Тестхо бо чавобхояш аз СБҲМ
1.Маънои калимаи стандарт чиро ифода мекунад:
B) Меъёр, намуна ва қолиб;
2. Намудхои стандартҳои ҳисобдориро муайян кунед:
A) Дохилӣ, берунӣ;
3.Стандарти ҳисобдории дохилӣ чист:
A) Ин маҷмӯи усулу қоидаҳои ҳисобдорие мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар барои истифодабарандагон дохили истифода мешавад;
4.Сармоягузориҳо чанд намуд мешавад:
D) 2 намуд;
5.Дороии ба талаботи муайян ҷавобгу буда чиро мефаҳмед?
B)Дороие,ки омода сохтани он барои истифода тибқи тайинот ё барои фуруш вақти на он қадарро талаб мекунад;
6.Бузургии фоида дар кадом ҳисобот муайян карда мешавад:
D) ҳисобот оиди фоида ва зарар;
7. Хисобот оиди гардиши воситаҳои пули дар кадом стандарт нишон додашудааст:
B)СБҲМ – 7;
8.Дар ҶТ нақшаи нави ҳисобҳои бухталтерӣ дар асоси СБҲМ кай қабул шуд?
A)27.05.2011;
9. Воситаҳои асосиро мувофиқи СБҲМ ба чанд гуруҳ, ҷудо менамоянд:
B) дороиҳои истеҳлокшаванда, истсҳсолнашаванда ва камшаванда;
10.Ба дороиҳои ғайримоддӣ кадоме аз инҳо дохил намешавад:
D) Бино иншоот;
11.Сармоягузориҳои дарозмуддат аз руи кадом арзиш баҳо дода мешаванд?
D)Арзиши ибтидой;
12.Нақшаи нави ҳисобҳои бухталтерӣ аз чанд боб иборат аст?
D) 6 боб;
13.Воқеаҳо баъди санаи ҳисобот дар кадом стандарт нишон додашудааст:
B) Стандарти №10;
14.Чанд намуди шартномаҳои дар СБҲМ № 11 истифодашавандаро медонед:
D) Се намуд;
15. Ҳангоми баҳодиҳии арзиши аслии заҳираҳо кадом усулҳо истифода бурда мсшавад:
C) Индентификатсияи маҳсус, лифо, арзиши баркашидашуда ва фифо;
16.Истифодабарандагони берунии ахбороти ҳисоботи молиявиро муайян кунед?
C) Кумитаи андоз, омор, ревизор, бонкҳо, фирмаҳои аудиторӣ, харидорон, саҳмдорон ва инвесторон;
17.Шартнома истифода мешавад, барои:
D) Нишон додани шартҳо баҳри иҷро кардани амалиётҳои хоҷагидорӣ;
18.Қурби мубодилаи асъор чист?
A) Ин таносуби мубодилавӣ ҳангоми як асъор бо асъори дигар;
19.Санади хориҷкунӣ истифода мешавад, барои:
B) Хориҷкунии дороиҳои ҷорӣ ва дарозмуддат, ки барои корхона лозим нест ваё барои мақсадҳои фурўш хориҷ карда мешавад;
20.Бекурубшавии дороиҳои корхона дар кадом стандарт омадааст?
C) СБҲМ – 36;
21.Муайян кунед, ки дар кадом ҷавоб ҳамаи ҳисобҳо ҳисобҳои дороианд?
C) Мавод, воситаҳои асосӣ, сурат ҳисоби бонк;
22.Дар кадом боби тавозун дороиҳои ғайригардишӣ нишон дода мешаванд?
C) Боби II дороии тавозун;
23.Дар кадом боби тавозун воситаҳои асосӣ нишон дода мешаванд?
C)Дар боби II дороии тавозун;
24. Дороиҳои ғайримоддӣ дар кадом стандарт нишон дода шудаанд:
D) СБҲМ – 38;
25. Мувофиқи СБҲМ, даромади бадастоварда қайд карда (эътироф карда) мешавад:
C) бо усули ҳисобкунӣ;
26.Барои муайяннамоии ҳолати амволии корхона дар санаи манъ шудани фаъолият, Ҳамчун шахси хуқуқӣ тартиб дода мешавад:
A) тавозуни барҳамдиҳӣ;
27.Иҷорае, ки дар он ҳуқуқи соҳибмулкии дорои (моликият) ба иҷорагир дода мешавад:
C) иҷораи молиявӣ;
28.Даромади фоизӣ ҳисоб карда шуд (начисление) мукотиботи дурустро нишон диҳед:
B) ДТ 10550 — КТ 66010;
29.Кадоме аз ин дороиҳо ба воситаҳои асосӣ дохил намешаванд:
C) захираҳои молӣ ;
30. Мувофиқи СБҲМ, дороиҳои ғайримоддиро бо кадом усул истеҳлок карданро тавсия медиҳанд:
B) Бо усули ростхатта;
31.Самтҳои асосии фаъолияти муҳосибон?
D)Ҳисобгирии идоракунӣ, молиявӣ, фаъолияти новобастаи бухгалтерӣ ва педагогӣ;
32.Воситаҳои асосӣ ин воситаҳои:
A) истеҳсолӣ;
33. Пардохти нақдина аз хазинаи бонк бо кадом ҳуҷҷат ба расмият дароварда мешавад:
C) бо ордери хароҷоти хазинавӣ;
34.Бо тарзи нақдӣ маблағи харидашудаи молҳои канселярӣ парпдохта шуд. Муккотиботи амалиёт чунин акс меёбад:
D) ДТ Молҳои канселярӣ — КТ В/п дар хазина;
35.Навишти дурустро нишон диҳед «Аз банк қарз гирифта шуд»:
C)Дт суратҳисоб Кт Қарзи бонкӣ;
36.Навишти дурустро муайян намоед .Ба истеҳсолоти асосӣ масолеҳ дода шуд:
B)Дт Истеҳсолоти асосӣ Кт масолеҳ;
37.Сармояи саҳмиявӣ ташкил мешавад:
A) Аз эмиссияи саҳмия;
38.Қарзи кредитории ҷорӣ ҳисобкардашудаи барои молҳои қабулшуда пардохт а шуданд мукотиботи (навишти бухгалтерӣ) дурустро нишон диҳед:
A) ДТ 22010 — КТ 10210;
39.Барои амалиёти хоҷагии зерин навишти дурустро нишон диҳед. «Ба хазина аз суратҳисоб барои додани маблағи хароҷоти хоҷагӣ пули нақд дохил шуд»:
D)Дт Хазина; Кт суратҳисоб;
40. Фаъолияти кишоварзӣ дар кадом стандарт нишон дода шудааст:
B) стандарти 41;
41. Қарздории дебитории ҷориро дар қайди бухгалтерӣ бо ёрии кадом ҳисоб нишон медиҳанд:
A) ҳисоб барои қабул;
42.Аз рӯи муносибат бо тавозун ҳисобҳо ба чунин намудҳо ҷудо мешаванд:
A) дороӣ, ухдадорӣ;
43.Дар ҳолати ҳисобкуни фоизҳо (начисление) дар дебети кадом ҳисоб нишон дода мешавад:
C) фоизҳо барои қабул;
44.Сармояи худӣ ташкил мешавад:
A) аз эмиссияи саҳмия;
45.Кадоме аз ин баробарии тавозунӣ нодуруст аст?
C) Ӯҳдадориҳо + Сармоя = Дороиҳо;
46.Кадоме аз ин моддаҳо ба дорои дохил намешавад?
A) Қарзи бонк;
47. Кадоме аз ин дороиҳо ба воситаҳои асосӣ дохил мешаванд:
B) бино;
48. Иҷора дар кадом стандарт нишон дода шудааст:
C) стандарта 17;
49. Воситаҳои асосӣ дар кадом стандарт омадааст:
C) стандарти 16;
50. Дороиҳои корхона ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
B)Дороиҳои гардон ва ғайри гардон;