Саволҳои Тести

Саволхои тести аз фанни Бозори Молия

@1. Вазифаи бозори молиявӣ.

$A) муайян кардани гурӯҳҳои харидорон; $B) ташкили хизмати аудиторӣ дар ҳар як корхона; $C) ташкили хизмати аудитории ғайридохили; $D) таҳлили ҳолати бозор; $E) идораи зерсохтори бозори молиявӣ

@2. Фаъолияти менеҷери молиявӣ ин.

$A) Фаъолият дар асоси таҳлилу назорат; $B) Фаъолияти коргарони хизматрасонӣ; $C) Фаъолияти коргарони соҳаи сохтмон; $D) Фаъолияти коргарони соҳаи кишоварзӣ; $E) Таҳлили ҳолати бозор.

@3. Молия ном дорад.

$A) Муносибатҳои иқтисоди, нисбат ба ташаккул ва истифодаи фондҳои пулии махсус; $B) Захираҳои ашёи меҳнат; $C) Алоқаманди бо технологияи нав;$D) Мукамалгардонии маҳсулоти корхона; $E) Фаъолияти коргарони хизматрасонӣ.

@4. Менеҷменти молиявӣ ин.

$A) Идораи раванди маблағгузории корхона; $B) идораи раванди технологӣ; $C) Идораи қисми иҷтимоиёт; $D) Идораи шахсӣ;

$E) Ҳама ҷавобҳо дурустанд.

@5. Ифодакунандаҳои моҳияти молия.

$A) Хароҷот, фоида, маблағгузорӣ, даромаднокӣ, нарх; $B) Миқдори коргарон, ҳаҷми захираҳои ашёи хом; $C) Шакли маҳсулот сифати маҳсулот; $D) Технологияҳои замонавӣ; $E) Механизмҳо ва тадбирҳои иқтисодӣ

@6.Унсурҳои зерсохтори бозор инҳо мебошанд.

$A) Молия, суғурта, бонкҳо, андозситонӣ, биржаҳо; $B) Нақлиёт, алоқа, соҳаи тандурустӣ; $C) Захираҳои зеризаминӣ, ашёҳои меҳнат; $D) Такмили ихтисос азнавтайёркунӣ; $E) самаранокии бозори молиявӣ.

@7.Бозори молиявӣ ба худ дар бар мегирад.

$A) маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ; $B) бозори масолеҳи сохтмонӣ;

$C) бозори воситаҳои алоқа; $D) бозори муносибатҳои иҷтимоӣ;

$E) бозори ашёи хом.

@8.Мафҳуми биржа ин.

$A) корхонаи миёнарав; $B) корхонаи истеҳсолӣ; $C) корхонаи муштарак; $D) бозори хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок, асъор, молҳои талаботи умумӣ ; $E) бозори мол.

@9. Хусусиятҳои асосии бозори молиявӣ инҳоянд.

$A) захираҳои ашёи дар корхона; $B) миқдори мутахассисони дарҷаи баланд; $C) идораи соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, механизмҳо, фишанг, талабот, таклифот, нарх, қонун, низомнома; $D) ҳаҷми фурӯши маҳсулот, хариди ашёи камарзиш, истеҳсоли маҳсулот; $E) номгӯи молҳо, истифодаи ашё;

@10.Самаранокии бозори молиявӣ ва омилҳои асосии он.

$A) муҳити табии бӯҳронҳо; $B) сифати молҳои истеҳсолшаванда;

$C) номгӯи молҳо, истифодаи ашё; $D) нарх, меъёрҳо, инҳисорот, рақобат, нархгузорӣ; $E) усулҳои идоракуни.

@11.Вексел қоғази қиматнокест.

$A) низомномаи корхона мебошад; $B) шаҳодати гирифтани қисми фоидаи корхона мебошад; $C) шаҳодат медиҳад, ки маблағи муайянеро дар мӯҳлати муайян бояд пардозад; $D) дастурамали технологияи нав; $E) матбуоти “зард”.

@12.Нишондиҳандаҳои бозори молиявӣ инҳо мебошанд.

$A) нишондиҳандаҳои исмӣ ( номиналӣ) маблағгузории давлат;

$B) нишондиҳандаҳои сатҳи рақобат; $C) нишондиҳандаҳои ҳаҷми фурӯши маҳсулот; $D) нишондиҳандаҳои ҷори кардани технологияи муосир; $E) сохтори дивизионалии идоракунӣ.

@13.Унсурҳои бозори молиявӣ инҳо мебошанд.

$A) молҳои дар бозор фурӯхташаванда; $B) бозорҳои алоқа ва нақлиёт ;

$C) қоғазҳои қиматнок ва сармоя; $D) хизмат расонии маишӣ;

$E) ҷавоби дуруст надорад.

@14.Муносибатҳои иқтисодии дар бозори молиявӣ инҳоро дар бар мегирад.

$A) истеҳсол, тақсим, мубодила, қарз, суғурта; $B) корхонаи алоҳидаи истеҳсолӣ; $C) ташкилотҳои фарҳангии ҷомеа; $D) соҳаи иҷтимоии давлат; $E) бозорҳои алоқа ва нақлиёт.

@ 15.Мафҳуми саҳмия.

$A) низомномаи ба роҳ мондани фаъолият; $B) ҳуҷҷате, ки ба дорандаи он ҳуқуқи гирифтани қисми фоидаи корхона ва иштирок дар идораи корхона медиҳад; $C) ҳуҷҷате, ки ба дорандаи он ҳуқуқи хариду фурӯши молро медиҳад;$D) ҳуҷҷат, дастурамал оид ба истифодаи таҷҳизоти мураккаб; $E) омор.

@ 16. Облигатсия қоғази қимматнокест.

$A) ба дорандаи он ҳуқуқи супоридани маблағи муайян ва гирифтани фоизи даромадро медиҳад; $B) чиптаҳои нақлиёти ҳавопаймо; $C) ҳуҷҷатҳо, дастурамалҳои корхона; $D) ба дорандаи он ҳуқуқи хариду фурӯшро медиҳад; $E) қоғази одди.

@ 17. Молия ҷузъи таркибии.

$A) муносибатҳои бозорӣ ; $B) муносибатҳои байниҳамдигарӣ;

$C) муносибатҳои оилавӣ; $D) муносибатҳои сатҳи гуногуни корхона;

$E) омилҳои самаранокии бозори молиявӣ.

@18. Мафҳумҳое, ки моҳияти молияро ифода мекунад.

$A) фоида; $B) талабот; $C) омор; $D) андоз; $E) фоиз.

@19. Яке аз чузъҳои бозори молияви.

$A) суғурта; $B) истехлоқ; $C) соҳибкор; $D) касоди; $E) ҳама ҷавобҳо дурустанд.

@20. Самаранокии бозори молияви ба кадом омилҳои асоси тобеъ мебошад.

$A) монополиягардонии истеҳсолот, рақобат ва фазои нархгузории байналхалқи ба молу амвол ва истифода бурда тавонистани он мебошад;

$B) ба идораи марказонидашуда тобеъ мебошад; $C) ба муносибатҳои диагонали тобеъ мебошад; $D) ба муносибатҳои параллели тобеъ мебошад;$E) ҳама чавобҳо дурустанд

@21. Дар Точикистон самаранокии фаъолияти бозори молияви аз чанд омил иборат аст

$A) 10; $B) 5; $C) 4; $D) 3;$E)

@22. Маҷмӯаи муносибатҳои иқтисодие, ки дар раванди таъсис, истифода ва тақсимоти фондҳои марказонида шуда ва ғайримарказонида шуда ба вуҷуд меоянд.

$A) саҳмия; $B) сармоя; $C) молия; $D) асъор; $E) лизинг;

@23.Консепсияи базавии менеҷменти молиявӣ.

$A) Консепсияи муносибатҳои инсонӣ; $B) Консепсияи ангезаи кормандон; $C) Консепсияи баҳисобгирии омили таввакалл; $D) Консепсияи баҳисобгирии бухгалтерӣ; $E) Консепсияи тақсимоти меҳнат;

@24.Ба намудҳои назорати молиявии ғайри давлатӣ дохил мешаванд.

$A) дохили фирмавӣ ва аудиторӣ; $B) бюджетию молиявӣ; $C) ҳукуматӣ ва бухгалтерӣ; $D) функсианалӣ ва партиявӣ; $E) иқтисодӣ ва давлатӣ;

@25.Вобаста аз субъекти назорат намудҳои зерини назоратро ҷудо мекунанд.

$A) иқтисодӣ; $B) давлатӣ; $C) оморӣ; $D) техникӣ; $E) молиявӣ;

@26. Системаи ташкил, танзим ва банақшагирии муносибатҳои молиявӣ, роҳҳои ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявӣ.

$A) стратегияи молиявӣ; $B) захираҳои молиявӣ; $C) механизми молиявӣ; $D) активҳои молиявӣ; $E) назорати молиявӣ;

@27. Воситаҳои асосӣ бо худ ифода мекунанд.

$A) биноҳо; $B) таҷҳизот; $C) сохтмониҳо; $D) техника; $E) ҳамами ҷавобҳо дуруст ҳастанд;

@28.Стратегияҳои молиявии муассисаҳои тиҷоратӣ аз принсипи зерин фоъбастагӣ дорад.

$A) Принсипи мустақилияти хоҷагӣ; $B) Принсипи худмолиякунонӣ; $C) Принсипи тавваҷуҳи моддӣ; $D) Принсипи мустақилияти моддӣ; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@29.Маҷмӯаи буҷетиву андозӣ ва дигар инструментҳои молиявие, ки мутобиқи қонунгузорӣ ваколати ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявии давлатро доранд.

$А) стратегияи молиявӣ; $B) сиёсати молиявӣ; $C) системаи молиявӣ; $D) назорати молиявӣ; $E) захираҳои молиявӣ;

@30.Иқтисодчиёни пешбар се намуди сиёсати молиявиро ҷудо мекунанд.

$A) сиёсати рушди иқтисодӣ; сиёсати стабилизатсия; сиёсати маҳдудияти активнокии корӣ; $B) сиёсати инвеститсионӣ, сиёсати иҷтимоӣ, сиёсати дохилифирмавӣ; $C) сиёсати давлатӣ, сиёсати истеҳсолӣ, сиёсати иқтисодӣ; $D) сиёсати нархгузорӣ, сиёсати бозорӣ, сиёсати маркетингӣ; $E) сиёсати рекламавӣ, сиёсати иноватсионӣ, сиёсати бухгалтерӣ;

@31.Назорати молиявии давлатӣ дар ҶТ дар шакли зерин татбиқ мешавад.

$A) бюджетию молиявӣ ва таркибӣ; $B) психологӣ ва бухгалтерӣ; $C) оморӣ ва ғайридавлатӣ; $D) тиҷоратӣ ва берунӣ; $E) иноватсионӣ ва бозорӣ;

@32.Ба молияҳои марказонидашуда дохил мешаванд.

$A) молияҳои хусусӣ; $B) молияҳои тиҷоратӣ; $C) молияҳои ғайри тиҷоратӣ; $D) молияҳои давлатӣ; $E) молияҳои хоҷагиҳои хонагӣ;

@33.Шакли назорате, ки дар марҳилаи тартиб додан, баррасӣ намудан ва тасдиқ кардани лоиаҳои бюджетҳо, нақшаҳои молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ, сметаи хароҷот ва даромади корхонаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсискунанда гузаронида мешавад.

$A) мунтазам; $B) пешакӣ; $C) фардои; $D) фаврӣ; $E) демарказонидашуда;

@34. Маҷмуаи ҳамаи востиаҳои пулие, ки дар ихтиёри давлат, муассисаҳо, ташкилотҳо мебошанд.

$A) захираҳои молиявӣ; $B) муносибатҳои молиявӣ; $C) механизмҳои молиявӣ; $D) системаҳои молиявӣ; $E) стратегияҳои молиявӣ.

@35. Фондҳои востаҳои пулие, ки дар сатҳи давлат ва мақомотҳои маҳалии худидоракунанда таъсис дода мешаванд, чи номида мешаван.

$A) Марказонидашуда; $B) тиҷоратӣ; $C) ғайритиҷоратӣ; $D) соҳибкорӣ; $E) молиявӣ;

@36. Ба сарчашмаҳои захираҳои молиявии давлатӣ дохил мешаванд.

$A) даромадҳо аз андоз; $B) нафақа; $C) музди меҳнат; $D) сармояҳо; $E) фондҳои амортизатсионӣ;

@37. Ҳангоми тартиб ва пешниҳоди декларатсияҳои андозӣ, аз ҷумла ҳангоми аз бюджет гирифтани маблағ аз тарафи андозсупорандагон назорат намудан чи номида мешавад?

$A) ҳуқуқӣ; $B) тиҷоратӣ; $C) аудиторӣ; $D) шаҳрвандӣ; $E) молиявӣ;

@38. Тафтиши аудитӣ метавонад шакли зерин бошад.

$A) тиҷоратӣ ва локалӣ; $B) миқдорӣ ва сифатӣ; $C) ғайритиҷоратӣ ва маъмурӣ; $D) ҳатмӣ ва инитсиативӣ; $E) шаҳрвандӣ ва тиҷоратӣ;

@39. Назарияи менеҷменти молиявӣ.

$A) назарияи лидерӣ; $B) назарияи муносибатҳои инсонӣ; $C) назарияи физиократӣ; $D) назарияи неоклассики молия; $E) назарияи меркантилизм;

@40. Ба элементҳои субъекти идоракунии молия дохил мешаванд.

$A)гардиши пулӣ; $B) захираҳои молиявӣ; $C) муносибатҳои молиявӣ; $D) кадри муассиса; $E) гирдгардиши сармоя;

@41. Яке аз функсияҳои молия.

$A) тақсимотӣ; $B) иқтисодӣ; $C) оморӣ; $D) бухгалтерӣ; $E) стратегӣ;

@42. Функсияи молияе, ки дар муассисаҳо фондҳои воситаҳои пулиро таъсис медиҳанд.

$A) маркетингӣ; $B) тақсимотӣ; $C) назоратӣ; $D) таъминотӣ; $E) бухгалтерӣ;

@43. Муносибатҳои молиявие, ки ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ дар раванди ташаккули сармояи хусусӣ, фондҳои мақсадноки воситаҳои пулӣ, тақсимот ва истифодаи онҳо ба вуҷуд меоянд.

$A) молияи корхона; $B) мақсадҳои стратегӣ; $C) коркардҳои инноватсионӣ; $D) захираи истеҳсолӣ; $E) қоғазҳои қимматнок;

@44. Намояндагони аввалини илми молиявии системанокӣ олимони зерин буданд.

$A) Ф.Тейлор ва А.Файол; $B) Г.Эмерсон ва Э.Мейо; $C) А.Маслоу ва Ф.Герцберг; $D) Й. Юсти ва Й. Зонненфельс; $E) А. Смит ва Д.Рикардо;

@45. Функсияҳои асосии молия инҳо мебошанд.

$A) таъминотӣ; $B) тақсимотӣ; $C) назоратӣ; $D) ташкилотӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@46. Дар шакли ревизия, экспертизаи судию бухгалтерӣ назорат аз тарафи мақомотҳои ҳифзи хуқуқ гузаронида мешаванд.

$A) ҳуқуқӣ; $B) тиҷоратӣ; $C) аудиторӣ; $D) шаҳрвандӣ; $E) техникӣ;

@47. Нишондиҳандаи рақобатнокӣ, фоиданокии фаъолияти истеҳсолии муассиса дар давраи муайяни вақт.

$A) пардохтнопазирӣ; $B) рентабелнокӣ; $C) зарарнокӣ; $D) қарздорӣ; $E) конюуктура;

@48. Илм ва санъати идораи селаҳои пулӣ ин?

$A) менеҷменти молиявӣ; $B) менеҷменти стратегӣ; $C) менеҷменти иноватсионӣ; $D) менеҷменти истеҳсолӣ; $E) менеҷменти бонкӣ;

@49. Аз руи усул назорати молиявӣ тақсим мешаванд ба.

$A) назорат; $B) мониторинг; $C) ревизия; $D) тафтиш; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@50. Консепсияи менеҷменти молиявие, ки бо мақсади таъминоти ташаккули сатҳи даркории даромаднокии амалиётҳои молиявию хоҷагӣ ва коркарди системаҳои тадбирҳое, ки таъсири манфии оқибатҳои молиявиро кам менамоянд сатҳи таввакалро баҳогузорӣ менамояд.

$A) консепсияи баҳисобгирии омилҳои каср; $B) консепсияи арзифи муввакатии пул; $C) консепсияи портфели инвеститсионӣ; $D) консепсияи баҳисобгирии омили таввакал; $E) консепсияи ликвиднокӣ;

@51. Портфели инвеститсионӣ аз инҳо иборат ҳастанд.

$A) захираҳои молиявӣ; $B) номгуи объектҳои воридотҳо; $C) қарзҳои дарозмуҳлат; $D) барномаҳои перспективӣ; $E) воситаҳои техникӣ;

@52. Функсияи менеҷменти молиявӣ, ҳамчун системаи идоракунӣ.
$A) банақшагирии молиявӣ; $B) кадрҳои муассиса; $C) воситаҳои техникӣ; $D) таъминоти бонкӣ; $E) оптимизатсияи гардиши пулӣ;

@53. Иҷозат барои муомилоти нишонаҳои пулӣ чӣ номида мешава.

$A) саҳмия; $B) вексел; $C) облигатсия; $D) эмиссия; $E) эмитент;

@54. Шакли дарозмуҳлати кирояи мошинҳо ва таҷҳизотҳо номида мешаванд.

$A) лизинг; $B) ипотека; $C) рентинг; $D) хайринг; $E) факторинг;

@55. Дар сатҳи аҳолӣ ҳамчун сарҷашмаҳои захираҳои молиявӣ баромад мекунанд.

$A) музди меҳнат; $B) андозҳо; $C) кредитҳо; $D) ашёи хом; $E) боҷҳо;

@56. Бо суръати тез табдил гаштани сарватҳои моддӣ ба воситаҳои пулӣ номида мешавад.

$A) конюнктура; $B) ликвиднокӣ; $C) инвеститсия; $D) рентабелнокӣ; $E) рақобат.

@57. Назорати ғайридавлатии молиявӣ.

$A) кредит; $B) депозит; $C) аудит; $D) лизинг; $E) факторинг.

@58. Каср ин.

$A) пастшавии нарх; $B) беқурбшавии пул; $C) камшавии тақозо; $D) бухрони иктисоди; $E) буми конюкторӣ.

@59. Намудҳои сиёсати молиявӣ.

$A) сиёсати андозӣ; $B) сиёсати бюджетӣ; $C) сиёсати пулию кредитӣ; $D) сиёсати инвеститсионӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@60. Субъекти фаъолияти инвеститсионие, ки арзишҳои амволи хусусӣ ё ҷалбшударо мегузорад.

$A) муҳандис; $B) менедҷер; $C) инвестор; $D) молиячӣ; $E) бонкдор.

@61. Намудҳои ёрии молиявии давлатӣ номида мешавад.

$A) депозит; $B) субсидия; $C) опцион; $D) лизинг; $E) санация;

@62. Контракти фаврии биржавие, ки харид ва фуруши он дар контракт нишондодашудаи миқдори маҳсулот ба нархи ҳангоми бастани шартнома муайян шуда мебошад ин.

$A) трейдер; $B) эмиссия; $C) фьючерс; $D) оферта; $E) опсион.

@63. Яке аз талаботҳои листинг дар биржаи фондии Нью-Йорк он аст, ки ширкат бояд.

$A) дар гардиш 1 млн. саҳмия ва на кам 2000 саҳмгузорон дошта бошад; $B) танҳо металҳои ранга фурушад; $C) дар ҷаҳон бояд машҳур бошад; $D) фоида бояд на кам 100 млн. $ ШМА бошад; $E) даромад дар ду соли охир бояд 2 млн. доллар ШМА бошад.

@64. Дар бозори қоғазҳои қимматнок ба фаъолияти соҳибкорӣ дохил мешаванд.

$A) фаъолияти брокерӣ; $B) фаъолияти дилерӣ; $C) фаъолияти клирингӣ; $D) фаъолияти идоракунӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@65. Намуди левериҷе, ки ба бузургии фоидаи муассиса таъсири сохтори сармояро муайян менамояд.

$A) молиявӣ; $B) истеҳсолӣ; $C) молиявию истеҳсолӣ; $D) бонкӣ; $E) операторӣ.

@66. Дар менеҷменти молиявӣ намудҳои зерини левериҷхоро ҷудо мекунанд.

$A) молиявӣ; $B) истеҳсолӣ; $C) молиявию истеҳсолӣ; $D) фаврӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@67. Соҳибихтиёрии иқтисодии Тоҷикистон маънои онро дорад, ки.

$A) Меъёри ҳадди аксари сармояи гузошташуда; $B) Васеъ намудани мавқеъ дар бозор; $C) Фаъолияти иқтисодиро дар асоси қонунҳои иқтисоди бозорӣ ба роҳ монад; $D) Ташкил ва идораи раванди иқтисодӣ;

$E) гардиши молу хизматҳо.

@68. Бозори молиявӣ кадом вазифаҳои иқтисодиро ҳал менамояд.

$A) Дар ҳолати оптималӣ буданаш вобаста ба объектҳои сохта шаванда;

$B) Бояд бо иқтисодиёт ҳамаи ҳавасмандиро оиди ба ба соҳибкорӣ, корчалони рақобат, хатарнокии истеҳсоли таъин намояд; $C) Ба ҳама кафолати иҷтимоиро доданд; $D) Ташкил карда тавонистани таъмини бозори дохили ҷумҳурӣ ва имконияти бурунмарзиро, ба вуҷуд оварданд;

$E) ҳамаи ҷавобҳои нодурустанд.

@69. Бозори молиявӣ — узви таркибии муносибатҳои молиявӣ муносибатҳои бозори молиявӣ кадом муносибатҳоро дар бар мегиранд?

$A) Кулли муносибатҳои иқтисодие, ки нисбат ба ташаккул ва истифодаи фондҳои пулии таиноти махсус дар мавриди тақсим ва азнавтақсим кардани маҳсули холисс ҷамъияти ва даромади миллӣ ба вуҷуд меоянд дар бар мегирад; $B) Кулли муносибатҳои иқтисодиро нисбат ба тақсиму азнавтақсим ва назорати ҳавасманди оид ба фондҳои пулли таиноти хос дошта дар бар мегирад; $C) Кулли муносибатҳои иқтисодиро нисбат ба ташакул, тақсим ва истифодаи самараноки фондҳои пулии таиноти хос дошта, ки дар мавриди тақсим ва азнавтақсими маҷмуи маҳсулоти ва тан ба вуҷуд меояд дар бар мегирад;

$D) Кулли муносибатҳои пулиро оид ба ҷараёни пулҳо нисбат ба ташкил ва истифодаи фондҳои пулии таинот хос дошта дарбар мегирад;

$E) Кулли муносибатҳои иқтисоди оид ба ташакулу тақсим ва истифодаи фондҳои пулие, ки дар мавриди тақсими маҷмуи маҳсулоти миллӣ ба вуҷуд меояд дар бар мегирад.

@70. Шаклҳои биржа-ин.

$A) Сарбаста; $B) Озод; $C) Биржае, ки дар он гуруҳои васеъ амал мекунанд; $D) Кушода ва пӯшида; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@71. Объекти бозори қоғазҳои қимматнок – ин.

$A) саҳмияҳо ва вомбаргҳо; $B) мутахассисони касбӣ; $C) интишоргарон; $D) сармоягузорон; $E) миёнаравони фондӣ.

@72. Саҳмия навъҳои зерин дорад.

$A) Оддӣ, имтиёзнок; $B) Махсус ; $C) Иқтисодӣ; $D) Номӣ ва ба пешниҳодкунанда; $E) молиявӣ.

@73. Ҳиссаи саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми сармояи оинномавӣ мувофиқи қонуни ҶТ оид ба «Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» чӣ қадарро бояд ташкил намояд;

$A) аз 5% зиёд набошад; $B) аз аз 25% зиёд набошад; $C) аз 50% зиёд набошад; $D) аз 10% зиёд набошад; $E) аз 30% зиёд набошад.

@74. Кадоме аз ин ҷавобҳо вомбаргро тавсиф медиҳанд.

$A) ҳуқуқи моликият; $B) ҳуҷҷати пардохтӣ; $C) ҳуқуқи овоз додан;

$D) ҳуқуқи ба даст овардани даромади собит; $E) ҳуқуқи иштирок кардан дар идоракунӣ.

@75. Мафумҳое, ки моҳияти молияро ифода менамоянд.

$A) хароҷоту фоида, нарх; $B) ҳақдиҳиҳо, маблағгузорӣ, музди кор;

$C) пардохти андозҳо, арзиши асли, даромадноки; $D) воситаҳои асоси ва гардон, истеҳлок; $E) талаботу таклифот.

@76. Қоғази қимматнок-ин.

$A) Ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқи моликиятро нисбат ба эмитент тасдиқ мекунад;

$B) Ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқи моликиятро тасдиқ мекунад; $C) Ҳуҷҷати пулиест, ки дар шакли забонхат пешниҳод шудааст; $D) Ҳуҷҷати молию-пулист; $E) Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои ин ё он корхона мебошад.

@77. Мақсади барориши саҳмия –ин.

$A) Ба кор андохтани маблағҳои озод истифодашаванда; $B) Сарчашмаи иловагии маблағгузории истеҳсолот; $C) Ба даст овардани фоида дар шакли дивиденд; $D) Иҷрои кору хизматҳо; $E) муайян намудани арзиши мол.

@78. Саҳмияи имтиёзнок ҳуқуқи овоз доданро дар ҷамъомади умумии саҳмдорон;

$A) Медиҳад; $B) Намедиҳад; $C) Медиҳад, агар ин қарори дорандаи саҳмия бошад; $D) Медиҳад, агар ба ҳуқуқҳои дорандагони саҳмия тағйироту иловагиҳо ворид карда шаванд; $E) Хамаи ҷавобҳо дурустанд.

@79. Саҳмия ҳамчун ҳуҷҷати стандартӣ дорои чанд маълумоти ҳатмӣ мебошад.

$A) 10; $B) 15; $C) 12; $D) 20; $E) 25;

@80. Кадоме аз қоғазҳои қимматнок интишорӣ (эмиссионӣ) мебошанд.

$A) Васиқаҳо; $B) Коносаментҳо; $C) Чекҳо; $D) Саҳмияҳо ва вомбаргҳо; $E) Шартномаҳои фючерсӣ.

@81. Арзиши номиналии саҳмия-ин.

$A) даромадест, ки саҳмдор ба даст меоварад; $B) дивидендест, ки дар охири сол бо қарори ҷамъомади умумии саҳмдорон эълон шудааст;

$C) арзиши дар саҳмия нишондодашуда мебошад; $D) нархест, ки аз рӯи он саҳмия хариду фуруш карда мешавад; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@82. Дивиденд-ин.

$A) даромадест, ки ҳам ба саҳмияҳои дар муомилот буда ва ҳам ба саҳмияҳои дар баланси корхона нигоҳ дошташуда, пардохта мешавад;

$B) як қисми фоидаи соли ҷории ҷамъияти саҳомист; $C) пардохти ҳатмиест, ки ҳар сол ба сахдорон пардохта мешавад; $D) арзишест, ки дар саҳмия нишон дода шудааст; $E) пардохти ҳатмиест, ки ба буҷети давлат пардохта мешавад.

@83. Ба ташкилотҳое. ки барои иҷро шудани созишномаҳо оид ба қоғазҳои қиматнок хизмат мерасонанд дохил мешаванд;

$A) биржаи фондӣ; $B) регистратор; $C) депозитария; $D) ташкилоти клирингӣ; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@84. Дар бозори қоғазҳои қимматнок давлат баромад мекунад ба сифати.

$A) интишоргари қоғазҳои қиматнок; $B) сармоягузор;

$C) миёнарави фондӣ ҳангоми ҷараёни хусусигардонӣ; $D) танзимгар ва арбитри олӣ; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@85. Ҳолатҳое, ки васиқа барои пардохт қабул карда мешавад.

$A) агар аз рӯи суроғаи нишондодашуда қарздорро ёфтан номумкин бошад; $B) агар қайд оид ба ризоияти васица баррои пардохт нишон дода нашуда бошад; $C) дар ҳолати марги қарздор; $D) дар холати имкониятҳои молиявӣ надоштани қарздор; $E) дар мӯҳлати муқараршуда ва ҷой доштани ризоият барои пардохти он.

@86. Индоссат – ин.

$A) Шахсест, ки ба воситаи навиштаҷоти гузаранда (индоссамент) ба хуқуқҳо аз рӯи васица соҳиб гаштааст; $B) Шахсест, ки навиштаҷоти гузаранда (индоссамент)-ро иҷро намудааст; $C) Шахсест, ки аз рӯи васиқа ӯҳдадор аст; $D) Шахсест, ки васиқа ба манфиати ӯ пардохта мешавад;$E) Шахсест, ки қоғази қиматнокро ба муомилот баровардааст.

@87. Ба вазифахои биржаи фондӣ дохил мешаванд.

$A) Омода сохтани ҷойҳои махсус барои савдои қоғазҳои қиматнок;

$B) Муайян намудани нархҳо дар биржа ва рӯи рост эълон намудани онҳо; $C) Муҳайё намудани шароит барои сармоягузорон; $D) Ба фуруш баровардани намудҳои навтарини қоғазҳои қиматнок;

$E) Омода сохтани ҷойҳои махсус барои савдои чакана.

@88. Ризоияти (аксепт) васиқаи интиқолӣ-ин.

$A) Ҳаргуна навиштаҷотест, ки дар васиқа оварда мешаванд;

$B) Ибораест, ки гузашти ҳуқуқро аз рӯи васиқа тасдиқ месозад;

$C) Розигии пардохти васиқа ба манфиати васиқадоранда аст;

$D) Ҷавоби дуруст нест; $E) Кафолати васиқавист.

@89. Ба мутахассисони касбии бозори қоғазҳои қиматнок дохил мешаванд.

$A) Брокерҳо; $B) Дилерон; $C) Регистраторхо; $D) Ташкилотҳои клирингӣ; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@90. Ремитент-ин.

$A) Шахсест, ки ба воситаи навиштаҷоти гузаранда (индоссамент) ба ҳуқуқҳо аз рӯи васиқа соҳиб гаштааст; $B) Шахсест, ки навиштаҷоти гузаранда (индоссамент)-ро иҷро намудааст; $C) Шахсест, ки аз рӯи васица ӯҳдадор аст; $D) Шахсест, ки васиқа ба манфиати ӯ пардохта мешавад; $E) Шахсест, ки қоғази қиматнокро ба муомилот баровардааст.

@91. Ҷараёни танзимгардонӣ иборат аст.

$A) Ташкили базаи меъёрӣ; $B) Интихоби мутахассисони касбӣ;

$C) Назорат аз рӯи иҷроиши меъёрҳои қабулшуда; $D) Ҷорӣ намудани низоми ҷаримахо; $E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@92. Ба фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазхои қиматнок дохил карда мешавад.

$A) Регистраторӣ; $B) Миёнаравӣ; $C) Депозитарӣ; $D) Клирингӣ;

$E) Ҷавобҳои дар боло қайдшуда.

@93. Намудҳои васиқа инҳоянд.

$A) Соло, Тратта; $B) Қарзӣ ; $C) Дисконтӣ ва фоизӣ; $D) Молӣ ва молиявӣ;

$E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@94. Коносамент-ин.

$A) Қоғази қиматнокест, ки Вазорати молия барои бартараф кардани касри буҷет ба муомилот мебарорад; $B) Навиштаҷоти гузарандаест дар васиқаи интиқолӣ; $C) Ҳуҷҷати стандартии дар таҷрибаи байналхалқӣ қабулшудаест барои кашонидани бор ба воситаи роҳҳои обӣ; $D) Ҳуҷҷатест, ки ба шахсони муфлисшуда тааллуқ дорад; $E) Ҷавоби дуруст нест.

@95. Тендер – ин.

$A) Савдои пушидаест, ки объект дар он мувофиқи шартҳои муайяни озмун фурухта мешавад;

$B) Савдои пушидаест, ки дар байни иштирокчиёне гузаронида мешавад, ки розианд шартҳои тендерро иҷро намоянд;

$C) Савдои озодест, ки дар он ғолиб иштирокчие мегардад, ки нархи аз ҳама баландро барои объект пешниҳод намудааст;

$D) Савдои оммавиест, ки дар назди харидор нисбат ба объект шарт гузошта намешавад; $E) Савдои озодест, ки дар он ғолиб иштирокчие мегардад, ки нархи аз ҳама пастро барои объект пешниҳод намудааст.

@96. Даромади дилер дар биржаи фондӣ – ин.

$A) Фарқ байни нархи фуруш ва нархи хариди қоғази қиматнок аст;

$B) Куртаж, брокери, маблағҳои комиссиониест, ки барои супориши иҷрошуда аз ҷониби муштарӣ пардохта мешаванд; $C) Музд барои паҳн кардани қоғазҳои қиматнок;

$D) Фарқи байни нархи фурӯш ва арзиши аслии мол.

$E) Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

@97. Аъзоёни биржаи фондӣ шуда метавонанд.

$A) Шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ;

$B) Танҳо шахсони хуқуқӣ;

$C) Танҳо шахсони воқеӣ;

$D) шахсони хориҷӣ;

$E) Дилерон.

@98. Шартномаи фючерсӣ-ин.

$A) Қоғази қиматнокест, ки хариду фуруши қоғазҳои қиматнокро бо нархи мувофиқ барои тарафайн дар оянда дар бар мегирад;

$B) Шаҳодатномаест, ки оид ба ворид шудани саҳми доранда ба сармояи ҷамъияти сахомӣ шаҳодат медиҳад;

$C) Қоғази қиматнокест, ки муносибатҳои қарзиро дар байни интишоргар ва дорандаи қарз ифода мекунад;

$D) Қоғази қиматноки бемуҳлат аст;

$E) Қоғази қиматнокест, ки Вазорати молия барои бартараф кардани касри буҷет ба муомилот мебарорад.

@99. Хуҷҷати стандартӣ барои ҳамлу нақли бор-ин.

$A) Тасдиқномаи бонкӣ;

$B) Васиқаҳо;

$C) Чек;

$D) Коносамент;

$E) Шартномаи фючерсӣ.

@100. Аввалин бор васиқа дар куҷо ба муомилот бароварда шудааст?

$A) Дар Италия;

$B) Дар Нидерландия;

$C) Дар ИМА;

$D) Дар Фаронса;

$E) Дар Британияи Кабир.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *