Фанни Сотсиология

Мафҳуми “умумияти иҷтимои” ва таснифоти он

Инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба охири умр дар дохили умумиятҳои иҷтимоӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд. Дар сотсиологияи Шўравӣ (имрўз дар сотсиологияи русиягӣ) умумиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун категорияи асоси таҳлили сотсиологӣ ба ҳисоб меравад. Њатто баъзе аз сотсиологҳо (масалан, А. Ядов) сотсиологияро илме меноманд, ки барқароршавӣ, рушд ва тағйироту дигаргуншавии умумиятҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳуроти он: низом, сохтор ва институтҳои иҷтимоиро меомўзад .
Умумияти иҷтимоӣ ҳаммаънои калимаи англисии “community” буда, ба забони тоҷикӣ маънои ҷамоа, муттаҳидшавӣ, ягонагӣ ва ҷудонопазирро дорад. Умумияти иҷтимоӣ маҷмўи одамонест, ки аз рўйи меъёрҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳудудӣ аз ҳам фарқ мекунанд ва дар байни онҳо муносибату робитаҳои устувор пайдо шудаанд. Умумиятҳои иҷтимоиро аз рўйи нишонаҳои зерин аз ҳам фарқ намудан мумкин аст:
• Аз рўйи шумораи ҳайат: аз 2-3 нафар то миллионҳо нафар;
• Вобаста ба мўҳлати мавҷудият: аз чанд дақиқа (издиҳом) то якчанд ҳазорсола (умумияти этникӣ);
• Вобаста ба заминаҳои пайдоиш: умумиятҳои касбӣ, ҳудудӣ, этникӣ, демографӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ғайраҳо .
Умумияти иҷтимоӣ шакли ҳаёту фаъолияти коллективии одамон мебошад. Вобаста ба ин нишондодаҳо чунин намудҳои умумиятҳои иҷтимоиро аз ҳам фарқ менамоянд:
• Умумиятҳои оммавӣ;
• Умумиятҳои этникӣ;
• Умумиятҳои гурўҳӣ ё гурўҳҳои иҷтимоӣ .
2. Умумияти оммавӣ ҳамчун шакли умумияти иҷтимоӣ
Умумиятҳои оммавӣ категорияи сотсиологиест, ки ба таври номуташаккил ва эҳтимолӣ пайдо шуда, ҳудудҳои аниқи муайян надоранд ва муваққатӣ буда, тағйирёбандаанд. Умумиятҳои оммавӣ (квазигруппа) дар шакли ҳаракатҳои иҷтимоӣ, издиҳом ва ғайра пайдо мешаванд. Яке аз шаклҳои умумияти оммавӣ – ин издиҳом мебошад. Издиҳом ҷамъи зиёди одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷамъшавии муввақатӣ ва номуташаккили фардҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҷо бояд фарқияти мафҳуми «оммавӣ»-ро аз мафҳуми «издиҳом» фарқ намоем. Вақте мо оиди оммаи одамон дар кўчаю бозоррҳо сухан мегўем, пеш аз ҳама ҷамъ шудани шумораи зиёди одамонро дар як фазои маҳдуд дар назар дорем. Онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ дар як мавзеъ ҷамъ омадаанд, аммо алоқаю робитаҳои муттамарказонидашуда надоранд, барои ягон мақсади умумӣ гирд наомадаанд. Њар яке барои қонеи ягон талаботашон дар он ҳудуд ворид шудаанд. Пас аз чанде ин одамон пароканда мешаванд. Дар ҳолати намоишҳо, бетартибиҳо ва гирдиҳамойиҳо ҳар як нафар бо дигар нафарон дар якҷоягӣ амал менамоянд ва амалу таъсири онҳо ба як марказ нигаронида мешаванд ва дар охир издиҳоми одамон ҳамчун як организми том амал менамояд.
Дар илми сотсиология якчанд назарияҳо оиди издиҳом пешниҳод шудаанд. Яке аз ин назарияҳо бо номи “назарияи мубталошавӣ (сироятёбӣ)” машҳур аст. Мувофиқи назарияи мубталошавӣ (заражения) дар шароити издиҳом зуд ва босуръати баланд эҳсосот, андеша ва амали як иштирокчӣ ба иштирокчии дигар мегузаранд ва паҳн мешаванд. Яке аз асосгузорони ин назария донишманди франсўз Гюстав Ле Бон мебошад. Дар асараш “Издиҳом” иқилоби фаронсавиро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки амали фарде, ки гирифтори эҳсости коллективӣ гаштааст, аз амали ў дар гурўҳҳои хурд ба кулли фарқ менамояд. Маҳз дар зери таъсири издиҳом шахс он амалҳои харобсозанда ё қаҳрамононае мекунад, ки дар танҳоӣ ин амалҳо ҳатто ба гўшаи хаёлоташ ҳам намеомаданд. Ба андешаи Лебон, дар издиҳом шуури коллективӣ ташаккул меёбад. Ў се омили амали коллективиро нишон медиҳад:
1) Эҳсости махфӣ мондан ба иштирокчии издиҳом нерў мебахшад;
2) Мубталошавӣ (сироятёбӣ) – рўҳия ва андешаю амали умумӣ мисли вирус ё бемории сирояткунанда аз як нафар ба дигар нафар, аз як гурўҳи одамон ба гурўҳи дигари одамон мегузарад. Њар як нафар мехоҳад кореро кунад, ки дигар иштирокчиёни издиҳом ҳамон корро анҷом дода истодаанд;
3) Дар издиҳом одамон зуд мутаассир мегарданд, мисле, ки зери таъсири гипноз мемонанд. Онҳо тамоми нишондодҳои сарварони издиҳомро иҷро намудан мехоҳанд. Махсусан, ҳокимият ва мақоми лидерҳо ба издиҳом таъсири фавқуллода мерасонанд.
Мувофиқи ақидаи Г. Ле Бон дамон дар иҳотаи издиҳом рафтори худро пурра идора карда наметавонанд, мувақатан дар зери таъсири тарғибу ташфиқоти пешвоёну доҳиёни издиҳом мемонанд, қобилияти таҳлилу андешаи дурнамои рафтори содиркардаистодаи худро аз даст медиҳанд. Г. Ле Бон бовар дошт, ки дар иҳотаи издиҳом инсон (ҳатто инсони фарҳангӣ) метавонад бераҳм, пурғазаб, ваҳшӣ ва хунхору беақл гардад.
Мунақидони ин назарияи Ле Бон кам нестанд. Ба ақидаи онҳо Г.Ле Бон ҳамагуна қарори одамони зиёди ҷамъомадаро бешуурона меномад. Дар ҳолате, ки қарорҳои оқилонаро маҳз гурўҳҳои калони одамон дар асоси баҳсу мунозираҳо бароварда метавонанд. Илова ба ин аксарияти издиҳоми одамон бошуурона ва бомақсадона сурат мегирад. На ҳама вақт издиҳом аз одамони ҷинояткор, бадахлоқ ва оворагард таркиб ёфтааст. Њам дар инқилоби Франсия ва ҳам Инқилоби октябр (1917) одамони зиёди ихтисосманд ва дорои маданияти баланд иштирок намудаанд.

3. Умумиятҳои этникӣ (гурўҳҳои этникӣ) ва таснифоти онҳо
Гурўҳҳои этникӣ — ин гурўҳи одамоне ҳастанд, ки забон, таърих ва фарҳанги маънавии умумӣ доранд. Мафҳуми “этнос” (ethnos) юнонӣ буда, ба забони тоҷикӣ маънои халқро дорад. Дар адабиёти илмӣ зери мафҳуми “умумияти этникӣ” маҷмўи устувори одамоне фаҳмида мешавад, ки дар ҳудуди алоҳида зинадагӣ мекунанд, маданияту психологияи хос ва эҳсоси фарҳангии худро доранд. Донишмандон се намуди асосии гурўҳҳои этникӣ ё “этносҳо”: қабила, халқ ва миллатро аз ҳам фарқ мекунанд. Ќабила чунин намуди иттиҳодияи одамон мебошад, ки дар асоси муносибатҳои хунӣ ва хешутаборӣ ба ҳам алоқамандӣ доранд. Ќабила аз якчанд қавму авлод таркиб ёфтааст, ки дар гузашта аз як оила ё нафар маншаъ мегиранд. Одамонро дар қабила эътиқоди ибтидоӣ, забон ва ҳудуди ягонаи зист низ муттаҳид менамояд.
Аз аввалҳои солҳои 50-уми асри ХХ навъҳои гуногуни этносҳоро, ки дар зинаи байни қабилавӣ ва миллат қарор доштанд, халқиятҳо ном мебурданд. Њамин тавр, халқият — ин умумияти этникӣ баъд аз қабилаҳо ва пеш аз миллат пайдо шудааст . Халқ дар фарқият бо қабила иқтисоду хоҷагии нисбатан пешрафта доранд ва дар онҳо маданияти оммавӣ, урфу одат ва анъанаҳо дар шакли ёдгории хаттӣ, асотиру афсонаҳо ва таърих ташаккул ёфтааст. Халқ ин гурўҳи калони одамон буда, макони зист онҳоро бо ҳам алоқаманд менамояд, тарзи зиндагӣ, институти дин, худшиносӣ ва ҳокимияти сиёсиашон нисбатан тараққиёфта аст. Дар ҷаҳон қариб 3 ҳазор халқҳо зиндагӣ доранд . Дар ҷаҳон 280 халқе вуҷуд дорад, ки шумораашон аз як миллион нафари зиёд аст ва аксарияти аҳолии оламро (тахминан 96%) ташкил медиҳанд . Дар замони ҳозира дар ҷаҳон қариб панҷ ҳазор забонҳои миллӣ вуҷуд доранд, ки ба онҳо халқҳо ва гурўҳҳои этникӣ гап мезананд, вале давлатҳо аъзоёни Созмони Миллали Муттаҳид зиёда аз 200 –тоанд.
Умумияти дигари рушдёфта миллат мебошад. Миллат (калимаи лотинии «natio» — маънои «авлод» ё «ташаккулёбӣ») гурўҳи калони одамонест, ки таърихан дар як марзи муайян зиндагӣ карда, алоқаи иқтисодӣ ва фарҳангии ягона дошта, бо як забон гуфтугў мекунанд, бо шууру психологияи хосаи худ аз дигар навъи чунин умумиятҳо фарқ менамоянд. Миллат шакли олии таърихан ташаккулёфта умумияти иҷтимоию этникии одамон буда, умумияти ҳаётӣ, иқтисодӣ, забонӣ, ҳудудӣ, худшиносии миллӣ ва баъзе хосиятҳои муайяни маданият, урфу одат, маишат ва анъанаҳоро таҷассум менамояд. «Миллат ин рўҳ аст», — хулоса мекунад Э. Ренан . Дар охир миллати ташаккулёфта давлати худро таъсис медиҳад. Бояд махсус қайд кард, ки бештари миллатҳо дар шароити капитализм ташаккул ёфтан, кўшишҳои тараққиёти озоди худ ба муттаҳид кардани давлатҳои аз ҳам ҷудои феодалӣ мадад карданд. Дар ҷаҳони имрўза зиёда аз 90% -и аҳолии рўйи заминро миллатҳо ташкил медиҳанд . Дар сотсиологияи Ѓарб зери мафҳуми “миллат” маҷмўи шаҳрвандон ва халқи давлат фаҳмида мешавад, ки ба сатҳи баланди маданият ва ташкили сиёсӣ расидаанд ва ҳамчун умумият маданият ва забони ягона доранд, имчунин дар асоси низоми ташкилоти давлатӣ муттаҳид шудаанд. Њамин тавр, аз назари сотсиологҳои ғарб “миллат” — ин умумияти ҳудудӣ ва сиёсӣ буда, миллат ба давлат ҳаммаъно меояд. Пояи асосии ҳастии миллат ва устувории он худшиносии миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ мазмуни шуури мутааллиқияти одамон ба “миллати худ” мебошад. Худшиносии миллат иборат аст аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрўза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Баъзе аз донишмандон нажодро низ ба умумияти этникӣ мансуб медонанд. Нажод — ин гурўҳҳои одамоне мебошанд, ки дар тўли таърих дар макони муайян пайдо шуда, зиндагӣ кардаанд ва аломатҳои умумии биологӣ доранд (ранги пўст, шакли чашм, сохти мўй ва сар, қаду қомат ва ғайраҳо). ҳоло дар илми муосир се навъи нажодро аз ҳам ҷудо менамояд: аврупоӣ, муғулоид ва негроид ё сиёҳпўстҳо. Олимон ба хулосае омадаанд, ки сифатҳои фарқкунандаи нажодӣ бартарӣ надоранд. Њамаи нажодҳо аз ҷиҳати биологӣ ва психологӣ баробар буда, дар як зинаи инкишофи эволютсионии ақл мебошанд. Аммо дар тўли таърих кўшишҳои боло гузоштани як нажод аз нажоди дигар ба назар мерасад. Бахусус, дар назарияҳои расизм ин бараъло намудор мешавад. Расизм – ин таҳқир, истисмори умумиятҳое мебошад, ки ба нажоди дигар мансубанд . Ба ақидаи онҳо прогресси ҷамъиятиро нажоди сафедпустӣ аврупоӣ таъмин менамояд ва дигар халқу миллатҳо вобаста ба мутааллиқияти нажодиашон нокомил таваллуд шуда, дар рушди тамаддуни умумиинсонӣ ягон нақш гузошта наметавонанд. Чи хеле ки таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрўз дар прогресси ҷомеа на танҳо сафедпустони аврупоӣ, балки дигар халқу миллатҳо саҳми худро мегузоранд.
Тоҷикистон давлати сермиллат аст. Дар ин сарзамин баробари миллати тоҷик боз намояндагони дигар халқу миллатҳо, мисли ўзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо, русҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд (ниг. ба ҷадвали 1).
Љадвали 1. Њайати миллии аҳолии Љумҳурии Тоҷикистон, соли 2012 .
Миллатҳо Шумора Фоиз
Тоҷикон 6373834 84,3
Ўзбекҳо 926344 12,2
Лақайҳо 65555 0,9
Ќирғизҳо 60715 0,8
Русҳо 34838 0,5
Туркманҳо 15171 0,2
Тоторҳо 6495 0,1
Арабҳо 4184 0,1
Афғонҳо 3675 0,1
Лўлиҳо 2334 0,0
Ќазоқҳо 595 0,0
Аксарияти мамлакатҳои олам гуногунмиллатанд. Дар мамлакатҳои алоҳида намояндагони даҳҳо ва ҳатто, садҳо халқҳо зиндагӣ менамоянд. Аз ин хотир, масъалаи муносибатҳои байни умумиятхои миллию этникӣ дар ҳар макону замон аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Дар шууру рафтори умумияти этникӣ миллатгароӣ ва шовинизм ташаккул ёфтанаш мумкин аст, ки дар натиҷа муносибати байни халқу миллатҳои дар дохили як давлат зиндагидоштаро то дараҷае вайрон месозад. Дар натиҷа эгоизми этникӣ ба миён омада, як миллат мехоҳад нисбат ба халқу миллатҳои дигари дохили як давлат бартарияти худро нишон диҳад. Авҷи падидаҳои миллатчигӣ, кўшишҳои барои халқи худ муҳаё кардани интиёзҳо аз ҳисоби халқҳои дигаре, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекарданд, ботадриҷ меафзояд. Захираҳои моддӣ ва маънавии ҳудуди муайян байни халқу миллатҳои дохили он нобаробар тақсим мешавад, ки ҳамчун манбаъ ва сабаби низоъҳои этникӣ баромад менамоянд.
4. Умумияти гурўҳӣ ё гурўҳҳои иҷтимоӣ
Гурўҳ — ин ҷамъи ду ва зиёда одамонест, ки дар асоси нуқтаи назар ва мақсадҳои умумӣ, фаъолияти якҷоя, алоқаҳо ва таъсири устувори ҳамдигарӣ муттаҳид шудаанд. Нақшҳо ва кор моро дар доираи муносибатҳои иҷтимоӣ муттаҳид менамоянд. Агар ин муносибатҳо дурудароз давом кунанд, хусусиятҳои гурҳҳро соҳиб мешаванд. Гурўҳ ин аз ҷамъшавии одамон фарқ дорад. ҷамъшавии эҳтимолии одамони номаълум дар як ҷой ва як вақт “агрегат” номида мешавад. Масалан, харидорони бозор, мухлисон, тамошобинони кинотеатр ва ғайраҳо. Одамон зуд-зуд ба агрегат дохил шуда ва боз ба осонӣ аз он берун мешаванд. Гурҳҳро инчунин аз категорияҳои аҳолӣ низ бояд фарқ намоем. Категорияҳои аҳолӣ –ин ҷамшавии одамон аз рўйи ягон сифати умумӣ мебошад, ки аксар вақт барои баҳисобгирии омории аҳолӣ истифода мешаванд. Масалан, синну сол (кўдак, наврас, ҷавон, пиронсол), ҷинс (зан ва мард), сатҳи таҳсилот (маълумоти ибтидоӣ, миёнаи нопурра, миёнаи пурра, касбӣ-техникӣ, олӣ, аспирантура), вазъи оилавӣ (муҷҷарад, оиладор, волидон, ҷудошудагон), даромад (сарватмандон, миёнаҳолон, камбизоатҳо), миллат (русҳо, тоҷикҳо, ўзбекҳо ва ғайраҳо), ҷойи истиқомат (шаҳриҳо, деҳотиён), истифодаи хизматрасонӣ (мисли муштариёни ширкати мобилӣ ва ғайра), касбу фаъолият (ронандагон, муаллимон, мансабдорон ва ғайра).
Ба ақидаи сотсиологи рус Ю.Г. Волков одамон бо ҳам ду хел робитаҳо доранд: экспрессивӣ ва инструменталӣ. Робитаҳои экспрессивӣ дар асоси иштироки эмотсионалӣ дар кори дигар одамон сурат мегирад. Чунин робитаҳо дар байни хешовандон, дўстон ва дигар одамони аз ҷиҳати эмотсионалӣ наздик пайдо мешаванд. Робитаҳои инструменталӣ дар асоси ҳамкорӣ ва барои ба даст овардани кадом як мақсад пайдо мешаванд ва ҷиҳатҳои эмотсионалӣ надоранд. Ин муносибатҳо тоза корӣ буда, ҳатто баъзеҳо барои расидан бо мақсад бо душманони худ ҳамкорӣ мекунанд . Вобаста ба ин меъёр гурўҳҳои иҷтимоиро ба ду намуд ҷудо мекунанд: гурўҳи аввалиндараҷа ва дуввуминдараҷа. Гурўҳи аввалиндараҷа чунин гурўҳи иҷтимоиест, ки аъзоёни он муносибатҳои наздики ғайрирасмӣ, робитаҳои дурударози шахсӣ ва эмотсионалӣ доранд. Масалан, аъзоёни оила, доираи дўстон, дастаи варзишӣ ва монанди инҳо. Мафҳуми “гурўҳи аввалиндараҷа”-ро аввалин бор сотсиологи амрикоӣ Ч. Кули (1864-1929) истифода намудааст. Гурўҳи дуввуминдараҷа чунин гурўҳи иҷтимоиест, ки аъзёни он бо мақсади расидан ба мақсадҳои мушаххас бо ҳам ҳамкорӣ менамоянд ва дар байни онҳо муносибатҳои эмотсионалӣ вуҷуд надорад. Муносибатҳои онҳо расмӣ буда, на ҳама вақт самимӣ ва боваринок ҳастанд. Аслан ин гурўҳҳои дар ташкилотҳо барои ҳал намудани вазифаҳои махсус ташкил мешаванд. Баъди бо мақсад расидан пароканда мешаванд ва бештари ҳолат робитаҳои худро идома намедиҳанд.
Ба мо на танҳо гурўҳе, ки ба он тааллуқ дорем таъсир мерасонанд, балки дар ҳаёти мо дигар гурўҳҳои иҷтимоӣ нақш доранд. Аз ин нуқтаи назар гурўҳҳои иҷтимоиро ба гурўҳҳои дохилӣ ва берунӣ ҷудо мекунанд. Гурўҳи дохили гурўҳест, ки мо ба он тааллуқ дорем ва худро ба он идентификатсия (монанд) мекунем. Гурўҳи берунӣ гурўҳест, ки мо ба он тааллуқ надорем ва худро ба он идентификатсия (монанд) намекунем. Њангоме, ки гурўҳи дохилиро дар назар дорем, ҷонишини “МО” ва ҳангоми дар назар доштани гурўҳи беруна ҷонишини “ШУМО”-ро истифода мебарем.
Гурўҳи референтӣ чунин воҳиди иҷтимоиест, ки ҳангоми баҳодиҳӣ ва ташаккулёбии ақида, эҳсосот ва амалкунӣ ба он такя менамоем. Яъне шахс ҳангоми амалкунӣ худро ба одамони дигар гурўҳҳо монанд кардан мехоҳад, рафтори одамони дигар гурўҳро такрор мекунад ба онҳо тақлид менамояд. Гурўҳи референтӣ гурўҳест, ки мо ба он монанд шудан мехоҳем. Гурўҳи рефернетӣ зиддиятҳои рафтори одамонро шарҳ медиҳад. Масалан, мусулмоне, ки ба дини масеҳӣ гузаштааст, марде, ки худро тавассути ҷарроҳӣ зан кардааст, инқилобчӣ аз табақаи сарватманд, хоине, ки бо душманон ҳамкорӣ мекунад, деҳотие, ки тарзи зиндагии шаҳриро тақлид менамояд. Мо бо тамоми қувва кўшиш мекунем, ки ба намояндагони ягон гурўҳи бароямон намуна монанд шавем, стандартҳои он гурўҳро қабул менамоем. Агар гурўҳе, ки мо ба он тааллуқ дорем ба гурўҳи референтии мо мувофиқат накунад, эҳсоси деприватсия (ноқаноатмандӣ) пайдо мешавад. Аниқтараш байни он чие ки мо айни замон соҳибем (ҳолати гурўҳи дохилӣ) ва он чизе, ки ба ақидаи мо бояд соҳиб бошем (мақоми гурўҳи референтӣ) зиддият пайдо мешавад. Масалан, корманди ташкилот ҳангоми муқоисаи худ бо ҳамкороне, ки мақоми баланди касбиро соҳиб шудаанд, худро заифу нотавон ҳис мекунад. Эҳсоси деприватсия одамонро ба бегонашавӣ ва харобшавӣ оварда мерасонад, боиси ҳамроҳ шудани одамон ба гурўҳҳои эстремистию терористӣ ва инқилобӣ мегарданд. Баъдан, гурўҳи референтӣ омили нерўмандӣ тағйироти иҷтимоӣ аст.
Гурўҳҳои иҷтимоӣ хусусияти динамикӣ доранд. Ба чунин хусусиятҳо шумораи аъзоён, сохтори дохилӣ (лидер, аъзои қаторӣ, аутсайдерҳо) ва тарзи роҳбарӣ таъсир мерасонанд. Вобаста ба шумораи аъзоён гурўҳҳоро ба хурд ва бузург ҷудо менамоянд. Гурўҳи хурд аз ду нафар (диада), се нафар (триада) то 15-20 нафар иборат аст. Гурўҳҳои калон ба монанди синфҳо, миллатҳо, армия, ташкилотҳо бузург то ҳазорҳо нафарро ташкил мекунанд. Дар гурўҳи иборат аз ду нафар, мисли ҳамсарон, дўстон нақши эҳсосот ва эмотсия калон аст. Ин гурўҳҳо хеле нозук буда, зуд ба маюсӣ ва ноумедӣ гирифтор шуда метавонанд. Аммо муносибатҳои онҳо хело саммимӣ, боваринок ва ғайрирасмиянд. Вақте ба гурўҳи диада шахси сеюм ҳамроҳ мешавад, муносибатҳо тағйир меёбанд. Масъалаи лидерӣ пайдо шуда, зиддиятҳо ба миён меоянд. Ба ақидаи сотсиологҳо дар гурўҳи то панҷнафара одамон фикру ақидаи худро озодона байн мекунанд, ба осонӣ нақшҳояшонро иваз мекунанд .
Гурўҳҳои хурд бе лидер ва роҳбар вуҷуд дошта метавонанд, аммо гурўҳҳои калон бе роҳбар ба халос дучор мегарданд. Масалан, факултетро бе декан, кафедраро бе мудир, ташкилотро бе директор тасаввур кардан номумкин аст. Хоҳу нохоҳ дар гурўҳ шахсе пайдо мешавад, ки таъсираш ба гурўҳ аз дигарон зиёд аст. Роҳбар аз лидер фарқ мекунад ё худи лидер метавонад роҳбар бошад. Бештари вақт роҳбар ин вазифаи расмӣ аст, интихоб ё таъин карда мешавад. Аммо лидер ин шахсест, ки ба гурўҳ таъсири зиёд дорад ва эҳтирому боварии аъзоёни гурўҳро тавассути кордонӣ, босаводӣ ва дигар сифатҳои баланди шахсӣ соҳиб шудааст. Баъзан вақт таъсири лидер аз роҳбари гурўҳ зиёдтар аст ва дигаронро дар атрофи худ ҷамъ менамояд. Роҳбарӣ авторитарӣ (ба инобат нагирифтани фикри аъзоён ва истифодаи фишору афзалиятҳои шахсӣ), демократӣ (иштироки васеи аъзоёни гурўҳ дар ҳалли масъалаҳои пайдошуда) ва пассивона (бепарвоӣ ва ноуҳдабароии роҳбар) мешавад. Беҳтарин тарзи роҳбарӣ – ин роҳбарии демократӣ аст, аммо дар баъзе аз давлатҳои рў ба рушд вобаста ба менталитети халқ ва вазъи ногувори иҷтимоӣ роҳбарии авторитарӣ афзалият дошта метавонад.
Бепарвоии иҷтимоӣ. Чунин тасаввуроте вуҷуд дорад, ки зиёд будани шумораи одамон раванди корро метезонад ва маҳсули кори ҳар як нафар зиёд мешавад. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ин ақида на ҳама вақт дуруст аст. Мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳо одамон дар кори гурўҳӣ нисбат ба кори мустақилона қувваи кам сарф мекунанд. Онҳо фикр доранд, ки ҳарчанд зиёд кор ҳам кунанд, ба назари одамон наменамояд, кори гурҳӣ дониста мешавад ва баъдан, дар гурўҳ кўшиши ками онҳо айён намегардад. Ин ҳодисаро бепарвоии иҷтимоӣ меноманд. Масалан, деҳқонон нисбати хоҷагиҳои коллективӣ дар хоҷагии деҳқонии шахсии худ қувваи бештар сарф мекунанд. Дар доираи бепарвоии иҷтимоӣ ҳодисаи дигареро бо номи дилеммаи иҷтимоӣ шарҳ додан мумкин аст. Дилеммаи иҷтимоӣ ҳолатест, ки аъзои гурўҳ ба зиддияти байни ба таври пурра қонеъ гардонидани талаботҳои шахсӣ ва пурра беҳтар намудани накўаҳволии коллективӣ гирифтор мегардад. Яъне ҳар як шахс мехоҳад аз гурўҳ максимум фоида гирад. Мувофиқи ин назария дар коллектив ҳатман ягон нафаре пайдо мешавад, ки барои накуаҳволии коллектив манфиатҳои шахсии худро ҷурбон менамояд ва саҳми Шумо лозим намегардад. Агар шахс боварӣ дошта бошад, ки ҳамаи аъзоёни гурўҳ дар ин ё намуди фаъолият фоидаи баробар ба даст меоранд, ҳамон қадар майлашон ба манфиатҳои эгоистӣ кам мегардад. Баъдан, назорати иҷтимоӣ ва аз тарафи ҷамъият маҳкум гардидани одамоне, ки доим аз пайи манфиат мегарданд, боиси амал намудани аъзоён ба манфиати коллектив мегардад. Сабаби дигаре, ки аъзои гурўҳро барои амал намудан ба манфиати коллектив водор менамояд — ин тафаккури коллективӣ мебошад. Тафаккури коллективӣ – раванди баровардани қарорҳои гурўҳӣ мебошад, барои нигоҳ доштани ҳамкориҳои гурўҳӣ нигаронида шудааст ва аксарияти аъзоёни гурўҳ ба дурустии ин фикри худ боварӣ дорад. Тафаккури шаклгирифтаи коллективӣ, ки аксарияти аъзоёни гурўҳ дастгирӣ мекунанд, ба дигар аъзоёни ба ин ақида норозӣ фишор меорад ва таъсир мерасонад. Ақидае, ки аз тарафи аксарият дастгирӣ меёбад, дигаронро низ ба худ ҷалб мекунад, ҳарчанд аз таҳти дил ба он боварӣ надошта бошанд ҳам. Њангоме, ки шахс пурра ба гурўҳ вобастааст, барои нигохдошти ҷойи худ дар гурўҳ хоҳу нохоҳ ақидаҳои шахсии худро ҷурбони ақидаҳои коллективӣ мекунад ё ноогоҳона аз ин андешаҳо пайгирӣ менамояд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *