Фанни Иқтисоди миллӣ

Моҳият ва сабабҳои пайдоиши истеҳсоли мол

Истеҳсоли мол – тарзи ташкили хоҷагидорист, ки дар он маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагони ҷудогона истеҳсол карда мешаванд. Ҳар як истеҳсолкунанда мутахассиси ягон навъи маҳсулот мебошад. Барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият зарурати хариду фурўши маҳсулот дар бозор, (ки ба мол табдил меёбанд) пеш меояд.

Принсипи асосии ташкили истеҳсоли мол – аз ҷониби ҳар як истеҳсолкунанда ба ҳам муқоиса кардани хароҷот ва натиҷаҳои фаъолияти худ мебошад. Ин имконият медиҳад, ки хароҷоти инфиродӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳадди ақал расонида шаванд.

Хусусиятҳои фарқкунандаи истеҳсоли мол ба ин қароранд:

1) соҳибихтиёрии истеҳсолкунандагон;

2) мутахассис будани истеҳсолкунандагон дар истеҳсоли навъи муайяни маҳсулот.

Зери мафҳуми соҳибихтиёрии истеҳсолкунандагон мавҷудияти созмони такмилёфтаи моликияти хусусӣ нисбат ба воситаҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои меҳнат фаҳмида мешавад.

Мутахассис будани истеҳсолкунандагон маънои тақсимоти пешрафтаи ҷамъиятии меҳнатро дорад. Гурўҳи муайяни истеҳсолкунандагон барои офаридани неъматҳо ҳуқуқ пайдо кардаанд ва ба ҳамин тариқ истеҳсолот бояд ба офарандаи неъматҳо барои дигарон табдил биёбад.

Хусусиятҳои асосии истеҳсоли мол инҳоянд:

1) истеҳсол барои қонеъ гардонидани талаботи аъзои дигари ҷомеа. Дар ин ҳолат истеҳсолкунанда талаботи худро ба тавассути мубодилаи маҳсулоти истеҳсолкардаи худаш ба маҳсулоти истеҳсолкардаи дигарон қонеъ мегардонад;

2) маҳсули меҳнат ба яке аз шаклҳои мол табдил меёбад;

3) дараҷаи баланди тахассусӣ ва пешрафти тақсимоти меҳнат;

4) истифода аз навтарин воситаҳои истеҳсолот;

5) имконияти бештар истеҳсол кардани молҳои хушсифат.

Истеҳсоли мол дар миёнаи асри ХХ бар асари табаддулоти саноатӣ, бар ивази шакли хоҷагидории натуравӣ ривоҷ ёфт.

Истеҳсолоти натуравӣ – истеҳсолоти қонеъкунандаи талаботи худи истеҳсолкунандагон аст. Дар он мубодилаи мол вуҷуд надорад, маҳсули меҳнат ба мол табдил намеёбад, ҷиҳати тахассусӣ вуҷуд надорад, тақсими меҳнат ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, сифати маҳсулот хуб нест, амалан хароҷот ва натиҷаҳоро ба ҳам муқоиса намудан ғайриимкон аст.

Хусусиятҳои асосии истеҳсолоти натуравӣ чунинанд:

1) дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бештар меҳнати дастӣ ба кор бурда мешавад;

2) низоми муносибатҳои ташкилӣ-иқтисодӣ ба шакли сарбастаанд;

3) робитаҳои анъанавии иқтисодӣ бо кишварҳои дигар канда шудаанд;

4) мавҷудияти ҳукмфармоии робитаҳои мустақими иқтисодӣ байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон;

5) дар маҷмўи технологӣ тамоюл ба пешрафт вуҷуд надорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *