Саволҳои Тести

Саволномаи тестӣ аз фанни Этика ва Эстетика бо чавобхояш

Ахлоқ ҳамчун илм кай пайдо шудааст?

— дар асри IХ–Хмелодӣ;

+ дар асрҳои V – IV; — дар асрҳои IV-III пеш аз мелод;

— дар асрҳои XX – XXI;

— дар асри I мелодӣ;

Ахлоқ чиро меомӯзад?

+ илм дар бораи рафтори одамон;

— илм дар бораи ҷабру некӣ;

— илм дар бораи тафаккури дуруст;

— илм дар бораи табиати инсон;

— муносибатҳои ҷамъиятиро;

Марҳилаҳои инкишофи илми ахлоқ кадомҳоянд?

— мезозой, кайнозой, неозой;

— капитализм, сотсиализмва коммунизм;

+ бостон, эҳё, нав ва муосир;

— модаршоҳӣ, падаршоҳӣ;

— давраи ғуломдорӣ;

Нахустин мактабҳои ахлоқию фалсафии Эҳёи Аҷам кадомҳоянд?

— гадонизм, эвдомонизм;
— материализмва идеализм;

+ машшоия ва калом;

— эфтаназия ва фатализм;

— донишкадаҳо;

Категорияҳои марказии илми ахлоқ.

+некӣ, бадӣ, адолат, фазилат ва ғайра;

— сахтию ноҳинҷорӣ;

— базис, надстройка;

— ҷанг, аҷал, зулм;

— ноҳинҷорӣ;

Некӣ дар таълимоти ахлоқии Ибни Сино.

— некӣ- ҳаракатҳои майл ба инқироздошта;

+ ҳаракатҳои майл ба камолотдошта;

— андоза, меъёр ва танзими рафторҳо;

— иттиҳоди ду ва ё якчанд одамон;

— андоза;

Бадӣ дар таълимоти ахлоқии Ибни Сино.

+ ҳаракатҳое, ки майл ба инқироз доранд;

— ҳаракатҳои майл ба камолотдошта;

— беэътиноӣ ба меҳнати дигарон;

— гуфторе, ки бар зидди ҷомеа мебошад;

— гуфтор, ҳаракатҳои майл ба камолот дошта;

Хушбахтӣ чист?

— эгоизм ва алтуризм;

+ормонҳои неки амалигашта;

— шуҷоатмандӣ, саховатмандӣ;

— некӣ, бадӣ;

— саховатмандӣ, бадӣ;

Китоби муқаддаси дини зардуштия чӣ ном дорад?

— Рамаяна;

+Авесто;

-Библия;

-Чорунсур;

— Кобуснома;

Афкори ахлоқии тоисломии форсу тоҷик дар кадом асар акси худро ёфтааст?

— Донишнома;

— Ахлоқи Муҳсинӣ;

— Ахлоқи Ҷалолӣ;

+ Авесто;

— Қобуснома;

Афкори ахлоқии тоисломии мардуми форсу тоҷик дар кадом дин инъикос ёфтааст?

+Дини Зардуштия;

— Дини ислом;

— Дини насрония;

— Дини яҳудия;

— Буддоия;

Виҷдон чист?

— Мақсади олии инсон;

+Эҳсосоти ботинии инсон;

— Хотима ёфтани фаъолияти биологӣ;

— Иттиҳоди ду ва ё зиёда одамон;

— Фаъол будан;

Оила чист?

+ Иттиҳоди зан, шавҳар ва фарзандон;

— Иттиҳоди ду ва зиёда одамон;

— Ҳамроҳ зиндагӣ кардан;

— Иттиҳоди гурӯҳӣ;

— Соҳибхона будан;

Вазифаи оила аз чӣ иборат аст?

— Рушду такомули ҷамъият;

— Қонеъ гардонидани талаботҳо;

+Давом додани насл, тарбияи насл, хоҷагидорӣ;

— Хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ;

— Тарбияи насл, Соҳибкорӣ;

Никоҳ чист?

— Ӯҳдадории ҳар як фард;

+Бо розигии тарафайн дар шоҳидии ҷомеа ба амри қонун даровардани муносибатҳои маҳрамона;

— Қонеъ гардонидани талаботҳои шаҳвонии мардвазан;

— Шартномаи молумулкӣ;

— Уҳдадории ҳар як фард, Шартномаи молу мулкӣ;

Динҳои ҷаҳонӣ кадомҳоянд?

+Дини масеҳӣ, буддоия, ислом;

— Дини зардуштия, яҳудия, буддоия;

— Дини ислом, синтоизм, ҳиндуия;

— тотемизм, фетишизм, магия;

— Дини зардуштия, Дини тотемизм;

Вазифаҳои иҷтимоии ахлоқ кадомҳоянд?

+тарбиявӣ, танзимӣ, маърифатӣ, амрӣ;

— эътиқод, идрок, тасаввур, озодӣ;

— ҳавасмандгардонӣ, ҷазодиҳӣ, ҷубронкунӣ;

— тарбияиҷисмонӣ, камолотиҷисмонӣ;

— тасаввур, озодӣ;

Қобуснома асари кист?

— Ҷомӣ;

— Навоӣ;

+ Кайковус;

— Саъдӣ;

— Айнӣ;

Дини тоисломии мардуми форсу тоҷик чӣ ном дорад?

+ Зардуштия;

— Масеҳия;

— Буддо;

— Яҳудия;

-Насронӣ;

Муалифи китоби «Ахлоқи Носирӣ» кист?

— Абубакри Розӣ;

+Насриддини Тусӣ;

— Форобӣ;

— Кайковус;

-Бедил;

Истилоҳи «футувват» — чӣ маъно дорад?

+ ҷавонмардӣ;

— саховатмандӣ;

— шуҷоат;

— олиҳимматӣ;

— ҷавонмардӣ, саховатмандӣ;

«Футувватномаи султонӣ» — асари кадом мутафаккир аст?

-Ибни Сино;

— Кайковус;

+ Кошифӣ;

— Тусӣ;

— Рудаки

Хислатҳои муҳими аҳли фатӣ кадомҳоянд?

— Шуҷоатмандӣ, саховатмандӣ ва олиҳимматӣ;

-Вафодорӣ, сахопешагӣ, сарватмандӣ;

— Вафо, аҳд, сахо;

+ Сафо, сахо, вафо;

-Вафо, сахо;

Идеал чист?

+ Мақсади олии инсон;

-Масъулияти шахсӣ дар назди ҷомеа;

— Эҳсосоти ботинии инсон;

— Ормон, ҳасрат;

— Ормон, Максади олии инсон;

«Ахлоқи Муҳсинӣ» — асари кадом мутафаккир аст?

-Бедил;

-Нӯшервон;

+ Кошифӣ;

— Самаки Айёр;

— Cино;

Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек ҳикмати ахлоқии кадом таълимот аст?

+ Зардуштия;

— Монавия;

— Маздакия;

— Асҳоби ҳаюло

— Буддо;

Мазҳабҳои суннӣ кадомҳоянд?

-Шиа ва суннӣ;

— Ханафия, ашъария, исмоилия;

+ Шофеия, моликия, ханбалия, ханафия;

— Тарбияи ҷисмонӣ, камолоти ҷисмонӣ;

-Нақшбандӣ;

Одоби муошират чист?

— Қоида ва қонунҳои оиладорӣ;

— Одоби занушуӣ;

+ Маҷмуи қонун ва қоидаҳои рафтор;

— Адаби хоҷагидорӣ;

— Камолоти маънави;

Дини тоисломии мардуми форс-тоҷик

— Ислом;

— Масеҳият;

— Яҳудия;

+ Маздоясно;

— Будоия;

Муаллифи китоби «Ахлоқи Носирӣ» кист?

— Абубакри Розӣ;

+ Насриддини Тусӣ;

— Абунасри Форобӣ;

— Ибни Мискавейҳ;

— Носири Хусрав;

Нахустин поягузори илми ахлоқи форсу тоҷик кадом мутафаккир буд?

— Абуалӣ ибни Сино;

— Абубакри Розӣ;

+ Абунасри Форобӣ;

— У. Кайковус;

— Рудаки;

Маънои калимаи «Фатӣ» чист?

+ Ҷавонмард;

— Саховатманд;

— Шуҷоатманд;

— Олиҳиммат;

— Беозор;

«Футувватномаи Султонӣ» асари кист?

— Ибни Сино;

— Закариёи Розӣ;

+ Кошифӣ;

— Тусӣ;

— Айни;

Хислатҳои муҳими аҳли фатӣ кадомҳоянд?

— Шуҷоат, саховат, олиҳимматӣ.

— Саховат, сахо, вафо

— Шуҷоат. саховат, вафо

+ Сафо, сахо, вафо

— Далери;

«Худдорӣ аз ғазаб» бобби алоҳидаи кадом китоби ахлоқӣ аст?

— Ахлоқи Мӯҳсинӣ;

— Ахлоқи Ҷалолӣ;

— Қобуснома;

+Тибби Рӯҳонӣ;

— Авесто;

Китобҳои ахлоқии зикршуда кадоме ба аҳди Сомониён мансубият дорад?

— Авесто, Ахлоқи Носирӣ;

+ Донишнома;

— Ас-саодат;

— Ахлоқи Муҳсинӣ, Футувватнома;

— Этикаи Никомах, Сиёсатнома;

Дӯстӣ чист?

— Дӯстӣ саодати абадист;

— Дӯстӣ – иттиҳоди ҳамсолон;

+Иттиҳоди ду ё якчанд одамони аз ҷиҳати фикру табиат, муроду мақсад ва ормонҳо як;

— дӯстӣ – мустааҳкамкунандаи вафою меҳр ва душманист;

— Ҳамдигарфаҳмӣ;

Поягузори илми ахлоқ кадом мутафаккир аст?

— Афлотун;

+ Арасту;

— Суқрот;

— Зардушт;

— Кошифи;

Адолат чист?

— Тақсимоти баробари меҳнат;

— Тақсимоти баробари вазифҳо;

+Тақсимоти баробари комёбиҳои моддӣ, маънавӣ;

— Тақсимоти баробари молу мулк;

— Ғамхорӣ;

Беадолатӣ чист?

— зулм ва разолат;

+ нобаробар тақсим кардани комёбиҳои моддию маънавӣ;

— андешаи солим аст;
— беадолатӣ – тамоюли рушд аст;

— озор додан;

Ахлоқ чиро меомӯзад?

+ Илм дар бораи рафтори одамон;

— Илм дар бораи муносибатҳои одамон;

— Илм дар бораи тафаккури дуруст;

— Илм дар бораи табиаишиносӣ;

— Панду ҳикмат;

Нахустин мактабҳои ахлоқию фалсафии давраи Эҳёи Аҷам.

— гедонизм, эвдомонизм;

— материализм, идеализм,;

+ машшоия, калом;

— эфтаназия, фатализм;

— оташкадахо;

Закариёи Розӣ намояндаи кадом мактаб буд?

— Футувват;

— Машшоиён;

+ Асҳоби ҳаюло;

— Идеализм;

— Милет;

1 2 3Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *