Фанни Иқтисоди миллӣ

Рақобат ва навъҳои рақобат

Рақобат – муборизаи фурўшандагон барои ҷалби харидорон. Ду навъи асосии рақобат вуҷуд дорад:

1) рақобати комил (мутлақ);

2) рақобати номукаммал (нопурра).

Рақобати комил – як навъ бозоре, ки фурўшандагони зиёд дорад, маҳсулоти якхела истеҳсол мекунад, ҳеҷ кадоми фурўшандагони инфиродӣ (истеҳсолкунандагон) ба нархи (тавозуни) молҳои дар бозор пешниҳодсозандаи маҳсулоташон таъсир расонида наметавонанд.

Хусусиятҳои асосии рақобати комил инҳоянд:

1) маҳсулот дар бозор пешниҳодшуда ивазшаванда аст. Сифатан хубанд, ба стандарт мувофиқанд;

2) миқдори истеҳсолкунандагони молашонро дар бозор пешниҳод мекардагӣ маҳдуд карда намешавад. Кам кардан ва ё зиёд кардани истеҳсолот аз ҷониби фурўшандаҳо ба сатҳи мутавозини нархи мол таъсири ҷиддӣ расонида наметавонад;

3) ҳар як фурўшанда ва харидори маҳсулот оид ба вазъи бозор маълумоти баробар дорад;

4) рақобати байни аксари истеҳсолкунандагон, ки барои ҷалби истеъмолкунандагон нигаронида шудааст, хусусияти нархӣ дорад. Бо мақсади афзудани ҳаҷми фурўш фурўшандагон маҷбур мешаванд, ки нархро паст фуроваранд;

5) мамониатҳои соҳавӣ барои ворид ва хориҷ шудани истеҳсолкунандагон вуҷуд надоранд. Ҳамаи он ашхоси дар бозор ширкаткунанда имконият доранд ба соҳа дохил ва ё хориҷ шаванд, дар ин бобат аз ҷониби ширкаткунандагони дигари бозор ҳеҷ гуна мамониате пешорўи онҳо нахоҳад омад.

Рақобати номукаммал, навъи бозорест, ки чунин хусусият дорад: вуҷуд доштани як миқдор фурўшандагоне, ки ба нархи бозории маҳсулоти пешниҳодшаванда таъсири назаррас расонида метавонанд.

Дар шароити рақобати номукаммал чунин навъҳои бозор вуҷуд доранд:

1) монополия;

2) олигополия;

3) рақобати монополӣ.

Монополия – вазъиятест дар бозор, ки фурўшандаи мол ширкати ягонае мебошад, ба ҷойи моли мазкур моли дигаре вуҷуд надорад. Дар ҳолати монополияи соф корхонаи монополист имконият пайдо мекунад, ки нархи худро гузорад ва ҳадди аксари имконпазири фоидаро ба даст биёварад.

Аз байни монополияҳо монополияҳои табиӣ ҷудогона қарор доранд.

Монополияҳои табиӣ – вазъест дар бозор, ки ширкат ба шарофати шароити ҷуғрофӣ, ҷуғрофӣ — сиёсӣ, табиӣ-иқлимии ин ё он минтақа ва ё сегменти бозор монополист мебошад.

Олигополия – вазъест дар бозор, ки дар он аз 3 то 7 ширкати калон амал менамоянд, маҳсулоти онҳо метавонад якранг ва ё фарқкунанда бошад.

Рақобати монополӣ вазъест дар бозор, ки дар он миқдори зиёди ширкатҳо амал менамоянд ва молашон ҳамсон аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *