Саволхо дар мавзуи Иктисоди хурд
1. Ҳангоми истеъмоли ҳар як воҳиди иловагии неъмат ҳадди мӯфиднокии он кам мешавад. Ин қонун дар иқтисодиёт чӣ ном дорад?
а) қонуни 1- уми Энгел
б) қонуни 2- юми Госсен
в) қонуни 1- уми Госсен
г) қонуни Карл Менгер.
2. Аз он чӣ дар зер номбар шудааст, иқтисоди хурд кадомро меомӯзад?
а) тавлид дар миқёси тамоми иқтисодиёт;
б) шумораи дар хоҷагӣ машғулбудагон;
в) сатҳи умумии нархҳо;
г) истеҳсоли нон ва нархи он.
3. Хароҷотҳои истеҳсолӣ дар якҷоягӣ бо хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ чиро ташкил медиҳанд?
- хароҷоти сехӣ
- арзиши аслӣ
- хароҷот
- нарх.
4. Ифодаи пулии истифодабарии омилҳои истеҳсолотро барои ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолии корхона чи меноманд?
- хароҷот
- нарх
- даромад
- истеҳсолот.
5. Хароҷотҳое, ки бузургии онҳо аз ҳаҷми истеҳсолот вобастаги надорад:
- хароҷоти доимӣ
- хароҷоти умумӣ
- хароҷоти тағирёбанда
- хароҷоти ниҳоӣ.
6. Ҳадафи иқтисоди чист, агар ҷомеа барои ба ҳадди ақалл расонидани хароҷот ва ба ҳадди аксар расондани боздеҳи манобеҳои маҳдуди тавлидӣ саъю кушиши худро равона созад?
а) расидан ба иштиғоли комил;
б) таъмини рушди итисодӣ;
в) бехатарии иқтисодӣ;
г) таъмини самарабахшии иқтисодӣ;
7. Дар таърихи илми иктисоди кадом
мутафаккир бори нахустин муаммои
такрористехсолро
гузоштааст?
A Арасту
Б Франсуа Кэне
B Чорч
Маршалл
Г Йозеф Шумпетер
8. Хароҷотҳое, ки бузургии он аз ҳаҷми истҳсолот вобастаги дорад:
- хароҷоти тағирёбанда
- хароҷоти доимӣ
- хароҷоти ниҳоӣ
- хароҷоти умумӣ.
9. Агар иқтисод ҳамчун низоми мукамал ба таҳқиқ гирифта шавад, пас ин таҳлил:
а) таҳлили иқтисоди хурд;
б) таҳлили иқтисодим калон;
в) таҳлили мусбӣ;
г) таҳлили дастури, мебошад.
10. Масъалаҳои « чӣ, чӣ гунна ва барои кӣ тавлид бояд кард?» метавонад мансуби:
а) танҳо иқтисоди планӣ
б) танҳо иқтисоди бозоргонӣ
в) танҳо иқтисоди пешрафт надошта
г) ҳар кадом ҷомеа, бошад.
11. Кадоме аз формулаҳои зерин барои хароҷоти умуми дуруст аст:
- TC = MC + VC
- FC + MC = TC
- FC + VC = MC
- TC = FC + VC.
12. Формулаи хароҷоти миёнаи умумиро нишон диҳед:
- ATC = FC / Q
- ATC = TC / Q
- ATC = TC * Q
- TC = ATC / Q.
13. Хароҷоти алтернативӣ (фурсати аз дастрафта)-и варзишгоҳ:
а) пардохти музди посбонон ва афроди дигар;
б) қимати сохтмони варзишгоҳ дар соли оянда;
в) тағйирёбии миқдори воқеии андозест, ки аз даромади варзишгоҳ пардохта мешавад;
г) қимати молҳову хадамоти дигар, ки имкони тавлидашон бинобар сохтмони варзишгоҳ аз даст рафтааст.
14. Масъалаи асосие, ки ҳамаи низомҳои иқтисодӣ бо он рӯ ба рӯ аст:
а) сармоягузориҳо;
б) тавлид;
в) истеъмол;
г) камёбӣ (нодирӣ) мебошад.
15. Ҳангоме, ки масъалаҳои иқтисодиро қисман бозор ва қисман давлат ҳал мекунад, ин иқтисодро:
а) фармонфармоӣ;
б) бозоргонӣ;
в) натуралӣ;
г) омехта меноманд.
16. Дар модели гирдгардиш:
а) соҳибкорон ҳамеша молро ба пул мубодила мекунанд;
б) хонаводаҳо ҳамеша пулро ба мол мубодила мекунанд;
в) хонаводаҳо дар бозори манобеъ фурушанда ва дар бозори молҳо харидор мебошанд;
г) соҳибкорон дар бозори молҳо харидор ва дар бозори манобеъ фурӯшанда мебошанд.
17. Агар аз таъсири омилҳои ғайринархӣ талабот коҳиш ёбад, онгоҳ каҷхатаи талабот мекӯчад:
а) ба поён ва чап;
б) бо гардиши ақрабаки соат;
в) ба боло ва рост;
г) баръакси гардиши ақрабаки соат.
18. Агар ду мол ивазшаванда бошанд, он гоҳ афзоиши нархи моли якум боиси:
а) коҳиши талаботи моли дуюм мегардад;
б) афзоиши моли дуюм мегардад;
в) афзоиши ҳаҷми талаботи моли дуюм мегардад;
г) коҳиши ҳаҷми талаботи моли дуюм мегардад
19. Дар кадом ҳолат бузургии кунҷи хати буҷет тағир меёбад?
- ҳонгоми тағирёбии даромади истеъмолкунанда
- ҳангоми доими будани нархи моли У.
- ҳангоми тағирёбии нархи моли Х ва У
- ҳангоми таъсири нархи омилҳои истеҳсолот.
20. Агар нархи бозорӣ аз нархи мувозинатӣ камтар бошад, он гоҳ дар бозор:
а) изофаи мол пайдо мешавад;
б) камбудии мол пайдо мешавад;
в) бозори харидор ташаккул меёбад;
г) нархи манобеъ меафзояд.
21. Афзоиши даромади масрафкунанда дар:
а) тағйири кунҷи хатти буҷа;
б) интиқоли параллелии хатти буҷа ба самти рост;
в) интиқоли параллелии хатти буҷа ба самти чап;
г) афзоиши шеб (кунҷ)-и хатти буҷа ифода меёбад.
22. Агар ширкат хароҷотро барои манобеъ ба миқдори 10%афзоиш диҳад ва ҳаҷми истеҳсол дар ин ҳол ба 15% зиёд шавад, пас дар ин маврид:
а) боздеҳи манфӣ ба мушоҳида мерасад;
б) боздеҳи мусбӣ ба мушоҳида мерасад;
в) қонуни маҳсулнокии коҳишёбанда амал мекунад;
23. Маҷмуи каҷхатаҳои бефарқияти чиро ташкил медиҳанд?
- ҷадвали бефарқиятӣ
- функсияи бефарқитятӣ
- каҷхатаи бефарқиятӣ
- харитаи бефарқиятӣ.
24. Дар давраи дарозмудат:
а) ҳамаи хароҷот тағирёбанда аст;
б) ҳамаи хароҷот доимӣ аст;
в) хароҷоти тағирёбанда бештар афзоиш меёбад;
д) ҳамаи хароҷот чун хароҷоти ноаён зуҳур мекунад.