Саволхои тести аз фанни «проблемаҳои муосири методологияи илми таърих» барои курси дуюми
@1. Фанни махсуси илми таърих кадом аст?
$A) Бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ;
$B) Сиккашиносӣ ва мардумшиносӣ;
$C) Назарияи илми таърих;
$D) Антропология ва фалсафа;
$E) Онтология ва илмшиносӣ.
@2. Предмети илми таърих кадом аст?
$A) Ҷомеаи мушаххас дар макон ва замон;
$B) Яке аз самтҳои фаъолияти ҷомеа;
$C) Фаъолияти номаълуми ҷомеа;
$D) Инъикоси яке аз воқеаҳои ҷомеа;
$E) То ҳол маълум карда нашудаст.
@3. Объекти илми таърих дар чӣ ифода меёбад?
$A) Яке аз давлатҳои Аврупо;
$B) Яке аз давлатҳои Осиё;
$C) Соҳаи муҳимми ҷомеа;
$D) Маҷмуи ҷомеаҳо;
$E) Ягон инсони мушаххас.
@4. Вазифаи асосии иҷтимоии илми таърих аз чӣ иборат аст?
$A) Ҷамъоварӣ кардани мавод;
$B) Ковишҳои бостонӣ;
$C) Таҳқиқи сарчашмаҳо;
$D) Таҳқиқи асотиру ривоятҳо;
$E) Омӯзиши хотираи таърихӣ
@5. Мақсади асосии илми таърих аз чӣ иборат аст?
$A) Доир намудани намоиши нигораҳои таърихӣ;
$B) Фаҳмидани махсусиятҳои раванди таърихӣ;
$C) Муайян намудани ҳақиқати таърихӣ;
$D) Тобеи таърих гардонидани фикру ақидаҳо;
$E) Омӯзиши рушду нумӯи соҳаи фарҳанг:
@6. Кадоме аз ин унсурҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои иҷтимоии таърих ба шумор меравад?
$A) Олоти меҳнат ва мол; $
B) Илмию маърифатӣ;
$C) Корхонаҳои саноатӣ; $D) Завод ва фабрика;
$E) Нерӯгоҳҳои барқи обӣ.
@7. Кадоме аз ин унсурҳо аз ҷумлаи вазифаҳои иҷтимоии таърих аст?
$A) Тарбияи инсон;
$B) Бетафовут будан;
$C) Ҷамъоварии далелҳо;
$D) Таъкиди воқеаҳо;
$E) Идораи давлат.
@8. Илми таърих ба кадоме аз ин илмҳо бевосита алоқаманд аст?
$A) Физика;
$B) Химия;
$C) Иқтисодиёт;
$D) Табиатшиносӣ;
$E) Риёзӣ.
@9. Предмети илми политология бештар ба кадом соҳаи илми таърих алоқаманд мебошад?
$A) Санъат;
$B) Ҳаёти сиёсӣ;
$C) Ҳаёти иқтисодӣ;
$D) Ҳаёти иҷтимоӣ;
$E) Ҳаёти фарҳангӣ.
@10. Соҳаи илму фарҳанги таърих бештар ба кадоме аз ин илмҳо алоқаманд аст?
$A) Сотсиология;
$B) Фалсафа;
$C) Мантиқ;
$D) Културология;
$E) Ҳуқуқшиносӣ.
@11. Онтология дар илми таърих чи вазифаро иҷро мекунад?
$A) Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаро равшан месозад;
$B) Ояндаи рушди иқтисодии ҷомеаро пешгӯӣ мекунад;
$C) Хосиятҳои умумии оламро инъикос менамояд;
$D) Тарзу усулҳои идораи давлатро танзим менамояд;
$E) Камбудии ҷомеаро дар соҳаи фарҳанг ислоҳ мекунад.
@12. Фалсафаи таърих дар омӯзишу таҳқиқи таърих кадом вазифаро иҷро менамояд?
$A) Барои таърих ҳамчун далел маводи таҳқиқотӣ ҷамъоварӣ мекунад;
$B) Таносуби байни рушди иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро пешниҳод мекунад; $C) Ҳаёти иҷтимоию фарҳангиро барои пешрафти соҳаи маориф меомӯзад; $D) Назарияи рушди иқтисодии давлат ва ҷомеаро таҳия мекунад;
$E) Асоси ҷаҳонбиниро барои назарияи таърих бунёд месозад.
@13. Кадом унсур асоси методологияи илмро ташкил медиҳад?
$A) Назарияи маърифат;
$B) Методологияи илм;
$C) Идроки ҳастии олам;
$D) Шуури ҷамъиятӣ;
$E) Шуури таърихӣ.
@14. Методологияи илми таърих ба воситаи чӣ сохта мешавад?
$A) Амалия ва таҷриба;
$B) Назария ва маърифат;
$C) Омезиши андешаҳо;
$D)Бархурди ақидаҳо;
$E) Асоснокии далелҳо.
@15. “Методологияи сарчашмашиносӣ” ба кадом намуди таҳқиқот хос аст?
$A) Таҳқиқоти риёзӣ;
$B) Таҳқиқоти таърихӣ;
$C) Таҳқиқоти ҳуқуқӣ;
$D) Таҳқиқоти кимиёвӣ;
$E) Таҳқиқоти тиббӣ.
@16. Аз рӯи сатҳ ва аҳамиятнокӣ маводи таърих ба кеадом ду қисм мешавад?
$A) Таърихи кишвар ва таърихи умумӣ;
$B) Таърихи Осиё ва Африқо;
$C) Таърихи кулл ва таърихи ҷузъ;
$D) Таърихи дин ва фарҳанг;
$E) Таърихи қадим ва муосир.
@17. Кадоме аз ин унсурҳо хоси методологияи таърих дар давлатҳои сохташон имперӣ мебошад?
$A) Дӯст доштани арзишҳои демократӣ ва боадолатона;
$B) Муқобил будан ба тафаккури афзалияти миллӣ;
$C) Дастгирӣ ва ҳифзи аҳолии мазлуми мустамликаҳо;
$D) Таърифу тавсифи низоми сиёсии шоҳаншоҳӣ;
$E) Танқиди низоми имперӣ ва ҳокимияти шоҳаншоҳӣ.
@18. Кадоме аз ин унсурҳо хоси методологияи таърих дар давлатҳои фашистӣ мебошад?
$A) Тавсиф намудани зуҳуроти ғамхорӣ дар ҳаққи халқҳои бегона;
$B) Бетафовут тасвир кардани вазъи зиндагии халқҳои тобеъ;
$C) Ба идеологияи давлати фашистӣ табдилёбии илми таърих;
$D) Дар муқобили сиёсати давлат қарор гирифтани илми таърих;
$E) Ҳамчун комилҳуқуқ ба қалам додани ҳамаи қавму миллатҳо.
@19. Кадоме аз ин ғояҳо ба методологияи марксистию ленинӣ мансуб мебошад?
$A) Ҳуқуқи маънавии миллатҳои соҳиби мустамликаҳо;
$B) Нишон додани афзалияти як миллат бар миллати дигар;
$C) Дар миллати ҳукмрон тарбия кардани афзалияти миллӣ;
$D) Маҳв кардани оммавии халқу миллатҳои бегона;
$E) Боваркунонидани он ки аҳли ҷомеа коммунизм месозад.
@20. Ду рисолати таърихро муайян намоед, ки барои инсон ва ҷомеаи муосир ибратбахш мебошанд:
$A) Хотираи халқ ва маърифати таърихӣ;
$B) Фарҳанги таърихӣ ва тафаккури таърихӣ;
$C) Таҷрибаи таърихӣ ва сабақҳои таърихӣ;
$D) Ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
$E) Ифодакунандаи орзую умеди халқ.
@21. Кадоме аз ин ғояҳо ба методологии яке аз динҳои ҷаҳонӣ мансуб аст?
$A) Хотираи халқ донистани таърих;
$B) Шариат дар ислом — асоси методологӣ;
$C) Қобилияти фавқулоддаи сардори давлат;
$D) Ҷомеаро ба дӯсту душман тақсим намудан;
$E) Рафтори нописандона нисбати қонунҳо.
@22. Илми таърих ба оянда чӣ муносибат дошта метавонад?
$A) Ба ояндабинӣ нигаронида шудааст;
$B) Ба оянда ягон муносибате надоштааст;
$C) Ояндаро ба имрӯз пайвастанӣ мешавад;
$D) Ба ояндаи таърихӣ пул бунёд мекунад;
$E) Ба ояндабинӣ мутобиқ карда мешавад.
@23. Номи идеологияе, ки имрӯз дар яке аз давлатҳои Шарқи Наздик вуҷуд дорад?
$A) Гуманизм;
$B) Сайҳонизм;
$C) Коммунистӣ;
$D) Демократӣ;
$E) Фашизм.
@24. Даврабандии форматсионӣ ё худ форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ дар илми таърихи кадом давлати абарқудрат вуҷуд дошт?
$A) Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
$B) Дар Ҷумҳурии Федералии Олмон;
$C) Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ;
$D) Дар Ҷумҳурии Фаронса;
$E) Дар Британияи Кабир.
@25. Кадом ғояи идеологӣ асоси методологии форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодиро ташкил мекард?
$A) Иқтисоди бозоргонӣ;
$B) Иқтисоди планӣ;
$C) Низоми сиёсӣ;
$D) Муборизаи синфӣ;
$E) Ҳокимияти шӯроҳо.
@26. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърих дар замони шӯравӣ асри санг то кадом ҳазорсолаҳо давом кардааст?
$A) То ҳазорсолаҳои VII- IV пеш аз милод;
$B) То ҳазорсолаҳои VI — IV пеш аз милод;
$C) То ҳазорсолаҳои V — III пеш аз милод;
$D) То ҳазорсолаҳои III — I пеш аз милод;
$E) То миёнаи ҳазорсолаи I пеш аз милод.
@27. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърих дар замони шӯравӣ ҷомеаи ғуломдорӣ то кадом сол давом кардааст?
$A) То соли 224 милодӣ;
$B) То соли 395 милодӣ;
$C) То соли 404 пеш аз милод;
$D) То соли 334 пеш аз милод;
$E) То соли 476 пеш аз милод.
@28. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи шӯравӣ ҷомеаи феодалӣ то кадом солҳо давом кардааст?
$A) То инқилоби буржуазӣ дар Фаронса;
$B) То инқилоби буржуазӣ дар Италия;
$C) То инрқилоби буржуазӣ дар Нидерландия;
$D) То инқилоби буржуазӣ дар ИМА;
$E) То инқилоби буржуазӣ дар Анлия.
@29. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи замони шӯравӣ ҷомеаи сармоядорӣ аз кадом инқилоби буржуазӣ оғоз ёфтааст ?
$A) Аз инқилоби буржуазӣ дар Фаронса;
$B) Аз инқилоби буржуазӣ дар Анлия;
$C) Аз инрқилоби буржуазӣ дар Нидерландия;
$D) Аз инқилоби буржуазӣ дар ИМА;
$E) То инқилоби буржуазӣ дар Италия.
@30. Марҳалаи сотсиализми форматсияи коммунистӣ аз кадом воқеаи таърихӣ оғоз ёфта буд?
$A) Ҷанги Русияю Ҷопон;
$B) Инқилоби Октябр дар Русия;
$C) Инқмлоб дар Австро-Венгрия;
$D) Ҷанги якуми ҷаҳонӣ;
$E) Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ.
@31. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи ИҶШС форматсияи сармоядорӣ дар Русия аз кадом сол оғоз ёфтааст?
$A) Аз соли 1556;
$B) Аз соли 1825;
$C) Аз соли 1847;
$D) Аз соли 1861;
$E) Аз соли 1905.
@32. Мувофиқи даврабандии форматсионии таърихи ИҶШС форматсияи сармоядорӣ дар Русия то кадом сол идома доштааст?
$A) То соли 1914;
$B) То соли 1936;
$C) То соли 1922;
$D) То соли 1871;
$E) То соли 1917.
@33. Дар даврабандии форматсионии таърих дар кадом давлат марҳалаи таърихиеро “сотсиализми дорои симои инсонидошта” номгузорӣ намуданд?
$A) Дар Чин;
$B Дар Ҷопон;
$C) Дар ИҶШС;
$D) Дар Англия;
$E) Дар Ҳиндустон.
@34. Рисолати асосии иҷтимоии таърих аз чӣ иборат аст?
$A) Тарбияи инсон ва ташаккули шахсияти ӯ;
$B) Тарғиб ва омӯхтани хотираи таърихӣ;
$C) Ёдовар шудани инсон аз тамаддунҳои пешин;
$D) Пайвастани ғояҳои таърихи гузашта ба имрӯз;
$E) Эҳсос намудани таърих ҳамчун тамаддун
@35. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих асрҳои миёна дар таърихи умумӣ кадом марҳаларо дар бар гирифтааст?
$A) Аз соли 395 – то соли 476;
$B) Аз соли 476 – то соли 1640;
$C) Аз соли 476 то соли 1649;
$D) Аз соли 224 – то асри ХV;
$E) Аз соли 1566 то соли 1640.
@36. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ марҳалаи таърихи нав (сармоядорӣ) кадом давраро дар бар гирифтааст?
$A) Солҳои 60-уми асри ХIХ-то соли 1917;
$B) Солҳои 80-уми асри ХIХ-то соли 1914;
$C) Нимаи дуюми асри ХV –то соли 1918;
$D) Аз соли 224 то солҳои 50-уми асри Х1Х;
$E) Аз соли 1917 – 1921 — то соли 1945.
@37. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ давраи аввали таърихи нав (сармоядорӣ) кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Аз солҳои 60-уми асри ХIХ то соли 1917;
$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$C) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;
$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$E) Аз солҳои 1918 — 1920 то соли 1945.
@38. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ давраи дуюми марҳалаи таърихи нав (сармоядорӣ) кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Аз миёнаҳои асри ХIХ то соли 1918;
$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$C) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;
$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$E) Аз солҳои 1917 то соли 1945
@39. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърихи умумӣ марҳалаи муосири он кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;
$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$C) Аз соли 1918 сар карда то соли равон;
$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$E) Аз миёнаҳои асри ХIХ то соли 1918.
@40. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи асри санги таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$B) Аз 800 ҳаз. сол то ҳазсолаҳои V — III п.а.м.;
$C) Аз Аз соли 1945 то соли равон – соли 2015;
$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$E) Аз нимаи дуюми асри ХV то соли 1918.
@41. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи қадими таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;
$B) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$C) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$D) Ҳазсолаҳои V — III пеш аз милод то соли 224;
$E) Аз 800 ҳаз. сол то ҳазсолаҳои V — III пеш аз милод.
@42. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи асрҳои миёнаи таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$C) Нимаи дуюми асри ХV – соли 1918;
$D) Аз 800 ҳаз. сол то ҳазс. V — III пеш аз милод;
$E) Аз соли 224 то солҳои 60-уми асри ХIХ.
@43. Мувофиқи даврабандии марҳалагӣ марҳалаи нави таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Аз соли 224 то солҳои 50 асри ХIХ;
$B) Солҳои 60 асри ХIХ то солҳои 1917-1921;
$C) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$D) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$E) Аз солҳои 50 асри Х1Х то соли 1945.
@44. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих марҳалаи муосири таърихи халқи тоҷик кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
$A) Аз охири асри ХV то солҳои 50 асри Х1Х;
$B) Аз солҳои 80-уми асри ХIХ то соли 1914;
$C) Солҳои 1917-1921 то соли ҷории 2015;
$D) Солҳои 224 – 1945-ро дар бар мегирад;
$E) Эҳтимол аз соли 1945 то соли 1970 бошад.
@45. Мувофиқи даврабандии марҳалагии таърих мувофиқи методологияи гуманистии тамаддунасос предмети омӯзиши таърихи халқи тоҷик чист?
$A) Таърихи башар;
$B) Таърихи Осиё;
$C) Таърихи сиёсӣ;
$D) Хотираи миллат;
$E) Таърихи Шарқ.
@46. Методологияи тамаддунӣ аз кадом давраи муосир мавриди таваҷҷӯҳи олимон гардид?
$A) Баъди Ҷанги якуми ҷаҳон;
$B) Аз солҳои 90 асри ХХ;
$C) Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон;
$D) Аз оғози асри ХХ ва минбаъд;
$E) Аз миёнаҳои асри ХХ сар карда.
@47. Ғояи “тамаддунҳои маҳаллӣ” , ё худ “локалӣ” ба кадом муҳаққиқи Ғарб тааллуқ дорад?
$A) О.Шпенглер;
$B) А.Тойнби;
$C) Н.Я.Данилевский;
$D) П.Сорокин;
$E) Н.А.Бердяев
@48. Яке аз муносибатҳои тамаддунӣ, ки политологӣ номида шудааст, чиро меомӯзад?
$A Низомҳои интихоботиро меомӯзад;
$B) Низомҳои гуногуни иқтисодиро меомӯзад;
$C) Низомҳои сиёсиро дар муқоиса меомӯзад;
$D) Фарҳанги давлатҳои муосирро меомӯзад;
$E) Урфу одату анъанаҳои мардумиро меомӯзад.
@49. Муносибати синергетӣ дар методологияи муосири илми таърих чиро меомӯзад?
$A) Бенизомиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад;
$B) Бонизомиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад;
$C) Дар байни донишҳо беҳтаринро интихоб мекунад;
$D) Ягонагии ботартибӣ ва бетартибиро меомӯзад;
$E) Далелҳоро бо низоми муайяни хронологӣ меомӯзад.
@50. Даврабандии таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ ба кадом масъалаи назариявӣ марбут аст?
$A) Масъалаи сиёсӣ;
$B) Масъалаи хронологӣ;
$C) Масъалаи методологӣ;
$D) Масъалаи иҷтимоӣ;
$E) Масъалаи фарҳангӣ.
@51.Илми сотсиаологияи (иҷтимоиётшиносӣ) муосир кадом даврабандии таърихро дастгирӣ намекунад?
$А) Тамаддуниро;
$B) Исломиро;
$C) Минтақавиро;
$D) Форматсиониро;
$E) Аврупоиро.
@52.Дар Љумҳурии Исломии Эрон даварабандии таърих аз чанд марҳала иборат аст?
$А) Аз 5 марҳала;
$B) Аз 2 марҳала;
$C) Аз 3 марҳала;
$D) Аз 4 марҳала;
$E) Аз 6 марҳала.
@53. Даврабандии таърих, ки дар Иттиҳоди Шўравӣ мавриди истифода қарор гирифт, он дар вақташ аз тарафи киҳо асоснок карда шуда буд?
$А) Тойнби А.Љ., Костомаров Н.И.;
$B) Бродел Ф., Вебер М. Соловёв С.М.;
$C) Гумилёв Л.Н., Шпенглер О.;
$D) Маркс К., Энгедс Ф., Ленин В.И.;
$E) Гринин Л.Е, Данилевский Н.Я.
@54. Кадом омил асоси даврабандии таърихро аз рўи принсипи истеҳсолӣ ташкил медиҳад?
$А) Афзоиши истеҳсоли неъматҳои моддӣ;
$B) Такмили низоми сиёсии давлат ва ҷомеа;
$C) Рушди маориф, илму фан ва фарҳанг;
$D) Муқовимати гурўҳҳои иҷтимоӣ бо ҳукумат;
$E) Рақобати истеҳсолкунандагон дар бозор.
@55.Методологияи гуманистӣ мақоми инсонро дар давлату ҷомеа чӣ тавр арзёбӣ мекунад?
$А) Ўро иҷрокунандаи иродаи ҳукумат медонад;
$B) Мустақилияту озодии ўро эътироф намекунад;
$C) Дар маркази диққаташ эҳтиёҷоти инсон меистад;
$D) Инсон бояд худаш роҳи зиндагиашро ёбад;
$E) Ба ў аз рўи мансубияти иҷтимоӣ муносибат мекунад.
@56. Методологияи марксистию ленинӣ аз чӣ ба миён омадааст?
$А) Аз асарҳои олимони соҳаи таърих;
$B) Аз барномаи ҳизби коммунистӣ;
$C) Аз зарурати ҳукмронии давлат;
$D) Аз идеологияи коммунистӣ;
$E) Аз нақшаҳои панҷсолаи Шўравӣ.
@57. Методологияи форматсионии илми таърих ба методологияи гуманистии тамаддунасоси таърих чӣ муносибат дорад?
$А) Ба он зид нест; B) Ба он хайрхоҳ аст;
$C) Ба он мухолиф аст;
$D) То ҳол маълум нест;
$E) Эътироф мекунад.
@58.Кадом методология моҳиятан умумибашарӣ аст?
$А) Марксистию ленинӣ;
$B) Тамаддунӣ;
$C) Форматсионӣ;
$D) Буржуазӣ;
$E) Ягонтояш.
@59. Илмҳои гуманитарии муосир бештар ба кадом методология такя мекунанд?
$А) Форматсионӣ;
$B) Динӣ;
$C) Нажотпарастӣ;
$D) Гуманистӣ;
$E) Марксистию ленинӣ.
@60.Методологияи гуманистӣ дар илми таърих бештар ба кадом омилҳои умумибашарӣ дар ҳолати ягонагӣ қарор дорад?
$А) Бо илмҳои физика ва химия;
$B) Бо илмҳои риёзӣ ва нуҷум;
$C) Бо ахлоқ ва маънавиёт;
$D) Бо ҷуғрогфияю табиатшиносӣ;
$E) Бо фалсафа, мантиқ ва тиб.
@61. Таърих чиро меомўзад?
$А) Гузаштаи табиатро;
$B) Гузаштаи инсониятро;
$C) Ивазшавии иқлимро;
$D) Обшавии пиряхҳоро;
$E) Уқёнуси ҷаҳониро.
@62.Мавзўи илми таърих кадом аст?
$А) Таҳқиқи маъданҳои кўҳӣ;
$B) Ба даст овардани маблағҳо;
$C) Омўзиши таърихи гузашта;
$D) Ёд гирифтани касбу ҳунар;
$E) Ташхиси бемориҳои сироятӣ
@63. Объекти омўзиши таърих кадом аст?
$А) Омўзиши инсон ва ҷомеа;
$B) Омўзиши воқеаҳои табиат;
$C) Тасвир намудани китобҳо;
$D) Шарҳи адабиёти бадеӣ;
$E) Омўзишизуҳуроти физикӣ.
@64. Оё таърих бетағйирот мондан мегирад?
$А) Тағйир намеёбад;
$B) Эҳтимол тағйир наёбад;
$C) Рушду такомул меёбад;
$D) Эҳтимол тағйир ёбад;
$E) Баъзан такомул меёбад.
@65.Оё ба амал омадани воқеаю равеандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва навгониҳои дигар дар давлату ҷомеа ва ҷаҳон дар ҷараёни таърих оё ягон сабабу қонунияти таърихӣ доранд?
$А) Рафти таърих мувофиқи зарурат сурат мегирад;
$B) Таърих куллан аз воқеаҳои бенизом иборат аст;
$C) Таърих замеша бо тартибу низом буда наметавонад;
$D) Таърих худ қонуниятҳои рушди худро надорад;
$E) Таърих аз рӯи қонуниятҳои табиат ҷараён дорад.
@66. Чаро даврабандии таърих дар мамолики Шарқ ба даврабандии таърих дар мамолики Аврупо мувофиқат намекунад?
$A) Боду ҳавои Шарқ дигар хел асту Аврупо -дигар хел;
$B) Махсусияти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоиро доранд;
$C) Ченакҳои даврабандии таърихи онҳо якхелаанд;
$D) Сатҳи иқтисоди минтақаи Шарқ аз Аврупо пештар аст;
$E) Даврабандии таърих дар Шарқу Ғарб як хел мебошад.
@67. Марксизм-ленинизм барои ҷомеа чи хел восита аст?
$A) Воситаи сохтмони ҷомеаи боадолат;
$B) Воситаи тарбияи инсони башардӯст;
$C) Воситаи пешрафти истеҳсолоти моддӣ;
$D) Воситаи идеологии ҷомеаи сотсиалистӣ;
$E) Воситаи дигаргунсозии ҷомеаи демократӣ.
@68. Кадом қонунияти методологияи қаблии таърихро имрӯз ҳам истифода бурдан мумкин аст?
$A) Форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ;
$B) Таърихият (историзм) дар таҳқиқот;
$C)Муборизаи синфии антагонистӣ;
$D)Ногузирии инқилобҳои иҷтимоӣ;
$E) Эълон шудани дин — афъюни халқ
@69. Методологияи гуманистии тамаддунасоси таърих бо қонуниятҳои таърихӣ дар кадом мавқеъ қарор дорад?
$A) Онҳоро эътироф намекунад;
$B) Онҳоро қисман ҳақ мешуморад;
$C) Онҳоро пурра эътироф мекунад;
$D) Бо онҳо бештар ихтилоф дорад;
$E) Дар ҳолати бетафовутӣ мебошад.
@70. Методологияи гуманистӣ дорои кадом моҳият аст?
$A) Моҳияти миллӣ;
$B)Моҳияти минтақавӣ;
$C) Моҳияти умумибашарӣ;
$D) Моҳияти маҳаллӣ;
$E) Моҳияти қавмӣ.
@71. Методологияи гуманистӣ бештар аз кадом манбаъҳо ба миён омадааст?
$A) Ахлоқу маънавиёт;
$B)Иқтисодиёт ва ҳуқуқ;
$C) Низоми иҷтимоӣ;
$D)Мактабу маориф;
$E)Ҳаёти сиёсӣ ва илм.
@72. Атеизми илмӣ ҷузъи таркибии кадом идеология аст?
$A) Идеологияи демократӣ;
$B) Идеологияи динӣ;
$C) Идеологияи сотсиалистӣ;
$D) Идеологияи коммунистӣ;
$E) Идеологияи буржуазӣ;
@73. Гуманизм дар марҳалаи имрӯза дар кадом тамоил қарор дорад?
$A) Тамоили тафриқавӣ;
$B) Тамоили ҷаҳонишавӣ;
$C) Тамоили таназзулёбӣ;
$D) Тамоили карахтӣ;
$E) Тамоили бетафовутӣ.
@74. Мувофиқи ақидаи як зумраи калони олимони таърихшинос таърих аз назари таркиб чӣ тавр шинохта шудааст?
$A) Радкунии ҷараёни умумиҷаҳонии таърих;
$B) Таърих илми аз ҷузъҳои ҷудогона иборатёфта;
$C) Таърих ҳамчун як илми ягонаи муштарак;
$D) Таъриз илми аз илмҳои дигар вобаста аст;
$E) Алҳол таркиби таърих хуб омӯхта нашудааст.
@75. Методологияи гуманистӣ ба кадом унсури ҳамагонӣ такя мекунад?
$A) Ба иқтисодиёт;
$B) Ба ҳуқуқ;
$C) Ба иҷтимоиёт;
$D) Ба тамаддун;
$E) Ба фалсафа.
@76. Дар таърихи мамлакатҳои исломӣ кадом тамаддуни пешқадам ташаккул ёфта буд?
$A Тамаддуни исломӣ;
$B) Тамаддуни ҳиндӣ;
$C) Тамаддуни чиноӣ;
$D) Тамаддуни эронӣ;
$E)Тамаддуни буддоӣ.
@77. Бавуҷудоварандагони асосии тамаддун дар таърих кистанд ва ё чистанд?
$A) Олоти меҳнат ва истеҳсолот;
$B) Захираю сарватҳои миллӣ;
$C) Соҳаҳои илм ва фарҳанг;
$D) Инсон ва халқу миллатҳо;
$E) Роҳбарони давлатҳо.
@78. Методология аз куҷо пайдо шудааст ва пайдо мешавад?
$A) Аз андешаҳои пешқадам;
$B) Аз низоми сиёсии ҷомеа;
$C) Аз низоми иқтисодии ҷомеа;
$D) Аз низоми фарҳанги ҷомеа;
$E) Аз идеологияи ифротӣ.
@79. Дар аввал гуманизм ҳамчун кадом меъёр ба миён омада буд?
$A) Меъёри тарбия;
$B)Меъёри муколама;
$C) Меъёри маънавӣ;
$D) Меъёри ҳуқуқӣ;
$E) Меъёри ахлоқӣ.
@80. Даврабандии шӯравии таърих моҳиятан чи хел буд?
$A) Сунъӣ буд.;
$B) Сунъӣ набуд;
$C) Асоснок буд;
$D) Ҳақиқӣ буд;
$E)Шубҳанок буд.
@81. Даврабандии курсҳои таърихро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӣ пешниҳод намудааст?
$A) Искандаров Қ., Яқубов Ю.;
$B) Искапндаров Б., Ғафуров Б.;
$C) Оаҷабов С..Р., Пирумшоев Ҳ..;
$D) Зиёзода Т.Н. Неъматов Н.;
$E) Масов Р., Набиева Р.А.
@82. Чаро таърихи нави халқи тоҷик аз нимаи дуюми асри ХХ то солҳои 1917-1921-ро дар бар гирифтааст?
$A) Ба ин даврабандӣ аксар олимону мутахассисон ҳамовозӣ тзҳор намудаанд;
$B) Мутахассисон ин марҳалаи таърихиро ҳамчун таърихи нав қабул намуданд;
$C) Сармоядорӣ ба Осиёи Марказӣ маҳз дар ҳамин давра ворид шуданд;
$D) Ин давраи таърихь барои даврабандии таърихи халқи тоҷик хеле қуллай аст; $E) Аз давлатҳои рӯ ба тараққии дигари ҳамсоя ва Осиё нусхабардорӣ карда шуд.
@83. Даврабандии аз ҳама маъмули таърих дар ҷаҳон кадом аст?
$A) Форматсионӣ;
$B) Тамаддунӣ;
$C)Истеҳсолӣ;
$D)Ахборотӣ;
$E)Маъмул нест.
@84. Ғайр аз илми таърих ба проблемаи даврабандии таърих боз бештар кадом илм машғул аст?
$A) Илми математика;
$B) Илми фалсафа;
$C) Илми табиатшиносӣ;
$D) Илми ҳуқуқ;
$E) Илми сотсиология.
@85. Шӯришҳои деҳқонон дар мамлакатҳои Аврупо дар асрҳои ХIV – ХVIII чӣ қонунияте буданд?
$A) Ба ягон қонуни табиат ва ҷомеа иртиботе надоштанд;
$B) Ҷангҳои деҳқонии мазкур шояд воқеаи иқтисодӣ бошанд;
$C) Ҷангҳои деҳқонон тасодуфӣ ба ин давра рост омадаанд;
$D) Қонунияте мебошанд, ки хоси асрҳои миёна мебошанд;
$E) Ҷангҳои бо сабабҳои дохилии ғайритаърихӣ рух додаанд.
@86. Оё қонуни арзиши изофаи А.Смит ба таърих алоқае дорад?
$A) Қонуни арзиши изофа ба илми таърих ягон алоқае надорад;
$B) Қонуни арзиши изофа шояд ба илми фалсафа марбут бошад;
$C) Қонуни арзиши изофа дар иқтисод марбути иҷтимоиёт мебошад;
$D) Ҳамчун иқтисодӣ арзиши изофа ба таърих низ марбут мебошад;
$E) Қонуни арзиши изофа бевосита яке аз қонунҳои таърих аст.
@87. Ба кадом аwидаи Гегел дар бораи ба уқӯъ пайастани воқеаи таърихӣ -бесабаб ё босабаб розӣ ҳастед?
$A) Воқеаҳои таърихӣ бе сабаб ба амал меоянд;
$B) Воқеаҳои таърихӣ бе сабаб ба амал намеоянд;
$C) Ман ба ин ҳарду ақидаи болоӣ розӣ нестам;
$D) Таърих ба сабабҳо тобеъ буда наметавонанд;
$E) Шояд ақидаи Гегел ягон вақт исбот шавад.
@88. Кашфиёти қонуни эволютсионӣ, шаклҳои никоҳ ҳамчун асоси универсалии ҷамоаи ибтидоӣ ба кадом олими амрикоӣ тааллуқ дорад?
$A) О.Тъери;
$B) Г.Ф.Гегел4
$C) Л.Г.Морган;
$D) Ф.Гизо;
$E) О.Минъе.
@89. Қонунҳои диалектикаро кадом олим кашф кардааст. ки таърих аз онҳо истифода мебарад?
$A) Г.Ф.Гегел;
$B) Л.Фейэрбах;
$C) К.Поппер;
$D) Г.Т.Бокл;
$E) Д.Рикардо.
@90. Маърифати таърихӣ кадом вазифаи асосиро иҷро менамояд?
$A) Ягон вазифаро иҷро намекунад;
$B) Мустаҳкамкунии донишҳои касро;
$C) Пайдошавии тониши таърихиро;
$D) Ташаккули тафаккури таърихиро;
$E) Пайдоиши малакаи ҳаётии шахсро.