Фанни Суханвари (риторика)

Фасоҳату балоғат дар суханвари

Фасоҳат дар луғат ба маънии равшанбаёнӣ, салосат ва равонии сухан гуфтан аст, вале дар истилоҳи адабӣ холӣ будани каломеро аз се айб гуянд:

-Душвории маънӣ -Мушкил будани талаффуз -Хилофи қоидаҳои дастури забон.

Агар дар навишта ва гуфтори шахсе ба ҷумлаҳо ва ифодаҳое дучор оем, ки маънии онҳоро надонем, дар талаффузи онҳо душворӣ кашем, он навишта ва гуфта фасеҳ нест. Пас гуфторе ва навиштае фасеҳ шуморида мешавад, ки ин се айбро надорад.

Агар шогирде пеш аз задани занг бошитоб ба тарафи дабистон биёяд ва ҳамин ки расид, аз дарбон пурсад:

-Зангро заданд?

У бигуяд:

-Панҷ дақиқа ҳаст.

Дар ин муколима ҳар ду ҷумла (ҳам пурсиш ва ҳам посух) фасеҳ аст. Ба таври дигар гуем, ҷумла авомфаҳму писанди хос бошад.

Хоҷа Насириддини Тусӣ дар китоби «Асос-ул- иқтибос», Низомии Арузи Самарқандӣ дар фасли аввали «Чаҳор мақола» дар хусуси лафзи фасеҳ, дар моҳияти дабирӣ ва эҷоди лафзу маънӣ андешаҳои судманд гуфтаанд.

Мавзуи илми суханварӣ чизест, ки ба василаи он ғараз аз суханварӣ ҳосил мешавад, яъне шунаванда гуяндаи суханро бовар мекунад ва бар манзури у барангехта мешавад, ки он балоғат аст.

Аммо мавзуи гуфтор ва суханро наметавон таъйин кард, ки он ҳадду канор надорад. Қаноат намудан ду қисм аст: илмӣ ва мантиқию хитобӣ. Қаноатсозии илмӣ ва мантиқӣ он аст, ки муддао ба бурҳон собит шавад ва шубҳаву гумонҳо дар ин боб барои ақл боқӣ намонад. Ин қисми қаноатмандсозӣ дар соҳаи илм аст ва дар ҳар мавзуъ вазифаи касест, ки он мавзуъро фанни худ сохтааст. Валекин на ҳама корҳо қобилияти он доранд, ки ба далелу бурҳон собит шаванд ва бисёре аз корҳое аст, ки дурустӣ ва нодурустии онҳо нисбианд, яъне барои як замон ё як макон созгоранду бо гузашти айём моҳияти хешро аз даст медиҳад. Ҳол он ки далелу бурҳонро барои чизе ва коре метавон истифода кард, ки ҳама вақт ва дар ҳама вазъият барои ҳама кас дуруст бошад.

Балоғат, ба андешаи Шамси Қайси Розӣ, дар се навъ сухан пайдо мешавад:

-Эъҷоз, ки дар он лафз андак буда, маънӣ фаровон

аст.

-Мусовот, яъне мусовӣ — баробарии лафзу маънӣ.

-Баст, ки шарҳи маънӣ ба алфози бисёр ва ба чанд ваҷҳро мегуянд.

Ба ҳамин тариқ, балоғат чунин тарзи сухан аст, ки мутакаллим онро ба мухотаб арз менамояд.

Маънои луғавии фасоҳат шевоӣ ва равонии сухан аст. Ба истилоҳ фасоҳат офаридани калом аст ва бар ваҷҳе ноқисие дар фаҳми маънӣ надошта, бо алфоз тавъманд бошад.

Рукни асосии назмшиносии араб ва форсу тоҷик, ки ба хосияти каломи бадеъ бевосита дахл дорад, балоғат ном дорад. Илми балоғат, аз маънӣ ва баён иборат буда, дар заминаи инкишофи тадриҷии илми филологияи араб ташаккул ёфтааст. Ибтидои ташакули ин фан ба қарни VIII милодӣ рост меояд ва ба ақидаи олими арабшиноси рус И.Ю. Крачковский Ибни Муъоз (861-908 милодӣ), донишманду арбоби давлатии хилофати Аббосиён асосгузори он аст.

Дар таърихи адабиёти форсзабонон яке аз нахустин асар дар бахши балоғати суханварӣ рисолаи «Тарҷумон-ул-балоға»-и Муҳаммад ибни Умари

Родуёнӣ мебошад. Ин асар дар охирҳои қарни XI ва ибтидои асри XII милодӣ таълиф ёфтааст.

Балоғат нахуст неруест худодод, ҳарчанд ки бархе ин нуктаро надониста, кушиши беҳуда ба харҷ медиҳанд ва хешро ба минбар мезананд, ҳаракатҳои беҷову ноҷо мекунанд, мазмун, оҳанг ва зеру бами ифода, калима ва ибораҳоро сарфаҳм нарафта, тутивор сухан такрор менамоянд.

Бархе аз афроди дигар пайи омузиш қарор дошта, бо фаро гирифтани усул, қавоиди фан, машқу тамрин ва омузиши осори суханварони пешин шуғл меварзанд, ки бисёр судманд аст. Иҷрои ин амал аз ду ҷиҳат муфид аст:

-Истеъдод агар заиф бошад, қавӣ гардад.

-Истеъдод агар қавӣ бошад, камол ёбад.

Азбаски балоғат тавассути қонеъ гардонидан ва тарғиб амалӣ мегардад, дорои ду шарт аст: нахуст, он ки суханвар ба сухане, ки мегуяд, бояд худ ба гуфтаи хеш бовар дошта бошад. Сониян, барои ба ҳадафи хеш расидан шунавандаро бо сухани худ барангехта тавонад. Ба ибораи дигар, бовар ва таъсир ба ақли шунаванда ин худ навъе аз таълим аст ва тарғиб дар нафси у. Чунонки гуянд: «Сухан к-аз ҷон бурун ояд, нишинад лоҷарам дар дил». Ё ин ки «Сухан к-он аз сари андеша н-ояд, навиштанрову гуфтанро нашояд».

Касоне, ки дорои ин ду сифат нестанд, балоғат надоранд ва аз маҳорати суханварӣ низ орӣ ҳастанд. Бовар кунонидани шунаванда агар хосияти тарғибӣ надошта бошад, муассир нест. Суханвар — устод ва ҳоким асту тарғибгар. Суханвари комил он аст, ки ҳам ҳоким бошад, ҳам тарғибгар. Шарти дигари суханварӣ он ки сухани хушоянд ва нарму латиф гуяд, то дили шунавандаро рабояд.

Суханварӣ ҳаргиз сафсаттагуйӣ ва суханбозӣ нест: суханҳои беҳудаву камарзиш ё ғалатро обуранг дода, баён кардан, ҳусни балоғатро коста мегардонад. Балоғати ҳақиқӣ он аст, ки каломи гуянда маъқули ҳол ва мақбули ом бошад. Яъне, каломаш ақлро равнақ бахшад, ба дил роҳ ёбад, лутфу меҳрубониро барангезад ва тахайюлро ба кор андозад. Сухани муассир аз даҳон беғараз ва аз дили пок бурун ояд, чунонки Мирзо Турсунзода барҳақ мефармояд:

Дили инсон чун аз меҳр пур гардад, ба ҷуш ояд,

Ба мисли чашмаҳои куҳсорон пурхуруш ояд.

Бархе аз суханвароне дар ҷомеа ҳастанд, ки суханашон пуртаъсир, исмашон вирди забони мардуманд, вале баъдан маълум мегардад, ки дилашон пок ва нияташон нек набудааст. Онҳо ба василаи сеҳри сухан ва ҳунари суханварӣ ба дили шунавандагон роҳ меёбанд ва ононро гул мезананд ва гумроҳ месозанд. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз :

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс, Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Вале ин нуктаро бояд таъкид намуд, ки инсон ҳама вақт ба як ҳолу вазъ нест. Ҳолату вазъияти инсон дар бисёр мавридҳо ба муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа низ марбут мебошад, зеро муҳити иҷтимоӣ ба инсон таҷрибаи зиндагӣ, тарзи муомилаву муошират, суханронӣ, мушоҳидакорӣ, баёни андешаву ақидаро ёд медиҳад.

Баъдан, агар суханварро каломаш ҳама бар дуруғ ва кизбу тазвир устувор бошад, сухану асараш пойдор ва бардавом нахоҳад монд, чунонки дар урфият мегуянд: «Умри дуруғ кутоҳ аст». Бинобар ин, рузе фаро мерасад, ки ҳақиқати ҳол ва гуфтори у дониста ва ифшо шавад, нуфуз ва эътибори вай дар ҷомеа коста гардад ва гармии бозори у ба сардӣ бадал хоҳад ёфт.

Хулосаи калом, балоғат ва таъсири каломи суханвар ин аст, ки гуянда ҳадафи бовару эътимод бошад, гуфтораш писандида, фикраш солим, ҳарфаш бо далелу бурҳон, сараш пуршуру ба авзои инсон ошно бошад.

Истифодаи таъбирҳо, рушании баён ва омезиш ба лутфу меҳрубонӣ — ҳамаи ин матолиб беҳтарин сифатҳои суханварист.

Балоғат-қуввати фикр, ҳусни таъбир ва қудрати таъсир аст.

Болиғ — суханрон, чиразабон ва суханпардозест, ки офариниши гуфтори у ба завқи фитрӣ, истеъдоди худододӣ, машқ ва ошноӣ бо гуфтору осор ва афкори сурудаҳои устодони фан устувор бошад. Балоғат дараҷаи олӣ ва волои гуфта, суруда ва андешаву дар ҳақиқат болиғтарини баёни калом аст. Сухан бояд аз ҷон барояд ва бар дил нишинаду дорои фасоҳату балоғат бошад. Бештари ибораву ифодаҳои нағзу пурмағзи китоби «Гулистон»-и Шайх Саъии Шерозӣ аз балоғати комил бархурдоранд:

«Мушк он аст, ки худ бибуяд, на он ки аттор бигуяд.

Оқилеро пурсиданд:

— Некбахт кисту бадбахтӣ чист?

Г уфт:

-Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт!

Ҳунарманд ҳар ҷо равад қадр бинад ва бар садр нишинад. Тарки дунё ба мардум омузонанд, хештан симу ғалла андузанд». Дар ин маврид Ҳоҷа Ҳофиз мефармояд:

Чу бишнавӣ сухани аҳли дил магу, ки хатост,

Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост».

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ба ин суханони воло Худои худро меситояд: «Илоҳӣ, агар талхак талх аст, аз бустон аст ва агар Абдуллоҳ маҳрум аст, аз дустон аст. Ҳамаи шодиҳо ба ёди ту ғурур аст ва ҳамаи ғамҳо бо ёди ту сурур аст. Бисоз кори ман ва мангар ба кирдори ман. Дил деҳ, ки тоқат афзун кунад, тоате деҳ, ки ба биҳишт роҳнамун кунад, илме деҳ, ки дар у оташу ҳаво набувад ва ҳилме деҳ, ки дар у зарқу риё набувад…»

Дар поёни ин бахш бояд ин нуктаро низ ёдовар шуд: ҳар каломи балиғ, фасеҳ ҳам аст, вале сухани фасеҳ, мумкин аст, балиғ набошад. Бештари ашъори Шайх Саъдӣ дар ҳадди олии фасоҳат ва балоғат аст:

Айюҳаннос, ҷаҳон ҷойи таносонӣ нест,

Марди доно ба ҷаҳон доштан арзонӣ нест.

Хуфтагонро чӣ хабар замзамаи мурғи саҳар, Ҳайявонро хабар аз олами инсонӣ нест.

Доруи тарбият аз пири тариқат биситон, К-одамиро батар аз иллати нодонӣ нест.

Руй агар чанд паричеҳраву зебо бошад,

Натавон дид дар ойина, ки нуронӣ нест.

Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,

Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Бибарӣ моли мусалмону чу молат бибаранд, Бонгу фарёд барорӣ, ки мусалмонӣ нест.

Он кас аз дузд битарсад, ки матое дорад, Орифон ҷамъ накарданду парешонӣ нест.

В-он киро хайма ба саҳрои фароғат задаанд, Гар ҷаҳон зилзила гирад, ғами вайронӣ нест.

Як насиҳат зи сари сидқ ҷаҳоне арзад,

Машнав, ар дар суханам фоидаи ҷонӣ нест.

Ҳосили умр талаф кардаву айём ба лагв,

Гузаронида ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест.

Саъдиё, гарчи сухандону масолеҳгуйӣ,

Ба амал кор барояд, ба сухандонӣ нест.

Балоғату фасоҳат ду рукни асосӣ ва ҷавҳари зебоии нутқ аст. Ҳар гоҳ матлабе унвон кунем, ки шунавандагон дар фаҳми он бо душворӣ ру ба ру шаванд ва агар мавзуеро такрор ва ҷумлаҳои ҳаммаънӣ ва якнавохт ироа намоему дарвоқеъ, пургу ва беҳудагу бошем ва ба усули балоғату фасоҳат дилбастагӣ нишон надиҳем, ҷуз озору дарди сар барои шунавандагон чизе ба армуғон наёвардаем. Аз ин ру, бояд гуфтаҳои мо дар бораи мавзуи муайян ҳамоҳанг, тавъам бо назми мантиқӣ, кутоҳ, пурмағз ва судманд бошанд.

БАХШҲОИ БАЛОҒАТ

Балоғат расоии сухан, воситаест, ки баҳри бовар ва эътимоди шунавандаро ҳосил намудан, уро барои ба ҳадаф расидан тарғиб ва ташвиқ менамояд. Ба ибораи дигар, балоғат наку гуфтан аст. Бинобар ин, балоғат дар ҳар боб: хоҳ сухан барои таълиму тадрис бошад, хоҳ ҷиҳати истироҳату эҷоди асар ва ё сухани саҳнавӣ амри зарур ва муҳим ба шумор меравад.

Суханварони Юнони қадим, бахусус Арастуи ҳаким балоғат ва суханвариро ба се бахш қисмат карда

б уд:

-Бахши якум дар анҷумани миллӣ барои барангехтан ба коре, мансабе ё боздоштану бозхондан аз вазифа ва мақоме истифода карда, он мушовара ном дорад.

-Бахши дувум зимни муҳокима барои маҳкум намудани касе ё ҳифзи он ба кор бурда, он мушоҷара мебошад.

— Бахши сеюм ҳангоми мадҳу ситоиш ё накуҳиши ашхосе эрод мекарданд, ки он ташрифотӣ ё таҷаммулӣ номида мешавад.

Ба андешаи Арасту, ҳар яке аз ин се бахши суханварӣ марбут ба замону маконе ва мавзуи хоссе барои шунавандагон махсус гардонида мешавад. Ин се бахши суханварӣ, ки Арасту тасниф намудааст, имруз низ дар амал буда, танҳо тафовут дар он аст, ки такмил ёфта, доманаи онҳо вусъат пайдо намудааст.

Ғайр аз ин, суханварӣ илова бар се бахши мазкур дар замони муосир қисмҳои дигарро низ соҳиб гардидааст, ба монанди суханварии илмӣ ва адабӣ, ахлоқӣ, минбарӣ, ки дар мавзуъҳои динӣ ваъз гуфта мешавад, моҳияти хосса дорад. Ҳарчанд ки бахшҳои балоғат ба худ хусусиятҳои хосро молик аст, вале ҷудо кардани онҳо аз ҳамдигар саҳеҳу дуруст нест. Балоғат дар ҳар сухане лозим аст, бидуни он ки сухан баҳри таълим аст, барои эҷоди шеър ва илми фалсафаву таъриху улуми дигар. Аз ин ру, балоғатро аз ҷиҳати қуввату заъф ба се дараҷа метавон қисмат намуд:

Дараҷаи аввал- аз ҳама заифтар буда, дар мавридест, ки шунаванда аз шунидани сухан хуш шаваду масрур гардад. Шайх Аттор дар ин маънӣ гуфта:

Тозарую хушсухан бош, эй ахӣ,

То бувад номи ту дар олам сахӣ.

Дараҷаи дуюм- қавитар буда, суханвар

шунавандаро қонеъ гардонида тавонад ва ҳар гуна шубҳаҳои уро нисбати хеш бартараф созад. Ҳаким Фирдавсӣ фармуда:

Сухан ҳеч беҳтар зи тавҳид нест,

Ба ногуфтану гуфтан Эзид якест.

Дараҷаи сеюм — аз ҳама қавитар буда, суханвар бар замми он ки шунавандаро қонеъ гардонад, боз тарғибу ташвиқ намояд ва барангезад. Низомии Ганҷавӣ дар ин маврид барҳақ гуфтааст:

Аз ин шева суханҳое барангехт,

Ки бо ҷон он парирухро даровехт.

Балоғат, ки онро расоии сухан маънидод кардем, василаи бовар кунонидан ва тарғиб хондем, таърихҳои дигар низ дорад аз ҷумлаи ин ки балоғат сухан гуфтан ба тақозои ҳол аст ва содатарин ва шояд беҳтарин таърифҳо ин аст, ки балоғат наку гуфтан аст.

Мутаассифона, дар ҳаёт суханвароне ҳастанд, ки бо вуҷуди доро будани чунин истеъдоди фитрӣ (яъне, қудрати баён) бисёр мақсадҳои худро барои расидан ба ҳадафу ғаразҳои шахсӣ истифода мекунанд, ки ин амали номатлуб ба ҷомеа таъсири баду ногувор мерасонад. Суханвари асил ва воқеӣ он аст, ки ба тариқи ҳақ ва ҳақиқат вазифаи хешро адо намояд, аз дуруғу ифроту муболиға ва дигар офатҳои сухан парҳез намояд:

«Овардаанд, ки аз Бузургмеҳр савол карданд, ки мардумонро чӣ беҳтар?

Гуфт: — Хиради модарзод.

Гуфтанд: — Агар набувад?

Гуфт:-Фарҳанги омухтанӣ, ки адаби вайро рост кунад.

Гуфтанд: — Агар набувад?

Гуфт: — Хостае, ки ҳамаи айбҳоро бипушонад.

Гуфтанд: — Агар набувад?

Гуфт: — Ҳилм ва мадоро, ки ҳилм мардумро биёрояд.

Гуфтанд: — Агар набувад?

Гуфт: — Марг беҳ аз зиндагонӣ, то роҳат ёбад аз худ ва халқ аз вай».

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *