Фанни Иқтисоди миллӣ

Фарқиятгузорӣ дар нарх

Фарқиятгузорӣ дар нарх – амали фурўшанда дар бозор ҳангоми мавҷудияти рақобати номукамал; вай (фурўшанда) барои маҳсулоти якранг барои гурўҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон нархҳои аз ҳамдигар фарқкунандаро муқаррар менамояд.

Шартҳои фарқиятгузорӣ дар нарх:

  1. имкон доштани фурўшанда барои аз ҳам ҷудо кардани харидорон мувофиқи чандирии тақозои онҳо ба моли мушаххас, ки имкон медиҳад аз харидорони чандириашон зиёд нархи баландтар талаб карда шавад;
  2. ҳукмфармоии ҳарҷонибаи як ширкат;
  3. мавҷуд набудани ҳакамот (арбитраж) – имконияти дубораи фурўхтани мол;
  4. сегментататсияи (ба порчаҳо ҷудо кардани) бозор мутобиқи яксонии (идентификатсияи) харидорон.

Мақсад аз фарқиятгузорӣ дар нарх он аст, ки монополист мекўшад маблағи зиёдатии истеъмолкунандаро аз худ кунад ва бо ин роҳ даромадашро зиёд намояд. Вобаста ба он ки иҷрои ин кор ба ў муяссар мегардад, фарқгузорӣ дар нархро ба се зина тақсим менамоянд:

  1. Фарқгузорӣ дар нархи зинаи аввал–гуногунсозии (диверсификатсияи) нарх аст вобаста ба даромад ва он вақт вуҷуд дорад, ки мол (неъмат) ба фурўшандаҳо бо нархҳои инфиродии захиравӣ фурўхта мешавад, яъне ба он нархҳои ҳадди аксар, ки истеъмолкунанда тайёр аст он молро харидорӣ намояд. Ин маънои онро дорад, ки ширкат барои ҳар як харидор нархи инфиродиро муқаррар намуда, маблағҳои зиёдатии истеъмолкунандагонро аз худ менамояд ва даромади ҳадди аксарро (максималиро) мегирад. Хати мунҳании (схемавии) даромад бо хати тақозои маҳсулоти истеҳсолкардаи монополист мувофиқат мекунанд ва дар натиҷа даромади ў ба андозаи бузургии баробари маблағи зиёдатии харидор, баробар мешавад.
  2. Фарқиятгузорӣ дар нархи зинаи дуюм гуногунсозии (диверсификатсияи) нарх аст вобаста ба миқдори молҳои харидшаванда ва муқаррар кардани нархҳои гуногун барои гурўҳҳои муайяни истеъмолкунандагон дар назар дошта мешавад. Ин сиёсат дар ҳолати мусбат будани самараи миқёс, дар ҳолате ки хароҷоти миёна ва ниҳоӣ коҳиш меёбанд, босамар аст.

Ҳангоми харид кардани ҳаҷми зиёди мол барои истеъмолкунанда барои ҳар як мол нархи нисбатан пастро муқаррар менамоянд. Одатан, истифода аз зинаи дуюми фарқиятгузорӣ дар нарх дар шакли гузашт кардан дар нархҳо (дисконтҳо) амалӣ мегардад. Ин сиёсати фарқиятгузорӣ дар нарх аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.

  • Фарқиятгузорӣ дар нархи дараҷаи сеюм (фарқиятгузории ҷудосозӣ — сегментӣ) ҳолатест, ки монополист маҳсулотро ба гурўҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон бо чандирии гуногуни тақозои нарх мефурўшад.

Вобаста ба категорияҳои маҳсулот гуногунсозии (диверсификатсияи) нарх сурат мегирад.

Фарқиятгузорӣ ба ҷудосозии (сегментатсияи) бозор ва тақсими харидорон ба гурўҳҳо вобаста ба иқтидори харидории онҳо асос меёбад. Аз фарқиятгузории дараҷаи сеюм вақте истифода мешавад, ки чандирияти нарх барои ҳар як қисми ҷудошавандаи (сегменти) бозор гуногун аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *