Саволҳои Тести

Саволномаи тести аз фанни «Назарияи умумии фалсафа»

@ 1.

Кадоме аз мутафаккирониЮнони қадим оташро нахустунсури ҳастӣ медонад?

$А) Фалес; $В) Анаксимандр; $С) Суқрот; $D) Пифагор; $Е) Гераклит.

@ 2.

Об асоси ҳастии ҳамаи мавҷудот аст ба кадоме аз ин мутафаккирони юнони қадим таалуқ дорад?

$А) Демокрит; $В) Зенон; $С) Фалес; $D) Анаксагор; $Е) Парменид.

@ 3.

Файласуфи Юнони қадим, ки «Ҳаво»-ро асоси ҳамаи ашё медонад нишон диҳед?

$А) Зенон; $В) Эмпедокл; $С) Анаксимен; $D) Гераклит; $Е) Пифагор.

@ 4.

Аз файласуфони зерин кадоме ба мактаби Милеm таалуқ надорад?

$А) Анаксимандр; $В) Пифагор; $С) Анаксимен; $D) Фалес.

@ 5.

Кадоме аз мутафаккирони зерини Юнони қадим гуфтааст: «Оламро на худоён ва на инсонҳо наофаридаанд, балки он ҳамеша буд, ҳаст ва мемонад, мисли аланга гоҳе баланд ва гоҳе паст мешавад»

$А) Гераклит; $В) Пифагор; $С) Афлотун; $D) Суқрот; $Е) Демокрит.

@ 6.

Афлотун асосгузори кадоме аз ин таълимоти зерин ба ҳисоб меравад?

$А) скептитсизм; $В) материализм; $С) идеализми субъективӣ; $D) идеализми объективӣ; $Е) агноститсизм.

@ 7.

Файласуфи Юнони бостон, ки нахуст мабдаи ҳастиро апейрон медонад нишон диҳед:

$А) Гераклит; $В) Пифагор; $С) Анаксимандр; $D) Фалес; $Е) Парменид.

@ 8.

Асосгузори материализми атомистӣ кадоме аз ин мутафаккирони Юнони бостон ба ҳисоб мераванд?

$А) Демокрит; $В)Гераклит; $С) Эмпедокл; $D) Анаксагор; $Е) Афлотун.

@ 9.

Намояндагони мактаби Милет кадоме аз ин мутафаккирон маҳсуб мешаванд?

$А) Фалес, Суқрот Гераклит; $В) Демокрит, Левкип, Зенон; $С) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен; $D) Пифагор, Парменид, Ксенофон; $Е) Афлотун, Арасту, Анаксагор.

10. Мактабҳои фалсафии бостонии форсу тоҷик кадомҳоанд? $А) Машшоия, тасаввуф, калом; $В) Зардуштия, маздакия, монавия, зурвония, табоия; $С) Буддоия, ҷайния, миманса, йога.

@ 11.

Кадоме аз файласуфони зерини Юнони қадим ҳамаи ашёи оламро дар ҳоли ҳаракату инкишоф ва тағйирёбӣ медонист?

$А) Суқрот; $В) Парменид; $С) Анаксимандр; $D) Афлотун; $Е) Гераклит.

@ 12.

Кадоме аз файласуфони зерин гуфтааст, ки дар сари давлат бояд файласуфон бошанд?

$А) Суқрот; $В) Афлотун; $С) Арасту; $D) Демокрит; $Е) Гераклит.

@ 13.

Ақидаи «Дар як об ду маротиба даромадан номумкин аст» ба ки таалуқ дорад:

$А) Парменид; $В) Зенон; $С) Фалес; $D) Гераклит; $Е) Левкип.

@ 14.

Анаксимандр шогирди кадоме аз ин файласуфон мебошад?

$А) Арасту; $В) Суқрот; $С) Фалес; $D) Анаксимен; $Е) Гераклит.

@ 15.

Дар маркази таълимоти Пифагор ва пифагориён чизе меистод ва ҳамон чизро онҳо асоси ҳамаи мавҷудот медонистанд, он кадом аст?

$А) Худо; $В) қонун; $С) хирад; $D) адад.

@ 16.

Назарияи сабабият ба кадоме аз ин файласуфҳо мансуб аст?

$А) Парменид; $В) Афлотун; $С) Арасту; $Д) Суқрот; $Е) Пифагор.

@ 17.

Эпикуриён ибтидои оламро дар чи медиданд?

$А) атом; $В) ҳаво; $С) оташ; $D) адад; $Е) апейрон.

@ 18.

Асосгузори даосизм кадоме аз ин файласуфони Чини қадим ба ҳисоб меравад?

$А) Мотсзи; $В) Лаотсзи; $С) Буддо; $D) Конфутсий; $Е) Чжуансзи.

@ 19.

Мактаби фалсафии Ҳинди қадим, ки зиндагиро ранҷу азоб медонад?

$А)Няя; $В) Вайшешика; $С) Даосизм; $D) Йога; $Е) Буддоия.

@ 20.

Кадоме аз ин таълимотҳои фалсафии Ҳинди қадим ба равияи материализм таалуқ дорад?

$А) Няя; $В) Санкхя; $С) Веданта; $D) Миманса; $Е) Чорвака

@ 21.

Сарчашмаи хаттии таълимоти буддоия кадоме аз ин китобҳо мебошад?

$А) Махабхарата; $В) Агамас; $С) Ригведа; $D) Дао-де-тсзин; $Е) Типитака.

@ 22.

Оғози ташаккулёбии афкори фалсафии Ҳинди қадим кадоме аз ин ҷараёнҳо мебошад?

$А) буддизм; $В) сикхизм; $С) ҷайнизм; $D) браҳманизм; $Е) ҳиндуизм.

@ 23.

Назарияи «гелиосентризм» ба кӣ тааллӯқ дорад?

$А) Декарт; $В) Бэкон; $С)Коперник; $D) Галилей; $Е) Бруно.

@ 24.

Таълимоти материалистӣ дар Ҳинди қадим?

$А) ҷайния; $В) буддоия; $С) чорвака; $D) йога; $Е) ҳиндуия.

@ 25.

Ҷараёни динии Ҳинди қадим, ки оғози ташаккулёбии фалсафа низ ба он алоқамандӣ дорад, кадом аст?

$А) буддоия; $В) браҳмания; $С) ҷайния; $D) йога; $Е) вайшешика.

@ 26.

Категорияҳои диалектикиро муайян кунед.

$А) талабот, муомилот, истеҳсолот; $В) миқдору сифат, сабабу натиҷа; $С) заряд, молекула, атом; $D) некӣ, бадӣ, зебоӣ, ҷасурӣ;

@ 27.

Ҷараёни динӣ-фалсафии Чини қадим, ки асосгузори он Лао-тсзи ба ҳисоб меравад, кадом аст?

$А) конфутсиячиги; $В) даосизм; $С) легизм; $D) моизм; $Е) буддизм.

@ 28.

Намояндагони машҳури идеализми объективӣ киҳоянд?

$А) Афлотун ва Гегел; $В) Суқрот ва Арасту; $С) Беркли ва Юм; $D) Маркс ва Энгелс; $Е) Демокрит ва Прменид.

@ 29.

Асосгузори таълимоти буддоия кист?

$А)Вардҳамана ; $В) Патанҷали; $С) Сидхартха Гаутама; $D) Капила; $Е) Нанак.

@ 30.

Ҳолати олӣ ва ҳадафи кушишҳои инсонӣ дар таълимоти буддоия?

$А) нирвана; $В) карма; $С) сансара; $D) мокша; $Е) дакха.

@ 31.

Мафҳуми Дао чиро ифода мекунад?

$А) оромии нафс; $В)камолот; $С) роҳ ба сӯи ашё; $D) таносух; $Е) гушанишинӣ.

@ 32.

Нахустин мактаби фалсафии Юнони бостон?

$А) мактаби пифагориён; $В) мактаби атомистон; $С) мактаби милет; $D) мактаби равоқиён; $Е) мактаби софистҳо.

@ 33.

Дар кадоме аз ин шаҳрҳои Юнони бостон аввалин мактаби фалсафӣ таъсис ёфтааст?

$А) Афина; $В) Мигерия; $С) Абдера; $D) Эффес; $Е) Милет.

@ 34.

Намояндагони мактаби Милетро нишон диҳед?

$А) Афлотун, Суқрот, Анаксимен; $В) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен; $С) Гераклит, Пифагор, Фалес; $D) Парменид, Зенон, Ксенофон; $Е) Арасту, Эмпедокл.

@ 35.

Дар маркази диққати файласуфони мактаби Милет кадом масъала қарор дошт?

$А) дин; $В) муайян кардани нахусмабдаъи ҳастӣ; $С) пешрафти ҷомеа; $D) ахлоқ ва тарбияти инсонҳо; $Е) назарияи маърифат.

@ 36.

Кадоме аз файласуфони Юнони бостон обро мабдаи аввал донистааст?

$А) Фалес; $В) Гераклит; $С) Пифагор; $D) Анаксимандр; $Е) Парменид.

@ 37.

Дар таълимоти кадом файласуфи юнонӣ ҳаво нахуст асос ба ҳисоб мерафт?

$А) Гераклит; $В)Фалес; $С) Пифагор; $D) Анаксимен; $Е) Эмпедокл.

@ 38.

Нахуст асоси ҳастӣ оташ аст кадоме аз ин файласуфони зерин чунин ақида дошт?

$А) Суқрот; $В)Зенон; $С) Гераклит; $D) Демокрит; $Е) Парменид.

@ 39.

Файласуфи Юнони бостон, ки нахусташёро об, хок, ҳаво ва оташ дониста, онҳоро абадиву тағйирнопазир медонист, кӣ буд?

$А) Эмпедокл; $В) Арасту; $С) Горгий; $D) Левкип; $Е) Фалес.

@ 40.

Анаксимандр ба сифати нахустасос чиро эътироф мекард?

$А) ҳаво; $В) Апейрон; $С) хок; $D) оташ; $Е) атом.

@ 41.

Пифагор ва пайравони ӯ чиро нахустасоси ҳастӣ медонистанд?

$А) об, оташ, хок ва обро; $В) худоро; $С) ададро; $D) атомро; $Е) ҳаворо.

@ 42.

Масъалаи асосии фалсафа чист?

$А) муносибати байни шахс ва ҷомеа; $В) муносибати байни дин ва илм; $С) муносибати байни тафаккур ва ҳастӣ; $D) муносибати байни инсон ва Худо; $Е) муносибати байни субъект ва объект.

@ 43.

Намояндагони мактаби фалсафии Элей кадоме аз ин файласуфон мебошанд?

$А) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен; $В) Зенон, Парменид, Ксенофан; $С) Гераклит, Анаксагор, Эмпедокл; $D) Демокрит, Левкип, Милес; $Е) Афлотун, Суқрот, Арасту.

@ 44.

Шаклҳои ҳаракати материя кадомҳоанд?

$А) идеалистӣ, субъективӣ, объективӣ; $В) позитивӣ, объективӣ; $С) механикӣ, физикӣ, химикӣ, биологӣ, иҷтимоӣ; $D) биологӣ, иделӣ, истеҳсолӣ.

@ 45. Дар таърихи фалсафа асосгузори апорияҳо-муаммоҳои машҳури «Сангпушт», «Тир», «Ахили бодпой» кадоме аз ин файласуфон шинохта шудааст?

$А) Фалес; $В) Пифагор; $С) Зенон; $D) Афлотун; $Е) Гераклит.

@ 46.

Гераклит ақида дошт, ки олам ҳамеша дар ҳоли:

$А) ҳаракат; $В) оромӣ; $С) хало; $D) сукут; $Е) нестӣ.

@ 47.

Кадоме аз файласуфони Юнони қадим ҳаракатро номумкин донистааст?

$А) Ксенофан; $В) Гераклит; $С) Демокрит; $D) Суқрот; $Е) Зенон.

@ 48.

Олам аз заррачаҳои хурди тақсимнопазир-атомҳо таркиб ёфтааст ин ақида ба ки мансуб аст?

$А) Демокрит; $В) Пифагор; $С) Фалес; $D) Анаксагор; $Е) Зенон.

@ 49.

Категорияи нестӣ дар таълимоти Демокрит бо кадом мафҳум ифода шудааст?

$А) мало(пур); $В) хало(холигӣ); $С) ҳаракат; $D) ниҳоят; $Е) ибтидо.

@ 50.

Назарияи ҳастишиносии Левкип ва Демокрит бо кадом ном машҳур аст?

$А) атомизм; $В) идеализм; $С) скептитсизм; $D) софизм; $Е) натурфалсафа.

@ 51.

Намояндаи мактаби софистҳо кадоме аз ин файласуфони зерин мебошад?

$А) Афлотун; $В) Протагор; $С) Демокрит; $D) Фалес; $Е) Арасту.

@ 52.

Намояндагони мактаби фалсафии афинагиро муайян кунед?

$А) Фалес, Анаксимандр, Анаксимен; $В) Суқрот, Афлотун, Арасту; $С) Зенон, Парменид, Ксенофон ; $D) Гераклит, Анаксагор; $Е) Левкип, Демокрит.

@ 53.

Мафҳуми «софия» дар аҳди бостон чиро ифода мекард?

$А) илм; $В) ҳикмат; $С) ҷаҳонбинӣ; $D) идея; $Е) шуур.

@ 54.

Афлотун ҳастиро тақсим кардааст ба олами ашёҳо, моддӣ ва олами?

$А) эҳсосот; $В) идеяҳо; $С) худоҳо; $D) атомҳо.

@ 55.

Ҳастии воқеӣ аз назари Афлотун кадом аст?

$А) олами идеяҳо; $В) алами ашёҳо; $С) олами маҳсусот; $D) олами мутаҳарик.

@ 56.

Фалсафаи аввал аз назари Арасту кадом аст?

$А) илм дар бораи табиат; $В) илм дар бораи ҷамъият; $С) илм дар бораи моҳият, сабаб ва ибтидои ҳама ашё; $D) илм дар бораи зиндагӣ ва қонунҳо; $Е) илм дар бораи идеяҳо.

@ 57.

Фалсафаи сонӣ аз назари Арасту кадом аст?

$А) илм дар бораи олами идеяҳо; $В) илм дар бораи табиат; $С) илм дар бораи ҷамъият; $D) илм дар бораи моҳият, сабаб ва сароғоз. $Е) илм дар бораи идеяҳо.

@ 58.

Намояндагони мактаби фалсафии киникиҳо кадоме аз ин мутафаккирон маҳсуб мешаванд?

$А) Гераклит, Анаксагор; $В) Фалес, Анаксимен, Анаксимандр; $С) Диоген, Антисфен; $D) Суқрот, Афлотун, Арасту; $Е) Левкип, Демокрит.

@ 59.

Ҷараёни фалсафие, ки материя-моддаро асоси мавҷудияти ҳамаи ашё медонад, кадом аст?

$А) агностисизм; $В) идеализм; $С) материализм; $D) скептисизм; $Е) дуализм.

@ 60.

Таълимоти фалсафӣ, ки рӯҳ-идеяро аввалин ва материяро маҳсули он медонад, нишон диҳед?

$А) сенсуализм; $В)прагматизм; $С) материализм; $D) агностисизм; $Е) идеализм.

@ 61.

Таълимоти идеалистӣ дар фалсафа, ки олами ҳастиро берун аз шуурин инсон ва новобаста аз он медонад, муайян кунед?

$А) идеализми субъективӣ; $В) идеализми объективӣ; $С) материализми метафизикӣ; $D) агностисизм; $Е) скептисизм.

@ 62.

Таълимоти идеалистӣ дар фалсафа, ки олами берунаро аз шуури инсон вобаста медонад, кадом аст?

$А) материализми содалавҳона; $В) идеализми объективӣ; $С) материализми механикӣ; $D) идеализми субъективӣ; $Е) прагматизм.

@ 63.

Кадоме аз ин ҷараёнҳои идеалистӣ дарки мантиқиву хирадмандонаи воқеиятро имконнопазир медонад?

$А) агностисизм; $В) сенсуализм; $С) ратсионализм; $D) ирратсионализм; $Е) идеализми субъективӣ.

@ 64.

Таълимоти фалсафие, ки даъво дорад танҳо «Ман» ва эҳсосоти ман вуҷуд дорад, кадом аст?

$А) идеализми объективӣ; $В) сенсуализм; $С) скептисизм; $D) солипсизм; $Е) идеализми субъективӣ.

@ 65. Ҷаҳонбиние, ки нуқтаи назари объективиро нисбат ба воқеият ба эътибор намегирад, чи ном дорад?

$А) идеализм; $В) материализм; $С) субъективизм; $D) солипсизм; $Е) сенсуализм.

@ 66.

Ҷараёни фалсафие, ки Худоро ҳамчун офаридгор эътироф карда, дахолати минбаъдаи онро дар ҷузъиён қабул надорад кадом аст?

$А) деизм; $В) дуализм; $С) монизм; $D) агностисизм; $Е) скептисизм.

@ 67.

Назарияи фалсафие, ки мувофиқи он олам ё ибтидои моддӣ ё рӯҳонӣ дорад, кадом аст?

$А) деизм; $В) дуализм; $С) монизм; $D) субъективизм; $Е) атеизм.

@ 68.

Кадом таълимот ибтидои моддӣ ва рӯҳонии оламро баробар медонад?

$А) дуализм; $В) деизм; $С) монизм; $D) агностисизм; $Е) метафизика.

@ 69.

Яке аз таълимотҳои фалсафӣ, ки ибтидои ҳастиро зиёду гуногун донистааст, кадом аст?

$А) монизм; $В) плюрализм; $С) дуализм; $D) идеализм; $Е) солипсизм.

@ 70.

Мувофиқи кадом ҷараёни фалсафӣ олам умуман донистанашаванда аст?

$А) ратсионализм; $В) агностисизм; $С) скептисизм; $D) идеализм; $Е) деизм.

@ 71.

Чараёни фалсафие, ки донисташавандагии оламро зери шубҳа гузошта, ба қобилияти донишҳои инсонӣ бовар надорад, кадом аст?

$А) скептисизм; $В) агностисизм; $С) ирратсионализм; $D) дуализм; $Е) субъективизм.

@ 72.

Мувофиқи таълимоти кадом ҷараёни фалсафӣ маърифат-нисбӣ, шартӣ ва субъективӣ аст?

$А) релятивизм; $В) агностисизм; $С) прагматизм; $D) идеализми субъективӣ; $Е) материализми метафизикӣ.

@ 73.

Ҷараёни фалсафие, ки эҳсос ва идрокро асоси донишҳои саҳеҳу ҳақиқӣ медонад, кадом аст?

$А) солипсизм; $В) субъективизм; $С) сенсуализм; $D) идеализми объективӣ; $Е) материализми метафизикӣ.

@ 74.

Ҷараёни фалсафӣ, ки асоси донишҳо ва рафтори инсонҳоро аз ақлу хирад иборат медонад, кадом аст?

$А) сенсуализм; $В) агностисизм; $С) ратсионализм; $D) материализм; $Е) солипсизм.

@ 75.

Ҷараёни фалсафӣ, ки нақши хирадро дар маърифат инкор ё маҳдуд дониста, ирода, муроқиба, ҳис ва интуитсияро дар мадди аввал мегузорад, кадом аст?

$А) скептисизм; $В) ирратсионализм; $С) ратсионализм; $D) субъективизм; $Е) агностисизм.

@ 76.

Масъалаи асосии фалсафа кадом аст?

$А) муносибати одам ба дин; $В) муносибати шуур бо рӯҳ; $С) материализм ва агностисизм; $D) масъалаи муносибати тафаккур ба ҳастӣ.

@ 77.

Ду ҷиҳати масъалаи асосии фалсафа кадомҳоанд?

$А) ягонагии моддиёт ва рӯҳониёт; $В) донисташавандагии олам; $С) онтологӣ ва гносеологӣ; $D) зиддияти моддиёт ва рӯҳониёт; $Е) маърифати ҳодисаҳо.

@ 78.

Кадом шаклҳои асосии материализмро медонед?

$А) материализми атеистӣ, идеалистӣ, монистӣ; $В) атеистӣ, диалектикӣ, механикӣ, метафизикӣ; $С) дуалистӣ, субъективӣ, объективӣ; $D) метафизикӣ, механикӣ, идеалистӣ, субъективӣ; $Е) вулгарӣ, сенсуалистӣ, монистӣ.

@79.

Фалсафа чист?

$A) ҳикмат ва маърифати олам; $B) арзиши изофаро меомeзад; $C) муносибатҳои сиёсӣ ва ҳастии ҷамъиятро меомӯзад; $D) фаъолияти сиёсӣ ва раванди сиёсиро меомӯзад; $E) илм дар бораи дурнамоӣ ва пешгӯӣ аст;

@80.

Кадом шаклҳои асосии идеализм маълум аст?

$A) идеализми объективӣ; $B) идеализми Гегель; $C) идеализми субъективӣ; $D) идеализми объективӣ ва субъективӣ; $E) идеализми Афлотун;

@81.

Масъалаи асосии фалсафа мутобиқ ба ҳастии ҷамъиятӣ чӣ гуна аст?

$A) ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият; $B) муносибати ҷамъиятӣ; $C) муносибати материализм ва идеализм; $D) муносибати идеализм ва рӯҳ; $E) таносуби ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ;

@82.

Ҳастӣ чист?

$A) ҳастӣ – фаъолияту амали одамон нисбат ба дигар мавҷудот; $B) ҳастӣ – ташаккули қувваҳои пешравандаи ҷомеа; $C) ҳастӣ – воқеъияти ҳамарофарогиранда ва дар бораи кулли мавҷудоти олам; $D) истеҳсоли қувваҳои истеҳсолкунанда; $E) истеҳсоли неъматҳои моддӣ;

@83.

Категорияи “ҳастӣ” бори аввал аз ҷониби кадом файласуф мавриди истифода қарор гирифтааст?

$A) Демокрит; $B) Арасту; $C) Гегель; $D) Парменид; $E) Афлотун;

@ 84.

Ҳастӣ чанд шакл дорад?

$A) ҳастӣ шашто шакл дорад; $B) ҳастӣ чорто шакл дорад; $C) ҳастӣ даҳто шакл дорад; $D) ҳастӣ ҳафто шакл дорад; $E) ҳастӣ сето шакл дорад;

@85.

Шаклҳои пурраи ҳастӣ кадомҳоанд?

$A) шаклҳои ҳастии чизҳо, инсон ва рӯҳ; $B) шаклҳои ҳастии иҷтимоӣ, инсонӣ ва чизҳо; $C) шаклҳои ҳастии чизҳо (ҷисмҳо), равандҳо ва унсурҳои табиӣ, инсон, рӯҳонӣ ва иҷтимоӣ; $D) шаклҳои ҳастии рӯҳонӣ, чизҳо ва иҷтимоӣ; $E) шаклҳои ҳастии иҷтимоӣ ва рӯҳонӣ;

@86.

Шаклхои шуури ҷамъиятиро нишон диҳед?

$A) муносибати ҷамъиятӣ; $B) муносибати истеҳсолӣ; $C) ахлоқ, фалсафа, ҳуқуқ, сиёсат, санъат, дин; $D) фаъолияти эҷодии одамон; $E) фаъолияти бошууронаи одамон;

@87.

Маънои материяро пайдо кунед?

$A) берун аз шуур вуҷуд дорад; $B) маҳвнопазир аст; $C) маънои моддаро дорад; $D) реалияти объективист; $E) дар замон абадӣ нест;

@88.

Хосиятҳои асосии материя кадомҳоянд?

$A) бепоёнӣ, абадият, шаклпазирӣ, тағирёбанда ва ҳаракат; $B) абадӣ; $C) маҳвнопазир; $D) беохирӣ; $E) офариданашуда;

@89.

Инкишоф дорои кадом хосиятҳост?

$A) нотакрор; $B) даврӣ; $D) такроршаванда; $E) ба шакли спирал болораванда.

@90.

Материя дар куҷо ва аз рӯи чӣ ҳаракат мекунад?

$A) материя дар фазо ҳаракат мекунад; $B) материя танҳо дар дарозӣ ҳаракат мекунад; $C) материя дар макон ва замон ҳаракат мекунад; $D) материя дар макон ва замон ҳаракат намекунад; $E) материя дар замони беҳудуд ҳаракат мекунад;

@91.

Мафҳуми диалектика чист?

$A) диалектика табиат аст; $B) диалектика санъати идоракунӣ аст; $C) диалектика маданияти баҳсу мунозира ва санъати сухан аст; $D) диалектика маънои санъати баҳсро намедиҳад; $E) диалектика таълимот дар бораи инкишоф аст;

@92.

Мафҳуми диалектикаро кадом файласуф бори аввал ҳамчун усули собит сохтани баҳсу мунозира мавриди истифода қарор додааст?

$A) Гегел; $B) Гераклит; $C) Суқрот; $D) Демокрит; $E) Афлотун;

@93.

Қонунҳо ва категорияҳои диалектикаро дар заминаи идеалистӣ кадом файласуф муайян кардааст?

$A) Суқрот; $B) Афлотун; $C) Маркс К.; $D) Гегел; $E) Арасту;

@94.

Асосгузорони диалектикаи материалистӣ киҳоанд?

$A) Афлотуну Арасту; $B) Суқроту Демокрит; $C) К.Маркс ва Ф.Энгелс; $D) Евклиду Анаксимен; $E) Анаксагору Буқрот;

@95.

Метафизика чист?

$A) метафизика санъати сухан аст; $B) метафизика усули монанди диалектика аст; $C) метафизика усуле, ки муқобили усули диалектика меистад; $D) метафизика инъикоси олами беруна аст; $E) метафизика зинаи аввали дониш аст;

@96.

Қонуни асосии диалектикаро муайян кунед?

$A) қонунҳои умумӣ; $B) қонунҳои ҷудогона; $C) қонунҳои тараққиёти тарзи истеҳсолот; $D) қонунҳои ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо; $E) қонуни форматсияи ҷамъиятӣ;

@ 97.

Категорияи асосии диалектикаро нишон диҳед?

$A) метафизика; $B) диалектика; $C) инкишоф; $D) робитаи кулл; $E) фард ва кулл, зарурат ва тасодуф ва ғ.;

@98.

Моҳияти инсон дар нисбати мавҷудоти дигар дар чӣ зоҳир мешавад?

$A) инсон мавҷуди таърихӣ-ҷуғрофӣ аст; $B) инсон мавҷуди биологӣ аст; $C) инсон мавҷуди биологӣ ва иҷтимоӣ аст; $D) инсон мавҷуди биохимиявӣ аст; $E) инсон мавҷуди психологӣ аст;

@ 99.

Мафҳуми шуур ва пайдоиши он?

$A) шуур хосияти ибтидоии материя буда, дар зинаи муайяни таърихӣ пайдо шудааст; $B) шуур новобаста аз материя ва берун аз он вуҷуд дорад; $C) шуур ва материя новобаста аз ҳамдигар баробар вуҷуд доранд; $D) шуур аз мағзи сар вобаста ва инъикоси субъективии олами объективист; $E) шуур аз мағзи сар ва нутқ вобастагӣ надорад;

@ 100.

Дараҷҳои шуури ҷамъиятиро нишон диҳед?

$A) ақидаҳо ва ғояҳо; $B) психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъиятӣ; $C) таълимот ва назарияҳо; $D) ғояҳо; $E) мазҳаб;

@ 101.

Меъёри acосии маърифатро муайян намоед?

$A) меъёри асосии маърифат фаъолият аст; $B) меъёри асосии маърифат таҷриба аст; $С) меъёри асосии маърифат ҳақиқат аст; $D) меъёри асосии маърифат ҳастӣ мебошад; $E) меъёри асосии маърифат манфиат аст;

@ 102.

Кадом таълимот асоси маърифати инсониро аз “ақл”, “хирад” ва “ҳуш” иборат медонад?

$A) эмпиризм; $B) сенсуализм; $C) прагматизм; $D) ратсионализм; $E) марксизм;

@ 103.

Сатҳи ибтидоии раванди маърифат кадом дониш мебошад?

$A) идрок; $B) донишҳои ҳиссӣ; $C) ахборот; $D) донишҳои абстрактӣ; $E) тасаввурот;

@ 104.

Сатҳи дуюми маърифат кадом донишҳоянд?

$A) донишҳои ҳиссӣ; $B) ахборот; $C) ҳиссӣ, идрок; $D) донишҳои ақлӣ; $E) донишҳои ҳиссӣ ва зеҳнӣ;

@105.

Фаҳмиши васеъи табиатро қайд кунед?

$A) табиат дарахтон ва марғзоранд; $B) табиат, дарёҳо ва кӯҳсорҳо мебошад; $C) табиат – ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст; $D) табиат хонаҳо ва кӯчаҳо мебошад; $E) табиат гулзорҳо ва хиёбонҳо мебошад;

@106.

Асоси мавҷудият ва инкишофи ҷомеаро чӣ ташкил медиҳад?

$A) асоси мавҷудияти ҷомеаро амал ва фаъолияти одамон ташкил медиҳанд; $B) мавҷудият ва инкишофи ҷомеаро илмҳои ҷамъиятшиносӣ ташкил медиҳад; $C) ҷомеа новобаста аз табиат вуҷуд дорад; $D) асоси мавҷудият ва инкишофи ҷомеаро ҳастии ҷамъиятӣ ташкил додааст; $E) мавҷудияти ҷомеа аз қувваи фавқуттабиӣ вобаста мебошад;

@107.

Муносибати инсонро бо табиат кадом соҳаи илми табиатшиносӣ ба танзим медарорад?

$A) физика; $B) химия; $C) зоология; $D) экология; $E) математика;

@ 108.

Меҳнат чист ва он ба фаъолияти одамон чӣ иртибот дорад?

$A) меҳнат амал ва фаъолияти бошууронаи одам буда барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истифода мегардад; $B) меҳнат ба фаъолияти одамон вобаста нест; $C) дар натиҷаи меҳнат неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истеҳсол карда намешаванд; $D) меҳнат фаъолияти бешуурона мебошад; $E) меҳнат муқобили фаъолияти инсонӣ аст;

@ 109.

Қонунҳои ҷомеа чӣ тавр зуҳур меёбанд?

$A) қонунҳои ҷомеа ба таври стихиявӣ зуҳур мекунанд; $B) қонунҳои ҷомеа худ ба худ зуҳур мекунанд; $C) қонунҳои ҷомеа бо воситаи фаъолияти бошууронаи одамон зуҳур мекунанд; $D) қонунҳои ҷомеа дарозмуддатанд; $E) қонунҳои ҷомеа дар муддати дуру дарози таърихӣ амал намекунанд;

@ 110.

Кадоме аз мутафаккирони Юнони қадим обу рутубатро мабдаи олам пиндоштааст?

$A) Анаксимандр; $B) Фалес; $C) Демокрит; $D) Афлотун; $E) Арасту;

@ 111.

Аввалин файласуфи материалисти Юнони қадим ки буд, муайян намоед!

$A) Афлотун; $B) Арасту; $C) Суқрот; $D) Демокрит; $E) Фалес;

@ 112.

Аз байни осори Афлотун машҳуртарини он кадом асари ӯ мебошад, муайян кунед!

$A) Сиёсат; $B) Нафс; $C) Мусул; $D) Суфастоиён; $E) Китоби Ҷумҳурият;

@ 113.

Кадоме аз мутафакирони Юнони қадим таркиби ҷомеаро аз се табақа; файласуфон, сипоҳиён ва савдогаронру кишоварзон иборат медонад?

$A) Суқрот; $B) Демокрит; $C) Фалес; $D) Афлотун; $E) Ксенофан;

@ 114.

Чаро пайравони Афротунро идеалистон меноманд?

$A) зеро онҳо ба идея қоил буданд; $B) онҳо идеяро намепарастиданд; $C) ба идея бовар надоштанд; $D) ҳис ва идрокро асоси дониш медонистанд; $E) ҳақиқатро асоси олам меҳисобиданд;

@ 115.

Ҳикмати «машшоъ» чи маъно дорад ва он ба кӣ тааллуқ дорад?

$A) нишаста баён кардан ва ба Демокрит тааллуқ дорад; $B) аз минбар баён кардани ақида ва ба Гераклит тааллуқ дорад; $C) қадам зада дарс гузаштан ва ба Арасту тааллуқ дорад; $D) дар ҳалқаи одамон сухан гуфтан ва ба Фалес тааллуқ дорад; $E) берун аз синф дарс гирифтан ва ба касе тааллуr надорад;

@ 116.

Кори таълиму тарбияро кадом мутафаккир ба давлат мансуб медонад?

$A) Афлотун; $B) Демокрит; $C) Арасту; $D) Фалес; $E) Анаксимен;

@ 117.

Таълимоте, ки ба чизҳои беҷон, ҷисмҳои осмонӣ, ҳайвонҳо ва ғ. хислатҳои инсониро нисбат медиҳад, кадом аст?

$А) прагматизм; $В) антропоморфизм; $С) деизм; $D) антропосентризм; $Е) реализм.

@ 118.

Вазифаи асосии фалсафаи асрҳои миёна аз нуқтаи назари схоластикҳо аз чи борат аст?

$А) таҳқиқи ҳақиқти иҷтимоӣ; $В) омӯзиши табиат; $С) пайдо кардани далелҳои ақлии имону эътиқод; $D) ташаккули фалсафаи христианӣ (масеҳӣ) дар баробари бутпарастӣ ва бединӣ; $Е) рушду инкишофи улуми дунявӣ.

@ 119.

Дар таърихи фалсафа таълимоти Фомаи Аквинӣ бо кадом ном машҳур аст?

$А) атомизм; $В) томизм; $С) августинизм; $D) марксизм; $Е) попизм.

@ 120.

Дар фалсафаи арабҳо ва форсизабонон идеяҳои кадоме аз ин файласуфони зерин истифода нашудаанд?

$А) Афлотун; $В) Флутин; $С) Зенон; $D) Арасту.

@ 121.

Ғарбиҳо кадоме аз ин файласуфони зеринро Аверроэс ном мебаранд?

$А) Киндӣ; $В) Форобӣ; $С) Ибни Рушд; $D) Ибни Сино; $Е) Суҳравардӣ.

@ 122.

Ибни Сино оламро чи гуна маънидод мекард?

$А) нерӯи кӯр-кӯронаи табиат; $В) хиради илоҳӣ; $С) иродаи илоҳӣ; $D) ирода ва хиради илоҳӣ.

@ 123.

Ғаззолӣ дар асари худ «Таҳофут-ул-фалосифа» кадом нуқтаи назарро истифода намудааст?

$А) диалектикӣ; $В) скептикӣ; $С) ирфонӣ; $D) ратсионалистӣ-хирадгароӣ; $Е) онтологӣ.

@ 124.

Дар фалсафаи асрҳои миёна истилоҳе, ки мафҳумҳои куллӣ, умумиро ифода мекард, кадом аст?

$А) реализм; $В) номинализм; $С) универсализм; $D) догматизм; $Е) томизм.

@ 125.

Намояндагони машҳури номинализми асримиёнагӣ киҳо ба ҳисоб мерафтанд?

$А) Фомаи Аквинӣ, Августин, Аврелий; $В) Дунс Скот, Иоан Дамаскин ; $С) Ибни Сино, Ибни Рушд; $D) Иоан Росцелин, Уилям Оккама.

@ 126.

Давраи Эҳё кадом асрҳоро дар бар мегирад?

) XIV-XVI ; $В) X-XII; $С) XII- XIII; $D) XIII- XV; $Е) XV- XVII.

@ 127.

Фалсафа ин:

$А) таълимоти антиқӣ доир ба табиат ва материя; $В) таълимот доир ба оромии рӯҳ ва озодӣ; $С) таълимот доир ба қонунҳои умумитарини табиат, ҷамъият, тафаккур ва раванди маърифат; $D) силоҳи маънавии синфи коргар; $Е) таълимот дар бораи тафаккури дуруст.

@ 128.

Асотир чист?

$А) илм доир ба инсон; $В) таълимот доир ба таҳлили ва омехтагии фалсафа, дин ва илм; $С) таълимоти антиқӣ доир ба табиат ва материя; $D) илм доир ба пешрафту инкишофи ҷомеа; $Е) инъикоси тахаюлӣ-фантастикии воқеъият дар шуури одамони ибтидоӣ.

@ 129.

Натурфалсафа ин :

$А) илм дар бораи инсон; $В) таълимот дар бораи фалсафа, дин, илм ва муносибати байни онҳо; $С) хусусияти инсонӣ додан ба ашё ва падидаҳои олам; $D) фалсафаи табиат, таълимоти фалсафиест, ки асосан табиатро ақлан маънидод намуда онро чун як чизи том тасвир мекунад; $Е) таълимот доир ба ҳаракат ва шаклҳои он.

@ 130.

Кадоме аз ин файласуфон ба фалсафаи антиқӣ тааллуқ дорад?

$А) Кант; $В) Декарт; $С) Спиноза; $D) Арасту; $Е) Фомаи Аквинӣ.

@ 131.

Аз файласуфони зерин кадоме намояндаи фалсафаи асрҳои миёна мебошад?

$А) Фейербах; $В) Афлотун; $С) Фомаи Аквинӣ; $D) Гелветсий; $Е) Пратагор.

@ 132.

Схоластика ҷараёни фалсафии кадом аср ба ҳисоб меравад?

$А) давраи Эҳ; $В) асрҳои миёна; $С) даврони антиқа; $D) фалсафаи классикии немис; $Е) фалсафаи муосир.

@ 133.

Номинализм ба кадоме аз давраҳои таърихии фалсафӣ рост меояд?

$А) Замони Нав; $В) асрҳои миёна; $С) фалсафаи муосири ғарбӣ; $D) фалсафаи асрҳои 19-20-и рус; $Е) аҳди бостон.

@ 134.

Экзистенсиализм ба кадоме аз ин давраҳо мансуб аст?

$А) аҳди бостон; $В) фалсафаи муосири ғарбӣ; $С) асрҳои миёна; $D) фалсафаи классикии немис; $Е) давраи Эҳё.

@ 135.

Ҷараёни фалсафии позитивизм ба кадоме аз ин давраҳо таалуқ дорад?

$А) фалсафаи муосири ғарбӣ; $В) Замони Нав; $С) давраи Эҳё; $D) аҳди бостон; $Е) асрҳои миёна.

@ 136.

Гегел намояндаи кадоме аз ин ҷараёнҳои фалсафӣ аст?

$А) фалсафаи ҳаёт; $В) материализми диалектикӣ ва таърихӣ; $С) психоанализ; $D) идеализми объективӣ; $Е) прагматизм.

@ 137.

Дар маркази диққати файласуфони асрҳои миёна чи қарор дошт?

$А) Табиат; $В) Худо; $С) гуманизм; $D) назарияи маърифат; $Е) танқиди капитализм.

@ 138.

Ҳақиқат аз назари прагматизм

$А) мувофиқати фикр бо воқеъият; $В) ҳамаи он чизе, ки аз мушоҳидаву таҷриба ба даст омадааст; $С) ҳамаи ончизе, ки инкор карда нашавад; $D) он чизе, ки ба инсон манфиат меорад; $Е) ҳақиқат умуман вуҷуд надорад.

@ 139.

Кадоме аз ин навъҳои таърихии ҷаҳонбинӣ аз рӯи тартиб дар аввал меистад?

$А) дин; $В) фалсафа; $С) илм; $D) асотир.

@ 140.

Вазифаҳои фалсафа иборатанд аз:

$А) ҷаҳонбинӣ-маърифатӣ; $В) аксиологӣ-муайянкунандагӣ; $С) методологӣ-пешгӯикунанда; $D) тарбиявӣ-гуманитарӣ; $Е) ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ.

@ 141.

Қисмҳои асосии фалсафаро нишон диҳед?

$А) онтология, гносеология, антропология, аксиология; $В)политология, фразеология, сотсиология, антропология; $С) морфология, онтология, аксиология, политология; $D) гносеология, онтология, фразеология, психология; $Е) психология, политология, морфология, антропология.

@ 142.

Таълимоти фалсафӣ доир ба қонунҳои умумии маърифат ин:

$А) гносеология; $В) онтология; $С) этика; $D) эмпиризм; $Е) эстетика.
@ 143.

Аксиология-таълимот дар бораи:

$А) арзишҳо, пайдоиш ва моҳияти онҳо; $В) фарҳанги маънавии ҷомеа ва инсон; $С) зебогиҳо; $D) моҳияти таърихии инсон; $Е) некӣ ва бадӣ.

@ 144.

Асоси ҷаҳонбинии диниро чи ташкил мекунад?

$А) накӯкорӣ; $В) хирадмандӣ; $С) донишҳо; $D) биму хавф; $Е) эътиқоду боварӣ.

@ 145.

Фалсафа аз пайдоиши худ то имрӯз муқобил ва фошкунандаи:

$А) илм; $В) санъат; $С) дин; $D) ахлоқ; $Е) асотир.

@ 146.

Ҷиҳатҳои асосии масъалаи асосии фалсафаро муайян намоед:

$А) аксиологӣ ва маърифатӣ; $В) гуманистӣ ва ахлоқӣ; $С) онтологӣ ва гносеологӣ; $D) эмпирикӣ ва психологӣ ; $Е) методологӣ ва ратсионалистӣ.

@ 147.

Намояндагони фалсафаи классискии олмонро муайян кунед.

$А) К.Маркс, Ф.Энгелс, В.И.Ленин; $В) Кант, Гегель, Фихте, Шеллинг, Фейербах; $С) Шопенгауер, Нитсше.

@ 148.

Истилоҳи «гуманизм» чиро ифода мекунад?

$А) илоҳиёт; $В) инсондӯстӣ; $С) табиатпарастӣ; $D) ҳайвоният; $Е) ақлгароӣ.

@ 149.

Таълимоти фалсафӣ, ки масъалаҳои ҳастиро меомӯзад:

$А) этика; $В) аксиология; $С) онтология; $D) антропология; $Е) сотсиология.

@ 150. Абӯалӣ ибни Сино намояндаи кадом мактаби фалсафӣ мебошад?

$А) тасаввуф; $В) калом; $С) даҳрия; $D) машшоия; $Е) табоия.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *