Саволҳои Тести

Саволномаҳои тестӣ аз фанни забони тоҷикӣ

1. Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи забонҳои олам тааллуқ дорад?

А- сомӣ

Б славянӣ

В- туркӣ- муғулӣ

Г- ҳиндуаврупоӣ

Ғ- романӣ

2. Доир ба маънии вожаи тоҷик кадоме аз инҳо мақолаи махсус навиштаанд?

А- Фирдавсӣ

В- Носири Хисрав

В- Аҳмади Дониш

Г- Садриддин Айнӣ

Ғ- Абулқоим Лоҳутӣ

3. Забони форсии тоҷикӣ чанд давраи инкишофро аз cар гузаронидааст?

А- 4

Б- 2

В-5

Г- 3

Ғ- 6

4. Забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ чӣ вазифаро иҷро менамояд?

А- воситаи баёни андеша

Б- расонидани ахбор

В- воситаи таълиму тадрис

Г- воситаи мухобираи байни одамон

Ғ- воситаи тақвияти фикру андеша

5. «Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн меравад, дар он сурат тайёрам, ки имрӯз бимирам» сухани кадоме аз ин бузургон аст?

А- Носири Хусрав

Б- Садриддин Айнӣ

В- Муҳаммад Ғазолӣ

Г- Расул Ғамзатов

Ғ- Саид Нафисӣ

6. «Гарчӣ ҳинду дар узубат шакар аст,

Лафзи гуфтори дарӣ ширинтар аст ».- маҳсули қалами кадоме аз ин шоирон аст?

А- Абулқосим Лоҳутӣ

Б- Сайидои Насафӣ

В- Соиби Табрезӣ

Г- Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Ғ- Парвизи Эътисомӣ

7. Кадоме аз ин байтҳо ба Салими Теҳронӣ тааллуқ дорад?

А- Cухан бифканад минбару дорро,

Зи сӯрох берун кашад морро.

Б- Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

В- Cухан заҳру позаҳру гарм асту сард,

Cухан талху ширину дармону дард.

Г- Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ cухан аст,

Гар cухан ҷон набувад мурда чаро хомуш аст?!

Ғ- Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,

Чу зар санҷида он гаҳ харҷ кардан.

8. Имло чист?

А- навишти вожа ва истилоҳот

Б- аз худ намудани қоидаҳои навишти ҷумлаҳо

В- босаводона навиштан

Г- навиштани таркиби ҳарфҳо мувофиқи қоида

Ғ- баён кардани андеша дар шакли нутқи хаттӣ

9. Кадоме аз ин хатҳо ба давраи шоҳони Ҳахоманишӣ тааллуқ доранд?

А- хатти паҳлавӣ

Б- хатти монавӣ

В- хатти суғдӣ

Г- хатти мехӣ

Ғ- хатти арабӣ

10. «Авеста» бо кадоме аз ин хатҳо иншо гардидааст?

А- суғдӣ

Б- паҳлавӣ

В- монавӣ

Г- авестоӣ

Ғ- мехӣ

11. Тоҷикон кадом сол алифбои русиро мавриди истифода қарор доданд?

А- соли 1935

Б- соли 1950

В- соли 1939

Г- соли 1940

Ғ- соли 1924

12. Дар кадоме аз ин вожаҳо миқдори ҳамсадо бештар аст?

А- ҳунарпеша

Б- донишҷӯ

В- шаҳриёр

Г- саодатмандон

Ғ- Сомониён

13. Муайян намоед, ки дар кадоме аз ин вожаҳо ӣ- зада ба вазифаи бандаки феълӣ омадааст:

А- осмонӣ

Б- ҳамоҳангӣ

В- самимӣ

Г- нишастӣ

Ғ- тоҷикӣ

14.Дар кадоме аз ин вожаҳо ҳарфи ц ба тс табдил меёбад:

А- профессор

Б- сирк

В- диск

Г- дотсент

Ғ- принтер

15. Дар рубоии зерин:

«Эй кош, ки ҷойи орамидан буди,

Ё ин раҳи дурро расидан буди.

Кош аз пайи сад ҳазор сол аз дили хок

Чун сабза умеди бардамидан буди!» — кадом вожа бо ҳарфи ӣ- зада навишта мешавад?

А- ҷойи

Б- раҳи

В- пайи

Г-буди

Ғ- умеди

16. Дар кадом гурӯҳи вожаҳо садоноки ӯ дуруст гузошта шудааст?

А- мӯҳофиз, мӯсаллаҳ, рӯшноӣ, исавиҳӯш

Б- нохӯш, мансӯр, мӯҳайё, Хӯсрав

В- рӯзгор, омӯзиш, лойолӯд, мӯмтоз

Г- таваҷҷӯҳ, кӯдак, кӯҳ, гурӯҳ

Ғ- дӯҳул, мӯсаллаҳ, мӯр, лӯлӣ

17. Чанд вожаи шеъри мазкур дар таркиби худ садоноки ӯ дорад?

Буйи ҷуйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дурушти роҳи у,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

А- 4

Б- 5

В- 2

Г- 3

Ғ- 1

18. Дар кадоме аз ин гурӯҳи вожаҳо овозҳои мушаддад ғалат навишта шудаанд?

А- иттиҳод, фурушшанда, гуворро,

Б- муқаррар, муққобала, кошшинкорӣ

В- тамаддун, тафоххур, куллоҳ

Г- таффаккур, мушарраф, сарроф

Ғ- танноз, лаззат, cуррат.

19. Кадом гурӯҳи вожаҳо дуруст ба ҳиҷо ҷудо карда шудаанд?

А- до- но, сал-ома-тӣ, хуш- бах- тӣ, cар- мо-я

Б- дар-веш, со- лим, хуш-бин, тал-аф-фӯз

В- қо-ил, та-ҳам- мул, дар-ён- а- вард, хир- ман

Г- гул- ан- дом, бо-ви- қор, ба- ҳо -дур, шо- гирд

Ғ- киш- вар, кад-и- мӣ, cарф- а- ко- ро- на, оф -тоб.

20. Дар таркиби ин шеър кадом калима бо ташдид навишта мешавад?

Тӯшаи лахти ҷигар дорам ба роҳат, дуди ғам

Мезанад фавора, тарсам тира гардад ин китоб. ( Нақибхони Туғрал).

А- лахти

Б- роҳат

В- дуди

Г-фавора

Ғ- тарсам

21. Дар ин байт:

«Ҳамон Гелмардум чу шери яла,

Або тавқи зарину мушкин кула…» кадом ҳодисаи савтӣ мушоҳида мешавад?

А- ихтисоршавии овозҳо

Б- монандшавии овозҳо

В- афзудани овозҳо

Г- коҳишёбии овозҳо

Ғ- ҷойивазкунии овозҳо

22. Кадоме аз ин гурӯҳ исмҳо дуруст навишта шудаанд?

А- Алхоразмӣ, милтмилт, нав созӣ

Б- Шарофат- Хола, Маҷлиси олӣ, донишҷӯ

В- шаршара, ал-ҳақ, мансабхоҳ, рез- рез

Г- Худованд, Расул, Cомониён

Ғ- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмад- махдум, котиб.

23. Байти зерин чанд хатоии имлоӣ дорад:

Рафтам ба боғ сарви хиромони ман набуд,

Вон навшукуфта ғунчаи хандони ман набуд

А- 2

Б- 4

В- 1

Г- 3

Ғ- 0

24. Кадоме аз ин гурӯҳ исмҳои хос нодуруст навишта шудаанд:

А- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Б- Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашкониён, Арбобкамолҳо

В- Баҳроми Гӯр, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир

Г- Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Эъломияи Ҳуқуқи Башар

Ғ- Дарвоз, Зарафшон, Исёни Муқаннаъ

25. Сифатҳоеро, ки дуруст навишта шудаанд, муайян кунед:

А- мусобиқаи варзишӣ, пирамарди ҳафтоду панҷсола, cӯҳбати рӯ ба рӯ

Б- ҳуҷумҳои пайдарпай, коғаз рах- рах, бонӯи рӯймолбарсар

В- духтари ҳаждаҳсола, хӯроки болаззат, матои сапсафед

Г- муйсафеди 104- сола, мутриби хушовоз, дӯсти якумра

Ғ- маъракаи пешазинтихоботӣ, пироҳани панҷоҳ сомона, роҳи дур

  • Кадом гурӯҳи вожаҳои додашуда шумораҳои тахминианд:

А- даҳ, cесад, дусад, ҳаждаҳ

Б- аз се ду ҳисса, чору аз даҳ як, навад

В- шонздаҳ, аз шаш чор, 30-юм

Г- ҳафт- ҳашт, даҳ- дувоздаҳ, cе- чор

Ғ- ёздаҳ, 3000, як

  • Кадоме аз ин гурӯҳи вожаҳо дуруст навишта шудаанд?

А- дудона себ, шаш- то қалам, китобаш

Б- водии пургул, муаллими босавод, китоб- ат

В- саддарсад, шармсор, ҳарки

Г- обрӯяш, мақомаш, инчунин

Ғ- қалам тарош, бо маъно, бедолударахт

28. Гурӯҳи феълҳои дуруст навишташударо муайян кунед:

А- пардохтан, бар гашт, шӯришкард, вонамуд, гудохт

Б- ниёиш, бад гӯҳар аст, нексиришт буд, хонабарандозаст

В- бархезу бирав, коргар аст, хушмуомилааст дӯстӣ бикун

Г- табрик мекунам, хондан, норизо аст, бигрез

Ғ- хомӯш бош, на рав, бигӯед, ма- гар

29. Гурӯҳи феълҳоеро, ки ҷудо навишта мешаванд, муайян намоед:

А- меояд, рафт, кард, мешавад

Б- рафтанист, шунид, месарояд, cоз

В- омӯз, бишканед, ҷамъ кунед, бурид

Г- таркибёфтааст, фаҳмоаст, иҷронамуданд, дваидарафт

Ғ- бишин, пӯхт, донист, овард

30. Кадоме аз ин гурӯҳ вожаҳо сифати феълӣ мебошанд?

А- бемаврид, баргибедвор, баҳсталаб аст

Б- оҳиста- оҳиста, фаро гирифтан, муқарар аст

В- ба тасвиб расид, ночор аст, беақл аст

Г- барбодрафта, лабпарида, дермонда

Ғ- дам ба дам, паёпай, cарозер

31. Феъли ҳолро аз гурӯҳи вожаҳо ҷудо намоед:

А- беандеша, боақлона, қазоват кардан, шиносондан

Б- иҷронашуданӣ, хатмкарда, донишандӯхата, хобидааст

В- собитқадамона, мусолиҳакорона, норасоӣ дорад, пӯзиш талабидан

Г- роҳравон, хандон- хандон, cӯҳбаткунон, чаҳчахзанон

Ғ- анҷомёфта, лабпарида, халта- халта

32. Зарфҳои такрорро муайян созед:

А- кинояомез, cарозер, бемаврид, барқасд

Б- дукаса, пасопеш, cадметрӣ, баргибедвор

В- рӯз то рӯз, дам ба дам, чилупанҷкилогӣ, торафт

Г- халтахалта, ҷоҷо, дастадаста, аҳёнаҳён

Ғ- седонагӣ, дудаста, умрбод, ноҷо

33. Дар байтҳои зерин чанд калимаи ёвар вуҷуд дорад:

Ғарра машав, ки ҷаҳонат азиз кард,

Эй бас азизро, ки ҷаҳон кард зуд хор.

Аммораи Марвазӣ

Чидам гули садбарг зи гулзори Душанбе,

Бурдам ба дари хонаи дилдори Душанбе.

Бозор Собир

Ки пирӯзгар дар ҷаҳон Эзад аст,

Ҷаҳондор агар з-ӯ натарсад, аст.

Абдулқосим Фирдавсӣ

А- 7

Б-4

В- 6

Г-9

Ғ-10

34. Кадом гуна (вариант) — и навишти пешоянди дар байт нишондодашуда дуруст аст:

Бадӯ гуфт: душман киро бештар,

Ки бошад бадӯ бар бадандештар.

А- бадӯ, бад-ӯ бар

Б- бад-ӯ, бадӯ- бар

В- ба- дӯ, бад-ӯбар

Г- бад-ӯ, бад-ӯ- бар

Ғ- бадӯ, ба-дӯ-бар

35. Вожаи дар ҷумла нишондодашуда ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст:

Баҳ- баҳ! Орифӣ шербофиро мону ин аҷоиботро тамошо кун. Ин паланг ҳамин дам аз саҳфаи китоб ҷаста ману туро медарад. Cотим Улуғзода.

А- пешоянд

Б- пайвандак

В-ҳиссача

Г- нидо

Ғ- пасоянд

36. Аломатҳои китобат аз лиҳози мавқеи корбурд ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд?

А- 3

Б- 4

В- 5

Г- 2

Ғ- 6

37. Ҷумлаи зерин дорои чанд хатоии китобатӣ аст:

Трамвайҳо ҳанӯз ҳам бо ҳамон роҳҳои пештара мегарданд ҳанӯз ҳам ду тарафи кӯчаҳои Тошкандро дарахтҳои баланди сафедор посбонӣ мекунанд ҳанӯз ҳам аробачаҳои дучархаи ангишт боркардашударо харҳои калон кашида мебаранд

Ҷалол Икромӣ

А- 5

Б- 4

В- 2

Г-3

Ғ- 1

38. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст пеш аз пайвандакҳои аммо, вале, на танҳо, ҳол он ки кадом аломати китобатӣ гузошта мешавад?

А- баён

Б- дефис

В- нуқтавергул

Г- вергул

Ғ- тире

39. Пас аз кадом вожаи ҷумлаи зерин аломати баён гузошта мешавад:

Бояд бигӯям, ки дар ин шаҳрак мудом такопӯе ба чашм мерасад сайёҳони гуногунмиллат ба Эронзамин ворид мешаванд ё аз ин мулк бармегарданд…

Абдулҳмид Самад

А- бигӯям

Б- гуногунмиллат

В- мешаванд

Г- мерасад

Ғ- бояд

40. Кадом ҷумлаи таркиби ин порчаи насрӣ дар нохунак навишта мешавад:

Писарак чанд лаҳза лангон — лангон қадам ниҳода хоку чанги либосҳояшро афшонда, боз тозону сурудхонон роҳашро идома дод. Афтодану хестан ҳам ба мард мезебад… — боҳавас ба ӯ нигариста гуфтам дар дил.

Абдулҳамид Самад

А- Писарак чанд лаҳза лангон- лангон қадам ниҳода

Б- хоку чанги либосҳояшро афшонда

В- боз тозону сурудхонон роҳашро идома дод

Г- Афтодану хестан ҳам ба мард мезебад…

Ғ- боҳавас ба ӯ нигариста гуфтам дар дил.

41. Вожаҳои аз забонҳои русиву аврупоӣ иқтибосшударо муайян намоед:

А- Замин, дарахт, фарҳанг, ширкат

Б- пахта, аҳолӣ, cарроф, теъдод

В- собит, парвона, иқтисод, cиёсат

Г- парлумон, интернет, менеҷмент, президент

Ғ- сипосгузор, раис, ҷомеа, табаддулот

42. Cарчашмаҳои инкишофи забони тоҷикӣ кадомҳоянд:

А- омӯзиши забонҳои гуногуни олам

Б- навиштани асарҳои зиёд ба забони тоҷикӣ

В- тарҷума намудани осори нависандагони Аврупо

Г- захираи луғавии осори классикон, вомгирӣ аз шохаҳои дигари забони тоҷикӣ- форсиву дарӣ, иқтибос аз забонҳои русиву аврупоӣ, корбурди вожаҳои мувофиқ аз лаҳҷаҳои гуногуни форсии тоҷикӣ

Ғ- иқтибоси вожаҳои русӣ

43. Кадоме аз ин гурӯҳ вожаҳо муродифанд:

А- ҳамшафат, қобилиятнок, ботамиз, cарватманд

Б- шӯрангез, баркамол, қамар, гулчеҳра

В- вазир, cафир, сорбон, cоҳибмаълумот

Г- қодир, тавоно, қавипанҷа, зӯр

Ғ- ҷолиб, ҷалол, мардум, мушкил

44.Дар байти зерин чанд вожаи зидмаъно вуҷуд дорад:

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,

Cухан талху ширину дармону дард.

Абушакури Балхӣ

А- 2

Б- 4

В- 7

Г- 8

Ғ- 5

45. Кадом гурӯҳи вожаҳо матруканд:

А- сарбоз, пешоҳанг, қабила, миллат

Б- қаламрав, домангустурда, ҳавосанҷ, cаҳар

В- шодӣ, осӯдахотир, cарбаланд, cоҳибҷамол

Г- авранг, озарм, дуда, кеҳ

Ғ- бодиянишин, барқосо, бархӯрдор, боронӣ

46. Дар ҷумлаи зер вожаи «мулозим» ба кадом гурӯҳи вожаҳо мансуб аст:

— Ҳаққи таракаи қозӣ, харҷи муфтӣ, хизматонаи мулозим, ошпулии арбоб ва оқсақол ба маблағе расид, ки баъд аз фурӯхта додани гов боз Одинаи сағир аз арбоби деҳа ду танга қарздор шуд. C. Айнӣ

А- вожаҳои нав

Б- вожаҳои маҳдудистеъмол

В- вожаҳои иқтибосӣ

Г- вожаҳои матрук

Ғ- вожаҳои лаҳҷавӣ

47. Аз гурӯҳи вожаҳои зер, вожаҳои навро ҷудо намоед:

А- мактаб, муассиса, сарбанд, нерӯгоҳ

Б- барқасд, боварӣ, боғбон, бонуфуз

В- бошишгоҳ, гумрук, қадам, гулчин

Г- принтер, тендер, дискет, интернет

Ғ- дорухона, беморгоҳ, барзарар, қудратманд

48. Дар байти зерин истилоҳи ишорашуда мансуби кадом соҳаи илм аст:

Аз ғайрати роятат фалак дид,

Дар хат шуда хатти истиворо

Анварии Абевардӣ

А- ҷуғрофия

Б- риёзиёт

В- ҳандаса

Г- астраномия

Ғ- физика

49. Дар ин байт истилоҳи кадом соҳа зикр ёфтааст:

Бигуфт: «Эй нури чашму шодии дил,

Зи банди ғам хатти озодии дил»

Абдураҳмони Ҷомӣ

А- кимиё

Б- фалсафа

В- забон

Г- ҳуқуқ

Ғ- адабиёт

50. Дар гурӯҳи истилоҳоти дар зер додашуда истилоҳоти соҳаи ҳуқуқро муайян кунед:

А- савтиёт, cарф, наҳв

Б- дискет, флешка, клавитура

В- таваррум, депозит, молия

Г- парвандаи ҷиноятӣ, боздоштгоҳи муваққатӣ, додгоҳ

Ғ- сарфармондеҳ, афсар, мина

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *