосии соҳаи кишварзиро ташкил мекарданд. Мувофиқи шаҳодати Палладия, аксарияти ин олоти меҳнат дар Осиёи Хурд на танҳо барои зарурати худ, балки барои баровардан ба Италия низ истеҳсол мекурданд.

Рисолаҳои агрономҳои юнонии асри IV дар бораи идомаи рушди маданияти зироатпарварӣ шаҳодат медиҳанд. Нависандаҳои асрҳои IV – IV дар бораи дар ҳама ҷо истифодабарии пору нақл мекунанд. Григорий Нисский дар бораи сатҳи баланди боғдорӣ ва бо роҳи пайвандкунӣ пайдо намудани навъҳои нави мева ҳамчун “табиат ва тағйир додани он ба воситаи ҳунар” нақл мекунад.

Тавре ки бозёфтҳои кофтуковҳои бостонӣ нишон медиҳанд, дар мулҳо ва деҳоти асрҳои IV – V Византия хеле босуръат чоҳҳои об ва обамборҳо, ҷувозҳои равғанкашӣ ва фишурдани шираи ангур бунёд мекарданд. Чорводорӣ рушд мекард: намудҳои гуногуни чорво – гов, бузи ангор ва гӯсфанд, шутур ва асп парвариш мекарданд Дар аксарияти вилоятҳои империя хоҷагидорӣ барои он замон дар асоси васеъкунии (интенсивикунонии) истеҳсолот сурат гирифта ва дар айни замон моҳияти молӣ (ғаллакорӣ.зайтунпарварӣ, токпарварӣ, боғдорӣ) дошт. Вале пешрафти кишоварзӣ ниҳоят суст сурат мегирифт. Монеаи рушди соҳаи кишоварзӣ муносибатҳои истеҳсолие буданд, ки дар Византия вуҷуд доштанд.

Ба соҳаи кишоварзӣ ҳамон зиддиятҳое таъсир расониданд, ки барои замони гузариш аз марҳалаи ғуломдорӣ ба замони феодалӣ хос буданд. Грачанде аллакай меҳнати ғулом дар соҳаи кишоварзӣ нақши ҳалкунандаро иҷро намекард, вале он ҳоло ҳам аҳамияти худро аз даст надода буд. Сарчашмаҳои асрҳои IV – V ғуломони деҳотиро хеле зиёд ёдовар мешаванд. Онҳоро дар ихтиёри худ баъзе мулкдорони майдаи замин, мулкҳои миёнаи заминдорон — куриалҳо ва мулкҳои магнатҳои заминдор доштанд.

Қонун ба ҳайати артиш ҷалб кардани ғуломони мулкҳои император ва хизмати давлатиро манъ карда буд. Тавре ки ҳисоботи мулкҳои заминдорони калони Миср — Анионҳо нишон медиҳанд, дар ин ҷо хароҷот ба таъминоти ғуломон яке моддаҳои доимии хароҷотро ташкил менамуд. Вале аксарияти куллии ғуломон-кишоварзон дар мулкҳоро ғуломони ба замин вобасташуда, аз ғуломони пекулий иборат буданд. Онҳо ҳам чун колонҳо қитъаҳои заминро коркард карда, хоҷагии худро ба роҳ мемонданд.

Меҳнати ғуломон дар кишоварзӣ аз ҳама бештар дар Эллада, Пелопоннес, дар ҷнақли Ливания, дар бораи мулки дӯсти ӯ – куриали коринфии Аристофан, дар он эҳтимол меравад, ки дар асри IV ҳам меҳнати ғуломон хеле зиёди истифода бурда мешудааст. Масъала дар бораи фурӯши ғуломон дар қонуни соли 327, ки ба комити Македония нигаронида шудааст, инъикос гардидааст. Дар бораи ғуломони кишоварз пораҳои навиштаҷот — маълумот (кадастр)-и аз Таралли ҷазираҳои Фера ёфишуда нақл мекунанд. Дарбозорҳои Осиёи Хурд хариду фурӯши ғуломон дар авҷ буд.

Он вақт эҳтимол меҳнати ғуломон дар заминҳои Киренаика хеле васеъ паҳн гардида будааст. Куриал аз Киренаика Синесй дар охирҳои асри IV – оғози асри V менависад: Ман заминҳоямро кам кардам, чунки аксарияти ғуломони ман ба шаҳрвандони баробарҳуқуқ табдил ёфтаанд”.

Дар вилоятҳои дигари империя (Сурия, Миср, музофотҳои Дунай. навоҳии дохилии Осиёи Хурд), эҳтимол меҳнати ғуломони ба замин вобасташуда акнун аҳамияти калон надошт. Ғуломон одатан дар ин ҷойҳо дар корҳои асосии кишоварзӣ истифода бурда мешуданд. Инҳо ғуломони подабон, ғуломоне, ки боғу токзорҳои хуҷаинро нигоҳубин мекарданд, ба кору бори хоҷагии мулк – фишурдани шарбати ангур, ҷувозкашӣ. Осиёббонӣ,ғуломони косибӣ, ҳаргуна хизматгорон ва машғул буданд

Дар асри IV мустақилияти хоҷагидории ғулом хеле боло рафт. Алоқаи ӯ бо пекулий мустаҳкамтар шуд. Қонуни соли 366 фурӯши ғуломонро ҷудо аз замини онҳо манъ кард. Нисбат ба музофотҳои ғарбӣ шумраи ғуломон дар Византияи асрҳои IV -V буда, ки дар манзили хуҷаинашон зиндагӣ карда, вале дар заминҳои феодалӣ кор мекарданд, аз махсусияти таърихан бамиёномадаи ташаккули ғуломдорӣ дар музофотҳои шарқӣ шаҳодат медиҳанд. Он дар ин ҷо қаблан ҳам чун дар рб васеъ паҳн нагардида буд. Дар ин ҷо ғуломони бисёре буданд, ки ба замин побанд карда, на дар хоҷагии хуҷаин, балки дар қитъхаҳои замине кор карда, аз озодии маълуми хоҷагидорӣ истифода мебурданд.

Дар вақташ, дар замони эллинистӣ ғуломони шоҳ ва хизматгорони ибодатгоҳҳо дар ҳамин ҳолат – аз рӯи ҳолати худ нисбат ба ғуломони нимозоди Ғарб, ба деҳқонони тобеъ наздиктар қарор доштанд. Ҳамаи иҳо – ҳам дар Шарқ мавҷуд будани шакли сабуки ғуломдорӣ, ки он ба ғуломон, ҳам қобилияти ҳуқуқдории маълум ва ҳам қобилияти ҳуқуқии юридикӣ (масалан, ғуломони юнонии Миср ҳанӯз дар асрҳои II – III амволи шахсӣ доштанд), дар музофотҳои шарқӣ баровардани ғуломонро аз ҳолати пекулий осонтар карда буданд. Гарчанде замин, амвол, чорво, олоти меҳнат, тухмии онҳо аз они хуҷаин буданд,дар амал онҳо ҳуқуқҳои зиёд барои ихтиёрдорӣ кардани ин амволро доштанд.

Таҷрибаи ба озодӣ ҷавоб додани ғуломон, ки дар асри IV васеъ паҳн гардида буд, онҳоро ба ҳолати деҳқонон ва колонҳои тобеъ бештар наздик мекард, Мувофиқи қонуни соли 371 ба озодӣ ҷавобшудагон ба мулкҳои хуҷаинони худ вобаста карда шуда буданд. Аллакай пандектҳо (маҷмӯаи қонунҳо Византия) ғуломони ба замин побандкардаро.колон шуморида, ӯро ба ашёи мулк дохил накарда буданд.

Вале дар асрҳои IV – V оммаи асосии аҳолии деҳотро дар империяи Византия колонҳои дараҷаи тобеияташон гуногун ташкил мекарданд.

КОЛОНҲО: ШУҒЛИ МЕҲНАТ, ҲОЛАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ЗИНДАГИИ ОНҲО ДАР ВИЗАНТИЯ

Масъалаии моҳияти ҷамъиятию иқтисодии колонат дар Рими Шарқӣ ҳанӯз ба таври ҳаматарафа таҳқиқ нашудааст, гарчанде, ки оид ба он адабиёту сарчашмаҳои зиёд вуҷуд доранд. Дар таърихнигории буржуазӣ диққати асосӣ ба мақоми ҳуқуқии колонҳо, ба нақши давлат дар ташаккулёбии колонат ҷалб карда шудааст.

Аз рӯи пайдоиши худ колон – дар аввалиҷорагири озоди замин дар замини мулкдор буд. Дар замони империя ба замин побанд карда шуда буданд. Дар музофотҳои шарқӣ колонат ҳанӯз дар асрҳои аввалини солшумории мо хеле васеъ паҳн гардида буд. Ба паҳншавии он мавҷуд будани оммаи мулкдорони хурди озод дар деҳот хуб мусоидат намудаанд. Вобастакунӣ ба замин низ дар музофотҳои Шарқ хеле хуб маълум буд, дар ҷое, ки он дар замони эллинистӣ дар мулкҳои шоҳ ва ибодатхонаҳо истифода бурда мешуд. Боқимондаҳои ин муассиса дар замони салтанати Рим ҳам боқӣ мемонад. Колонат дар замони барҳамхӯрии муносибатҳои ғуломдорӣ аз нав эҳё шудан мегирад.Аз замонҳои қадим боз дар Шарқ категорияҳои гуногуни истифодабарандагони заминҳои шаҳрӣ ва хусусӣ низ вуҷуд доштанд.

Шумораи колонҳо дар асри IV меафзояд – қисман аз ҳисоби ба замин побанд кардагон, баъд аз ҳисоби ғуломон, асирони ҳарбӣ, муҳоҷирони варварӣ, ки дар асрҳои IV – V аксарияти куллии онҳо, вале пеш аз ҳама, аз ҳисоби муфлисшавии моликиятдорони хурд бар замин, иҷоракорони озод, кормандони безамин ва ғайра ба колонҳо мубаддал мешуданд. Вазъияти истифодабарандагони гуногуни замини бегона точанде бо ҳам наздиктар шудан мегирад. Онҳо беш аз пеш ӣа табақаи ягонаи колонҳо ё элевтерҳо ва колонҳои рӯихатӣ ё энапографӣ.

Дар он амон шумораи зиёди иҷоракорони озоди хурд боқӣ монда буданд, ки онҳо ҳуқуқ доштанд, ки бо сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати шартнома аз замини иҷорагирифтаи худ раванд.

Шумораи табақаи заминдорони хурди мустақил ва иҷоракорони озод беш аз пеш кам мешуд. Дар асри IV оғозёбии ба мулкҳо побандкунии колонҳо дар ҳамон заминҳое, ки иҷоракор буданд, тадбире буд, ки аз он сиёсати андозбандии ҳукумат нафъ ба даст меовард. Ин сиёсат пеш аз ҳама тобеияти аксарияти колонҳоро аз соҳибони замин ба миёномадаро инъикос мекард, ки бо ин сабаб колонҳо дар амал аллакай ба қитъаҳои замини худ побанд карда шуда буданд.. Давлат дар сиёсати фискалии (андозбандии ) худмуносибатҳои воқеии бавуҷудомадаро мустаҳкам мекард. Қонуни машҳури соли 332 de fugitivis colonis муайян карда буд, ки колонҳои гурезаро чун ғуломон баргардонидан лозим аст.

Дар вилоятҳои кӯҳнаи эллинишудаи музофотҳои шарқӣ побанд кардани колонҳо ба замин дар нимаи аввали асри IV зуҳуроти муқаррарӣ ҳисобида мешуд. Дар вилоятҳое, ки муносибатҳои ғуломдорӣ на онқадар васеъ паҳн гардида буд, дар он ҷойҳое, ки аксарияти аҳолии деҳотро деҳқонони озод ташкил мекарданд, ин зуҳурот хеле суст сурат мегирифт. Ҳамин тариқ, колонҳои Иллирика танҳо дар соли 371 ва колонҳои Фракия дар соли 392 вобаста карда шуда буданд. Дар замин побанд кардани колонҳо асосан дар охирҳои асри IV анҷом меёбад.

Вазъи ҳуқуқии колони озоди ба замин побандкардашударо дар асрҳои IV – V духела буд. Аз як тараф он соҳиби моликият буд ва шахсан озод ҳисобида мешуд, аз тарафи дигар – ба замини истифодабарандаи меросӣ побанд карда шуда буд. Дар баробари он замин, олоти меҳнат, чорвои корӣ ва амволи дигар, ки колон аз хуҷаини худ мегирифт, ӯ метавонист замини худ, ҷиҳоз (ннвентар), чорво, олоти корӣ тухмии худро дошта бошад. Зоҳиран муносибатҳои ӯ бо хуҷаин бо пардохти (мувофиқи анъанаҳои маҳаллӣ) оброк (баъзан бо пул ва баъзан ҳам пул ва аслӣ) ва иҷрои корҳои аз рӯи шартнома муайяншуда аҳдуд мешуданд.др сурати ирифтани замин ва ё амволи барои зиндагӣ кифоя,ӯ метавонист аз нав ба амволдори мустақил табдил ёбад.

Ҳамчун шахсан озод, колон худаш андозҳои давлатиро пардохт ва ӯҳдадориҳои давлатиро иҷро меард. Ҳамчун соҳиби моликият ӯ ба воситаи амволи худ на танҳо барои иҷора, балки барои асбобу ускана, барои андоз ва ӯҳдадриҳои дигаре, ки аз шартномаҳо ва анъанаҳои маҳаллӣ ба миён меомаданд, низ маблағ пардохт мекард. Пайваста, дар натиҷаи зиёдшавии қарзи ӯҳдадорию андозҳо, колонҳо моликияти ба онҳо тааллуқдоштаро аз даст медоданд. Дар асри IV ҳуҷуми фаъолонаи мулкдорони калонзамин ба ҳуқуқ ва озодиҳои колонҳо бурда мешуд. Яқ қатор қарорҳо қабул карда шуданд, ки дар бораи шикастани колонҳо, дар бораи кушиши зиёд кардани оброк ва ӯҳдадориҳои онҳо, шаҳодат медиҳанд. Агар қаблан ба колонҳонисфи ҳосил ё сеяки ҳосил боқӣ мемонд, пас дар асри V он на зиёдтар аз чоряк ё панҷяки онро ташкил менамуд. Аксарияти колонҳо аз хуҷаинони худ қарздор буданд. Аз соҳибони замин қарздор шудани колонҳо ба афзоиши ҳаҷми пардохтҳо ва зиёдшавии ӯҳдадориҳои онҳо оварда мерасонид.

Пастшавии вазъи моддии колонҳо ба мақоми ҳуқуқии онҳо низ таъсир мерасонид. Қонунгузории асрҳои IV – V оброк ва ӯҳдадориҳоро ба рӯихати амволе дохил кардааст, ки дар баробари асбобу ускана, ғуломон ва чорво, ба соҳиби мулк тааллуқ доранд. Колонҳо аллакай наметавонистанд ба моликияти худ озодона ихтиёрдорӣ кунанд. Мувофиқи эдикти соли 365 онҳо бе розигии хуҷаин ҳуқуқи бегонакунии (фурӯхтан, тӯҳфа кардан, мерос гузоштапн) замини шахсии худро надоштанд.

Табдилдиҳии колонҳои озод ба истифодабарандагони меросии тобеъ ҷараёни мураккабе буд. Албатта. Колонҳои озод ҳуқуқ доштанд бар зидди зӯроварӣ ва фишороварии хуҷаини худ эътироз баён кунанд ва ҳатто ӯро ба додгоҳ кашанд, ба шарте, ки андозу пардохтҳоро зиёд карда бошад. “Агар хуҷаин аз колон андози аз пештара пардохт мекардагӣ зиёдтар талаб кунад, бигузор колон ба назди додхоҳ рафта, ҳуқуқшикании ӯро муайян намояд, то ки ба шахсе, ки гуноҳи ӯ оид ба аз пештара зиёд талаб кардан исбот карда шудааст, ба ӯ давомдиҳии минбаъдаи ин кирдор манъ карда шавад”, — гуфта мешавад дар кодекси Юстиниан. Вале бисёр вақтҳо болоравии пардохту ӯҳдадориҳои колонҳо оид ба қарздории онҳо аз хуҷаин ҳақ шуморида мешуд.

Пешравӣ дар вазъияти колонҳо дар ҳаҷми муайян бо он сабаб боздошта мешуд, кидар Византия шумораи зиёди колонҳо на иҷоракорони инфиродӣ, балки дар заминҳои хусусӣ якҷоя бо ҷамоаи пурра ва деҳаҳо вобаста карда шуда буданд, ки ин ба онҳо то дараҷае ба онҳо дар мубориза бар зидди заминдорон иттиҳоди дастаҷамъонаро медод. Ҳамин тариқ, як қисми заминҳои Ливания (Лубнон)-ро колонҳо – яҳудҳо киштукор мекарданд, ки да ин ҷо дастаҷамъона, шояд бо деҳаи худ “чор насли пеш” сокин шуда ба хуҷаини худ муташаккилона зарба зада будаанд. Онҳо якҷоя одамони худро интихоб карда, ба додгоҳ равон мекарданд, барои додани пора ба додхоҳ ва одамоне, ки ба ҳалли барои онҳо мусбати масъала таъсири расонида метавонистанд, маблағ ҷамъ мекарданд. Ҳар хеле ки набошад, одатан ин мубориза ба шикасти колонҳо анҷом меёфт: бо сабаби қувваи воқеии хуҷаини онҳо ҳал мешуд, зеро ӯ аз тарафи сиёсати давлати синфӣ ва намояндагони он дастгирӣ меёфт дастгирӣ меёфт.

Ғуломони озод беш аз пеш ба ғуломони рӯихаттӣ ё энапографӣ табдил меёфтанд, ки на моликият бар замин доштанд, на олоти меҳнат, чорвои корӣ,тухмӣ, бисёр вақт амволи дигар ва аз хуҷаин пекулий гирифта. Онҳо иҷорагирандагони замин ва амволи хуҷаин буданд, наметавонистанд озодона ихтиёрдорӣ намоянд ва танҳо ҳақ онҳоро мерос гузоранд. Чунин колонҳо ба мулк пойбанд карда шуда буданд. Ба онҳо бе розигии хуҷаин иҷозат дода намешуд, ки мулкро тарк кунанд ва ҳатто берун аз ҳудудҳои мулк ба ақди никоҳ дароянд. Нисбат ба колонҳои озод, рӯйхатиҳо (энапографҳо) аз назари ҳуқуқӣ низ шахсони озод ҳисобида намешуданд. Онҳо ба сензи соҳибони худ номнавис шуда буданд ва ҳамаи муносибатҳои онҳо бо давлат пеш аз ҳама андозҳо, танҳо ба воситаи ӯ ба амал бароварда мешуданд.

Дар охирҳои асри V вазъи воқеии колонҳои озод ва рӯйхатиҳо (энапографҳо) аз бисёр ҷиҳат бо ҳам наздик шуданд. Колонҳои озод моликият ва озодии худро аз даст дода беш аз пеш ба иҷорагирандагони меросии замини хуҷаин (мувофиқи қонуни асри V баъди гузаштани 30 сол колон ба ҳамешагӣ ҳуқуқи тарк аз заминро аз даст медод) мубаддал мегардид ва заминро ба воситаи олоти меҳнат ва чорвои кории ӯ киштукор мекарданд. Рӯйхатиҳое (энапографҳое), ки дар байнашон ғуломони дар ин заминҳо сокинёфта кам набуданд, беш аз пеш ҳуқуқҳои амволии худро бар замин, амволи хуҷаин, ки аз онҳо истифода мебурданд, мустаҳкам менамуданд. Ӯ ҳуқуқ надошт, колонҳоро аз қитъаҳои замин пеш кунад, ба замин пойбандбудагони худро ҷудо аз хоҷагиҳояшон фурӯшад.

Эҳтимол аз он, ки қисме аз колонҳои озод заминҳои худ, асбобу искана ва чорвои худро аз даст доданд, тамоили умумии рушд таҳким ёфтани мустақилияти хоҷагидории колонҳо ва васеъшавии ҳуқуқҳои ихтиёрдорӣ мегардад. Қонунгузорӣ шаҳодат медиҳад, ки дар асри V аллакай колонҳо ҳуқуқи истифодаи пекулияи худро доштанд.

Побаст кардани колонҳо ба замин яке аз оқибатҳои рӯ ба таназзул ниҳодани хоҷагидории ғуломдорӣ мебошад. Аз сабаби он, ки дар марҳалаи баррасишавандаи аз назари иқтисодӣ фоиданок на хоҷагиҳои калон, балки хоҷагиҳои хурд мешаванд, зеро ҳаҷми заминҳо ҷанобон кам мешуд ва мустақилияти иқтисодии заминдорон меафзуд. Дар ин шароит ба замин побанд кардани колонҳо ба хуҷаин имкони истисмор карда тавонистани онҳоро кафолат медод.

Ҳамин тариқ, муносибатҳои заминдорӣ (аграраӣ) дар Византия тағйироти куллиро аз сар гузарониданд. Дар баробари бевосита аз даст рафтани моликияти колонҳо, таҳким ёфтани хоҷагиҳои хурди ин заминдорон, афзоиши ҳуқуқҳои онҳо дар соҳаи воқеан ихтиёрдорӣ кардан ба замин ва асбобу ускана сурат мегирифт, гарчанде, ки аз ҳуқуқб ҳам ину ҳам он бештар моликияти хуҷаин буд.

Дар асрҳои IV — V колонҳо. Озодагон ва рӯйхатиҳо (энапографҳо) аксарияти аҳолии тобеи деҳотиро ташкил мекарданд. Масалан, дар мулкҳои дар боло номбурдаи заминдорони мисрии Анионҳо зиёда аз 90 % заминҳо дар дасти ихтиёрдорони гуногун буданд: инҳо қитъаҳои заминҳои колонҳо буданд.

МАХСУСИЯТҲОИ МУЛКДОРИЮ БУСТОНСАРОИИ (ВИЛЛАҲО) ХОҶАГИДОРӢ ДАР ВИЗАНТИЯ

Ҳолати дар мавзӯи боло баёнгашта сохтори хоҷагидории мулкии Византияро низ дар асрҳои IV — V муайян менамуданд. Охир аллакай дар дар замони хеле барвақта қисми зиёди заминҳо дар мулкҳои Рими Шарқӣ аз тарафи ихтиёрдорон, бештар аз тарафи тамоми деҳаҳои ба заминдорони ҷамоавӣ тобеъ киштукор карда мешуданд. Ғайр аз ин, дар Шарқ ва махсусан дар Осиёи Хурд, мулкҳои калон ва ҳатто мулкҳои миёна ҳам на ҳама вақт маҷмааи муштараки қаламрав, хоҷагии муштараки ҷаноб ба ҳисоб мерафтанд. Баъзан, баракс, онҳо аз мулкҳои сершумори начандон калон иборат буданд, ки эҳтимол бошишгоҳҳоии заминдорони дар заминҳои ҷаноб тобеъ иборат буданд., бошишгоҳҳое, ки дар онҳо хоҷагиҳои бустонсароӣ мавҷуд набуданд Чунин бустонсароҳо танҳо дар мулкҳои калон мавҷуд буда, ва дар ин ҷо одатан масоҳати калони заминро хоҷагии худи ҷаноб ташкил мекарданд. Вале дар он ҷойҳое, ки онҳо боқӣ монда буданд, дар асрҳои III – IV камшавии минбаъдаи чунин мулкҳо идома меёбад. Акнун хоҷагиҳои ҷанобон хеле кам рух медод, ки ба ҳайати заминҳои зиёди корам дохил мешуда бошанд.

Хона ва бустонсарои (виллаи) ҷаноб беш аз пеш дигар, тавре ки пештар буд, дигар маркази ҳаёти хоҷагии мулк шуданро аз даст дода, беш аз пеш ба маркази истисмори колонҳо, бошишгоҳу деҳаҳои дар қаламрав воқеъбуда ба нуқтаҳои коркард ва нигоҳдории маҳсулоти аз онҳо ба дастомада мубаддал мегардад. Бо ҳамин сабаб симои худи бустонсарои ҷаноб тағйир меёбад: бозёфтҳои бостонӣ дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки ин вақт манзилҳои кормандон, ки қаблан дар наздикиҳои бустонсароҳо бунёд карда мешуданд, хонаҳои сершумор барои нигоҳдории асбобу ускана, нигоҳубини чорвои корӣ, ки барои коркарди заминҳои ҷаноб лозим буданд, аз байн рафтаанд.

Аз он ҷумла, тавре ки бозёфтҳои аз Сурия бадастомада шаҳодат медиҳанд, як қисми бустонсароҳои хуҷаинҳо пайваста рӯ ба таназзул мениҳоданд ва пурра мавҷудияти худро аз даст медоданд, дигарон аҳамияти пештараи хоҷагии худро аз даст доданд. Вале дар қаламрави бустонсароҳо хоҷагиҳои истифодабарандагон, деҳаҳои колонҳо бунёд мегардиданд. Деҳаҳо ва шаҳрчаҳои зиёди нав пайдо мешаванд ва сохтмони деҳотӣ ру ба рушд мениҳад.

Дар гирду атрофи хонаи ҷаноб қитъаҳои сабзавоту полезӣ, боғот ва токзорҳо, чарогоҳ барои чаронидани аспҳои ҷаноб ҷойгир буданд; дар худи ҳамин ҷо чоҳу обамборҳо мавҷуд буданд, ки дар онҳо барои дастурхони соҳиби бутонсаро моҳӣ парвариш карда мешуд. Бинои ҷаноб беш аз пеш ба қароргоҳи беруназшаҳрии олимансабон табдил меёт, ки ӯ бо ҳамроҳии оилааш истироҳати тобистонаи худро мегузаронид. Дар асрҳои IV – V сохтмони босуръати бустонсароҳои побарҳавои равшану зебои дорои ҳуҷраҳои сершумор барои истироҳату фароғат, бозиҳо, ҳаммом, сӯҳбатгоҳҳо ва ғайра давом кард. Тасвири яке аз ингуна бустонсароҳоро Григорий Нисский боқӣ гузоштааст: “Аз дур чун кадом як алангаи оташдони бузург, дар назди мо зебогии иморат ҷилвагар шуд…Ҳар кадоми онҳо як чизи махсуси барои фароғат фикркардаёфтае мебошад. Манораҳои бузург, манзилҳо барои базмҳои ҷамшедӣ, қаторҳои дарахтҳои баланди дар ду тарафи роҳрави ба қаср дохилшавӣ хеле зебоманзар менамуданд. Роҳрав бошад, бо ҳам ба воситаи чойлови ток бо хушаҳои қаҳрабои ангураш ва сояи дилкаши онҳо, дар ду тараф қатори деворҳои нав – буттаҳои садбарг ва давҳои ток, дар охири ҳар кадом роҳрав ҳавз мавҷуд буда ва дар онҳо моҳӣ парвариш карда мешуд..Баъд маро ба яке аз биноҳо оварданд, ки гӯё онро барои истироҳати идона тайёр карда бошанд, чунки боми он моро водор менамуд, ки онро манзил пиндорем, вале вақте, ки ба остонаи он қадам ниҳодем, мо дар худро дар гулгашт дидем. Гулгашт дар баландие воқеъ гардида буд, чунки аз ҷӯйи хеле чуқур баландтар ҷойгир буд. Об ба таҳкурсие бармехурд, ки барои ин гулгашт такягоҳе буд ва он оғози зебогии бокарруфари дохилӣ шуда хизмат мекардааст. Чунки гулгашт бо бинои бомаш баланд ба итмом мерасид. Ҳама ҷои он бо шӯъои офтоб ва тасвироти рангоранги манзаравии аҷоиб равшан карда шуда буд: то дараҷае, ки дар ин ҷо истода, мо ҳамаи он чиро, ки қаблан дида будем, фаромӯш кардем”.

Дар масофаи начандон дуртар аз бустонсаро деҳаю бошишҳои пароканда мавҷуд буданд, ки дар заминҳои бустонсароҳо ғуломон кор мекарданд. Ғуломоне, ки дар чунин бустонсароҳо зиндагӣ мекардагӣ асосан хизматгор, саис, шаробкаш, галабон ва ғайра буданд. Аз ҷумлаи ғуломоне, ки дар заминҳо кор макарданд, дар сарчашмаҳо боғбонҳо ва ғуломон ёдовар шудаанд, ки дар дастгоҳҳои фишурдани ангур ва ҷувозҳои равғанбарорӣ, инчунин дар осиёби ҷаноб хизмат мекарданд.

Ёдгориҳои хаттӣ ва бостоншиносӣ дар бораи бустонсарои инвақтаи суриягӣ маълумоти пурра медиҳанд. Он каму беш росткунҷаи дурустеро мемонд, ки дар як тарафи он бинои дуқабатаи сангини айвондор (портик)-и ҷаноб ишғол мекард. Ба бино ҳаргуна хонаҳои хоҷагӣ ва истиқоматӣ пайваста буданд. Тарафҳои озоди ин росткунҷа бо деворҳо иҳота карда шуда буданд; дар яке аз онҳо дарвоза ҷойгир буд. Барои ғуломон ва ва кормандоне тобеи дар бустонсаро зиндагӣ мекардагиҳо хонаҳои хеле кам истифода бурда мешуданд. Тахмин карда мешавад, ки шумораи чунин одамон дар бустонсароҳо хеле маҳдуд буд. Дар бустонсароҳо хонаҳои барои зарурати хоҷагӣ муқарраргардида – амборҳо барои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҷои калонро ишғол менамуданд. Дар наздикиҳои бустонсароҳо ҷувозҳои равғанкашӣ ва фишурдани шираи ангур мавҷуд буданд. Ин ҷувозҳо аз он ҷувозҳое, ки колонҳо истифода мебурданд, такмилёфтатар буданд.

Бустонсароҳоиолимартабагони Осиёи Хурд аз бустонсароҳои Сурия то якдараяа тафовут доштанд.Дар миёнаҷои мулкҳои нопайдоканор, дар иҳотаи даҳҳо деҳаҳои тобеъ ҷойгир буда, то дараҷфае ба мулкҳои феодалии минбаъда монандӣ доштанд. Хуҷаинҳои онҳо нисбат ба заминдорони калони Сурия дар мулкҳои худ зиёдтар зиндагонӣ мекарданд. Онҳо аз шаҳрҳо хеле дур воқеъ буданд. Аз ин рӯ, бинои ҷаноб дар ин ҷо бештар қасреро монанд буда, дар сатҳи хеле баланд бо сангши мармар, кандакорӣ ва кошинкорӣ оро дода шуда буданд. Бо сабаби аз аз шаҳрҳо хеле дур буданашон дар мулкҳои магнатҳои (олимартабагони) Осиёи Хурд истеҳсолоти косибии худӣ бештар рушд ёфта буд: дар ин ҷо косибоне зиндагонӣ мекарданд, ки ҳаргуна косбу ҳунарро азхудкарда сукунат дошта, дар байни онҳо косибони касбу кори гуногун, аз он ҷумла заргарон, маснуоти карруфар ва фароғатӣ, ошпазҳо, шаробпазҳо, ҳайкалтарошон, мусавирҳо, ташкилкунандагони ҳаргуна тадбирҳои дилхушкунӣ ва ғайра мавҷуд буданд. Одатан чунин мулкҳо хеле мустаҳкам сохта шуда ва аз намуди зоҳирии худ ба қалъа — истеҳком монандӣ дошт.

Бустонсароҳои асри V дар солҳои дар Балкан кашфкардаи бостоншиносон аз рӯи махсусиятҳои худ ба куллӣ фарқ мекарданд. Онҳо низ маркази бустонсарҳои ҷанобон буданд ва аз рӯи намуди худ ба бустонсароҳои Осиёи Хурд наздикӣ доштанд; дар онҳо н истеҳсолоти нисбатан пешрафтаи бустонсаро мавҷуд буданд. ки ин ба рушди пасттари шаҳрҳо, инчунин бо хатари доимии ҳарбӣ вобастагӣ дошт. Ин ҳолат маҷбур мекард, ки ҳамапи амволи ҷаноб дар бустонсарои мустаҳкамкарда нигоҳ дошта шаванд.

Дар он замон корҳои асосӣ дар замин ва хоҷагии ҷаноб на бештар ғуломон, балки бештар колонҳо иҷро мекарданд. Баршина (коркардадиҳи)-ро иҷро карда,онҳо замини ҷанобро шудгор, кишт ва ҳосилро ҷамъоварӣ ва нигоҳубини токзорҳои ҷанобро (агар онҳо ба иҷора дода нашуда бошанд) ба ҷо меоварданд. Як қадар кам шудани соҳаҳои истифодаи меҳнати ғулом эҳтимол аз он сабаб ба миён омада бошад, ки заминдорон кушиш ба он мекарданд, ки мӯҳлати коркардадиҳии ғуломонро зиёд кунанд, махсусан дар он ҷойҳое, ки боқӣ мондани хоҷагии ҷаноб фоидаовартар буд. Иоанн Златоуст дар бораи “корҳои беинтиҳое” ҳарф мезанад, ки ба онҳо ҷанобон колонҳои худро маҷбур мекарданд. Дар баробари иҷрои ҳар гуна ӯҳдадориҳо, вобастагии колонҳо аз ҷаноб дар мӯҳлатҳои муайян ба ӯ супоридани оброк маҳдуд гардида буд..Тавре ки яке аз гуфтаҳои Иоанн Златоуст шаҳодат медиҳад, деҳаи колонҳо дар ҳамаи корҳои дигар бо ҳаёти хоҷагидории худ зиндагӣ мекард.

Камшавии шумораи ғуломон дар хоҷагии ҷаноб на танҳо онҳоеро дар бар гирифт, ки ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории озуқавории ба ҷаноб супурда мешуд. Шумораи калиддорҳо. Шумораи ҷамъоварикунандагони ҳосил, ҳисобчиён, мирзоҳо ва маъмурияти хурд аз ҳисоби ғуломон ҳатто афзуд.

Тавре аллакай гуфта шуд,хоҷагии шаҳро одатан аз боғу ток, полиз ва қитъаҳои ниҳолҳои зайтун иборат буда, нигоҳубин ва назоратро аз болои онҳоро низ ғуломон иҷро мекарданд. Вале ҳангоми ҷамъоварии ҳосил на ғуломон ва на колонҳо кифоягӣ намекарданд: дар ин мавсиммардикорони шаҳрӣ ва камбағалони озоди шаҳрӣ низ ҷалб карда мешуданд.

Қисме аз хароҷот барои таъмини қувваи иҷораи корӣ ба пардохти меҳнати косибоне – бинокорон, мутахассисон оид ба таъмири иншоотҳои мураккаби хоҷагидорӣ ва обёрӣ ба бустонсаро даъват карда мешуданд, сарф карда мешуд. Корҳои нисбатан майда чуйдаро барои нигоҳдории тартибот ва беҳдошти низоми обёрӣ дар ҳудудҳои деҳои заминдорони озод аз тарафи худи ҷамоачиён иҷро карда мешуданд. Коркарди аввали маҳсулоти кишоварзиро дар хоҷагиҳо низ бештар колонҳо иҷро мекарданд. Баъзеи онҳо ҷувозҳои равғанкашӣ ва ангурфишорӣ, вале хурду дағал ва номураккаб доштанд. Ҷувозу осиёбҳои калон ба аҳли деҳа тааллуқ доштанд.

Дар чунин шароит қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ба ҷаноб аллакай дар шакли тайёр барои истеъмол ё фурӯш супоорида мешуд, қисмати доимии харосоти мулк ё худ бустонсаро он хароҷоте ташкил менамуд, ки ба харидории ҳаргуна зарфҳо – сабад, зарфҳо барои нигоҳдорӣ ва иҳамду нақли равған, ғаллагӣ ва шароб ташкил менамуд. Дар маҷмӯъ хароҷоти ҷаноб барои таъминоти ғуломон, кирои кормандон, харидории асбобу ускана чун қоида чоряки хароҷоти мулк ё худ бустонсароро ташкил мекард.

ҶАМОАҲОИ ДЕҲОТИИ ОЗОДИ КИШОВАРЗӢ ДАР ВИЗАНТИЯ

Дар Византияи асрҳои IV – V натанҳо бустонсароҳои заминдорони калон, инчунин хоҷагиҳои заминдорони хурд ҳам паҳн гардида буданд. Аксарияти деҳқонони озод дар ҷамоаҳо ва ё бошишгоҳу шаҳрчаҳо зиндагонӣ мекарданд. Онҳо дар аксарияти вилоятҳо, аз он ҷумла дар Миср, Сурия,дар Балкан, Осиёи Хурд вуҷуд доштанд.Ҷамоаҳо бештар деҳаҳои калони серодамро бо якчанд сад нафар сокинон ташкил менамуданд. Боқимондаҳои деҳаҳо ҳангоми ковишҳои бостонӣ аз Сурия ёфта шудаанд. Тавре, ки Ливаниёй ёдовар мешавад, ин заминҳо ба ҳама тааллуқ доштаанд ва ҳар кадом қитъаи начандон калони замин дошт.

Деҳаҳои зиёди озод дар Фракия, Дакия, инчунин дар вилоятҳои дохилии Осиёи Хурд ва Арманистон мавҷуд буданд. Дар қаламрави империя намудҳои гуногуни ҷамоаҳое мавҷуд буданд, ки дар зинаҳои гуногуни рушди ҷамоа қарор доштанд. Онҳо қариб заминдорон – кишоварзони ба ҳамдигар вобаста набудагии дороиашон дар сатҳи гунонуне буданд, ки ҳуқуқи ихтиёрдорӣ бар замин, фурӯш, бегонакунӣ дар маҷмӯъ ва ё қисми онро доштанд. Аъзои ҷамоаҳои дигар дорои ҳуқуқҳои моликиятии маҳдудтар доштанд: дар ин ҷо деҳқонон метавонистанд ҳиссаи заминҳои худро ихтиёрдорӣ кунанд, қитъаҳои худ ва ҳуқуқҳои худро ба истифода аз заминҳои ҷамъиятӣ пурра фурӯшанд. Ҷамоаҳои намуди нисбатан қадимтаре низ вуҷуд доштанд, ки дар онҳо принсипи баробар истифода намудани замин муқаррар гардида буд, баъзан заминҳо аз нав тақсим, бегона ва ё тақсим карда мешуданд. Дар баъзе навоҳии кӯҳӣ боқимондаҳои ҷамоаҳои хешу табории авлодӣ вуҷуд доштанд. Вале намуди аз ҳама ҷамоаҳои ҳамсоя бо ҳуқуқи моликияти хусусии деҳқон бар қитъаи замин буда, лекин бегонакунии онҳо маҳдуд карда шуда буд.

Дар баробари қитъаҳои инфиродӣ, деҳқонон замини шахсии худро доштанд, ки он моликияти дастаҷамъонаи деҳотиён ба шумор мерафт. Онро ҳамдеҳагон як ҷоя истифода мебурданд ва мумкин буд, тӯҳфа фурӯхта ва ё ба иҷора дода шавад, вале танҳо бо розиггии якдилонаи ҷамоачиён. .

Дар ҷамоаҳои деҳотӣ табақаи болоии деҳқонон ташаккул меёфт. Ин махсусан эҳтимол дар барои музофотҳои Фракия ва назди Дунай хос бошад, дар он ҷое, ки ҳамдеҳагони осудаҳол (сарбозон ва собиқадорон) нисбат ба ҷамоачиёни боқимонда аз имтиёзҳо истифода мебурданд Дар рафти ковишҳо дар баъзе деҳаҳои Фракия мазорҳои хеле бой ёфт шудаанд. Дар ҷамоаҳо Сурия, Миср ва музофотҳои дигар чунин тафовутҳо ба мушоҳида нарасиданд. Маводи бостонӣ ва маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи баробарии нисбӣ дар вазъи зиндагии деҳқонон шаҳодат медиҳанд. Чун қоида, ҷамоачиён на ғуломони хусусӣ ва на ғуломони ҷамъиятӣ надоштанд. Деҳқонони ҷамоавӣ дар хонаҳои начандон калони похсагии бо девор иҳотакардашуда зиндагӣ мекарданд, ки дар он чорво, олоти меҳнат меғунҷид ва ҷувози оддии равғанбарорӣ ва фишурдани ангур мавҷуд буд, инчунин чоҳи оби нӯшокӣ канда шуда буд.меғунҷид.

Деҳқон бо ҳамроҳии аҳли оилаи худ кор мекард. Дар хоҷагии ӯ истифодаи меҳнати кироя васеъ паҳн нагардида буд. Ҳаёти хоҷагидории ҳамдеҳагонро асосан ҷамоа танзим менамуд. Корҳо – сохтмон ва таъмири ҷӯйборҳо, обамбор, ҳавзҳо, дастаҷамъона кандани чоҳҳо дар заминҳои ҷамоа дар якҷоягӣ бо қувваи ҳамдеҳагон иҷро карда мешуданд. Хароҷот барои иҷрои чунин корҳо аз ҳисоби маблағҳои ҷамоа воридот аз аз амволи ҷамъиятӣ ва пардохтҳо аз ҳамдеҳагон пӯшонида мешуданд. Ҷамоа тақсимоти обра ба қитъаҳои замини деҳқонон низ назорат мекард.

Дар асрҳои IV – V ҷамоаи деҳотии Византия унсурҳои маълуми худидоракуни (аз рӯи ҳаҷми худ на дар ҳамаи навоҳӣ як хел)-ро нигоҳ дошта буд. Он сардорони (комархҳо ва прокомитҳо) ва шахсони вазифадори дигари худро интихоб мекарданд: назораткунандагони дарғот (плотина), миробҳо, нозирони махсуси ба сохтмони иншоотҳои бинокории ҷамъиятӣ масъул, иринархҳо – назораткунандагони тартиботи ҷамъиятӣ (пулиси деҳа).

Деҳқонон дар маҷлиси умумии худ масъалаҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиро ҳал мекарданд, муносибатҳоро дар байни аъзои ҷамоаи худ ва бо ҳамсоягонашонро танзим менамуданд. Ҷамоа худаш аз ҳамдеҳагон андозҳоро ҷамъоварӣ карда, ба хазина ирсол менамуд. Дар Фракия, ҷое, ки шаҳрҳо камшумор буда, нвоҳии деҳотӣ афзалият доштанд, ҷамояҳо воҳидҳои ниҳоят муҳими ҷамъиятӣ буданд. Аз бисёр ҷиҳат дар Миср ҳам ҳамин тавр буд. Дар ин ҷо ҷамоаҳо мақомоти нисбатан рушдёфтаи худидоракунӣ ва доираи хеле васеи ва вазифадорон мавҷуд буданд. Ҷамоаҳое, ки дар наздикии шаҳрҳо воқеъ будандёфта буданд, масалан дар сурия, дар ҷое, ки заминҳо ба қаламраси шаҳрҳо дохил карда шуда буданд. худидоракунии ҷамоавӣ бошад, ба дар зери ҳокимияти мунисипалӣ қарор дошт. Ҳамин тариқ, дар асри IV дар деҳоти Сурияи Шимолӣ ба тааври қатъӣ шахсони муайяни интихобие вуҷуд надоштанд, ки барои ҷамъоварии андоз масъул бошанд.уҳофизони худӣ низ вуҷуд надоштанд. Ҳамаи ин вазифаҳоро ташкилоти мунисипалии шаҳр иҷро мекард.

Ташкилоти худидоракунии деҳқонони озод буда, ҷамоа дар як вақт воҳиди поёнии дастгоҳи давлатии маъмурию андозбандию андозғундорӣ, яъне як навъ изофа ба ҷузъҳои поёнии ин мақом низ ба шумор мерафт. Ҷамоа ҳамчун ҷамоаи андозпардоз буд, ки аъзои он ба дастгирии ҳамдигар, масъулияти дастаҷамъолна барои пардохти андозҳо, иҷрои ӯҳдадориҳо ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ вобаста буданд. Андозбандӣ дар байни деҳқонон ва ҷамъоварии онҳо, дар он ҷойҳое, ки он аз тарафи куриалҳои ҷамъоварӣ (тавре ки дар Сурия буд) мекардагӣ, аз тарафи шахсони вазифадори ҷамоа иҷро карда мешуданд: ҷамъкунанда ва сардор, пеш аз ҳама. Барои пардохт карда шудани пурраю саривақтӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди давлат масъул буданд. Вамоа ба хазина барои заминҳои аз истифода берунмондаи кишоварзонпардохт мекарданд: маблағи муайян ба ҳамаи сокинони деҳа бор карда мешуд.

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ АНДОЗБАНДИЮ ӮҲДАДОРИҲОИ ДЕҲҚОНОН ДАР ВИЗАНТИЯ

Дар асриҳои IV – V андозу ӯҳдадориҳо беист зиёд карда шуда, бо тамоми вазнинии худ ба зимаи моликиятдорони хурди озод гузошта шуда буда пеш аз ҳама азаннона,ки андози асосӣ аз замин бу; он пулӣ ё аслӣ рӯёнида ва ҳар гуна ӯҳдадориҳои коркардадиҳӣ – munera sordid (сохтмони роҳҳо, пулҳо, истеҳкомҳо, ӯҳдадории боркашонӣ интиқоли борҳои давлатӣ ва ғайра) буданд. Аафзоиши андозҳо ва ӯҳдадориҳо , сӯиистеъмоли амалдорон, қумандонҳои ҳарбӣ,куриалҳо, заминдорони калон рафти муфлисшавии мулкдорони хурди заминро тезонид. Махсусан табақаи заминдорони хурди зшаҳрии замин, ки ҳанӯз дар ҷамоаҳо муттаҳид нашуда ва аз ҳамин сабаб мадори тобоварӣ ба фишору бедодгариҳои ҳамсояҳои бойро надоштанд, бо тезӣ аз байн мерафт. Ҷамоаи деҳқонӣ низ муфлис мешуд. Болоравии қарзҳо аз андозҳо ва фишори ҳокимияти сарватмандон сокинони зиёди деҳотиро маҷбур мекард, Дар асрҳои IV – V деҳқонони зиёд маҷбур мешаванд, ки заминҳои худро тарк кунанд. Тавре ки Ливаний менависад, “Қаблан заминдорон ҳам сандуқ, ҳам сару либос ва ҳам пул доштанд, ҳоло бошад, лозим меояд аз назди майдонҳои замини холӣ гузашта раванд, ки ин дар натиҷаи рӯёнидани андозҳои золимона ба амал омадаст”. “Дар ҳама ҷо, — мегӯяд ӯ дар ҷои дигар, — камбағалӣ, фақр ва оби дида. Ба заминдорон ҳамин тавр менамояд, ки аз коркарди замин дида, гадоӣ беҳтар мебошад.

Аз дидгоҳи ҳамзамони Иоанн Златоуст “вазнинии андозҳо чун сели пурхашме, ки деҳаҳоро аз нола пур кардааст, хонаҳои фақиронро вайрон мекунад”. Дар асри V ҳукумат беш аз пеш диққати худро ба истифодаи қитъаҳои замини ҳамдеҳагон ҷалб мекард, ки онҳо ё фурӯхтаанд ё заминҳояшонро тарк карда буданд. Сабаб он бу, ки воридот ба хазина кам шуда буд, аз ин рӯ давлат барои масъулияти дастаҷамъонаи пардохти андоз аз заминро аз деҳот пурзӯр карда буд, яъне низоми замкунӣ – эпибола (пардохти андоз барои заминҳо холӣ ва қитъаҳои ҳамсояҳо партофта рафтагӣ) ҷорӣ карда мешавад.

Деҳқонии ҷамоавӣ барои мавҷудияти худ муборизаи шадид мебурд. Ба зиндонпартоии сардорони деҳаҳое,ки андозҳоро бо пуррагӣ пардохт накардаанд, бархурдҳо дар байни деҳқонон ва куриалҳои андозғундор, фиристодани дастаҳои ҳарбӣ ба деҳаҳо барои рӯёнидани андозҳо бо роҳи зӯрӣ ба зуҳуроти васеъ паҳнгардида табдил меёбад. Баъзан ба ба деҳқонон муяссар мегардид, ки қарзҳо аз андоз аз эътибор соқит карда шаванд ва баъзе имтиёзҳо ба даст оранд. Масалан, андозҳоро бидуни дастгоҳи андоз дар маҳаллӣ, якбораи ба хазина супоранд, ҳуқуқи автопрагия мегиранд, ки деҳқонононро аз сӯиистеӯъмолкунии ҳукуматдорони маҳаллӣ наҷот медод. Ба ин ҳуқуқ кишоварзон баъди муборизаи дуру дарози деҳаи Афродитои воқеъ дар Миср дар охирҳои асри V муваффақ шуданд.

Муфлисшавии деҳқонони озод ба тезутундшавии зиддиятҳо дар муҳити худи он ҳам оварда мерасонад. Деҳаҳои ҳамсоя дар Миср бисёр вақт ба муқобили якдигар душманона муносибат мекарданд. барои замин ва сарчашмаҳои об задухурдҳои ҳақиқӣ ба амал меомаданд. Аз нутқҳои Ливания бармеояд, ки дар Сурия кашмакашиҳо дар байни деҳаҳоқатъ нагардида, онҳо бо ишғоли заминҳо, амвол, чорво, поймолкунии киштзорҳо , буридани дарахтони мевадиҳанда, нест кардани чоҳҳо оварда мерасониданд. Мубориза ки солҳои дуру дароз давом мекарданд. бо муфлисшавии деҳаи нисбатан заифтар оварда расонида, аз ҳисоби деҳаи нисбатан пурқувват ҷидду ҷаҳд мекард,ки некӯаҳволии худро нигоҳ дорад.

Вале на муборизаи деҳқонон бар зидди сӯиистеъмолкунии амалдорон, на қарорҳои бесамари ҳукумат бар зидди фиребгарону порахурон ҷамоачиёни озодро аз сарчашмаи асосии вазъи қашшоқонаи онҳо – аз андозу ӯҳдадориҳои точанде зиёдшаванда халос карда наметавонистанд. Дар асрҳои IV – V дар амал вазъи воқеии аксарияти деҳқонони озод аз вазъи колонҳо, ки дар зери тобеияти заминдорони хусусӣ ва давлат қарор доштанд, кам фарқ мекард.

Баромадҳо бар зидди зулми андоз бераҳмона пахш карда мешуданд.Онҳоеро, ки андозҳоро намепардохтанд, ба ҷазоҳои ҷисмонӣ гирифтор мекарданд. Бе буридан бадан хеле кам рух медод, ки деҳқони мисрӣ андози худро пардохт намояд. Мувофиқи гуфтаи Аммиан Мартселлиан деҳқонони мисрӣ аз пайи аз зарбаи тозиёна боқимондаи худ чун асскарҳо аз ҷароҳат фахр мекарданд. Муқовимати деҳқонони озодто як дараҷа фишори ҳукуматро бозмедошт. Чунин вазифаро, махсусан дар вилоятҳои наздисарҳадӣ, фишори қаламраси дурдасти варварӣ низ иҷро мекарданд. Ин ҳаракат ҳукуматро маҷбур месохт, ки аз деҳқонони озоди норозӣ эҳтиёд кунад, чунки он баъзан бо баромадҳои варварҳо бар зидди империя омезиш меёфт.

МОҲИЯТ ВА МАХСУСИЯТҲОИ ПАТРОНАТ ДАР ВИЗАНТИЯ

Яке аз оқибатҳои муҳимтарини муфлисшавиизаминдорони хусусии хурд дар асри IV рушди патронат мебошад.Дар шакли соф тозаи худ ки он дар асри V ба таври васеъ паҳн шудааст, патронат аз тарафи мулкдорони хурд ба мулкдори нисбатан калони имтиёзнок додани замини худ мебошад, баъзан бо риояи ҳамаи расмиёти зарурии ҳуқуқӣ (акти фурӯш, тӯҳфа. Пардохти қарз) ва додани худро ба зери пуштибонии ӯ, ки ин кор маънии эътирофи тобеият. Ба колон табдилёбиро дорад. Дар баробари ин, чун қоида, патрон заминро баа сифати пекария, бе таъмини юридикии ягон хел ҳуқуқи деҳқон ба замин, ба собиқ мулкдор баргардонида, аз дар зери пуштибони патрон қарордошта оброки аслӣ ё пулӣ меситонид. Ба истифодабарандаи магнати калону бонуфуз табдил ёфта, соҳиби қаблии замин, акнун аллакай – колон, аз баъзе андоз ва ӯҳдадориҳои худ (масалан, аз munera sordid) халос шуда ва дар шахси патрон ҳимоятгари худро аз амалдорони давлатӣ, ҳокимияти ҳарбӣ ва ҳамсояҳои нисбатан пурзур пуштибони худро медид .Тавре дар қонуни соли 395 омадааст, деҳқонҳо бо ёрии патронат “ба ба ӯҳдадориҳои давлатӣ муқобилият нишон медоданд”. Дар асрҳои IV – V ба сифати патронҳо одатан сенаторҳо, консулҳо, магистрҳо ҳарбиён, трибунҳо — senators, consulares, magistri, militum, tribune, ба сифати аз патронат истифодабарандагон бошанд, – мулкдорони хурд, колонҳо, ғуломони озодшуда.

Аз патронат ҳанӯз дар асри III боз истифода бурда мешуд, вале дар асри IV андозаи он хеле васеъ мешавад. Агар то миёнаҳои асри IV зери патронат бештар ба таври инфиродӣ ворид мегардида бошанд, пас аз нимаи дуюми асри IV сар карда гузашта ба зери патронат оммавӣ мешавад: ҳамаи одамони деҳаҳои озод “пуштибонии” магнатҳоро ҷустуҷу мекарданд.

Рушди patrocinia vicorum – махсусияти хоси музофотҳои шарқӣ, ки дар он ҷо ҷамоаи деҳқонӣ боқӣ монда буд. дар эволютсияи муносибатҳои патронатӣ нақши муайян гузошта буд. Агармоликиятдори хурд бар замини худро ба ихтиёри патронат дода, ҳамон замон ба зери тобеияти пурраи патрон меафтид. Патронат бар ҷамоаи озод бошад, бо сабаби дар сатҳи муайян тифоқ будани он, инчунин бо сабаби он, ки нисбат ба инфиродӣ, чунин патронат ба таври қонунӣ ба расмият дароварда намешуд ва ҳам давлат онро эътироф намекард, ин ҷараён беш аз пеш моликият ва озодии худро аз даст додани деҳқонони ҷамоаҳо оварда мерасонид.

Бо мурури замон вобастагии деҳа аз патрон бештар тобеияти қарзӣ, яъне дар натиҷаи он, ки қарзҳои андозҳои сокинони деҳаро пардохт мекард, қарз точанде меафзуд. Масалан, папирусҳои мисрӣ дар бораи воқеаҳое маълумот медиҳанд, ки мувофиқи онҳо дар робита ба қарзҳои тамоми деҳа сардорони онҳо ба зиндони заминдор партофта мешуданд. Ноаён патрон то чанде ба замини ҷамоа низ наздик мешуд, тавре ки қонуни соли 468 нишон медиҳад, он дар натиҷаи тӯҳфакунӣ ё фурӯши мустақим ба ихтиёри ӯ мегузашт Ҳар хеле, ки набошад дар ниҳояти кор деҳқонон аз моликияти худ ба замин маҳрум шуда ва ба колонҳои заминдори калон мубаддал мегардиданд.

Патронат натанҳо дар натиҷаи ба он манфиатдор будани деҳқонони озод рушд намуд, инчунин бо ташаббуси худи заминдорон ба вуҷуд омадааст, ки кушиши истифодаи ин омил баҳри тобеъкунонии ҷамоа ва аз худ кардани замини ҷамоачиёнро мекарданд. Бо роҳи маккорӣ, бисёр вақт моликиятдорони бонуфуз, ба роҳи зӯрӣ патронатро ба гардани деҳаҳои озоде бор мекарданд, ки баъзан ҳоло на онқадар ба он эҳтиёҷ доштанд. Гузариш ба ҳаҷми баландтарини ба зери патронат гузаштан дар нимаи дуюми асри IV ва махсусан дар охирҳои он ва оғози асри V рафта расид Ба заминдорони калон муқобил истода натавониста, ҳукумат маҷбур шуд, ки гузашт карда, бо сабаби вақти зиёд гузаштани ҳуқуқҳои мулкдории патронҳо ба деҳаҳои зери патроншавандаро de jure эътироф намояд.

Аллакай дар оғози асри V эдикт ба чоп расид, ки мувофиқи он ҳамаи муносибатҳои патронатии то соли 397ташаккулёфта қонунӣ шуморида шуданд.

Рушди патронат дар вилоятҳои гуногуни империя нобаробар сурат мегирифтэ. Дар он ҷойҳое, ки моликияти калон бар замин вуҷуд дошт(масалан, дар Сурия ва Миср), он дар охири асри IV — оғози асри V нисбатан босуръат ба амал меомад. Дар ҳамон вилоятҳое, ки деҳқонони озод махсусан сершумор буда, заминдории калон ба мақоми хеле паст соҳиб буд (масалан дар Фракия ва музофотҳои Дунай), деҳа озодии худро вақти зиёдтар нигоҳ доштанд. Патронат дар ин ҷо танҳо дар асри V васеъ паҳн мешавад ва оҳистатар аз байн рафт.

Дар баробари патронат шумораи шумораи деҳқонони озод беист кам мешуд. Вале дар шароити асрҳои IV – V ин камшавӣ дар маҷмӯъ хеле зиёд буд, зеро дар қисмати аврупоии қаламрави Византия қисман дар Осиёи Хурд ҳам, воридшавии варварҳо беист давом мекард. Дар Фракия, Дакия, қисман дар Македония ва Иллирика шумораи деҳқонони озод бо сабаби сокиншавии қабил IV ҳои зиёди бастарнҳо, гелидҳо, готҳо, карпҳо, сарматҳо ва қабилаҳоидигар, ки одатан дар ин ҷойҳо ба сифати федератҳо ва лимитанҳо, ки барои сокиншавӣ заминҳои паҳноварро гирифта буданд, вазифадор буданд, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо биёранд.

Ҳаминариқ, бо шарофати муқовимати шадиди деҳқонони озоди тифоқ ва ташкили бошишгоҳҳои нави вҷарварҳои ҷамоачӣ дар асрҳои IV – V табақаи хеле сершумори деҳқонони озод боқӣ мондан мегирад.

Паҳншавии патронат зарари бештарро бахоҷагиҳои хурд ва миёнаи заминдорон – куриалҳои мунисипалие расонид, ки аз он имтиёзҳое истифода намебурданд, ки магнатҳо истифода мебурданд. Дар асрҳои IV – V аз заминҳои куриалҳо фироркунии ғуломон ва колонҳо ва гузариши онҳо ба зери патронати моликиятдорони калон бар замин ба ҳаҷми хеле васею соҳиб мешавад. Ливаний мегӯяд, ки колонҳои шахсони алоҳида пурра бо деҳаҳояшон ба патронати магнатҳо дода мешуданд. Колонҳои озоди худи суханвар (оратор) аз барои ҷаноби худ кор кардан даст кашида, аз патронати шахсони бонуфуз истифода бурданд.

Барои ба муцобили хуҷаини худ дастгирӣ кардан колонҳо ба патрон қисме аз маҳсулотеро медоданд, ки қаблан ба хуҷаини пештара пардохт мекарданд. Аз қисми даромад маҳрум шуда ва соҳиби “қонунӣ”-и моликият аз тарафи патрон фишор оварда шуда, зуд муфлис мешуд ва маҷбур мешуд, ки мулки худро бо нархи арзон ва бо ҳамон патрони пуриқтидор фурӯшад.

ЭВОЛЮТСИЯИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ВИЗАНТИЯ

Яке аз нишонаҳои асосии муносибатҳои аграрӣ дар Византияи асрҳои IV – V таназзул кардани заминдории муносипалӣ ва болоравии мустақилияти заминдории калони аз шаҳрҳо озод – сенаторӣ, императорӣ ва калисоӣ буд. Ҳанӯз дар оғози асри IV шаҳрҳо аз қисми зиёди заминҳои худ, ки кадом замоне ба онҳо шоҳҳои эллинистӣ ҳадя карда буданд ва алъон аз тарафи ҳокимияти императорӣ мусодира карда шуда, ба ҳайати амволи император дохил гардида буданд, инчунин ба мулкдорони калон тақсим карда шуда буданд, маҳрум мешаванд. Ғайр аз ин. заминҳои аминҳои мулкии ибодатгоҳҳо, ки дар амал дар дасти ташкилоти мунисипалӣ буданд, мусодира карда мешаванд.

Ба таназзул рӯ ниҳодани заминдории мунисипалӣ болоравии бори гарони андозҳо мусоидат намуд, зеро дар баробари пардохти андозҳои мунисипалӣ, ба куриалҳо масъулият барои пурра пардохт шудани андозҳо аз сокинони шаҳр ва заминҳои он вогузор карда шуда буданд.Соҳибони хурди заминдорони шаҳрӣ заминҳои худро ба заминдорони калон мефурӯхтанд. Масалан, дар охири асри IV аксарияти куллии аҳолии Антиохияаллакай ба моликият бар замин алоқа надоштанд. Инчунин ҷараёни муфлисшавии ашрофони мунисипалӣ – заминдорон – куриалҳои миёнаи шаҳрӣхеле фаъолона сурат мегирифт.Қудрати пардохтҳоро барои пӯшонидани қарзҳои пешинаро надошта, онҳо қашшоқ шуда ва рӯ ба фирор меоварданд. “Дигарон бошанд, дар мулкҳо хуҷаинӣ мекунанд”, бо афсус навиштааст Ливаний. Дар тули асри IV шумораи куриалҳо дар Антиохия аз 600 ба 60 адад кам шудааст.

Аз ҳисоби заминдорони мунисипалӣ моликияти калони заминдорӣ афзоиш меёбад. Сарчашмаҳои асрҳои IV – V дар бораи “чашмгуруснагии мумсикии” ашрофони сарватманди (магнатҳои) Византия, ки мулкҳои нав ба нави “ҳазорон плефр заминро аз они худ карда буданд, шаҳодат медиҳанд. Заминҳои ашрофони сарватманд ҳазоон гектарро ташкил карда ва дар музофотҳои зиёд воқеъ гардида буданд. Тавре, ки Аммиан Марселлиан мениград, “заминдорони калон ба сарватҳои худ аз ҳисоби даромадҳои аз ҳисоби заминҳои ҳосилхези аз худи Шарқ ва то канораҳои Ғарб паҳнгардида афзун мегардонад”.

Мулкҳои соҳибони моликиятдорони калон, намояндагони табақаи сенаторӣ аз андозҳои мунисипалӣ, ки барои қисмати боқимондаи аҳолӣ munera sordid, аз андозҳо ва пардохти маблағ барои рекрут (маҷбурӣ ба артиш ҷалб кардан) бори ниҳояд гарон буданд. Вале ба ба сенаторҳои заминдор ҳам лозим меомад, ки андоз аз заминро пардохт намоянд, аммо андозҳою ӯҳдадориҳое, ки аз мулкҳои онҳо ситонида мешуданд, нисбат ба заминдорони дигар хеле кам буданд. Имтиёзҳое, ки аз онҳо ашрофони сарватманд (магнатҳо) бархурдор буданд, оммаҳои зиёди ғуломон, колонҳо ва заминдорони хурду миёнаро ба зери патронати онҳо ҷалб менамуданд.

Дар асрҳои IV – V мулкдорони калон бар замин аз ҳукумат имтиёзҳои нав ба нав ба даст меоварданд. Афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва таъсир ба ҳаёти сиёсӣ ба пурзӯршавии мустақилияти ашрофони сарватманд аз амалдорони маъмурӣ оварда мерасонид. Дастгоҳи ҳокимияти шахсии онҳо низ беш аз пеш мураккаб ва сершумор мегардид. Аз охирҳои асри IV сар карда зиндонҳои шахсӣ сохта шуда, мулкдорони пуриқтидор на танҳо ғуломон ва колонҳо, балки қарздорон, деҳқонони озод ва ҳамсояҳои гуногунро низ, ки ба иродаи онҳо итоат намекарданд, мепартофтанд.Авал дар шакли пӯшида ва баъд ба таври ошкоро политсияи шахсӣ ва дружинаҳои шахсӣ пайдл мешаванд.

Тавре ки таҷрибаи заминдорони мисрии Анионҳо нишон медиҳад, иаъмурияти бисёрҷабҳаи шахсӣ, ки зиндонҳои шахсӣ ва дастгоҳи бузурги ҳисобкунҳо, ҷамъоварандагони андозҳо ва муҳофизони худро доштанд, яке аз олотҳои муҳимтарини зулмкунии оммаи қарздорҳои ба Анионҳо тобеъ ва деҳқонони дар ҷуҷтуҷӯи пуштибон ароргирифта буданд. Дар асри V заминдорони калон беш аз пеш ғуломон ва колонҳои гурезаро, ки онҳо натанҳо аз одамони хусусӣ, балки аз они давлат ҳам буданд, мустақиман заминҳои ҳамсоягони заифтарро ишғол менамуданд.

Баъзе бустонсароҳо, чӣ дар музофотҳои наздисарҳадӣ ва чӣ дар вилоятҳои дохилии империя ба қалъаҳои ҳақиқӣ мубаддал гардида буданд. Дар яке аз чунин бустонсароҳои воқеъ дар Осиёи Хурд Иоанн Златоуст аз дуҳманони худ панаҳ бурда буд. Соҳиби бустонсаро, ки хонум буд, бар зидди таъқибкунандагони ӯ одамони мусаллаҳро мефиристад. Соҳибмулкони калон натанҳо дар мулкҳои худ, балки дар заминҳои ба онҳо наздик ҳам хуҷаинӣ карда, маъмурияти музофотӣ ва баъзан ҳокимияти императориро эътироф намекарданд

Дар баробари моликияти бар замини калони дунявӣ дар Византияи асрҳои IV – V заминдории васеи калисою давраӣ ташаккул меёбад. Аллакай дар оғози асри IV , аз замони расман шинохта шудани масеҳият. Ба калисо иҷозат дода шуда буд, ки замин дошта бошад. Асоси боигарии замини ӯро мулкҳое ташкил мекарданд, ки ба он ҳокимияти императорӣ ҳадя карда буд (асосан аз ҷумлаи заминҳои дайрҳо ва қисман заминҳои шаҳрро мусодиракардаи давлат). Минбаъд мулкҳои калисо ҳам аз ҳисоби ҳадяҳои нави императорҳо ва ҳам аз ҳисоби тӯҳфаҳои сершумори шахсони алоҳида зиёд мешуданд.

Заминҳои калисо аз имтиёзҳои муҳими андоз истифода мебурданд. То соли 360 калисо аз андозҳо аз замин умуман озод буданд. Вале баъди ин андозҳои бузургро калисоҳои Константинопол, Искандария ва Фесалоника нигоҳ доштанд. Дигарон ҳам аз пардохти ғайримуқаррарӣ ва ҳам аз пардохти андозе иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди андозҳои мунисипалию давлатӣ озод истифода мебурданд. Ҳамаи ин имтиёзҳо ба калисо ва зери патронати рӯҳониён куриалҳо ва соҳибони хурди заминҳоро ҷалб менамуданд.

Дар Византия махсусан заминдории дайрӣ вусъат меёфт. Аз нимаи дуюми асри IV сар карда, куриалҳо ва заминдорони озод рӯ ба дайрҳо ниҳода, бо ҳамин васила аз зулми андози вазнин ва ӯҳдадориҳои ғоратгарона наҷот ёфтанӣ мешуданд. Дар асри V дайрҳои хурду калони сершумор саросари мамлакатро пӯшонида буданд.

Заминдории дайрӣ аз ҳама зиёдтар дар ҳамон ҷойҳое паҳн мегардид, ки муфлисшавии оммавии деҳқонони озод ва табдилёбии онҳо ба колонҳо ба амал меомад – дар сурия, Фаластин, Миср. Ин зуҳурот дар Фракия ва Дакия, вилоятҳои дохилии Осиёи Хурд чанде сусттар сурат мегирифт. Дар ин минтақаҳо рушди пуравҷи заминдории калисою даврӣ ба нимаи дуюми асри IV ва дар асри V рост омадааст Масалан, дар водии начандон калони Дана дар Сурияи Шимолӣ дар оғози асри V аллакай наздики 40 дайр вуҷуд дошт то охирҳои ин аср бошад, ду баробар меафзояд. Дар баробари дайрҳои хурди зиёд дайрҳои калон ҳам пайдо мешаванд, ки дар онҳо садҳо роҳибон сукунат доштанд ташаккул меёбанд, ки қаламрави паҳноварро фаро мегирифтанд: дайрҳои Таванисси ва Сохаге, Дейр – Турманин дар Қаср-эл-Банати воқеъ дар Сурия аз қабили ҳамин гуна хоҷагиҳо буданд

Калисо дар ба даст овардани моликият бар замин, корчаллонии фавқулодд нишон медод. Он натанҳозаминҳоро дар шакли ҳадя ва ба воситаи патронат, балки ба воситаи харидории қарзҳои онҳо низ ишғол мекард То охирҳои асри IV – оғози асри V он ба яке аз заминдорони бузургтарини империя табдил меёбад ва мувофиқи эътирофи Иоанн Златоуст, дар замони ӯ епископҳо ва клирикҳо нисбат ба вазифаҳои рӯҳонии худ “ба ҷамъоварии ангур, дараҷи ғалла хариду фурӯш” бештар машғул буданд.

Аз рӯи ҳисобу китоби баъзе муҳаққиқон аллакай дар ҳамин давра мулкҳои калисо аз 10/1 ҳиссаи ҳамаи заминҳои мулкиро ташкил менамуданд. Дар ин ҷо даҳҳо ҳазор колонҳо ва ғуломон кор мекарданд. .

Одатан хоҷагии хусусиро танҳо дайрҳо пеш мебурданд. Мулкҳои калисо, чун қоида, ба мулкдорони калони дунявӣ ба иҷора дода мешуданд. Дорои моликияти бузург бар замин, ки бо оммаи ба он тобеъбудаи заминдорон алоқаманд, калисо дар асрҳои IV – V дар иқтисодиёти Византия нақши калонро иҷро мекардагӣ мешавад. Иқтидори иқтисодӣ яке аз асосҳои муҳимтарини таъсири рӯҳониён ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии империя ҳам ба шумор мерафт.

Заминдори калонтарини Византия император буд. Ӯ мулкҳои заминҳои нопайдоканори заминҳои давлати (императорӣ)-росоҳибӣ мекард. Мулкҳои (доменҳои) императорӣ қариб дар ҳамаи музофотҳои Византия – дар Сурия ва Фаластин, Понт ва Финикия, Байнаннаҳрайн ва Каппадоқия, Осиё ва Фракия мавҷуд буда, баъзан то сеяк ва нисфи қаламрави онҳоро дар бар мегирифт.. Дар охири асри IV бештари қаламрави он аз мулкҳои император иборат буд. Мулкҳои император қисмати зиёди Каппадоқияро дар бар мегирифт. Аз рӯи тақсимоти Диоклетиан аз 6000 километри мураббаъи музофоти Осиё 400 километри мураббаъро мулкҳои императорӣдар бар рифта буданд.

Дар нимаи аввали асри IV ин хазинаи заминҳо аз ҳисоби мусодираи заминҳои мулкии ибодатхона ва шаҳрҳо, инчуин мусодираи заминҳои дигар, аз он ҷумла заминҳои ашрофони сарватмади барои ҷиноятҳои сиёсӣ маҳкумшудагон хеле пурра шуданд. Ин моликият дар зери идораи муассисаи махсус – conitiva rei privatae қарор доштанд, ки дар натиҷаи афзоиш ёфтани мулкҳои император, дар асри V аз он идораи махсус fundi patrimoniales ҷудо мешавад. Истифодаи чунин заминҳо ду хел ба роҳ монда мешуд. Дар баъзеи онҳо хоҷагии домениалӣ (мулкии импертор) пеш бурда мешуд ва ба онҳо мансабдорони аз тарафи ҳокимияти император таъинкарда роҳбарӣ мекарданд. Заминҳои дигар ба иҷора дода мешуданд, баъзан ба мулкдорони калон – сенаторҳо,намояндагони болоии мансабдорони ҳарбии империя, инчунин ба заминдорони миёна ва ҳатто хурд ҳам. Иҷоракорон вазифадор буданд, ки дар андозаи муайянкардашуда рентаи давлатӣ супоранд. Аҳолии мулкҳои император. Аз он ҷумла иҷоракорон,аз як қатор пардохтҳо. Аз он ҷумла аз додани рекрут ва ӯҳдадориҳои ғайримаъмулӣ озод карда мешуданд.

Маъмурияти мулкҳои император онҳоро бо сабаби ноӯҳдабароии хоҷагидории худ ва дуздию ғоратгарӣ муфлис мегардиданд. Муассисаи res privatae даромаднок будани қисми зиёди хоҷагиҳоро нигоҳ дошта наметавонист. Ҳамаи ин ҳама ҳокимияти императориро водор намуд, ки ба иҷора додани заминҳоро хеле васеъ намояд. Ғайр аз ин, ҳангоми поён рафтани даромаднокии онҳо 9яксолаи (annonae prestatio) беш аз пеш шаклҳои гуногуни иҷораи имтиёзнок ба кор бурда мешуданд, махсусан дар заминҳои холӣ ва партофта, вале заминҳои ҳосилхез, инчунин мулкҳои муфлисшуда.

Аллакай дар асри IV нигоҳдорӣ аз рӯи jus perpetuum, вале аз рӯи вақт номаҳдуд ва рентаи тағйирнаёбанда паҳн гардида буд. Соҳиби замин ин заминро метавонист ҳамчун мерос диҳад, фурушад, тҳҳфа кунад, ба иҷора диҳад, вале дар пардохта андоз аз он масъул буд, агар онро аз рӯи канон (қонун) напардохта бошад, пас аз замин маҳрум мешуд. Ба ин иҷора наздик иҷора аз рӯи jus privatum calvo canone буд, вақте ки иҷоракор, андози доимии ҳарсоларо пардохт мекард, ҳуқуқи моликияти хусусиро бар ин қитъаи замин ё мулк (dominium) пайдо мекард. Иҷора аз рӯи jus privatum: иҷоракор дар амал ҳуқуқи моликияти хусусиро бар қитъаи замини иҷорамегирифтагиро, як қисми арзиши онро пардохт намуда, қисми дигари он дар шакли рентаи абадӣ, вале камтар аз шартҳои намуди пештараи пардохт.

Вале дар асри V намуди нисбатан паҳнгардидаи иҷораи имтиёзнок, ки беш аз пеш ҳамаи дигар шаклҳои онро танг карда мебаровард, эмфитевсис буд, ки он дар нимаи шарқии империя ва пеш аз он – иҷораи дарозмуддат ё иҷораи абадии меросӣ бо озод будан аз пардохти рента дар давоми якчанд соли аввали истифодаи қитъа ё мулк ва минбаъд пардохтани рентаи муайяни бетағйир, ки аз 6/5 ҳиссаи канони муқаррариро ташкил мекард, озод карда мешуд. Ба эмфитевт барои истифода аз қитъаи иҷора, аз он ҷумла фурӯши он ҳуқуқҳои ниҳоят васеъ дода шуда буданд.. Вале ҳокимияти императорӣ ё соҳиби мулк метавонист аз эмфитевсис дар сурати иҷро накардани шартҳои иҷора онро баргардонанд. Рушди эмфитевсис имконияти эмфитевтҳоро барои аз худ кардани замини иҷорагирифтаашонро осон мекард. Беҳуда нест, ки дар нимаи дуюми асри V дар байни ҳуқуқшиносони Византия чунин баҳс ба амал омад: эмфитевсис иҷора аст ё бегонакунӣ?

Ҳамаи ин намудҳои иҷора, ки худ барҳамхурии шаклҳои кӯҳнаи антиқии моликиятро инъикос менамоянд асоссан дар он ҷое рушд мекарданд, ки 1) заминҳо ба иҷоракорони сарватмандтаре дода мешуданд; 2) қобилияти маблағҳои зиёдро барои беҳтар кардани хоҷагидорӣ доранд; 3) канонро таъмин карда метавонанд. Хоҷагии худӣ дар асри V асосан дар заминҳои хусусии императорон боқӣ монда буд..

Аз тарафи дигар, шароити имтиёзноки иҷора, ки аз он қисмати зиёди доираҳои болоии ҳукмрони империя истифода мебурданд, ба муттаҳидшавии боз ҳам зичтари он дар атрофи ҳокимияти императорӣ мусоидат менамуданд.

Ҷиҳатҳои тафовуткунандаи рушди муносибатҳои аграрӣ дар Византияи асрҳои IV – V яке аз сабабҳое мебошанд, ки масъала дар бораи моҳияти онҳо дар илми таърих баҳснок мебошад.

Ҳамин тавр ба назар мерасад, ки дар Византияи асрҳои IV – V шикасти ҳамагонии тартиботи ғуломдорӣ ба амал омада, оқимондаҳои шаклҳои антиқии моликият фано мегардиданд, заминдории калони хусусии ба он новобаста боло рафта, шаклҳои шартии ихтиёрдорӣ ва моликият ба замин рушд мекарданд.

Тағйироти муносибатҳои аграрӣ дар вилоятҳои гуногуни Византия бо гуногунии зиёди худ, ки аз афзалалияти ин ва ё он намуди заминдорӣ,таносуби заминдории калон, миёна ва хурд, шаҳрӣ ва новобаста аз шаҳрҳо вобаста буданд, фарқ мекарданд. Дар баъзе вилоятҳо, масалан, дар Юнон асосҳои сохти ғуломдорӣ танҳо ба зада даромадани славянҳо шикастанд, дар вилоятҳои дигар, ки шумораи деҳқонон зиёд буданд ва ғуломдорӣ ба рушди колонат таъсири кам мерасонид, ба тобеияти феодалӣ табдил ёфтани он мумкин буд босуръаттар сурат мегирифт. Тавре маълум аст, дар баъзе вилоятҳои империя муносибатҳои дар асоси эволютсияи дохилии сохти ғуломдорӣ ба миён меомаданд. Дар қисмати зиёди Осиёи Хурд, ки баъдтарвилояти рушди босуръати феодализми Византия мешавад, ҳамин тавр буд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *